Фанни Фалсафа

Эътикод ва фахмиш дар доираи иртибот

Дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ду тарзи назариясозӣ ташаккул ёфтааст: якумаш ихлосманидашро нисбати усулҳои илмҳои табиатшиносӣ намоиш дода, онҳоро воситаҳои куллии маърифатӣ, таъминкунандаи хусусияти маънидодкунандаи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ меҳисобанд; дуюмаш, бинобар тахфиф нашудани ҷамъият ба табиат, аз ҳамдигар фарқ доштани воситаҳои маърифатии илмҳои табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарро қайд менамояд.

Парадигмаи стсиентӣ (стсиентизм — ин ҷараёнест дар илмҳои иҷтимоӣ, ки дар назди худ вазифаи монандсозии илмҳои иҷтимоиро ба табиатшиносӣ аз рӯи усул ва вазифаи ҷамъиятиаш пеша намудааст) мақсад гузоштааст, то ки ба илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ вазифаиҳои маънидодкунӣ ва пешгӯӣ муносиб дониста шаванд. Ин мақсад тавассути принсипи назариётисозии эссентсиализм (аз лотинӣ, essentia — моҳият) ба даст оварда мешавад. Эссентсиализм ба ду қазия такя мекунад: 1) маърифат метавонад асоси интиҳоии худро ёбад, ки аз ҳама гуна шубҳаи ақлӣ озод бошад; 2) назарияи ҳақиқӣ моҳияти ниҳонбудаи ашёҳоро, ки тарафи дигари олами зуҳурот мебошад, тасвир менамояд. Ба назариётҳои хусусиятҳои мазкурро дошта, аз ҷумла таълимоти Карл Маркс таалуқ дошта метавонад. Карл Маркс боварӣ дошт, ки воситаҳои назариявии усулҳои пешбарӣ намудаи ӯ дарки моҳияти равандҳои иҷтимоиро таъмин карда метавонанд ва аз ҳама асосиаш, дар ҷараёни маърифат шаклҳои асосии мантиқии густариши мафҳумҳо бо марҳилаҳои асосии таърихии ташаккулёбии моҳияти инсон мувофиқат дошта метавонанд. Мувофиқати таърихият ва мантиқият дар амалияи иҷтимоӣ яке аз заминаҳои зарурии назариётисозии эссентсиалистии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ мегардад. Ба ин заминаҳо эътиқод карда, мо тасдиқоти бешумори таҷрибавии онҳоро ба даст меоварем. Аммо ҳангоми шиносоӣ бо ин «далелҳо», яъне бо тасдиқоти таҷрибавӣ, мо маълум менамоем, ки онҳо тафсири ҳамон усул аст, ки тавассуташон маърифати равандҳои иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад. Масалан, парадигмаи таҳаввулот дар намудҳои гуногунаш баён мекард, ки «як навъ навбати марҳилаҳои пешакӣ муайянбуда мавҷуд аст, ки инкишофи иҷтимоӣ бояд аз он гузарад» (Ҷон Дюи). Ҳар кадом таълимоти назариявии иҷтимоӣ-гуманитарӣ мақсад гузоштааст, ки мазмун ва мақсади тағйиротҳои ҷамъиятиро маълум намояд. Самтгириҳои иҷтимоӣ нақши худро ба назарияҳо мегузаронанд, аммо онҳоро дар рафти тадқиқоти тағйироти ҷамъиятӣ ошкор кардан номумкин аст. Маълум намудани онҳо бо арзишқадркунии олими иҷтимоъшинос, ки худаш бевосита ба равандҳои иҷтимоӣ кашида шудааст, пайваст мебошад.

Аксари хосиятҳои объекти иҷтимоӣ танҳо маҳсули онтологизатсияи усулҳои қабулшудаи тадқиқот мебошанд (онтологизатсия — ин шайъигардонии мафҳумҳо, ки ба сифати арзишҳои иҷтимоӣ қабул мешаванд).

Назариёти «моҳиятҳои ниҳонӣ» изофӣ будани худро маълум намуд: а) тавассути воситаҳои назариявӣ асоснок намудани зарурати тадбиқи арзишҳои дилхоҳ номумкин аст; б) худи маҷмӯи воситаҳои назариявии асоснок кардани самти тағйироти ҷамъиятӣ хусусияти худсарона дорад. Боварӣ ба заминаҳои ақлонӣ асоснокнашуда аз он далолат мекунад, ки эътиқод аз сохтори назариёти «моҳиятҳои ниҳонӣ» бартарафнашаванда мебошад.

Ҳамин тавр, он заминаҳое, ки биниши назариявии равандҳои иҷтимоӣ-фарҳангиро муайян мекунанд, ченаки арзишӣ дошта, ба эътиқод такя мекунанд. Ченаки арзишии ба илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ марбутбуда тарзҳои гуногуни назариётисозиро, яъне таҳқиқи олами иҷтимоӣ-фарҳангиро аз нуқта назарҳои гуногун имконпазир месозад.

Яке аз тарзҳои имконии тафсири назариявии воқеияти иҷтимоӣ ин принсипи сохтордиҳӣ ба мазмунҳои субъективии амали иҷтимоии фардӣ мебошад. Чунин тарзи назариябаёнкуниро дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бори аввал Макс Вебер (1864 – 1920) ва Алфред Шютс (1899 – 1959) амалӣ намудаанд. Назариётисозии фардиятисозанда майлони арзиширо дар амалҳои иҷтимоӣ ба асос гирифта, аз усулҳои маърифатии табиатшиносӣ даст мекашад. Ҳадди салоҳдиди ин методологияи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ фаҳмиш мебошад. Соҳаи тадқиқоти парадигмаи иҷтимоӣ-гуманитарии бофаҳм ин олами ҳаёт, муҳити иҷтимоӣ мебошад, ки дар он ҳаёти рӯзмарраи фард сурат мегирад. Дар ҳудуди таҷрибаи муқаррарӣ фард шубҳа ба он надорад, ки ӯ дигаронро мефаҳмад, метавонад бо онҳо ҳамтаъсирӣ, ҳамбастагӣ дошта бошад, тавассути ҳамдигарфаҳмӣ аксари мақсадҳои худро воқеӣ созад ва ғайра. Ҳамин хел, олами рӯзмарравӣ, ки дар он фард зиндагӣ дорад, аз ибтидо байнисубъективона мебошад.

Байнисубъективона будани фазои иҷтимоӣ масъалаи воқеии дарки назариявӣ шудааст. Зарур аст маълум карда шавад, ки чӣ тарз ва тавассути чӣ дар амали фард мазмуни умумияту иртибот такроран истеҳсол мешавад ва амали фард хосияти иҷтимоӣ ба худ мегирад. Амали фард заминаи муҳими иҷтимоӣ-балоҳиагириро ошкор менамояд (балоҳиагирӣ — ин азму ният аст, ки фаъолмандии фардро барои амалигардониаш талаб мекунад). Барои амалӣ кардани мақсадҳояш фард бояд амалҳои худро бо амалҳои фардҳои дигар мутобиқ намояд. Фаъолияти ҳамҷояи фардҳои манфиатҳои хусусидошта танҳо он гоҳ сифати иҷтимоӣ ба худ мегирад, ки агар натиҷаҳои фаъолияти фард ба манфиати фардҳои дигари бо ӯ бевосита иртибот надошта, дахл кунад. Ҳамин тавр, фаъолияти ҳамҷоя асоси умумии баҳодиҳӣ ба шароитро ташаккул медиҳад, ки амалигардонии манфиатҳои хусусиро имконпазир менамояд. Ин махсусияти амали фардро Макс Вебер (1864–1920) қайд намуда буд. «Иҷтимоӣ гуфта, мо чунин амалро меномем, ки аз рӯи маънояш… ба амали одамони дигар мутобиқ буда, ба он нигаронида шудааст» (Макс Вебер). Худи фаъолияти балоҳиагирӣ мавҷуд будани мақсадро тақозо дорад. Мақсади амали иҷтимоии фард бо сабабҳо вобаста аст. Ин сабабҳо ҳамчун барангезандагони муҳими амали фард табиати арзишӣ доранд ва ба амалҳои фард мазмун мебахшанд, байни онҳо ва арзишҳои воқеии олами ҳаёт робитаи мазмунӣ барқарор менамоянд. Яъне мақсадҳои фардӣ алоқамандиашонро бо шароитҳои ибтидоии ҳамтаъсирии иҷтимоӣ нишон медиҳанд, лоиҳа бошад, аз мазмуни арзишфаҳмии фард баҳравар мешавад. Арзишфаҳмии фард моҳиятан дар таҷрибаи муқаррарӣ, ки тарзи ҳастии иҷтимоии мазмунҳои фардӣ аст, зуҳур меёбад. Чунки он на танҳо мақсади амали фардиро, инчунин ҳудуди ҳамдигарфаҳмии фардҳоро муайян мекунад. Мазмун ҳамчун шакли таҷассумшудаи арзишҳо бевосита дар воқеияти таҷрибавӣ дода шудааст ва ҳастиашро дар соҳаи трансседентӣ (берун аз ҳудуди таҷриба ҷой доштан) зоҳир менамояд. Аммо воқеӣ будани мазмунҳо ба мисли олами ашёҳо шубҳаовар нестанд. Ҳастии иҷтимоии мазмун — ин соҳаи маъниҳо мебошад. Соҳаи маъниҳо робитаи амали фардиро бо ниҳодҳои иҷтимоӣ барқарор менамояд ва бо ҳамин васила мақсадҳои фардӣ ба мазмунии арзишҳо мувофиқат пайдо мекунанд.

Ниҳодишавии амали фардӣ дар истилоҳҳои аҳамияти умумидоштаи арзишфаҳмӣ — ин олами ҳаёт ё худ олами рӯзмарравӣ мебошад. Олами рӯзмарравӣ, мувофиқи ибрози Алфред Шютс (1889–1959), — «ин олами фарҳанг аст, чунки олами ҳаёти рӯзмарравӣ барои мо куллиёти маъниҳо, сохтори устуворгаштаи мазмунҳо мебошад, ки мо бояд тафсир кунем, то ки дар он мавқеи худро дарёфта, бо он муросо намоем». Олами рӯзмарравӣ бояд предмети тадқиқотҳои илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бошад. Назариётӣ сохтани олами рӯзмарравӣ хусусияти фаҳмишҳои илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро муайян мекунад. Фаҳмиш ин тафсири мақсадҳои фардӣ дар истилоҳҳои аҳамияти умумидошта мебошад. Мазмунҳои аҳамияти умумидошта ҳамчун тарзи ҳастии равандҳои реификатсия ва қонунишавӣ пешниҳод мешаванд. Мувофиқи ақидаи сотсиологҳои муосири америкоӣ П.Бергер ва Т.Лукман «реификатсия — ин таҷассуми натиҷаҳои фаъолияти инсонӣ аз қабили зуҳуротҳои табиӣ, оқибатҳои таъсири қонунҳои кайҳонӣ ё зуҳурёбии иродаи илоҳӣ мебошад». Реификатсия қонунишавии мазмунҳои фаъолиятҳои фардиро, яъне нисбат додани мазмунҳои фаъолияти иҷтимоии фардиро ба истилоҳҳои аҳамияти умумидошта, ки дар шакли ниҳодҳои иҷтимоӣ зуҳур меёбанд, дар назар дорад. Ниҳодишавӣ ҳамнавъшавии амалҳои одатии фардҳоро амалӣ менамояд. Фикри солим, ки инсон дар ҳалли вазифаҳои муҳим ба он ниёз дорад, ин низоми навъишудаи тарзҳои фаъолият ва ҳамчунин навъишавии мақсадҳо мебошад. Ҷузъиётҳои фикри солим ғайримуташаккилона ташаккул меёбанд ва мунтазам дар ҳаёти рӯзмарравӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Аз мувофиқати ҷузъиёти навъишудаи фикри солим бо тафсири мақсадҳои амалҳои иҷтимоии фард, амалишавии лоиҳаи пешбинишуда вобастагӣ дорад. «Ҳаққонияти баҳснопазири тасвири субъективонаи маънӣ, — менависад Алфред Шютс, — нишонаи фарқкунандаи сотсиологияи Макс Вебер ё умуман методологияи илмҳои иҷтимоӣ набуда, балки принсипи сохтордиҳии навъҳои воқеигардонии амалҳо дар таҷрибаи муқаррарӣ мебошад». Бинобар ин, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ бояд тарзҳои тафсиркунии арзишфаҳмии амалҳои фардиро дар истилоҳҳои аҳамияти умумидошта муҳаё намоянд. Ин тарзи назариябаёнкунӣ имкон медиҳад, ки моделҳои тафсиркунӣ, ки бо олами рӯзмарравӣ таносуби таҷрибавӣ доранд, сохта шаванд.

Воқеияти иҷтимоӣ дар амали иҷтимоии фардӣ зоҳир мешавад. Бинобар ин, барои омӯхтани он бояд ба сохторгирии тафаккури муқаррарӣ диққат дода шавад. Моделҳои арзишии аҳамияти умимидошта хусусияти ҳатмӣ, ки ба он бояд кӯшида шавад, надоранд. Онҳо воситаанд, на мақсади маърифат. Парадигмаи бофаҳм дониши иҷтимоиро бо воқеияти иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ омехта намекунад. Нобоварӣ ба лоиҳаи давраи Эҳё илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро аз принсипи сабабият озод намекунад. Аммо дар парадигмаи бофаҳм вай нишонаҳои объективистиро, ки дар истилоҳи детерминизми классикӣ вуҷуд доранд, гум мекунад. «Дар илме, ки предметаш мазмуни рафтор аст, — менависад Макс Вебер, — «шарҳдиҳӣ» маънои дарк кардани робитаи мазмуниро дорад, ки ба он аз рӯи мазмуни субъективонааш амали ба фаҳмиши бевосита дастрасбуда шомил аст». Дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ фаҳмиши сабаби робитаи мазмунии байни модели тафсиркунӣ ва амали мушаххасро муайян менамояд. Сабабият дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, дар тафовут аз табиатшиносӣ, мавҷудияти қонунҳои куллиро таъмин намекунад, амалҳои фардиро ба қонунҳои иҷтимоӣ нисбат намедиҳад. Дар парадигмаи бофаҳм воқеияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дарк карда намешавад, балки бо тарзи «мансубдонӣ ба арзиш» сохтор дода мешавад. Арзишҳо, ки дар таҳкурсии моделҳои тафсири назариявии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҷойгир мебошанд, хислати таърихӣ дошта, тағйирпазирии худро аён мекунанд. Таҳаввули арзишфаҳмӣ дар «аз ҷоду озод шудан»-и дин (Макс Вебер) ва танқиди ҳаматарафаи шарҳи картезиании ақл (танқиди мавқеи Рене Декарт ва пайравонашро ба хотир оваред) ифода ёфтааст. Мазмунҳои иҷтимоии мавҷуда алоқаашонро бо арзишҳои куллӣ (Худо, Ақли Қонунгузор ва тимсоли он) гум карда, дар фаъолияти фард «инҷо ва ҳоло» маънӣ пайдо мекунанд.

Мазмунҳои иҷтимоии куллӣ, ки дар назариёти Карл Маркс ва Макс Вебер истифода шуда буданд, манбаҳои шарҳдиҳандаро аз даст додаанд. Онҳо таносуби байни донишҳои назариявӣ ва раванди воқеии ҳаёти ҷамъиятро муайян карда наметавонанд. Ҳамин тариқ, тарзи назариябаёнкунии классикӣ дар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ маҳдудияти таърихии худро нишон дод. Иваз шудани арзишфаҳмӣ ва тарзҳои нави зоҳиршавии мазмунҳои иҷтимоӣ зарурати ба воситаҳои шарҳдиҳии ғайриклассикӣ рӯй оварданро пеш гузошт. Мазмунҳои иҷтимоӣ дар доираи иртибот (шакли таҷассуми мазмунҳои иҷтимоӣ дар ҳамдигарфаҳмии фардҳо) тарзи нави ҳастиашонро соҳиб шуданд. Иҷтимоиёт дар сухан, дар ҷараёни амалҳои иртиботии фард «инҷо ва ҳоло» пайдо ва амалӣ мегардад. Бозгашти калимаҳo «аз метафизикӣ ба истифодаи рӯзмарравии онҳо» (Людвиг Витгенштейн) ба амал меояд. Ба ҷои фалсафаи шуур фалсафаи забон меояд. Боварӣ ба ақл танҳо дар доираи фаъолияти амалӣ сурат мегирад. Ҳудудҳои ваколати ақл бо баҳсҳои лингвистӣ, бо амалияи интихобӣ-иртиботии он маҳдуд карда мешаванд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ғайр аз худи иштирокчиёни иртибот сазовори боварии калон буда наметавонанд. Ба ҷои «мо — оянда» (ояндаи барои ҷамъият умумӣ) «ман — оянда» меояд.

«Аз мавқеи ояндаи шахси якум, — менависад файласуфи муосири олмонӣ Юрген Хабермас, — дар бораи ҳаёти худ ғамхорӣ менамоем, мепурсем, ки кадом фаъолият «барои ман» беҳтар аст…». Плюрализми арзишфаҳмӣ, алоҳидаву порчавӣ будани ҳаёти ҷамъиятӣ фазои мазмунҳои иҷтимоиро то доираи иртиботии «инҷо ва ҳоло» танг мекунад. Иртибот соҳаи фаъолнокии фардҳо, зоҳирсозандаи мазмунҳои иҷтимоӣ мешавад, ки дар доираи ризоияти тарафайн аён аст. Қобилияти ба ризоият омадани фардҳоро ҳангоми мавҷуд набудани муқаррароти арзиши куллӣ ва қонунишуда, тавассути иртиботи нутқӣ таъмин карда мешавад. Амалияи забонӣ на танҳо макони ҷойгиршавии мазмунҳои иҷтимоӣ, инчунин тарзи зоҳиршавии онҳо мегардад. Иштирокчиёни амали иртиботӣ танҳо дар натиҷаи ба ризоият расидан метавонанд лоиҳаҳои худро амалӣ гардонанд. Аммо ризоият на танҳо ҳамдигарфаҳмиро, инчунин баҳодиҳӣ ба ӯҳдадории ҳамдигарро дар назар дорад. Ҳамин тавр, хиради қонунгузори илмӣ дар амали иртиботӣ ва сохторҳои олами ҳаёт «нопадид» мешавад.

Фалсафаи забон назарияи афлотунии «олами идеяҳо»-ро ҳамчун муҳити ғизорасони хиради холис, рад менамояд. Амалияи забонӣ, ки бо воситаи он одамон бо ҳамдигар аҳду паймон мекунанд, шакли табиии амалисозии қобилиятҳои хирадии онҳо мебошад. Мувофиқати манфиатҳо, ки тавассути амали интихобӣ-иртиботӣ дастрас мешавад, шакли ҳаёт мебошад. «Дуруст ё нодуруст аст, ҳар он чизе, ки одамон мегӯянд; ризоияти одамон низ ба забон таалуқ дорад. Ин мувофиқати ақидаҳо не, балки мувофиқати шаклҳои ҳаёт аст» (Людвиг Витгенштейн).

Пайравони баҳси лингвистӣ бо масъалае рӯ ба рӯ мешаванд, ки ҳалли қаноатбахши назариявӣ надорад: чӣ тавр дар ҷараёни муоширати интихобӣ-иртиботӣ иштирокчиёни он ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоият ноил мешаванд, ки амалӣ намудани мақсадҳои фардии онҳоро таъмин менамояд?

Дар назарияи амали нутқӣ, ки файласуфи британӣ Ҷ.Остин (1911–1966) ва шогирдаш файласуфи америкоӣ Ҷ.Серл (таваллудаш соли 1932) пешниҳод намудаанд, инчунин дар назарияи амали иртиботии Юрген Хабермас асоси хирадӣ доштани шакли иҷтимоии ҳаётро эътироф карда мешавад, ки бо худ хусусияти амал кардан ва мақсаду натиҷа дорад. Аз нуқтаи назари ин файласуфон, амалияи интихобӣ-иртиботӣ аз рӯи моҳияташ фаъолияте мебошад, ки аз ибтидо ба натиҷагирӣ самтгир шудааст. Иртибот қисми ҷудонопазири лоиҳаи фардӣ мегардад. Амали нутқӣ, ки асоси муоширатро ташкил медиҳад, мақсад ва нияти иштирокчиёни муколамаро баён мекунад. Ҷараёни иртибот мутобиқшавии ниятҳоро амалӣ мекунад, ҳамраъйӣ бошад, тарзи амалӣ кардани мақсадҳои фардӣ мешавад. Мутобиқшавии ниятҳо ӯҳдадориҳои тарафайнро дар назар дорад. Ин чунин маъно дорад, ки сифати иҷтимоии масъулияти ахлоқӣ дигар бо асосҳои арзишии метафизикӣ асосёб нашуда, мазмуни амалӣ пайдо мекунад. Мутобиқкунии мақсад, ирода ва амал танҳо аз доираи иртибот, аз тарзҳои ҷазбкунии воситаҳои лингвистӣ вобастагӣ дорад. «Сохтори муносибатҳои байнисубъектӣ бо воситаи маҷмӯи чунин ҳаммаҳдудкуниҳо, ба монанди гӯянда, шунаванда ва дар айни ҳол бегонаҳо, тартиб дода мешавад» (Юрген Хабермас). Чунин тарзи муқаррарии сохторгирии амали забонӣ, аз як тараф, дар назди иштирокчиёни иртибот ӯҳдадориҳои муайянеро пеш мегузорад, аз тарафи дигар, дар доираи гуногунимконии рафторашон ба онҳо имконияти беҳудуди рафтори интихобӣ-иртиботӣ, баҳси лингвистӣ муҳайё мекунад. Арзишҳои куллӣ, ки дар таҳкурсии такрористеҳсоли ҷамъиятӣ мавқеъ доранд, тарзи васеъ кардани воситаҳои ифодавии амалияи забонӣ мешаванд ва ба ризоият мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни иртибот дар як вақт ташаккулёбии мақсадҳо ва амалисозии онҳо ба вуқӯъ меояд. Ягонагии ин ҷанбаҳои амали иртиботӣ шакли коллективонаи ҳаёти ҷамъиятиро таъмин менамояд. Иртибот ҳамчун ҷараёни дастраскунии ризоияти байни фардҳо на танҳо ҳамдигарфаҳмиро, инчунин эътирофи тарафайнро тақозо мекунад. Олами рӯзмарравӣ дар доираҳои сершумори амалҳои иртиботӣ зоҳир мегардад, ки дар онҳо дар натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътирофи ҳамдигар лоиҳаҳои фардӣ амалӣ карда мешаванд. «Фаҳмиш — ин идеали оштидиҳӣ не, …ин, баръакс шакли азалии иҷроиши мавҷудияти инсонӣ мебошад…» (Г.Г.Гадамер). Тафсири гадамерии фаҳмиш фазои ҳаётии иртиботро васеътар мекунад. Акнун иртибот танҳо ба мақсадҳои амалии фардӣ нисбат дода намешавад. Олами рӯзмарравӣ, бо ҳама пайвандиҳояш бо масъалаҳои амалӣ, зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ мебошад: ризоият ва эътирофи тарафайн на танҳо дар нуқтаи буриши мақсадҳои фардӣ дастрас мешавад. Талаботҳои фардӣ танҳо ба мақсадҳои амалӣ нисбат дода намешаванд.

Аз ин бармеояд, ки онҳо танҳо тавассути воситаҳои хирадӣ амалӣ мегарданд. «Дигари хирад, — менависад Юрген Хабермас, — ин табиати инсонӣ, ҷисм, тахаюлот, хоҳиш, ҳиссиёт ё агар беҳтар гуфта шавад, ҳамаи он чизе, ки хирад ба худ гирифта натавонистааст». Гузаштан аз фаъолияти оқилона-мақсадӣ ба амали иртиботӣ масъалаи асосҳои арзиши ҳаёти ҷамъиятиро ҳал карда наметавонад. Ақлонияти иртиботӣ аз стандартҳои асосмандкунии донишҳо даст кашида, ҳалли қалбакии аҷибияти ақлониро медиҳад, ки бо воситаи радкунӣ ақлоният ба исботкунӣ даъвогарӣ мекунад. Ақлоният барои ин амал асос мекунад, ки: а) дониш асосҳои сифатан мутлақи устувор ва куллӣ надорад; б) ба сифати асосҳо метавонанд заминаҳои гуногун қабул карда шаванд, ки онҳоро ба ягон маҷмӯи мушаххасашон нисбат дода нашаванд; в) гуногунии асосҳо ва асосмандкуниҳо сабаби номуайянии меъёри назариявии донишҳо мешавад. Содиқ будани ақлонияти иртиботӣ ба ин стандартҳо масъалаи асосмандшавии донишҳоро ба сафсата табдил медиҳад. Вале ақлонияти иртиботӣ оё аз масъалаи асосҳо умуман озод шуда метавонад?

Юрген Хабермас қайд мекунад, ки «ҳатто «иттифоқ»-и фалсафаи амалия бо лингвистика парадигмаро иваз карда натавонист. Субъектҳои гӯянда — ё соҳиб, ё ғуломи низомҳои забонии худ мебошанд». Ғалабаи шубҳаовари ақлоният вакууми арзишфаҳмии амали фардиро ба миён овард. «Бӯҳрони мақсадгузорӣ» дар ахлоқ (Макс Вебер) дар марҳилаи ҳозира меъёри ҳаёти рӯзмарравӣ шудааст. Дар ин вазъият ҳадди байни вазифаҳои ақлоният ва эътиқод фарқ карда намешаванд. Ақлоният ба сифати стандарти куллии иҷтимоӣ (ҳам дар шакли фаъолияти оқилона-мақсадӣ, ҳам дар ақлонияти иртиботӣ) эътиқод мешавад.

Яъне бӯҳрони мақсадгузорӣ асосан аз имкони мувофиқати мақсад ба воситаҳои фаъолият вобаста мебошад. Мақсадҳо ояндаи муваққатии худро гум карда, ба худ хосиятҳои номуайянӣ мегиранд. «Дар соҳаи амалӣ вай, — менависад Юрген Хабермас, — танҳо дар бораи воситаҳо гуфта метавонад. Дар бораи мақсадҳо вай бояд хомӯш бошад». Ба сифати мақсад даъвои баромад доштани ақлоният на танҳо ба «бӯҳрони мақсадгузорӣ» ишорат мекунад, инчунин ба табдилёбии он ба предмети эътиқод ишорат дорад. Қонунишавии ҳуқуқи ақлоният ҳамчун ба сифати асоси дигаргуниҳои иҷтимоӣ, сабаби истисно шудани масъулиятшиносии ахлоқӣ гардид. Фазои иҷтимоӣ ба асоси нави худдарёфткунӣ (аз қабили истеъмол ва ҳузуру ҳаловат) соҳиб мегардад, ки маҳз ба инкишофи қобилиятҳои ақлӣ нигаронида шудаанд. Дар ҳар як амали иртиботӣ танҳо умедворӣ ба мувофиқгардонии манфиатҳо ҷой дошта метавонад, ки он ҳам на ҳамеша амалӣ мешавад. Чунон, ки Ганс Генрих Гадамер қайд мекунад, агар фаҳмиш — ин хусусияти ибтидоии ҳастии худи ҳаёти инсон бошад, пас вайро бо воситаи қобилияту арзишҳои гуногун такроран ба вуҷуд овардан (яъне такрористеҳсоли фаҳмиш) мумкин аст. Аҳлонияти ба сифати арзишҳои кулл фаҳмидашуда хусусияти таърихан даргузар дорад. Гуногунрангии шаклҳои тамаддуни ҳаёт аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба сифати стандарти ҳаёти ҷамъиятӣ арзишҳои гуногун қабул шуда метавонанд. Пас, асоси назариётсозии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро арзишҳои гуногун ташкил дода метавонанд. Ҳамин тавр, фалсафаи забон танҳо яке аз методологияҳои имконии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ буда, ақлонияти иртиботӣ ба ҳуқуқи стандарти куллии арзишҳои мушаххасӣ-таърихӣ будан даъво карда наметавонад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *