Фанни Фалсафа

Соҳаҳои модӣ ва маънавии ҳаёти ҷомеа

 

Ҷомеа  як навъ маҷмуи таърихан ташаккулёфтаи одамонест, ки бо ҳамдигар тавассути фаъолияти муштаракашон барои расидан ба аҳдофи барояшон умумӣ алоқаманданд ва дар ин раванд байни онҳо муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ ташаккул меёбад. Сохтори ҷомеаро маҳз муносибатҳои гуногунранги дар раванди фаъолияти муштарак шаклгирифтаву табақабандона бунёдшудаи байни одамон ташкил медиҳанд.

Ҷомеа чун низоми дилхоҳи зинда низоми кушодае мебошад, ки дар ҳолати мубодилаи муттасили модда, энергия ва иттилоот бо муҳити онро иҳотанамуда қарор дорад. Ҷомеа аз муҳити онро ихотакарда дида ташкилаи дараҷаи нисбатан баландтарро дорост. Барои худро ҳамчун том нигоҳ доштан он бояд доимо талаботи худро қонеъ гардонад: дар навбати аввал он талаботи моддии одамонро, ки характери аёнӣ ва таърихан тағйирпазир доранд, кушиши қонеъ гардониданро мекунад. Сатҳи қонеъшавии ин талаботҳо-талаботи моддӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ- нишондиҳандаи асосии самаранок амалкунии ҷомеа ҳамчун низом баромад мекунад. Инсон дар навбати худ бо барқароркунии робита бо муҳит онро азхуд ва дигаргун месозад.

Инсон воқеияти иҳотанамудаашро бо се тарзи имконпазир аз худ мекунад: тавассути азхудкунии ҳиссию амалӣ, азхудкунии назариявӣ ва билохир, азхудкунии арзишӣ.   Ҳамаи  ин се тарз он вақт маънои ҳақиқи  ва таъинотии худро сохиб мешаванд, ки агар ҷомеа фаъолият ва амал кунад, аҳдофи комилан мушаххасро пайгирӣ намояд. Вобаста ба чунин шаклхои азхудкунии инсон аз воқеияти онро ихотакарда дар фалсафаи иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиро ба сохаҳои алоҳида табақабандӣ менамоянд.

Дар ин табақабандӣ соҳаи истеҳсолоти моддӣ ҳамчун соҳаи муҳиму бунёдии ҳаёти ҷомеа дониста мешавад. Дар вахташ К.Маркс дар партави рушди анъанаи нигоҳҳо ба ҷомеа андешаи муҳимеро иброз дошт, ки «Одамон дар истеҳсоли ҷамъиятии ҳаёти худ муносибатҳои муайян ва зарурии ба иродаи худашон новобаста — муносибатҳои истеҳсолиро муқаррар менамоянд, ки ин муносибатҳо ба зинаи муайяни инкишофи кувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меоянд. Маҷмуӣ ин муносибатҳои истеҳсолӣ таркиби ихтисодӣ, базиси воқеие мебошад, ки бар он рӯбинои ҳуқуқи ва сиёсие қарор гирифта, шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятии ба ин зербино мувофиқи меоянд. Тарзи истеҳсолоти моддӣ сабабгори умуман равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳаёт мегардад». Ин тасниф  умуман ба озмоиши замон тоб овард, ҳарчанд ки худи проблемаи ҷудо кардану фаҳмидани соҳаҳои умумитарини ҷомеа аз  ҷониби олимон мухталиф   ҳаллу фасл карда мешавад.

Соҳаи истеҳсолоти моддӣ бо соҳаи фаъолияти назариявӣ (соҳаи умумии дуюм) зич иртибот дорад ва ин соҳа ба ҷомеа донишҳоро рочеъ ба он ки олам чи гуна сохта шудааст (оламе, ки ба дигаркунонии амалӣ гирифтор меояд) пешкаш месозад. Ин донишҳо шаклҳои хеле гуногун доштаву дар намуди илм,  анъанаҳо, астрология вуҷуд дошта метавонад. Дар ҳар мавриди дилхоҳ ҷомеа доиман иттилоотро дар бораи муҳити иҳотакардааш ҷамъ меоварад ва инро чун касбе барои доираи муайяни ашхос- коҳинон, ходимони масҷиду калисо, уламо, олимон қарор медиҳад.

Соҳаи сеюми умумитарини ҳаёти ҷомеаро фаъолияти одамон баҳри азхудкунии арзишии воқеият ташкил медихад. Ба ин, қабл аз хама фалсафа, ҳуқуқ, санъат, дин машғуланд. Арзишҳо сохаҳои истеҳсолоти моддӣ ва фаъолияти назарявиро ба ҳамдигар пайванд мебахшанд. Фаъолияти дилхоҳи мақсадноку бошууронаи инсонӣ барои ҳаёти ичтимоӣ, ҳаёти фардӣ  натиҷаи мусбатро ба даст оварда метавонад, агар инсон дар бораи аҳамиятнокию арзиши он тасаввурот дошта бошад. Ин соҳаи ҳаёти ҷомеаро инчунин соҳаи ҳаёти маънавӣ низ мегӯянд.

Ҳамрадиф бо се соҳаи умумитарини ишорашудаи фаъолияти ҳаётии одамон дар ҷомеа, ки ба се тарзи аз ҷониби онҳо азхудкунии воқеияти берунӣ  мувофиқат мекунанд, ба мавҷудияти боз як соҳаи умумитарин- соҳаи идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ (яъне идоракунии ҷомеа ҳамчун низоми томи худрушдёбанда) ишора намудан зарур аст. Аз лаҳзаи пайдоиши давлат идоракунии ҳаёти ҷомеа характери идоракунии сиёсиро мегирад ва бино бар ҳамин ҳам аксар маврид ин соҳаро соҳаи ҳаёти ҷомеа низ ном мебаранд.

Соҳаи дигари умумитарини фаъолияти одамон худи соҳаи иҷтимоист. Дар ин соҳа истеъмоли он чи сурат мегирад, ки дар соҳаи истеҳсолӣ дар истеҳсолоти моддӣ, дар илм, дар соҳаи арзишӣ-аз ҷониби инсон офарда мешавад. Ин истеъмолот дар айни замон истеҳсол ё ин и заминаи бозтавлидии инсон чун мавҷуди табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ низ ҳаст.

Панҷ соҳаи асосии фаъолияти ҳаёти одамон дар ҷомеа инҳоянд:

  1. Истеҳсолоти моддӣ
  2. Соҳаи истеҳсолоти дониши назариявӣ (илм)
  3. Соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ
  4. Идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ (соҳаи сиёсӣ)
  5. Соҳаи ҳаёти маънавӣ

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *