Месяц: Ноябрь 2017

  • Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ

     1. Фаъолияти сармоягузорӣ 2. Фаъолияти ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ Фаъолияти сармоягузорӣ Дар фаъолияти сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Фаъолияти сармоягузорони хориҷиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорони хориҷӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мегардонад (дар таҳрири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.02.с.1996…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи ҳуқуқии низоми андоз

     1. Усул ва вазифаҳои андозбандӣ 2. Гурӯҳҳои низом (система)-и андоз 3. Андозсупорандагон Усул ва вазифаҳои андозбандӣ   Андоз, молиёт гуфта, пардохти ҳатмӣ, инфиродии беподошро меноманд, ки аз ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷи ва   шахсони воқеӣ дар шакли бегона кардани маблағи ба онҳо ба ҳуқуқи моликият, хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҳуқуқии суғурта

      1. Мафҳум ва вазифаҳои суғурта 2. Муносибатҳои ҳуқуқии суғурта. Шаклу намудҳои суғуртакунӣ 3. Шартномаҳои соҳаи суғурта Мафҳум ва вазифаҳои суғурта Суғуртакунонӣ фаъолиятест, ки ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ  ва ҳуқуқиро аз оқибатҳои ҳодисаҳои  муайяни ғайричашмдошт (ҳолатҳои суғуртавӣ) аз ҳисоби  фондҳои пулии  аз пардохтҳои  (ҳақи аъзогӣ) ташкилёфтаи  онҳо  таъмин менамояд. Дар шароити…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҳуқуқии баҳисобгирии  муҳосибавӣ ва фаъолияти аудиторӣ

      1. Баҳисобгирии муҳосибавӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ 2. Танзими ҳуқуқии фаъолияти аудиторӣ 3. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аудиторони инфиродӣ  ва ташкилотҳои аудиторӣ. Хулосаи аудиторӣ Баҳисобгирии муҳосибавӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ Баҳисобгирӣ ва арзёбии фаъолияти хоҷагидорӣ асосан дар шакли баҳисобгирии муҳосибавӣ анҷом дода мешавад. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои мавриди баррасӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар…

    Муфассалтар »
  • Танзими ҳуқуқии ҳисоббаробаркунӣ

    1. Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ 2. Ҳисоббаробаркунӣ  бо супоришномаи пардохт 3. Аккредитив 4. Инкассо 5. Бечунучаро аз суратҳисобҳо соқит кардани маблағ 6. Чек 7. Мафҳуми шартномаи суратҳисоби бонкӣ 8. Қоидаҳои аз тарафи бонк иҷро кардани амалиётҳо аз рӯи суратҳисобҳо Ҳисоббаробаркунии нақдӣ ва ғайринақдӣ Дар қонунгузорӣ ду шакли пардохт дар қаламрави…

    Муфассалтар »
  • Танзими ҳуқуқии маблағгузорӣ кардан ва қарз додан барои фаъолияти соҳибкорӣ

    1. Шартномаи қарз 2. Шартномаи кредит 3. Вексел 4. Маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаби пулӣ (факторинг)   Шартномаи қарз Мутобиқи шартномаи қарз як тараф (қарздиҳанда) ба  тарафи  дигар (қарзгиранда) ба моликият  пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда ӯҳдадор мешавад, ки ба қарздиҳанда  ба таври якдафъаина  ё…

    Муфассалтар »
  • Танзими ҳуқуқии фаъолияти якҷоя

    1. Тавсифи шартномаи ширкати оддӣ 2. Ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти иштироккунандагони шартномаи ширкати оддӣ Тавсифи шартномаи ширкати оддӣ Мутобиқи шартномаи фаъолияти якҷоя ширкати оддӣ (шартнома оид ба  фаъолияти  якҷоя)  ду ё зиёда ашхосе, ки шарикон номида мешаванд, ӯҳдадор мегарданд ҳиссаи худро муттаҳид намуда, якҷоя бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ барои ба…

    Муфассалтар »
  • Идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол

    1. Тавсифи умумии шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол 2. Ҳуқуқу ӯҳдадорӣ, масъулияти сардори ваколатдор Тавсифи умумии шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол Аз рӯи шартномаи идораи ба боварӣ асосёфтаи амвол як ҷониб (муассисаи идора) ба ҷониби дигар (сардори ваколатдор) ба мӯҳлати муайян барои идораи ба боварӣ асосёфта амвол медиҳад…

    Муфассалтар »
  • Кироя (иҷора)

    1. Тавсифи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол 2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо аз рӯи шартномаи кироя (иҷора)-и  амвол 3. Пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартномаи кироя  (иҷора)-и амвол 4. Иҷораи бинову иншоот 5. Тавсифи шартномаи иҷораи корхона 6. Тавсифи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) Тавсифи шартномаи кироя (иҷора)-и амвол Ҳуҷҷати асосие, ки муносибатҳои…

    Муфассалтар »
  • Дигар шартномаҳои фаъолияти соҳибкорӣ

    1. Тавсифи шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ (озмоишӣ)-ю  конструкторӣ ва  корхои технологӣ 2. Шартномаи хизматрасонии пулакӣ 3. Шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ 4. Шартномаи нигаҳдошт 5. Шартномаи супориш 6. Шартномаи комиссия 7. Шартномаи консессияи тиҷоратӣ   Тавсифи шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ (озмоишӣ)-ю  конструкторӣ ва  корҳои технологӣ Мутобиқи шартномаи корҳои илмию тадқиқотӣ…

    Муфассалтар »
  • Шартномаи хариду фурӯш

     1. Мафҳуми шартномаи хариду фурӯш 2. Ӯҳдадориҳои  фурӯшанда 3. Теъдоди мол. Навъ (ассортимент)-и мол 4. Сифати мол 5. Мукаммалии мол. Маҷмуъ (комплект) — и мол.  Зарф ва борпеч. 6. Ӯҳдадориҳои  харидор 7. Мубодила 8. Хусусияти шартномаи хариду фурӯши чакана 9. Норасоиҳои мол. Оқибати фурӯхтани  моли сифаташ номатлуб 10. Шартномаи хариду…

    Муфассалтар »
  • Шартномаи маҳсулотсупорӣ

    1. Мафҳуми шартномаи маҳсулотсупорӣ. Нишонаҳои асосии он 2. Маҳсулотсупорӣ ва молрасонӣ 3. Молро қабул карда гирифтани харидор. Ҳисобу китоб 4. Оқибати фиристодани моли сифаташ номатлуб, моли номукаммал   Мафҳуми шартномаи маҳсулотсупорӣ. Нишонаҳои асосии он Мутобиқи шартномаи маҳсулотсупорӣ фурӯшанда (маҳсулотсупор) ӯҳдадор мешавад, ки дар мӯҳлати қайду шартшуда   ё мӯҳлатҳои истеҳсол ё…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми шартнома ва қоидаҳои бастани он

    1. Мафҳуми шартнома 2. Аксепт ва мазмуни оферта  дар мавриди  бастани шартнома 3. Асосҳои тағйир додан ва бекор кардани шартнома Мафҳуми шартнома Шартномаи ҳуқуқи гражданӣ яке аз намудҳои маъмули аҳдҳоест, ки бо иштироки шаҳрвандон ва дар амалияи соҳибкорӣ содир мешаванд. Шартнома созиши ду ё якчанд шахс барои муқаррар кардан, тағйир…

    Муфассалтар »
  • Идораи ҷамъияти саҳҳомӣ

    Идораи ҷамъияти саҳҳомӣ гуфта механизм ё низоми ҳамкории иштирокчиён ва усулҳое фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо манфиатҳои худро ҳимоя менамоянд. Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳҳомӣ, ки изҳори иродаи моликони сармояро таъмин менамояд, маҷлиси умумии саҳмдорон мебошад. Иҷрои корҳои зайл аз салоҳияти он аст: муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият,…

    Муфассалтар »
  • Вазъи ҳуқуқии ҷамъиятҳои  саҳҳомӣ

    Ҷамъияти саҳҳомӣ яке аз шаклҳои ҷамъияти хоҷагидориест, ки дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (дар қатори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶММ) ва аз ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ (ҶМИ), ки аз ҶММ фарқи кам дорад). Ҷамъияти саҳҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки фонди оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст,…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқҳои амволӣ (молумулкӣ) дар муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ

    Ҳуқуқҳои амволӣ бо ҳуқуқи моликият ба муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидории амволи мутааллиқи субъектҳо муайян карда мешаванд. Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) дорад.    Дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон     метавонад    моликияти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеи  арзи вуҷуд намояд. Молик ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молумулкашро…

    Муфассалтар »
  • Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

    Дар сохтори субъектҳои соҳибкорӣ хоҷагиҳои дехқонӣ  (фермерӣ), ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи ба амал мебароранд, мақоми мустақилро ишғол менамоянд[1]. Мақсади асосии ба  параграфи алоҳида ҷудо намудани  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар махсусиятҳои зерин  асос меёбад: мутобиқи моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ):…

    Муфассалтар »
  • Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор

    Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Ширкатҳои хоҷагидор метавонанд дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шаванд. Ҷамъиятҳои хоҷагидор метавонанд дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ, ҷамъияти  дорои  масъулияти   маҳдуд   ё   худ   дорои  масъулияти  иловагӣ…

    Муфассалтар »
  • Шахси ҳуқуқӣ ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ

    Соҳибкории шахси ҳуқуқӣ фаъолияти мустақилона ва таваккалонаи ташкилотест, ки мақсадаш мунтазам фоида гирифтан аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат аст[1]. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият,  тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулкро  дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми субъекти ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Соҳибкор шахси асосии фаъоли бозор ва пояи ҳар гуна низоми иқтисодист, ки на дар заминаи давлатию инҳисорӣ (монополистӣ), балки дар асоси рақобат матраҳ шудааст. Ӯ мол истеҳсол карда, онро дастраси истеъмолкунандаи ниҳоӣ мегардонад, ҳаракати молро дар давраҳои гуногуни муомилот ба роҳ монда, ба шаҳрвандон ва дигар истеъмолкунандагон ҳар гуна хизмат…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ 1. Мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ. 2. Тарзҳои танзими ҳуқуқӣ. 3. Усулҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ. 4. Низоми ҳуқуқи соҳибкорӣ. 5. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ. 6. Ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқ. Мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ Мустақилияти ин ё он соҳаи ҳуқуқ дар низоми ҳуқуқӣ бо мавҷудияти мавзӯъ,  тарзи танзими ҳуқуқӣ ва ҳамчунин усулҳои…

    Муфассалтар »
  • Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ

     Мафҳуми қонуният Қонуният ба маъноҳои зерин истифода мешавад: 1) қонуният чун принсипи ташкилу фаъолияти давлат, аз он ҷумла давлати ҳуқуқӣ; 2) қонуният чун талаботи давлати ҳуқуқӣ нисбати мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ашхоси мансабдор; 3) қонуният ҳамчун усули амаликунии ҳокимияти давлатӣ. Конститутсияи Тоҷикистон принсипи қонуниятро мустаҳкам мекунад. Дар асоси қ. 2…

    Муфассалтар »
  • Рафтори қонунӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ

    Мафҳуми  рафтори  қонунӣ          Рафтори ҳуқуқӣ ду хел мешавад: 1) рафтори мутобиқи ҳуқуқ ё рафтори қонунӣ (бо назардошти волоияти қонуни ҳуқуқӣ) – амалиёте, ки мутобиқи нишондодҳои ҳуқуқ аст ва 2) рафтори зиддиҳуқуқӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ – амалиёте, ки бо вайрон кардани талаботҳои ҳуқуқ пайдо мешавад. Рафтори қонунӣ дар ҷомеа – амалест…

    Муфассалтар »
  • Шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ

    Мафҳум,  таркиб  ва функсияҳои шуури  ҳуқуқӣ        Шуури ҳуқуқӣ – маҷмӯи ҳиссиёт, эҳсосот, ақидаҳо, ғояҳо, арзишҳо, нишондод, фаҳмиш, мафҳумҳои ҳуқуқист, ки муносибати одамонро ба ҳуқуқ ва зуҳуроти мухталифи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ифода мекунанд. Шуури ҳуқуқӣ таркибан аз ду қисм иборат аст: 1) мафкураи ҳуқуқӣ ва 2) психологияи1 ҳуқуқӣ. Мафкураи ҳуқуқӣ…

    Муфассалтар »
  • Тафсири ҳуқукӣ

      Мафҳуми  тафсири  ҳуқуқӣ        Тафсири ҳуқуқӣ – ин равшан намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ аст. Тафсири ҳуқуқ  хислатҳои  зайл дорад: а) зинаи (унсури) муҳим ва ҳатмии ҷараёни амалишавии меъёрҳои ҳуқуқ аст; б) мақсади тафсири ҳуқуқӣ – амаликунии меъёрҳои ҳуқуқ буда, дар натиҷаи он меъёрҳои умумии (абстрактии) қонун вобаста ба ҳолатҳои…

    Муфассалтар »
  • Амалисозии ҳуқуқ

     Мафҳуми  амалисозии  ҳуқуқ       Амалисозии ҳуқуқ – ин дар ҳаёт ҷорӣ гаштани нишондоди ҳуқуқ, воқеиӣ гаштани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ дар фаъолияти амалии субектони ҳуқуқ аст. Амалисозии  ҳуқуқ  ба  ду  маъно  фаҳмида мешавад: 1) чун ҷараёни амалӣ кардани ҳуқуқ ва 2) ҳамчун натиҷаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани нишондодҳои ҳуқуқ. Амалигардонии ҳуқуқ ду…

    Муфассалтар »
  • Санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ

    Мафҳум ва нишонаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ              Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – санадҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мебошанд, ки аз ҷониби субектони босалоҳият (мақомоти давлат, шахсони мансабдор, халқ) қабул шуда, меъёрҳои ҳуқуқро муқаррар, тағйир ва қатъ мекунанд. Мафҳум ва низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» (с.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқэҷодкунӣ

    Мафҳум  ва  принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ        Ҳуқуқэҷодкунӣ ин фаъолияти махсуси бо қонунҳо муқарраргаштаи мақомоти давлат, шахсони мансабдор (дар доираи салоҳияташон) ва халқ (дар раъйпурсӣ) аст, ки дар натиҷаи он санадҳои ҳуқуқӣ қабул мешаванд. Ҳуқуқэҷодкунӣ, ки ба туфайли он меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар мегарданд, ба принсипҳои муҳим асос меёбад.       Принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ гуфта…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои  (сарчашмаҳои) ҳуқуқ

     Мафҳуми  шакл  ва  сарчашмаҳои  ҳуқуқ Сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои иҷтимоӣ кулли заминаҳои иҷтимоӣ, талаботҳои айнии ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ, меъёрҳо ва принсипҳои он пайдо ва ташаккул меёбанд.       Ба маънои ҳуқуқӣ (мазмуни аслии калима) сарчашмаи ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) сарчашмаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ-ҳуқуқӣ…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои  ҳуқуқӣ

    Мафҳуми  муносибатҳои  ҳуқуқӣ        Муносибати ҳуқуқӣ – муносибати ҷамъиятии бо ҳукуқ танзимгашта аст, ки иштирокчиёнаш бо ҳам тавасути ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ вобастагии ҳуқуқӣ доранд. Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа намудҳои гуногун доранд. Вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ онҳо ба муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғ. тақсим мешаванд.…

    Муфассалтар »