Иқтисоди миллӣ

  • Аҳамияти ҷаҳонии иттилоот ва шарҳи мафҳумҳо

    Инқилоби илмию техникӣ иттилоотро ба захираи ҷамъиятӣ, манбаи ташаккулёбии боигарии ҷомеа табдил дода истодааст. Аз рӯйи ақидаи мутахассисон агар дар аввали асри ХХ «ҳаҷми дониш» дар ҳар 50 сол дучанд афзояд, дар шароити имрӯза ин ҷараён дар як сол сурат мегирад ва аз рӯйи пешгӯиҳои мавҷуда дар ояндаи наздик ҳаҷми…

    Муфассалтар »
  • Нишондиҳандаҳои истеҳсолии нерӯгоҳҳои барқии обии амалкунанда ва бунёдшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ нақши бузургтарин нерӯгоҳи барқии Тоҷикистон — НБО-и Норак, ки дар дарёи Вахш сохта шудааст, бениҳоят калон аст. Иқтидори ин барқгоҳ 3000 мВт буда, соле 11,2 млрд. кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Аз 17,0 млрд кВт-соат барқе, ки соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст, ҳиссаи барқгоҳи…

    Муфассалтар »
  • Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобати энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон

    «…Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энегетика мебинем». Э.Ш. Раҳмонов Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои асосии таъмини бехатарии энергетикию сӯзишворӣ

    Самтҳои асосии таъмини бехатарии энергетикию сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳоянд: тезонидани сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ба кор даровардани нерӯгоҳи барқии Роғун; вусъати сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, ташкили истеҳсоли маҷмӯи таҷҳизоту олоти энергетикӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ; азхудкунии конҳои нафту газ, суръатафзоиши ҳаҷми истихроҷи газ ва нафт…

    Муфассалтар »
  • Мавқеи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар таъмини бехатарии иқтисодӣ

    «Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад» Э.Ш. Раҳмонов Таъмини иқтисодиёт ва аҳолӣ бо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ яке аз масъалаҳои ниҳоят душвору мураккаби бехатарии иқтисодӣ мебошад. Тоҷикистон аз ҷиҳати таъминот бо гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ имкониятҳои калон надошта бошад ҳам, вале дорои захираҳои азими нерӯи об…

    Муфассалтар »
  • Унсурҳои бехатарии озуқаворӣ ва шарҳи мафҳумҳо

    «Минтақаи мо дорои захираҳои азим буда, метавонад аз ҷиҳати энергетикӣ, сӯзишворӣ, озуқаворӣ амалан худкифо гардад» Э.Ш. Раҳмонов Дар Тоҷикистон таъмини бехатарии озуқавории аҳолӣ масъалаи бениҳоят рӯзмарра мебошад. Бинобар ин дар сиёсати давлатии кишвар муаммои таъмини бехатарӣ чун яке аз самтҳои бартаридошта арзёбӣ гаштааст. Бехатарии озуқаворӣ муаммои бисёрҷабҳа буда, аз чунин…

    Муфассалтар »
  • Нишондиҳандаҳои омории озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тавозуни озуқаворӣ

    Аз иттилооти дар Буллетени бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ овардашуда маълум мешавад, ки ба бехатарии озуқаворӣ ҳосилнокии пасти зироаткорӣ ва маҳсулнокии чорво таҳдид мекунад. Дар солҳои 1990-1997 ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ дар мамлакат 2 баробар кам гашта буд. Ба беҳбудие, ки дар солҳои минбаъда доир гардид, нигоҳ накарда ҳаҷми истеҳсоли…

    Муфассалтар »
  • Маводи озуқа дар сохтори савдои хориҷии кишвар

    Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат аз сатҳи истеҳсоли ватании намудҳои асосии озуқа вобаста аст. Маълумотҳое, ки дар адабиёт оварда мешаванд, нишон медиҳанд, маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда талаботи аҳолиро пурра қонеъ накарда, зарурати аз хориҷ ворид намудани онро дар миқдори зиёд ба миён меорад (ҷадвали 9.2.). ________ 1) Мавриди таҳияи тавозун миқдори…

    Муфассалтар »
  • Натиҷаи тадқиқоти хонавода дар ҷумҳурӣ дар масоили таъмини озуқаворӣ

    Натиҷаи тадқиқоти хонаводаҳо дар ин ҷода нишон медиҳад, ки хонаводаҳо аз 70 фоиз камтар буҷети худро барои озуқаворӣ сарф кардаанд, ҳиссаи онҳо нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2004-ум 1,2 фоиз, аз он ҷумла ҳиссаи хароҷоти аҳолии шаҳрҳо 1,4 фоиз, хароҷоти аҳолии деҳот 0,6 фоиз кам шудааст. Дар айни замон нафақахӯрон…

    Муфассалтар »
  • Имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли проблемаи озуқаворӣ дар давраи татбиқи барномаҳои дарозмуддат

    Имкониятҳои Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ дар дохили мамлакат васеъ мебошанд. Масалан соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз аз захираҳои дохилии худ дар бахши ҳалли самараноки масъалаҳои озуқаворӣ пурра истифода намебарад. Ҳосилнокии маҳсулоти ғаллагӣ ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин маҳсулнокии чорво хеле паст боқӣ мемонад. Таъмини бехатарии озуқавории кишвар бо доир намудани тадбирҳои…

    Муфассалтар »
  • Таъмини бехатарии оби нӯшокӣ чун унсури бехатарии озуқаворӣ ва экологӣ

    «Яке аз сарватҳои муҳимтарини сайёра, ки натанҳо заминаи тавозуни экологӣ, балки заминаи муҳимтарини зиндагии шоистаи иқтисодӣ мебошад, захираҳои об ба шумор мераванд» Э.Ш. Раҳмонов Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат бо бехатарии оби нӯшокӣ зич пайваста аст, зеро об на танҳо унсури асосии маводи хӯрока, балки манбаи ҳаёт, сарчашмаи зиндагӣ дар ҳамаи…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти бехатарии иҷтимоӣ, арзёбии таҳдидҳои бахши иҷтимоӣ

    «Ягон ҷомеа шукуфо ва хушбахт буда наметавонад, то замоне, ки аксари аҳолии он бенавою қашшоқ бошанд». Адам Смит. Устувории иҷтимоӣ яке аз нишондиҳандаҳои арзёбишавандаи бехатарии иқтисодии мамлакат буда, қудрати давлат ва сохторҳои ҳукмрони онро дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ, бунёди механизми бонуфуз барои доир ва ҳифз намудани манфиатҳои субъектҳои иҷтимоӣ…

    Муфассалтар »
  • Сатҳи камбизоатӣ

    Сатҳи баланди камбизоатӣ дар кишвар, ки чун натиҷаи ҷараёни гузариш ва ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, яке аз проблемаҳои мубрами мамлакат, омили номӯътадилсозии иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2000 ҳиссаи аҳолии камбизоат 83,5 %-ро ташкил менамуд. Аз рӯйи маълумотҳои ниҳоӣ ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ 292,2 сомонӣ…

    Муфассалтар »
  • Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва тадқиқоти мониторинги пастшавии камбизоатӣ

    Ба хотири баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Э.Ш.Раҳмонов Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ таҳия гашт. Ноилшавӣ ба ҳадафҳои ин Ҳуҷҷат самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосии Стратегияи паст намудани камбизоатӣ афзоиши даромади воқеӣ дар мамлакат, тақсимоти одилонаи…

    Муфассалтар »
  • Рушди иҷтимоӣ дар барномаҳои давлатии дарозмуддат

    Мунтазам баланд бардоштани сифату сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, муваффақ шудан ба баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, дастраси умум будани неъматҳои асосии иҷтимоӣ, ки аз сиёсати дарозмуддати иҷтимоии давлат бармеоянд, дар Барномаи давлатии рушди иқтисодиёт дар давраи то соли 2015 пешбинӣ гардидааст. Дар ҷараёни татбиқи Барнома иҷрои вазифаҳои зерин муайян шудааст: таъмини…

    Муфассалтар »
  • Аҳамияти демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва созишномаҳои бисёрҷонибаи иҷтимоию меҳнатӣ

    Барои таъмини бехатарии иҷтимоии кишвар демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти хоса дорад, зеро рушди демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ ва бехатарии иҷтимоӣ байни худ пайвастагии зич доранд. Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ», ки 1 декабри соли 1999 ба имзо расида буд, чунин самтҳои…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои асосии таъмини бехатарии иқтисодӣ дар хоҷагии миллӣ

    Самтҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ Муқоиса намудани нишондиҳандаҳои бехатарӣ бо Ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ (ҲННБИ) Муаммоҳои қарзи дохилӣ ва беруна Чорабиниҳои таъхирнопазири давлатӣ дар бахши таъмини бехатарии иқтисодӣ дар давраи рушди дарозмуддат 7.1. Самтҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ Ба хотири раҳоӣ аз вазъияти ногувори таҳдиди хатари иқтисодӣ, Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати…

    Муфассалтар »
  • Хатари иқтисодии дохилӣ ва беруна дар хоҷагии миллии Тоҷикистон

    Хатари иқтисодии дохилӣ ва омилҳои пайдоиши он Хатари иқтисодии берунае, ки ба амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ таҳдид мекунад Зарурати пешбинии баъзе маҳдудиятҳои сиёсати «дарҳои кушод» 6.1. Хатари иқтисодии дохилӣ ва омилҳои пайдоиши он Дар иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯза хатари иқтисодӣ аз оқибатҳои дарозмуддати ҷанги шаҳрвандӣ ва таъсири фалаҷшавии низоми иқтисодии он давра…

    Муфассалтар »
  • Усулҳои арзёбии бехатарии иқтисодӣ ва таснифоти нишондиҳандаҳои он

    Моҳияти мониторинги хатари иқтисодӣ Таснифоти зинаҳои объекти амнияти иқтисодӣ Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии бехатарӣ Нишондиҳандаҳои заминавӣ ва ҷузъии бехатарии иқтисодӣ Нишондиҳандаҳои ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ ва аҳамияти онҳо 5.1. Моҳияти мониторинги хатари иқтисодӣ Амнияти иқтисодии мамлакат ба хотири муайян намудани таъсири хатари бамиёномада ва пешгӯи намудани он бо ёрии чунин тарзи…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти бехатарии иқтисодии мамлакат

    Моҳияти бехатарии иқтисодии мамлакат Мафҳуми «хатар» ва «бехатарӣ» дар замони муосир Бехатарии иқтисодӣ дар низоми амнияти миллии мамлакат Бехатарии байналмилалӣ Бехатарӣ ва манфиатҳои миллӣ Мафҳуми «хатар» ва «бехатарӣ» дар замони муосир «Масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он…

    Муфассалтар »
  • Ҳадафҳо ва хусусиятҳои ҷоришавии муносибатҳои бозаргонӣ дар иқтисоди миллӣ

    Сохибистиклолию ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ва гузариш ба бозор — ин ду чараёни бузург дар Тоҷикистон дар як давра ба миён омаданд. Ин ҷараёнҳо бе таъхир ва ба таври қатъӣ гузаронидани табаддулоти куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро ба рӯзномаи ҳаёти ҷомеа гузоштанд. Маълум аст, ки иқтисоди бозорӣ барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои…

    Муфассалтар »
  • Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бунёдшавии иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ташаккулёбии иқтисоди миллиро аз рӯйи заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ таҳлил менамоянд. Заминаи сиёсӣ масъалаи муқарраршавии ҳокимияти давлатӣ, низоми ҳокимияти сиёсӣ ва самтҳои сиёсати иқтисодии онро дар бар мегирад. Дар ин асос принсипҳои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гумрукӣ, арзӣ, сиёсати буҷетию андозгузорӣ, демографӣ ва ғайра муайян карда мешаванд. Заминаву шароити…

    Муфассалтар »
  • Марҳилаҳои таърихии ташаккули иқтисоди миллии мамлакат

    «Таҷрибаи башарӣ – мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов, — собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро…

    Муфассалтар »
  • Соҳибистиқлолӣ – заминаи асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ

    Иқтисоди миллӣ маҳз ба давлати миллии мустақил хос буда, чун хоҷагии бисёрзинаи мамлакат танҳо дар шароити истиқлолияти давлатии кишвар метавонад арзи вуҷуд намояд. Бинобар ин, агар давлат мустақил набошад, яъне дар тобеияти ягон давлати дигар бошад, дар ин ҳолат иқтисодиёти онро миллӣ гуфтан ҷоиз намешавад, зеро он маҳз ба давлати…

    Муфассалтар »
  • Ҳадафҳо ва самаранокии иқтисоди миллӣ

    Саволе ба миён меояд, ки оё иқтисоди миллӣ ҳадафҳои худро дорад ё на? Саволи дигаре — оё ҳадафи иқтисод ва ҳадафи рушди ҷамъиятӣ яканд? Иқтисоди миллӣ ҳамагӣ як ҳадаф – ҳадафи асосӣ дорад ё ингуна ҳадафҳо якчанд намуд мешаванд? Ба ингуна саволҳо ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Ба ақидаи мо…

    Муфассалтар »
  • Робитаҳо ва муҳити иқтисоди миллӣ

    Дар байни бахшҳо ва унсурҳои ниҳодии иқтисоди миллӣ робитаҳо — алоқаҳои соҳавӣ, тахассусӣ ва технологӣ ҷой доранд. Ин робитаҳо мураккаб буда, ба тариқи мустақим ва ғайримустақим, бевосита ё бавосита, бо зарурати функсионалӣ ё дигар сабабҳои муайян сурат мегиранд. Ингуна робитаҳоро, ки дар дохили иқтисоди миллӣ шакли ҳамоҳангсозиро дар худ таҷассум…

    Муфассалтар »
  • Давлат чун ниҳоди иқтисодии мамлакат

    Давлат — яке аз ниҳодҳои иқтисоди миллӣ мебошад. Мавқеи давлат дар шароити бозор ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар айни ҳол худи давлат чун субъекти хочагидорӣ низ амал мекунад. Нисбати иқтисоди миллӣ дар шароити ҳозира давлат якчанд вазифаҳоро ба ӯҳда дорад, ки муҳимтарини онҳо: — аввало давлат салоҳиятдор аст, ки якпорчагии…

    Муфассалтар »
  • Сохтори ниҳодии иқтисоди миллӣ.

    «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли қонунбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад» Э.Ш. Раҳмонов Мафҳуми «ниҳод» («институт») маънои васеъ дорад. Дар ин ҷо сухан дар бораи ниҳодҳои иҷтимоӣ меравад, ки бе ташаккул ва таҳқиқи онҳо дар шароити кунунӣ пешрафти иқтисодиётро…

    Муфассалтар »
  • Сохтори иқтисоди миллӣ

    Рушди самараноки иқтисоди миллӣ аз сохтори ӯ вобастагӣ дорад. Сохтор то чӣ андоза мукаммал бошад, ҳамон қадар ба рушди иқтисод мусоидат менамояд. Пас сохтор чист? Сохторро дар бисёр ҳолатҳо ҳамчун сохт, таркибу таносуби дохилии ягон чиз (объект) мефаҳманд. Сохтори аҳолиро чун таркиби дохилии он аз рӯйи ҷинс, синну сол, ҳолати…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи хислатҳои иқтисоди миллӣ

    Характери миллӣ гирифтани иқтисодиёти кишвар ба он имконият медиҳад, ки якчанд хислатҳои навро соҳиб шавад. Чун организми ягона вай чунин нишонаҳоро дар бар гирифта амал мекунад: якум, фазои ягонаи иқтисодӣ, ки дар асоси қонунгузории ягона, воҳиди ягонаи пулӣ, низоми умумии қарзию пулӣ ва молиявӣ ташаккул ёфтааст; дуюм, алоқаҳои пайвастаи иқтисодии…

    Муфассалтар »