Фанни Фалсафа

Шуур ҳамчун инъикоси воқеият ва фаъолияти ҷамъиятӣ

С.1. Мафҳуми шуур. Шуур ҳамчун инъикоси ҳастии олами

материалӣ.

С.2. Пайдоиши шуур ва моҳияти иҷтимоии он.

С.3. Таносуби рӯҳониёт ва моддиёт.

С.4. Шуури инфиродӣ ва шуури ҷамъиятӣ, робитаи диа –

лектикии онҳо.

С.5. Сохтори шуури ҷамъиятӣ ва дараҷаҳои он.

С.6. Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва меъёрҳои фарқияти онҳо.

1. Шуур (кал. ар. маъ. ҳуш, фаҳм, огоҳӣ) шакли олии (махсус инсонии) инъикоси мақсадноки маънавии воқеият аст. Шуур ҳамчун нерӯи моҳиятии инсон ба нутқ алоқаманд буда, шаклҳои ҳиссиёт: эҳсос, идрок, хотира, тасаввур, тахайюл, диққат ва ғайраро дар бар мегирад ва ҳамчун тафаккури абстрактӣ дар мафҳум, ҳукм, хулоса, фарзия, интуитсия, идея ва назария ифода меёбад.

Шуур дониш дар бораи олами моддӣ ва маънавӣ, дар бораи ҳастии худи одам аст. Дониш тарзи мавҷудияти шуур аст. Мазмуни шуурро системаи донишҳои таърихан ташаккулёфтаю муттасил афзоянда, ки дар таҷрибаи фардии ҳар як инсон инъикос мешавад, ташкил медиҳад.

Шуур ва дониш ягонаанд, вале як нестанд. Дониш категорияи гносеологист. Аммо шуур маънои васеътарро дар бар мегирад: он на танҳо категорияи гносеологӣ, балки психологӣ, ахлоқӣ, сотсиологӣ ва ҳуқуқӣ низ мебошад. Дар бораи чизе андешидан амали шуурро мефаҳмонад, вале он ҳанӯз дониш нест.

На танҳо инъикоси воқеият, олами моддӣ зуҳуроти шуур мебошанд, аз худ бохабар будани одам, худшиносии ӯ низ аз падидаҳои шуур аст. Агар шуур донистани чизеро фаҳмонад, худшиносӣ ҳастии худро фаҳмидани одам аст. Туфайли худшиносӣ инсон худро ҳамчун фарди воқеӣ, ки аз табиат ва дигарон фарқ дорад, дарк менамояд.

Материализм ақидаи пеш аз шуур мавҷуд будани моддаро ба асос мегирад. Аммо идеализм қабл аз мабъдаи моддӣ, ҳамчун ҷавҳари мустақил вуҷуд доштани шуурро эътироф менамояд. Мувофиқи тасаввуроти динию идеалистӣ шуур зуҳуроти як ҷавҳари ғайримоддӣ, ҷовид ва абадӣ – зуҳуроти ҷон аст, ки гӯё тамоман ба материя ва хусусан ба мағзи сари инсон вобаста набуда, қобили ҳастии мустақилона аст.

Бар хилофи ҳар гунна ақидаҳои идеалистӣ материализм ҳаминро ба асос мегирад, ки шуур функсияи мағзи сари инсон аст, ки моҳияти он аз инъикоси воқеият иборат аст. Чунон ки асосгузорони материализми диалектикӣ таъкид менамуданд, шуур ҳаргиз ба ҷуз ҳастии донисташуда чизи дигаре буда наметавонад, ҳастии одамон бошад протсеси реалии ҳаёти онҳост.

Қобилияти воқеиятро инъикос намудани мағзи сари инсон натиҷаи инкишофи дурударози материяи олиташкил мебошад.

Инъикос ҳамчун хосияти умумии материя ба он вобаста аст, ки предметҳо ва ҳодисаҳо робитаи мутақобила ва таъсири мутақобилаи куллӣ доранд. Онҳо ба якдигар таъсир расонида, дар айни ҳол ин ё он тағйиротро ба амал меоваранд.

Инъикос ба тамоми дараҷаҳои ташкили материя хос аст, аммо шаклҳои олии инъикос бо материяи зинда, бо ҳаёт вобастаанд. Ҳаёт ин шакли махсуси мураккаби ҳаракати материя мебошад. Аломатҳои муҳими он мутаасиршавӣ, сабзиш ва афзоиш аст, ки асоси онҳо мубодилаи моддаҳост.

Шакли оддитарин ва ибтидоии инъикос, ки ба тамоми организмҳои зинда хос аст, мутаассиршавӣ мебошад.Вай дар он ифода меёбад, ки ҷисмҳои зинда ба таъсири беруна (рӯшноӣ, тағйир ёфтани ҳарорат ва ғайра) ба тарзи хоса ҷавоб медиҳанд. Дар дараҷаи баландтари эволютсияи организмҳои зинда мутаассиршавӣ ба хосиятҳои сифатан нав – ҳассосият, яъне қобилияти дар шакли эҳсосот инъикос кардани хосиятҳои ҷудогонаи чизҳо, мубаддал мешавад. Шакли дигар ва нисбатан баландтари инъикос, ки ба ҳайвонот ва инсон хос аст, психика мебошад. Инъикоси психикӣ дар ҳайвонот тобеи инстинкт (ангеза, беихтиёрона, ҳиссӣ) аст. Инсинкт феъли ирсӣ буда, онро ҳайвон бе ҳеҷ тайёрию омӯзонидани пешакӣ содир мекунад. Ҳайвонот дорои қобилияти инъикос кардани хосиятҳои аз ҷиҳати биологӣ муҳими предметҳои олами атроф (яъне хосиятҳое, ки барои қонеъ гардонидани талабот ба хӯрок ҳазар кардан аз хавфу хатарҳо ёрӣ мерасонанд) мебошанд.

Психикаи инсон аз ҳайвон фарқ дорад.Психикаи инсон тобеъи интуитсия ( кал.лот. ҳадс, фаросат, фаҳм) аст. Ҳар шахс метавонад мувофиқи фаросаташ ҳаводиси оламро пайхас намояд.

Ҳамин тавр, шакли олии инъикос шуур мебошад, ки ба инсон хос аст.

11. Паҳлӯи баҳсталаби масъалаи шуурро пайдоиши (генезис) он ташкил медиҳад.

Материалистони вулгарӣ(соддалавҳона) К. Фохт (1817-1895) ва Я. Молешотт (1822- 1893) робитаи байни шууру майнаро бо алоқамандии заҳра бо ҷигар ё пешоб бо гурда монанд мекарданд. К. Фохт навишта буд, ки « ҳама қобилиятҳое, ки ба номи фаъолияти рӯҳӣ маълуманд, амали мағзи сари инсон мебошанд, ё дағалтар карда гӯем, фикр ба мағзи сар ҳамон гунна муносибат дорад, чунон ки заҳра бо ҷигар ».

Материалистони вулгарӣ дар таълимоти худ ба идеяҳои файласуфи духтур П. Кабанис (1757-1808) такя мекарданд. « Вазифаи майна,- мегуфт Кабанис, — фикр кардан аст, чунон ки вазифаи меъда ҳазми хӯрок ё вазифаи ҷигар аз хун ҷудо кардани заҳра мебошад ».

Шуур дар ҷараёни антропогенез аз заминаҳои биологӣ бо таъсири муносибатҳои ташаккулёфта истодаи иҷтимоӣ ва дараҷаи нави фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд омадааст. Дар марҳилаи авали антропогенез қонунҳои биологӣ таъсири бештар доштанд, дар заминаҳои болотар бошад, амали ин қонунҳо маҳдуд шуд. Мутобиқшавӣ акнун на бо таъсири омилҳои эволютсионӣ, балки бо воситаи меҳнат – фаъолияти дигаргунсозандаи одам сурат мегирад.

Инсон дар марҳалаҳои аввал амалиёти худ ва олами атрофро маҳдуд мефаҳмид, аз доираи тасаввуроти ҳиссӣ, ба ҳам пайвастани онҳо ва ҷамъбастҳои оддӣ берун намебаромад. Шуур аввал фақат аз фаҳмидани муҳити наздиктарини ҳиссан даркшаванда ва робитаҳои бевосита бо одамони дигар иборат буд. Минбаъд дар рафти мураккабтар шудани шаклҳои меҳнат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ қобилияти дар шакли мафҳумҳо, ҳукмҳо ва хулосабарориҳо фикр кардан ташаккул меёфт, ки онҳо робитаҳои торафт амқтар ва хеле гуногуни байни предметҳо ва ҳодисаҳои воқеиятро инъикос менамуданд.

Пайдоиши шуур ба пайдоиши забон ва нутқ бевосита алоқаманд аст.

Нутқ – нерӯи моҳиятии инсон, қобилияти сухан рондан, фикр кардани одамон аст. Нутқ ҳамчун воситаи мутобиқсозӣ ва танзими фаъолияти одамон дар ҷараёни ҳаёти дастаҷамъона ба вуҷуд омадааст. Вазифаҳои нутқ, ки одамонро ба воситаи талаффуз, оҳанг ва овозҳо алоқаманд мегардонад, аз дарки олам ва ифодаи хосаи он иборат аст. Нутқ танҳо барои ба каси дигар нақл намудани фикри тайёр хизмат намекунад. Дар нутқ фикр ташаккул меёбад, баён мегардад. Вакте ки одам ғарқи андеша мешавад, дар ҳолати хомушӣ ҳам бо худ гуфтугӯ мекунад. Ин нутқи ботинист. Нутқи ботинӣ бесадо ҷараён меёбад.

Забон- ҳамчун нерӯи моҳиятии инсон воситаи муҳимтарини муоширати одамон аст. Забон бо тафаккур бевосита алоқаманд аст. Инкишофи тафаккур ва майнаи сари инсон ба инкишофи забон алоқаманд буда, якдигарро пурра месозанд. Забонро восита ё аслиҳаи тафаккур низ мегӯянд. Тафаккур – дараҷаи олии маърифат ва ҷараёни инъикоси ҳақиқати объективӣ мебошад. Тафаккур дар асоси таҷриба ва маърифати ҳиссӣ пайдо ва ташаккул меёбад. Инсон албатта, фикри хешро бо роҳҳои гуногун, аниқтараш бо имову ишора, рафтор, ранг, садо, формулаҳо, шифоҳӣ ва хаттӣ ифода карда метавонад. Аммо воситаи умда ва мубрами баёни фикри инсон забон аст. Туфайли забон ҳар як насли нав таҷрибаи ҷамъиятӣ- таърихии инсониятро аз худ мекунад, маҷмӯи донишҳоеро ба даст меорад, ки барои такоммули фаъолияти ақлии вай зарур аст.

Бояд қайд кард, ки меҳнат, шуур, нутқ ва забон омилҳои марказии антропосотсиогенез ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар шуурнок гардидани инсон роли меҳнат ва нутқу забон хеле калон аст.

111. Идеалиёт моҳияти шуур ва фаъолияти маънавию эҷодии субъекти иҷтимоиро ифода менамояд.

Дар адабиёти марксистӣ муҳаққиқон моҳияти категорияи идеалиётро ду хел шарҳ додаанд. Гурӯҳе (Дубровский , Спиркин в.ғ.) онро реалияти субъективӣ мешуморанд, ки фақат дар ҳудуди падидаҳои психикӣ- идрок, тасаввур, хаёл, тафаккур вуҷуд дорад. Ба фикри онҳо идеалиёти берун аз майна ва шуури одам вуҷуд дошта ё моддиёт аст, ё рӯҳи мутлақи гегелӣ. Гурӯҳи дигари муҳаққиқон (А. Леонтьев, Э.Ильенков в.ғ.) идеалиётро чун воқеияти объективии дар як фазо бо воқеияти моддӣ мавҷудбуда тафсир мекунанд, ки он ҳамчун тарзи таърихан ташаккулёфтаи фаъолияти ҳаёти инсони ҷамъиятии ба индивид ва шууру иродаи вай муқобил меистад.

Идеалиёт тибқи назари Маркс, ҷуз шакли дар ашё муҷассамшудаи фаъолияти ҷамъиятӣ- инсонӣ чизи дигаре нест. Ё ки, баръакс, шакли фаъолияти инсонист, ки чун ашё, чун предмет зоҳир шудааст. Идеалиёт нақши махсуси ба ашёи табиат гузаштаи фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ- инсонӣ, шакли дар рафти фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ- инсонӣ кор кардани ашёи табиӣ аст. Иденалиёт ҳамин тавр дорои табиату пайдоиши иҷтимоӣ мебошад.

1У. Чӣ тавре, ки қаблан баён намудем, шуур моҳиятан хислати ҷамъиятӣ дошта, тавассути фаъолияту қобилияти фардӣ ба вуҷуд меояд. Хусусиятҳои фардии мазмуни шуурро на аз рӯи мазмуну аҳамият, балки аз рӯи вазъи ҳаёти инсон, мавқеи ӯ дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҷрибаи зиндагӣ, маълумот, тарбия ва ғайра муайян мекунанд.

Шуури фардӣ — маҷмӯи андешаҳо, ақидаҳо, манфиатҳоеро дар бар мегирад, ки онҳо вобаста ба шароити махсуси ҳаёти одами муайян ташаккул меёбанд ва ин шароитҳо хусусиятҳои муайяни ин одамро ба вуҷуд меоваранд ва онҳо фақат ба худи вай мансуб мебошанд.

Хусусияти диалектикии ташаккулу инкишофи шуури фардиро фаъол будани шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ муайян мекунад, зеро фард ҷавоби вазифаҳои зиндагиашро доимо дар шуури ҷамъиятӣ меҷӯяд.

Шуури ҷамъиятӣ — шуури воқеии ҷамъияти муайян ба ҳисоб рафта, он зиддияту манфиатҳо, маҷмӯи ақоид, алоқамандии шуури фардию ҷамъиятӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Шури фардӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар робитаи диалектикӣ вуҷуд доранд. Дар робитаи ҳамдигарии навъҳои шуур на шуури фардӣ, балки шуури ҷамъиятӣ бартарӣ дорад, яъне шуури ҷамъиятӣ ба шуури фардӣ чи бавосита ва чи бевосита таъсир мерасонад. Дар баробари худ шуури фардӣ танҳо дар алоқа бо шуури ҷамъиятӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин шуури ҷамъиятӣ ва шуури фардӣ ягона мебошанд. Сарчашмаи умумии онҳо ҳастии ҷамъиятӣ, асоси ягонаи онҳо амалия, шакли ягонаи тарзи ифода- забон ба ҳисоб меравад. Дар байни шуури ҷамъиятӣ ва фардӣ фарқиятҳои маълум низ дида мешавад. Шуури ҷамъиятӣ дар қиёс бо шуури фардӣ воқеиятро ҷуқуртар, ҳаматарафа ва дар гуногунрангиаш инъикос менамояд, яъне ба илм, идеология такя менамояд. Шуури фардӣ бошад, оламро дар ҷудогонгӣ, ошкори хусусиятҳои хоси он вобаста ба дараҷаи худшиносӣ ва ҷаҳонбиниаш дарк мекунад. Хулоса, дар ҳама ҳолатҳо таъсири байниҳамдигарии шуури ҷамъиятӣва фардӣ зоҳир мегардад ва онҳоро беякдигар тасаввур кардан имконнопазир аст.

5. Таркиби шуури ҷамъиятӣ одатан дараҷаҳои муайянро ба монанди шуури муқаррарӣ ва назариявӣ (аз нигоҳи гносеологӣ), психологияи ҷамъиятӣ ва идеология (аз нигоҳи сотсиологӣ)-ро дар бар мегирад.

Шуури муқаррарӣ – дар ҷараёни ҳаёти амалии ҳаррӯзаи одамон ба табиӣ, чун инъикоси таҷрибавии ҷиҳати зоҳирии воқеият пайдо мешавад.

Шуури назариявӣ – инъикоси робитаву қонуниятҳои воқеиятест, ифодаи худро дар илм ва дигар шаклҳои шуур меёбад.

Шуури муқаррарию назариявӣ якдигарро иваз намекунанд, вале ба якдигар таъсир мерасонанд.Шуури назариявӣ қодир аст, ки шуури муқаррариро тағйир дода мутамаддин созад. Аммо новобаста ба сатҳи инкишофи дониши назариявӣ ва илм шуури муқаррарӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон зарур аст.

Шури муқаррарӣ нисбат ба шуури назариявӣ дар зинаи паст меистад, вале аҳамияти он барои ҳаёти ҳаррӯза кам намешавад. Дар ҳаёт бисёр масъалаҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро танҳо дар дараҷаи шуури муқаррарӣ ҳал намудан мумкин аст. Таҳлили дурусти онҳо бошад, муносибати илмӣ – назариявиро талаб менамояд. Бинобар ин, бо мақсади пешгирии иваз намудани фаҳмиши тасаввуроти илмӣ – назариявӣ ба муқаррарӣ муҳим аст, ки сатҳи назариявии шуури ҷамъиятӣ нигоҳ дошта шавад. Дар акси ҳол шуури назариявӣ мавқеи худро аз даст дода, вазифаҳояшро иҷро нахоҳад кард.

Шуури ҷамъиятӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ ду зинаи асосиро дар бар гирифта, чун психология ва идеологияи ҷамъиятӣ зоҳир мегардад.

Психологияи ҷамъиятӣ — дар ҷараёни ҳаёти амалии ҳаррӯзаи одамон ташаккул ёфта, зинаи поёнии шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, бо шуури муқаррарӣ робитаи мутақобила дорад.

Психологияи ҷамъиятӣ маҷмӯи низоми ба тарзи стихиявӣ ташаккулёфтаи таркибҳои маънавӣ буда, дар худ чунин ҳолатҳоро дар бар мегирад:

— вазъи устувори психики одамон (ҳиссиёт, ҳаяҷон,авзоъ в.ғ.);

— ҳодисаҳо (анъана, одат в.ғ.);

— равандҳо ( тақлидкунӣ, таъсиррасонӣ в.ғ.);

— ақидаҳо, и деяҳо, тасаввуротҳо (сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ в.ғ.), аммо на дар намуди назария чун дар идеология, балки дар намуди боварӣ, эътиқод, арзиш, мавқеи иҷтимоӣ в.ғ.

Психологияи ҷамъиятӣ ин шуури гурӯҳӣ, синфӣ ё оммавии васеъ паҳн шудааст, ки бевосита шароити иҷтимоии ҳаёти одамонро инъикос мекунад. Психологияи ҷамъиятӣ ба идеология зич алоқаманд аст, ки он ифодаи маънавии муназзамиаз ҷиҳати назариявӣ асоснокшудаи манфиати гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.

Идеология — зуҳуроти мураккаби маънавие мебошад, ки асоси муайяни назариявӣ, барномаю механизми интишор дорад. Идеология баръакси психология аз фаъолияти ҳаррӯзаи одамон ба вуҷуд наомада, аз ҷониби идеологҳо – мутафаккирон, сиёсатмадорон эҷод карда мешавад.

Бояд шаклҳои гуногуни идеологӣ – пешқадаму ақибмонда, иртиҷоию муқаррарӣ, илмию хаёлиро аз ҳам фарқ кард. Хислати идеология ва мавқеи ҷамъиятии онро аз рӯи он муайян мекунанд, ки вай манфиати кадом синфҳоро ифода ва чи гуна тамоюли тараққии ҷамъиятиро инъикос карданист. Масалан, консерватизм, либерализм, фашизм, неофашизм, нажодпарастӣ, коммунистӣ ва ғайра.

6. Шуури ҷамъиятӣ дар чунин шаклҳо ба монанди ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, динӣ, илм фалсафа ва ғайра зоҳир мешавад.Гуногунии шаклҳои шуури ҷамъиятиро гуногунии тарафҳои воқеиятӣ объективӣ муайян мекунад. Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аз як тараф, аз рӯи предмет ва шаклҳои инъикос, хусусияти инкишоф, иҷрои функсияҳои иҷтимоӣ аз якдигар фарқ мекунанд, аз тарафи дигар, дар байни онҳо робитаи мутақобилаи мураккабе вуҷуд дорад.

Аз рӯи моҳияти шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар шароити ҳозира шуури сиёси дар мадди аввал меистад.

Шуури сиёсӣ – маҷмӯи ақидаҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, мазмун ва мақсадҳои муносибатҳои синфҳо, миллатҳо ва давлатҳоро инъикос ва асоснок мекунад.Шуури сиёсӣ ба ду зина: — муқаррарию амалӣ ва идеологию назариявӣ ҷудо мешавад.

Шуури ҳуқуқӣ – маҷмӯи меъёрҳо ва қоидаҳои рафтори ҳатмии одамон дар ҷамъият мебошад. Ба ақидаи К.Маркс « ҳуқуқ иродаи ба ҳукми қонун даровардашудаи синфи ҳукмрон аст». Дар иртиботи пайдоиши синфҳо қоидаю меъёрҳои махсус ташаккул меёбанд, ки ба тлаботи синфи ҳукмрон мувофиқ буда, аз тарафи давлат эътироф ва ҷорӣ карда мешаванд. Маҳз ҳамин гунна қоидаву меъёрҳо ҳуқуқро ташкил медиҳанд.

Шуури ахлоқӣ – маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳои рафтори одамон дар ҷамъият ба ҳисоб рафта, тасаввуроти онҳо тавассути мафҳумҳои адолатнокӣ ва беадолатӣ, хубӣ ва бадӣ, шарафнокӣ ва бешарафӣ тавсиф карда мешавад. Дар муқоиса бо шуури ҳуқуқӣ меъёр ва қоидаҳои ахлоқ дар қонунҳо дарҷ намеёбанд, балки ба воситаи афкори умум муфофиқи анъанаҳо, урфу одатҳо, воситаҳои тарбия ва қувваҳои бедоркунандаи инсон таъсир мерасонанд. Ахлоқ самти инкишофи шаклҳои дигари шуури ҷамъиятиро муайян мекунад.

Ахлоқ типҳои таърихии худро соҳиб аст, ки чунинанд: ғуломдорӣ; феодалӣ; капиталистӣ; сотсиалистӣ.

Қоидаву муқаррарот ва талаботҳои муайян ахлоқӣ дар ҷамъиятӣ ибтидоӣ хислати умумӣ доштанд, зеро шароитҳои табиат ҳама гуна имкониятҳои зиндагии фардиро истисно менамуд.

Дар ҷамъияти ба синфҳо тақсимшуда бошад, ба сабаби мухталиф будани манофеъ, ки асосаш моликияти хусусӣ мебошад, ахлоқ хислати синфӣ пайдо карда, ба ахлоқи синфи истисморкунандаю истирморшаванда ҷудо мешавад. Дар ин маврид ахлоқи синфе бартарият пайдо мекунад, ки ҳокимияти сиёсию воситаҳои истеҳсолот дар ихтиёраш бошанд. Ахлоқи синфи истирморкунанда ҳамеша дорои қоидаю талабҳоест, ки бо бераҳмии худ фарқ мекунад. Масалан, дар ҷомеаи ғуломдорӣ ғуломдор чи тавре табъи дилаш бошад, ба ғулом муносибат мекард.

Ахлоқи ҳақиқӣ танҳо он ахлоқест, ки манфиати қувваҳои пешқадамро ифода менамояд.

Шуури динӣ – чунин шакли шуури ҷамъиятиест, ки олами моддиро аз асосаш канда, ба он намуди хеле мураккабу ҳатто ба ақлу фаросати инсон дастнорас медиҳад. Одатан ин намуди тасаввуротро боварӣ ба қувваи фавқултабиӣ меноманд. Яъне дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба эътиқоду боварӣ такя мекунад. Дар таърихи ҷамъият давраҳое буд, ки дин вуҷуд надошт, вале дар марҳилаи муайяни инкишофи муносибатои ҷамъият дин рушду камол ёфт ва ба қадри пешравии ҷамъият ба қувваи ҳамаро фарогиранда табдил ёфт. Дин дар давраҳои муайяни таърихӣ дар ғанӣ гардонидани маданияти маънавии халқҳову давлатҳо нақши калон бозидааст.

Агар дин ҳамчун навъи ҷаҳонбинӣ бо мақсадҳои нек ба хизмати инсон равона карда шавад, дар тарбияи насли наврас ва бой гардонидани ҳаёти маънавии онҳо ҳизмати калон карда метавонад.

Шуури эстетикӣ (санъат) – ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ соҳаҳои васеи ҳаёти маънавиро – адабиёти бадеӣ, мусиқӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ, театр, кино ва ғайраҳоро фаро гирифта, оламро ба таври махсус инъикос менамояд.

Санъат вазифаи муайяни иҷтимоӣ дошта, аз шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ бо тарзи тасвири воқеият фарқ мекунад. Агар дар илм воқеият – табиату ҷамъият дар мафҳумҳо инъикос ёбанд, хусусияти муҳими санъат аз он иборат аст, ки воқеиятро дар шакли образҳои бадеӣ инъикос менамояд. Образи бадеӣ – ягонагии се ҷиҳати санъат – донишбахшӣ, зебоӣ, тарбиявӣ мебошад.

Илм — ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ — низоми муайяни донишҳои одамон дар бораи олами воқеӣ мебошад. Хусусияти илм аз он иборат аст, ки вай оламро дар мафҳумҳо, қонунҳо ва назарияҳо инъикос менамояд. Хулосаҳои илмро амалияи ҷамъиятӣ тасдиқ менамояд. Илм ҳукмронии инсонро бар табиат афзун гардонида, доираи назари ӯро васеътар мекунад ва роҳҳои такмил додани муносибатҳои ҷамъиятиро нишон медиҳад.

Илмҳо аз рӯи мавзӯъ ва методи тадқиқотии худ вобаста ба соҳаҳои муайяни воқеият ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

— илмҳои табиатшиносӣ;

— илмҳои техникӣ;

— илмҳои ҷамъиятшиносӣ.

Фалсафа – ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ – амали қонунҳои умумитарини инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккури инсонро меомӯзад. Фалсафа ҳамчун низоми махсуси донишҳо оид ба мақоми инсон дар олам, муносибати он ба муҳити атроф буда, мақсади вай аз ошкор сохтани асосҳои фаъолияти инсонӣ ва қонунҳои хоси он борат мебошад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *