Фанни Фалсафа

Соҳаи сиёсии ҳаёти ҷомеа

Давлат
Вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлат
Шаклҳо ва намудҳои идоракунӣ, режим ва сохтори давлатӣ

Чуноне ки маълум аст, ҷамъият аз системаи муташаккили мураккаби иҷтимоӣ иборат мебошад. Аммо ҳар як системаи муташаккил бе идоракунӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зери мафҳуми идоракунӣ раванде фаҳмида мешавад, ки имкон медиҳад то система мўътадил буда, сифатҳои муайянкунандаи он маҳфуз монанд, мувозиннати ҷараёни инкишофи онро бо муҳит нигоҳ дошта, комёбии ин ё он натиҷаи фоидаоварро таъмин намояд.

Механизми идоракунии иҷтимоӣ ҳануз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо мешавад. Дар раванди инкишофи инсоният ин механизм такмил меёбад. Дар ҷамъият меъёрҳо, қоидаҳо ва қонунҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳуқуқ ва системаи судӣ, ҳокимияти маъмурӣ ва сиёсӣ ташкил ёфта, давлат ба вуҷуд меояд.

Зери мафҳуми ҳокимият, бо мазмуни кушоди ин калима, қобилият ва имконияти субъекти иҷтимоӣ фаҳмида мешавад, ки (шахси алоҳида, гуруҳи иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, давлат ва ғ.) ба субъектҳои дигари иҷтимоӣ таъсир расонда, иродаи худро татбиқ намояд.

Давлат. На ҳамеша давлат вуҷуд дошт. Дар ҷомеаи ибтидоӣ давлат мавҷуд набуд. Ҳокимият дар ин ҷомеа дар шакли худидоракунӣ вуҷуд дошт. Органҳои роҳбарикунанда аз тарафи калонсолҳои қавму қабила интихоб мешуданд. Ҳамаи муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи ибтидоӣ бо ёрии афкори умум, анъана, расму оин ба танзим дароварда мешуд.

Давлатҳои аввалин дар шароити ҷамъияти ғуломдорӣ ба вуҷуд меоянд. Вақте ки синфи ҳукмрон ва элитаи идоракунанда зарурат пайдо мекунанд, ки бештари раияти худро, ки аз зулм азоб мекашиданд, бо ёрии дастгоҳи махсус барои ин офаридашуда, ба итоати худ дароваранд. Табиист, ки ин дастгоҳ метавонист танҳо дар асосӣ маҷбуркунӣ ва зулм бунёд ёбад.

Нишонаҳои асосии давлат инҳо мебошанд:

  • ҳокимияти оммавӣ, вазифаҳои худро ба воситаи институтҳои махсуси барои ҳамин сохташуда, амалӣ менамояд;
  • ҳуқуқ, ки дар он меёрҳои (қонунҳои) муқараршудаи ҳокимияти қонунӣ устувор мегарданд;
  • ҳудуди муайян, ки дар он меёрҳои ҳуқуқии аз тарафи давлат муқараршуда, амал менамоянд.

Ба ҷуз ин давлат дорои қувваҳои мусаллаҳ ва органҳои махсус мебошад, ки вазифаҳои онҳо ҳимояи сохторҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ буда, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва озодии шахс мебошад.

Вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлат

Вазифаҳои дохилӣ:

1.Ҳимояи усули истеҳсолот ва муносибатҳои ҷамиятии мавҷуда;

2.Пахш намудани муқовимати рақибони ҳукумати қонунӣ;

3.Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ;

4.Фарҳангӣ –тарбиявӣ

5.Иттилоотӣ

6.Идеологӣ

Вазифаҳои берунӣ:

1.Ҳимояи сарҳади давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии ҳудудӣ;

  1. Намояндагӣ ва муҳофизат намудани манфиатҳои давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ;
  2. Инкишофи муносибатҳои манфиатовар бо дигар кишварҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолият;

4.Ширкат дар ҳали проблемаҳои ҷаҳонии инсоният.

Шаклҳо ва намудҳои идоракунӣ, режим ва сохтори давлатӣ

Вобаста ба он ки кадом синфи иҷтимоӣ ҳокимиятро амалӣ менамояд давлат ба якчанд шаклҳои асосӣ ҷудо мешавад:

  • Ғуломдорӣ
  • Феодалӣ
  • Буржуазӣ
  • Сотсиалистӣ

Намудҳои асосии идоракунӣ монархия ва ҷумҳур мебошад.

Монархия чунин намуди идоракунӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти олӣ мутааллиқи як шахс буда, аз насл ба насл мегузарад. Бо ифодааи дигар манбаи ҳокимияти расмӣ дар ин ҷо монарх (шоҳ, мир, султон, император) мебошад. Монархия метавонад бе маҳдуд (мутлақ) ва маҳдуд (конститутсионӣ) шавад. Мисол барои давлати дорои монархияи маҳдуд Британияи кабир, Дания, Канада, Норвегия, Шветсия шуда метавонанд.

Ҷумҳур муқобили монархия мебошад. Дар ин ҷо ҳокимияти олии давлатӣ ба воситаи органҳои аз тарафи халқ дар мўҳлати муайяни интихобшуда, (парлумон, конгрес, маҷлиси халқӣ ва ғ.) идора мешавад.

Намудҳои сохтори давлатӣ ифодакунандаи муносибатҳои дутарафа байни ҳокимияти марказӣ ва маҳалӣ буда, инчунин дорои намуди муайяни тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар давлат унитарӣ, федеративӣ ё конфедеративӣ мешавад.

Давлати унитарӣ иборат аст аз давлати ягонаи ташкилшуда, ки дорои органи олии ҳокимияти ягона ва органи қонунгузории ягона мебошад. Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудии ин давлат нишонаҳои давлатдорӣ дар худ надоранд.

Давлати федеративӣ бо он фарқ мекунад, ки дар ин давлат бо вуҷуди ҳокимияти марказии ягонаи федеративӣ, системаи ягонаи пулӣ ва қувваҳои мусаллаҳ воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ нисбатан мухторияти сиёсро доро мебошанд. Аъзои давлати федеративӣ дорои коститутсияи хусусӣ, органҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ мебошанд. Ба чунин давлатҳо дохил мешаванд: Россия, ИМА, Канада, Олмон, Ҳиндустон ва ғ.

Конфедеративӣ иборат аст аз иттиҳодияи давлатҳои мустақил, ки дорои органҳои ҳокимияти давлатӣ буда, бо ташкил намудани органҳои муттаҳиди махсус барои мутобиқати фаъолият барои мақсади муайян (сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисдӣ, фарҳангӣ ва ғ.) муттаҳид шудаанд. (Иттиҳоди Урупо, ИДМ ва ғ.).

Танҳо худи як намуди давлат метавонад дорои шаклҳои гуногуни режими сиёсӣ бошад, ки бо усулҳои амалишавии ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, вобаста ба ин ба авторитарӣ ва ғайриавторитарӣ ҷудо мешаванд. Ба авторитарӣ режимҳои тоталитарӣ ва фашистӣ дохил мешаванд. Ба ғайриавтотритарӣ режимҳои демократӣ ва лебералӣ.

Режими фашистӣ нишондиҳандаи адами комили озодии демократӣ, шахспарастии роҳбари давлат, миллатчигии шадид, ҳарбикунонии ҳамаи сохторҳои ҷамъиятӣ ва муташанниҷ намудани сиёсати беруна.

Режими тоталитарӣ бо дахолати шадиди назорати давлатӣ ба ҷамъият ва фард, усулҳои гурўҳӣ-маъмурӣ дар идоракунӣ ва сиёсат, демократияи элитавӣ (танҳо барои онҳое ҳокимият доранд ва наздикони онҳо) фарқ мекунад.

Дар давлати дорои режими лебералӣ элитаи сиёсӣ идоракуниро амалӣ менамояд, ки ин ҳуқуқро дар рақобати озод, дар интихоботҳои қонунии мудаввом ба даст меоваранд. Ҳокимияти сиёсӣ ҳуқуқ надорад, ки ба озодии шахс, бехатарӣ, моликият, озодии сухан, виҷдон ва ғайра таарруз кунад. Ҳар як инсон озод ва масъули озодии шахсии худ мебошад.

Дар давлати дорои режими демократӣ ҳокимият аз они халқ аст, ки онро ба воситаи органҳои бевосита ва намояндадор амалӣ менамоянд. Барои режими демократӣ тақсимоти ҳокимият ба қонунбарор, иҷроия ва судӣ, волоияти қонун, баробарии ҳамаи шаҳрвандон пеши қонун ва ин чунин системаи кафолатдиҳии ҳуқуқ ва озодӣ хос мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *