Фанни Таърих

Х. Колумб ва кашфи Америка

Дар соли 1492 Христофор Колумб (1451-1506), ки аз шаҳри Генуяи Италия буд, ба ҳукумати Испания лоиҳаи сафар ба Ҳиндустонро пешниҳод намуда, аз он хоҳиш кард, ки барои ба ҳаёт татбиқ намудани ин нақша ба ӯ ёрдам расонанд. То ба инҷо омадан вай нақшаи хешро ба королҳои Англияю Франсия ва Португалия пешниҳод намуда буд. Португалиҳо то ин аём қариб дар остонаи кашфи Ҳиндустон қарор доштанд, аз ин  рӯ короли Португалия Алфони V нақшаи Х.Колумбро  рад намуд. Франсия ва Англия бошад соҳиби флоти пурқудрат барои экспедицияҳои дурудароз набуданд ва ҳолати дохилии кишвар ба ин саёҳатҳо ҷавобҷӯ набуд. Ҳукумати Испания, ки дар ин вақт ишғоли аморати Гранадаро (соли 1492) ба охир расонида буд, ба ин хоҳиши Колумб розӣ шуда, ба ӯ як қисм ёрдам расонид. Х. Колумб ба он як қисми пули худро ҳамроҳ намуда, таъкид намуд, ки витсе-корол ва адмиралони мамлакатҳои кашфшуда худ ва меросхӯронаш мешаванд. Байни кароли Испания ва Х.Колумб шартнома баста шуда, мувофиқи он Х.Колумб ноиб-короли заминҳои кашфшуда таъин гашта, унвони  адмиралиро соҳиб гашт ва ҳуқуқи аз 1\10 заминҳои кашфгашта ва 1/8 даромад аз савдои ин ҷойҳоро ба даст овард.

3-юми августи соли 1492 Х. Колумб бо 3-киштӣ аз бандари Палоси Испания (воқеъ дар уқёнуси Атлантика) баромада, ба сӯи ҷанубу ғарб самт гирифтанд. Аз ҷазираҳои Канарск  гузашта, Х.Колумб эскадаро ба сӯи Шимолу Ғарб равон намуда, баъди чанд рӯз вориди баҳри Сарагосс гаштанд. Баъди ду моҳи шино, онҳо ба сӯи ҷанубу ғарб самти худро тағир доданд. 12-октябри соли 1492 Х. Колумб дар назди Америкаи Марказӣ, дар баҳри Кариб, ҷазираҳои Багамаро кашф намуд. Дере нагузашта, ҷазираҳои калони ҳамсояи он–Гаити ва Кубаро кушода, дар солҳои 1498-1499 ба соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ расиданд. Дар ин ҷойҳои кашфкардаи Х.Колумб  мустамликакунии испаниҳо сар мешавад. Аввалин мустамликаи онҳо дар ҷазираи Гаити ташкил карда шуда, ба он номи Эспанола (Испанияи нав) дода шуд. Х. Колумб боварӣ дошт, ки ин ҷойҳои кашфкардааш Ҳиндустон, Хитой ва Япония мебошанд. Аммо онҳо дар амал заминҳои Америка-қитъаи нав буданд. Соли 1493 Х. Колумб ба Испания баргашт, ки бо тантанаи зиёде пешвоз гирифта шуд. Х. Колумб 3-даъфаи дигар солҳои 1493-1496,1498-1500 ва соли 1502-1504 ба Америка саёҳат намуд. Дар рафти ин саёҳатҳо ҷазираҳои Антилаи Бузург ва Хурд, Пуэрто Рика, Ямайка, Тринадад кашф карда шуданд.

Дере нагузашта аз ин заминҳои кашфкардаи Х. Колумб испаниҳо дилгир гаштанд, чунки ин мамлакатҳо ҳоло шаҳрҳо ва маданият надоштанд ва испаниҳо дар ин ҳудуд тилло ва нуқраи хеле кам пайдо карданд. Барои ҳамин ҳам ҳукумати Испания дигар ба Х. Колумб ёрӣ накард. Баъди ду ҳафтаи пас аз сафари чоруми Х. Колумб пуштибонаш дар дарбори Испанимя малика Изабелла вафот намуд ва ӯ дигар аз дарбор  дастгирӣ наёфт. Моликияти вай дар Испания ва Эспанола ба ҷои қарзҳояш гирифта шуданду ӯ соли 1506 аз қашшоқӣ вафот кард. Ҳатто хабари марги вай танҳо баъди 27-сол дар рӯзномае чоп шуд…

Заминҳои кашфкардаи Х. Колумб номи Америкаро аз исми дигар саёҳи итолёвӣ Америго Веспуччи (1452-1512) гирифта шудааст, ки ӯ ба заминҳои кашфкардаи Х. Колумб якчанд сафар карда, соҳилҳои шимолӣ-шарқии Америкаи ҷанубиро муфассал тадқиқ кардааст. Соли 1501 Веспуччи дар сафари навбатӣ иштирок намуда, ба омӯзиши соҳилҳои  Бразилия  оғоз намуда, ба чунин хулоса  омад, ки Х.Колумб на соҳилҳои Ҳиндустонро кашф кардааст, балки  қитъаи  наверо  ошкор сохтааст. Дар соли 1507 А. Веспуччи дар бораи сафарҳои худ маҷмӯаи ҳикояҳо чоп кард, ки он ба ӯ шӯҳрати калон овард ва аз соли 1507 сар карда, хаританигорон заминҳои кашфкардаи Х. Колумбро ба харитаҳои худ қайд карда, ба онҳо номи «Заминҳои Америго»-ро доданд, ки сонитар шакли «Америка»-ро гирифт. Соли 1515 дар Германия  аввалин глобус сохта шуд, ки ин  қитъа Америка номида шуда буд.

Кашфиётҳои Х. Колумб байни Португалия ва Испания рақобатро ба вуҷуд овард. Барои пешгирӣ кардани ҷанг ин ду давлат соли 1494 дар Тордесиляс байни ҳамдигар аҳднома баста, аз  2053 км. ғарбтари ҷазираҳои димоғаи Сабз аз як қутб то қутби дигар хати сарҳадӣ муайян гашт. Мувофиқи ин аҳднома дар нимкурраи ғарбӣ ҳамаи заминҳои тарафи ғарбии ин хат ба Испания ва тарафи шарқии он ба Португалия мансуб дониста шуд. Аммо дар нимкурраи шарқӣ дар ҷазираҳои Маллук онҳо аз нав ба ҳамдигар дучор шуда, зиддият афзуд ва маҷбур гаштанд, ки соли 1529 дар Сарагосс аҳдномаи нав баста, тақсимоти нав гузаронанд. Ҳамаи ин тақсимоти якуми дунёи мустамликавӣ буд.

Тақсимоти солҳои 1494 ва 1529 байни Испания ва Португалия.

Саёҳати даври оламии Ф. Магеллан. Дар кашфиётҳои ҷуғрофӣ саёҳати Фернандо Магеллан(1470-1521) аҳамияти калон дошт. Ф. Магеллан ва ҳамсафарони ӯ якумин шахсоне буданд, ки дар солҳои 1519-1522 дар атрофи курраи замин давр заданд. Худи Ф. Магеллан аз Португалия буда, аммо бо 5-киштии испанӣ 20-сентябри соли 1519 аз бандари Сан-Лукар баромада, барои ҷустуҷӯи «Ҷазираи Дорувор», яъне ҷазираҳои Малукк, ба тарафи ҷанубу ғарбӣ равон мешавад. Дар давоми ин саёҳати худ Ф. Магеллан якчанд кашфиётҳои муҳим кардааст. Ӯ гулугоҳи Магеллан ва Заминҳои оташин (воқеъ дар Америкаи Ҷанубӣ), чандин ҷазираҳои уқёнуси Ором, галаҷазираҳои Зонд ва  ғ…-ро кашф намудааст. Дар давоми саёҳат худи Ф. Магеллан ва қисми зиёди ҳамсафаронаш вафот карда, (худи Ф. Магеллан ҳангоми бархӯрд бо аҳолии таҳҷоии яке аз ҷазираҳои Филиппин  кушта шуд) аз 265-нафар саёҳ танҳо 18-нафари онҳо бо роҳбари ҷонишини Ф. Магеллан, д’ Элкано дар як киштӣ ба Испания баргаштанд.

Саёҳати Ф. Магеллан дар амал куррашакл будани заминро исбот намуд. Дар натиҷаи ин саёҳат аврупоиҳо дар бораи уқёнуси Ором маълумоти саҳеҳ гирифтанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *