Фанни Фалсафа

Илм хамчун ниходи ичтимои

8.1. ИНКИШОФИ ТАЪРИХИИ ШАКЛҳОИ

НИҳОДИШАВИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

Эпистемалогияи муосир се ҷанбаи ҳастии илмро ҷудо мекунад: а) ҳамчун низоми махсуси донишҳо; ҳамчун фаъолияти маърифатӣ бо «технология»-ҳо ва усулҳои худ; в) ҳамчун ниҳоди (институти) иҷтимоӣ.

Мафҳуми ниҳоди иҷтимоӣ, ки дар сотсиология васеъ истифода мегардад, ташкили муайяни фаъолияти ҷамъиятӣ ва муносибатҳои иҷтимоиро ифода мекунад, ки онҳо дар худ меъёрҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқии ҷомеа, инчунин қоидаҳои фаъолияти ҳаётию рафтори одамонро, ки дар ҳуҷҷатҳои арзишоти иҷтимоидошта ба қайд гирифта шудаанд, инъикос мекунад. Д.Норт дар зери мафҳуми ниҳод (институт) «қоидаи бозиҳо дар ҷомеа, ё… чорчӯбаҳои маҳдудкунандаи аз ҷониби одам сохташударо, ки муносибатҳои байниҳамдигарии одамонро ташкил медиҳанд», мефаҳмад. М.Вебер таъкид кардааст, ки ниҳоди иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, шакли иттиҳоди фардҳост, ки барои дар амалиёти иҷтимоӣ якҷоя ширкат варзидани онҳоро имконият медиҳад. Ба ҳайси шаклҳои нисбатан устувори ҳаёти иҷтимоӣ ниҳодҳои иҷтимоӣ вазифаи ворисияти иҷтимоӣ ва коҳишонидани номуайяниро ба роҳи сохтордиҳии ҳаёти рӯзмарра иҷро мекунанд. Ниҳоди иҷтимоӣ суботи ҳаёти иҷтимоиро таъмин месозанд, зеро амалиёти аъзои ҷомеаро дар чорчӯбаи муносибатҳои иҷтимоӣ танзим мекунад, манфиатҳо, кӯшишҳо ва амалиёти онҳоро муштарак менамояд, ба амалигардонии назорати иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Раванди таъсиси кадом як ниҳоди нави иҷтимоӣ, инчунин таҳкими ҳуқуқӣ ва ташкилии ин ё он муносибати иҷтимоӣ, яъне раванди расмикунонии фаъолият ва муносибатҳои иҷтимоӣ ниҳодикунонии иҷтимоӣ номида мешавад. Дар рафти ниҳодикунонӣ фаъолияти номуташаккил ва муносибатҳои ғайрирасмӣ расмӣ кунонида мешаванд, ки ин ба бунёди чунон сохторҳои ташкилие оварда мерасонад, ки дар онҳо низомнома ва танзими омирона ба ҷои аввал мебароянд. Хусусияти иҷбории ниҳоди иҷтимоиро дар нисбати субъекти алоҳида Эмил Дюркгейм ва Толкотт Парсонс қайд кардаанд.

Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ предмети сотсиологияи илм мебошад, ки вай муносибатҳои дохилии фаъолият ва инкишофи илмро таъминкунанда, мақоми фаъолияти илмӣ дар сохтори тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, вазифаҳои он дар фазои иҷтимоиву фарҳангӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии онро бо дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ меомӯзад.

Шароитҳои корбурди илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ мавҷудияти инҳо мебошанд: а) ҷамоати олимон, ки фаъолияти онҳоро принсипҳои этоси илмӣ танзим мекунанд; б) муассисаҳое, ки бо васоити муайяни моддӣ таъминанд ва фаъолияташонро мутобиқи низомномаи расмӣ-ҳуқуқӣ амалӣ мегардонанд. Яке аз асосгузорони сотсиологияи «ниҳодкунонӣ»-и асри ХХ Роберт Мертон нишон дод, ки этоси илмӣ маҷмӯи якчанд дастурҳои нонавишта ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ расминашуда, вале аз ҷониби ҳама аъзои ҷомеаи илмӣ мавриди эътироф ва иҷроиш қароргирифта, ба монанди инҳо мебошад: а) коллективизм (принсипи инъикоскунандаи хусусияти умумии меҳнати илмӣ, ки ошкории натиҷаҳои илмиро пешбинӣ менамояд, ки илм берун аз он инкишоф ёфта наметавонад); б) универсиализм (принсипи инъикоскунандаи далеле, ки дониши ҳақиқии илмӣ хусусияти объективӣ дошта, мӯҳтавояш аз он вобаста нест, ки кай ва аз ҷониби кӣ ба даст омадааст); в) скептсизми муташаккил (талаботи фаҳмиши танқидии ҳам назарияҳои илмӣ ва ҳам стратегияҳои пажӯҳиши илмӣ); г) беғаразӣ (хизмат ба мақсади ягона – дарёфти ҳақиқат, ки даст кашидан аз ҳама андешаҳо оид ба эътибору нуфуз, манфиати шахсӣ, ошнобозӣ ва ғайраро дар назар дорад).

Аммо ба ҷузъҳои этоси илмӣ, ки Р.Мертон муайян кардааст, боз дутои дигарро илова кардан лозим меояд: а) иқтизои салоҳиятнокии илмии ҳама аъзоёни ҷамоати илмӣ, чунки мунозираву мубоҳисоти илмӣ, масъалаҳои баҳодиҳӣ ва эътирофи фаъолияти илмӣ амалан наметавонанд на аз ҷониби ҳукуматдорон ва на аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳал карда шаванд. Масалан, фақат худи олимон ба мақсад мувофиқ будани татбиқи ин ё он технологияи илмиро баҳо додан, экспертизаи пешакии онҳоро оид ба бузургиҳои ғунҷоиши нерӯӣ, илмӣ, захиравӣ, сармоявӣ ва меҳнатӣ, сатҳи истифодаи маводи нав, дараҷаи автоматӣ будан, бехатарии истифодабарӣ, қобилият ба зудтаҷдидшавӣ гузарониданро муайян карда метавонанд; б) мамнӯъияти такрор-плагиат, ки тавассути риояи принсипи афзалиятнокӣ таъмин мегардад. Бояд зикр кард, ки ин принсип дар шароити анъанае, ки донишҳо «аз даст ба даст» мегузаштанду такрори амалиёт ва манъи инҳироф (каҷравию рӯтобӣ) аз «меъёр»-ро дар назар дошт, кор намедод. Принсипҳо ва меъёрҳои этоси илмӣ барои ҳар як узви иттиҳоди олимон ҳатмианд, ки ин илмро чун ниҳоди иҷтимоӣ зуҳуроти болоазфардӣ мекунад.

Хусусияти ташаккули илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки пеш аз ниҳодикунонии иҷтимоӣ илм таърихан тартиботи ниҳодикунонии когнитивӣ ба вуҷуд меояд. Одатан, ниҳодкунонии иҷтимоӣ ба таркиботи когнитивӣ ниёз надорад.

Раванди ниҳодикунонии иҷтимоӣ силсилавӣ сурат мегирад: равияи илмӣ-ихтисос-ҷамоати фаннӣ ва бунёди ташкилотҳои махсус ва муассисаҳои, пеш аз ҳама, илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ анҷом меёбад. Дар онҳо гурӯҳи махсуси одамон (ҷамоати илмӣ) тибқи қоидаҳои муайян фаъолияти ба дарёфти дониши илмӣ ва интиқоли он ба насли ояндаи олимон равонашударо амалӣ месозад. Масалан, ниҳодикунонии илм ва ниҳодикунонии фалсафаи илм ҳамчун фанни илмӣ дар ИМА оғоз ёфт, ки дар он ҷо ҳанӯз то ҷанги ҷаҳонӣ маҷаллаи «Фалсафаи илм» мунташир мегашт. Дар ИҶШС (СССР) бошад, ҳамоно баъди ҷанг дар сохтори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳо шӯъбаи фалсафаи табиатшиносӣ ифтитоҳ ёфт, ки он баъдан ба Шӯъбаи масъалаҳои фалсафии табиатшиносӣ табдил дода шуд. Ҳамзамон бахшҳои тавъам дар пажӯҳишгоҳҳои академии фалсафаи Киев, Минск, Алма-Ато пайдо шуданд.

Дар замонҳои Г.Галилей ва И.Нютон аллакай донишгоҳҳо вуҷуд доштанд, вале муассисаҳои илмӣ-тадқиқотие, ки олимонро дар атрофи ҳалли ягон масъалаи умумии илмӣ муттаҳид созанд, мавҷуд набуданд. Дар ин давра раванди ниҳодикунонии когнитивӣ сурат мегирифт, ки аз ташаккули чунон фаҳмиши умумие иборат буд: мӯҳтаво ва шакли тафаккури илмӣ, хусусияти худи фаъолияти маърифатии илмӣ чи гуна бояд бошанд; кадом мавзӯъҳо, масъалаҳо, барномаҳо метавонанд илмӣ номида шаванд; мунтаҳо киро олим ҳисобидан мумкин аст. Моҳиятан, ин намуди ниҳодикунонӣ пайдоиши илмро мушорикат мекард. Ниҳодикунонии когнитивии илм ба олимон имкон медод, ки ҳамдигарро дар рафти пешниҳоди масъалаҳои илмӣ, интихоби меъёри ҳалли онҳо ва ғ. бифаҳманд. Ҷараёни ниҳодикунонии когнитивии илм ҳамчун тартиботи мураккаби созишҳо миёни олимон оид ба масъалаи фаҳмиши сохтору усулҳои фаъолияти илмӣ, мундариҷаи тафаккури илмӣ, меъёрҳои ахлоқи илмӣ ва ғ. сурат мегирифт. Бо тафовут аз ниҳодикунонии иҷтимоӣ, ниҳодикунонии когнитивӣ тибқи чунин пайдарҳамӣ мегузашт: пажӯҳиши тадқиқот — барномаи тадқиқотӣ — ихтисос — фанни илмӣ — маҷмӯъҳои фаннӣ.

Дар рафти ниҳодикунонии когнитивии илм ҷои махсусро ниҳодикунонии равияҳои илмӣ ва ҷамоатҳои илмӣ ишғол мекунад, ки аз татиботи зерин иборат аст: 1) идентификатсияи (лот. Identificaқe – монанд кардан) масъалаҳо ва ҳамкороне, ки сари ин ё он масъалаи тавъам кор мекунанд; 2) иртиботгирӣ, яъне барқарорсозии муошират дар байни олимон; 3) муайянкунии ҳудудҳои гурӯҳ ва шароитҳои роҳёбӣ ба он; 4) ҷалби муҳаққиони нав бо мақсади васеъ кардани ҷабҳаи тадқиқот ва таъмини кафолатҳои интиқоли таҷрибаи гурӯҳ берун аз ҳудудҳои як насл; 5) диффузия ё густариши навовариҳо; 6) фароҳам овардани шароит барои хабардор намудан аз рафторҳои ғайримеъёрӣ ва берун аз қоидаҳои этоси илмӣ.

Ҳамин тавр, ҷараёни ба мақоми ниҳоди иҷтимоӣ соҳиб шудани илм на танҳо ба ниҳодикунонии иҷтимоӣ (бунёд намудани муассисаҳо ва корхонаҳо) вобаста аст, балки инчунин ниҳодикунонии когнитивиро дар бар мегирад, ки он ҳанӯз дар асрҳои ҶVI-ҶVII оғоз ёфта, ба ташаккули равияҳои илмӣ ва ҷамоатҳои илмӣ мусоидат намудааст, ки муқаррарсозии меъёрҳои фаъолияти илмии гурӯҳи муайяни олимонро дар назар дошт.

Раванди табдилёбии илм ба ниҳоди иҷтимоӣ, ба ақидаи Мартин Хайдеггер, аз он ҷиҳат ногузир буд, ки «Илм ҳамчун тадқиқот хусусияти истеҳсолотро дорад», яъне «ба натиҷаҳои худ чун ба роҳҳо ва воситаҳои густариши усулии рӯзафзун»-и кори илмӣ нигаронида шудааст. Бартариҳои ниҳодикунонии илм, таъкид мекард ӯ, иборатанд аз «зудҳаракатии ба таври ниҳоӣ озодона ва дар айни замон идорашаванда, ки имкон медиҳад тадқиқот ба масъалаҳои муҳими рӯз табдил ва пайванд карда шавад». Илм дар шакли муассисаҳо ва ниҳодҳои махсуси тадқиқотӣ метавонад комилан иқтидори тадқиқотии худро инкишоф диҳад, чунки маҳз ҳамин «пуррагӣ» «ҷавобгӯи замони Нав» буд. Рушди хусусияти истеҳсолии илм, қайд кардааст Мартин Хайдеггер, ба пайдоиши «насли нав»-и олимон оварда расонд. «Олими ҳамадон аз байн меравад. Ӯро тадқиқотчии дар штати корхонаи тадқиқотӣ ҷойдошта иваз мекунад». Бо тафовут аз олими ҳамадон, тадқиқотчӣ «бетардид ба соҳае, ки ба техника тааллуқ дорад, ворид мешавад» ва танҳо бо ҳамин роҳ фаъолияташро арзиши рӯзмарравӣ ва эътирофшуда мегардонад. Мафтунии зиёд нисбати олими ҳамадон бо ҳолате иваз мешавад, ки фаъолияти муҳаққиқ ногузир ба фаъолияти «қатории иҷтимоии чун ҳама гуна меҳнати барои умум манфиатнок» табдил меёбад. Замони илми бузург ва номҳои бузург ба охир расид. Дар илми донишгоҳӣ, мувофиқи ақидаи Мартин Хайдеггер, баъзан метавонад якчанд вақт «романтикаи гелертерӣ (донишмандии китобӣ), торафт коҳиш ёфтаву бемаънитар шуда, боқӣ монад». Вале азбаски «нерӯҳои ҳақиқии моҳиятии илми муосир таъсирбахшиашонро бевосита танҳо …дар истеҳсолот соҳиб мешаванд», илми донишгоҳӣ гӯё аз вақтиё ҳастии ҳақиқии худ берун меафтад.

Инкишофи таърихии шаклҳои ниҳодишавии фаъолияти илмӣ бо таъсири мутақобилаи ниҳодишавии когнитивӣ ва иҷтимоӣ сурат мегирифт ва онро дар намуди марҳалаҳои зерин нишон додан мумкин аст: 1) зуҳури олимони алоҳидае, ки ба соҳаи муайян машғул буданд, тавре ки ин ҳолат дар давраи Г.Галилей ва И.Нютон вуҷуд дошт; 2) «Илми ҳаваскорона», вақте ки олимон дар асоси шиносоии ҳамдигар ва мутобиқати психологӣ бо ҷамоатҳои ғайрирасмие чун «коллеҷи ноаён» (берун аз сохторҳои донишгоҳӣ) муттаҳид мешаванд. Ин шаклҳои ниҳодишавии илм аз сиёсати давлатӣ ва фармоишҳои давлатӣ вобаста нестанд. Г.Салмон чунин меҳисобад, ки дар «коллеҷҳои ноаён»-и аврупоӣ «арзишҳои маънавии ба истилоҳ розенкрейсерҳо бо арзиши комилан амалӣ иваз карда шуданд, ки онҳо ба инкишофи ҷомеаи сармоядорӣ мусоидат карданд. Дар он вақт, ки манифести розенкрейсерӣ расидани давраи нави маънавиётро таблиғ менамуд, дар ҷомеа «коҳинони илм» пайдо шудан гирифтанд, ки худро ба принсипҳои асосии метафизикаи материалистӣ бахшиданд»; 3) илми академӣ (донишгоҳӣ) аз нимаи дуюми асри ҶVII сар карда, вақте як навъ ҷамоати илмӣ пайдо мешавад, ки бо тафовут аз «коллеҷи ноаён» мутобиқати психологии байниҳамдигариро дар назар надошт, ҳарчанд кори тадқиқотчӣ асосан чун фаъолияти шахсони алоҳида боқӣ мемонад, амал мекард. Дар донишгоҳҳо мактабҳои илмие ташаккул меёбанд, ки сохтори ташкилии онҳо ҳанӯз хусусияти расмӣ надоранд: олимонро услуби ягонаи тафаккур муттаҳид месозад, онҳо зери роҳбарии олим-пешвои соҳибистеъдоди аз ҷониби онҳо эътирофшуда, генератори ғояҳо кор мекунанд ва дар раванди омӯзонидани донишҷӯён фаъолона ширкат меварзанд; 4) озмоишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои махсуси илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар миёнаи асри ХХ (хусусан баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) шакли пешбари ташкили кори илмӣ шуда, ба коркарди барномаҳои илмие машғул буданд ва мӯҳтавои онҳоро асосан фармоишҳои давлатӣ муайян мекарданд. Ин гуна шакли ниҳодикунонии илм мақоми мактабҳои илмиро ҳам тағйир дод: онҳо ба коллективҳои илмие табдил ёфтанд, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии онҳо на аз дохили худи коллектив, балки аз берун ташкил дода мешуд. Акнун роҳбари коллективи илмӣ «аз боло» таъйин мегашт ва на ҳамеша олими барҷаста роҳбар мешуд, зеро фаъолияти ин коллектив асосан ба ҳалли масъалаҳои нақшавии барномаҳои илмии аз берун (давлат, идораҳои ҳарбӣ ва ғ.) фармоишдодашуда нигаронида шуда буд; 5) марказҳои калони илмии аз ҷиҳати техникӣ хуб таҷҳизонидашуда, лабораторияҳои саноатие, ки равияҳои бунёдӣ ва амалии тадқиқотро омехтаанд ва якчанд коллективҳои илмиро дар асоси байнифаннӣ муттаҳид кардаанд. Олимони ба ин марказҳо дохилшударо ҳамақида шуморидан душвор аст, зеро бисёре аз онҳо муқаррароти гуногуни тадқиқот доранд, ба ин ё он назария ва ҳатто этоси илмӣ гуногун муносибат мекунанд. Барои ҳалли самараноки масъалаи пешниҳодшудаи илмӣ коллективи байнифаннӣ ба гурӯҳҳои проблемавӣ ҷудо мешавад, ки ба онҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун дохил мегарданд, то ки масъалаи умумиро ҳал намоянд.

Дар замони ҳозира фаъолияти олимон танҳо дар чорчӯбаи илм дар мақоми ниҳоди иҷтимоии он (донишгоҳ, лабораторияи илмӣ-тадқикотӣ ва пажӯҳишгоҳ, маркази илмӣ) амалӣ мегардад. Ин, аз як тараф, маҳдудияти озодии пажӯҳиши тадқиқотии олими алоҳидаро, ки вазифаи мушаххасро дар чорчӯбаи барномаи тадқиқотӣ иҷро мекунад, тавлид месозад, аз тарафи дигар, ба ҳифзи принсипҳои тадқиқоти илмӣ мусоидат мекунад, намегузорад, ки шаклҳои қарибулилмӣ, хурофотӣ-ирфонии донишҳои ғайриилмӣ ва беруназилмӣ асоси методологияи илмиро осеб расонанду фасод кунанд.

Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: а) нерӯи бевоситаи истеҳсолкунанда, ки ҷараёни бефосилаи ташаккул ва инкишофи дониши нав, инчунин истифодаи техникии онро таъмин менамояд ва таҳрик медиҳад; б) баҳодиҳии объективии арзиши ин ё он кашфиёти олимони алоҳида ва ё коллективҳои тадқиқотиро амалӣ месозад, мувофиқан мукофотҳоро тақсим мекунад; яке аз меъёрҳое, ки ба тадбиқнамоии ин баҳодиҳӣ имконият фароҳам меорад, индекси иқтибос (Science Citation Jndeҷ, — SCJ) мебошад. Ин низоми иттилооти илмиест, ки дар ибтидои соли 1960 аз ҷониби пажӯҳишгоҳи Филаделфия таҳия шуда, ба равобити миёни ҳуҷҷатҳо тибқи истинод (иқтибос)-и бевосита, мутақобил ва дутарафа асос ёфтааст. Имрӯз индекси иқтибос, бо вуҷуди баҳсҳо оид ба айнияти баҳодиҳии асарҳои чопӣ тавассути истифодаи усули мазкур, зимни мартабадиҳии олимон аз рӯи дараҷаи арзишоти кашфиёти онҳо яке аз усулҳои самаранок эътироф гаштааст; в) комёбиҳои шахсии ин ё он олимро ба дастовардҳои коллективӣ интиқол медиҳад; г) дар нақши хотираи илмии марказонидашудаи иҷтимоӣ, ки аз мӯҳлатҳои умри олимони алоҳида вобаста нест, баромад карда, бо ёрии матнҳо (рисолаҳо, мақолаҳо, маълумотҳо, китобҳои дарсӣ, луғатҳо ва ғ.) донишҳои назариявӣ ва технологиро ба танзим медарорад; д) интиқоли донишҳои бадастомадаро ба ҳама қишрҳои ҳаёти иҷтимоӣ амалӣ мегардонад; е) назоратро аз рӯи омодасозии кадрҳои илмӣ мутобиқи принсипҳои ахлоқи илмӣ иҷро мекунад; ж) вазифаи маърифатро ифоъ мекунад.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар Россия ва кишварҳои бо он иртиботдошта тамоюл ба дигаруншавӣ (ва баъзан ба вайроншавӣ)-и шаклҳои мавҷудаи пажӯҳишгоҳҳои илмӣ сурат мегирад, ки барои ин ба дараҷаи назаррас ислоҳоти пешбинишудаи илмӣ ва мактабҳои олӣ мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, дар шароити тиҷоратикунонии илм мӯҳтавои этоси илмӣ тағйир меёбад. Масалан, олим, ки маҷбур аст фаъолияти тадқиқотии худро бо соҳибкорӣ биомезад, наметавонад талаботи этоси илмӣ, пеш аз ҳама, талаботи хизмати беғаразона ба мақсади ягона — дарёфти ҳақиқатро иҷро намояд.

Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, вазифаи иҷтимоии худро дар тавлидоти донишҳои назариявӣ ва амалӣ-тадбиқӣ дида, дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат даъвои соҳибихтиёрии муайян мекунад. Аммо мухторӣ пурра буда наметавонад: илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ бо ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ таъсири мутақобила дошта, аз баъзеи онҳо, масалан, аз ҷиҳати молиявӣ, вобаста аст. Дар натиҷа байни хоҳиши илм оид ба таҳкими мухторияти худ ба сифати ниҳоди иҷтимоӣ ва зарурияти иҷрои фармоишҳои иҷтимоиву давлатӣ, баҳисобгирии афкори ҷомеа ва иҷрои вазифаҳои дахлдори иҷтимоӣ низоъҳо бармехезанд. Масалан, имрӯз аҳли ҷомеа тақозо доранд, ки ба он равияҳои тадқиқоти илмӣ ва истифодаи техникии онҳо, ки ба ҷомеа ва ҳаёти одамон хатар эҷод мекунанд, моратория эълон намояд, ки ин бешубҳа бо манфиатҳои илм мухолиф аст. Мухолифати байни манфиатҳои илми холис ва манфиатҳои ҷомеа зарурати муҳокимаи масъалаҳои бехатарии озмоишҳо ва кашфиёти илмӣ барои ҷомеа, масъулияти иҷтимоии итиҳодияи илмиро ба вуҷуд овард. Зарурати тахфифи ахлоқии фаъолияти илмӣ, махсусан дар он соҳаҳое, ки барои инсон хатарҳои ошкоро доранд, торафт бештар ҳис мегардад. Як қатор мамнӯъиятҳо барои гузаронидани озмоишҳо дар физикаи ядроӣ, генетика, геномика ва ғ.-ҳо аз ҳамин бобат фаҳмонда мешаванд. Фаҳмиши ниёзҳои ахлоқии илм амиқтар мешаванд, ки аз ин пайдоиши соҳаҳои нави дониш, монанди ахлоқ, ахлоқи экологӣ, ахлоқи биологӣ (биоэтика) шаҳодат медиҳад. Масъалаи ба этоси илмӣ дохил кардани меъёрҳои ахлоқӣ баррасӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ташаннуҷоти ниҳодикунонӣ ва низоъҳои байни илм ва ҷомеаро ба ҳолати душмании ошкорои меъёрҳо ва арзишҳои ҷамъиятӣ ва илмӣ интиқол додан мумкин нест: дар шароите, ки арзишҳои бунёдии ҷомеа бо арзишҳои хоси илм номутобиқанд, ниҳоди иҷтимоии илм умуман фаъолият карда наметавонад.

8.2. ИНКИШОФИ ТАЪРИХИИ ТАРЗҳОИ

ИНТИҚОЛИ ДОНИШҳОИ ИЛМӢ

Инсоният бе таҳияи механизмҳои махсуси ҳифзу интиқоли донишҳои бадастовардааш, ки фаъолияти ҳаётии ӯро таъмин менамоянд, зиндагиашро пеш бурда наметавонад. Бо пайдоиши илми Аврупо масъалаи таҳияи роҳҳои интиқоли таҷриба ва дониши илмӣ мубраму рӯзмарра шуд. Инро, шакли махсуси мафҳумии ташкили дониш, ки аз бартарияти «сухан-логос» бармеояд, фарқ мекунонад. Тарзи мафҳумӣ-универсалии ташкили дониш, аз замони ихтирои он дар фалсафаи антиқӣ, ба ҷомеа барои ҳалли масъалаи трансмутатсия (пайванднигорӣ) мадад расонд. Гап дар он аст, ки маҷмӯи донишҳои ҳатто дар рафти фаъолияти бевоситаи амалӣ ҳосилшуда, доимо меафзояд. Аммо то он вақте,ки хазинаи асосии ин донишҳо хотираи субъект буду ғунҷоиши маҳдуд дошт, инсоният қабатҳои азими донишҳои бадастовардаашро гум мекард. Ва фақат вақте, ки ба фазои аломатӣ, матнӣ интиқол додани донишҳо оғоз ёфт, имконияти маҳфуз доштани ҳама, ҳатто пайвандҳои хеле хурди донишҳо пайдо шуд. Илм наметавонист бе истифодаи бунёди универсалӣ-мафҳумии натиҷаҳои худ инкишоф ёбад. Олимон донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии бадастомадаро дар шаклҳои маҷҳули мафҳумҳою дараҷаҳо ифодакунон, иттилоотро то ифодаи расмӣ, «фишурда» карданд ва онро барои ҳар касе, ки ба ин ё он дараҷа қобилияти муҳокима кардан дошт, дастрас гардонанд. Акнун сарнавишти донишҳои кашфшуда аз ғунҷоиши хотираи субъект вобаста набуд. Андозаҳои «хазинаҳо»-и донишҳо моҳиятан номаҳдуд шуданд, бинобар ин, механизми «тангкунӣ» ва «фаромӯшкунӣ»-и донишҳои барои таҷрибаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, ки нодаркор ва зиёдатӣ буданд, муттаҳид карда шуданд. Дар соҳаи дониши илмӣ дониши зиёдатӣ аслан вуҷуд дошта наметавонист.

Танзими матнӣ, мафҳумӣ-аломатии донишҳои илмӣ хусусияти транслятсияи онро муайян кард. Мафҳуми транслятсия (лот., tқanslation — интиқол) дар луғати илмшиносӣ барои ифодаи интиқоли иттилоот аз як насл ба насли дигар истифода бурда мешавад. Интиқоли дониши илмӣ ҳамчун яке аз тарзҳои иҷтимоикунонии он интиқоли иттилоотро оид ба донишҳои нав, технологияҳои дар асоси он коркардшуда, меъёрҳои амалигардонии фаъолияти илмиро аз насл ба насл фаро мегирад. Интиқоли дониши илмӣ метавонад ҳам дар реҷаи синхронӣ (юнонии Sғn – якҷоя + chқonos — вақт), ҳам дар реҷаи диахронӣ (юнонии dia — васат, байн + chқonos — вақт) сурат гирад. Дар реҷаи синхронӣ муоширати суроғавии фардҳо дар ҷараёни фаъолияти якҷояи онҳо «дар ҳамин ҷо» ва «ҳозир» мегузорад. Реҷаи диахронӣ интиқоли донишро аз як насл ба насли дигар пешбинӣ менамояд. Мафҳуми «насл» бисёр маънӣ дорад. Яке аз ин маъниҳо – насл чун фосилаи байни таваллуди падару модарон ва фарзандони онҳо имкон медиҳад тасдиқ карда шавад, ки дар ҳамин як вақти таърихӣ якчанд насл зиндагӣ мекунанд. Масалан, донишҷӯён ва омӯзгорон, олимони ҷавон ва собиқадорони илм ба наслҳои гуногун тааллуқ доранд, на фақат ба маънои фарқияти синну сол, балки инчунин аз лиҳози тамоюли мухталифи арзишӣ, тарҷеҳи гуногуни илмӣ. Бинобар ин, интиқоли донишҳоро аз омӯзгор ба донишҷӯ, аз олими солхӯрда ба шогирдаш чун интиқоли байнинаслӣ табақабандӣ кардан мумкин аст.

Дар раванди интиқоли донишҳои илмӣ интиқоли иттилооте сурат мегирад, ки онҳо барои интиқолдиҳандагон маълуманд, аммо барои қабулкунандагон маълум нестанд. Аз ин рӯ, агар қабулкунандагон ба тасҳеҳи иттилооти гирифтаашон шурӯъ кунанд ҳам, одатан, на якбора шурӯъ мекунанд. Аввал иттилоотро бояд азхуд кард ва танҳо баъд имконияти азнавфаҳмии танқидии он пайдо мешавад. Адресатҳоро (олмонии Adқessat — қабулкунанда, гиранда), ки донишҳои илмӣ ба онҳо интиқол меёбанд, ба онҳое ҷудо кардан мумкин аст, ки бевосита ба фаъолияти илмӣ машғуланд, аз ин сабаб гирифтани иттилоот барои онҳо ҳаётан зарур аст, инчунин ба онҳое, ки барояшон гирифтани иттилоот манфиат дорад. Қабулкунандагони бевосита ин олимон, донишҷӯён, технологҳо мебошанд, қабулкунандагони бавосита — ҳама ниҳодҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои ҷомеа, пеш аз ҳама, ҳукумат, идораҳои ҳарбӣ ва ғайраанд.

Интиқол додани дониши илмӣ ба гирандагони бевосита инҳоро дарбар мегирад: якум, интиқоли ғояҳои илмӣ аз як насли олимон ба насли дигар; ин – интиқоли дониш дар «сархати илм» аст; дуюм, интиқоли донишҳои илмӣ дар соҳаи истифодаи технологӣ; сеюм, интиқоли донишҳои илмӣ аз сархати илм ба «қабат»-ҳои ибтидоии низоми маориф, барои он, ки а) «ҳаракат»-и одамон тавассути низоми маориф ба навъҳои гуногуни махсусонидашудаи фаъолияти илмӣ ташкил карда ва бо ин роҳ воридшавии доимии донандагони ин ё он фанни илмӣ ба ҳайати ин ё он ҷамоатҳои илмӣ таъмин карда шавад; б) сатҳи маърифатии наслҳои нав бардошта шавад, инчунин ғояҳои илмӣ ба қишри ҷаҳонбинӣ дохил карда шаванд. Дар ҳолатҳои дуюм ва сеюм интиқоли дониши илмӣ мутобиқати он, яъне оммавикунонии матнҳои аслии махсуси илмӣ ва фаҳмишданашон хеле мушкилро дар назар дорад.

Дар ҳар як навъҳои қаблан зикршудаи интиқол персонажҳои дар дохили ҷамоати илмӣ ниҳодикунонидашуда ташаккул меёбад. Масалан, дар рафти интиқоли дониш «дар сархати илм» чунин персонажҳо назариётчӣ, муҳаққиқ мебошанд, интиқоли дониш ба технолог-амалиячӣ ва сохторҳои маориф мақоми коршинос, муқарриз, мушовир, таблиғгарро муҳим мегардонад (тамоми китобҳои дарсӣ, аз ҷумла аз они мо, дар «жанр»-и оммавигардонӣ дар сатҳу шакли гуногун навишта шудаанд).

Интиқоли дониши илмӣ мавҷудияти механизмҳои муайян ва роҳҳои ташкилу татбиқи онро дар назар дорад. Барои олимони ибтидои ташаккули илм аллакай баҳои танқидии мутахассисон ва ашхоси эътирофшудаи ҳамкорон зарур буд. Бинобар ин, онҳо ба мубодилаи номаҳои илмӣ оғоз карданд, баъзан ин номаҳоро дар шакли варақаҳо, маҳзару ҳаҷвияномаҳо ва варақаҳо-буклетҳо нусхабардорӣ ва паҳн мекарданд. Талаботи ба аҳли ҷомеа ва ҳамкорон муаррифӣ намудани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ олимони аввалинро барои дар шакли китоб нашр сохтани онҳо водор менамуд (китоби баъдимаргии Н.Коперник «Доир ба гардиши кураҳои осмонӣ» (1543), китобҳои Г.Галилей «Паёми ситоравӣ» (1610), «Гуфтугӯ дар бора ду низоми асосии олам» (1632) ва «Сӯҳбатҳо ва далелҳои риёзӣ вобаста ба ду соҳаи нави дониш» (1638), китоби И.Нютон «Асосҳои риёзии фалсафаи табиат»). Теъдоди ин китобҳо ниҳоят кам буд.

Дар Академияҳо барои паҳн кардан ва муқоиса намудани натиҷаҳои илмӣ дар сессияҳои доимӣ ёддоштҳои академикҳо интишор дода мешуданд, баъд дар маҷмӯаҳои ахборотии Академияҳо ба табъ мерасиданд. Ин асарҳо асоси маҷаллаҳои илмие шуданд, ки онҳо ба матбуоти асосии даврии илмӣ табдил ёфтанд. Аввалин маҷаллаи илмӣ – маҷаллаи лондонии «Philosophical Tқansactions» буд, ки аз соли 1665 чоп мешуд.

Дар нимаи асри ҶIҶ талабот ба маҷаллаҳое пайдо шуд, ки дар интихоби доираи муаллифон озодтар ва ба аудиторияи васеъ нигаронидашуда, Академияҳо вобастагии сахт надоштанд. Масалан, маҷаллаи «Ҷамъияти физикӣ-кимиёвии Рус» (1869). Дар охири асри ҶIҶ махсусгардонии фаннии илм ба пайдоиши маҷаллаҳои аз ҷиҳати мавзӯъ фишурда ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, ва олмонӣ оварда расонид, ба онҳо пеш аз ҳама маҷаллаҳои физикӣ, чун «Physical Қeviw», «Joғқnal de Phisigғe», «Phisicalische Zeitschқift» мутаалиқанд.

Ба ҷамоати илмии доимо вусъатёбанда ин маҷаллаҳо кофӣ набуданд. Бинобар ин, дар асри ҶҶ матбуоти даврии мухтасар пайдо гардиданд, ки на ба доираи маҳдуди мутахассисон, балки ба оммаи васеи кормандони илмӣ нигаронида шудаанд. Ба сифати мисол, метавон силсилаи диққатҷалбкунандаву беҳтарини маҷаллаҳои Россияро номбар кард: «Дастовардҳои илмҳои физикӣ (соли 1918 таъсис ёфтааст), «Дастовардҳои кимиё» ва «Дастовардҳои биологияи муосир» (ҳарду соли 1932 таъсис ёфтаанд), «Комёбиҳои илмҳои риёзӣ» (соли 1934 таъсис ёфтааст).

Ва, ниҳоят, ба мақсади интиқоли донишҳои илмӣ аз сархати илм ба низоми маориф (мактабӣ ва донишгоҳӣ) китобҳои дарсӣ таҳия шудаанд. Китоби дарсӣ вазифаи ёрирасонро дар ҷараёни ба насли наврас шиносонидани донишҳои илмӣ дар шакли мутобиқи азхудкунӣ иҷро мекунад.

Макони асосии ҳифозатӣ ҳама матнҳои илмӣ, ки рукни зарурии илмро ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ташкил медиҳанд, китобхона (библиотека; аз юн., ӣiӣlio — китоб) мебошад. Дуруст аст, ки имрӯз асарҳои илмӣ дар ҳомилони электронӣ маҳфуз дошта мешаванд, ки ин усули китобдории анъанавиро на чандон заруру мубрам менамояд.

Намудҳои дар боло зикршудаи ташкили интиқоли дониши илмӣ дар асоси фаҳмиши хусусияти интиқоли аврупоии ҳама гунна арзишу меъёрҳои фарҳангӣ сурат гирифтаанд. Рамзи иҷтимоии фарҳанги Аврупо фаъолияти аломатӣ ва рафториро ба соҳаҳои алоҳида ҷудо кард. Фаъолияти аломатӣ ва асосан, шифоҳӣ (вербалӣ) ҳамчун тарзи интиқоли нисбатан муносиби дониши илмӣ ҳисобида мешуд. Дониши илмӣ ногузор чун дониши ғайришахсикунонидашуда ва мазмунан объективӣ ҷилвагар мешуд. Бинобар ин, чунин шуморида мешуд, ки барои интиқоли ин дониш ба қабулкунанда ва азхудкунии он кофист, ки мӯҳтавои ин донишро ба матни шифоҳӣ (вербалӣ)-и бо забони илмӣ, яъне забони аз ҳар гуна таъҷилот ва рангубори инфиродӣ орӣ навишташуда, нақл карда шавад.

Аммо файласуфи бритонӣ М.Полани ба хулосае омад, ки дар сохтори фаъолиятӣ, дар муқаррароти эҷодиёти илмӣ дар қатори таркиботи вербалишаванда таркиботи ноаёне мавҷуданд, ки бо сухан ифода карданашон имконнопазир аст. Дониши аёниро М.Полани байнишахсиятӣ номидааст, ки он бо ёрии категорияҳо ва мафҳумҳои соҳаи мазкури илм баён шуда, бинобар ин, аз ҷониби олимоне, ки ҳатто бо муаллифи матни номбаршуда ҳамкорӣ накардаанд, аз худ карда мешавад. Дониши ноаён бошад, дониши хусусиест вобаста ба санъати шахсии озмоишгузаронӣ, малакаҳои шахсии назариявии тафаккурӣ, ки ғайр аз муқаррароти парадигмалӣ, инчунин рағбату ақидаҳои шахсиро дарбар мегирад. Ҷузъҳои ноаёни эҷодиёти илмиро ба дигар кас танҳо дар кори якҷояи илмӣ, дар амалиёти якҷоя, на бо ёрии мақолаҳо ва суханрониҳо дар конфронсҳои илмӣ, интиқол додан мумкин аст. Бо сабаби он, ки дониши ноаён комилан дар матни вербалӣ тавзеҳ дода намешавад, вай «аз даст ба даст», яъне тавассути омӯхтани маҳорати пажӯҳиши илмӣ дар кори якҷояи илмӣ интиқол мегардад. Чунин интиқоли дониши ноаён дар рафти озмоиши якҷоя мегузарондаи олимон, дар ҳолате, ки олим ба кори илмии шогирдаш роҳбарӣ мекунад ва ғ. сурат мегирад. Аз ин рӯ, ба шаклҳои зикршудаи интиқоли дониши илмӣ М.Полани шакли ғайривербалӣ, яъне дониши ноаёнеро, ки онро дар мақолаҳо, китобҳо ва ғ. ифода кардан номумкин аст, илова намуд.

Дар қатори инкишофи шаклҳои аллакай мавҷудбудаи интиқоли дониши илмӣ инсоният ҳамеша шаклҳои нави бештар комили ҳифз ва интиқоли онро меҷӯяд. Яке аз қадамҳо дар ин самт ташкили шабакаи умумиҷаҳонии Интернет аст, ки имкон медиҳад шаклҳои фосилавии донишандeзӣ амалӣ карда шаванд, яъне дониш на бевосита аз устод ба шогирд, (мисол дар вақти лексияи донишгоҳӣ), балки тавассути матнҳои бемаърeзачӣ, ки иттилооти барои омӯзанда даркорӣ доранд, интиқол дода мешавад. Дар ин ҳолат дар силсилаи классикии «омӯзгор-матн-шогирд» аз омӯзгор дида, нақши матн муҳимтар мегардад.

8.3. МАСЪАЛАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИЛМ.

ИЛМ ВА ҳОКИМИЯТ. ИЛМ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Илм ва ҳокимият

Қаблан зикр шуд, ки илм чун ниҳоди иҷтимоӣ бо дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ таъсири мутақобила дорад, ба баъзеи онҳо бо масоили молиявӣ вобастагӣ дорад.

Акнун бевосита масъалаи муносибати илм ва ҳокимиятро баррасӣ менамоем.

Ҳаргуна ҳокимият ҳамчун ниҳодишуда (ниҳодҳои давлатӣ-ҳуқукӣ) ва ҳам ниҳодинашуда (масалан, ҳокимияти зан ба марде, ки ӯро дӯст медорад ва ғ.), пеш аз ҳама, эътиборест, ки дорои имконияти ба иродаи худ тобеъ кардан, амалиёти дигаронро идора намудан мебошад. Ҳокимияти давлатӣ барои ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки бидуни тобеият ба иродаи ягона бемаъност, инчунин барои танзими муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа зарур аст.

Масъалаи «илм ва ҳокимият» ду ҷанба дорад: 1) масъалаи худи илм чун шакли ҳокимият; 2) муносибати илм ва ҳокимияти давлатӣ.

1) Илм худаш дорои ҳокимияти ҳам ниҳодишуда ва ҳам ниҳодинашуда мебошад. Ҳокимияти ниҳодишудаи илм якҷоя бо пайдоиши дониши илмӣ ба вуҷуд омад, ки вай худ ба сари худ муносибатҳои ҳокимиятиро ташаккул дод ва ба тасдиқи идеологияи ҳокимият бо идеалҳо ва ҳадафҳои худ, ки ба ҳукмронӣ бар болои табиат, ҷомеа нигаронида шудааст, мусоидат кард (ниг.: Ф.Бэкон: «дониш қудрат аст»). Шакли ниҳодишудаи ҳокимияти илмӣ ба олимон замоне роиҷ гашт, ки он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ташаккул ёфт. Мишел Фуко (структуралисти фаронсавии асри ҶҶ) яке аввалинҳо шуда нишон дод, ки вобаста бо пайдоиши илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, тобеъияти олим ба низоми муайяни тафаккур ва меъёрҳои этоси илмӣ воқеъ гашт. Илм як шакли ҳокимият ва назорат дар дохили ҷамоати олимон шуд. Вале азбаски ватани ин ҳокимият ва назорат диктатураи хиради қонунгузор буд, ки ақлонияти инструменталиро тавлид кард, илм на танҳо объектҳои омӯхташавандаи худ, балки ба идора кардани инсон оғоз намуд. Илм қобилиятҳои маърифатии инсонро маҳдуд сохт, барои ӯ дар маърифат муроҷиат ба ҳадс (интуитсия), хаёлот, тасаввуротро манъ кард, инсонро аз мақоми табиие, ки дар Кайҳон дошт, маҳрум сохт, чеҳраи нави одамро офарид ва онро дар ҷаҳонбинии одамон бартарӣ дод. Илм ба тафаккури хирадгароӣ афзалият бахшид, дар натиҷа хирадгароии «инструменталӣ», яъне қобилияти ташкили воситаҳоро барои бадастоварии баъзе ҳадафҳо тавлид кард. Ҳокимияти илм дар тамоми соҳаҳои фарҳанг роиҷ гашт.

2) Илм ҳамчун ниҳоди иҷтимоишуда, ба таври органикӣ ба низоми муносибатҳои давлатӣ, ҳокимиятӣ дохил гардид, ки ин ба зарурияти баназаргирии манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеа оварда расонид. Он ҷанбаи масъалаи «илм ва ҳокимият»-ро баррасӣ менамоем, ки муносибати илм ва ҳокимият, хусусиятҳои танзими давлатии илмро дарбар мегирад. Раванди дар асри ҶҶ ташаккулёфтаи муносибати «Илм-давлат»-ро ба якчанд марҳала ҷудо кардан мумкин аст, ки дар ҳама мамлакатҳои мутараққӣ, қабл аз ҳама, дар ИМА ва ИҶШС (СССР) ҷой дошт: 1) сиёсати давлатии илмӣ, ки инкишофи тадқиқоти фарогиру бунёдии «илми калон»-ро барои бартарии ҳарбӣ-сиёсии давлат дар арсаи байналмилалӣ (мусаллаҳшавии бошитоб) таъмин менамуд. Дар ҷаҳони муосир вазъияти шабеҳ ба вуҷуд меояд: оне, ки дорои донишҳои илмӣ мебошад; он имрӯз дар сохторҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мақоми махсусро ишғол мекунад; мамлакатҳое, ки дар тадқиқоти бунёдии илмӣ (масалан, дар соҳаи энергетикаи ядроӣ) муваффақиятҳои муайян ба даст овардаанд, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ (танзими низоъҳои ҳарбӣ, ворид намудани санксияҳои иқтисодӣ барои баъзе мамлакатҳо ва ғ.) ба нақши махсус иддао доранд. Дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ соҳиби ҷаҳон ҳамон аст, ки соҳиби иттилоот мебошад; 2) фармоиши давлатӣ ба илм – мусоидат кардан ба «рахна»-и иқтисодӣ, яъне ҳал намудани масъалаҳо оид ба таъмини суръати босуботи рақобатнокии соҳаҳои асосии иқтисод; 3) сиёсати муосири илмӣ, ки бо тамоми афзалиятҳо аз ҷониби хадамоти иттилоотӣ, тиб, экология ва дигар ҷанбаҳои баландбардории сифати ҳаёти инсон ва ҷомеа дар маҷмӯъ тавсиф карда мешавад. Масалан, дар соҳаи тадқиқоти бунёдӣ дар ИМА барои илми тиб нисбат ба тадқиқи кайҳон се баробар ва нисбат ба тадқиқоти бунёдӣ бар манфиати мудофиа шаш баробар маблағ сарф карда мешавад.

Сиёсати муосири илмӣ, ки аз ҷониби давлатҳои пешбар амалӣ мегардад, ба тамоюли барномаҳои давлатӣ на ба лоиҳаҳои азими хусусияти харобиовардошта, балки ба фаъолияти дарозмӯҳлат оид ба таҳкили низомҳои гуногуни навоварии миллӣ (соҳаҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ, саноат, маориф ва тандурустӣ, омӯзиши кайҳон ва ҳифзи муҳити атроф ва ғ.) равона шудааст.

Дар соҳаи муносибатҳои байниҳамдигарии илм ва ҳокимият якчанд ҷанбаъро ҷудо кардан мумкин аст: 1) таърих нишон медиҳад, ки сиёсати пурзeри давлатии илмӣ, аз як тараф, метавонад оқибатҳои такони махсусе барои инкишофи илм шавад. Масалан, дар ИҶШС (СССР) сиёсати ҳавасмандгардонии давлатӣ, аз як тараф, ба таъқиби кибернетика, генетика, кимиёи квантӣ, ки онҳоро илми дурӯғин эълон кард, мусоидат намуд, аз тарафи дигар, тадқиқотро дар соҳаи азхудкунии Кайҳон, нерӯи атоми замина бахшид; 2) аз нимаи дуюми асри ҶҶ ба олимон ва фаъолияти онҳо принсипҳои байналмилалии ҳифзи инсон паҳн карда шудаанд: олим бояд дигар «ғулом»-и сохторҳои ҳокимияти давлатӣ намешуд; 3) илм маҷбур аст бо ҳокимият ҳамкорӣ кунад, то ки аққалан барои қисман тасҳеҳ кардани сиёсати илмии он ба дурномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат имконият дошта бошад. Масалан, А.Эйнштейн барои аз Олмони фашистӣ пеш гузаштан ба президенти ИМА якчанд нома навишта, дар онҳо зарурияти зудтар сохтани яроқи атомиро асоснок кард. Баъдтар, воқеан, ӯ гуфта аст: «Агар ман медонистам, ки олмониҳо бомбаи атомӣ сохта наметавонанд, ман ангуштамро ҳам намеҷунбондам».

Илм ва иқтисодиёт

Масъалаи «Илм ва иқтисодиёт» ду ҷанбаи ба ҳам вобаста дорад: а) таъсири илм ба инкишофи иқтисодиёт, б) таъсири иқтисодиёт ба инкишофи илм. Иқтисодиёт соҳаҳои истеҳсолот (саноатӣ ва кишоварзӣ), истеъмолот ва тақсимот (савдо ё бозор)-ро дар бар мегирад. Аз он ҷо, ки идеологҳои кадоме аз ин соҳаҳо дар сохтори ҳокимияти давлатӣ дохиланд, ҳалли масъалаи мутақобилаи илм ва иқтисодиёт вобаста аст.

Агар дар сари ҳокимият идеологҳое бошанд, ки ба таркиби саноатӣ-истеҳсолии иқтисодиёт бештар диққат медиҳанд, пас технологияҳои истеҳсолӣ танҳо бо баҳисобгирии комёбиҳои илмӣ инкишоф меёбанд ва мукаммал мегарданд, ба илм арзиши баланди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дода мешавад. Давлат сиёсати стратегии илмиро таҳия месозад, ки он аз ҷониби институтҳои давлатӣ қабул кардани а) қарорҳо оид ба стратегияи инкишофи маҷмӯи илмӣ-техникии мамлакат, б) барномаҳои фаъолият дар бораи тадбиқи ҳадафҳо ва масъалаҳои дар пеш гузошташударо фаро мегирад. Илм ҳамчун яке аз воситаҳои амалигардонии равияҳои афзалиятноки сиёсат (ҳарбӣ, иқтисодӣ ва ғ.) маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, дар кишварҳое, ки ба истифодабарии технологияҳои олӣ дар истеҳсолот тамоюл доранд, сиёсати махсуси илмӣ таҳия мегардад, ки низоми афзалиятҳои илмии давлатиро ҳам дар соҳаи равияву лоиҳаҳои илмӣ ва ҳам дар соҳаи шаклҳои илмӣ-ташкилӣ дарбар мегирад. Асоси афзалиятҳои илмиро, чун қоида, он равияҳои илмӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо барои мамлакат аз нигоҳи таҳияи ба истилоҳ технологияҳои қатъӣ, яъне технологияҳои баҳри инкишофи суботи иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат ва ғ. манфиати аввалиндараҷа доранд. Ба ҷумлаи онҳо технологияҳои алоқа, технологияҳои нақлиёти минтақавӣ ва байниминтақавӣ, энергетикӣ, экологӣ, ҳарбӣ ва монанди инҳо дохил мешаванд. Татбиқи афзалиятҳои илмӣ ба дастгирии давлатии молиявӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ-идоравӣ, инчунин ба қабули қарорҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ниёз дорад. Масалан, тараққиёти технологияҳои энергетикӣ бо нерeгоҳҳои термоядроӣ вобаста буда, аввал коркардҳои бунёдии илмӣ-технологиро дар соҳаи физикаи ядроиро талаб мекунад, ки ин тавассути хароҷоти калони молиявӣ амалӣ мегардад; дуюм, қабули қарорҳои давлатӣ ва кафолатҳо дар низоми амнияти миллӣ, инчунин баромадан ба сатҳи созишномаҳои гуногундараҷаи байналмилалиро талаб менамояд.

Коркарди «технологияҳои қатъӣ» яке аз вазифаҳои сиёсати давлатии илмии кишварҳои муштаракул манофеъ мебошад. Ин аз он сабаб аст, ки масалан, дар соли 2005 ба ин кишварҳо камтар аз 1,5% бозори ҷаҳонии маҳсулоти баландсифати технологӣ рост омад (барои муқоиса: ба ИМА – 33%, Иттиҳоди Аврупо ва Япония 18-20%). Зимнан қариби 80% ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии илмии Федератсияи Россия, ки аз ҳисоби фармоиши давлатӣ бароварда мешавад, ба соҳаҳои мудофиавӣ-саноатӣ нигаронида шудааст. Дар анҷумани дуюми ҳаракати «Барои илми Россия» моҳи декабри соли 2005 қайд карда шуд, ки аз ҷиҳати сатҳи истифодаи технологияҳои навтарин дар иқтисодиёт ин мамлакат аз кишварҳои тараққикардаи саноатӣ 40-50 сол ақиб мондааст.

Агар дар сари ҳокимият идеологҳои иқтисоди бозоргонӣ бошанд, дар сатҳи давлатӣ муқаррароте ташаккул меёбад, ки мувофиқи он илм бояд донишҳои бадастовардаашро ба фурӯш монда, яъне онҳоро ба мубодилаи эквивалентии бозорӣ тибқи нақшаи мол-пул-мол ворид намуда, худаш воситаҳои мавҷудияташро дарёфт месозад. Ҳамин тавр, ғояи тиҷораткунии илм бартарият ёфтан мегирад, ки мувофиқи он давлат набояд долонҳои технологӣ созад, дар сохтани техникаи нав таваккал кунад. На вазоратҳои давлатӣ, балки корхонаҳо бояд ба илм фармоишҳо диҳанд. Ва азбаски аксари муассисаҳои саноатӣ дар моликияти шахсӣ қарор доранд, пажeҳишгоҳҳои соҳавии илмӣ-тадқиқотӣ низ бояд худашон ҷустуҷу кунанд, ки ба кӣ лозиманд. Пажeҳишгоҳҳое, ки дар бозор талабот наёфтанд, бояд барҳам зада шаванд — чунин аст мавқеи ин идеологҳо. Ба идеологҳои иқтисоди бозаргонӣ олимоне мухолифат меварзанд, ки ақида доранд, иттилоотро бо сабаби табиати ғайримоддиаш аслан ба мубодилаи эквивалентӣ гузоштан мумкин нест, зеро илм дорои як қатор хусусиятҳое мебошад, ки ба мол табдил додани онро душвор мегардонанд. Якум, ҷараёни истеҳсоли иттилооти илмӣ (махсусан дар соҳаи коркардҳои бунёдӣ) метавонад солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо давом ёбад; дуюм, бо боварии комил пешгӯӣ кардани натиҷаи тиҷоратие, ки дар рафти истифодаи амалии иттилооти бадастовардашуда ҳосил мегардад, имконнопазир аст. Ҳолати хавфу хатар дар дурномаи дарозмӯҳлат, ки барои механизми бозаргонии хароҷот номатлуб мебошад, равшан аён аст. Ғайр аз ин, дар баъзе ҳолатҳо бисёр тадқиқоти илмӣ метавонанд аз ҷиҳати тиҷоратӣ беманфиат ва ҳатто зараровар шаванд (масалан, тадқиқоти илмии астрофизикие, ки бо фиристодани дастгоҳҳои кайҳонӣ ба гӯшаҳои муайяни галактика ва ғайра вобастаанд). Аз ин рӯ, агар давлат хоҳад, ки илми сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, тавре олими маъруфи шӯравӣ А.А.Артсимович образнок гуфтааст, бояд «онро бо дастони гарми худ меҳрубонона гарм намояд». Аммо ислоҳоти ҳозиразамони илм дар фазои баъдишeравӣ ҳолатеро ба вуҷуд овард, ки қисмати ояндаи он дар дасти онҳоест, ки дар сохторҳои ҳукуматӣ, давлатӣ, сиёсӣ масълаҳои шароити мавҷудияти онро ҳал мекунанд. Мо бо ақидаи В.Ж.Келле комилан розӣ шуда, фикр мекунем, ки илм «ғӯлаи механикӣ» нест, ки онро арра кардан мумкин бошад, балки организм зинда аст, низоме аст, ки ба он дахл карда, ба ҳисоб бояд гирифт, ин дахолат ба ҷузъҳои дигари он ба низом умуман чи гуна таъсир мерасонад. Бо ба инобат гирифтани ин, қарорҳои қабулшуда ҳақиқатан ҳам ба манфиатҳои илм ва давлат ҷавобгӯ буда метавонанд. Ҳама тадқиқоти бунёдӣ (онҳо, чун қоида, дарозмӯҳлатанд ва дорои унсурҳои хавфу хатар, ҳам дар қабули иттилоот ва ҳам дар комёбии тиҷоратӣ), ба ақидаи иштирокчиёни анҷумани дуюми ҳаракати «Барои эҳё илми Россия», бояд асосан аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда шаванд. Консепсияи ислоҳоти бозаргонии илм бошад, «на барои инкишофи худи илм, на барои эҳёи иқтидори саноатӣ матлуб нест. Албатта, давлат илмро маблағгузорӣ карда, нисбати хавфи маблағгузорӣ ба тадқиқоти дарозмӯҳлати илмӣ, ки натиҷаи калон ва фаврӣ биёрад, кафолат надорад. Низоми маблағгузории давлатӣ дар ин ҳолат ба институти суғурта монанд аст. Агар сухан дар бораи маблағгузории ғайридавлатии илм равад, пас танҳо иттиҳодияҳои азими байналмилалие, ки аз лиҳози қудрати молиявӣ онҳоро бо давлат муқоиса кардан мумкин аст, имкон доранд таваккал намоянд. Масалан, дар ИҶШС (СССР) маблағгузории ғайридавлатиро идораҳо ба ҷо меоваранд, бинобар ин дар қатори маблағгузории академӣ маблағгузории ба истилоҳ маъмурӣ вуҷуд дошт.

Дар ИҶШС (СССР) дастгирии давлатии илм ба пуррагӣ амалӣ мегашт, вале тавре таҷрибаи таърихӣ нишон дод, сиёсати муосири давлатии илмӣ ба натиҷаҳои мутазод оварда расонд. Аз як тараф, онро инкор кардан мумкин нест, ки дар солҳои ҳукумати шӯравӣ дар давлат иқтидори бузурги илмӣ, чунин низоми давлатии пажeҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ (ПИТ) ташкил карда шуд, ки онҳоро давлат бо маблағҳои пулӣ, мавод ва маконҳо таъмин менамуд Ин бошад, ба олимон имкон медод, то ки дар бораи дарёфти воситаи зиндагӣ фикр накунанд, балки ба кори тадқиқотӣ машғул шаванд. Аз тарафи дигар, давлатикунонии илм сабаб мегардид, ки давлат ба «коргоҳи эҷодӣ»-и илм «ворид шавад»: тадқиқоти илмӣ ба нақша гирифта мешуданд, идоракунии илм бюрократӣ кунонида мешуд, олимони пешбар аз иттиҳодияи ҷаҳонии илмӣ ҷудо карда шуда буданд (падидаи махфикунонӣ). Масалан, дар соли 1929 ШУХҚ (Шӯрои Уламои Хоҷагии Қишлоқ)-и ИҶШС (СССР) ба супориши ҳукумат нақшаи аввалини ҷамъбастии панҷсолаи тадқиқоти илмиро таҳия кард, ки албатта ба инкишофи илм мусоидат нанамуд. Аммо ин ҷо бояд қайд кард: ҳар кадом сохтор, хоҳ тиҷоратӣ бошаду хоҳ давлатӣ, наметавонад ба олимон барои барномаҳои тадқиқотие пул диҳад, ки онҳо аз нигоҳи манфиатҳои фармоишгар асосӣ нестанд ва ё арзишу аҳамият надоранд. Муҳимаш, дар ин ҳолат илмро идеологӣ накардан аст, чунон ки дар ИҶШС (СССР) буд.

Дар муқаррароти Федератсияи Россия оид ба масъалаи «Илм-иқтисод» боз як мавқеи дигар пайдо шуд. Моҳияти ин мавқеъ чунин аст: азбаски иттилооти илмӣ дар ҷаҳон ба таври кофӣ истеҳсол мегардад, нисбати худамон истеҳсол кардан нисбат аз хориҷа харидан арзонтар меафтад. Лекин дар ин ҷо саволҳои зерин пайдо мешаванд: а) чӣ тавр мамлакат бе ҷамоати илмии худаш комёбиҳои пешқадами илму техникаи хориҷиро қабул ва истифода карда метавонад?; б) чӣ тавр натиҷаҳои бештар махфикунонидашудаи тадқиқоти илмиро дақиқ ҳифз карда мешаванд (аз ин мавҷудияти хадамоти ҷосусии илмӣ-саноатӣ ва моҷароҳои байналмилалии бо онҳо вобастабуда шаҳодат медиҳанд) ба даст овардан мумкин аст? в) кадом илми хориҷӣ ба коркарди технологияҳое машғул мешавад, ки шароити вазнини иқлимии Россия, масъалаҳои демографӣ ва умуман талаботи иқтисодиёти миллии он ҷойро ба назар гирифта бошанд?

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *