Фанни Фалсафа

Маърифат мафҳум ва мазмуни он

Гносеология (маърифат), мазмуни мафҳум
Субъект ва объекти маърифат

Аз замоне, ки инсон худро ҳамчун инсон шинохт ва аз миёни дигар мавҷудоти табиат худро беҳтару хубтар ёфт пешорўи ў чунин саволҳо пайдо гардиданд маърифат ва ҳосили он-дониш чиро ифода мекунанд? Диққати инсонро роҳ ва усули аз худ намудани дониш, масъалаи то чи андоза дониши мо оиди олам ба ҳақиқат наздик аст, инсон чиро дониста метавонад ва бисёр масъалаҳои дигар ҷалб мекарданд. Ҳамаи файласуфони давраҳои гуногуни таърихӣ то андозае кўшиш ба харҷ додаанд, ки ба ин гунна саволҳо бо тарзҳои гуногун ҷавоби мушаххас диҳанд. Аммо бо гузашти айём як мафҳуми умумии маърифат ҳамчун раванде, ки дар натиҷаи он инсон оиди олами атроф ва дар бораи худ донишро ба дасат меоварад, коркард гардид. Дониши азхуднамударо инсон дар фаъолияти амалии худ ба кор мебандад. Бо мақсади мўътадил намудани ҳаёти худ ва ҳаёти олам ў табиатро дигаргун мекунад ва шароити мавҷудияти худро беҳтар мегардонад. Ин донишҳо мудаввом дар хотираи таърихии инсоният ғун шуда, аз насл ба насл интиқол дода мешаванд.

Маърифат ин раванди фаъолияти фардӣ ё коллективиест, ки дар марҳалаҳои мухталифи инкишофи иҷтимоӣ шаклҳои гуногуни таърихиро мегирад. Бо ифодаи дигар, раванди маърифатро ҳамчун хусусияти динамики маънавӣ-назариявии азхудкунии олами объективӣ аз тарафи инсон ҳисоб намуд. Дар чунин маврид натиҷаи маърифат-донишро ҳамчун хусусияти муайянкунандаи натиҷаи ин азхудкунӣ маънидод кард.

Дар марҳалаи ибтидоии инкишофи фалсафа соҳаи муайяни дониши назариявӣ ба вуҷуд омад, ки дар он масъалаҳои марбут ба маърифат мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд. Ин соҳа назарияи маърифат ё гносеология ном гирифт. Истилоҳи гносеология аз юнонӣ гирифта шуда маъояш гносис – дониш, логос- таълимот мебошад.

Гносеология хусусияти маърифати инсонӣ, муносибати дониш ба воқеъият, имкони вуҷуди ў дар сохтори маданият, меъёрҳои ҳақиқат, инчунин шакл, тарз ва қонунмандии ба дастоварии дониши ҳақиқиро меомўзад.

Баъдтар истилоҳи «эпистемология» ба вуҷуд омад, ки хело зуд ба таври васеъ паҳн гардид. Ин истилоҳ аз калимаи лотини «episteme» гирифта шуда, маънояш дониш мебошад. Бештар зери ин мафҳум назарияи маърифати илмӣ дар назар дошта мешавад. Дар қатори масъалаҳое, ки назарияи маърифат баррасӣ мекунад чунин масъалаҳо низ вориданд: муносибати маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ, субъект ва объект, имон ва дониш, тафаккур ва забон.

Яке аз масъалаҳои муҳими гносеология ин масъала оиди имконияти маърифат ва ҳудудҳои он мебошад. Оё инсон қодир аст, ки аз табиат ва моҳияти падидаҳо воқиф гардад? Дар таърихи афкори фалсафӣ ба саволи донисташавандагии олам се варианти ҷавобҳо вуҷуд доранд.

  • Ҷавоби агностисизм (лоадрия): «Инсон ҳаргиз ба дарки моҳияти зуҳурот намерасад. Маърифат ҳудудҳо дорад. Ин ҳудудҳо пеш аз ҳама аз тарафи қобилияти ҳиссӣ ва фикрии инсон муқарар мешаванд».
  • Ҷавоби гностисизм ё оптимизм: «Инсон метавонад бо такя бар маълумоти ҳиссӣ ва истифода аз тафаккур моҳияти зуҳуротро дарк намояд. Ҳудудҳои асосии маърифат вуҷуд надоранд. Бо ифодаи дигар ашёи маърифатнашуда вуҷуд доранд, аммо ашёи маърифатнашаванда вуҷуд надоранд».
  • Ҷавоби скептисизм (шакокия): «Агар чанде маърифати инсонӣ ҳудудҳои асосӣ надошта бошад ҳам, бо вуҷуди ин далели кофие барои шак намудан дар сиҳатии натиҷаи маърифат вуҷуд дорад».
Субъект ва объекти маърифат

Маърифат –ин намуди махсуси фаъолияти инсон аст, ки ба дарки олами беруна ва мақоми инсон дар ин олам равона гардидааст. Маърифат шакли фаъоли муносибати инсон ба ҳақиқат мебошад. Субъек ва объекти маърифат ҷанбахои фаъолияти маърифатӣ мебошанд.

Шарҳи муосири мафҳуми «субъект» бори аввал аз тарафи Декарт пешниҳод гардида, бо муқобилгузории субъект ва объект алоқа дошт. Дар баробарии ин субъекти маърифат ҳамчун мабдаи фаъол дар раванди маърифат шарҳ дода мешавад. Объекти маърифат ин чизест, ки фаъолияти маърифатии субъект ба сўи он равона шудааст. Ба ҳайси субъекти маърифат метавонад фарди алоҳида, колективи илмӣ-тадқиқотӣ, бо мазмуни муқарарӣ ҷамъият дар нисбати табиат ҳамчун субъект баромад мекунад. Объекти маърифат комилан мафҳуми умумиест, ки ба он зуҳуроти табиӣ, мардумони дигар бо шуурашон, аслан ҷисми инсон ва фаъолияти рўҳонии вай дохил мешаванд.

Байни объект ва предмети маърифат низ бояд фарқ кард. Инсон ҳамчун объекти тадқиқотӣ барои ҳамаи илмҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ умумӣ мебошад. Аммо ба предмети маърифат дар биология ва тиб-сохтори физикии инсон, равандҳои физиологӣ дар организмаш баамаломада, равандҳои равонӣ ва ғ. дохил мешаванд. Дар илмҳои иҷтимоӣ бошад, инсон ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ предмети маърифат мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *