Фанни Таърих

Давлати Ғуриён

СУЛОЛАИШИНАСБОНИЁН.

Сулолаи Шинасбониёи аз тоҷикони кӯҳистони Ғури Хуросон буда,асосгузори он Шинасб ибни Хурнак аст. Аз номи ҳамин шахс сулолаи мазкур номи «Шинасбониён»-ро гирифтааст. Давлати ташкилкардаи Шинасбониён дар таърих бо номиҒуриён машҳур аст. Шаҷараи сулолаи Шинасбониён аз аввали асри VIII оғоз шудааст. Ин вақт Шинасб ҳокими вилояти Ғури Хуросон буд.

Амириаввалини Ғур Фулоди Ғурӣ ном дошт. Ӯ ба Абӯмуслим бар зидди Уммавиён ёрӣ расонда, барои ба сари ҳокимият омадани сулолаи Аббосиён саҳм гузоштааст. Аз ҳамин вақт сар карда, халифаҳои сулолаи Аббосиён дар вилояти Ғур ҳокимиятро ба ихтиёри Шинасбониён супурданд.

Дар замониҳукмрониисулолаи Тоҳириён, Саффориён, Ғазнавнён ва Салҷукиён, яъне дар тӯлиқариб 300 сол дар вилояти Ғур сулолаи Шинасбониён ҳокимиятро аз даст надод. Ғазнавиён барои ба худ тобеъ кардани ин вилоят кӯшншҳои зиёд карданд,валемуродеҳосил карда натавонистанд. Шинасбониён истиқлолияти Ғурро сарбаландона муҳофизат карданд.

ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ ҒУРИЁН.

Таъсиси давлати Ғуриён ба номи Изуддини Ҳусейн зич вобаста аст. Ӯ дар охири солҳои40- уми асри XII ба тахти амирии Ғур нишаста, ин давлатро таъсис намуд. Изуддин ҳафт писари ғайратманд дошт. Онҳо дар пурзӯр ва васеъ намудани давлати Ғуриён захмати зиёд ба харҷ додаанд. Ҳар кадомашон сарварии яке аз ноҳияхои Ғуру Бомиёнро ба ӯҳда гирифта, онро ободу зебо мекар- данд ва барои худ пойтахт ҳам месохтанд. Баъд аз вафоти Изуд- дин нисаронаш бо маслиҳат ба яке аз бародарон итоат карда, ӯро ха.ччун султон эътироф намуданд.

Султони нахустини Ғур Сайфиддини Сурӣ буд. Ӯ шаҳри Остияро пойтахти давлати худинтихоб намуд. Бародараш, ки Қутбиддин ном дошт, ноҳияеро идора мекард, ки ҷои хушбодуҳаво буд. Ӯ дар онҷо бо номи

Фирӯзкӯҳ шаҳре бино кард. Дере нагузашта, ин шаҳр пойтахти тамоми Ғур ва баъд давлати Ғуриён шуд.

Аз пурзӯршавии давлати Ғуриён Ғазнавнён ба ташвиш афтода, беш аз пеш кӯшиш ба харҷ медоданд, ки дар сулолаи Шинасбониён ихтилоф ба миён оранд. Ба душманони Ғуриён ниҳоят муяссар шуд, ки дар байни бародарон низоъ андозанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки Қутбиддин аз бародарони худ бо сабаби ҷиддие ранҷида, ба дарбори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ рафт. Вале соли 1147 Ғазнавнён ӯро ваҳшиёна куштанд. Ин хабарро шунида Сайфиддини Сурӣ ба муқобили Ғазнавиён лашкар кашид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ аз Сайфиддин сахт шикаст хӯрда, ба Ҳиндустон фирор кард. Сайфиддини Сурӣ дар Ғур ҳокимиятро ба бародараш Бахриддини Сом дода, худаш ба тахти Ғазна менишинад. Вале баъди чанде Баҳромшоҳ бо лашкари анбӯҳ ба Ғазна баргашта. Сайфиддинро аз тахт сарнагун ва қатл мекунад.

Ин кирдори Баҳромшоҳ боиси каҳру ғазаби Шинасбониён шуда, онҳо роҳи интиқомро пеш гирифтанд.Баҳри иҷрои ин

Харитаи Салтанати Ғуриён.

мақсад Баҳриддини Сомӣба Ғазна лашкар кашид,вале ногаҳон дар роҳ вафот кард. Ба тахти амирии Ғур бародари ӯ Алоуддин нишаста, ҳамон замон ба Ғазна лашкар кашида ва онро бомуваффақият ба даст даровард. Ғазнавиёни ҷон ба саломатбурда ба Ҳиндустон фирор карданд. Бо фармони Алоуддин Ғазна оташ зада шуд. Барои ин кораш ӯ «Алоуддини Ҷаҳонсӯз» ном гирифтааст.

Дар замони ҳукмронии Алоуддин давлати Ғуриён ниҳоят пурзӯр шуд. Алоуддин ҳатто бар зидди Султон Санҷари Салчуқӣ ҳам лашкар кашид, вале бо сабаби хиёнати лашкарҳои туркии худшикаст хӯрда, ба Султон Санҷар асир афтод. Бо сабаби он ки ин вақт қабилаҳои оғузҳо ба давлати Ғазнавиён тохтутоз карда, онро хароб мекарданд ба Султон Санҷар иттифоқчиипурзӯрелозим буд ва шахсияти ӯро дар Алоуддини асирафтода дарёфт.

Вайронаҳоишаҳринобудшударо меноманд.

Султон Санҷар бо Алоуддин ба муқобили оғузҳо иттифоқбаст. Баин нттифоқ Алоуддин ҳам эҳтиёҷдошт. Баъд аз вафоти Алоуддин ба тахти подшоҳии Ғуриён писари ӯ — Сайфиддин менишинад. Ҳам ба ӯ ва ҳам ба додарзодааш Ғиёсиддин лозим омад,ки давлати Ғуриёнро аз тохтутози харобиовари оғузҳо ҳимоя кунанд.

Дар Солҳои 60-ум ва 70-уми асри XII давлати Ғуриён вилоятҳоиҒур, Бомиён, Ғарҷистон, Довар, Бӯст, Тулақ. Хирот, Фунанч, Толикон, Анд- хӯд. Маймана, Форёб, Панҷдеҳ, Марворуд ва Балхро дар бар мегирифт.

Султон Сайфиддин дар яке аз ҷангҳои зидци оғузҳо аз дасти як аскари

Султонҳои машҳуртарини Ғуриён. Аз чап ба рост: Ғиёсиддин, Муъиззуддин,Қутбиддин.

худӣкушта шуд ва тахти подшоҳӣ ба Ғиёсиддин гузашт, Ӯнатанҳо ҳудудҳои давлати Ғурро аз нав ба даст даровард, инчунин соли 1171 шаҳри Ғазнаро низ аз оғузҳо озод карда, ба бародараш Муъиззуддин супорид.

ДАВЛАТИ ҒУРИЁНДАР ОХИРИ АСРИ XII — АВВАЛИ АСРИXIII.

Баъди аз байн рафтани давлати пуриқтидори Салҷукиён дар муқобилидавлати Ғуриён давлати Хоразмшоҳон меистод. Ин давлат дар ҳамин давра бо тезӣвасеъ ва пурқувват мешуд ва ҳудудҳои худро дар ҷануб ҳам васеъ мекард. Хоразмшоҳон дар шаҳри Марв пойгоҳи пурзӯри ҳарбӣ бунёд карда, аз онҷо ба қаламрави Ғуриён тохтутоз мекарданд.

Соли 1192 бародарон Ғиёсиддин ва Муъиззуддин ба Нишопур лашкар кашида, онро фатҳ намуда, чанд нафар аз саркардагони Хоразмшоҳонро асир гирифтанд. Онҳо соли 1193 шаҳри Марвро низ ба даст дароварданд.

Дар тӯли 10-15 соли охир бародарон Ғиёсиддин ва Муъиззуддин ҳудудҳои давлати Ғуриёнро хеле васеъ карданд. Он акнун то шимолииҲиндустон, сарҳадҳоиғарбииЧин, ҳудудҳои Ироқ. Хуросон ва як қисми Мовароуннаҳрро фаро мегирифт.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ДАВЛАТИҒУРИЁН.

Баъди вафоти бародарон Ғиёсиддин (соли 1203) ва Муъиззуддин (соли 1206) давлати Ғуриён рӯ ба таназзул ниҳода, ба қисматҳои алоҳида тақсим шуд. Ғиёсиддини Маҳмуд, ки расман шоҳи нави Ғуриён буд, дар амал ба давлати сетақсимшуда ҳукмронӣ карда наметавонист. Солҳои 1206-1216 барои тахти подшоҳин Ғуриён дар байни аъзоёни сулолаи Шинасбониён муборизаи мусаллаҳона

сурат гирифт. Дар натиҷаи ин муқовимат аксарияти довталабон кушташуданд. Чандин хонадони турк барои тоҷу тахти давлати Ғуриён ва ворисиионҳо барои ҳудудҳои собиқи давлати Ғазнавиён талош доштанд. Тоҷиддини Юлдуз ном собиқғуломи турк аввалшаҳри Ғазна ва баъд чанд вилояти дигари давлати Ғуриёнро ба даст даровард. Собиқ давлати Ғуриён дар байнн ин сулолаи туркӣ тақсим карда шуд, вале давлатҳои хурди навташкили ин сулола ниҳоят заиф буда, иқтидори ҳимоя кардани худро надоштанд. Намояндаи охирини сулолаи Шинасбониён Алоуддини Муҳаммад соли 1215 ба Муҳаммад Хоразмшоҳ таслим шуда,ба мавҷудияти давлати Ғуриён хотима гузошт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *