Фанни Фалсафа

Хусусиятҳои давраи муосири инкишофи илм

7.1. НАҚШИ СИНЕРГЕТИКА ДАР ИНКИШОФИ ТАСАВВУРОТҳОИ МУОСИР ДОИР БА НИЗОМҳОИ ТАЪРИХАН ИНКИШОФЁБАНДА ВА СТРАТЕГИЯҳОИ НАВИ ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ

Тасаввурот роҷеъ ба он, ки ҳамаи ашёву падидаҳои олам намудҳои мухталифи низомҳои гуногунтаркиб мебошанд, асоси принсипи фалсафии низомнокӣ аст, ки ин принсип ғояҳои низомнокӣ, томият ва умумияти алоқаву муносибатҳо, хусусиятҳои таносуби байни ҷузъу том, сабабҳо ва шароитҳои тағйирпазирии сохтори низом ва ғайраро дар худ муттаҳид кардааст.

Ғояи низомнокӣ ва томият хоси ақоиди файласуфони атиқа роҷеъ ба таносуби ҷузъу том, ваҳдату касрат буд ва ҳамчунин дар фалсафаи Замони Нав низ то андозае мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд. Файласуфон, махсусан хирадгароён таълимоти худро дар шакли низом матраҳ мекарданд. Бинобар ҳамин, ҳангоми таҳқиқи афкори фалсафаи Замони Нав ва зикри намояндагони он сухан дар бораи низомҳои фалсафии Спиноза, Лейбнитс, Кант, Гегел ва дигарон меравад. Аз миёнаҳои асри ҶIҶ сар карда, принсипи низомнокӣ мавриди истифодаи фалсафаи иҷтимоӣ қарор гирифт, ки дар он ҷамъият ҳамчун «низоми органикӣ» таҳқиқ карда мешуд (масалан, назарияи иҷтимоии К.Маркс).

Дар методологияи низомӣ «низом» (система) мафҳуми асосӣ ба шумор меравад, ки таҳти он маҷмӯи томи унсурҳои ба ҳам алоқаманд фаҳмида мешавад. Сабаби томият ва муташаккилии ин унсурҳо, аз як тараф, умумияти вазифаҳо ва аз тарафи дигар, қонуниятҳое мебошанд, ки чун робитаи ногузири дохилии байни унсурҳо сурат мегиранд. Ҳар як низом унсури таркибии низоми дигари нисбатан мукаммалу олӣ мебошад. Вобаста ба ин метавон гуфт, ки низомҳо низ хусусияти табақанокӣ (синфнокӣ) доранд. Дар кишвари рус методологияи низомиро В.Н.Садовский, И.В.Блауберг, Е.Г.Юдин кор карда баромада, хусусиятҳои хоси низомҳоро дар муқоиса бо маҷмӯъҳои бенизом ошкор намудаанд ва низомҳоро ба ду синф (низомҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ) тақсим кардаанд. Низомҳои органикӣ низомҳои худинкишофёбандаи том буда, чунин хусусиятҳо доранд: а) вуҷуд доштани робитаҳои сохторӣ ва ирсӣ, мутобиқат ва мартаботи унсурҳо; б) тавлидшавии хусусияти том аз хусусияти унсурӣ ва баръакс; в) ба дараҷаи муайяни озодиву ихтиёр ноил будани унсурҳои низом ба хусусияти тасодуфӣ гирифтани раванди идоракунии низом сабаб мешавад. Низомҳои ғайриорганикӣ ташкилҳои нисбат ба низоми органикӣ соддатар мебошанд. Дар чунин низомҳо томият устувор нест, алоқаи байни унсурҳои он низ чандон мустаҳкам набуда, ҳар кадоми онҳо метавонанд мустақилона вуҷуд дошта бошанд, баъзеи онҳо бошад, ҳатто аз худи низом дида фаъолтар мебошанд. Тағйирёбии том бе тағйир ёфтани унсурҳо (ҷузъҳо) метавонад ба амал ояд.

Дар ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ омӯзиши низомҳои мураккаби бемувозинат сар шуда, он ба бунёди назарияи нави худташаккулёбии низом — синергетика (юн., Sineқgia — ҳамкорӣ, иттиҳодия) оварда расонид. Истилоҳи «синергетика»-ро илоҳиётшиносони насронӣ барои ифода кардани ҳамкории Худою инсон истифода мебурданд. Ба гардиши илмӣ бошад, ин истилоҳро Г.Хакен ворид кардааст. Синергетика тасаввуротҳои пешинаро роҷеъ ба низомҳо ва инкишофи онҳо тағйир дод, ки ин ба усул ва самти таҳқиқоти илмӣ таъсир расонида, моделҳои табиатшиносии муосирро дигаргун кард. Н.Н.Моисеев ва А.Тоффлер ба синергетика мақоми инқилоби навтарини илмро лоиқ дидаанд.

Синергетика ба тадқиқи низомҳои «бемувозинатиашон баланд»-и самти инкишофашон пешгeинашаванда, номаълум, ғайрихатӣ ва худинкишофёбанда шурӯъ намуд. Таҳлили рафтори «дур аз мувозинатӣ»-и онҳо (низомҳо) нишон дод, ки низомҳо хосиятҳои нав касб намуда, ба тобеияти қонуниятҳои махсус гаравида истодаанд. Дар табиат ҳамаи ҳодисаҳо ва равандҳо доим бо муҳите, ки онҳоро иҳотакардааст ва аз тариқи мубодилаи ашёӣ, нерeӣ, иттилоотӣ алоқамандӣ дорад, сабаби ин бемувозинатии онҳо мешавад.

Моҳияти кашфиётҳои синергетикиро ба таври мухтасар баён мекунем.

1. Низомҳои бемувозинат дар табиат хеле зиёданд, аз ҳамин сабаб «мо дар олами равандҳои ноустувор зиндагӣ мекунем» (И.Пригожин). Дар ҳамаи сатҳҳои ташкили сохтории ҳастӣ маҳз бемувозинатӣ шарту манбаи пайдоиши тартибу низомнокӣ мебошад. Худташкилёбии худсаронаи материя танҳо дар низомҳои бемувозинат имконпазир мебошад.

2. Ҳангоми берун шудан аз вазъи мувозинатӣ, вақте ки флуктуатсияҳо (вайроншавиҳо, ноҳинҷоршавиҳо) дуршавии тасодуфии бузургиҳои низом аз ҳадди эътидолро ба миён меоварад, ҳодисаи пайдоиши низомҳо ва сохторҳои диссипативӣ (диссипатсия, — парешон шудани нерe) ба вуқӯъ меояд. Низомҳои диссипативӣ чунин хусусият доранд: а) умуман хосияти кушодагӣ доштан, яъне доимо бо муҳити беруна дар робитаи мубодилавӣ қарор доштан, ки ин дар навбати худ барои иваз кардани бенизомӣ (хаос) бо низомнокӣ кӯмак менамояд. Барои ҳамин ҳеҷ кадом низоми мураккаб тибқи таъйиноти худ мувозинати пурра надорад. Агар дар термодинамикаи классикӣ сарфи гармӣ манбаи бетартибӣ, бенизомӣ (хаос) шуморида шуда бошад, пас дар синергетика диссипатсия (парешон шудани нерe) – манбаи тартибу низомнокӣ мебошад; б) ҷавобгe будан ба омилҳое, ки дар ҳолати мувозинатии низом нисбаташ холису бетараф буданд. Масалан, дар ҳолатҳои шиддатгирии номувозинатӣ реаксияҳои кимиёвӣ таъсири ҷозибавиро эҳсос мекунанд; в) мавуҷудияти ҳамтаъсирии гурӯҳӣ (кооперативӣ) дар сатҳи поён (микро): агар дар ҳолати мувозинати низом заррачаҳо новобаста аз заррачаҳои дигар «гӯё онҳоро нодида» рафтор намоянд, пас дар ҳолати ноомувозинатӣ заррачаҳо қобилияти «дидан»-и на танҳо ҳамсояҳои худ, балки кулли низомро низ пайдо мекунанд. Чунин тағйирёбии рафтори заррачаҳо ба сифатҳои хоси унсурҳои нисбатан бузурги низом дар фазою вақт бетаъсир намемонад. Барои интихоби номи «синергетика» ба Г.Хакен бештар мушоҳидаи ҳамин ҳодисаи ҳамтаъсирии заррачаҳо сабаб шудааст. Г.Хакен навиштааст: «Ман фанни навро на танҳо барои он синергетика номидам, ки он амали муштараки аксари унсурҳои низомро таҳқик менамояд, ҳамчунин барои он, ки баҳри дарёфти принсипҳои умумии идоракуниии худташкилёбӣ муттаҳид шудани фанҳои зиёди гуногун зарурат дорад»; г) бебозгаштии раванди ташаккулёбии низом, эътирофи таҳаввули ҳама чиз (на танҳо низомҳои зинда, балки кулли низомҳои ҳастӣ).

Аммо қайд кардан зарур аст, аввалин қадами муҳим дар маърифати далелҳо роҷеъ ба он, ки вақт бузургии муҳими манзараи физикии олам мебошад, ҳанӯз дар асри ҶIҶ бо оғози давраи рушди термодинамикаи дуюм гузошта шуд. Мутобиқи назарияи термодинамика Коинот ба сӯи марги ҳароратӣ мешитобад ва бозгардонии вақт ба мақсади монеъ шудан ба афзоиши энтропӣ (ба асолат баргардӣ) аз имкон берун аст; д) вуҷуд доштани аттрактор (лот., atқactio – ҷазб кардан, кашидан), яъне он мақсад-ҳолати интиҳоӣ, ки таҳаввулоти низомро самтгир намуда, ҳолатҳои эътидолии низомро «кафолат» медиҳад. Он ҳолати худташкилёбии низом, ки дар он ҳанӯз аттрактор ташаккул наёфтааст, бенизомӣ (хаос) номида шуда, он дар сатҳи поён (микро) қувваеро ифода мекунад, ки барои гузариши низом ба реҷаи номуназзамӣ мусоидат менамояд. Тартибнокӣ аз бетартибӣ (ки нақши созандагироро дар раванди расидани низом ба яке аз аттракторҳо иҷро мекунад) тавлид меёбад. Худи бенизомию бетартибӣ (хаос) тартиботи мураккаби ботинӣ дорад ва аз ин рӯ, онро бо низомнокию тартиб набояд мутлақан зид гузошт. Ғояи «низомнокӣ аз бенизомӣ» баҳсҳои идеологиро ба миён овард. Сабаби ба миён омадани ин баҳсҳо аз он буд, ки «кишварҳои мутараққии ҷаҳон тибқи майли худ барои ҷорӣ кардани назму тартиби барояшон дилхоҳу зарурӣ дар ин ё он нуқтаи барояшон муҳими сайёра ҳар вақт метавонанд беназмиро эҷод кунанд» (К.Х.Делокаров); е) хусусиятҳои ғайрихатии нобаробариҳои дифференсиалии низом, нисбат ба нобаробариҳои дифференсиалии хусусияти ростхатӣ дошта на якто, балки якчанд роҳи ҳалшавӣ доранд.

3. Ҳангоми сахт тағйир ёфтани бузургиҳои асосии низом вай то «остонаи» устуворӣ наздик мешавад, ки аз паси он (агар низом барҳам нахeрда бошад) чанд роҳи имконии инкишоф барояш кушода мешавад. Ин «остона» нуқтаи бифуркатсия (англ. foқk – шоха ,чангак) ном дорад. Дар он хатти ҳаракати инкишофи низом ба ду «шоха»-и баробаримкони ҳаракати минбаъдаи низом тақсим мешавад, ки аз онҳо танҳо якеаш татбиқшаванда аст: дар ин ҳангом низом яке аз ин ду роҳҳои имконии инкишофро интихоб мекунад. Ба «интихоби шохае, ки баъди бифуркатсия пайдо мешавад», «флуктатсияҳо (аз лотинӣ, — лағжишҳо)-и сатҳи микроскопӣ» масъул мебошанд. Онҳо «он ҳодисаеро муайян мекунанд, ки ба вуқӯъ меояд». Худи флуктатсияҳо (лағжишҳо) бошанд, натиҷаи амалҳои фардиятӣ мебошанд» (И.Пригожин). Н.Н.Моисеев гузариши бифуркатсиониро ҳамчун «бозсозии босуръату бунёдии хусусияти инкишофи низом», тағйири ташкили фазоӣ-вақтии он маънидод кардааст. Бифуркатсия, ба ақидаи И.Пригожин: а) манбаи навовариҳои инкишофи таҳаввулии низом буда, маънои онро медиҳад, ки «табиат дар ҳама сатҳҳои ташкилаш созандаву бунёдкор мебошад»; б) баландтарин нуқтаи эҳсосоти низом нисбат ба ҳамагуна таъсироти дохилию берунӣ: дар қарибии он рух додани ҳатто камарзиштарин флуктуатсияи ин ё он бузургӣ метавонад низомро ба самти комилан нави инкишоф равона шудан водор намояд, ки ин ҳолат аз ноустувории олами мо дарак медиҳад. Ин, — менависад И.Пригожин, — ба «фанои Муайянӣ» (китоби охирини ӯ чунин ном дорад) оварда мерасонад.

4. Гузариши бифуркатсионӣ шароити гуногунхатӣ, яъне хусусияти гуногунсамтӣ ва алтернативӣ доштани таҳаввули низомро муайян мекунад ва аз ин сабаб «оянда ба мо пешакӣ дода нашудааст» (И.Пригожин), онро дар такя ба принсипҳои сабабият муайян кардан номумкин аст. Дар интихоби ояндаи инкишофаш низом ногузир бо тасодуф дучор мешавад, ки он дар синергетика мақоми бунёдиро касб намудааст. Дар ин қарина таҳаввул ҳамчун раванди гузаришҳои бифуркатсионӣ ҷилвагар мешавад, ки дар он, чун дар мeҳрабозӣ, унсури тасодуф ҳукмрон аст.

Аммо, чи тавре ки маълум аст, синергетика принсипҳои асосии худро дар рафти омӯзиши равандҳои номувозинатӣ дар термодинамика аниқ намудааст. Пас оё ин принсипҳоро дар мӯзиши ҷамъият корбаст кардан мумкин аст? Худи И.Пригожин амали нисбат додани ҷамъиятшиносӣ ба физикаро намеписандад, вале дар баробари ин чунин мешуморад, ки омӯзиши ҷамъият ҳамчун низоми мураккаб истифодаи истиораҳои синергетикиро имконпазир месозад: «ҳодиса ин ифодакунандаи пайдоиши сохтори нави иҷтимоӣ баъди гузашти бифуркатсия мебошад», таърих бошад, «мутассилияти бифуркатсия» мебошад. Ҳар як бифуркатсия бошад, «ҳам ба пешравиҳои мусбӣ ва ҳам ба қурбониҳои муайян сабаб мегардад», ки инро дар мисоли ҳар кадом инқилоб дидан мумкин аст. Ҳодисаи иҷтимоӣ-таърихӣ «сохтори хурдтарин» («микроструктура»)-и худро дорад ва дар он флуктуатсия амалӣ мегардад, ки онҳоро амалҳои фардии одамон ба миён овардаанд. Бинобар ин, чи хеле ки И.Пригожин қайд менамояд: «Олам як иншоотест, ки дар сохтмони он ҳамаи мо метавонем ширкат кунем».

Синергетика ба афкори фалсафӣ, ба эпистемология ва ҷаҳонбинӣ таъсири назаррасе расонидааст, чунки: а) аз онҳо ташреҳи мафҳумҳои «низомнокӣ ва бенизомӣ», «мавҷудият ва пайдоиш», «кушодагӣ», «мураккабӣ», «тасодуф» ва ғайраро дархост намудааст Номи баъзе таълифотҳои И.Пригожин ва дигар муаллифон – «Аз мавҷуда ба пайдошаванда», «Низомнокӣ аз бенизомӣ» — истилоҳотеро дарбар гирифтаанд, ки дар илм ҳанeз маъмул намебошанд; б) ба гуногунрангӣ мақоми онтологӣ дод, ҳол он ки дар хирадгароии аврупоӣ ҳамеша онтологияи Ягона ҳукумрон буд ва ин дар натиҷа зарурияти фарох сохтани моҳияти хирадгароиро ба миён овард; в) ҳадафгузориҳои навро дар рафтори фард ва ҷомеа муайян кард: «инсон зиндагонӣ карданро дар ин ҷаҳони ноустувор, номуайян, мураккаб ва кушод бояд омӯзад», вагарна «як қадами беэҳтиёт гузошташуда кофист, ки ӯ ба қаъри бетаг фурӯ афтад. Танҳо як бемулоҳизакорӣ – ва башарият мумкин аз рӯи Замин нест шавад» (Н.Н.Моисеев).

7.2. ПРИНСИПИ ТАҳАВВУЛОТГАРОИИ ГЛОБАЛӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИЛМИ МУОСИР

Ҳанӯз дар охири асри ҶIҶ олимонро носозгории парадигмалӣ дар миёни илмҳои биология ва физика ба ташвиш меоварад. Биология дар муттако бо назарияи таҳаввулоти Ч.Дарвин, ғояи созандагиро дар раванди таҳаввулоти системаҳои торафт мураккабтар ва мураттабноктарро ҳимоя мекард; физика, ибтидои дуюми термодинамикаро кашф намуда, ба хулоса дар бораи ногузирии афзоиши бефосилаи энтропия омад, ки натиҷаи он низоми алоҳида ба ҳолати баробарвазнии ҳарорати ба мақсад мувофиқ ва баргаштнопазир табдил меёбад, ки ин ба «адами» низом, фасодшавии он мутаносиб аст. То охири сеюми асри ХХ илми пешбаре, ки бунёди онтологии манзараи умумилмии оламро ташаккул медод, физика буд. Вале аз сабаби он ки дар ҳайати принсипҳояш принсипи таҳаввули низом ба мураккабшавии мураттабнок вуҷуд надошт, вай ба ғояҳои асосии таҳияи манзараи умумиилмӣ дохил карда нашуда буд. Ғояи инкишоф дар биология ҳамеша яке аз принсипҳои асосӣ буд, вале бо сабаби он ки вай илми пешбаранда набуд, ин ғоя дар манзараи илмии олам ба сифати ғояи бунёдӣ истифода намегардид. Номувофиқатии ғояҳои ду илмро бо ду роҳ рафъ кардан имкон дошт: ё мӯҳтавои назарияи таҳаввулотро дигаргун кардан, ё ба физика муносибати таҳаввулотро дохил намудан.

Рафъи номувофиқатии ин ғояҳоро, аз як тараф, назарияи кайҳоншиносии А.А.Фридман, аз тарафи дигар, таълимоти В.И.Вернадский оид ба биосфера ва ноосфера пешбинӣ карда буданд.

Дар ибтидои асри ХХ назарияи Коиноти васеъшаванда (назарияи «Таркиши бузург»)-и таҳиякардаи А.А.Фридман ба манзараи илмии олам ғояи таҳаввулоти кайҳониро дохил намуда, ба пайдоиши ғояи тағйироти таърихии Коинот ҳусни оғоз бахшид. Мувофиқи ин назария дар аввали таҳаввулоти Коинот (10-43 сония баъди «Таркиши бузург») таносуби ибтидоӣ, ки чор навъи таъсири мутақобила дар табиат: пуриқтидор, электромагнитӣ, заиф ва гравитатсиониро муттаҳид мекард, вайрон шуд. Баъди «Таркиши бузург» ин чор навъи таъсири мутақобилаи бунёдӣ дар табиат дар алоҳидагӣ вуҷуд доштанро сар карданд, ки ин имкон медод, то дар бораи навъҳои таъсири мутақобила на ҳамчун муваққатӣ (ё як бор) ва барои ҳамешагӣ додашуда, балки ҳамчун дар ҷараёни таҳаввулот пайдогашта сухан гуфта шавад. Мувофиқи назарияи А.А.Фридман, инкишофи таърихӣ (таҳаввулот) на танҳо ба организмҳои зинда, балки ба Коиноти том хос аст

Ба рушди ғояҳои таҳаввулоти универсалӣ инчунин таълимоти В.И.Вернадский оид ба биосфера ва ноосфера мусоидат кардааст, ки ғояи алоқаи ногусастании ҷараёнҳои саёравӣ ва кайҳониро асоснок намудааст. Биосфера, мувофиқи таълимоти В.И.Вернадский, — низоми худташкилшавандаест, ки ба инкишофи он на фақат хусусиятҳои хоси Замин ва Кайҳон, балки омилҳои антропогенӣ (фаъолияти одам) низ таъсир мерасонанд.

Дар зери таъсири афкори илмӣ ва натиҷаҳои фаъолияти инсон биосфера ба ҳолати нав — ноосфера таҳаввул мекунад. Ба ақидаи В.И.Вернадский, ҳаёт ҷараёни (физикӣ, геохимиявӣ, биологӣ) мукаммалест, ки ба таҳаввулоти кайҳонӣ дохил шудааст.

Аммо тафсири муосири принсипи таҳаввулгароии глобалӣ ё универсалӣ танҳо дар охири асри ХХ, дар натиҷаи пайвастани ғояи таҳаввулот бо принсипҳои синергетикӣ ба вуҷуд омад. Таҳаввулот акнун ҷараёни универсалии худташкилшавии низомҳои номувозинатӣ дониста мешуд, ки ҳамзамон дигаргуниҳои физикӣ-кимиёвӣ, биологӣ, иҷтимоӣ, антропологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Н.Н.Моисеев таҳаввулоти универсалиро чун барномаи омӯзиши худташкилшавии Коинот тавсиф мекард ва чунин меҳисобид, ки «ҳама таҳаввулоти универсалӣ… аз ҳисоби қувваҳои таъсироти мутақобилаи унсурҳои низоми Универсум амалӣ мегардад».

Универсалӣ будани принсипи таҳаввулоти глобалӣ бо далеле тасдиқ меёбад, ки вазъиятҳои худташкилшавии (таҳаввулоти) низомҳо дар шароити нобаробарвазн амалан дар ҳама илмҳо ба қайд гирифта шудааст: дар илмҳои оид ба замин ҳангоми омӯзиши ҷараёни лағжиши (дрейфи) қитъаҳо, чархзании атмосфера, шаклгирии абрҳо ва ғ; дар илмҳои биологӣ ҳангоми омӯзиши ташаккули генокод, динамикаи популятсияҳо, низомҳои экологӣ ва ғ.; дар физиология ҳангоми омӯзиши кори организмҳо дар маҷмӯъ ва ғ; дар тиб ҳангоми тадқиқи низомҳои сироятнопазир (иммуyнӣ) ва мисоли инҳо.

Тибби муосир ин саволи дар парадигмаи синергетикӣ ифодаёфтаро аз нигоҳи илмӣ комилан дуруст меҳисобад: организми инсон чи қадар хаос (бесарусомонӣ)-ро таҳаммул карда метавонад, то ки бемор нашавад? Принсипҳои синергетикӣ инчунин дар физикаи плазма, психофизиология, психотерапия, зимни омӯзиши низомҳои компютерӣ, ҳангоми таҳияи стратегияҳои идоракунии иҷтимоӣ ва қабули қарорҳо ва ғ. мувофиқан истифода мешаванд.

7.3. ХУСУСИЯТҳОИ АСОСИИ ИЛМИ БАЪДИҒАЙРИКЛАССИКӢ

Принсипҳои таҳаввулоти глобалӣ яке аз асосҳои бунёдии манзараи илмии олам дар илми муосир мебошад. Он мақоми умумиилмӣ дошта, ба пайдоиши хусусияти фаҳмиши илм, стратегияҳои маърифатии он ва асосҳои фалсафӣ-ҷаҳоншиносӣ мӯҷиб гардидааст:

1. Назари нав ба олам, ҳамчун ба низоми ғайристатсионарии таъсири мутақобилаи микро-, макро- ва мегасоҳаҳо ташаккул меёбад, ки ноустувориро нисбати бузургиҳои ибтидоии худ тавсиф медиҳад. Имконнопазирии дақиқ пешгӯӣ кардани натиҷаҳои таъсир ба ин низом фаҳмиши онро медиҳад, ки мо «наметавонем олами падидаҳои бесуботи атрофро пурра назорат намоем (Пригожин), олам «хизматгори мутеи мо» намебошад, бинобар ин ҳатто дар муттако ба хулосаҳои илм онро беандешона тағйир додан мумкин нест, зеро «тағйироти ба назар хеле хурд»-и «бузургиҳои бунёдӣ»-и биосфера ва тамоми Коинот «метавонанд ба… бозсозии пурраи он оварда расонанд» «Моисеев».

2. На танҳо он чиз хирадӣ эътироф карда мешавад, ки имкони ба дастоварии ҳақиқати қонунмонандро медиҳад, балки он чиз ҳам, ки ба бақопазирии башарият ва тарзи матлуби ҳаёт мусоидат мекунад. Ҳадафҳои тадқиқоти илмӣ, натиҷаҳо ва истифодаи амалии онҳо на бояд кафолати зинда мондани инсониятро фосид созад, меъёри беҳтарини кашфиёти илмӣ бошад, бояд меъёри мувофиқати он бо арзишҳо ва идеалҳои умумибашарӣ шавад. Масъалаи масъулияти олим барои оқибатҳои тадқиқоти илмиаш, инчунин талабот ба амалигардонии назорати гуманитарӣ дар илм ва технологияҳои баландсифат, экспертизаи экологӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарии лоиҳаҳои илмӣ-техникӣ ташаккул меёбанд. Зеро он замонҳо гузаштанд, ки дар он фаъолияти илмӣ неъмати бешубҳа ҳисобида мешуд ё ки натиҷаҳои он ҳамчун арзишоти нейтралӣ муайян мегардиданд.

3. Муқаррароти методологие ташаккул меёбад, ки тибқи он бояд мавҷудияти пайвастагии генетикии байни табиати зинда ва ғайризинда, инчунин мутобиқати олами инсонӣ бо оламҳои кабир ба ҳисоб гирифта шавад. Диди нави субъекти маърифат ва умуман инсон ҳамчун қисми таркибии табиат ба таҷдиди назари танқидии ҳукмронии инсон бар табиат оварда мерасонад. Экология бо сароҳати басанда нишон медиҳад, ки антропосентризм маҳдуд аст, «инсон на ҳоким ва на маркази Коинот аст».

4. Зарурияти эътирофи он пайдо мегардад, ки муколама на танҳо шакли зарурии маърифати гуманитарӣ, инчунин табиатшиносӣ буда, навъи нави хирадгароӣ мешавад, ки ошкороияти шуурро ба гуногунии нуқтаи назарҳо ва алоқамандии (иртиботи) ногусастании шуурҳои мухталифи фардӣ ва менталитети фарҳангҳои гуногунро эътироф мекунад. Ин ғояро Ю.Хабермас чунин ифода кардааст: «Ба ҷои он, ки ба хирад… табиатшиносӣ ва техника эътимод намоям, ман ба нерӯи офарандаи иртибот бовар мекунам».

5. Тафсири ғайриросхатии принсипи сабабият таҳия мегардад: мафҳуми худташкилшавии ботинии низом ворид карда мешавад, ки дар он на робитаи устувори сабабӣ-натиҷавӣ, балки тасодуф нақши муҳим мебозад, ки омили бо қонуниятҳои сабабияти ростхатӣ муайян кардани самти таҳаввулоти низоми бемувозинатиро имконнопазир мегардонад. Аммо тасодуф танҳо дар гузаришҳои бифуркатсионӣ бартарият дорад. Вай дар майдони бузургиҳои муайяни хоси низом «кор мекунад», бинобар ин, мутлақан худсарона нест. Баъди «интихоб»-и роҳи инкишофи низом дар нуқтаи бифуркатсионӣ аз нав сабабият амал мекунад ва ҳамин тавр то бифуркатсияи навбатӣ идома мекунад. Аз ин рӯ, принсипи синергетикии тасодуф принсипи сабабиятро пурра барҳам намедиҳад.

Бояд ба назар гирифт, ки назарияи синергетика принсипи (Сағsa aeqғat effectғm) – мутаносибии сабаб ба натиҷаро ноустувор менамояд. Онро нахустин маротиба Ч.Дарвин вайрон кард, зеро ӯ тасдиқ менамуд, ки организмҳои соддаташкил ба сатҳи баландтари ташкил таҳаввул карда метавонанд. Дар назарияи синергетика инчунин имконпазир будани тавлиди муташаккилӣ, низомнокӣ (яъне олӣ) аз номуташаккилӣ, бенизомӣ (яъне поёнӣ) эътироф карда мешавад. Зоҳиран ҳам Ч.Дарвину ҳам И.Пригожин мӯҳтавои принсипи христианӣ-догматикиро таҷдид карданд, ки мувофиқи он «дар байни натиҷаҳо ва сабабҳо айнияти дақиқ» вуҷуд надорад ва натиҷаҳо, ки худ «образҳои сабабҳо» мебошанд, аз онҳо ҳама чизро қабул намекунанд. Лекин тафовути мазмунии ин шаклҳои зоҳиран монанди ифодаи принсипи мазкур хеле калон аст: барои рeҳониёни масеҳӣ «сабабҳо барои натиҷаҳо дастнорасанд ва болотар аз онҳо мавҷуданд», бинобар ин, танҳо аз низомнокии нисбатан олитар, поёнӣ ҳамчун натиҷа пайдо шуда метавонад. Дар ин қарина назарияи таҳаввулоти Ч.Дарвин, монанди назарияи тавлиди муташаккилӣ, низомнокӣ (яъне олӣ) аз номуташаккилӣ, бенизомӣ (яъне поёнӣ), бо таълимоти фиқҳи масеҳӣ мувофиқат намекунад.

6. Аз омӯзиши «мавҷудбуда» ба омӯзиши «пайдошаванда», равандӣ ташаккулёбанда гиргардиш ба миён меояд. Қонуниятҳои инкишофи равандҳои табиӣ ва иҷтимоӣ бо омили интихоби доимӣ алоқаманд карда мешаванд, ки онро низом ҳангоми аз имкониятҳои зиёди инкишоф танҳо якеро интихоб кардан амалӣ менамояд. Ду навъи механизмҳо, танзимкунандагони чунин «интихоб» мавҷуданд: мутобиқатӣ, ки дар зери таъсири онҳо низом хусусиятҳои принсипан нав пайдо намекунад; бифуркатсионӣ, ки бо бозсозии қатъии низом вобастагӣ дорад. Дар ҳарду ҳолат «интихоб» ба принсипи умумии сарфаи энтропия тобеъ мешавад: агар дар ин гуна шароит якчанд навъи ташкили низомҳои материалии ба қонуни бақо ва дигар принсипҳо мухолифатнакунанда имконпазир бошанд, пас имконияти бештари тадбиқёбиро оне дорад, ки нерӯи берунаро самараноктар истифода мебарад.

7. Ҳудудҳои устувори байни методологияи маърифати табиатшиносӣ ва гуманитарӣ бартараф мешаванд. Фалсафаи илм ба тадқиқоти байнифаннӣ бо бартарияти унсурҳои гуманитарӣ табдил меёбад, ки ба туфайли он тадқиқи дониши илмӣ танҳо шаклу тарзҳои маърифати инсон мешавад. Тасодуфӣ нест, ки Тулмин барои дар асоси феноменологияи дониш таҳия кардани антропологияи фалсафӣ кӯшиш мекард.

8. Илм ба чунон як марҳалаи инкишоф расидааст, ки дар он барои ба вуҷуд овардани манзараи илмии ягонаю мукаммали олам, ки донишҳоро оид ба табиати зинда, олами ғайриорганикӣ, ҳаёти иҷтимоӣ муттаҳид мекунад, имконпазир гашт. Манзараҳои махсуси олам худмухториашро аз даст дода, қисмҳои таркибии манзараи умумиилмии олам мешаванд, ки дар он ҳама сатҳҳои ташкили олам ба тарзи генетикӣ бо ҳам алоқаманданд. Манзараи илмии муосири олам, ки бо «ягонагӣ дар гуногуншаклии онтологияҳои фаннӣ» асос ёфтааст, бо куллиятҳои фарҳанги муосир мутобиқ шуда, ҳамзамон онҳоро тағйир медиҳад.

9. Муттаҳидшавии байнифаннии илм ба амал меояд, ки зарурати иртиботи методологии байни онҳоро тақозо мекунад. Нақши миёнаравро дар чунин иртибот танҳо фалсафа бозида метавонад. Аммо вусъати тадқиқоти байнифаннӣ маъное надорад, ки илмҳои алоҳида мавҷудияти худро қатъ карда ва ба як илм табдил меёфта бошанад. Ин зуҳурот рӯй нахоҳад дод, зеро соҳаҳои гуногуни илм хусусияти хоси худро доранд, онҳоро ҳамдигарро пурра иваз карда наметавонанд; ғайр аз ин мавҷудияти ҳудудҳои «ғунҷоиши иттилоотӣ»-и субъект зарурияти тақсимоти андозавии (квантии) маҷмӯи донишҳоро ба миён меоварад. Афзалияти тадқиқоти байнифанние эҳсос мегардад, ки пеш аз ҳама ба дарёфти роҳҳои аз бӯҳронҳои глобалӣ баромадан, инчунин ба масоили маҷмӯан бузург равона шудаанд, ки ҳалли онҳо танҳо дар раванди кори якҷояи мутахассисони соҳаҳои гуногун имконпазир аст. Тамоили экологикунонии илм арзи ҳастӣ кард.

7.4. АХЛОҚИ ЭКОЛОГӢ, АСОСҳОИ ФАЛСАФИИ ОН

Он далелро, ки фаъолияти саноатии техникӣ-иқтисодии инсон ноустувории қаблан мавҷуднабудаи шабеҳмувозинагии (гомеостатикии) сайёра ва низоми экологии онро ба вуҷуд овард ва акнун ҳатто таъсироти нисбатан заифи нерӯӣ метавонанд оқибатҳои глобаливу ислоҳнопазири барои сайёра ҳалокатовар ба бор оранд, синергетика кашф намуд ва масъалаи ахлоқи экологиро боз ҳам заруру мубрам гардонид.

Этика (аз юн., ethos — ахлоқ, одоб, тарзи тафаккур) асосноккунии ин ё он низоми ахлоқист, ки мафҳумҳои некиву бадӣ, қарз, масъулият, шараф, маънои ҳаёт, ва ғ.-ро дарбар мегирад. Экология (аз юн., «oikos» — хона, ҷои зист, манзил) илм дар бораи муҳити атроф, ки ба он ҳам табиати органикӣ ва ҳам табиати ғайриорганикӣ дохил мешавад. Истилоҳи «Экология»-ро Э.Геккел ворид кардааст. Аммо экология ҳамчун фанни илмӣ, асосан биологӣ, соли 1900 пайдо гашт. Аз нимаи дуюми асри ХХ вай ба фанни асосан муттаҳидшудае табдил ёфт, ки зуҳуроти физикиву биологиро пайванд намуда, миёни илмҳои табиатшиносию ҷамъиятшиносӣ чун пул (кӯпрук) хизмат мекунад. Ахлоқи экологӣ, ки як қисми таълимоти умумии экологӣ буда, ба асосноккунии меъёру принсипҳои ахлоқие тахассус дорад, ки бояд одамон онҳоро зимни муносибат ба табиат чун дастур ба инобат гиранд.

Бӯҳронҳои экологӣ, ки тавассути аз ҳудуди ҷоизпазир гузаштани тағйироти муҳити атроф падид меояд, низомҳои табиатро ба ҳолати гузаришҳои бифуркатсионӣ мубтало мекунанд. Бо тафовут аз садамаи экологӣ, бӯҳрони экологӣ имконияти барқароршавии «низомнокӣ аз бенизомӣ (хаос)»-ро маҳфуз медорад. Намудҳои бӯҳронҳои экологӣ: а) ба таври табиӣ пайдошуда (онҳо дар тамоми давраи таҳаввулоти Кайҳон ва Замин зуҳур доранд, лекин то ин дам ба томияти биосфераи сайёраи мо таъсири муҳим нарасондаанд), б) сабабашон антропогенӣ, ки ба фаъолияти саноатӣ ва илмӣ-техникии одамон вобаста аст.

Масъалаи масъулияти инсон барои муносибати ғайриоқилонаву бепарвоёна бо табиат пурра дар асри ХХ, ки он айём бӯҳронҳои экологӣ дар миқёси сайёра паҳн гардиданд, яъне глобалӣ шуданд, сахт эҳсос шуд. Сабабҳои асосии онҳо: нахуст, бартарияти ҷаҳонбинии антросентристӣ дар тамаддуни Ғарб, ки мувофиқи он одам худро маркази коинот ва ҳокими табиат эълон кардаву қаноатбахшии номаҳдуди талаботи беохир афзояндаи худро аз ҳисоби истисмори табиат ҳақ мебаровард; дуюм, номувофиқатии қонунҳои инкишофи иҷтимоӣ-техникӣ, ки ба афзоиши азими «бо нерӯ муслаҳшавӣ»-и башарият вобаста аст, бо қонунҳои таҳаввулоти биосфера; сеюм, бемасъулияти инсон назди табиат дар шароити афзоиши иқтидори энергетикии таъсир расонидан ба он, яъне вуҷуд надоштани ахлоқи экологӣ ҳамчун танзимкунандаи муносибати инсон бо табиат.

Афзоиши талаботи моддӣ ҳудуд надорад: ҳар эҳтиёҷоти қонеъгардондашуда талаботи навро ба вуҷуд меорад ва ҳамин тавр беохир идомат меёбад. Тамаддуни истеъмолӣ таҷовуз ва зӯровариро на танҳо дар муносибати байни одамон, инчунин дар муносибати одамон бо табиат дар назар дорад. Дар ҷомеаи истеъмолӣ истеҳсолоти саноатӣ ба истифодабарии ваҳшиёна. номаҳдуди захираҳои табиӣ мубаддал мегардад, ки бо худ технологияҳои назоратнашавандаи ин истифодабариро дорад. Дар натиҷа харобшавии муҳити атроф, ҳалокати намудҳои алоҳидаи биологӣ бо суръати «қариб даҳ ҳазор намуд дар як сол» ва ғ. ба амал меояд. Имкониятҳои табиат, дар қаноатманд гардонидани талаботи беохир афзояндаи инсон ва ҳамзамон тавозуни энергетикиву экологии табииро вайрон накардан, маҳдуд мебошанд.

Илм, ки хусусияти инкишофи иҷтимоиву техникии муосирро муайян мекунад, аз масъулият барои бӯҳрони экологӣ озод буда наметавонад Зарур аст, ки тамоилоти арзишии илм тағйир дода шуда, ба этоси илмӣ масъулияти ахлоқиву иҷтимоии олимон дохил карда шавад.

Вале дар ин ҷо масъала пайдо мегардад: оё мумкин аст, ки андозаи ахлоқӣ нисбати илм истифода карда шавад, оё мумкин аст, ки роҷеъ ба илм ҳукми ахлоқӣ бароварда шавад. Ин масъалаҳоро файласуфи итолиёвӣ Э.Агатсси дар асари худ «Андозаи ахлоқии илм ва техника» таҳқиқ кардааст. Илм ба холис (назарӣ) ва амалӣ (техника ва технология) ҷудо мешавад, бинобар ин, масъалаи имкони баровардани ҳукмҳои ахлоқӣ оид ба илм бояд тафриқавӣ бошад. Тибқи ахлоқи анъанавӣ, агар ин ё амал бо оқибатҳои манфии пешбинишаванда сабаб мешуда бошад, пас чунин амалро иҷро кардан мумкин нест. Азбаски тадқиқоти амалӣ ҳамеша амалро дарбар мегиранд, бинобар, ин ҷо масъалаҳои аз назари ахлоқӣ қонунӣ будани ин амалиёт пайдо мешаванд. Бинобар ин, агар амали техникӣ ва технологӣ оқибатҳои ногузири пешбинишавандаи манфӣ ба бор орад, аз он даст кашидан ҳатмист. Яъне оқибатҳои истифодаи кашфиёти илмӣ бевосита ба баҳодиҳии ахлоқӣ мансубият доранд. Олимон барои оқибатҳои амалиёти худ масъуланд, агарчи онҳо дониста наметавонистанд, ки ин оқибатҳо манфӣ хоҳанд буд. Агар олим чизеро дониста метавонист, аммо бо кадом сабабе онро надониста мондааст, пас барои рафтори худ бояд ҷавобгар бошад.

Олимон масъалаи масъул буданро барои истифодаи техникии кашфиёти худ дар марҳалаи омодасозии нахустин озмоиши таркиши бомбаи атомӣ дарк намуданд. Агар то ин дам А.Эйнштейн тасдиқ мекард, ки «илм ба хотири илм вуҷуд дорад… ва ба худсафедкуниҳо… машғул нест», пеш аз озмоиши бомбаи атомӣ ӯ аллакай бо Н.Бор ва дигар олимон аз оқибатҳои манфии истифодаи ин ихтироъи илм ташвиш изҳор мекард. Аммо баъзе олимон ҳатто дар ин давра ҳам «боварӣ доштанд», ки «илм ба хотири илм вуҷуд дорад». Масалан, Э.Ферми, ки ҳангоми таркиши аввалин бомбаи атомӣ ҳузур дошт, ба ҳампешагонаш муроҷиат намуда, хитоб кард: «Шумо ҳамаатон мегӯед, ки ин даҳшат аст, ман намефаҳмам, барои чӣ. Ман чунин мешуморам, ки ин озмоиши олиҷаноби физикӣ аст». Вале тавре маълум аст, ин озмоиши «олиҷаноб» ба бомбаборонкунии Хиросимаву Нагасаки оварда расонд.

Ончи ба илми холис (назариявӣ) дахл дорад, чунон ки Э.Агатсси меҳисобад, мақсади ниҳоии он — дарёфти ҳақиқат — ҳамеша аз ҷиҳати ахлоқӣ қонунӣ мебошад. Кӯшиши ҷустани ҳақиқатро ахлоқан маҳкум кардан мумкин нест. Инчунин оид ба қонунӣ будани воситаҳои зеҳнии тадқиқот, яъне «асбобҳои хирад», ки илм истифода мебарад, масъала гузоштан мумкин нест. Илми холис барои оқибатҳои манфии истифодабарии ғояҳои худ аз ҷониби илмҳои амалӣ масъул нест, чунин меҳисобад Э. Агатси.

Лекин нуқтаи назари дигар низ вуҷуд дорад: масъалаи қонуниятмандии ахлоқӣ барои олимони назариётчӣ ҳам аҳамият дорад, зеро онҳо бояд бифаҳманд, ки тадқиқоташон, алалхусус дар соҳаи нерӯҳои пуриқтидор, генетика, биология дер ё зуд ба он оварда мерасонанд, ки дар асоси онҳо технологияҳои барои инсоният марговар сохта мешаванд.

Масоили андозаи ахлоқии илм — ин масоили масъулияти илм барои бӯҳрони экологӣ мебошанд, ки он вусъати ҷаҳонӣ касб кардааст.

Дар асоси кадом далелҳо доир ба масъулияти илм сухан кардан мумкин аст?

Якум, илм аз ибтидо чун фаъолияти маърифатие ташаккул ёфт, ки ба мутеъгардонии табиат ва истифодаи он бо мақсади қонеъгардонии талаботи инсон равона карда шуда буд, «хоҳ ба сифати предмети истеъмол бошад ва хоҳ ба сифати воситаи истеҳсол» (Гегел). Агар дар давраи пайдоиши илм даъвоҳои он бо меъёрҳои динӣ-ахлоқӣ маҳдуд мешуданд, пас минбаъд ин маҳдудиятҳоро худи илм рафъ сохт. Ба ин, аз як тараф, афзоиши раванди секуляризатсия (аз таъсири дин озод шудан), аз тарафи дигар, арзиши афзалиятнок гардидани манфиати худпарастонаи хусусӣ-моликиятӣ мусоидат карданд. Ғояи «ҳукмронӣ бар табиат», ки бо ягон арзиши динӣ-ахлоқӣ маҳдуд карда намешуд, имконият дод, ки ба хотири манфиати иқтисодиву сиёсии ҷомеа ва элитаи он «тобеъгардонии табиат» амалӣ гардад, дар натиҷа хавфи оқибатҳои манфӣ дар соҳаи экология ба миён ояд.

Дуюм, дар илм доираи фанҳои аз якдигар вобаста (физика, кимиё, биология ва ғ.) ба вуҷуд омад, ки Универсиуми аз ҷиҳати таҳлилӣ ҷудокардашударо меомӯзанд, вале бидуни баҳисобгирии хусусияти томи фаъолияти низомҳои экологӣ ва муҳити атроф. Бинобар ин, оқибатҳои манфии эклогии истифодаи амалии натиҷаҳои тадқиқоти илмҳои алоҳидаро пайгирӣ кардан номумкин аст. Масалан, соли 1947 олими швейтсарӣ Мюллер барои ихтирои заҳри кимиёвии ДДТ (дуст) барои мубориза бо ҳашароти зараррасон сазовори ҷоизаи Нобел гашт, дар соли 1961 бошад, оқибатҳои манфии экологии истифодаи ин заҳр ошкор карда шуданд. Маълум гардид, он ба ҳамаи олами зинда, аз ҷумла ба организми одам, таъсири ҳалокатовар мерасондааст.

Ғайр аз ин, инкишофи нобаробари фанҳои илмӣ ба пайдоиши мартаботи илм, ба «асосӣ» ва «дуюмдараҷа» ҷудо кардани онҳо мӯҷиб шуд. Тибқи анъана ба «асосиҳо» илмҳои бунёдии силсилаи физикиву кимиёвӣ тааллуқ дониста мешуданд, вале имрӯз ба қатори онҳо муҳандисии генӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дохил карда мешаванд. Кашфиётҳо дар соҳаҳои ин илмҳо бе далел «манфиатнок» шумурда мешаванд. Вале пешакӣ ҳисоб кардани оқибатҳои манфии имконпазири истифодаи техникии ин кашфиёт хеле душвор аст, зеро миёни ин илмҳои «асосӣ» ва илмҳое, ки муҳити табиат, биосфера ва биогеосенозҳои алоҳидаро меомӯзанд, робита вуҷуд надорад. Аммо, агар башарият дар бораи оқибатҳои имконпазири фаъолияти илмӣ-техникии худ иттилооти муайян надошта бошад, тавре ки Н.Н.Моисеев меҳисобад, ояндаи он «маҳолӣ» аст. Аслан инсоният чунин иттилоотро вақте дошта наметавонад, ки агар фаъолияти илмӣ-техникӣ ба гузариши бифуркатсионии низомҳои табиӣ сабаб гардад.

Ин вазъият масъалаи экологикунонии илм, ташкили этоси нави илмиро, ки принсипҳои ахлоқи экологӣ ва принсипҳои синергетикиро ба инобат гирифтааст, мубрам мегардонад. Этоси илмии тамоили экологидошта бояд низоми муайяни мамнӯъиятҳоро дар бар гирад: а) манъи дигаргунсозиҳои илмӣ-техникии табиат, ки хатари пайдоиши ҳолатҳои бифуркатсиониро доранд; б) манъи ташкили барномаҳои тадқиқотӣ, масалан омӯзиши моделҳои динамикии биосфера, агар «усулҳои махсуси муайян кардани бузургиҳои бӯҳронии сарбориҳо ба биосфера, ки тағйироти босуръати бузургиҳои онҳоро меангезанд», таҳия карда нашуда бошанд (Н.Н.Моисеев). Ба ақидаи Н.Н.Моисеев таҳияи «васоити ошкорсозии он минтақаҳои хатарнок, ки ба туфайли онҳо, ҳамчун қоида, дигаргуниҳои бозгаштнопазири пешгӯинашавандаи хусусиятҳои муҳити атроф оғоз меёбанд», зарур аст; в) манъи фаҳмиши низомҳои иҷтимоӣ ҳамчун низомҳои аз Коинот новобастабуда ва дар ҳастии худ мухтор, инчунин манъи муносибат ба табиат чун ба «муҳити атроф», ки таъсири онро ба муҳити иҷтимоӣ сарфи назар кардан мумкин бошад; г) манъи ба эътибор нагирифтани «қонунҳо»-и экология зимни ташкили ҳадафҳо ва методологияи фаъолияти илмӣ, инчунин заминаҳои технологии он. Олими америкоӣ Б.Коммонер чор «қонун»-и экологияро аниқ ифода кардааст: а) ҳама чиз бо ҳама чиз вобастагӣ дорад; б) ҳама чиз бояд ба ким-куҷое ғайб занад; в) табиат беҳтар «медонад»; г) ҳеҷ чиз муфт ба даст намеояд. Агар ин қонунҳо ба муносибати инсон бо биосфера имтидод карда шаванд, мувофиқан, чор хулоса ҳосил мешавад: а) биосфераро вайрон карда, инсон пойдевори ҳаётро вайрон мекунад; б) технологияҳои саноатии ва партовҳои онҳо, ки барои низомҳои экологӣ зарарноканд, ба ҳеҷ куҷо ғайб намезананд, балки дар табиат, биосфераи он абадӣ боқӣ мемонанд; в) биосфера низоми дараҷаи олист, мо танҳо метавонем ба қонунҳо ва маҳдудиятҳои итоат кунем ва онро идора ё бо низоми сунъӣ иваз карда наметавонем; г) агар одам қонунҳои табиатро вайрон кунад, табиат ҳамеша воситаи аксуламалро «меёбад».

Файласуфи рус А.Ф.Зотов менависад, ки набояд «ҳамту» аслиҳаи атомӣ, кимиёвӣ, биологӣ нест карда шавад, «ҳамту» корхонаҳои кимиёвӣ, нафтистеҳсолкунанда ва дигар корхонаҳои барои экология зарарнок вайрон карда шаванд, «охиран мумкин нест ҳатто манбаи ҳама кулфатҳо – олимон, муҳандисон нобуд, «илмҳо манъ» ва донишгоҳҳо пароканда шаванду баъд идораи исломӣ, православӣ ки ба арзишҳои азмиёнрафтаи хирадгароӣ асос наёфтаанд, барқарор карда шаванд… Хеле дер шудааст!»

Фақат як роҳи ягона мемонад: таҳияи ахлоқи экологӣ ба сифати танзимгари ахлоқии муносибати инсон бо табиат. Ба инсоният ҳамеша «нартсиссизми ахлоқӣ» дар муносибат на фақат бо табиат, балки инчунин бо дигар одамон хос буд, ки инро Иммануил Кант дар муназзими ахлоқие ифода кардааст: бо каси дигар чунон муносибат кун, ки мехоҳӣ бо ту ҳамон хел муносибат кунанд. Аммо дар ҳолати бӯҳрони глобалии экологӣ тақозо мегардад, ки аз «нартсисизм»-и ахлоқӣ дар муносибат бо табиат даст кашида, дарк карда шавад, ки бе ахлоқи экологӣ башарият ба марг маҳкум аст.

Ба принсипҳои асосии ахлоқи экологӣ инҳо дохиланд: а) маҳдуд кардани озодии инсон барои тағйир додан ва истифода бурдани табиат дар мубориза баҳри мавҷудияти рафоҳияти худ, маҳдудияти талаботи моддии инсонӣ, шаклдигаркунии онҳо мутобиқи имкониятҳои табиат оид ба таҳаммули сарбории антропологӣ; б) эътирофи масъулияти одам барои дигаргунсозии табиат; в) ивази истисмори зӯракии табиат ба муносибати оқилонаю эҳтиёткорона бо вай, таҳияи ахлоқ дар асоси принсипҳои эҳтироми табиат, ки ворид намудани мафҳумҳои виҷдони экологӣ, масъулияти фардӣ барои солимии Замин, муносибати ахлоқӣ бо Замин, эҳтироми арзишии онро дар назар дорад.

Мафҳуми ахлоқи глобалии экологӣ ду маъно дорад: а) масъулияти инсон на танҳо дар назди табиати зинда, инчунин дар назди табиати ғайризинда; б) хусусияти сайёравӣ, на танҳо минтақавии мамнӯъиятҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ.

Бисёр муҳаққиқон чунин меҳисобанд, ки ба ахлоқи экологӣ шомил кардани принсипҳои ҳамтаҳаввулотии табиат ва ҷамъият зарур аст. Ҳамтаҳаввулотӣ — ҳолатест, ки ду низоми инкишофёбанда чунон бо ҳам мувофиқат мекунанд, ки дигаргуниҳои дар як низом рӯйдода дар низоми дигар аксуламал намеангезад. Ба ақидаи олим В.И.Данилов-Данилян, доираи истифодаи дурусти принсипи ҳамтаҳаввулотии табиат ва ҷамъият номаҳдуд нест. Чунон ҳолатеро мутобиқати табиат бо инсон ҳисобидан ҷоиз аст, ки табиат он дам дар рафти таҳаввулоти худ механизмҳои махсуси ҷуброни ғалаёнҳои дар муҳити атроф ба вуҷуд меовардаи инсонро ташаккул медиҳад, агар ин ғалаёнҳо аз меъёрҳои таъсири мутақобилаи аз нигоҳи худи табиат ҷоиз убур кунанд. Илм то имрӯз ягон ҳодисаи аз ҷониби табиат офарандаи ин гуна механизми ҷубронкуниро ба қайд нагирифтааст, зеро офаридани он, ба ақидаи олим, амалан имконнопазир аст. Тағйироти таҳаввулотии муҳити атроф – ин пайдоиши намудҳои нави биологӣ мебошад, ки барои ташаккули ҳар яки онҳо на камтар аз 10000 сол тақозо карда мешавад. Ин суръати таҳаввулоти биологист. Суръати таҳаввулоти техникӣ бошад, яъне вақти ба ҳисоби миёна ба миёноии навовариҳои техникӣ, тақрибан 10 сол аст. Чунин фарқияти таҳаввулоти биологӣ ва техникӣ имконпазирии мутлақ шуморидани принсипи таҳаввулоти табиат ва ҷомеаро дар ҳар сурат барои тамаддуни муосир зери шубҳа мегузорад. Агар таҳаввулоти табиат ва ҷомеа ҳақиқатан ҳам татбиқпазир бошад, инсоният метавонад принсипҳои ахлоқии муносибати истеъмолӣ бо табиатро истифода бурда, зинда монад.

Асоси фалсафии ахлоқи экологӣ метавонад принсипи ифодакардаи А.Швейтсер «эҳтироми ҳаёт» бошад, ки «масъулияти бузург баҳри кулли ҳаёти зинда»-ро пешбинӣ мекунад. Инчунин асосёбии динӣ-масеҳӣ ва исломии ахлоқи экологӣ вуҷуд дорад. Бисёр мӯҳтавиёти «Қуръони шариф» ва «Библия» андешаҳоро оид ба зарурияти ғамхорӣ кардан ба табиат, ҳифз намудани онро дар бар мегиранд. Масалан, чӣ дар «Қуръони шариф» ва чӣ дар «Библия» гуфта шудааст, ки Заминро Худо офарида ва мунтаҳо ба Ӯ тааллуқ дорад. Ба мо танҳо идора намудани он боварӣ карда шудааст. Лекин идора намудан маънои ҳукмронӣ карданро надорад: мумкин аст, дар ҳаққи Замин ғамхорӣ кардаву масъулияти беҳдошти онро бар дӯш гирифта идора намудан. Боби аввали китоби муқаддаси «Библия» — «Ҳастӣ» ном дорад, ки таъкидан дар бораи марҳамати олами ибдоъшуда сухан рафтааст, ки арзиши табиатро ба сари худ, новобаста аз манфиате, ки ба мо иноят шудааст, таъйин мекунад. Роҷеъ ба арзиши табиат дар бисёр матнҳои Авесто ва Қуръон низ андешаҳо ба миён гузошта шудааст. Агар эътироф карда шавад, ки табиат бо иқтидори офариниши он муқаддас аст, пас барои табиатро арҷгузорӣ кардани инсон ба дигар асос эҳтиёҷе нест.

7.5.СТСИЕНТИЗМ ВА АНТИСТСИЕНТИЗМ

(ИЛМГАРОӢ ВА ЗИДДИИЛМГАРОӢ)

Дар марҳалаи илми баъдиғайриклассикӣ азнавбаҳодиҳии арзиши илм ва нақши он дар ҷаҳони муосир оғоз гашт, доир ба он, ки илммарказӣ ягона пойдевори имконпазири ҷаҳонбинонаи тамаддунҳост, шубҳаҳо баён шуданд. Вале аз сабаби он ки илми муосир на фақат маҳсули тамаддуни аврупоӣ, балки сарманшаи он, нерӯи таҳрикдиҳандаи он мебошад, масъалаи сарнавишти илм ҳамзамон ба масъалаи тақдирсозӣ ин фарҳанг табдил меёбад.

Баҳодиҳӣ ба нақши объективии илм дар ҷомеаи муосир ва оянда хеле мухталиф аст: вай байни стсиентизм (аз лот. «Scientia» — илм, дониш) ва антистсиентизм калавиш мехӯрад. Стсиентизм нисбати дин, санъат ва дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ба илм мавқеи болотарро муносиб дониста, нақши хоссаи онро дар фарҳанг ва умуман ҷомеа қайд менамояд. Ин мавқеъ дар фалсафаи позитивизм ва неопозитивизм пурратар ифода ёфтааст, ки онҳо илмро ҳамчун неъмату арзиши олӣ, ҳамчун воситаи комёбшавӣ ба ҳадафҳои муҳиму наҷиби ҷамъиятӣ (некӯаҳволии иқтисодӣ, бехатарии ҳарбӣ, ташкили васоити нави иртибот ва ғ.) меҳисобанд. Имрӯз стсиентизм бо назари технократӣ (ҳукмронии техника) ба инкишофи ҷомеа мепайвандад. Стсиентизм дониши табиатшиносиро меъёри ҳама гуна дониш шуморида, дигар ҳама роҳҳои донишро манфӣ баҳо медиҳад. Хушбинии стсиентистӣ он бовариро тавлид мекунад, ки дар асоси хулосаҳои илмӣ ҷомеаи «дуруст»-ро сохтан, ба инсонро некӯаҳволӣ ва саодатмандӣ расонидан мумкин аст. Асосгузори позитивизм (бинобар ин, асосгузори стсиентизм низ) Огюст Конт илмро шакли нави дин эълон кард, ки дар он эътиқод ба Худо бо боварии бечунучаро ба маърифати илмӣ иваз карда шудааст. Ин эътиқодро Карл Ясперс «хурофоти илмӣ» номид, ки «эътимоди назарбаландона» оид ба он аст, ки инсон «ба ҳайси ҳокими ҷаҳон метавонад бо ихтиёри худ сохтмони онро воқеан беҳтарин намояд».

Аммо дар асри ХХ оқибатҳои номатлуби илмҳои табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ, инчунин пешрафти техникӣ ошкор гаштанд: а) бӯҳрони глобалии экологӣ ба вуқӯъ пайваст; б) озмоиши иҷтимоии тадбиқи назарияи илмии сотсиализм бемувафақият гузашт; в) оҷизии илм дар ҳалли масъалаҳои мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, фаъолияти маънавӣ ва ахлоқии одамон маълум шуд. Дарки он, ки тавассути илм «дар олам тартибот ҷорӣ кардан» мумкин нест, илм наметавонад ҳадафҳои ҳаётро ифода кунад, иддаои он дар масъалаи дарёфти ҳақиқати ҳастии табиӣ ва ҷамъиятӣ хеле муболиғаноканд, вай зуҳуроти тадқиқшавандаи табиӣ ва ҷамъиятиро содда ва сатҳӣ мекунад, — атистсиентизмро ба миён овард.

Далелҳои антистсиентӣ бар муқобили илм: илм баҳри бадастоварии чунин мақсадҳои барои инсон ва ҷомеа муҳим, мисли амнияти экологӣ, мустақилияти шахсият ва ғ. мусоидат намекунад, балки баръакс мамониат эҷод менамояд; илм натавонист инсониятро аз фирефтасозиҳои шуури оммавӣ, шуғлварзӣ ба ирфон, беадолатиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, худсариҳои тамаъкоронаи стратегияҳои иқтисодӣ, субъективияти фисқварзонаи қарорҳои сиёсӣ наҷот диҳад; илм роҳи ягонаву дурусти раҳоӣ бахшидани одамонро аз гуруснагӣ, қашшоқии маънавию моддӣ наёфт.

Антистсиентизм чунин меҳисобад, ки ҳама нобаробариҳои илмро сабаб он аст, ки вай аз манфиатҳои ҳаётии одам канда шудааст. П.Флоренский (илоҳиётшиноси рус) навиштааст, ки «ҷаҳонбинии илмӣ сифатан ва миқдоран ҳамон андозаи асосиро, ки ҳама андозаҳои мо тавассути он муайян карда мешаванд, гум кард: худи инсонро».

Аммо тазод дар он аст, ки аз як тараф «одам наметавонад бо илм саодатманд бошад», аз тарафи дигар, «вай бе илм метавонад боз ҳам камтар саодатманд бошад» (Анри Пуанкаре). Бинобар ин, он масъала, ки илм арзиши мутлақ аст ё зиддиарзиш, яке аз масъалаҳои рӯзмарраи замони мо шуд.

Антистсиентизм ба дигаргуниҳои таҳаввулотӣ дучор гаштааст. Аз ҷумла, таҳлили танқидии асосҳои фалсафию методологии антистсиентизм, ки аз ҷониби Карл Поппер, Ст.Тулмин, Имре Лакатос, Паул Фейерабенд сурат гирифтааст, барои таҳаввули он аз позитивизм ба неопозитивизм ва постпозитивизм мусоиат кард. Дар давоми ин таҳаввулот иштибоҳи асосии ба некбинии стсиентистӣ хос вуҷуд дошт, ки бо ба илм нисбат додани имкониятҳои номаҳдуди маърифатӣ вобаста аст. Азбаски аз илм ҳалли масъалаҳои бунёдии ҳастии инсонро интизоранду вай ин масъалаҳоро ҳал карда наметавонад, одамон аз илм ноумед мешаванд ва дар натиҷа онҳо тадриҷан қарибулилмӣ (паранаука, аз юн. «paқa» — қариб), яъне ҳар гуна донишҳои соҳирӣ, ирфонӣ ва дигар дониши ғайрхирадиро дар илм тарҷеҳ медиҳанд. Дарки возеҳи ҳудуди имкониятҳои маърифати илмӣ зарур аст, чунки танҳо ҳамон вақт аз «иштибоҳи дукарата — ҳам таъзими хурофотӣ дар назди илм ва ҳам нафрат ба вай» гурехтан мумкин мегардад (Карл Ясперс). Илм наметавонад башариятро аз таназзули ахлоқӣ наҷот бахшад, чунин меҳисобид файласуфи итолиёвӣ Н.Абаняно (1901-1990), на фақат аз он ҷиҳат, ки техника ва «ҷунуни худсарона»-и вай аз илм оғоз меёбад, ҳачунин аз он ҷиҳат, ки илм рӯҳро, ки дар пеши худ масъалаҳои муҳимро доир ба ҳастӣ ва сарнавишти инсон мегузорад, бо хирад, ки асбоби оддиест барои бадастоварии мақсадҳои муайяне ҳамчун истеҳсоли воситаҳои моддӣ ё банизомдарории он чи, ки дода шуда ва дарк карда шудааст, иваз мекунад». «Хайдеггер дар ин ҳама, — менависад Абаняно, — васвасаи «шайтонӣ»-ро ошкор месозад». Боварӣ ба илм бе дарки дурусти имкониятҳои маърифатӣ ва ҳудудҳои вай ба он оварда мерасонад, ки ҳама кулфатҳои тамаддунро ба илм вобаста кардан оғоз меёбад.

Антистсиентизм гуногуншакл аст. Яке аз самтҳои онро, ки постпозитивист Паул Фейерабенд дар мақолаи бо унвони ба худ хос «Чи тавр ҷомеаро аз илм бояд ҳифз кард?» пешниҳод намудааст, дида мебароем. Мақола, ки дар рӯҳияи интиқоди шадиди илм навишта шудааст, бо ақидаҳои худи файласуф на он қадар мувофиқат мекунад. Ӯ ин ҷо мақсад гузоштааст,ки бо оҳанги ситезаҷӯёна ва ҳатто таҳдидҳои таҳқиромез бар зидди илм олимонро маҷбур кунад, то худро ҳимоят намоянд, яъне бар ҳимояи илм далелҳо оваранд. Дӯсти Паул Фейерабенд — Имре Лакатос, ки мувофиқи нақшаи якҷояашон бояд ба ақидаҳои ӯ зид мебаромад, вафот кард, аз ҷониби дигар олимон бошад, ин мақола умуман акси садои васеъ барнаангехт.

Аллакай аз худи номи мақола ҳувайдост, ки илм, аз назари Паул Фейерабенд, ба ҷомеа зарар мерасонад. Ба фоидаи ин фикри асосӣ ӯ як силсила далелҳо меоварад. Баъзеи онҳоро баррасӣ менамоем. Илм – ин ҳамон дин, ин ҳамон идеология аст. Ба илм ҳама бовар доштанд: анархист Кропоткин ташнаи вожгун кардани кулли ниҳодҳои анъанавии иҷтимоӣ, ғайр аз илм буд. Марксу Энгелс бошанд, мӯътақид буданд, ки илм ба аҳли меҳнат барои дарёфти истиқлоли зеҳниву иҷтимоӣ мадад мерасонад. Оё ин афрод иштибоҳ карда буданд? Ҳам ҳа ва ҳам не, мешуморид. Паул Фейерабенд. «Не» барои он, ки ҳар гуна идеологияе, ки занҷирҳои пешинаи шуурро бармеканад, ба озодии одам, ба маориф мусоидат менамояд. Илми асрҳои ҶVII-ҶVIII ҳукмронии ҷаҳонбинии динии асримиёнагиро барҳам зада, аслиҳаи озодиву маориф гашта буд. Аммо ин маъно надорад, ки вай то имрӯз ҳамин гуна аслиҳа боқӣ мондааст. Идеология метавонад вайрон шавад ва ба дини ғайриоқилона табдил ёбад, ки ин ҳол, чунон ки файласуф мешуморад, бо илми муосир ба зуҳур омад. Илми муосир зуҳуроту қонуниятҳои кашфкардаашро чун аҳкоми динӣ пешниҳод мекунад, афкори олимро бошад, оммаи васеъ ҳамчунон боэҳтиром қабул мекунад,чуноне ки афкори арбобони калисо дар асрҳои миёна қабул мешуд. Илм шаклҳои дигари маърифат (динӣ, ҳадсӣ ва ғ.)-ро иштибоҳ меҳисобад. «Имрӯз илм ҳамон қадар золимона аст, чун дин… Агарчи барои дигарандешии илмӣ одамонро дар қӯраи оташ намесӯзонанд, вале илм имрӯз нисбат ба «мулҳидон»-и илм тасвибҳои сахти ҷазодиҳӣ дорад». Илм, — меҳисобад Паул Фейерабенд, — истиқлоли андешаро пахш мекунад. Ин ақида дар байни мунаққидони таълимоти Иммануил Кант оид ба «хиради қонунгузор», ки он як навъ «полис»-и олами тафаккур ва маърифат шудааст, васеъ паҳн гардидааст.

Далелҳои стсиентизмро зидди атистсиентизм баррасӣ карда, Паул Фейерабенд аз онҳо дутоашонро ҷудо мекунад: 1) илм усули ягонаи дурусти бадастоварии натиҷаҳои ҳақиқиро кашф кард; 2) бисёр далелҳое ҳастанд, ки мукаммалии усули илмиро собит месозанд. Ин ҳарду далелро ӯ ботил меҳисобад. Якумаш нодуруст аст, мешуморид ӯ, барои он ки меъёрҳои баҳодиҳии натиҷаҳои ноилгаштаи илм мутлақ нестанд ва олимон меъёрҳоеро интихоб мекунанд, ки ба шароитҳои таърихӣ, ки интихоб дар онҳо воқеъ мегардад, мутобиқанд. Ибтикороти Поппер, Лакатос, Кун ва дигар файласуфонро баҳри дарёфти баҳодиҳии ҳақиқӣ будани назарияҳои илмӣ таҳлил карда, Фейерабенд арз мекунад: «Методологияи пешқадамтарине, ки имрӯз вуҷуд дорад, набудани методро ҳувайдо месозад». Далели дуюм бар фоидаи мақоми хоссаи илм эътибор медошт, мешуморад Фейерабенд, агар исбот карда мешуд, ки ягон соҳаи бо илм рақобаткунандаи дониш ягон вақт ба натиҷае ноил нагаштааст. Илм ҳама соҳаҳои ғайриилмии донишро инкор мекунад. Аммо имрӯз маълум аст, ки баъзе тарзҳои дарки ғайриилмии олам низ натиҷабахш мебошанд. Ҳамчун мисол Фейерабенд ба усулҳои ғайрианъанавии (шарқии) ташхиси тиббӣ ва таботат, ки аз тибби ғарбӣ комилан тафовут доранд, зуҳуроти аз дур даркнамоии ҳаводису фикрҳо (телепатия) ва фолбинӣ (телекинез), ки онҳоро илм инкор кардааст, комёбиҳои дину калисо дар бобати наҷоти рӯҳҳо, ки илм ин корро карда наметавонад, ва ғ. истинод менамояд. Бар зидди эътирофи хоссаи самаранокии илмӣ, таъйид мекунад Фейерабенд, он чиз низ шаҳодат медиҳад, ки илм дар бисёр ҳолатҳои муносиб донишҳои ғайриилмиро истифода бурда, натиҷаҳои матлуб ба даст овардааст. Масалан, Коперник ғояҳои пифагоргарои ноқисулақл Филолайро азбар кардааст. Филолай асрори пӯшидаи донишҳои ситорашиносии пифагориёнро оид ба он, ки Замин ҳам ба гирди худ ва ҳам ба гирди Офтоб давр мезанад, мунташир гардонда буд. Коперник ин ғояҳоро бар хилофи кулли принсипҳои усулҳои илмии ҳамонзамона дифоъ кард. Механика ва оптикабисёр чизҳоро аз косибони оддӣ, тиб аз момодояву азоимхонҳо иқтибос кардааст, мешуморад Фейерабенд.

Ин ва дигар ғояҳо нисбати илм ба Фейрабенд имкон доданд, ки чунин хулосаҳоро ифода намояд: а) илм бояд расман аз давлат ҷудо карда шавад, тавре ки дин ҷудо карда шудааст; б) ақидаҳои олимон оид ба лоиҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ набояд паноҳӣ бошанд, балки аз тамйизи арбобони ҷамъиятӣ гузаранд; в) нуфузи олимонро бо соҳирон, авлиёҳо, мунаҷҷимон ва ғ. тавозун кардан зарур аст. Ин олимонро водор мекард, ки онҳо мавқеи худро ҳимоят намоянд, ҳарчанд ба андешаи Фейрабенд, ин корро кардан на ҳар вақт осон аст; г) маорифро хеле тағйир бояд дод. Азбаски дар илми муосир амалан кадомин назарияҳои ҳамафарогири хирадӣ, ки ба мақоми устураҳои илмӣ даъво доранд, ҳукмронӣ мекунанд, дар ашхоси ҷавон қобилияташонро бояд тавре ташаккул дод, ки назариёти ботилу аз ақл берунро напазиранд, балки бархилофашон далелҳои мутақобил овардан инкишоф дода шаванд, дар донишҷӯён қобилияти мавқеи мустақилонаи худро эҷод кардан сайқал дода шавад.

Албатта, ақидаҳои Фейерабендро роҷеъ ба илм пурра пазируфтан мумкин нест, алалхусус, тавре ки қаблан гуфтем, худаш хонандаро бо мақсади муайян ба ҳайрат оварда буд: мехост ба муколама, ба эътироз даъват намояд. «Агар эътирозе набошад, — навиштааст ӯ, — пас ман ба танқиди илм давом медиҳам». Вале дар бисёр нуқтаҳои танқиди илм файласуф ҳақ буд. Масалан, ҳаққонияти танқиди ӯ оид ба бартарияту дахлнопазирии илм дар фарҳанги мо, ҳукмронии мутлақи он дар шуури ҷамъиятро эътироф накардан мумкин нест. Тақозои Фейерабендро нисбати асоснок кардани ин мавқе ба баҳс кашидан аз нуқтаи назари худи илм душвор аст. Инчунин усули фарзияҳои алтернативии ӯ низ маъно дорад: ғояи Попперро аз он хусус, ки олим набояд фарзияи худро аҳком созад, балки ба дарёфти далелҳои онро радкунанда бикӯшад, инкишоф дода, Фейерабенд ба олимон пешниҳод менамояд, ки ин ё он зуҳуротро ҳамзамон дар якчанд вариант, беҳтараш дар асоси алтернативӣ, бифаҳмонанд. Тавре маълум аст, усули фарзияҳои алтернативӣ кайҳо боз истифода бурда мешавад, махсусан дар он ҷое, ки ҳайати олимон ба омӯзиши ҳамон як зуҳуроти асрорангез машғул бошанд. Масъалаҳои пешниҳоднамудаи Паул Фейерабенд доир ба мавҷудияти илм аз ҳисоби андозсупурдагон, яъне масъалаҳои дастгирии давлатии илм низ тавзеҳ мехоҳанд. Ҳалли ин масъалаҳо муҳим аст, агар ба ҳисоб гирифта шавад, ки илми муосир манбаъҳо ва вазифаи худро «фаромӯш кардааст», мувофиқи қонунҳои худаш инкишоф меёбад, аксар вақт кораш қонеъгардонии рағбати олиме мешавад, ки таваҷҷӯҳ намекунад тадқиқоти ӯ чи оқибатҳо меорад ва ба мавҷудияти башар чӣ таъсир мерасонад. Хусусияти фаъолияти илмӣ бисёр вақт маҳз ҳамин хел одамонро талаб мекунад. Онҳо дарк наменамоянд, ки ба донишҳои ҳосилкардаашон дар қаринаи на танҳо манфиат, балки хатар ба инсоният низ нигаристан лозим аст. Масалан, Стсилард, ки аз оқибати таркиши ядроӣ огоҳ буд, Эйнштейнро итминон бахшид, то ӯ нома ба президенти Амрико Рузвелт нависад ва ӯро асоснок ба зарурати истеҳсоли он бовар кунонад, Ферми бошад, ҳангоми таркиши санҷиши бомбаи атомӣ ба сифати коршинос ширкат варзида, оромона суръати мавҷи таркишро андоза мекард. Танҳо Н.Бор аввал ба арбобони сиёсӣ, баъд мустақиман ба одамон бо ҳушдор оид ба масъулияти ахлоқӣ ба тақдири инсоният, муроҷиат намуд. «Агар мо ҳалок шудан нахоҳем», баҳри иттилоотгирӣ оид ба дониши ҳосилшуда манъкуниҳоро бояд барҳам зад. Одамон ҳақ доранд донанд, ки ин ё он кашфиёти илмӣ ба онҳо чӣ хатар дорад. Аммо манфиатҳои сиёсӣ ҷуғрофӣ-сиёсӣ намегузоранд, ки ғояи Н.Бор оид ба барҳам задании мамнӯъияти иттилоъёбӣ дар бораи дониш амалӣ гардад.

Карл Ясперс низ душвориҳои эътирофи бечунучарои стсиентизмро баррасӣ кардааст. Ӯ чунин ҳолатро мутазод меҳисобид, ки аз як тараф, илм имрӯз арзиши аз ҷониби ҳама эътирофшуда мебошад, аз тарафи дигар, мавқеи ҳақиқии илмӣ, дар нисбати асрҳои гузашта, камтар вомехӯрад. Аксари маълумотҳои илмӣ асоснок нестанд ва ҳамту ба онҳо бовар карда мешавад, худи таъинотҳои илмӣ дар «лабиринти таҳрифот» ҳамагӣ «пайроҳаи танг»-еро ишғол мекунанд.

Мавқеи нисбатан мӯътадилро дар нисбати илм Ясперс ишғол мекунад. Даъвоҳои асосии антистсиентизмро оид ба илм таҳлил карда, Карл Ясперс чунин мешуморад, ки мӯҷиби онҳо, дар навбати аввал, аз будаш баланд нишан додани имкониятҳои маърифатии илм, ба вай нисбат додани он хислате, ки вай ба он қодир нест, мебошад. Ӯ ба Иммануил Кант пайравӣ намуда, таъйид мекард, ки илм барои дарки олами ашё вазифадор аст, на ба дарки олам умуман. Вақте ки ба вай имконияти донистани оламро дар яклухтӣ нисбат медиҳанд, маҳз дар ҳамин ҷо нотавонии илм ошкор мегардад. Имкониятҳои маърифатии илм маҳдуданд. Ғалатфаҳмӣ доир ба ҳаматавоноии илмро фалсафаи хирадгароӣ аз Рене Декарт оғоз карда бо ҳар роҳ дастгирӣ менамуд. Ҳамин ғалатфаҳмӣ некбинии стсиентиро ба миён овард, ки мувофиқи он дар асоси натиҷаҳои илмӣ «ҷаннати рӯи замин»-ро сохтан мумкин аст. Вақте маълум шуд, ки илм формулаи «бахт»-и одамро додан наметавонад, аз вай ноумед гаштанд ва ҳатто муносибати «иртиҷоӣ» ба вай пайдо шуд. Дарки ҳудудҳои имкониятҳои маърифатии илм, ба ақидаи Карл Ясперс, наметавонад ва набояд инкори арзиши азими илм бошад, махсусан агар ба назар гирифта шавад, ки одам «ҳамеша бо ҳудудҳои худ бармехӯрад», ки асосан онҳо имконнопазирии «табобати ҳама бемориҳо», «рафъи марг» мебошад.

Вале бо вуҷуди ин зикр бояд кард: антистсиентизм барномаи воқеии нигаҳдорӣ ва инкишофи минбаъдаи тамаддунро пешниҳод намекунанд, зиддизеҳнӣ ва ғайрихирадӣ буданаш гумон аст, ки роҳи рафъи ду хатари асосии ҷомеаи муосир – нобудшавии муҳити зисти инсон ва фасодшавии шахсияти ӯро нишон дода тавонанд. Таҳлили танқидии илм, нақш, маъно ва вазифаи вай бояд на барои нест намудани хирадгароӣ чун ҷузъи муҳимтарин тамаддун, балки барои фаҳмиши танқидии принсипҳо ва асосҳои он, ба он шомил кардани рукнҳои ахлоқӣ ва гуманистӣ хизмат кунад. Илм, ки дар таърихи Аврупои нав зода шудааст, яке аз идеалҳои асосии маънавӣ-ҷаҳонбинии вай мебошад. Бинобар ин, аз он даст кашидан барои фарҳанги Аврупо боиси садамаи маънавии ҳамагонӣ мегардад. «Ҳар қадар, ки илмро дашном надиҳанд, вай алфаю омегаи (алифу беи) тамаддуни мост», — навишта буд Гадамер.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *