Фанни Таърих

Адабиёти рим дар асрҳои I-III

Моҳияти умумии адабиёти замони Октавиан Август бо фаъолияти шоирони Рим маълум аст. Беҳуда нест, ки ин замон асри тиллоии адабиёти Рим ҳисобида шудааст. Вае дар солҳои охирини салтанати Октавиан Август то як дараҷа рӯ ба таназзул ниҳодани адабиёти Рим ба мушоҳида мерасид. Вале, сарфи назар аз ин, маҳз дар ҳамн давра дар Рим ҳаҷв маъмул гардида, шунавандагону баҳодиҳандагони ин жанр хеле зиёд буданд. Асарҳои ҳаҷвнигорони римӣ Мартсиан Капелла ва Детсим Юний Ювенал ва таваҷҷӯҳи римиҳо ба ин жанри адабӣ дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

Дар асоси он чӣ ки аз асарҳои шоирони он замон то ба мо омада расидаанд, баъзе махсусиятҳоро, ки хоси адабиёти асрҳои I – II мебошанд, муайян кардан мумкин аст. Дар ин асрҳо назм дар Рим доман паҳн мекунад. Анъанаи дар байни омма муаррифӣ ва қироат кардан, ки дар замони Октавиан Август аз тарафи Гай Азиний Поллион ҷорӣ карда шуда буд, ба қоидаи умум мубаддал мегардад. Шоирони касбие ба майдони адабиёт баромаданд, ки на аз ҳисоби назру ниёзи сарпарастон, балки аз ҳисоби чопи асарҳои худ рӯз мегузарониданд.

Дар ин марҳалаи таърихӣ дар Рим ҳар гуна афоризмҳо ва шеърҳои кӯтоҳи ба таъсири самаранок равона кардашуда пайдо мешаванд. Дар назми ин давра навгонӣ хеле кам ба назар мерасид. Пайравӣ ба намунаҳои лотинӣ яке хусусиятҳои эҷоди шеър буд. Вергилий ҳамчун шоир беҳамто шудан мегирад. Ба услубҳои ӯ шоирони сершумор пайравӣ мекарданд, ҳатто Мартсеан Колумелла ҳам, ки оид ба соҳаи кишоварзӣ асарҳои насрӣ менавишт ва китоберо дар бораи нигоҳубини дарахтони мевагӣ аз тариқи шеър низ эҷод менамояд. Яъне шеър ҳамчун роҳхате буд ба «георгикҳо», ки «Шеърҳои кишоварзӣ»-ро дар назар дорад. «Георгикҳо» достонҳои таълимӣ (дидактикӣ) буда, тасвир ва панду ҳикматҳоро дар фаъолияти инсон дар соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Масалан, достони Вергилий дар бораи маданияти зироатпарварӣ аз чор китоб иборат буда, дар онҳо дар бораи ҳосил, дарахтони мевадиҳанда, хушаҳои ангур ва ғайра сухан меравад. Беҳуда нест, ки баъди назми подабонии «Буколик», Вергилий ба назми кишоварзӣ муроҷиат менамояд. Ин тасмим ба таваҷҷӯҳи гарму ҷӯшони шахсии ӯ ва сиёсати император Октавиан Август рост омад. Ин император мехост дар деҳоти Италия хоҳагиҳои хурду миёнаи кишоварзиро, ки баъди чандин даҳсолаҳои ҷанги гражданӣ хароб гардида буданд, аз нав барқарор намояд.

Бояд таъкид кард, ки Италия ва Рим дар замони Юлийҳо – Клавдийҳо ва Флавийҳо додани афзалиятро ба ҳаёти маданӣ нигоҳ медоранд. Вале агар дар замони Октавиан Август ҳамаи шоирон зодагони Италия бошанд, дар замони баъдина шоирони музофотӣ низ афзалият пайдо менамоянд. Марк Анней Лукан, Лутсий Юний Модерат Колумелла, Лутсий Аннней Сенека, Марк Валерий Мартсиан, Марк Фабий Квинтилиан баромади шаҳрҳои испанӣ буданд, Апулей африқоӣ буд. Аз нависандагони он замон нисбатан ду шоир Мартсеан Капелла ва Детсим Юний Ювенал маъруф гардидаанд.

ЛУТСИЙ ЮНИЙ МОДАРЕТ КОЛУМЕЛЛА (солҳои 4 – 70) дар Кадиси воқеъ дар ҷанубу ғарбии Испания ба дунё омада, яке аз муаллифони қадимтаринест, ки дар асарҳои худ мавзӯи кишоварзиро мавриди инъикос қарор додааст. Колумелла дар овони ҷавонӣ дар хизмати ҳарбӣ будааст, аз он ҷумла соли 35 дар Сурия трибуни ҳарбӣ шуда фаъолият доштааст. Баъдтар ба кишоварзӣ машғул мешавад.

Дар асари асосии худ «Дар бораи кишоварзӣ», ки онро тахминан соли 42 навиштааст, Колумелла ба таҷрибаи амалии худ, таҷрибаи бобояш Марк Колоумелла ва ба асарҳои пешгузаштагони римию юнонии худ, аз он ҷумла ба Селс такя карда, дар бораи асосҳои фаъолияти кишоварзӣ нақл карда, ба Публий Силвин ном деҳқон маслиҳатҳои зиёди нофеъ медиҳад.

Рисола аз 12 китоб иборат буда, ба истиснои китоби 10-ум, ки дар бораи боғдорӣ нақл мукунад, бо услуби шеъри гекзаметрӣ (аз юнонӣ hex — шаш ва metron — ченак) — андозаи шеърӣ дар шеърэҷодкунии антиқӣ, дактили шашстопа баён гардида, китобҳои дигар дар шакли наср навишта шудаанд.

Дар баробари боғдорӣ, Калумелла дар рисола масъалаи шаробпазӣ, парвариши зироатҳои равғандор, парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва замбури асалпарвариро низ инъикос кардааст. Ба ин рисола рисолаи дигари ӯ «Дар бораи дарахтон» наздикӣ дошта, дар он дар бораи дар ниҳолхонаҳо пайвандкунии ниҳолҳои мевагӣ ва ҷангалӣ, шинонидан ва тозакунии дарахтҳо нақл карда мешавад. Ҳарду рисола ҳам боқӣ мондаанд ва дар замони нав на як бору ду бор ба забонҳои немисӣ, фаронсавӣ ва англисӣ рӯи чопро дидаанд. Рисолаҳои «Дар бораи кишоварзӣ» ва «Дар бораи дарахтон» натанҳо дар бораи кишоварзӣ нақл мекунанд, балки асарҳои адабӣ ҳам мебошанд.

МАРК ВАЛЕРИЙ МАРТСИАЛ (солҳои 40 – 104) зодаи Испания буда, маълумоти суханвариро дар ватани риторӣ – шаҳри Искандария гирифта, ҳанӯз дар замони салтанати Нерон ба Рим меояд. Дар асарҳои худ ӯ на як бору ду бор ба тасвири ҳаёти камбағалон бармегардад. Мартсиал ҷидду ҷаҳд ба он мекунад, ки бо хайрияҳои саховатмадона ба патронҳои худ тобеъ зиндагӣ кунад. Вале дар байни онҳо одамони ҳавобаланду сахт ва бераҳм низ бисёр буда, Мартсиал онҳоро ба зери танқиди сахт мегирад. Мартсиал ба клиентҳо ҳам раҳм намекунад. Клиентҳо аз пуштибонҳои худ садақа интизор мешуданд.

Аз Мартсиал силсилаи асарҳои иборат аз 15 китоби эпиграммаҳо омада расида, маҷмӯаҳои зери унвонҳои «Намоиш», «Тӯҳфаҳо» ва «Савғоҳо» навишта шудаанд. Китоби «Намоиш», ки дар он 12 маводи ҳаҷвӣ ҷой дода шудааст, китоби махсус буда, аз тариқи шеър эҷод гардида, он ҳам эпиграмма номида шуда, ба бозиҳо бахшида ба кушодашиваии Колизей дар соли 80-ум зери унвони «Китоби намоиш» («Liber de Speciasulis») эҷод карда шудаанд. Ин китобро ҳамин тавр на Мартсиал, балки мувофиқи анъанаҳо шояд ноширон ва ё мутахассисони дигар номгузорӣ карда бошанд.

Columella.JPG martialis.png juvenalis02.jpg

Лутсий Модерат Колумелла Марк Валерий Мартсиан Детсим Юний Ювенал

Аз понздаҳ китоб дутояш (китобҳои 13 ва 14) бо эпиграммаҳои намуди махсус навишта шуда, сарлавҳаҳои тафовуткунанда доранд. Маҷмӯаҳо аз думисраҳо иборат буда, барои ҳамоҳангшавии онҳо ба дӯстон барои ба ҳамдигар дар моҳи декабр супоридани тӯҳфаҳо бахшида ба иди Сатурналий тақдим карда мешуданд. «Хenia» («Тӯҳфаҳо» — сарлавҳаи яке аз маҷмӯаҳо) тӯҳфа дар шакли ғизо буд. «Apophoreta» («Савғоҳо») савғоҳое буданд, ки баъди анҷоми намоишномаҳо ҳамчун тӯҳфа тақсим карда шуда, онҳоро меҳмонҳо бо худ мебурданд. Ин тӯҳфаҳо аз ҳар гуна ашёҳои на онқадар арзишманд ва аз ашёҳои рузғор иборат буданд.

12 китоби боқимонда худ мероси классикии эпиграммии Мартсиал мебошанд. Аз онҳо нӯҳ китоби аввал ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт будани Мартсиал навишта ва ба чоп расонида шудаанд. Бояд гуфт, ки китоби 8-ум мушаххасан ба лаёт ва фаъолияти Мартсиал бахшида шудааст. Китобҳои 11 ва 12 дар аҳди Нарва ва Траян ба чоп расидаанд. Китоби 12 ба Рим аз Испания фиристода шудааст. Ҳамаи 12 китоб аз соли 86 сар карда то солҳои аввали асри II ба таври хронологӣ ҷо ба ҷо карда шудаанд.

Маҳсули эҷодии Мартсиал аз назари таърихию рӯзғордорӣ ва бадеӣ боиси таваҷҷӯҳ мебошад. Бояд зикр кард, ки бисёр ҷанбаҳои рӯзғори римиҳо маҳз аз рӯи шаҳодати Мартсиал барқарор карда шудаанд. Мартсиал реалисти такрорнашаванда буда, метавонист воқеаю ҳодисаҳоро ба таври фаҳмо ва равшан кушода дода, дар баробари ин, иллатҳоро қайд карда, муносибати худро нисбати онҳо муайян намуда, ҳамаи инро бо қобилияти баланд аз тариқи эпиграммаҳо равшану хушҳолкунанда ва бо мантиқи маҳвкунанда тасвир намояд. Бо эпиграммаҳои худ Мартсиал на танҳо дар таърихи эпиграммаҳои римӣ ҷои аввалро ишҳол кард, балки яке аз шоирони машҳур будани худро ҳам исбот кард.

ДЕТСИМ ЮНИЙ ЮВЕНАЛ (тахминан соли 60 – соли 127) шоири ҳҷвнигори Рим буд. Ювенал дар солҳои нахустини салтанати Нерон дар қисмати ҷанубу ғарбии Латсия таваллуд шудааст. Муврфиқи шаҳодати фаъолияти адабии Ювенал метавон тахмин кард, ки ӯ дар вақташ маълумоти хуб гирифта будааст. Ин далелро ҳолномаи қадими шоир тасдиқ менамояд. Мувофиқи он Ювенал писар ва ё тарбиягирандаи ба озодӣ ҷавобшудаи сарватманд будааст. Ювенал муддати дуру дароз — то миёнаҳои ҳаёти худ, яъне солҳои 40 – 50-ум суханвариро меомӯхт, вале на ба хотири даромад, балки барои кайфияти худ. Ӯ муддате трибуни ҳарбӣ буд. Дар ватани худ мартабаи саркоҳини илоҳии император Веспасианро ба зима дошт, инчунин дар худидоракунии маҳаллии шаҳр соҳиби мансаби баланд буд. Баъд, агар мувофиқи шарҳи ҳоли норавшани ӯ баҳо дода шавад, ба яке аз императорон маъқул намешавад. Бинобар ин, аз қаламрави Италия пеш карда мешавад.

Ба навиштани ҳаҷвияҳои (сатираҳои) худ танҳо дар аҳди император Траян — баъди соли 100 оғоз карда, онҳоро ба чоп расонидааст. 16 ҳаҷвияи шоир дар 5 китоб гирд оврда шудааст: ҳаҷвияҳои 1-5 (китоби 1), 6 (китоби 2), ҳаҷвияҳои 7-9 (китоби 3), ҳаҷвияҳои 10-12 (китоби 4), ҳаҷвияҳои 13-16 (китоби 5). Хронологияи рӯи чопро дидани китобҳо наонқадар равшан аст. Санаҳои тахминии хронологии нашри онҳо ба солҳои зерин рост омадааст: Китоби I — дар байни солҳои 100 – 115; китоби II – дар байни солҳои 116 – 117; китоби III – дар байни солҳои 118 – 120; китоби IV – дар байни солҳои 121 – 127; китоби V – баъди соли 128, вале то солҳои 131 – 132.

Бино ба таҳқиқоти олими немис О.Риббек, қариб нисфи ҳаҷвияҳои Ювенал асарҳои хеле дернавиштаи ӯ мебошанд («Der echte mid unechte. J.». Лейпциг, 1859), вале ин эҳтимол олими мазкур минбаъд тасдиқ нагардидааст.

Дар ҳаҷвияи аввал Ювенал баромади худро ба сифати фошкунандаи иллатҳои ҷомеаи ба ӯ муосир таҳия намуда, фикру андешаҳои худро нисбати ин иллатҳо баён месозад. Дар ҳаҷвияи 2-юм дурӯябозии фоҳишае баён гардидааст. Чи тавр дар байни ин бадахлоқон дар Рими онвақта зиндагӣ кардан мумкин аст, дар ин бора ҳаҷвияи 3-юм нақл мекунад. Дар ҳаҷвияи 4-ум бо кинояи оташин маҷлиси шӯрои давлатии замони Доминитсиан тасвир ёфта, дар он масъалаи моҳии калоне, ки моҳигир ба император тӯҳфа кардааст, муҳокима карда мешавад. Дар ҳаҷвияи 5-ум хеле гуворою равшан он пастзаниҳое инъикос карда мешаванд, ки нисбати клиентҳои бечораи дар зиёфати патрони сарватманд ҳузурдошта раво мебинанд. Ҳамин тариқ, ҳамаи 16 ҳаҷвия ба мавзӯҳои мушаххаси сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Рими замони шоир нақл мекунанд.

МАРК ФАБИЙ КВИНТИЛИАН (наздики соли 35 – наздики соли 96). Квинтилиан омӯзгори фанни санъати сухан буда, бо номи «Насиҳат ба суханвар» (Institutio oratoria)-ро ба сифати китоби дарсии санъати суханвар навиштааст ва он аз замони антиқӣ то ба замони мо омада расидааст. Ин китобро ҳамаи мактабҳои риторӣ дар баробари рисолаҳои Сисерон меомӯхтанд. Квинтилиан на танҳо ифодакунандаи табъи ҷомеаи олии Рим, балки ислоҳотпешаи услуби адабӣ, муҳаққиқи масъалаи забони лотинӣ ҳам мешавад. Лоренсо Валла дар рисолаи худ «Дар бораи муқоисаи Сисерон бо Квантилиан», ки боқӣ намондааст, ӯро аз «худои гуманистон»–Сисерон баландтар мегузорад. Оид ба асли пайдоиши Квинтилиан сарчашмаҳо маълумоти гуногун медиҳанд. Баъзе сарчашмаҳо чунин мешуморанд, ки ӯ дар яке аз оилаҳои ашрофи машҳуртарини Испания таваллуд шуда будааст, дигарон – баракс, бар онанд, ки дар оилаи камбағал таваллуд шудааст. Вале як чизро аниқ гуфтан мумкин аст: падару модари ӯ ритор буданд.

Квинтилиан ташнаи дониш буда, дар ин ҷода ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медод. Дар Рим маълумоти хуб гирифта, худро ба мансаби суханвари додгоҳ тайёр мекард. Дар аҳди императорон Веспасиан, Тит ва Домитсиан на як бору ду бор дар додгоҳ ба сифати сафедкунанда (адвокат) баромад карда бошад ҳам, вале дар таҳқиқотҳои назариявӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ соҳиби шӯҳрат гардидааст. Дар Рим маълумот ба даст оварда, Квинтилиан дар он ҷо тамоми умр мемонад ва яке аз адвокатҳои бузург ва омӯзгори аввалини касбӣ мешавад. Квинтилиан дар солҳои 70-уми милодӣ мактаби хусусии ритории худро мекушояд, ки он баъдтар ба мактаби давлатӣ табдил дода мешавад. Муваффақияти Квинтилиан дар соҳаи маориф бузург буд. Аз мактаби ӯ шогирдони беҳтарин ба ҳаёт қадам мегузоштанд, ки дар байни онҳо Плинийи Хурдӣ ва мумкин аст Татсит ҳам баромада бошад.

Баъди 20 соли фаъолияти педагогӣ Квинтилиан ба фаъолияти адабӣ машғул мешавад. Қаблан барои ин кор вақт намеёфт. Дар асоси таҷрибаи мактаби худ ва дастовардҳои тафаккури илмии олами антиқӣ Квинтилиан асари махсуси нахустини педагогиро меофарад, ки он «Дувоздаҳ китоби панду ҳикматҳои суханварӣ» номгузорӣ шуда, он бо унвони Насиҳат ба суханвар» ҳам ном бурда мешавад. Ин рисола ба дидактика ва усули таълим асос гузошта, талабот ба тарбияи кӯдаконро дар синну соли томактабӣ ба низом медарорад.

Дар рисола на танҳо таълими санъати суханварӣ, балки ҳамаи он чи ки ба рушди ҳаматарафаи инсон дахл дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, чунки, мувофиқи андешаи Квинтилиан, танҳо чунин инсон суханвар шуда метавонад. Дар китоби Х Квинтилиан доираи донишҳоеро баррасӣ мекунад, ки бояд қисмати асосии тайёрии суханварро ташкил бидиҳад. Дар ин шарҳи саросемавор ва дар айни замон дар сатҳи зарурӣ шарҳ додани адабиёти юнонӣ ва римӣ, Квинтилиан он мулоҳизаҳои зиёди худро баён месозад, ки аз имтиҳони замон гузаштаанд. Дар китоби ХII ӯ муқаррар менамояд, ки танҳо инсони дорои ахлоқи ҳамида ва маърифати баланд суханвар шуда метавонад.

Солҳои охирини ҳаёти Квинилиан бо пурзуршавии террор аз тарафи Доминитсиан, ба бадарға фиристодани падару модарони шогирдони Квинтилиан – меросхурони собиқи император ва дар натиҷаи ин ба истеъфо рафтани ӯ тира гузаштанд. Квинтилиан классики аввалини педагогикаи гуманистӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ чунин гуфта буд: «Падар, вақте ки писари ту таваллуд мешавад, ба ӯ умеди калонро вогузор намо, чунки умеди калон педагогикаи калонро тавлид месозад».

ЛУТСИЙ АПУЛЕЙ (солҳои 125 -180) шоир, фвйласуфи афлотунӣ, омӯзгори фанни суханварӣ (ритор) буда, муаллифи романи машҳур «Метаморфоза» («Маркаби тиллоӣ») дар шаҳри Медаври воқеъ дар музофоти Африқои Рим, ки бо Нумидия ҳамсарҳад мебошад, ба дунё омадааст. Асарҳои то замони мо боқимондаи Апулей бо забони лотинӣ навишта шудаанд.

Сарчашмаи асосии маълумот дар бораи ҳаёти Апулей «Апология»-и худи ӯ мебошад. базе унсурҳоро аз ҳаёт ва фаъолияти ӯ аз асари дигари шоир-«Флорида» ёфтан мумкин аст. Таҳсилро дар Афина ба анҷом расонда, дар он ҷо забону адабиёт ва фалсафаи юнониро меомӯзад. Тавре ки худаш дар «Флорида» менигорад: «Ман дар Афина чойро аз дигар хел коса нӯшидам: аз косаи бофтаи шоирӣ, аз косаи равшани геометрӣ, аз косаи босабронаи диалектикӣ, вале махсусан аз косаи фалсафаи ҳамагонӣ – ин косаи бетаги нештардор». Апулей аз он ҷо ба Рим кӯч мебандад ва дар он ҷо чанде барои мурофиаҳои додгоҳӣ ба навиштани нутқҳо машғул мешавад. Вале ҳаёт дар пойтахти Империя ба назари ӯ хеле қиммат намуд, аз ҳамин сабаб ба ватанаш бармегардад.

Тахминан дар солҳои 155 – 158 Апулей ба сафари Искандария мебарояд, вале дар роҳ бемор шуда, чанде дар шаҳри Зеи воқеъ дар қаламрави имрӯзаи Триполи мемонад. Аз пазироии шогирди афинагии дар ин ҷо тасодуфан вохурдаи худ истифода бурда, дар манзили ӯ мемонад Модари ин шогирд Педентилла ном зани бевамондаи сарватманде, ки қаблан маслиҳати оилаи худро дар бораи такроран ба шавҳар баромадани ӯ даст кашида буд, ба Апулей ошиқ мешавад ва ногаҳон бо ӯ бастани ақди никоҳ розигӣ медиҳад. Хешовандони шавҳари марҳуми Пудентилла аз ин тасмими Пудентилла огаҳӣ пайдо карда, афсус хурда, Апулейро бо ҷодугарӣ гунаҳгор карданд, ба он хотир, ки гӯё аз тариқи ҷоду Пудентилларо маҷбур сохтааст, ки ба ӯ ба шавҳар барояд. Апулей дар додгоҳ худашро дифоъ карда ва аз ӯҳдаи сафед кардани худ баромада метавонад. «Апология» ӯ худ Нутқ мебошад дар ҳимояи худаш аз гунаҳгоркунӣ ба ҷодугарӣ, ки он то рӯзҳои мо боқӣ мондааст.

Аз баъзе ёдовариҳо дар нутқҳои ӯ маълум мегардад, ки баъдтар Апулей ба Карфаген кӯч мебандад. Дар ин ҷо Арулей дар мансаби саркоҳини музофот буд, ду маротиба ба тарошидани ҳайкали худ сазовор гардида будааст. Шояд Апулей пайрави эътиқодба олиҳа Исида бошад, ки дар «Метаморфоза» коҳинони олиҳаи Сурияро манфӣ ва масхара тасвир менамояд.

Асарҳои зерини Апулей то замони мо боқӣ мондаанд:

-«Метаморфоза» дар ХI китоб («Metamorphoseon» libri ХI). Аз замони Августини Муқаддас ин рисола «Маркаби тиллоӣ» («Asinus aureus») ҳам номида шудааст. Унсури «тилло» ба арзишмандии бадеии асар дахл дорад.

-«Апология» («Apologia» ) номи ҳақиқии асар набуда, номи аслии он «Pro se de magia», маъмулан кӯтоҳ карда, онро «De magia» меноманд. Чун анъана нутқ гуфта ҳамонеро меноманд, ки Апулей бо он барои ҳимояи худ бар зидди ба ҷодугарӣ гунаҳгор кардани худ баромад кардааст. Баъзе муҳаққиқон муосир чунин мешуморанд, ки «Апология» нутқи воқеии барои баромад навишта не, балки унсури адабӣ аст, ки дар жанри апология бофта шудааст.

-«Флорида» («Florida») маҷмӯи пораҳои 23 нутқ ва лексияҳои Апулей мебошад. Анъанаҳои антиқӣ «Флорида»-ро ба 4 китоб тақсим мекунанд. Матне, ки то ба замони мо омада расидааст, бе ном буда (муаллифи коркарди он ритор Крисп Селюстий) дар назар дошта шудааст: охири асри IV).

-«Дар бораи худо Суқрот» («De deo Sokratis»). Дар он мулоҳизаҳо дар бораи табиати «даймон» Суқрот ва дар бораи мавҷудияти ашёҳо (ҷондорҳо) дар байни худоҳо ва одамон инъикос гардидаанд.

-«Дар бораи Афлотун ва таълимоти ӯ» («De Platone et eius dogmate») иншои натурфалсафа ва этикаи Афлотунро дар бар гирифтааст.

-«Дар бораи олам» («De mundo»). Бозгӯии лотинии рисолаи мактаби перипатетикиро ифода мекунад, ки қаблан таълимоти Арасту шуморида мешуд.

МАРК АННЕЙ ЛУКАН (солҳои 39 – 65). Лукан баъд аз Вергилий шоири бузургтарини эпикии (хамосасарои) Рим мебошад. Зодаи Испания ва ҷияни файласуф Сенека буда, дар Рим дар назди файласуф Корнута таҳсил карда, дар аввал император Нерон ба Лукан таваҷҷӯҳ зощир намуда, аз ӯ пуштибонӣ ҳам кардааст. Вале Вақте император мебинад, ки Лукан қобилияти баланди шоирӣ дорад, натиҷа он шуд, ки ҳамчун иштирокчии сӯиқасди зидди худ бо ҳамроҳии Гай Пизон (роҳбари сӯйқасд) ба қатл ҳукм карда мешавад. Ба иҷрои ҳукми додгоҳ интизор нашуда, Лукан раги дастони худро бурида, бо ҳамин ҳалок мешавад.

Марк Фабий Квинтилиан Лутсий Апулей Рамзи асари Апулей «Маркаби тиллоӣ»

Достонҳои Лукан «Орфей» (ҳанӯз дар асрҳои миёна маълум буд) ва «Илиакон» (дар бораи Ҷанги Троян ва марги Гектор), «Катахтонион», «Сатурналий», фоҷеаи «Медея» ва асарҳои сершумори дигарро таълиф кардааст. Вале ғайр аз достони ба итмом нарасидаи «Ферсалия, ё дар бораи ҷанги гражданӣ» («Bellum cive Pharsalia») дар даҳ ҷилд, асарҳои дигари ӯ бе ному нишон гум шудаанд. Мазмуни ин достон мубориза дар байни Сезар ва Помпей (солҳои 49 – 47 то милод) буда, онро шоир ҷиддан бо тартиби хронологӣ инъикос намуда, он то муҳосираи Искандарияро дар бар гирифтааст. Достонро шоир воқеъбинона таълиф кардааст ва он ҳамчун сарчашма арзиши таърихӣ дорад. Дар достон нуқтаи баландтарин ва ҳалкунандаи муҳориба дар наздиФарсал тасвир ёфтааст.

Баъзе саҳнаҳои достон бо меҳру муҳаббати махсус навишта шудаанд, махсусан дар мавриди тасвир ва ба таври аълодараҷа баҳо додан ба қаҳрамонҳо қобилияти баланди шоирӣ ва суханронии Лукан ошкор мегардад. Аз забони Лукан, чун шоире, ки дар зери анъанаҳои ғояҳои мактаби фалсафаи стоикӣ тарбия ёфтааст, мулоҳизаҳо амиқ нисбати воқеаҳое, ки ҳам дар интихоби мавзӯъ ва ҳам пазмоншавӣ ба озодиҳое, ки халқи Рим аз даст додааст, баланд садо медиҳанд.

Забони Лукан пурзур ва ифоданок мебошад. вале шеърият дар достони ӯ нисбат ба Вергилий на онқадар ҳунармадона баромадааст. Аз мунаққидони қадим Квинтилиан барои самимияти ҳиссиёт, нерӯмандӣ ва бой будани фикрҳо асарҳои Луканро таъриф кардааст. Вале Луканро на ба қатори шоирон, балки ба қатори суханварон (ораторҳо) дохил мекунад. Шоир Мартсиан ба ин тақриз ишора ба он мекунад, ки Лукан хонандаи зиёд дорад.

ГАЙ АЗИНИЙ ПОЛЛИОН (солҳои 76 то милод – 4 милодӣ). Поллион лашкаркаши Рим, арбоби давлатӣ, суханвар, нависанда, драматург, мунаққиди адабӣ ва таърихнигор буд. Муаллифи асари «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Рим» иборат аз 17 китоб буда, онро аз соли 60 то соли 42 то милод эҷод кардааст. Поллион инчунин шеъру фоҷеаҳо ва асарҳои танқидӣ, грамматикӣ ва фалсафӣ щам навишта, ҳамчун суханвари замони худ на услубҳои ҷадид, балки услуби адабии сахтгирона ва дақиқи архаистиро афзалтар медонист.

Поллион ба ҳаёти шахсӣ гузашта, аз як тараф, ба фаъолияти адабӣ машғул шуда ва, юз тарафи дигар, адибони машҳури замони худ чун Корнелий Гапп, Вертилий, Горатсий ва Тиимагенро пуштибонӣ мекунад. Поллион чун ҷамъоварандаи китобҳои арзишманд ҳам маълум аст. Соли 39 аз ҳисоби ғанимати ҳарбӣ дар Рим китобхонаи нахустини оммавиро ташкил кард, ки китобдори он Марк Теренсий Варрон буд. Барои ин китобхона дар теппаи Авентӣ даҳлези Ибодатгоҳи Озодиро таъмир карда, онро бо ҳайкалҳои қаҳрамонони номдор зебу зинат дод. Китобхона аз ду шӯъба иборат буд: адабиёти римӣ ва юнонӣ.

LUKAN_Mark_Annei2.jpg vat.jpg images-41.jpg

Марк Анней Лукан «Никоҳи Филология бо Меркурий» Гай Азиний Поллион

Поллион ба ҳаёти адабӣ rekitations ретситатсия – хонишҳои кушодаи асарҳои адабиро дар доираи маҳдуди донишмандон ҷорӣ кард. Чунин ҳисобида мешавад, ки Полион адиби аввалине буд, ки асари худро муаррифӣ кардааст. Дар яке аз чунин хонишҳо пораҳои “Энеида”-и ҳанӯз ба анҷомнарасидаи Вергилийро низ таблиғ кардааст. Дар ин хониши ошкоро ширкат варзида, Октавиан Август аз образи Энея, ки ӯро Юлий — Клавдийҳо аз ҷумлаи пешгузаштагони бевоситаи падару модарони худ ҳам мешумориданд, ба ҳаяҷон меояд. Дар натиҷаи ин Вергилий ба пуштибонии боимтиёзи император муваффақ шуда, аз он то охири умр истифода мебарад.

Дар махфили адабӣ Поллион ба асари шоирӣ талаботеро ташаккул медиҳад, ки онро баъдтар Горатсий дар «Илми Назм» инъикос намудааст. Горатсияи ҷавон ба ҳамаи он чӣ ки дар махфили нави адабӣ мавриди муҳокима қарор мегирифт, бо диққат гӯш мекард. Дар он махсусан ба риояи забони модарӣ диққати калон дода мешуд. Тавре иштирокчиёни махфили адабии Поллион баён доштаанд, дар ин ҷо «танқиди солим», ҳазлу шухӣ ва тамасхур заминаи мусоид доштанд: ҳар кадом дарёфти шоирӣ дастгирӣ меёфт, ба он сазовор баҳо дода шуда ва муддати тулонӣ дар хотир нақш мебаст.

Нишондиҳандае, ки ба он кайфияти махфил хос буд, рисолаи худи Гай Азиний Поллион «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Италия» мебошад. Рисола марҳалаи аз оғози Тиумвирати Якум то муҳориба дар Аксийро дар бар мегирад. Аз ин асар, ки барои Аппиан ва Плутарх ҳамчун сарчашма хизмат карда буд, танҳо пораҳое боқӣ мондаанд, ки ба муҳорибаи назди Фарсал ва Тапсе, ҷангҳо дар Испания ва марги Сисерон дахл доранд. Дар асари худ Поллион дар бораи ҳаводор будани худ ба ҷумҳурияхоҳон навиштанро таваккал мекунад, сарфи назар аз он, ки дар Рим муқобилони ҷумҳурӣ ба сари ҳокимият омада буданд.

Дар назми худ Поллион ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки фоҷеи римиро дар асоси анъанаи қадими аттикӣ аз нав эҳё кунад. Қаҳрамонони хосаи (типикии) Поллион шоҳҳо буда, корномаҳои онҳоро дар назми худ тараннум намуда, дар ин кор аз услуби шеърэҷодкунии триметри ямбии андозааш баробар ба фоҷеаи классикӣ, ки аслан юнонӣ мебошад, истифода мебарад.

МАРТСИАН МИННЕЙ ФЕЛИКС КАПЕЛЛА (солҳои 360 – 428). Нависандаи лотинии энсиклопедӣ, файласуф ва ритор буда, ӯро одатан Мартсиан Капелла ном мебаранд. Капелла зодаи Африқои Шимолӣ буда, бо номи «Дар бораи никоҳи Филология ва Меркурий» («De Niptius Phlologiae et Merkurii») рисолае навиштааст. «Филология» донишҳои ба тан табдилёта мебошанд ва онҳоро бояд шуури боақлонае қабул кунад, ки майли пайвастан бо Хиради Илоҳиро дошта бошад ва он дар образи Меркурий фард (персона) гардидааст. «Дар бораи никоҳи Филология ва Меркурий» асари асосии ӯ дар соҳаи маориф мебошад.

Дар китоби Мартсиан «Дар бораи никоҳи Филология ва Меркурий» тасвири мухтасари фанҳое (фанҳои таълимӣ ва илмӣ) дода шудаанд, ки асоси таълимро дар мактабҳои Аттикаи баъдина ташкил медоданд. Фанҳои ғайрианъанавии грамматика, диалектика, риторика, геометрия, арифметика, астрономи ва гармония (мусиқӣ) бештар бо сабаби драматургияи бадеии маҷмӯи ин фанҳо ҷорӣ карда шуда, вале онҳо дар амал пайдарҳамии дидактикиро инъикос намекарданд. Бо кадом сабаб бошад, ки Мартсиан фанҳои меъморӣ ва тибро аз нақшаи таълимӣ хориҷ мекунад.

Рисолаи Мартсиан, ки дар асоси китобҳои муаллифони дигар навишта шудааст (сарчашмаҳои асосии он рисолаҳои ритории Сисерон, «Ибтидо» -и Евклид, «Мусиқи» -и Аристид Квинтилиан ва «Муқаддима»-и Порфирий мебошанд) навишта шуда, дар асрҳои миёна машҳур буд, чунки ифодаи воқеии тарзи лотинии инъикоси арзишмандонаи анъанаҳои антиқиро ифода мекард.

«Дар бораи никоҳи Филология ва Меркурий» ба анъанаи ритории римӣ мансуб буда, инъикоси хеле хубу мутаносиби санъатҳои озодеро пешниҳод менамояд, ки чун анъана барои инсони бомаърифат заруранд. «Дар бораи никоҳи Филология ва Меркурий» аз 9 китоб иборат аст. Сетои аввали романи аллегорӣ (пешниҳоди бадеии ғоя ва мафҳум аз тариқи образи бадеӣ ё муколама), ки дар бораи никоҳи Меркурий бо Филологияи мурда (баъд ин пайвастагӣ ҳамчун иттифоқи сухани пурмазмун ва забони илмӣ, санъати тривия ва квадривия шарҳ дода мешуд), нақл мекард. Ҳамин тариқ, ҳар китоби оянда дар бораи асосҳои яке аз ҳафт санъати озод нақл мекунад.

Тавре маълум аст, дар асри III дар Империяи Рим бӯҳрони сиёсӣ ҳукмрон буд. Вале дар оғози асри IV ҳокимияти иператорӣ дар Рим дар шакли доминат (пеш аз оғози он дар зарфи солҳои 284 – 313) тетрархия вуҷуд дошт) муқаррар мегардад. Ин ҳолат ба вазъи фарҳанг ва, пеш аз ҳама, вазъи адабиёт таъсири манфӣ расонид. Натиҷаи бӯҳрон аст, ки дар аср III дар Рим шоиру нависандагон хеле кам во мехуранд. Мо танҳо се нафари онҳоро ном бурда метавонем, ки номҳои онҳо дар беъзе сарчашмаҳо омаданд: Марк Аврелий Олимпий Немизион, Репозион ва Катон (бо номи Байтҳои Катон).

МАРК АВРЕЛИЙ ОЛИМПИЙ НЕМИЗИАН (баъд аз соли 283 вафот кардааст) дидакт ва шоири лотинии Рими зодаи Карфаген мебошад. Дар бораи ӯ танҳо маълум аст, ки дар Карфаген таваллуд шуда, дар замони салтанати кӯтоҳи император Кар (соли 283 милодӣ) зиндагӣ карда, баъд дар аҳди Карин ва Нумериан умр ба сар бурдааст. Немизиан дар замони императории Нумериан дар як мусобиқаи шоирие ғалаба карда будааст.

plato4.jpg 2

Мартсиан Капелла Детсим Магн Авсоний Клавдий Клавдиан

4 эклоги (саҳнаи) Немезианро дар муддати дуру дароз аз они Тит Калпурнии, ки аз Ситсилия буд, мансуб медонистанд. Вале аз они Немизиан будани онҳоро Морис Гаупт («De carminibus bucolicis Calpurnii et N.», Лейпциг, 1854, ва дар «Opuscula», ҷилди I) исбот менамояд. Дар ду эклоги аввал ва дар эклоги чорум дар бораи мусобиқаи чупонҳо ва сурудхонӣ (гиря ба хотири чупон Мелибой, сагҳои Алкон ва Идас ва сагҳои Литсидас ва Мопс, ки дар ишқ бадбахт буданд) нақл карда мешавад. Эклоги 3-юм бошад, таърифу тавсифи Вакхаро дар бар мегирад. Дар эклоги охирин ба муаллиф муяссар мешавад, ки тантанаи пуршукӯҳро тасвир намояд.

Ғайр аз ин, достони «Шаъну шараф ба Геракл»-ро низ ба Немизиан мансуб медонанд, ҳол он ки одатан аз они Клавдий Клавдиан шуморида мешуд. Ин асар дар асри ХIХ дар Италия борҳо бо забони италиягӣ тарҷума карда шудааст.

РЕПОЗИАН (соли 300) шоири Рими қадим. Бо номи ӯ шеъри «Ишқварзии Марс ва Венера» («De concubitu Martis et Veneris») иборат аз 182 гекзаметр боқӣ монда, дар бораи ишқварзии Марс ва Венера нақл мекунад. Венера якумин шуда ба ҷои муайяншуда ҳозир мешавад ва то расида омадани худои ҷанг (Марс) дар ҳолатҳои гуногуни мавзун қарор мегирад. Шоир Венераро дар ҳамон ҳолатҳо тасвир менамояд. Баъд Марс расида меояд, ки ӯ хеле дағал ва дурушт ба назар мерасад. Ҳангоме, ки Венера ва Марс бо ҳамдигар хушу хурсандона арзи муҳаббат мекунанд, Купидон бо аслиҳаи худои ҷанг бозӣ мекунад ва онро оро дода, бо аслиҳаи худ муқоиса мекунад. Дар ин лаҳза Аполлон дар бораи мулоқоти ошиқонаи Венера – Вулкан хабар медиҳад, ӯ маъшуқонро ба воситаи тури мӯъҷизаноки худ дастгир мекунад ва онҳо худро аз тур халос карда наметавонанд.

Дар ҳамин ҷо шеър канда мешавад. Эҳтимол ин пораи шеър аз ягон эпоси калон дар бораи ишқварзиҳои худоҳо ва олиҳаҳо будааст. Махсусан дахолати доимии муаллиф дар ҳикоя ба назар мерасад. Шакли қисса асотирӣ мебошад. Дар он шоир ҷое, ки дар он вохурии ишқварзии Венера ва Марс сурат гирифтааст, муаллиф бо тамоми ҷузъиёти хурдтаринаш тасвир кардааст.

«ДУМИСРАГИҲОИ КАТОН» (асри III ва ё оғози асри IV милодӣ). «Думисраҳои Катон» (аз лотиӣӣ Disticha Catonis, Dicta Catonis) маҷмӯаи шеърҳои муаллифашон номаълум дар мавзӯи панду ҳикмат дар асри III ва ё оғози асри IV милодӣ бо забони лотинӣ навишта шуда, онро қисме аз муҳаққиқон ба қалами Дионисий Катон нисбат медиҳанд. Маҷмӯаи «Думисраҳои Катон» то асри ХVIII дар мамлкатҳои аврупо яке аз паҳншудатарин китоб буда, барои омӯхтани забони лотинӣ ҳамчун китоби дарсӣ истифода бурда мешуд.

Вале дар асрҳои миёна «Думисраҳои Катон» маҳсули заҳмати Катони Калонӣ ҳисобида мешавад. Ӯ ҳам таблиғотгари арзишҳои ахлоқии антиқӣ ва соҳиби обрӯю эътибори баланд будааст. Дар асри ХVI маҷмӯа бори нахуст аз они Диониси Катон шуморида мешавад, ки низ ҳамчун Катоник (Catunculus) маълум буд. Ба ин дастнависе, ки Скалигер ном шахс шарҳ додааст (ин даснавис боқӣ намондаст), яке аз асосҳои «Думисраҳои Катон» дониста шудааст.

Тавре аллакай гуфта шуд, «Думисраҳои Катон» Disticha ё Dicta Catonis маҷмӯаи ибораҳои мухтасари ахлоқӣ (контенсияҳо) дар шакли шеър мебошанд. Маҷмӯа аз сарсухани начандон калони насрӣ, 57 зарбулмасал (breves sententiae) ва қариб 150 байт (гекзаметр) иборат буда, онҳо ба чор боб («китоб») тақсим карда шудаанд. Дар онҳо ҳикматҳо ва шеърҳои хиради зиндагӣ ва самтнокии асосии ахлоқии рафтори инсонро тарғиб карда мешаванд, аз қабили хоксорӣ, фурутанӣ, тоқатпазирӣ, меҳнатдӯстӣ, кӯтоҳбаёнӣ ва ғайра.

Қисмати асосии асар эҳтимол дар асри III милодӣ навишта шуда бошад. Ҳамаи онҳо бошанд, дар маҷмӯъ, на дертар аз охиҳои асри IV маълум гардидаанд. Баъзе дастнависҳо номи панду ҳикматҳоро Марк Катон барои тарбияи писари худ (Dicta Marci Catonis ad filium suum) истифода бурдааст. Нашри Эразми Роттердамӣ номи «Думисраҳои Катон»-ро боз ҳам паҳну маъмултар мегардонад. Марк Порсийи Катони Калонӣ ҳамчун рамзи хиради зиндагӣ машҳур шуда, симое буд, ки муаллифии ӯро ба маҷмӯаи ибораҳои хурди ахлоқӣ (сентенсийҳо) нисбат додан мушкилие надошт, махсусан аз он сабаб, ки Катон муаллифи чунин дусатраҳои насрӣ низ буд.

«Думисраиҳои Катон” Марс, Венера ва Вулкан Марк Катон

Китоби якуми «Думисраҳои Катон» баъд аз сарсухани насрӣ омада, аз 57 ибораи мухтасари ахлоқӣ (сентенсӣ) иборат буда, китобҳои боқимонда аз сарсуханҳои шеърӣ таъмин карда шуданд. Ибораҳои мухтасари ахлоқии (сентенсии) «Думисраҳои Катон» меҳнатдӯстӣ, канораҷӯӣ аз баҳсу мунозира, кӯтоҳандешӣ, ғуломонро инсон шуморидан, ва пеш аз ҳама, мӯътадилиро вазифаи ҳар як инсон мешуморанд. Дар баъзе думисрагиҳо акси садои ахлоқи стоикӣ ба мушоҳида мерасад. Забони думисрагиҳо содда ва фаҳмо мебошад. Аз асри IV сар карда ва то замони Эҳё (Ренесанс) «Думисраҳои Катон» яке аз асарҳои хондашавандатарин дар байни аврупоиён буда, қариб бо ҳамаи забонҳои аврупоӣ тарҷума карда шудааст (М.В.Белкин, О.Плахотская. Словарь «Античные писатели». –СПб, Изд-во «Лань», 1998)

Хотиррасон бояд кард, ки гарчанде Катон бо думисраҳои худ машҳур гардидааст, дар мероси адабии ӯ ҳикматҳои якмисрагӣ низ хеле зиёд вомехуранд; онҳо низ ба ҳамин маҷмӯаи иборат аз 4 китоб (боб) дохил шудаанд. Дар поён намунаҳо аз ин ҳикматҳо (думисрагӣ ва якмисрагӣ) манзур гардонида мешаванд:

НАМУНАҲО АЗ «ДУМИСРАҲОИ КАТОН» (тарҷума аз забони русӣ):

№№ Лотинии аслӣ Тарҷумаи русӣ Тарҷумаи тоҷикӣ
I.10 Contra verbosos noli contendere verbis:

sermo datur cunctis, animi sapientia paucis.

С вралями слов не трать, коль их по ветру веют;

Речь все, а свет ума не многие имеют.

Суханзои дуруғро сарф макун, зеро онзоро шамол мебарад.

Нутқ ҳама ва равшанӣ ақл аст, ки на ҳама доранд.

II.14 Forti animo esto libens, cum sis damnatus inique:

nemo diu gaudet, qui judice vincit iniquo.

Не унывай чрез суд обиженный неправый;

Неправдою живет не долго шпынь лукавый.

Аз додхоҳи ноҳақ ранҷонда зиқ машав.

Касе бо дурӯғ мезиҳад дер хурсандӣ карда наметавонад.

III.4 Forti animo esto libens, cum sis damnatus inique:

nemo diu gaudet, qui judice vincit iniquo

Блюдися мягких слов и кои слаще меда;

Знак правды простота, притворна ж льсти беседа.

Ҳарфи мулоимро риоя кун, ки он аз асал ширинтар аст.

Нишонаи ҳақиқат содда, ба нодонӣ задан сухан ҳайф аст.

III.18 Multa legas facito, perlectis perlege multa,

nam miranda canunt, sed non credenda poetae.

Чти много, и марай, чтя, много ж равномерно;

Хоть дивно, но не всё в стихах есть имоверно.

Эҳтироми зиёд кун ва бо эҳтиром ифос намо, ҳарду баробаранд.

Гарчанде аҷаб хушрӯй бошад,вале дар шеър на ҳама чиз сабук аст.

НАМУНАҲО АЗ ЯКМИСРАҲОИ КАТОН:

Дар тарҷумаи русӣ Дар тарҷумаи тоҷикӣ
1. Умный всюду готов послушаться нужных советов. Шахси боақл дар ҳама ҷо тайёр аст маслиҳати даркориро қабул кунад.
2. Разная жизнь у людей, но все одинаково смертны. Ҳаёти одамон гуногун аст, вале ҳама якхела муранда ҳастанд.
3. Робкой душе берегись доверять великое дело. Аз боварӣ кардан ба кори буҳзург ба шахси беҷуръат ҳазар намо.
4. Не исцелиться тому, кто изранен недоброю славой. Оне шифо намеёбад, ки аз шуҳрати бад захм бардоштааст.
5. Из-за неверной жены постигает крушение мужа. Аз ҳамсари носодиқ шавҳар сарнагун мешавад.
6. Царь – тот, кем властвует дух; но раб – тот, с кем властвует тело.. Шоҳ онест, ки бар ӯ руҳ ҳукмрон аст, вале ғулом он аст, ки бар ӯ тан ҳукмронӣ мекунад.
7. Будь лучше всех, а если не можешь – за лучшими следуй.. Аз ҳама беҳтар бош, вале агар наметавонӣ, аз ақиби одамони беҳтарин рав.
8. Всех бережливее – кто не своё, а заёмное тратит. Ҳамоне сарфакор он аст, ки на чизи худ, балки қарзро сарфакорӣ мекунад.
9. Кто говорит, что угодно, тот слушает что неугодно Касе, ки ҳар чиз мегӯяд, ӯ ҳар чиро гӯш мекунад.
10. Я не люблю того, кто сам себя слишком уж любит. Ман он ксеро бад мебинам, ки худро аз ҳад зиёд дӯст медорад.
11. Хочешь не слыть рабом – ни перед кем не прислуживай рабски. Агар хоҳӣ, ки ғулом нанамоӣ, ба ҳеҷ кас ғуломона хизмат макун.
12. Или несчастье терпеть, или счастьем учись не прелышаться. Ё ба бадбахтӣ тоқат намо, ё ки аз хушбахтӣ аз худ нарафтанро омӯз.
13. Дыма нет без огня,и зловония нет без проступка. Дуд бе оташ ва бӯи бад бе бадкирдорӣ намешавад.
14. Кто постепенно расслабит любовь, тот скоро разлюбит. Касе, ки ишқашро оҳиста паст мекунад, дере нагузашта дӯст намедорад.
15. Блеск богатства никогда не скроет нечистого нрава. Дурахшидани сарвати калон ҳеҷ гоҳ ахлоқи бадро пӯшонида наметавонад
16. Злой человек не окажет услугу, но взышит услугу. Шахси бадкин кӯмак расонида наметавонад, вале кӯмак меҷӯяд.
17. Смерть пугает людей, а сон, образ смерти, пленяет. Марг одамонро метарсонад, хоб бошад, образи маргро асир мегирад
18. Чем ты сильней, тем больше умей свою сдерживать силу. Ҳамон қадаре, ки пурзурӣ, ҳамон қадар қувваи худро нигоҳ дошта тавон.

«Думисраҳои Катон» дар ду дастнависи асосӣ боқӣ мондаанд. Нашри чопии аввалини «Думисраҳои Катон» (бо шарҳу эзоҳот) дар матбааи Антон Зорге соли 1475 дар Аусбург сурат гирифтааст. Дар асри ХVI маҷмӯа дар зери таҳрири Эразми Роттердамӣ (Лёвен, соли 1517) ва Скалигер (Лейден, соли 1598) аз чоп баромадааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *