Фанни Фалсафа

Одам дар маҷрои таърих

Фаҳмиши мушаххасу таърихии шахс. Дар ҷараёни таърих муносибатҳои мутақобили одам ва ҷамъият хеле тағйир ёфтанд. Дар баробари ҳамин мазмуну мундариҷа ва худи шахс ҳам дигар шуд. Агар давраҳои мухталифи таърихро аз мадди назар гузаронем, хелҳои сершумори шахсиятро мебинем, ки ба шаклҳои муайяни маданияту ҷаҳонбинӣ хосанд: антиқӣ, асрҳои миёна, замони Таҷаддуд, замони нав ва ғайра. Масалан, шахсияти асри ХХ аз шахсияти замонҳои на чандон дури таърих. Фарз кардем, аз шахсияти асрҳои ХV111 –X1X фарқи ҷиддӣ дорад. Ин на фақат ба замонҳои маъдании таърихӣ инсоният, балки ба табдили форматсияҳои ҷамъиятии иқтисодӣ ҳам алоқаманд аст.

Дар замони сохти қавмӣ манфиати сар ба саломат бурдани тамоми қавм (ва аз ин рӯ манфиати сар ба саломат бурдани ҳар фарди ҷудогонаи узви ҳамин қавм ҳам) манфиати шахсро маҳдуд карда, ҳар фарди калонсол ролу вазифаи ба вай супурдаи қавм ва аз рӯи анъана ба зимааш афтодаро иҷро мекард.

Баробари пайдоиши фарматсияҳои ғуломдори ва феодалӣ, маданиятҳои антиқӣ ва асрҳои миёна хели нави муносибатҳои фарду ҷамъият ҳам пайдо мешавад. Дар ин ҷамъиятҳо, ки дар онҳо синфҳои манфиатҳояшон мухталифу зидди ҳамдигар ташкил ёфтанд, давлату муносибатҳои ҳуқуқи расман танзимшудаи табитаҳояш низ барпо шуданд. Одам бешубҳа масъалаҳои заминиашро мустақилона ҳал карда метавонист, вале дар ниҳояти кор ва ба ҳар ҳол худро олати дасти қувваҳои кайҳоние медонист, ки дар идеяи қисмат таҷассум ёфтаанд. Ҳар кас қисмати худро дошт ва ихтиёр надошт, ки онро ба хости тағйир диҳад. Ҷаҳонбинии шахси замони антиқӣ асотири буд.

Ҷаҳонбинии шахсӣ пайрави дини насронӣ ба охират вобаста карда мешуд; сабаби будани ҳаёти маънавии вай, такомулоти рӯҳ, тарғиби ҳисси итоаткорӣ ва низ ҳамин аст. Ҷои унсури ҷисмониро гирифтани унсури рӯҳӣ ба назар мерасид, ки ин бо тайёрӣ ба охират алоқаманд буд. Ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти инсонро дин фаро гирифта буд ва ин тарзи ҳаёти муайянро талаб мекард. Ба шахси аввалҳои пайдоиши дини насронӣ қаҳрамонии шахси – серғайратӣ хос аст.

Дар муҳити нави маданӣ, ки бо гузаштан аз феодализм ба шаклҳои капиталистии хоҷагӣ алоқаманд буд, типи нави шахс тавлид меёбад. Дар замони Таҷаддуд озодии инсон, равшан дарк шуда, мухторияти худо мухторияти худи одам дониста шуда буд: минбаъд одам соҳиби тақдири худ дониста шуда, ихтиёраш дар дасти худ фаҳмида мешуд. Шахсияти типи худбини ҷаҳонбиниаш плюралистие ташаккул ёфт, ки дар фикру зикри чиз аст. Ҷои омилҳои маънавию ахлоқии вайро мақсаду мароми ратсионалию грамматикӣ мегирад.

 А. Шопенгауэр психологияи худбинонаро тавсиф намуда, мегуфт: ҳар кас мехоҳад, ки ҳокими ҳама бошад ва ҳамаи муқобилонро несту нобуд кунад, ҳар кас худро меҳвари олам мешуморад, ҳаёту беҳбудии худро аз дигарон авлотар медонад, барои қадре дарозкардани умри «ман»-и худ тайёр аст, ки тамоми оламро яксон созад.

Хорикаи бегонагӣ. Ҳодисаи бегонагӣ сазовор аст, ки дар борааш махсус сухан ронем. Ин хорика чӣ маъно дорад? Маънои васеи калимаи бегонагӣ ин ҷараёни ичтимоиест, ки дар аснои он натиҷаҳои фаъолияти одам қувваи мустақили бар худаш ҳукмрон ва нисбат ба худаш душмане мегардад. «Қувваи ичтимоӣ, яъне қувваи маҳсулдиҳи чандинкарата афзуда, ки ба туфайли фаъолияти якҷояи ба шарофати тақсими меҳнат пайдошудаи фардҳои гуногун… ба назари инфардҳо на ҳамчун қувваи муттаҳидаи худашон, балки чун қувваи бегона, ҳукми бар онҳо фармондеҳи менамояд, ки онҳо дар бораи пайдоишу тамоюли инкишофи он чизе намедонанд…»

Бегонагӣ аслан маҳсули изофаи қувваю қобилиятҳои моҳияти худро шайъигардонии одам буда, ин дар шароити тақсими меҳнат ва муносибатҳои ичтимои дар ҳамин муносибатҳо ва ҳатман парастидани онҳо мегардад. Ҳамаи ин халалёбии меъёрҳои рафтори ичтимоиро истисно не, балки, баръакс, тақозо мекунад. Хорикаи бегонагӣ, ки дар давоми тамоми таърихи инсоният (эҳтимол, ғайр аз ҷамоаи қавми бошад) ба назар мерасад дар шароити форматсияи капиталистӣ дар шаклҳои барҷаста зуҳур меёбад.

 К. Маркс дар аснои ҳаматарафа таҳлил кардани моҳияту мазмуни ҷамъияти капиталисти чандин аломати хоси ҳорикаи бегонагиро таъкид намуд. Дар соҳаи маънавии ҳаёти ҷамъият аз дин сар карда то идеалогияи авторитарӣ шаклҳои гуногуни идеалогияи расмӣ ташаккул меёбанд.

Фаъол шудани омили инсонӣ ва инкишофи мутаносиби шахс.

Дар таърих роли омили инсонӣ аҳамиятӣ пеш аз пеш калон пайдо мекунад. Ин ҷараёни комилан қонунӣ ва абъективист.Сабаби ин дар он аст, ки саҳми омили бошуурона дар амалияи ҷамъиятии таърихӣ назар ба омили стихиявӣ торафт зиёд мешавад. Ин шояд оқибати он бошад, ки дар шароити васеъ шудани арсаи фаъолияти дар миқёси умумиҷаҳони бо ҳам вобаста будани одам, табиат ва ҷамъият инсон фақат туфайли дар миъёси калони ичтимоӣ бошуурона ташкил кардани фаъолияташ ба пешрафт умед баста метавонад.

Таърихи инсоният рафти пойдор шудани озодии одам яъне ҷараёни беш аз пеш равнақу инкишоф ёфтани қувваҳои моҳиятии вай аст. Вале одам фақат ба андозае озод аст, ки шароити ҳастии ҷамъиятиаш ба ин имкон медиҳад. Пас озодӣ ба одам чӣ мебахшад? Қабл аз ҳама ҳуқуқи меҳнат, тақсими одилонаи неъматҳои модию маънавӣ иштирок дар корҳои ҷамъият, ба сифати қонеъкунонии талаботи асосӣ инкишоф ва татбиқи қобилияти худ, ҳуқуқи истироҳатро мебахшад. Роли ичтимоии шахс ҳар қадар калону муҳим бошад, масъулияташ низ бояд алалхусус зиёд бошад. Аз ҷумла сармояи бегона аз ҷиҳати иқтисодӣ озод кардани меҳнат асоси озодии ичтимоӣ ва сиёсии шахс мебошад. Вале ин кам аст. Сотсиализм ибтидои ташаккули марҳилаи таърихан нави инкишофи шахс – марҳилаи баланд шудани қадру қимати шахсияти инсон мебошад. Ин қабл аз ҳама дар ҳамаи шаклҳои демократияи сотсиалистӣ: дар муҳокимаи озодонаи масъалаҳои гуногуни идораи давлат, дар интихоботи умумихалқии органҳои намояндадор, дар ҳуқуқи худидораи коллективҳои меҳнатӣ ва ғайра ифода меёбад. Вале барои амалӣ шудани ин матлаб, яъне барои ҷомаи амал пӯшидани роли ҳақиқатан фаъолонаи одам дар ҳаёти ҷамъият такомулоти тамоми системаи сохти ҷамъиятию сиёсии давлати сотсиалистӣ, асоси ҳуқуқии он, инкишофи принсипҳои демократияи сотсиалистӣ ва ғайра дар назар дошта ва талаб карда мешавад.

Тарзи ҳаёти меҳнатиро дар назар доштан хусусияти асосии навъи шахсият мебошад. Агар дар ҷамъияти буржуазиӣ ҳам меҳнаткаш, ҳам капиталист нисбат ба шаклҳои меҳнат ва самараи он дар ҳолати бегонагӣ бошанд, пас дар ҷамъияти сотсиалистӣ меҳнат аз қувваи бегонаи бар шахс ва аз шакли асорат ба меҳнати асосӣ табдил ёфта шарти асосии дар системаи қиматҳои худифодаи шахсият мегардад.

Шуури гражданӣ ё сиёсӣ аломатҳои ҳатми навъи сотсиалистии шахсият мебошад: бе ин аломатҳо одам аз ҳамаи афзалиятҳои тарзи ҳаёти сотсиалистӣ, ки барояш муҳайё шудаанд, баҳраманд шуда метавонад. Вале гӯшанишинӣ, даст кашидан аз талаботу манфиати оқилона низ ба одами саветӣ бегона аст.

Фаҳмидани зарурати ба ҳам пайвастани манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ ва роли асосӣ доштани манфиатҳои ҷамъиятӣ хусусияти хоси навъи сотсиалистии шахсият мебошад: манфиати шахси ҷудогона ва манфиати оқилонаи кулл бояд мувофиқат кунад. Чунин аст диалектикаи воқеии инкишофи ҷамъият чун шакли иҷтимоии ҳаракати материя.

Пешрафт баҳри одам ва бо ёрии одам – масъала дар назарияи тезондани тарақиёти ичтимоию иқтисодии ҷамъият маҳз ҳамин тавр гузошта шудааст.Сарвати ҳақиқии ҷамъият одам аст; зиддиятҳои байни байни шахсият ва ҷамъият бояд бо роҳи мутаносибан ба ҳам як шудани онҳо, бояд тавре бартараф шаванд, ки тамоми сарвати мақсаду манфиатҳои ҷамъиятӣ бояд дар шахс таҷассум ёбаду мақсад аз тараққиёти ҷамъият пурра қонеъ гардондани талаботи оқилонаи ҳамаи аъзоёнаш бошад.

Вале ин протсес тахту ҳамвор ва автоматӣ набуда, барои бартараф кардани қолабҳои кӯҳна, тасаввурҳои маҳдуд ва ҳамаи он камбудиҳои «хурде», ки дар ақлу дили одамон баҳузур ҷой мегиранд, кушишу ғайратро талаб менамояд. Дар рафти ин такомулот бояд робитаи диалектикии кулл ва фард зоҳир шуда, дар он ифода ёбад, ки такомулоти яке шакли такмилии дигарӣ ва баръакс, такмили дуюмӣ шакли такомулоти якумӣ мебошад. Дар ниҳоятикор ҷамъият ба одам назар ба он ки одам ба ҷамъият медиҳад, зиёдтар дода наметавонад. Бинобар ин бо соҳаи соф манфиати шахсии худ маҳдуд шудани одам, фақат истеъмолро ба назар гирифтану сарфи назар сохтани боздеҳ, ба ном гӯшанишинии ихтиёри дар доираи соф талаботи шахсии худ хафнок буда, дар ниҳояти кор боиси адо шудани сарчашмаи қонеъкунандаи талаботи шахсӣ мегардад, ғайр аз ин нуқтаи назари ба ҷамъият муқобил гузоштанро рафтори зидди ҷамъиятӣ номидан мумкин аст.

Камол ёфтани одами нав хоҳиши субъективии касе набуда, балки талаби воқеии сохти нави ҷамъиятист. Идеали ҷамъиятии шахсияти мутаносибан инкишофёфта дар оянда чӣ хел хоҳад шуд? Вай кадом хусусиятҳои воқеии одамро таҷассум хоҳад кард? Ба фикри мо, дар шахсияти вай тамоми фазилатҳои беҳтарине, ки дар рафти инкишофи минбаъдаашон ба дараҷаи камолот расонда шудаанд, таҷассум меёбанд. Агар одами нав фақат ба шахсият ва танҳо бо ҷамъияту муносибатҳои мутақобили онҳо маҳдуд мешуд, идеали ҷамъиятии вай тамоман ноқис мебуд. Охир табиат шарти табиии мавҷудияти худи ҷамъият мебошад. Одам дар ин куллсозии ногузири ҳамаи эҳсосоту тафаккури инсонӣ аз мавҷудоти оқил ба сӯи мавҷудоти оқил ва маданӣ қадами қатъӣ пеш мегузарад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *