Фанни Фалсафа

Табиати арзишҳо, нақши онҳо дар маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ

11.1. МАФҲУМИ «АРЗИШ»

Барои фаҳмиши масъалаи мазкур ба намунаҳои маънидодкунии мафҳумҳои дар фалсафа устуворгаштаи «арзиш» ва «аксиология» муроҷиат менамоем, то ки зуҳуротҳои бо ин мафҳумҳо дар парадигмаи муайян ифодашавандаро тассаввур намуда, омӯзиши масъалаҳои фалсафаи илмро идома диҳем.

Дар яке аз луғатҳои фалсафӣ (ниг.: Философский энциклопедический словарь. – М., 1989.) мафҳуми «арзиш» чунин баррасӣ мешавад: ҳамчун ифодакунандаи «аҳамияти инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии зуҳуротҳои муайяни воқеият… Ҳар кадом объект ё раванди табиат, ҷамъият, фарҳанг ва ғайра метавонад ба намуди арзиш зоҳир шавад, яъне аз мавқеи хайр ва шаръ, ҳақиқат ва ғайриҳақиқат, зебоӣ ва зиштӣ, имконпазирӣ ва мамнӯъӣ, боадолатӣ ва беадолатӣ ва ғайра баҳодиҳӣ шавад». Аксиология (аз юнонӣ, aҷios — арзиш + logos — таълимот) ҳамчун назарияи арзишҳо муайян карда мешавад, яъне «таълимоти фалсафӣ дар бораи табиати арзишҳо, мавқеи онҳо дар воқеият ва дар бораи сохтори олами арзишҳо, яъне дар бораи алоқаи байниҳамдигарии арзишҳои гуногун, алоқаи онҳо бо омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сохтори шахсият мебошад». Тақрибан чунин фаҳмишҳои мафҳумҳои зикршуда дар луғату қобусномаҳои солҳои охир гирд оварда шудаанд. Умуман, тафсироти дар боло зикршудаи мафҳуми «арзиш» сазовори эътироз набуда, балки метавонад барои мулоҳизаи дурусти оянда дар атрофи ин масъала раҳнамо бошанд. Ин ҷо муҳимаш — фаҳмиши арзишҳо ҳамчун зуҳуротҳое, ки моҳияташон дар аҳамиятнокӣ аст, на дар воқеӣ будан. Арзишҳо пеш аз ҳама дар фарҳангу дастовардҳои он, ки дар онҳо гуногунрангии арзишҳои инсонӣ «таҳнишин» шудаанд, зоҳир мегарданд. Аксиология арзишҳои гуногунранги воқеии инсониро, ки «дар фарҳанг устуворшуда» мебошанд, таҳқиқ мекунад.

Арзишҳоро ҷудо мекунанд, вобаста ба а) мазмун (иҷтимоӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра; б) вобаста ба субъект (шахсӣ ва гурӯҳӣ, синфӣ, миллӣ, динӣ, умумибашарӣ). Арзишҳои маънавӣ, ки маънои ҳаёти инсонро маълум мекунанд, ба арзишҳои утилитарӣ (аз лотинӣ, ғtilitas — фоида, суд) ба монанди манзил, хӯрокворӣ, меҳнат ва дигарҳо муқобил меистад. Арзиш бо баҳодиҳӣ, ки воситаи фаҳмиши арзиш аст, вобастагии ногусастанӣ дорад. Баҳодиҳӣ бо амалияи инсон ва ҷамъият алоқаманд буда, инсонро ба ҳалли муайяни интихобаш мерасонад. Интихоб субъектро ба амал кардан далолат мекунад ва ҳамин тарз, «баҳодиҳӣ» дар ташкили фаъолияти амалӣ иштирок менамояд. Баҳогузории ҳамон як зуҳурот дар одамон, халқҳо, давлатҳои гуногун метавонад ҳархела бошад. Ба зуҳуротҳо ва нигоришҳои назариявӣ мумкин аст, ки аз нав баҳогузорӣ карда шавад. Ин ба худи илм, аз ҷумла ба илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таалуқ дорад. Чунончӣ, дар охири асри ҶҶ-ибтидои асри ҶҶI азнавбаҳогузорӣ ба назарияҳои классикии хирадгароӣ, таълимоти марксизм ва ғайра баргузор шуд. Ҳатто дар назари як насли одамон арзишҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, экологӣ, иқтисодӣ якбора дигаргун мешаванд.

Фалсафа, ки дар асри VI-и то милод пайдо шудааст, аз ибтидо оламро аз лиҳози муносибатҳои субъект-объект (яъне муносибати инсон ба оламу ҷамъият ва дигар одамон) муоина менамояд. Фалсафа, дар тафовут аз илмҳои баъдтар пайдошуда, пеш аз ҳама ба дарки ҳастии инсонӣ оғоз мекунад. Азбаски мафҳуми арзиш ҳамеша муносибати байни инсон ва объектро, байни инсон ва инсонро ифода мекунад, бинобар ин, масъалаи арзиши ҳастӣ, арзиши фаъолияти инсонӣ, арзиши ҳаёти инсонӣ барои фалсафа дар тӯли тамоми мавҷудияти он хос мебошад. Фалсафа низоми арзишҳои оламро меофарад ва аз бисёр ҷиҳат фаҳмиши «арзиш»-ро дар маърифати иҷтимоӣ-гуманитарии муосир (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, эстетикиӣ ва дигар) муайян менамояд.

Кадом нуқтаи назарҳо дар бораи фаҳмиши табиати арзишҳо вуҷуд доранд?

Фалсафаи классикӣ ва илми классикӣ (махсусан фалсафаи Замони Нав ва табиатшиносии асрҳои ҶVI-ҶVIII) арзишҳоро аз доираи донишҳои илмӣ берун мекарданд, чунки илм бо далелҳо асос меёбад, арзиши далелҳо бошад, ин баҳогузории субъективии инсон ба зуҳуроту равандҳои воқеият буда, аз эҳсосот, ҳиссиёт, тарҷеҳи шахсӣ ва ғайра вобаста мебошад. Бертран Рассел, ки доктринаи «назарияи субъективии арзишҳо»-ро дастгирӣ менамуд, навиштааст: «…Масъалаи арзишҳо пурра аз ҳудуди соҳаи дониш берун аст. Дигар хел гӯем, агар мо тасдиқ кунем, ки ин ё он чиз «арзиш» дорад, пас мо эҳсосоти худро ифода мекунем, на ин ки далели ҳақиқии аз ҳиссиётамон новобастаро». Аммо Бертран Рассел эътироф менамояд, ки назарияи арзишҳо муфид ва зарур аст, махсусан ба чунин шаклҳои дониш, ки «дар он усулҳои илмӣ айниятӣ намебошанд. Пеш аз ҳама — ин фалсафа ва дигар намудҳои донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, ки эҳсосот ва ҳиссиёти инсонро дарбар (ё ба инобат) мегиранд». Ҳамин тариқ, мувофиқи ибрози Бертран Рассел арзишҳо ба ҳақиқати объективии илмӣ таалуқ надоранд. Онҳо дар соҳаи эҳсосот, эътиқод, дар соҳаи субъективияти инсонӣ ҷой доранд.

Илоҳиёт, ҷаҳонбинии динӣ имконияти берун аз эътиқод ба Худо фаҳмидани моҳияти арзишҳоро инкор мекунад. Арзиши ҳақиқӣ ва ҳадди аъло — ин Худо аст, дигар арзишҳои олам (ахлоқӣ, сиёсӣ, эстетикӣ ва ғайра)-ро, аз ҷумла арзиши «ҳақиқатро умуман» ва ҳамчунин ҳақиқати илмиро Худо офаридааст. Ҷаҳонбинии динӣ бо муқаррароти Худо, ки «Ҳақиқат — Хайр — Зебоӣ» мебошад, асос ёфтааст. Яъне эътироф карда мешавад, ки Худо ҳамаи арзишҳои оламро бо худ дорад ва нерӯе аст, ки на танҳо арзиши олами воқеӣ, инчунин арзишҳои «олами дигар»-ро эҷод мекунад. Умуман, фаҳмиши илоҳиётии арзиш ҳамагуна арзишро аз ҳудуди донишҳои объективӣ-илмӣ берун меҳисобад.

11.2. НАЗАРИЯҳОИ АСОСИИ ФАЛСАФАИ АРЗИШҲО

Донишҳои фалсафӣ (яке аз намуди асосии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ) анъанаҳои бойи омӯзиши масъалаи арзишҳо ва зуҳуроти мушаххаси он (неъмат, хайр, зебоӣ, бузургӣ, муқаддасот, хирад ва ғайра)-ро дорад. Хусусияти фаҳмиши фалсафии арзиш чигуна аст? Ба назар бояд гирифт, ки ҳарчанд тасаввурот дар бораи моҳият ва шаклҳои зуҳуроти арзишҳо ҳамҷоя бо фалсафа пайдо шудааст, аммо назарияи арзиш танҳо дар асри ХIХ ташаккул ёфт. Аксиология ҳамчун фани мустақили фалсафӣ ва қисми донишҳои фалсафӣ бо ғояҳои Иммануил Кант, Йоганн Готлиб Фихте, романтизми асри ХIХ омода гашта, дар таълимотҳои Фридрих Нитсше, Мартин Хайдеггер, Эдмунд Гуссерл, Вилгелм Дилтей, Габриел Оноре Марсел, Макс Вебер, Эрнст Трелч ва дигар мутафаккирони асри ХIХ-нимаи асри ХХ таҷассум ёфтааст.

Бо чанде аз назарияҳои фалсафии арзиш, ки дар дораи «Фалсафаи илм» аҳамияти хосса доранд, шинос мешавем.

Дар асосёбии назарияи арзишҳо Иммануил Кант (1724–1804) ҳиссаи бузург гузоштааст. Вай тавофути қавъии маърифати соҳаҳои ахлоқу санъатро аз маърифат дар соҳаи илм асоснок намуд. Дар истилоҳоти Иммануил Кант фаъолияти «хиради амалӣ» ва «қобилияти фикр»-и эстетикӣ аз «хиради холис»-и маърифаткунандаи олам фарқ мекунанд. Дар асарҳои «танқидӣ»-и хеш, пеш аз ҳама дар «Танқиди хиради амалӣ», «Асосёбии фалсафаи ахлоқ», «Лексияҳо доир ба ахлоқ» Иммануил Кант тавонистааст, ки чанд мазмуни муҳими назариявӣ ифода намуда, ба офаридани назарияи арзиш дар заминаи нав мусоидат кунад. Ӯ асоснок намуд, ки исбот кардани муқарраротҳои ахлоқӣ («накуш», «надузд» ва ғайра) номумкин аст, чунки пайравӣ кардан ё накардан ба ин муқарраротҳо — ин кори интихобии инсон буда, масъалаи исботи назариявӣ ва мантиқӣ намебошад. Интихобҳои инсониро бошад, на донистани ин муқарраротҳо, балки дараҷаи умумии инкишофи маънавии инсон, амиқии эътиқодмандии динӣ ва ғайра муайян мекунанд. Иммануил Кант мутақид буд, ки ахлоқ ба соҳаи дониш дохил набуда, балки соҳаи махсуси арзишҳои инсон ва ҷамъиятро ташкил медиҳад. Дониши илмӣ оламро маънидод мекунад, арзишҳо дар навбати худ, олами инсонро меофаранд, олами муносибатҳои инсониро ташкил мекунанд, асоси онро ташаккул медиҳанд. Донишҳои илмӣ объективӣ буда, ба объектҳо равона карда шудаанд, аз субъекти маърифаткунанда ва хосиятҳои вай вобаста нестанд, онҳо дар ҷараёни инкишофи илм кашф мешаванд. Ахлоқ бошад, ҳамеша аз субъект бармеояд: принсипҳои ахлоқ маҳсули инсон буда, бо табиати инсон алоқаманд аст, аз ҷониби ҷамъият ҷорӣ карда мешавад; онҳо субъективӣ ва соҳибихтиёрона мебошанд. Принсипҳои ахлоқ баён мекунанд, ки ҳама чиз чӣ гуна бояд шаванд, қонунҳои илм бошад, баён мекунанд, ки ҳама чиз воқеан чӣ тарз ба амал меоянд. Зарур нест, ки қонунҳои ахлоқ бо мисол исбот гардад; зиёда аз ин, агарчӣ ягон мисоли тасдиқкунанда набошад ҳам ин қонун дуруст ва амалкунанда боқӣ мемонад. (Аз он, ки дар ягон ҷомеа, масалан, дуздӣ мекунанд, ин маъно надорад, ки дуздӣ намунаи амали мусбӣ ва хубу накe бошад). Бо таълимоти пурарзиши худ Иммануил Кант маҳз зарурати пажӯҳиши соҳаи махсусу нави ҳаёти инсон, ҷамъият, фарҳанг — соҳаи арзишҳоро нишон дод.

Фридрих Нитсше (1844-1900) низ барои офаридани назарияи арзишҳо ҳиссаи арзанда гузоштааст. Фридрих Нитсше ҳастиро на ҳамчун воқеияти объективӣ, балки ҳамчун арзиш мефаҳмид. Дар таълифоташ «Чунин гутф Зардушт», «Шаҷараи ахлоқ» ва дигарҳо Фридрих Нитсше нишон дод, ки фарҳанг дар муборизаи арзишҳои баҳамзид, ки аксаран ба «азнавбаҳогузорӣ кардани арзишҳо» сабаб мешаванд, вуҷуд дорад ва инкишоф меёбад. Бинобар ин, Фридрих Нитсше ба танқиди ҷиддии арзишҳои ахлоқии фарҳанги насронии замони худ даъват мекунад. Вазифаи асосии фалсафа, аз нуқтаи назари ӯ, акнун дар он аст, ки низоми мавҷудаи арзишҳо дар асоси дастовардҳои ҳамаи илмҳо аз нав дида баромада шавад, дар бораи «арзиши ин арзишҳо» масъалагузорӣ карда шавад, мартабаи нави арзишҳои инсон ва ҷамъият ҷорӣ карда шавад. Нақши Фридрих Нитсше дар коркарди асосҳои назариявии фалсафаи арзишҳо аз ҷониби чунин мутафаккирон, ба монанди Мартин Хайдеггер, Вилгелм Винделбанд, Жан Пол Сартр, Карл Ясперс, Жил Делез ва чандин файласуфони номии асри ХХ эътироф карда шудааст.

Нуқтаи назари Фридрих Нитсшеро дар бораи назарияи арзишҳо, аз ҷониби ӯ ва пайравонаш маънидод карда шудани нақши арзишҳо дар фарҳангро ҳамчун ғайриклассикӣ баҳо додан мумкин аст. Фридрих Нитсше ба фаҳмиши фарҳанг ҳамчун низоми бо арзишҳо фарогирифта, ки дар он арзиши хирад, арзиши илм мавқеи аввалиндараҷа надоранд, наздик расидааст. Арзишҳои асосӣ, ба ақидаи ӯ, ин озодӣ, зебоӣ, қудрату қобилияти азнавбаҳодиҳӣ ба арзишҳо мебошанд. Андешаҳои Фридрих Нитсшеро Габриел Марсел, Эдмунд Гуссерл, Вилгелм Дилтей, Генрих Риккерт, Карл Манхейм, Юрген Хюбнер ва дигар мутафаккирони шоистаи асрҳои ХIХ-ХХ хеле самаранок инкишоф додаанд.

Аз солҳои 20-уми асри ХХ оғоз карда, нуқтаи назари арзишӣ ва мафҳуми арзиш диққати илмҳои бо фалсафа ҳамҳудуди иҷтимоӣ-гуманитариро ҷалб менамояд. Чунончӣ, Макс Вебер мафҳуми арзишро барои сотсиология мафҳуми муҳим сохта, мафҳуми «майлони арзишӣ»-ро барои ифодаи «самтнокии манфиатҳо», ки ба ҳар кадом ҷамъият хос аст, ворид намуд. Эрнст Трелч иброз дошт, ки нуқтаи назари арзишӣ асоси методологии зарурест, барои фаҳмидани таърих. А.Тоффлер дар мавриди маънидод кардани нақши илму техника дар ҷамъият аз нуқтаи назари арзишёбӣ истифода кардааст. Алҳол нуқтаи назари арзишро лингвистҳо, психологҳо, санъатшиносон, этологҳо (хислатшиносон), иқтисодшиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони дигар илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ истифода мекунанд.

Дар доираи фалсафаи илм мавқеи баъзе назариётчиёни номии муосирро баррасӣ менамоем, ки дар ҳалли масъалаҳои гуногун методологияи донишҳои иҷтимоӣ-гуманитариро бо нуқтаи назари арзишӣ пайваст карданд. Чунончӣ, яке аз файласуфони машҳури асри ХХ Карл Поппер (1902-1994), ки назариёти «ҷомеаи кушод»-ро пешниҳод намудааст, масъалаи «бетарафии арзишӣ»-ро дар маърифати иҷтимоӣ пажӯҳиш намуда, инчунин принсипҳои мантиқии илмҳои иҷтимоиро баррасӣ кардааст. Дар асарҳояш «Ҷомеаи кушод ва душманони он» ва «Қашшоқии таърихиятгароӣ» ин олим ташкили иҷтимоиро ба ду навъ ҷудо мекунад: «кушод» (ҷомеаҳои либералӣ ва демократӣ) ва «пӯшида» (ҳамаи намудҳои ҳукмронии мутлақа: аз атиқӣ то фашистӣ, ҳамчунин ҷамъияти шӯравӣ). Ҷомеаи «пӯшида» ба ҳама илмҳо, ҳатто ба табиатшиносӣ тобиши идеологӣ медиҳад, дар санъат ва дин сензура ҷорӣ мекунад, ба ҳақиқати ҳадди охир дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти интеллектуалӣ ва муқаррарӣ даъво дорад, муайян мекунад, ки кадом илмро бояд инкишоф дода ва маблағгузорӣ карда, кадоме аз онҳоро «баста» шавад, кадом намуд ва жанри санъат «муфид» ва кадомаш «зараровар» аст ва ғайра. Карл Поппер дар мисолҳои гуногун, пеш аз ҳама дар мисоли таълимоти Афлотун ва Карл Маркс бардурӯғӣ ва аз ҷиҳати методологӣ суст будани назарияҳои ҷомеаҳои «пӯшида»-ро намоиш додааст. Аз ҷумла, аз нуқтаи назари ӯ, се нуқсони асосии марксизм (ва ҳаргуна донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, ки аз методологияи марксизм истифода мебарад) аз инҳо иборат мебошад: 1) «эссенсионализм» (аз лотинӣ, essentia — моҳият) — даъвои дарки моҳияти олам, таърих ва қонунҳои он дар доираи ягон назария; 2) «холизм» (аз юнонӣ, holos – том, яклухт) — тасаввурот дар бораи он, ки дар ҳар як қисми алоҳидаи ҷамъият хосияти томи он инъикос мешавад; 3) «профетизм» (пайғамбарӣ кардан) – таълимоте, ки дар он имконияти пешгӯӣ кардани ҳолати ояндаи ҷамъият эътироф карда мешавад. Рағбат ба пайғамбарию пешгӯиро Карл Поппер «таърихиятгароӣ» номидааст. E дар зери ин мафҳум принcипи методологии тадқиқотро мефаҳмад, ки мувофиқи он дар асоси қонунҳои таърихии мавҷуда ва ногузири дар ҷамъиятшиносӣ даркшуда пешгӯии самти ҳаракати таъриху ҷомеа умуман имконпазир дониста мешавад. Принсипи «таърихиятгароӣ»-ро напазируфта, Карл Поппер қайд менамояд: «…Таърихи назариявӣ номумкин аст; дигар хел гӯем, иҷтимоиёти таърихӣ ҳамчун илми ба физикаи назариявӣ монанд, имконнопазир аст. Назарияи инкишофи таърихӣ, ки дар асоси он ба пешгӯии таърихӣ машғул шудан мумкин бошад, вуҷуд дошта наметавонад». Ин маънои онро надорад, ки Карл Поппер вазифаи пегшгӯии илмҳои иҷтимоӣ-гуманитариро эътироф намекарда бошад. Ба ақидаи ӯ ояндаи сохти ҷамъиятро ҳамаҷониба пешгӯӣ кардан номумкин аст, аммо ояндаи равандҳои алоҳидаи инкишофи ҷамъият — иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра комилан пешгӯишаванда мебошанд. Дар асоси ягон дастур муқаррарот ё таълимот тамоми ҷамъиятро якбора тағйир додан мумкин нест. Карл Поппер ғояи «муҳандисияи мутассили иҷтимоӣ»-ро, ки сиёсати дигаргунсозии ботадриҷро дар назар дорад, пешбарӣ намудааст. Ҷамъиятро ботадриҷ, қадам ба қадам бояд тағйир дод. Илова бар ин, ҳангоми пешниҳод ва амалӣ гардонидани мақсадҳо аз комёбиҳои илм истифода бояд намуд. Бо воситаҳои санҷидашуда ба мақсад бояд расид, нақшаи тағйири ҷамъиятро вобаста ба амалӣ шудани мақсад бояд таҳрир намуд. Аз назари илм пешгӯӣ кардани тағйироти ҷамъиятро бояд омӯхт, аз рӯи таваккал пешгӯӣ кардан лозим нест. Он нафаре, ки мехоҳад дар як лаҳза ҳама чизро дар ҷамъият тағйир диҳад, утопист мебошад, ки илмҳои иҷтимоиро ё ба илми қалбакӣ, ё ба асотир табдил медиҳад. Илми қалбакӣ ва асотири иҷтимоӣ — хусусияти хоси «ҷомеаи пӯшида» мебошад, ки дар он муҳокимаи озоди масъалаҳои иҷтимоӣ, баҳси ошкорои илмӣ ва озодии илмӣ имконнопазир аст. Карл Поппер навишта буд: «Кӯшиши дар замин бунёд кардани биҳишт ҳатман ба офаридани дӯзах мерасонад. Вай оштинопазириро ба вуҷуд меоварад. Вай ҷангҳои динӣ ва ҷонраҳоӣ бо воситаи инквизитсияро ба миён меоварад».

Тадқиқотҳои иҷтимоӣ имконпазир аст, қайд мекунад Карл Поппер, агар онҳо ба таҷриба такя намоянд, агар фарзияҳои пешбаришуда ба «принсипи фалсификатсия» (аз лотинӣ — сохтакорӣ; амали илмӣ, ки нодуруст ё ҳақиқӣ будани назарияро дар натиҷаи санҷиш маълум менамояд) тобеъ бошад, агар муҳокимаи назарияҳои иҷтимоӣ ошкоро ва озодона сурат гирад, агар «назарияи яккаю ягонаи эътимодбахш ва пурарзиш» набошад. Тадқиқотҳои иҷтимоӣ нодуруст ва камарзишанд, агар дар онҳо ба мутлақсозии принcипҳои «эссенcиализм», «холизм», «таърихиятгароӣ» роҳ дода шуда бошад. Албатта, мавқеи Карл Поппер бо назардошти баъзе нуқтаҳо, ҳақиқати ҳадди охир нест. Чунончӣ, он баҳое, ки ӯ ба таълимоти Афлотун ва Карл Маркс дода буд, аз ҷониби мутафаккирони машҳур Николай Бердяев, Д.Люис ва дигарон рад карда шудааст. Аммо аҳамияти гуманистии назариёти Карл Попперро ба зери шубҳа гирифтан лозим нест. Ӯ навишта буд, ки «қонуни умумии пешрафт вуҷуд надорад, ҳамааш аз мо вобаста аст», «инсон метавонад ҳамагуна тартибот, ҳокимият, қонунҳоро дигаргун созад, чунки таърихи воқеӣ ин таърихи одамон аст ва аз одамон, аз интихоби онҳо, аз озодии онҳо вобаста мебошад. Озод будан инсонро барои интихобаш масъул мегардонад. Озодӣ ҳамаҷоизӣ нест, озодӣ ин масъулияти инсон ҳам барои ҳозира ва ҳам барои оянда аст». Ҷӯшу хурӯши гуманистии таълимоти Карл Поппер то ҳоло мубрамии худро нигоҳ доштааст.

Умуман, дар донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарии муосир назариёти олимоне, ки муҳимияти нуқтаи назари арзиширо дар таҳлили зуҳурот, равандҳо, ҳодисоти дар ҷамъият, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳастии инсон бавуҷудояндаро эътироф мекунанд, бартарӣ доранд. Ба нафъи «нуқтаи назари арзишӣ» дар таҳлили масъалаҳои глобалии муосир, дар фаҳмиши моҳияти ҳастии инсонӣ инчунин намояндагони илмҳои табиатшиносӣ А.Эйнштейн, В.Гейзенберг, Н.Бор, М.Бор ва дигарон ибрози ақида намудаанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *