Фанни Фалсафа

Шахс,Озодӣ ва Арзишхо

С.1. Мафҳуми шахс. Шахс ҳамчун объект ва субъекти ҳаёти ҷамъиятӣ.

С.2. Зарурати таърихӣ ва озодии шахс.

С.3. Мафҳуми арзиш. Таснифоти арзишҳо.

* Барои маънидод кардани моҳияти мафҳуми «шахс», пеш аз ҳама, моҳияти инсонро ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ муайян кардан лозим аст, зеро шахсҳо танҳо дар ҷамъият вуҷуд дошта метавонанд. Шахсияти инсон дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ— таърихӣ ташаккул меёбад. Мафҳуми инсон ва шахс як чиз нест.

Мафҳуми шахс – ифодакунандаи моҳияти иҷтимоӣ- таърихии инсон аст, ки дар раванди фаъолияти амалӣ ташаккул меёбад.

Мафҳуми шахс бо ёрии мафҳумҳои фард ва фардият тавзеҳ меёбад.

Мафҳуми «фард» барои ифодаи ҳар кадом намояндаи ҷудогонаи авлоди инсонӣ истифода бурда мешавад. Фард бо ду маъно фаҳмида мешавад. Дар маънои якум, фард ифодагари инсон ҳамчун мавҷудоти хосаву такрорнашавандаи табиат, намояндаи аҷдоди одамӣ, дорандаи қобилияту хосиятҳои зотии инсонӣ аст. Дар фаҳмиши дуюм, фард ифодакунандаи аъзои конкретӣ, мушаххасоти иҷтимоӣ- таърихии одамон аст.

Фардият- бошад, ифодаи ба худ хос будан, фарқкунанда ва такрорнашаванда будан, махсусияти ҳар як шахс, қобилият, ҳисисёт ва хусусиятҳои алоҳидаи дигар аст.

Агар афҳуми «фард» ба маънои маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ будани онро ифода кунад, пас мафҳумҳои «фардият» ва «шахсият» субъекти фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд.

Мафҳумҳои «фардият» ва «шахсият» дар баъзе маврид якдигарро иваз мекунанд. Дар баробари ин, мафҳумҳои «фардият» ва «шахсият» аз якдигар фарқ мекунанд. Муҳимтарин ҷиҳати фарқкунандаи ин ду мафҳум аз он иборат аст, ки ба «фардият» сифатҳои махсусият ва ба «шахсият» сифати мустақилият хос аст.

Чи тавре ки қаблан зикр намудем, фардият дорои сифатҳои гуногуншакли иҷтимоӣ мебошанд, ки ба дигарон хос нестанд. Ба фардият чунин сифатҳо ба монанди қобилиятнокӣ, истеъдод, характер, боиродагӣ, дараҷаи баланди маънавӣ ва ғ. хос аст. Вале барои он, ки ин сифатҳо дар бутунӣ амалӣ гарданд, кӯшиши бисёрсоҳаи бомақсад зарур аст, ки ин вазифа бевосита бо ёрии мафҳуми «шахсият» амалӣ мегардад. ҷамъиятӣ, гурӯҳӣ ва синфии фардият ба кор бурда мешавад. Ба ин мазмун К. Маркс низ моҳияти шахси алоҳидаро на дар риш ва хуни ӯ, балки дар сифатҳои ҷамъиятии одам дидааст.

Чунон, ки маълум аст шахс ҳамчун ҷузъи гӯрӯҳ ва ё колективӣ меҳнатӣ аксаран дар доираи муносибатҳоииқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ғ. мебошад. Дар доираи ин муносибатҳо шахс на фақат объект, балки субъекти чунин муносибатҳо ба шумор меравад. Дар фаъолияти шахс сифатҳои гуногун ба монанди қобилият, хислат, худшиносӣ, инсондӯстӣ ва ғ. зоҳир мегарданд. Дар таркиби сифатҳои шахсӣ бо таъсири муҳит сифатҳои ба гурӯҳ ва коллектив таалуқ ва умумиятдошта, ташаккул меёбанд.

Бояд қайд намуд, ки инсон бе сифатҳои шахсӣ низ метавонад ҳаёт ба сар барад, аммо инсонро бе сифатҳои фардӣ муяссар намешавад. Ин ба он далолат мекунад, ки сифатҳои фардӣ ирсӣ – модарзодӣ буда, дар натиҷаи тарбия сифатҳои худро дигар карда, ба сифатҳои шахсӣ табдил меёбанд. Аз ин рӯ, одам бо сифатҳои фардӣ ба дунё омада, бо сифатҳои шахсии худ дар ҷамъият шинохта мешавад. яъне худро ҳамчун шахс тасаввур кардан танҳо дар ҷамъият муяссар мегардад.

Аз тарафи дигар сифатҳои шахсӣ дар шакли алоҳидагӣ дида намешаванд. Онҳо ҳатман дар оинаи фардӣ шикаста шуда, баъд инъикос меёбанд. Яъне сифатҳои «тозаи шахсӣ» вуҷуд надоранд ва онҳо ҳамеша дар шакли фардӣ – шахсӣ зоҳир мешаванд. Бинобар ин, ҳангоми сифатҳои шахсии инсонро муайян намудан ва ба он баҳо додан, ба назар гирифтани сифатҳои фардии ӯ ҳатмист.

* Масъалаи озодии шахс яке аз масъалаҳоест, ки қисми таркибии афкори ҷамъиятӣ ва сиёсиро ташкил медиҳад.

Озодӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти маънавӣ ва моддии инсон аст. Озодӣ нерӯи моҳиятии инсон аст, тавассути он инсон дар ҳалли масъалаҳои мухталиф худмухтор буда, мувофиқи салоҳияти худ фаъолият мекунад.

Озодӣ дар асоси дарки зарурати таърихӣ мувофиқи дараҷаи дониш, имконият ва қобилият амал намудани одамон мебошад. Одамон дар ҷараёни фаъолияти амалии ҳаррӯзаашон ба як зумра муносибатҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки новобаста аз хоҳишу иродаи онҳо вуҷуд дорад. Ҳамаи ин муносибатҳо зуҳуроти зарурати таърихӣ мебошад. Озодии одамон дарку дигаргунсозии ҳамин зарурати таърихист.

Агарчи одамон дар интихоби шароити таърихии фаъолияту зиндагиашон, ки характери объективӣ дорад ба таври мутлақ озод набошанд ҳам, онҳо дар интихоби мақсаду мароми худ нисбатан озоданд. Аз ин рӯ, худи озодӣ ҳам мутлақ нею нисбӣ мебошад. Озодии мутлақ барои шахс на аз тарафи табиат ва на аз тарафи ҷамъият пешбинӣ нашудааст.

* Мафҳуми арзиш дар барои ифодаи тамоми мавҷудоти ҳодисаҳои олам, ки фаъолияти инсону муносибатҳои вай дохиланд, ба сифати « мавзӯи арзиш» ё «мақсади муносибатҳои арзиш» қарор гирифта, аз мавқеи фоидаю зарар, некию бадӣ, ростию дуруғ, зебоию зиштӣ, мумкину номумкин, адалату беадолатӣ баҳо дода мешавад.

Арзиш зуҳуроти айнӣ буда ба ашёву ҳодисаҳои олам хос мебошад ва аз фаъолияти ҳаррӯзаи одамон барои қонеъ гардонидани талаботҳои моддию маънавии онҳо бармеояд. Инсон ашёву ҳодисаҳои оламро маърифат намуда дарк мекунад, ки бархе аз онҳо барои қонеъ гардонидани талаботаш фоиданоку зарур ва қисме бефоидаву нодаркор мебошанд. Аз ин рӯ, мафҳуми арзиш ва муносибатҳои арзишӣ дар ҷараёни маърифати муҳити моддиву маънавии инсон ба вуҷуд меоянд. Зоҳиран арзиш гӯё ҳодисаи субъективӣ менамояд. Вале аслан дар он моҳияти ашёву ҳодисоти олам инъикос ёфта, бо зиндагонии ҳаррӯзаи одамон сахт алоқаманд мебошад.

Арзиш – ифодаи моҳияти ашёю ҳодисаҳо ва хосияти онҳо мебошад, ки дар муносибатҳои ҷамъиятии одамн, синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида ҳамчун воситаи қонеъгардонии талаботу манфиатҳо, ғоя ва майлу рағбати онҳо зуҳур ёфта, дар шакли норма, мақсад ё идеал арзи вуҷуд мекунад.

Тавре, ки аз таъриф бармеояд, фаҳмиши фалсафии арзишҳо бо масъалаи инсон, шахсияти фард алоқамандии зич дошта, майлу рағбат, шавқу ҳавас, талабот ва манфиатҳои онҳоро инъикос менамояд.

Дар муҳити воқеӣ ашё, чиз, ҳодисае нест, ки инсон нисбати он муносибатҳои арзишӣ зоҳир накунад.

Монанди гуногунии ҳодисаҳои ҳаёти арзишҳо низ сершумор мебошанд. Гуногуншаклии арзишҳо таснифоти онҳоро тақозо мекунад, ки чунин аст:

1) Арзишҳои моддӣ; 2) Арзишҳои маънавӣ; 3) Арзишҳои иҷтимою сиёсӣ.

Фарқияти байни арзишҳои моддию маънавӣ характерӣ нисбӣ доранд. Чугнончи, техника ва техналогияи пешқадам бо арзишҳои моддӣ марбут. Вале барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудан , вай барои одамон шароитҳои хуби меҳнат, истироҳат, бехатарӣ ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин, техникаи ҳозиразамони пуриқтидор ба одамон имконият медиҳад, ки масофаҳои дурро дар фазхову вақт бартараф намуда, ба кишварҳои дигар, кайҳон сафар намоянд, доираи маънавиёти худро васеъ намоянд.

Ҳамчунин, фаъолияти рӯҳии одамон, хусусан фаъолияти илмӣ – маърифатӣ олами маънавии худи инсонро дигаргун сохта ба такомули ҳаёти моддӣ ва рушди истеҳсолот таъсири бевосита мерасонад. Дар ин ҷо алоқамандии диалектикӣ зуҳур меёбад.

Ба арзишҳои иҷтимоию сиёсӣ тартиботи ҷамъиятӣ, сӯлҳ, бехатарӣ, озодӣ, баробарӣ, адолат ва ғайра дохил мешавад. Асоси таснифоти арзишҳоииҷтимоӣ – сиёсиро институтҳои иҷтимоии ҷомеа ташкил медиҳанд. Дар ҳамин замина арзишҳои умумибашарӣ, миллӣ, давлатӣ, синфӣ, оилавӣ, оилавӣ ва ғ. ҷудо карда мешаванд. Масалан, сӯлҳ, озодӣ, адолат ва ғ. ба арзишҳои умумибашарӣ дохил мешаванд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *