Фанни Фалсафа

Фалсафаи Замони Нав (асри 17) ва давраи маорифпарварӣ (асри 18)

Нақшаи корӣ:

  1. Ташаккули манзараи механикӣ-материалистии олам ва масъалаи методи маърифатӣ.
  2. Сенсуализми материалистии Ҷ. Локк ва идеализми субъективии Берклӣ ва Юм.
  3. Фалсафаи маорифпарварӣ ва материализми фаронсавии қарни XVIII.

С.1. Ташаккули манзараи механикӣ-материалистии олам ва масъалаи методи маърифатӣ.

Қарни XVII дар рушди фалсафаи урупоӣ як таҳаввулеро ба миён овард. Сармоядорӣ пурқувват шуда, тағйиротҳои ҷиддӣ на танҳо дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меомаданд, инчунин шуури одамон низ дигаргун мешуд. Омили асосии дигаргунии шуури ҷамъиятӣ илм, пеш аз ҳама табиатшиносии таҷрибавӣ-математикӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба рушди он давра қарни XVII-ро асри инқилоби илмӣ меноманд. Дастовардҳои пештараро ҷамъбаст карда, Нютон қонуни умумиҷаҳонии ҷозибаро кор кард. Ин ба пайдоиши механикаи классикӣ мусоидат кард. Дар натиҷа нуқтаи назари механика, астрономия ва математика дар олам ҳукмрон шуд.

Агар фалсафа дар асрҳои миёна ба илоҳиёт, дар давраи Эҳё бо санъату донишҳои инсонӣ робита дошта бошад, дар Замони нав такягоҳи онро илм ташкил медод. Аз ин рӯ, барои дарки масоили фалсафаи асри ХУ11 лозим аст, ки хусусиятҳои илми ҷадид, яъне табиатшиносии таҷрибавӣ масъалаи гносеология- назарияи маърифат, ки аҳамияти аввалиндараҷа касб намуда буд, ба назар гирифта шавад.

Дар ин давра ду ҷараёни ба ҳам муқобил ба вуҷуд омада, фаъолият доштанд: эмпиризм ва ратсионализм. Эмпиризм дар дониши илмӣ таҷриба, экспремент, мушоҳида, амалияро мутлақ нишон дода, роли хирад ва тафаккурро маҳдуд ва паст мекард ( Бекон, Т. Гоббс, Ҷ. Локк ва ғ.), ратсионализм бошад, роли тафаккур, хирад, назарияро ба ҷои якум гузошта таҷриба, экспремент ва мушоҳидаву амалияро маҳдуд мешуморид ( Р. Декакрт, Б. Спиноза, Г.Лейбнитс ва ғ.).

Дар байни олимони он замон кӯшиши бо методҳои нав омӯхтани табиат пайдо шуд.

Яке аз олимони барҷаста ва мутафаккирони он замон – Френсис Бэкон (1561-1626) бавуҷудоварандаи методи нав ва саромади эмпиризми материалистӣ ба шумор меравад. Ба акидаи Бэкон дар бунёди маърифат сирф таҷриба қарор мегирад. Ҳар қадаре, ки инсону инсоният таҷриба (ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ) ғун намояд, ҳамон қадар ба донишҳои ҳақиқӣ наздик мешавад. Беҳуда набуд, ки Карл Маркс ӯро ҳамчун «бунёдгузори ҳақиқии материализми англис ва ва илми муосири экспременталӣ» баҳо медиҳад.

Ҳикмати зерин, ки самти амалии илми навро инъикос кардааст, ба Бэкон таалуқ дорад: «дониш-қувва».

Бэкон вазифаи асосии фалсафаро иборат аз эҷоди методи илмии маърифат медонист. Метод қувваи таҳаввулотист, чун он фаъолияти амалию назариявии инсонро ба низом медарорад. Роҳи осонро ба кашфиётҳо нишон дода, вай ҳокимияти инсонро аз болои табиат зиёдтар мекунад. Бэкон мекӯшид, то нигоҳи илмро ба замин ва маърифати ҳодисаҳои табиат бигардонад. Вазифаи тамоми илмҳо афзоиши ҳокимияти инсон бар табиат аст.

Аз ин рӯ, ба ақидаи Бэкон барои тезтар расидан ба кашфиёту ихтироотҳо методи нав зарур аст. Бекон дар «Органони нав» ном асараш ба ҳайси методи асосии маърифат индуксияро ном мегирад. Ин метод аз ҷамъ овардани муҳокимаҳои ҷузъию фардӣ ба хулосаҳои умумӣ омаданро дар назар дорад ё ин, ки дониш аз ҷузъ ба кулл мегузарад.

Гарчанде, ки ҳанӯз дар давраи атиқа дар асарҳои Арасту шакли хулосаҳои индуктивӣ ифода ёфта буданд, вале ташаккули минбаъдаи назарияи индуксия танҳо дар Замони Нав бо тақозои инкишофи босуръати илм, ки тарзҳои ҷамъ овардан ва воситаҳои ифшои қонунҳои умумиро ба миён гузошт, сурат гирифт.

Бэкон ба сифати муайян кардан методи асосии маърифат – индуксия роҳҳои махсуси фаъолияти маърифатиро ном мегирад:

«роҳи анкабут»(бофанда) – дониш аз хиради холис;

«роҳи мӯрча» — дониш ба воситаи таҷриба»

— «роҳи ору»(занбур) – ин бартариятҳои «роҳи анкабут» ва «роҳи мӯрча»- ро гирифта, моҳияти дохилии проблемаро сарфаҳм рафтан.

Вале, Бэкон таъкид месозад, ки роҳи беҳтарини маърифат эмпиризм аст, ки ба индуксия асос ёфтааст. Бэкон индуксияро қутбнамои киштии илм меҳисобад. Асоси индуксияи ӯро анализ ташкил мекард. Эмпиризм ва методи Бэкон ба табиатшиносии таҷрибавии қарни XVII таъсири калон расонид.

Бэкон таъкид месозад, ки ба даст овардани дониши ҳақиқӣ кори осон нест. Дар роҳи ба даст овардани донишҳои ҳақиқӣ сабабҳое ба инсону инсоният монеъ мешаванд, ки ин мутафаккир онҳоро «шабаҳ» («идол») меномад. Ин сабабҳои монеъшавии донишҳои ҳақиқӣ чунинанд: шабаҳи авлодӣ; шабаҳи ғор; шабаҳи бозор; шабаҳи театр.

Ҳар як шабаҳ ба нигоҳи Бэкон сабабҳои худро дорад. Сабаби ду шабаҳи аввал – «авлод» ва «ғор» — ин гумроҳии модарзодии одамон аст, ки табиати маърифатро ба табиати хеш айният месозанд. Авлод, яъне фарҳанги гузашта, ғор – таъсири шахсияти инсони мушаххас ба натиҷаҳои маърифат ворид шуда, мундариҷаи онро дигаргун месозанд. «Шабаҳҳо»- и сеюму чаҳорум «бозор» ва «театр» номида мешаванд, ки онҳо низ сабаб доранд. Сабаби он гумроҳиест, ки инсон онро дар рафти зиндагиаш ба даст меорад. «Шабаҳи бозор»- истеъмоли нодурусти аппарати нутқ, баёни калимоту мафҳумҳо, «шабаҳи театр» бошад – ин таъсири фалсафаи мавҷуда ба раванди маърифат аст. Фалсафаи кӯҳна барои муқаррар шудани назарияҳои нав монеъ шуда, халал мерасонад.

Дар хусуси шабаҳҳои зикршуда Бэкон ба хулосае меояд, ки бояд ба онҳо абадан хотима бахшид. Вазифаи мутеъ гардонидани қонунҳои табиатро фақат бои илм ҳал кардан мумкин аст. Қайд кардан зарур аст, ки таълимоти Бэкон дар бораи шабаҳҳо барои пайдоиши назарияи Ҷон Локк замина тайёр намуд, ки мувофиқи таълимоти ӯ рӯҳи инсон дар ибтидо ба лавҳаи тозае монанд буда, маҳз таҷриба ба он нақш мегузорад.

Чи тавре, ки дар боло зикр намуда будем, кор карда баромадани методи индуктивӣ яке аз хизматҳои бузургтарини Бэкон мебошад. Бэкон тахмин мекунад, ки фақат дар асоси индуксия дар ҳамаи соҳаҳои дониш инкишоф имконпазир мегардад. Ба ақидаи ӯ методи индуктивӣ тадқиқоти аналитикиро талаб мекунад, ки дар натиҷаи он ҳамаи чизҳои беэътимод сарфи назар гардида аз миқдори зиёди мушоҳидаҳои боэътимодаксиома ва қонунҳо бароварда мешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки хизмати бузурги Бекон на аз он иборат аст, ки ӯ индуксияро ҷорӣ кард, балки дар он аст, ки вай онро ҳамчун методи тадқиқот ба миён мегузорад.

Бэкон дар масъалаи муносибати илму дин мавқеи мусолиҳаомезро пеш гирифта таъкид карда буд, ки ҳақиқат дорои ду мағз аст: якеро тариқи илм ва дигареро тавассути дин мефаҳмем.

Бэкон пайрави принсипҳои материалистӣ бошад ҳам, ба мавҷудияти Худо иқрор буд ва қонуниятҳои ҳаёти ҷамъиятиро умуман идеалистона шарҳ медод.

Давомдиҳандаи фалсафаи материалистии Бэкон — Т. Гоббс (1588-1679) мебошад. Муҳимтарин асарҳои Гоббс : «Элементҳои қонунҳо», «Дар бораи гражданин», «Левиафан», «Дар бораи ҷисм», «Дар бораи одам» ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Мувофиқи таълимоти Гоббс олами материалие, ки моро иҳота кардааст, ҳастии материалии муттасил ва беохир тақсимшаванда мебошад. Ҳамаи ҷисмҳои табиат дар протсеси ҳаракат ба вуҷуд меоянд. Ба ақидаи Гоббс ҳамаи тағйироти ҷисмҳо ба ҳаракат вобаста аст. Ин ҳаракат аз рӯи қонунҳои механика ба амал меояд ва аз як ҷисм ба дигараш бо такон мегузарад. Аз ин ҷо Гоббс хулоса мебарорад, ки фалсафа таълимот дар бораи ҷисмҳост. Гузашта аз ин, Гоббс на танҳо ҳодисаҳои физикӣ, балки тамоми ҳаёти рӯҳии ҳайвонот ва ҳатто инсонро ба ҳаракат нисбат додааст. Гоббс кӯшиш мекунад, ки психологияро ҳам ба ҳамон принсипҳои шареханистии материалистӣ тобеъ намояд. Аз ин рӯ, тамоми ҳаракатҳои фаъол мувофиқи қонуни механика ба амал меоянд. Гоббс ин нуқтаи назарро инкишоф дода тасдиқ мекунад, ки одамон ҳам монанди ҳайвонот маҳз механизманду бас. Ҳамаи амалиётҳои онҳоро пурра омилҳо ва тасаввуроти беруна муайян мекунанд. Аммо онҳо машинаҳои оддӣ нестанд, онҳо узвҳое доранд, ки ба воситаи онҳо таассуроти пешинаро нигоҳ медоранд. Ғайр аз ин, онҳо қобилияти таассуроти пешинаро нигоҳ медоранд. Гоббс аз ин фикрҳо чунин хулосаҳои муҳим мебарорад: «рӯҳ ҷавҳари махсусе нест, ҷисмҳо ҷавҳари ягона мебошанд, эътиқод ба Худо маҳсули хаёлоти одамист».

Гоббс хилофи Бэкон динро қатъиян рад карда хилофи илм медонист, гарчанде, ки ақидаҳояш дар бораи дин собитқадамона набуданд. Вай динро дар ҳаёти ҷамъият воситаи «кашидани лаҷоми омма» медонист. Ғайр аз ин ҷиҳати метафизики материализми Гоббс дар он ифода меёбад, ки вай дар ташреҳи ҳаракат чун оқибати задухурди ду ҷисм аслан ба назарияи такони ибтидоии Худо (деизм- лот.-deus-Худо)майл мекунад.

Яке аз паҳлӯҳои асосии таълимоти Гоббсро таълимоти иҷтимоӣ- сиёсиаш ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар доираи таълимоти иҷтимоӣ- сиёсии Томас Гоббс – назарияи «муоҳидаи (шартномаи) ҷамъиятӣ»- аш машҳур аст. Мазмуни мухтасари назарияи «Шартномаи ҷамъиятӣ»-и Гоббс чунин аст: « Инсон дар аввал табиати ҷоҳилона дошта, қувваи ҳаракатдиҳандаи кирдори ӯро фоидаи шахсӣ, худпарастӣ, талабот, ҳавас ва аффаектҳо ташкил медиҳад. Сифатҳои зикршуда инсонро ба он тела медиҳад, ки гӯё ӯ ба ҳама чиз ҳуқуқ два беэътиноӣ ба ҳуқуқҳои дигарон ба «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама» меорад. Бо мақсади зинда мондан одамон «шартномаи (муоҳидаи) ҷамъиятӣ» баста, даъвоҳояшонро маҳдуд ва «ҳуқуқи ҳама ба ҳама»-ро монеъ шуданд. Ба хотири аз байн бурдани «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама», пахши эгоизми (худпарастӣ) ифротӣ ва танзими фаъолияти ҷамъият – давлат ба вуҷуд омад. Барои он ки давлат вазифаҳои мушкилро иҷро кунад, бояд нерӯманду пурқувват бошад. Давлат мустаҳкаму устувор, бисёрқишрӣ ва он қадар қоим бошад, ки «ҳама чизро дар роҳи худ хӯрдаву пахш кунаду рӯбад».

Гоббс дар таълимоти худ оид ба давлат, махсусан, дар таълимоте, ки ҳолати табиӣ»-и оамон номида мешавад, аломатҳои ба ҷамъияти буржуазӣ хос буда: рақобат, анархия, ҷангҳо ва истисмори одамро инъикос намудааст.

Яке аз намояндагони барҷастаи фалсафаи Замони Нав Рене Декарт (франсуз) (1596-1650) мебошад. Декарт ба зумраи ҳамон асосгузорони фалсафаи Замони Нав мансуб аст, ки таълимоти фалсафии онҳо аз таълимоти илмиашон ҷудо нест.

Декарт аввалин мутафаккирест, ки тамоми дастовардҳои собиқаи маданиро зери шубҳа гирифта, дар паси ислоҳи илму фалсафа афтода, барои бунёди илми нав таҳкурсӣ гузошт. Декарт кулли донишҳои пешинро таҳти шубҳа қарор дода бошад ҳам, онҳоро рад накарда, балки ба дониши ҳақиқию мӯътамад ва ғайримӯътамад ёбаҳспазир тақсим кардаст. Шубҳаи вай хусусияти гносеологӣ не, балки методологӣ дорад. Шубҳа инкори донишҳои беэътимод аст. Шубҳа навиштааст Декарт, амалиёти тафаккури ман аст. Пас манн метавонам фикри устувор, мӯътамад ва возеҳро баён кунам: «Ман меандешам, пас манн вуҷуд дорам». Декарт бо ин ақидааш таъкид карданӣ шудааст, ки барои шуур нисбат ба мавҷудияти ҷисмӣ мавҷудияти тафаккурамон боэътимодтар аст. Вале ин чунин маъно надорад, ки гӯё Декарт мавҷудияти чизҳои ғайрификрӣ, фикрнабударо инкор мекарда бошад.

Декарт дар «Когито» ном асараш мавҷудияти ду ҷавҳарро эътироф кардааст: моддӣ ва рӯҳӣ.

Декарт намояндаи классики дуализм мебошад, ки ба модда вобаста набудани рӯҳ ва ба рӯҳ вобаста набудани моддаро эътироф намуда, ҳардуро дар як вақт аввалин мешуморад.

Декарт чунин меандешад, ки қабл аз исботи ҳастии олами беруна (ӯ ба он шубҳае надорад) бояд мавҷудияти Худо исбот карда шавад. Бе исботи Худо наметавон дониши мӯътамад ҳосил кард. Ба ақидаи Декарт Худо зотан фиребанда набуда, балки соҳиби хайр аст. Мо ҳастии Худоро эътироф карда, ба мавҷудияти олами беруна боварӣ ҳосил менамоем.

Ҳамин тавр, Декарт се субстансияро (ҷавҳарро) эътироф мекунад: рӯҳӣ, моддӣ(материалӣ) ва илоҳӣ ё Худо. Зимнан ҷавҳари мутлақи мустақил танҳо Худо аст, ки баъди офаридани олам ба ӯ додани миқдори муайяни ҳаракат дар ҳаёти ояндаи ҷавҳари моддӣ ҳеҷ иштирок намекунад.

Фалсафаи Декарт тарафи муҳими материалистӣ- назарияи физикӣ дорад, ки аз фаҳмиши материалистии табиат бармеояд. Асоси физикаи Декарт таълимот дар бораи материя ва ҳаракат аст. Физикаи Декарт кӯшиши бузурги дар заминаи материалистӣ ва механистӣ ба вуҷуд овардани манзараи умумии табиат буд. Нуқтаҳои асосии физикаи Декарт чунинанд: коинот материалӣ ва беинтиҳост; материя ҳарчанд аз зарраҳо таркиб ёфтаааст, принсипан беохир тақсимшаванда мебошад; фазои холӣ вуҷуд надорад; зарраҳои материя муттаҳариканд, ба истиснои Худо ҳеҷ қувваи аз материя берун истода нест; материя ва ҳаракат маҳвнашавандаанд. Физикаи материалистии Декарт аз ҳудуди шакли оддитарини ҳаракати материя- ҳаракати механикӣ берун намебарояд. Маҳдудияти метафизикии Декарт дар фаҳмиши материалистии табиат дар ҳамин аст.

Дар раванди омӯзиши проблемаи маърифат, Декарт ба ҳайси методи асосии маърифати илмӣ дедуксияро эътироф мекунад, ки мувофиқи он аз муҳокимаҳои умумӣ ба хулосаҳои ҷузъӣ омадан аст.

Дар назарияи маърифат Декарт ҳамчун ратсионалистбаромад мекунад. Ӯ дар назарияи «Идеяҳои фитрӣ»-и хеш таъкид месозад, ки бештаре аз донишҳо бо роҳи маърифат ва дедуксия ба даст оянд ҳам, донишҳое ҳастанд, ки ба ягон далел эҳтиёҷ надоранд. Онҳо аз аввал боэътимод ва яқинанд. Чунин донишҳо ё аксиомаҳо ҳамеша дар хиради Худовандӣ ва хиради инсон мавҷуданд ва аз насл ба насл мегузаранд.

Ҳамин тавр, хизмати дар фалсафа анҷом додаи Декарт чуни наст: нақши ҳалкунандагии ақлро дар маърифат асоснок намуд; назарияро дар бораи ҷавҳар, атрибуту модусҳои он пешниҳод намуд» муаллифи назарияи дуализме шуд, ки кӯшиш дошт байни ҷараёнҳои асосии фалсафа оштӣ андозад; назарияро дар бораи методи илмии маърифат ва назарияро дар бораи «идеяҳои фитрӣ» асоснок намуд.

Яке аз файлсуфи барҷастаи Замони Нав Бенедикт Спиноза (голандӣ)(1632- 1677) ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин тадқиқотҳои фалсафии Спиноза чунин проблемаҳоро дар бар мегирад: проблемаи субстансия(ҷавҳар), назарияи маърифат, пантеизми натуралистӣ, этика, масъалаи муносибати мутақобилаи озодӣ ва зарурат.

Спиноза дар бораи ҷавҳар изҳори андеша карда, мехоҳад то муносибати байни ҷавҳару атрибут (хусусият) ва модусҳоро (лот. madys- андоза, тарз, усул, дар фалсафа хусусиятҳои даргузар) муайян бикунад. Ӯ модусро ҳамчун чизе муайян мекунад, ки дар дигар вуҷуд дорад. Ҷавҳар бошад на дар чизе ва ба туфайли чизе, балки худ ба худ вуҷуд дорад. Дар асараш «Этика» Спиноза ҷавҳарро ду тарз ном мебарад: Худо ва табиат. Спиноза Худою табиатро аз ҳам ҷудо накарда, онҳоро бо табиати беинтиҳо- ҷавҳар айният дода, манбаи ҳаракати табиатро дар худи табиат меҷӯяд. Худову табиатро як шуморидани Спиноза материализмро ( вале материализми ӯ метафизикӣ буд) тарғиб намудаи он буд. Спиноза бо таълимоти худ дар бораи ҷавҳари ягона дуализми Декартро рад карда, ба он монизми материалистиро гузошт. Ӯ табиату ҷавҳарро сабаби худ номида, мавҷудияти ду ҷавҳарро номумкин меҳисобад. Пас, як ҷавҳар, табиати имтидоддор ҳаст. Худо табиат аст ва табиат Худост. Яъне мувофиқи таълимоти ин мутафаккир байни ҷавҳари олӣ – Худованд ва дигар ҷавҳаре, ки ӯ офаридааст фарқе нест; табиат ва Худованд ягонаанд; чизҳои алоҳида худ ба худ вуҷуд надоранд, онҳо танҳо «модус»- ҳои ҷавҳари воҳид – табиату Худованданд.

Субстансия ба ақидаи Спиноза атрибутҳои зиёд дорад, вале инсон метавонад танҳо ду атрибут – имтидод ва тафаккурро дарк кунад. Агар дар фалсафаи Декарт имтидод ва тафаккур атрибути субстансияҳои гуногун бошад, дар таълимоти Спиноза онҳо атрибутҳои субстансияи ягона – табиат мебошанд.

Дар назарияи маърифат Спиноза пайравӣ ба Декарт намуда, ҳамчун ратсионалист баромад мекунад. Аммо ӯ бар хилофи Декарт мавҷудияти идеяҳои фитриро инкор мекунад.

Намояндаи дигари фалсафаи Замони Нав, математик, ҳуқуқшинос ва файласуфи барҷастаи немис Готфрид Лебниц (1646-1716) ба ҳисоб меравад. Дар доираи тадқиқотҳои ӯ проблемаҳои «ҷавҳар» ва «маърифат» асосӣ мебошанд. Ӯ назарияҳои Декарт ва Спинозаро оиди ҷавҳар омӯхта, ба хулосае меояд, ки онҳо номукаммал ҳастанд. Аввалан, ӯ дуализми Декартро аз он хотир қабул накард, ки ӯ (яъне Декарт) ҳама ҷавҳарро тақсим мекунад. Тақсимоти Декарт аз як тараф субстансияи олиро (Худовандро) ба офаридаҳояш- ҳамчун ҷавҳари мустақил тақсим менамояд. Аз тарафи дигар ҳама офаридаҳоро ба ҷавҳарҳои материалӣ (имтидодӣ) ва рӯҳонӣ (тафаккур) ҷудо мекунад, ки барои Лейбнитс қобили қабул намебошад. Дуюм, ӯ ақидаи Спинозаро дар хусуси ҳама ҷавҳарҳоро ба як ҷавҳар (табиат – Худо) ҷамъ оварданаш – ҳамчун бартараф накардани дуализми Декарт медонад.

Мувофиқи назарияи фалсафии Лейбнитс олам аз миқдори бениҳоят зиёди ҷавҳарҳое иборат аст, ки табиати дугона нею, балки табиати воҳид доранд, ки онҳоро ин мутафаккир «монадаҳо» (кал. юн. воҳидият) меномад. «Монадаҳо» — зарраҳои тақсимнопазири рӯҳие ҳастанд, ки хосияти материалию ашёӣ надоранд.

Дар назарияи маърифат, Лейбнитс дар пайравии Декарт ва Спиноза ҳамчун ратсионалист баромаб мекунад. Вале ӯ дар байни эмпиризм ва ратсионализм мекалавад. Ӯ таъкид месозад, ки дар роҳи маърифати олам донишҳои ақлӣ характери мӯътамад дошта, донишҳои эмпирикӣ (таҷрибавӣ) ҷиҳати эҳтимолӣ ва якдигарро пурра месозанд.

  • Сенсуализми материалистии Ҷ. Локк ва идеализми субъективии Берклӣ ва Юм.

Баҳс миёни ратсионализм, эмпиризм ва сенсуализм дар садаи XVII ва ибтидои қарни XVIII дар асарҳои мутафаккирони англис: Ҷ. Локк, Ҷ. Берклӣ ва Д. Юм идома ёфт.

Ҷон Локк (1632-1704) эмпиризми материалистии Бекон ва Гоббсро давом додааст. Вай барои ҳаматарафа асоснок кардан ва инкишоф додани эмпиризм сайъ намуда, онро ҳамчун сенсуализми материалистӣ инкишоф дод ва принсипи асосии он – аз олами ҳиссӣ ба вуҷул омадани дониш ва идеяҳоро асоснок кард. Ҷ. Локк ба ратсионалистон (Декарт, Спиноза, Лейбниц) муқобили баромада чунин қайд мекунад: « Дар ақл чизе нест, ки қаблан дар эҳсосҳо набошад». Ҷ. Локк назарияи идеалистии «идеяҳои фитрӣ»-ро (Афлотун, Декарт) зери танқид гирифта, таъкид мекард, ки то ба рӯҳ таъсир расонидани таҷриба вай ба лавҳаи тозаи нонавишта монанд аст. Фақат таҷриба бори нахуст ба он нақши худро мегузорад. Таҷриба ба қавли Локк, манбаи ягонаи дониши мо мебошад. Манбаи таҷриба олами берунӣ мебошад.

Ҳамчунини, ақидаҳои иҷтимоӣ сиёсии ин мутафаккир ҷолиби диққатанд. Аз ҷумла, Локк қайд месозад, ки идеалӣ давлат и- давлатест, киба асоси тақсимоти ҳокимият ба қонунгузорию иҷроия ва ҳокимияти судӣ бунёд ёфтааст.

Ҷорҷ Беркли(1684-1753) – намояндаи идеализми субъективӣ мебошад. Беркли вазифаи фалсафии худро мубориза бо материализм ва атеизм ҳисоб намуда, кӯшиш мекард, ки дину идеализмро аз нуқтаи назари фалсафӣ ҳимоя ва исбот кунад.

Беркли муқобили таълимоти Нютон оиди фазо – ҳамчун макони ҷойгиршавии ҷисмҳои табиӣ ва таълимоти Ҷ. Локк оиди пайдоиши мафҳуми материя ва фазо – чун воситаи абстаксия бардоштан аз хосиятҳои объектҳои реалӣ баромад карда, ҳастии материяро инкор намуда, танҳо мавҷудияти ҳастии рӯҳиро эътироф мекунад.

Беркли дар яке аз асарҳояш «Рисола дар бораи ибтидои дониши инсон» (1710) ошкоро ба муқобили материализм ва мафҳуми асосии он «материя» баромад мекунад. Дар ҳамин асараш Беркли принсипи муҳимтарини идеализми субективиро асоснок намудааст: «вуҷуд доштан, тасаввуршаванда будан аст». Дар ин принсип инкори олами моддӣ, ки мазмуни тамоми таълимоти Берклиро дар бар мегирад, таҷассум ёфтааст. Беркли мегӯяд, ки идеяҳо берун аз ақл вуҷуд дошта наметавонад, чизҳо бошанд маҷмӯи идеяҳоянд ва мавҷудияти онҳо тасаввуршавандагии онҳост. Ба ақидаи Беркли, он чиз вуҷуд дошта метавонад, ки даркшаванда аст ва мо фақат эҳсосотро дарк мекунем, пас, танҳо эҳсосот ва маҷмӯи эҳсосот вуҷуд дорад. Бинобар ин Беркли ҳиссиётро мутлақ мегардонад, онро аз манбааш канда реалияти ягона эълон мекунад.

Давид Юм (1711-1776) (англис) намояндаи дигари идеализми субъективӣ ба ҳисоб мерававд. Мувофиқи баҳои Ф. Энгелс, Давид Юм намояндаи классикии ҷараёни агноститсизми фалсафӣ мебошад. Д. Юм баръакси Беркли, мавҷудияти материяро инкор накарда иқрор мешавад, ки ҳалли ин масъала аз имконияти инсон берун аст. Дар паси эҳсосоти худ вуҷуд доштани ягон реалиятро мо нахоҳем донист. Нуқтаи назари агноститсизм ҳам аслан ҳамин аст.

Аз нуқтаи назари Д. Юм воқеияти олами атроф барои маърифати мо ҷараёни беинтиҳои таасурот аст, таасурот бошад зуҳуроти(факти) шуури мост. «Таасурот» — и Д. Юм ин маҳз ҳамон идеяҳои Беркли мебошанд, ки дар таълимоти ӯ низ тавзеҳи идеалистӣ ёфтаанд. Фарқи Д. Юм аз Беркли фақат дар он аст, ки онҳо масъаларо оид ба субстансия ҳар хел ҳал мекунанд. Агар, Беркли мавҷудияти субстансияи материалиро рад карда мавҷудияти субстансияи рӯҳиро эътироф намуда бошад, Юм бошад, мегӯяд, ки мавҷудияти ягон субстансияи материалӣ ва рӯҳиро мо намедонем.

  • Фалсафаи маорифпарварӣ ва материализми фаронсавии қарни XVIII.

Давраи маорифпарварӣ дар рушди фалсафа ва маданияти инсоният мақоми хосаро соҳиб аст. Ибтидои онро ба соли 1718, яъне дар Париж ба саҳна мондани фоҷиаи Волтер «Эдип» муносиб медонанд. Ин фоҷиа буҳрони худшиносии масеҳиятро дар ҳаёти маънавии Фаронсаи ибтидои қарни XVIII барало нишон дод.

Илм ва пешрафт шиорҳои асосии маорифпарварӣ ба ҳисоб мераванд. Диққати асосӣ на ба хирад, балки ба донишҳои илмӣ дода мешуд. Ватани маорифпарварӣ Англия буд, чун дар он нисбати дигар давлатҳо сармоядорӣ барвақт пайдо шуд. Материализми назариявии қарни XVIII-ро амалияи ҷомеаи Фаронсаи онвақта муайян мекард.

Дар Англия намояндагони маорифпарварӣ Ҷ. Локк, Ҷ. Толланд, А. Коллинз, А. Шефтсберӣ ва намояндагони мактаби шотландӣ Т. Рид, А. Смит ва Д. Юм буданд. Маорипарварони олмонӣ Г. Лессинг, И. Гердер ва И. Канти ҷавон буданд. Намояндагони маорифпарварӣ дар Фаронса М. Волтер, Ж.Ж. Руссо, Ш. Монтеске, Д. Дидро, Ж. Аламбер, Э. Кондиляк, П. Голбах, Ж. Ламетрӣ ва дигарон мебошанд.

Волтер ва Монтеске аввалин маорифпарварон буданд. Монтеске дар «номаҳои порсӣ» (1721) монархияи мутлақ, ашрофзодагон ва руҳониёни ҳукмронро мавриди танқид қарор медиҳад.

Дар солҳои 40-уми қарни XVIII ақоиди маорифпарварӣ дар Фаронса рушд мекунад. Сарфи назар аз тафовути ҷаҳонбинӣ ва вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ маорифпарварони фаронсагӣ давомдиҳандагони арзишҳои маънавии давраи Эҳё буданд.

Фалсафаи маорифпарварии Фаронса чунин хусусиятҳо дошт:

  1. Тамоюли амиқи зиддиклерикалии як қатор маорифпарварон (Дидро, Голбах), ки хислати зиддидинӣва атеистиро доштанд;
  2. Робитаи ногусастании ақоиди фалсафии маорифпарварон бо дастовардҳои табиатшиносии қарни XVIII;
  3. Тамоюли гуманистии фалсафӣ бо бартарияти масоили антропо-иҷтимоӣ (антропос-одам);
  4. Тамоюлҳои фалсафӣ танқидии иҷтимоии маорифпарварон барои тағйирёбии воқеият ба манфиати рушд ва бартарии «ҷомеаи шаҳрвандӣ».

Радикализми фалсафаи маорифпарварии Фаронса тамоюли зиддиклерикалӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дигар назарияҳои маорипарваронро муайян кард.

Хусусиятҳои характерноки материализми маорифпарварони франсузро метавон чунин хулоса кард:

— аксарияти онҳо ҳамчун атеист баромад карда, дин ва идеализмро танқид ва рад мекарданд;

— материалистони мазкур ҳар ду тарафи масъалаи асосии фалсафаро материалистона ҳал намуда, ба муқобили идеализм ва агноститсизм мубориза мебурданд;

— материалистони франсавӣ ба таълимоти материалистии материя ҳамчун мафҳуми унверсалӣ аҳамияти махсус дода, онро абадӣ ва беинтиҳо меҳисобиданд, ҳаракатро хосияти материя ва фазову вақтро шаклҳои мавҷудияти материя мешумориданд;

— материалистон ба таври амиқ маълумотро дар бораи ҳақиқат, ҳамчун мувофиқати дониши инсонӣ ба объект ва олами моддӣтадқиқ ва ҷонибдорӣ менамуданд;

— материалистони франсуз масъалаи одамро дар маркази таълимоти худ гузошта, баъд аз Ҷ. Локк ба хулосае омаданд, ки одамон аз таввалуд баробаранд ва мувофиқи шароит тағйир меёбанд.

Бо вуҷуди ин таълимоти онҳо аз камбудӣ ва маҳдудиятҳо холӣ нест: — характери механистӣ доштани он; — характери метафизикӣ доштани он; — таълимоти онҳо доир ба ҷамъият идеалистӣ буд.

Рӯйхати адабиёт:

  1. Алексеев П.В., Панин А. В. Философия. Учебник. М.: Издалтельство Проспект», 2001.
  • Миронов В. В. Философия. Учебник. М.: «Издалтельство Проспект», 2008.
  • Раҳимов А., Расулов Қ. Асосҳои фалсафа. Душанбе: «Маориф ва фарҳанг», 2003.
  • Очеркҳои таърихи фалсафа. Душанбе.- «Дониш», 1982.
  • Спиркин А. Асосҳои фалсафа. Душанбе: «Маориф», 1991.
  • Фалсафа. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( иборат аз ду қисм). Қисми дуюм. Душанбе: «Маориф», 1997.

7. Философия. (конспект лекций) М.: «А- Приор», 2007.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *