Фанни Фалсафа

Фаъолияти амалии инсон

С. 1. Амалия ҳамчун тарзи махсуси робитаи инсон ва олам.

С. 2. Сохтори амалия. Ваҳдати ҷанбаҳои объективӣ ва

субъективӣ дар амалия.

С. 3. Шаклҳои фаъолияти амалии инсон.

1. Амалия (кал. ар.), ин фаъолияти моддӣ, ҳиссию предметии бо мақсади одамонест, ки барои дигаргун сохтани олами моро иҳота карда, табиату ҷамъият равона шуда, дар маркази он ҳамаи намудҳои дигари фаъолияти ҷамъиятию маънавӣ ва ҷараёни маърифат меистад

Ба мафҳуми амалия, ба маънии васеътарини он, маҷмӯи ҳамаи шаклҳои ҷисмонии фаъолияти инсон дохил мешаванд, вай ҳама ҷиҳатҳои ҳастии ҷамъиятии инсонро фаро мегирад, ки дар ҷараёни он маданияти моддӣ ва маънавӣ, аз ҷумла чунин ҳодисаҳои иҷтимоӣ чун муборизаи синфӣ, тараққиёти санъату илм ба вуҷуд меоянд.

Ҳамаи шаклҳои фаъолияти ҷисмонии инсон, ки маърифати ҷизҳо, равандҳо ва қонуниятҳои объективӣ барин ҳодисаҳоро тавлид менамоянд, дар асоси меҳнат ва истеҳсолот барпо карда мешаванд.

Дар ибтидо маърифат аз истеҳсолоти моддӣ ҷудо карда намешуд, балки бевосита ба он пайваст буд. Вале баъдтар, дар ҷараёни тараққиёти тамаддун, истеҳсоли идеяҳо аз истеҳсоли чизҳо ҷудо мешавад ва ҷараёни маърифат ба фаъолияти мустақилу назариявии инсон табдил меёбад. Дар ҳамин замина муқобилгузории назария ва амалия ба вуҷуд омад, ки он фақат табиати нисбӣ дорад.

Бояд кайд кард, ки амалия бо фаъолияти маърифатӣ ва назарӣ алоқаи ҷудонопапзири диалектикӣ дорад. Ин алоқамандиро дар се ҳолат мушоҳида кардан мумкин аст:

Якум, амалия ба сифати сарчашма, асос ва қувваи ҳаракатдиҳандаи маърифат баромад карда, воситаи алоқаи доимии он бо ҳаёти воқеӣ мебошад.

Дуюм, амалия манбаи санҷиш ва арсаи тадбиқи дониш аст.

Сеюм, амалия, меъёри ҳаққонияти натиҷаи дониш ба ҳисоб меравад. Амалия – меъёри ҳақиқат аст.

Амалия ҳамавақт бо шаклҳои муайяни инъикоси олам, бо дараҷаи муайяни шуур ва маърифат, ки таҷрибаи ба даст овардашударо мустаҳакам мекунад ва барои аз нав ҳосилкунию такмили он имконият медиҳад, вобастааст..

Аммо ин маънои онро надорад, ки нисбати шуур ва маърифат аввалин будани амалия роли онҳоро паст мезада бошад. Баръакс Амалия самаранокии баҳамтаъсиррасонии воқеиро ба табиат, ҷамъият, ба такмилёбии худи одам зиёд мекунад, ки нишондиҳандаи инкишофи дараҷаи худи шуур ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, амалия тарзи махсуси ҳастии одам дар олам буда, фаъолиятеро мемонад, дороли низоми мураккаби ташкилист. Амалия дар худ инҳоро дар бар мегирад; — дигаргунсозии воқеии муҳити беруна бо ёрии олоти ба таври сунъӣ сохташуда (муносибати субъект- объективӣ); — алоқаи одамон дар ҷараёни фаъолият ва вобаста ба ин дигаргунсозиҳо ( муносибати субъект- субъективӣ); — маҷмӯи меъёр ва арзишҳо, дар намуди тимсоли шуур вуҷуд дошта, характери бомақсади фаъолияти амалиро таъмин мекунанд.

11. Барои он ки ба сохти таркибии фаъолияти амалӣ сарфаҳм равем, ба сифати нақшаи асосӣ таҳлили илмии ҷараёни меҳнатро ба асос гирифтан лозим аст. К. Маркс тарафҳои зерини меҳнатро нишон медиҳад: 1) одам бо мақсад, дониш ва малакаҳояш, ки ба воситаи фаъолияти мақсадноки вай ба амал бароварда мешаванд; 2) объектҳое, ки дар рафти амалиёт дохиланд ва ба ҳам таъсир мерасонанд. Объектҳо дар навбати худ аз рӯи вазифаҳои якҷояашон ба ашёи (материали ибтидоӣ) меҳнат, воситаҳои пеш аз ҳама олот) меҳнат ва маҳсулоте, ки дар натиёҷаи дигаргунсозии ашёи меҳнат ба даст оварда шудаанд, тақсим мешаванд.

Ин нақшаи пешниҳод намудаи Маркс ба сохти таркибии фаъолияти амалӣ низ мувофиқ меояд, ки онро ягонагии ду тараф ҳисоб намудан мумкин аст:

1) «субъективӣ»- (одам бо қобилият, мақсад ва амалиёти мулоҳизааш);

2) «объективӣ»- (восита, материали ибтидоӣ ва маҳсулоти бо шарофати таъсири воситаҳои меҳнат аз материали ибтидоӣ ба даст овардашуда). Аз ин ҷост, одам метавонад ба сифати ҳам субъект ва ҳам объекти фаъолияти амалӣ баромад намояд. Дар ҷараёни ҷамъиятӣ – таърихи амалия ягонагии тағйироти ашёӣ- моддии табиат ва тағйироти муносибатҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад, ки дар рафти ин тағйирот инкишофи худи одам ҳамчун субъект ба амал меояд.

111. Шаклҳои асосии фаъолияти амалии одамон инҳоянд: — фаъолияти моддӣ- истеҳсолӣ — фаъолияти инқилобӣ- дигаргунсозӣ; — фаъолияти илмӣ- озмоишӣ; — фаъолияти техникӣ- технологӣ.

Шакли ибтидоии фаъолияти амалӣ, ки асоси тамоми навъҳо ва шаклҳои фаъолияти ҳаётии одамонро дар бутунӣ ташкил медиҳад, фаъолияти моддӣ- истеҳсолӣ, тарзи истеҳсоли неъматҳи моддӣ ба ҳисоб меравад. Инкишофи тарзи истеҳсоли неъматҳои моддӣ қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷамъиятӣ ҳисоб меёбад.

Табиатро дигаргун сохта, муҳити инсонии зист ба вуҷуд оварда, одамон дар як вақт муносибатҳои ҷамъиятӣ барпо мекунанд ва худро низ дигаргун месозанд. Ташаккул ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ инчунин шаклҳои зарурии фаъолияти амалӣ – дигаргунсозӣ ба ҳисоб рафта, на барои табиати иҳотакардаи одамон, балки барои ба вуҷуд овардани муносибатҳои байни худ ва оламони дигар равона карда шудаанд. Фаъолияти дигаргун сохтани муносибатҳои ҷамъиятӣ – пешрафти иҷтимоӣ, муборизаи синфӣ, ҳаракатҳои инқилобӣ ва ғайра ҳамчун шакли махсуси амалия баромад мекунанд.

Дар баробари шаклҳои амалияи истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, инчунин шакли махсуси фаъолияти амалӣ – илмиро бояд қайд намуд. Махсусан дар шароити имрӯза, ки инқилоби илму техника бо суръат вусъат ёфтааст, илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил гардида, торафт воситаи идоракунии равишҳои иҷтимоӣ баромад мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар шароити муосир чунин шакли фаъолияти амалӣ ба монанди фаъолияти техникӣ аҳамияти махсусан калон пайдо намудааст. (истилоҳи «техника» аз кал. юн.-«techne» гирифта шуда ҳаммаънои мафҳумҳои «санъат», «малака», «тавонистан» мебошад). Мафҳуми техника дар ду маънӣ фаҳмида мешавад: Дар маънои аввал техника ин маҷмӯи сохторҳои гуногуни аз ҷониби инсон сохташуда (мошин, асбобҳо в.ғ.) мебошад, ки барои ба вуҷуд овардани ашёҳо, чизҳо, энергия, ахборот, дигаргунсозӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо ба мақсади инкишофи истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботҳои ғайриистеҳсолӣ равона карда шудаанд.Дар ин маъно техника ба сифати воситаи истеҳсолот баромад мекунад. Дар маънои дуюм истилоҳи техника дар худ маҷмӯи малакаҳои гуногун, намудҳои устувори фаъолият ва ғайраро дар бар мегирад. Масалан, техникаи рассомӣ, техникаи балет ва ғ. Ҳар ду маънои мафҳуми техника ба ҳам алоқаи зич дошта, аз як реша бар меоянд. Фаъолияти техникӣ аз аввал ба дигаргунсозии техникӣ вобастааст. Одам аз табиат воситаҳои техникии тайёрро гирифта наметавонад. Вай онҳоро дар асоси қонуни махсуси фаъолияти техникӣ, яъне дар асоси қонуни дигаргунсозии як ашё, навъи энергия, ахбор ба дигараш мувофиқи мақсади бошуурона ангдешидааш бунёд месозад. Аҳамияти техника ва фаъолияти техникӣ бо он, ки онҳо ядрои қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятро ташкил медиҳанд, ва ҳамчун механизми дигаргунсозии предмети муҳит, ки одам дар онҳо зиндагӣ мекунад, маҳдуд намешаванд, балки ба воситаи низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба тамоми тарафҳои тарзи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии одам таъсир мерасонанд, ин таъсир якхела не, балки гуногунрангу сермазмун аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *