Фанни Фалсафа

Масъалаи инсон, шахсият дар фалсафа

 

Инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти  зинда дар рӯи Замин, субъекти протсессҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда аст.

Инсон падидаи беназиру  пурасрори эволютсияи табиӣ ва  таърихӣ аст. Табиати инсон чигуна аст, моҳияти инсонии вай чи тавр сурат мегирад, чи тавр ва дар чӣ зоҳир мешавад, ӯ аз дигар мавҷудоти зиндаи олам чӣ фарқ дорад, таъиноту маънои зиндагиву  фаъолияташ дар чист? Оё вай дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ва фаъолияти худ пуриқтидору тавоно номаҳдуд аст, ҳадду ҳудудҳои имкониятҳо, қобилияту талаботи ӯ чигунаанд-чунинанд масъалаҳои асосие, ки дар атрофии мафҳуми «Инсон» ба вуҷуд меоянд.

Инсон мавҷуди табиист, вале фақат мавҷуди табиӣ будан ҳадду ҳудуди охирини мавҷудияти ӯ нест. Ӯ мисли ҳайвонҳо фақат дар ҳудуди  қонунҳои табиӣ, зери таъсири онҳо зиндагӣ ва  кору амал намекунад. Антропосотсиогенез онро аз ин ҳолат берун баровард. Ба туфайли антропосотсиогенез зиндагӣ ва рафтору амали онро қонунҳои иҷтимоӣ, маданият ва ахлоқ ҳамроҳӣ ва муайян мекунанд. Дар сурати аз доираи таъсири ин қонунҳо берун мондан, вай ҳамчун субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ амал карда наметавонад, одамияте, ки дар антропосотсиогенез

ва инкишофи минбаъдаи таърихӣ ва маданӣ пайдокардаи худро гум мекунад.

Дар фалсафаи антропологии муосир доир ба пайдоиш, мавҷудият, табиат ва моҳияти инсон самту равияҳои гуногуни тадқиқотӣ вуҷуд доранд. Яке аз онхо экзистенсиализм (кал. лотинии «экзистенсия» — вуҷудият, вуҷуд доштан) мебошад, ки ба нотакрории ҳастии инсон дар олам диққати махсус медиҳад. Экзистенсиализм таълимоти фалсафиест, ки мувофиқи он инсон мавҷуди яккаву танҳои дар олам партофташуда аст, ҳама вақт худро зери хавфу хатар эҳсос мекунад, зиндагиаш мукаммал нест, аз ин сабаб ҳикматҷуӣ мекунад, то ки худро нигоҳбонӣ ва ҳифз кунад. Ин таълимот ба омузиши олами ботинии инсон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Мафҳуму категорияҳои асосии тадқиқотии экзистенсиализм «ҳастии инсон», «вуҷудияти инсон» (экзистенсия), «ҳеҷ», «танҳоӣ», «вазъияти духудуда», ё «вазъияти сарҳадӣ», «партофта­шуда», «номуайянӣ», «тарсу харос», «интизорӣ», «коммуникатсия», «фоҷиа», «даҳшат», «ноустуворӣ», «вазъияту ҳолати мудҳиш» аст. Мувофиқи таълимоти мазкур, тарсу ҳарос ва дар дунё яккаву танҳо вуҷуд доштани инсон вазъияту ҳолатҳои зиндагӣ ва ҳастии онро муайян мекунад.

Фалсафаи экзистенсиализм дар Германия (асосгузорони он Мартин Хайдеггер ва Карл Ясперс) дар заминаи таълимоти теологии Киеркегор, фалсафаи ирратсионалии Нитсше ва феноменологияи Гуссерл пайдо шудааст. Дар таълимоти Киеркегор ғояи «тафаккури экзистенсиалӣ» ғояи асосӣ аст. Ба ақидаи ӯ, агар таффаккур аз манфиатҳои назариявӣ ва абстрактӣ (умумигардондашуда) ба миён ояд, пас тафаккури экзистенсиалӣ ба ҳастии ботинии инсон, азобу азиятҳои мекашидагӣ ва азсаргузарониҳои он нигаронда шудааст.

Дар хусуси таносуби ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоии инсон ду нуқтаи назари ба ҳам хилоф вуҷуд дорад — биологикунонӣ ва иҷтимоигардонӣ. Назарияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки он бо номи параллелизм-мувозинати биологӣ-ичтимоӣ маълум аст. Мувофиқи он, инсон ҳам мавҷуди табиӣ-биологӣ ва ҳам мавҷуди иҷтимоӣ аст, чунки фаъолияту зиндагии он бе мубодилаи моддаҳо, протсессҳои табиӣ-биологӣ имконнопазир аст. Дар ин бобат ҷои баҳсу мунозира нест. Вале гап дар он аст, ки оё барномаи генетикӣ-биологии инсон дар худ барномаи пешакии ичтимоӣ, маданӣ ва фархангишавии худро дорад? Магар инсон дар чабҳаҳои гуногуни фаъолияту муносибатҳои чамъиятӣ инкишофи маданӣ, фархангӣ, касбу хунархои худ, мартабаҳое, ки он дар «протсесси таърихӣ»-и худ пайдо мекунад, дар геноми он дода шудаанд?

Ягон дастовардҳои таърихӣ, истехсолӣ, илмӣ, техникӣ, технологӣ, тамаддунӣ, маданӣ ва фархангӣ дар шакли органикӣ, дар вучуди инсон пешакӣ дода нашудаанд ва аз як насли одамон ба насли дигари онҳо ирси  намегузаранд. Таърихан дар заминаи бадани биологӣ хосиятҳои он ва барномаи ичтимоии инсон ташаккул меёбанд, вале мазмуну мундарича, моҳият ва таъиноти онҳо дар генҳо дода нашудаанд. Танҳо, таносуби комбинатсияхои онхо дар ҳар як фард барои «зоти инсон» умумӣ ва ҳам хислату хусусиятҳои нотакрори фардиро медиҳанд. Дар генҳо ва протсессҳои органикӣ, ки дар вуҷуди табий- биологии инсон ҷой дорад, хамчун протсесс ва мубодилаи органикӣ аз насл ба насл мегузаранд, лекин дар онҳо на назму наср, на мусиқиву сиёсат, касбу ҳунарҳои гуногун, на демок­ратия ва диктатура, на гулому гуломдор, на феодалу дехқони мутеи он, на буржуа ва коргари кироя, на таъинот, сифатҳои шоҳу гадо шудан ниҳон нестанд, ки баъд аз ба дунё омадани одамон илму техника, назму наср, сиёсат, дипломатия ва муносибатҳои ҷамъиятӣ шаванд. Дар ин ва боз дар садҳо тарзу шаклҳои касбу хунар, таъиноту сифатхои шахсӣ ва иҷтимоии инсон хамчун субъекти таърихӣ, генҳои пешакӣ махсусгардонидашуда барои тарзхои фаъолияту муносибатхои чамъиятӣ вучуд надоранд. Биология ва генетикаи инсон кулли хислатҳои табиӣ-органикии онро муайян мекунанд, ки онхоро бо шахсияти инсон якмаъно донистан мумкин нест, чунки одамон чун шахс таваллуд намешаванд, шахсияти онҳо дар зиндагиву фаъолияти ичтимоӣ ва муносибатхои ҷамъиятиашон ташаккул меёбад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *