Год: 2017

  • Ҳуқуқ ва шахсият

    Ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд        Дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии давлатҳо, аз он ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон, категорияи «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» истифода шудааст. Ҳуқуқҳои инсон миллӣ нестанд. Онҳо мутааллиқи тамоми одамони замин, новобаста аз мансубияти миллӣ мебошанд. Ҳар як сокини Замин, ҳар як инсон, чун вуҷуди биологӣ,…

    Муфассалтар »
  • Инкишофи фаҳмиши ҳуқуқ дар замони имрӯза. Мафҳуми ҳуқуқ

    5.1.  Мафҳум  ва  таърифи  ҳуқуқ              Ибораи ҳуқуқ ба ду маънои асосӣ истифода мешавад: 1) умумииҷтимоӣ ва 2) юридикӣ. Ба маънои умумииҷтимоӣ ҳуқуқ, озодии рафтори инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, қоидаҳои рафтори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талаботҳои иҷтимоии ҷамъият аст. Ба ин маъно мафҳумҳои ҳуқуқи ахлоқӣ (маънавӣ), ҳуқуқи аъзоёни ҳизби сиёсӣ, ҳуқуқи…

    Муфассалтар »
  • Равияҳои афкори ҳуқуқии ҷаҳони муосир

    4.1.  Ҳуқуқ чун объекти таҳлилҳои арзишӣ        Ҳуқуқ омили муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, обекти таҳлили назарияҳои мухталиф гардидааст. Атрофи он баҳсу мунозираҳои зиёд ҷой доштанд ва мавҷуданд. Дар таърихи афкори ҷамъият нисбати ҳуқуқ ду нигориши асосӣ мушоҳида мешавад, ки вобаста ба онҳо ду равия ташаккул меёбад. Якумин ҳуқуқро ҳамчун неъмати…

    Муфассалтар »
  • Усулҳои илмии назарияи  ҳуқуқ ва давлат

     2.1.  Мафҳуми  усули  илм Усули илм гуфта маҷмӯи принсипҳо, тарзу воситаҳои таҳлили воқеиятро меноманд. Дар марҳилаи муосир бинобар мураккабии илм низоми усулҳои илмӣ низ мураккаб гардидааст, ки зарурияти таснифи онҳоро тақозо мекунад. Таснифҳои гуногун ҷой доранд. Ба сифати мисол тақсимотҳои зайлро овардан мумкин аст: а) усулҳои фалсафавӣ ва махсуси илмӣ;…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум  ва  мавзӯи  омӯзиши назарияи ҳуқуқ ва давлат

      1.1.  Назарияи  ҳуқуқ  ва  давлат  ҳамчун  илм  ва ҳамчун фанни  таълимӣ.  Мавзӯи  он   Назарияи ҳуқуқ ва давлат – маҷмӯи донишҳои айнӣ ва мураттабгаштаи илмӣ-назариявӣ ва методологӣ аст, ки тавассути онҳо воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ дарк карда мешавад.       Мавзӯи назарияи ҳуқуқ ва давлатро қонуниятҳои умумии пайдоиш, инкишоф…

    Муфассалтар »
  • Мақомоти СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

    1.Мақомоти асосии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Бо проблемаҳои и ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ба андозаи муайян ҳамаи мақомот ва муассисаҳои СММ машғуланд. Ғайр аз ин СММ мақомоте дорад, ки вазифаи асосиашон ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои эътирофгардидаи байналмиллалии инсон мебошанд. Инҳо Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон, Комиссари Олӣ оид…

    Муфассалтар »
  • СММ ва нақши он дар ҷаҳони ҳозира

    1.Созмони Милали Муттаҳид: таърихи ташкилёбӣ ва принсипҳои фаъолият Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти байналмилалии универсалии соли 1945 бо мақсадҳои зерин таъсисёфта мебошад: дастгири сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; андешидани тадбирҳои пурсамари дастаҷамъона барои пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳо ба сулҳ; бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ; рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо; амалисозии…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии низоми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

    1. Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон: махсусиятҳо ва навъҳо Ҳуқуқҳои инсон ва проблемаҳои ҳифзӣ он ҳанӯз дар замонҳои қадим таваҷҷӯҳи инсониятро ба худ ҷалб кардаанд. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон бо гузашти асрҳо тадриҷан барқарор гардида, дар санадҳои қонунгузории сатҳҳои гуногун таҳким ёфтаанд. Ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин ҳифзи онҳо чун проблемаҳои давлатҳои…

    Муфассалтар »
  • Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

    1. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ – институти ҷомеаи шаҳрвандӣ Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар баробари механизмҳои судӣ ва ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақшу мавқеи ба онҳо хосро доро буда, тавассути ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ амалӣ гардонида мешаванд. Ҷомеаи инсонӣ бо вуҷуди он ки барои ҳалли масъалаҳои идоракунӣ давлату ҳукумат созмон додааст, ба муттаҳидшавии…

    Муфассалтар »
  • Ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон

    1.Ҳокимияти судӣ: мафҳум ва аломатҳо Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз кунад. Функсияи асосии суд амалӣ гардонидани адолати судӣ аст. Адолатнокӣ категорияи ахлоқист, чун санги маҳаки баҳсҳост ва ҳар кас…

    Муфассалтар »
  • Ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон

    1.Ҳокимияти судӣ: мафҳум ва аломатҳо Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз кунад. Функсияи асосии суд амалӣ гардонидани адолати судӣ аст. Адолатнокӣ категорияи ахлоқист, чун санги маҳаки баҳсҳост ва ҳар кас…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

    1. Мундариҷаи механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва низоми онҳо Дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ мафҳуми «механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» васеъ тафсир мешавад. Агар калимаи «механизм» ба маънои аслӣ воҳиди даруни мошин ё таҷҳизоти томи техникиро ифода намояд, ба маънои маҷозӣ ҳамчун воҳиди сохтори томи низом фаҳмида мешавад, ки тавассути вай ин…

    Муфассалтар »
  • Чораҳои зиддиамали коррупсия

    1. Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст. Дар айни замон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Кодекси байналмилалии…

    Муфассалтар »
  • Чораҳои зиддиамали коррупсия

    1. Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия Яке аз шартҳои муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аст. Дар айни замон як силсила ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: Кодекси байналмилалии…

    Муфассалтар »
  • Оқибатҳои коррупсия ва таъсири он ба амалишавии ҳуқуқҳои инсон

    1. Коррупсия ва проблемаҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандӣ Эътирофи баробарии ҳама ва роҳ надодан ба табъиз нисбат ба одамон аз рӯи ҳамаи асосҳо меъёри мутамаддинӣ ва демократӣ будани ҳар як давлату ҷомеа аст. Соҳибият ба афзалиятҳо ва бартариҳои ноадолатона дар муқоиса бо дигарон ҳангоми иҷрои функсияҳои давлатӣ, дастрасӣ ба хидмати давлатӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи коррупсия ҳамчун зуҳурот

    1. Мафҳум ва моҳияти коррупсия Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Вай рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз кӯдакон умедро ба оянда кашида мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи пардохтани андозҳо ва боҷҳои муқарраркардаи қонун

    1. Ҳуҷҷатҳо оид ба андозҳо ва боҷҳо Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (03.12.2004), Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Пардохти саривақтии андозҳо…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ

    1. Вазифаи ҳифзи табиат Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст. Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи ҳифзи ватан ва манфиатҳои давлат ва ҷомеа

    1.Ҳуҷҷатҳо дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ Барои одамон хонаашон пеш аз ҳама Ватан аст. Вай чун модари ягона ва такрорнашаванда мебошад. Чунон ки модарро интихоб намекунанд, Ватан ҳам интихобнашаванда аст. Ҳифзи Ватан пеш аз ҳама ҳифзи хонаи худ ба шумор меравад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон

    1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқукие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

    1. Мафҳум ва мундариҷаи вазифаҳои инсон ва шаҳрванд Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф-давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм — шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад. Ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо принсипи муҳимтарини ҷамъияти мо мебошад, ки тавассути…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи таҳсил

    1.Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил Ҳуқуқи ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқи муҳимтарини фарҳангӣ мебошад. Вай бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҳким бахшида шудааст. Чунончи, дар моддаи 26-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: “Ҳар як инсон ҳуқуқи таҳсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва миёна бояд бепул бошад. Таҳсили ибтидоӣ бояд…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа

    1.Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва шаклҳои истифодаи он Ҳар кас, сарфи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, истифодаи муассисаҳои фарҳангӣ ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ дорад. Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ шаклҳои васеи вобастагӣ ба онро асоснок гардонида, ҷаҳони маънавии ҳар одамро ғанӣ мегардонад.…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ

    1. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангии инсон: мафҳум, хусусиятҳо Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳо мебошанд, ки рушди маънавии инсонро кафолат дода, ба кас кӯмак мекунанд, иштирокдори пешрафти маънавӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гардад. Онҳо аз ҷониби инсон дар раванди фаъолияти маънавӣ ва эҷодӣ ва шиносоӣ бо зебоӣ амалӣ гардонда мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ

    1. Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ: мафҳум, аҳамият Талабот ба таъминоти иҷтимоӣ ҳамзамон бо пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ба миён омад. Сарфи назар аз сохти сиёсию иқтисодӣ дар ҷомеа ва давлат одамоне ҳастанд, ки бо сабабҳои табиии ба онҳо вобастанабуда наметавонанд эҳтиёҷоти худро бо қувваи хеш таъмин созанд. Ба онҳо гурӯҳҳои гуногуни…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ бо ҳифзи саломатӣ

    1. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ: мафҳум, аҳамият Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 38) ҳуқуқи ҳар кас ба саломатӣ таҳким бахшида шудааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгӯи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба манзил

    1. Ҳуқуқ ба манзил: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 36) муқаррар шудааст, ки ин ҳуқук бо роҳи амалӣ сохтани сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда мешавад. Дар моддаи 22- и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи ташкили оила. Ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ

    1. Моҳияти ҳуқуқи ташкили оила Ҳуқуқи ташкили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ аст, зеро ҷамъияти инсонӣ бе оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз сатҳи некӯаҳволии оила вобаста аст, ки ин ё он ҷомеа дар кадом сатҳи рушди маънавию моддӣ қарор дорад. Ҳуқуқи ташкили оила ва зери ҳимояи давлат қарор…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ

    1.Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон: мафҳум, мундариҷа Ҳукуқҳои иҷтимоӣ дар маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таъмини адолати иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, зеро онҳо озодии инсонро дар соҳаи иҷтимоӣ таъмин карда, имконияти ҳимояи манфиатҳои ҳаётии инсонро фароҳам меоранд. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ чун ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳуқуқҳои насли дуюм…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба истироҳат

    1. Ҳуқуқ ба истироҳат: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқи муҳимтарини ҳар як инсон дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба истироҳат мебошад. Ҳуқуқ ба истироҳат бо ҳуқуқи ҳар инсон ба меҳнат, шароитҳои боадолатонаю мӯътадили меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо, масалан, ҳуқуқҳои шахсӣ ва фарҳангӣ зич алоқаманд аст. ? Фикр кунед ва мисолҳои алоқамандии…

    Муфассалтар »