Фанни Фалсафа

Илм шакли шуур ва ҳодисаи ҷамъиятӣ

Илм пеш аз ҳама мафҳуми фалсафӣ мебошад, ҳамчун чизи «нақд» вуҷуд надорад. Дар шуур ва эҳсосот инъикос карда мешавад.

Илм маҷмуи донишҳоест, ки дорои ҷаҳонбинии муайян буда, аз ҷиҳати мантиқӣ ва назариявӣ ба система дароварда шудаанд. Яъне системаи донишҳо дар бора иолам, дар бораи табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон, яъне олами материалӣ мебошад. Вай оламро ба воситаи мафҳумҳо ва қонунҳо инъикос карда, ҳақиқат будани худро дар амалияи ҷамъиятӣ месанҷад. Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс, мамлакат бе сиёсат (Саъдӣ).

Илм бисёрҷабҳа буда, тарафҳои моддӣ ва маънавӣ дорад. Аз сиёсат, ҳуқуқ ва ахлоқ фарқ дорад. Аз дин ҳам, аз санъат ҳам. Сохти ҳаёти ҷамъиятӣ мураккаб аст. Дар ҷамъият ду шакли истеҳсолот мавҷуд аст: маводҳои моддӣ ва маводҳои маънавӣ. Ҷавҳари илми қонунҳо ва мафҳумҳои илмӣ мебошанд. Хусусияти махсуси тафаккури илмӣ он аст, ки вай ҳамаи даъвоҳои худро бо фактҳои комил муайян карда, ба хурофотҳо ҷой намемонад. Қувваи илм дар он аст, ки ба далелҳои воқеӣ такя карда, аз онҳо хулосаи даркорӣ мебарорад ва дар ҳамагуна тасодуф ва ҷузиёт зарурат ва қонуниятро кашф менамояд, дар асоси онҳо пешгуӣ мекунад, ки аҳамияти бузурги амалӣ дорад. Илм се ҷиҳат дорад: ҳадисаи ҷамъиятӣ, шакли шуури ҷамъиятӣ ва институти иҷтимоӣ мебошанд. Илм аз Амалия пайдо шудааст ва дар асоси он тараққӣ мекунад. Талаботи истеҳсолоти моддӣ асоси пешбарандаи илм мебошад. Ф. Энгельс гуфта буд, ки агар дар ҷамъият эҳтиёҷи техникие пайдо шавад, илмро аз даҳ университет ҳам бештар тараққӣ медиҳад.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ, одатан барои ба даст даровардани воситаҳои зиндагӣ, бо табиат мубориза мебурданд. Дар ин мубориза онҳо дар бораи табиат донишҳои оддӣ, руякӣ ва таҷрибавие мегирифтанд, ки ҳануз илмро ташкил мекарданд. Илм фақат дар ҷамъияти ғуломдорӣ пайдо шуд.

Сохти илм аз се элемент иборат аст: 1) Донишҳои эмпирикӣ, 2) Донишҳои назариявӣ, 3) Донишҳои фалсафӣ ё методологӣ (ҷаҳонбинӣ). Заминаи асосии илм ҷаҳонбинӣ мебошад. Вай дар асоси инкишофи маданият ва тамаддун пайдо шуда тараққӣ мекунад. Илм намудҳои гуногун дорад: илмҳои техникӣ, хоҷагии қишлоқ, тиббӣ, ҳарбӣ, гуманитарӣ ва ғайра. Аммо ҳамаи онҳоро ба се намуд ҷудо кардан мумкитн аст: илмҳои табиатшиносӣ (табиатро меомузанд), илмҳои ҷамъиятшиносӣ (ҷамъиятро меомузанд) ва илмҳои техникӣ, ки пайдоишу тараққиёти олотҳои истеҳсолот ва касбу ҳунарро меомузанд.

Вазифаи илм аз он ибора аст, ки меҳнат ва зиндагии одамонро сабук кунад, ҳукумронии одамро аз болои табиат мустаҳкам намояд ва роҳи инкишофи тартиботи ҷамъиятро равшан нишон диҳад, Аз ин ру, ҳамаи олимони пешқадами ҷаҳон вазифаи илмро дар хизмат намудан ба халқи худ ва ба ватани худ медонад.

Олимони машҳур, ба монанди Ниготон, Коперник, Лобачевский, Галилей, Абуалӣ ибни Сино, Дарвин, Менделеев, Ломоносов, Эйнштейн, Сиоловский, Вернадский ва даҳҳо олимони ҳозира бо кашфиётҳои бузурги худ ба халқу ватанашон хизмати сазовор кардаанд ва карда истодаанд.

Илм ду ҷиҳати муҳим ё функсия дорад: ҷиҳати донишандузӣ, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳондонӣ ва прогностикӣ, пешбиникунандагӣ, ки дар прогрессии ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад.

Илм ҷаҳонбинии одамро васеъ намуда, одамро аз боқимондаҳои куҳна ва хурофотҳои динӣ озод менамояд ва сабаби ташаккули диалектикӣ – материалистии шуури онҳо мегардад.

Илм дар прогресси ҷамъиятӣ роли бузург мебозад. Аммо ба вай муносибатҳои иқтисодии ҳукумрони ҷамъият таъсир расонда, рафту инкишофи онро муайян менамоянд. Масалан, тараққӣёти пуравҷи истеҳсолоти капиталистӣ дар ибтидо ба инкишофи илм мадад расонд, барои тараққӣёт ва пайдоиши соҳаҳои он имкониятҳо фароҳам овард ва илми табиатшиносиро ба воситаҳои техники тадқиқот таъмин намуд. Махсусан, дар даҳсолаи охир илми табиатшиносӣ бо қвваи бузург тараққӣ карда, имконият дод, ки манбаъҳои нави энергетикӣ,моддаҳои арзони синтетикӣ кашф карда шуда, воситаҳои нави алоқа барқарор карда шаванд. Ҳамаи ин бошад инқилоби нави илми – техникиро дар ҷамъияти инсонӣ тайёр кард. Дар пеши инсоният имконияти реалии азнавсозии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият, ниҳоят сабук кардани меҳнати одамон ва ба воситаи ёрии кибернетикию информатикӣ, роботу ЭВМ, электроникию АСУ фоиданоктар намудани онро ба вуҷуд оварданд.

Илмҳои табиатшиносӣ худ ба худ ҳукми инсонро бар табиат ҷорӣ карда наметавонанд. Ҳукумронии одамонро бар табиат на фақат дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунада, на фақат инкишофи илм ва техника муайян мекунанд. Илмҳои табиатшиносӣ ба қувваҳои истеҳсолкунанда ва илмҳои ҷамъиятӣ ба муносибатҳои истеҳсолӣ вобаста мебошанд. Ҳукумронии одамонро бар табиат характери муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мекунанд.

Аз ин ру, илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ характери синфӣ (бевосита) надоранд, ҳол он ки илмҳои ҷамъитшиносӣ характери синфӣ доранд. Ё ин ки илмҳои табиӣ ба муносибатҳои истеҳсолӣ тобеъ нестанд, ҳол он ки илмҳои ҷамъиятшиносӣ тобеъ ҳастанд.

Тараққиёти ҳозираи табиатшиносӣ ва техника ба пешрафти илми ҳозира вобаста аст. Мафҳумҳои «Пргресси (пешрафти) илмӣ – техникӣ» ва «Инқилоби илмӣ – техники ҳозира» барои мамлакатҳои ду система (капитализм ва сотсиализм) оқибати иҷтимоии гуногун доранд.

Равандҳои инқилоби илмӣ – техникӣ: механиконӣ, автоматонӣ, электронӣ, эстстизатсия, кибернетизатсия, роботизатсия, информатизатсия ва ғайра мебошанд.

Илм торафт бештар дар протсесси тараққиёташ ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷамъият мубаддал мешавад, ки дар ин бора дар бобҳои пештара сухан рафта буд. Яъне илм ба монанди одам, олот, предмет ва воситаҳои истеҳсолот барин ба инкишофи ҷамъият ва инсон ва прогрессии ҷамъиятӣ сабаб шуда метавонад.

Раванди таърихии инқилоби илми – техникӣ ва инкишофи техника се марҳилаи асосиро дарбар мегирад: 1) тараққиёти олоти меҳнати дастӣ, 2) пайдоиши мошинҳо, 3) татбиқи автоматҳо дар истеҳсолот.

Пешрафти техникӣ муҳимтарин омили афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва аз ин ру, нишонаи дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият аст. Асрҳои XVII – XVIII замони тараққиёти бағоят пуравҷи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ибтидои пешрафти илмию техникӣ дониста мешаванд.

Марҳилаҳои инқилоби илмию техникӣ, ки дар асри ХХ оғоз шудаанд, аз инҳо иборатанд:

Марҳилаи механизатсия, яъне механиконӣ – мошинӣ шудани истеҳсолот, ки одамро аз меҳнати хастаю афгоркунадаи ҷисмонӣ раҳоӣ мебахшад.

  • Автоматизатсия, яъне автоматонӣ кардани истеҳсолот, ки бо комёбиҳои илмии соҳаи автоматика, электроника, техникаи ҳисоббарорӣ ва ғайраҳо алоқаманд аст.
    • Зинаи нави инқилоби илму техника, ки мо ба он расидаем, бо инкишофи пуравҷи микроэлектроника, информатика, биотехнология, сохтмони роботехника, компютерӣ шудани саросар ва ғайра алоқаманд аст.

    Моҳияти инқилоби илмию техники ҳозира маҳз ҳамин аст, қувваҳои истеҳсолкунандаи мавҷударо бояд дар асоси қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда шудани илм сифатан дигаргун созад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *