Фанни Фалсафа

Методхои эмпирикӣ ва назариявии дониш

Дар илм зинаҳои эмпирӣ ва назариявии тадқиқотро аз ҳам фарқ мекунанд. Ин фарқият ба якхела набудани, якум, тарзҳои (усулҳои) худи фаъолияти маърифатӣ ва дуюм, ба харакгери натиҷаҳои илми ҳосилшаванда асос меёбад. Тадқиқоти эмпирӣ муайян кардани програмаи тадқиқотӣ ташкили мушоҳида, таҷриба, тасвири (сабти) маълумоти аз мушоҳидаю таҷриба ҳосилшуда, таснифу ҷамъбасти ибтидоии онро тақозо менамояд. Тадқиқот таҳлилу ҷамъбаст ва шаҳри фактҳо, зоҳир кардани идеяю принсипҳо, қонунҳои онҳо ва ниҳоят баён кардани назарияеро тақозо менамояд, ки он як навъ афсари афкори илмист.

Тадқиқоти эмпирӣ маълумоти нав ба нави мушоҳидаю таҷрибаро ошкор карда дар назди тафаккури назариявӣ вазифаҳои нав ба нав мегузорад, онро ба такомулоти минбаъда ҳавасманд мекунад: дар ин бобат робитаи мутақобила амал мекунад. Гап дар он аст, ки дониши назариявии ғанишаванда дар навбати худ дар назди мушоҳида ва таҷриба дар назди тамоми эмпирия вазифаҳои торафт мураккаб мегузорад.

Тадқиқоти илмӣ на фақат «боло» рафтан, ба апарати торафт мукаммалтарин назариявӣ (ба таҳияи назарияи мунтазам) кӯшидан, балки ба сӯи «поён» рафтанро ҳам тақозо менамояд, ки бо ассимилятсияи ахбори эмпирӣ, бо кафшу пешгӯии фактҳои нав алоқаманд аст. Ҳар кадом тадқиқот на аз мушоҳида ва ҷамъ кардани фактҳо, балки аз кӯшиши ҳалли масъалаи маълуме сар мешавад, ки тахмин, пешгӯи, фарзияи маълуме ва гузориши масъала ҳамеша дар асоси он қарор гирифтааст.

  1. Шаклхои донишхои илми. Гузоштани масъала ва барномаи тадқиқот.

Одамон кӯшиш менамоянд, то чизи намедонистагиашонро дониста гиранд. Вале аввал онҳо бояд лоақал дар шакли умумӣ донанд, ки ҳоло чиро намедонанд ва чиро донистан мехоҳанд. «на ҳар кас медонад, ки барои донистани он ки донишаш то чӣ андоза кам аст, чӣ қадар бисёр донистан лозим», мегӯяд ҳикмати Шарқ.

Ҳар кас надонад ва надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадудаҳр бимонад.

Он кас надонад ва биданад, ки надонад,

Ӯ лашкари хеш ба манзил бирасонад.

гуфтатааст Абў Алӣ ибни Сино.

Проблема ин масъалаест, ки мо онро дар назди худи табиат, ҳаёт дар назди амалия ва назария мегузорем. Проблемаҳое, ки инсониятро «азоб медиҳад», нишонаи савияи тараққиёти вайанд: масъалаҳои ҷамъиятии қадима аз масъалаҳои ҳозира фарқи куллӣ доранд.

Баъзан аз ҳалли масъала дида ба миён гузоштани он душвортар аст: дуруст гузоштани масъала фаолияти ҷустуҷӯи афкор, ғайрати онро ба маҷрои дуруст равона мекунад. Вақте олим масъала мегузорад ва онро ҳал карданӣ мешавад, вай ногузир барномаи тадқиқот тартиб медиҳад, нақшаи ҷустуҷӯиашро муайян мекунад, системаи воситаҳои ба мақсади маърифати худ расониданро мулоҳиза менамояд. Дар ин ҳол вай ҷавоби эҳтимолии саволи гузашташударо ба асос мегирад. Ин ҷавобӣ эҳтимолии савол фарзия аст. Фарзия нуқтаю самти диди тахмини эмпирӣ буда, санчиши барномаи тадқиқот қарор меёбад, ки мақсад аз он аз ҷиҳати назариявӣ мулоҳиза ва дарк кардани объекти омӯхташаванда аст.

Мушоҳида ва таҷриба.

Масъаларо бо ду роҳ ҳал кардан мумкин аст: ахбори тайёрро ҷустан ё онро бо ёрии мушоҳида, таҷриба ва тафаккури назариявии мустақилона тадқиқ кардан лозим аст. Мушоҳида ва таҷриба ҳам дар табиатшиносӣ ва ҳам дар илмҳои ҷамъиятӣ усулҳои муҳимтарини тадқиқот мебошад. Дидаю пай бурда тавонистани ҷиҳатҳои муҳиму куллии он, ки аксари одамон сазовори эътибор намедонанд, сирру асрори навоварӣ дар илму санъат буда, ба ақли эҷодию мумтоз хос аст.

Вале одами фақат бо роли мушоҳид маҳдуд шуда наметавонад: чунонки маълум аст, мушоҳида чизи тайёри ҳаётро собит менамояд, вале тадқиқот таҷрибаеро ҳам талабменамояд, ки бо ёрии он объект ё ба таври сунъӣ офарида мешавад ё ба шароити талаботаш ба таври муайян пешбинишудае гузашта хоҳад шуд, ки ба мақсади тадқиқот мувофиқ бошад. Олимоне, ки ба таҷрибаю эксперимент умед мебанданд, бо камоли бовар мегӯянд, ки таҷрибаи оқилона андешидашуда ва моҳирона ташкил ёфта аз назария авлотараст: назарияи ба тамом рад шуданаш мумкин аст, вале таҷрибаи саҳеҳ муқараршуда рад нахоҳад шуд.

Таҷрибакор объекти меомӯхтагиашро аз таъсири омилҳои туфайлию дуюмдараҷае, ки моҳияти онро тира месозанд, ҷудо карда бо ҳамин фақат бо предмети тадқиқ мекардагиаш кордор мешавад. Дар рафти таҷриба шартҳо нафақат гузошта мешаванд, балки таҳти назорат гирифта, модификатсия шуда, чандин маротиба тағйир дода мешавад.Таҷриба маҳз ба ҳаминҳо асос меёбад. Мушоҳидаю таҷрибаи амалӣ ё фикри таваккалан ва бе мақсади муайян пеш гирифташуда натиҷаи босамар нахоҳад бахшид. Агар кас дар мағзи сараш ғояе надошта бошад, гуфта буд И.П. Павлов, фактро умуман нахоҳад дид.

Дар рафти маърифати илмӣ ба ном таҷрибаи фикрӣ ба кор бурда шуда, олим дар мағзи сараш тимсолҳои мухталифро пеши назар меорад, объекти мушоҳидаро фикран дар ин ё он шароите мегузорад, ки мувофиқи мақсадаш он мебоист ба ҳосил шудани натиҷаи матлуб мусоидат мекард. Ин адолат муҳокимаи назариявӣ мебошад, ки ба худ шукли таҷрибаро мегирад.

Таҷриба дутарафа аст: аз як тараф, он имкон медиҳад, ки фарзия санҷида ва исбот (ё рад) карда шавад, аз тарафи дигар, имкониятеро молик аст, ки маълумоти тамоман ғайри чашмдошт ошкор гардад. Ҷавобе, ки таҷриба медиҳад, баъзан ногаҳонӣ ҳам шуданаш мумкин аст ва дар ин ҳол таҷриба нахуст манбаи назарияи нав мегардад. Аз ин рӯ, таҷриба ҳам фаолияти амалӣ ва ҳам фаолияти назариявиро дар бар мегирад, ки дар ин ҷо фаолияти назариявӣ бартарӣ дорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *