Фанни Фалсафа

Ташаккули фалсафаи ирратсионалӣ ва Метафизизикаи А.Шопенгауэр

Фалсафаи Гегел нуқтаи баланд ва хотимаи фалсафаи классикӣ буд,ки ба хирад ҳамчун нерӯи муайянкунандаю моҳиятии воқеият бунёд меёфт.Таҳти фалсафаи классикӣ самти умумӣ ва услуби идеявии тафаккур дар назар дошта мешавад,ки на танҳо муқаррароти бошууронаи файласуфони асрҳои 17-18, балки шароит ва механизмҳои эҷод ва тавлиди донишҳои фалсафии ин замонро инъикос менамояд.1 Фалсафаи классикӣ ба хотири куллияту муназзамият, такомуллият ва монистӣ будани донишҳои фалсафӣ кӯшиш намуда, бар асоси он эътиқодро ба низоми табиийи олам,ки ба маърифати ақлӣ мувофиқу дастрас буд,ба эътибор мегирифт.Ин фалсафа аз тасаввурот оид ба ҳамоҳангию мувофиқатии сохтори ҳастӣ бо ташаккули субъективии инсон бармеомад.Инсон дар ин низоми олам ва ҷараёни прогрессивии таърих мақоми кафолатбахш ва созандаро соҳиб буд. Омӯзиши тамоми робитаҳои амиқи олам, аз ҷумла олами ботинии инсон низ ба ихтиёри субъекти худогоҳу соҳибшуур қарор дорад.Дар заминаи ахлоқи анъанавии ҷомеаи либералӣ идеяи соҳибихтиёрии инсон ба табиат эътироф гашта, мақоми хиради инсон ва эътиқоди он ба прогресси ҷамъиятӣ баланд мегашт. Низоми иҷтимоии ҷамъият ва меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқии он ба далелҳои ақлӣ такя намуда,мақоми озодӣ ва ҳуқуқи одамон аҳамияти хосса пайдо мекард. Фалсафаи классикӣ низ чанд проблемаи умумиеро арзёбӣ кард,ки имкон медиҳад дар бораи он ҳамчун зуҳуроти муташаккилу кулл ҳарф зад. Аз ҷумла:

*таваҷҷӯҳи фалсафаро аз проблемаҳои анъанавӣ ( ҳастӣ, тафаккур, маърифат ва ғайра) ба тадқиқи моҳияти инсон баргардонд;

*ба проблемаи инкишоф диққати махсус ҷудо намуд;

*аппарати мантиқию назариявии фалсафаро ғанӣ гардонд;

* ба таърих,ҳамчун ба протсесси бонизому воҳид назар афканд.

Фалсафаи классикӣ ба низоми мукаммалу том, монистию

яклухт мекӯшид ва бунёди онро итминон ба муназзамияту

——————————————————————————

1.Мамардашвили М. К., Соловьев Э.Ю., Швырев В. С. Классика и современность.// Философия и наука. М.,1973,с.2.

табиийи сохтори олам,ки ба маърифати ақлӣ дастрас буд,ташкил медод.Фалсафаи классикӣ аз тасаввуроте бармеомад,ки ҳамоҳангию мувофиқатии байни таркиботи ҳастӣ ташкилоти субъективии инсонро мепазируфт. Инсон дар ин низоми олам мақоми кафолатнок дошта, ба ҷараёни пешрафту ташаккулёбандаи таърих ҳамсафари соҳибифтихор тасаввур мегардид. Ҳама робитаҳои амиқи олам, аз ҷумла ҷаҳони ботинии инсон низ барои субъекти худшинос маърифатпазир буд.Фалсафаи классикӣ ба сифати нерӯи созандаю эҷодкунандаи инсон хирад,хулқияту фаросат, мубодила,инчунин фаъолияти мақсаднок ва арзишҳои фарҳангию таърихиро эътироф намуд.Идеали гуманизмро,ки инкишофи озодии ҳар як нафарро шарти инкишофи озодии ҳамагон медонист, боло бардошт. Моҳияти ахлоқро дар озодии шахсӣ дида, қарзи инсониро ҳадафи этика ва мақому таъиноти ҳаётии фарҳангу санъатро дар тақвияти инсони мутараққӣ медид. Гегел мактаби нерӯманди фалсафиеро эҷод кард,ки тадриҷан ба ду ҷараён: ортодоксалӣ ва ғайриортодоксалӣ ҷудо шуд. Ортодоксҳо ба тавзеҳи теологии таълимоти устод майл намуда,ғайриортодоксҳо,яъне гегелчиёни ҷавон идеяҳои Гегелро тагу рӯ карда, ба ба системаи фалсафии ӯ тобишу оҳанги атеистӣ ворид сохтанд2. Гегел ҷавҳари ҳастиро идеяи худованд дониста, нақши инсонро танҳо ба вуҷуде,ки ҳамин рӯҳи мутлақро маърифат месозад, баробар медонисту халос. Мутафаккирони баъдӣ ба хулоса омаданд,ки амалан ва воқеан маҳз инсон воқеияти аслию ҳақиқӣ буда,рӯҳи мутлақ ва умуман идеяи худовандӣ маҳсули

тафаккури инсон аст. Фейербах ва Маркс Гегелро «аз сар бар пой» гузошта, вале муқаррароти универсалии ӯро,ки фард тобеи кулл буд,бартараф насохтанд ва инсон дар таълимоти Фейербах «инсони мутлақ» ва дар осори Маркс «маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ» баҳогузорӣ шуд.Байни мунаққидони Гегел мутафаккироне буданд,ки маҳз ана ҳамин муқарраротеро,ки онҷо кулл нисбат ба фард афзалияту бартарият дорад,таъкиду танқид мекарданд.Байни онҳо андешаҳои ҷолиби Иммануил Фихте (писари Иоанн Фихте-симои шинохтаи фалсафаи классики немис), Макс Штирнер ва хусусан даниягӣ Сёрен Кёркегор қобили зикр аст. Принсипи пешниҳоднамудаи Иммануил Фихте «барои Ман ҷуз

2.Философия. Учебник.6-издание. Под ред. А.Ф.Зотов и др.М.,Изд-

во «ПРОСПЕКТ» (МГУ), 2009,с.195.

худи Ман болотару олитар чизе нест» баёни қотеонаи андешаи

ихтилофӣ нисбат ба муқаррароти Гегел мебошад.

Сёрен Кёркегор мавҷудияти воқеии инсонро дар амали фардӣ, дар татбиқи интихоби озодонаи ӯ мебинад.Имкониятҳои асосии татбиқи озодии инсонро Кёркегор мувофиқ ба марҳилаҳои эстетикӣ, этикӣ ва динии роҳи ҳаётии ӯ алоқаманд сохта,

дар заминаи он фароҳам омадани қонуни қарзи инсониро таъкид мекунад.Нодирию беназирии «Ман»-ро на хирад,балки ҳолатҳои объективии шубҳаноку пурғалаён эҷод месозанд.

Новобаста ба интиқоди системаи фалсафии Гегел бисёре аз мунаққидон идеяҳои ӯро ба фалсафаи хеш ворид месохтанд.Ирратсионализм дар як низоми мукаммал

тавассути симои шинохтаи фалсафаи ғайриклассикии қарни 19 Артур Шопенгауэр ба миён омад. Калимаи лотинии irratiohalis

ғайри қобил ба хирад, бешуурона тарҷума шуда, ба маънои васеаш таълимоти фалсафиест,ки имкониятҳои маърифати ақлонаро маҳдуд сохта,нақши муроқибаю мушоҳида, интуитсия, ғариза(инстинкт),эътиқодро(чун маърифати ғайриақлӣ)ба он муқобил гузошта, «эҳсос», «фаҳмиш»-ро ба тарзи муайяну махсус шарҳ дода,ин қобилиятҳои маърифатиро дар доираи проблемаҳои назарияи маърифат арзёбӣ мекунад. Ба ҳамин маъно аз фидеизм,ки эътиқоди фитрии диниро дар роҳи маърифати «ҳақиқат» ягона шуморида ва агноститсизм,ки маърифати «чизҳои дар худ»-ро ғайриимкон меҳисобад,фарқ мекунад. Ба маънои маҳдудаш ирратсионализм номгӯи консепсияҳою мактабҳои мухталифи фалсафиест,ки аввали асри 19 то замони муосир таҳия шуда,як таассуру аксуламалест ба назарияи ратсионализм ва андешаҳое,ки имкониятҳои хиради инсонро номаҳдуду мутлақ меҳисобанд.

Ирратсионализм робитаи мантиқиро дар табиат инкор намуда,муроқибаи олами атрофро ҳамчун системаи кулл ва қонунии идеяи инкишофу диалектикаи Гегел танқид мекунад. «Заифии мавқеи фалсафаи классикии немисро дар он мебинад,ки протсесси таърихиро дар инкишофи идеяи мутлақ қаблан муайян сохта,инсон,ҷомеа, таърихро танҳо шакли дигаргуншудаи он медонад».3 Ҳамин тавр, як намояндаи шинохтаи фалсафаи

—————————————————————————————

Миголатьев А.А. Классическая немецкая философия 18-19 вв. Г.В.Ф.Гегель.М.,1998.с. 39.

ғайриклассикӣ Артур Шопенгауэр мебошад,ки ӯро ҳамчун бунёдгузори фалсафаи ирратсионалӣ дар анъанаи фалсафаи аврупоӣ ном мебаранд.Артур Шопенгауэр (1788-1860)дар оилаи

тоҷири дантсигӣ таваллуд шуда,тиҷорат,тиб ва сипас философияро

меомӯзад. Унвони приват-дотсенти университети Берлинро соҳиб шуда, бо итминони комил соатҳои дарсиашро ҳамон вақте мегузорад,ки Гегел (файласуфи бузурги эътирофшуда) соатҳои дарсиашро таъин мекард. Вале донишҷӯён шунидани лексияҳои Гегелро афзал дониста, ба дарсҳои доирнамудаи Шопенгауэр (фақат се нафар: маклер,духтури дандон ва каси дигаре,ки ӯ ҳам аз тахассуси фалсафа набуд,ба дарси ӯ ташриф меоранд)камтар таваҷҷӯҳ менамоянд.Шопенгауэр аз дарс гуфтан дар донишгоҳ даст кашида, қисмати бештари ҳаёташро дар Франкфурт мегузаронад. Онҷо асарҳо навишта эътирофи самимии доираи олимонро интизор мешавад.Дар ин навиштаҳо ба Гегел суханҳои носазоро раво дониста, профессорҳои университет ва олимони касбиро барои ҷавоб нагуфтанашон ба идеяҳои фалсафии ӯ танқид менамояд. Ба Гегел ҳамчун « ба ҷосуси зархариди ҳукумати Пруссия» баҳогузорӣ мекунад,ки ҳамин андешаи ӯро ҳатто Карл Поппер ҷонибдорӣ менамояд.4 Ӯ таъкид менамояд,ки олимон илмро на ҳамчун ҳадафи ниҳоии эҷодӣ,балки воситаи рӯзгузаронӣ донистаанд. «Барои теъдоди бештаре аз олимон, илми онҳо –воситаест , на мақсадашон. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳе онҳо, чизи бузургеро дар он тавлид нахоҳанд сохт: дар ин роҳ зарур аст,ки илм барои онҳое,ки ба он машғуланд ҳадафу мақсаде бошад ва ҳама чизи баъдӣ, ҳатто худи мавҷудият ҳам, танҳо воситае…» Дар ин навиштаҳо шӯҳрати олимони муосири хешро сатҳию ноустувор дониста аз эътирофи ҳатмии шӯҳрати хеш изҳори нигаронӣ мекунад.Ин марҳилаи зиндагиномаи ӯро файласуфи британиягӣ Б. Рассел бо таваҷҷӯҳи хос менависад: «Асари асосии ӯ «Олам ҳамчун ирода ва тасаввурот» соли 1818 нашр шуд. Шопенгауэр аҳамияти хоссаи ин китобро таъкид намуда, ҳатто то ҳадде ба он дода мешавад,ки гӯё ҳукми навиштани баъзе аз бобҳои онро рӯҳи муқаддас шунавонда бошад».5. ———————————————————————-

4.Поппер К. Открытое общество. Том 2. Время лжепророков: Гегель, Маркс и др. оракулы. М.,1993.с.43.

5РассельБ.История западной философии.Т.2.М.,1993.с.269-270. 6.А. Шопенгауэр. Афоризмы и максимы.Л., Изд-во ЛГУ,1991,273.

Мутаассифона нашри аввали ин китоб аз сабаби ба фурӯш нарафтанаш, ба нуқтаҳои хариди коғазкӯҳнаҳо (макулатура) супорида шуд. Осори дигари Шопенгауэр аз қабили «Оид ба

ирода дар табиат», «Ду проблемаи этика» ва«Пандҳою одобномаҳо» (« Афоризмы и максимы») паи ҳам навишта

шуданд,ки асари баъдии ӯро метавон ба осонӣ, дар китобхонаҳои шаҳри Душанбе пайдо намуд. Шопенгауэр дар такомули идеяҳои хеш мусоидату таъсири фалсафаи Ҳиндустони қадим, Афлотун ва Кантро ба эътибор мегирад. «Иддае аз андешаҳои ман, новобаста бо фарқияташон аз андешаҳои Кант, комилан таҳти таъсири ӯ қарор дошта , мутлақан вобаста ва аз он бармеояд ва ман эътироф мекунам,ки дар такомули шахсиам баъд аз таассуроти дунёи равшан, аз офаридаҳои Кант, инчунин аз навиштаҷотҳои муқаддаси ҳиндуён ва Афлотун сипосгузорам»6.

Ирода ҳамчун бунёди ҳастӣ дар меҳвари метафизикаи А. Шопенгауэр қарор дорад. Ҳар чизе,ки ҳамчун ирода мавҷуд аст, ирода ба ҳаёт аст. Ирода чун зуҳури универсалию кайҳонӣ буда, ҳар нерӯе,ки дар табиат аст, ирода мебошад. Ба таълимоти Кант такя намуда , далел меорад,ки олами дар тасаввуроти мо зоҳиршаванда, ба шакле баромад мекунад,ки аз қобилияти маърифатии субъект вобаста аст.Олам, ончуноне,ки худ ба худ , чун «чизи дар худ» вуҷуд дорад,на он чизест, ки мутлақан маърифат нашавад.Вобаста ба қазовати зуҳӯрёбии он дар ҷаҳони дидашаванда , олам худ ба худ чизи дигаре нест,ҷуз иродаи ҷаҳонӣ. Оид ба олам чун ирода ҳукм намуда,Шопенгауэр ягонагии ирода ва ҳаракатро асоснок мекунад. «Ҳастии материя –ин амали он аст; ҳастии дигареро ӯ наметавонад ҳатто андеша кунад.Танҳо амал намуда фазоро пурра месозад ва вақтро фаро мегирад; таъсири ӯ ба объекти бевосита ( ки худаш низ материя аст) шарти ҳамон андешаест,ки дар худи ҳамон андеша ҷой дорад… Ҳамин тавр, сабаб ва амал –ин аст моҳияти материя, ҳастии он-амали он аст…»7

Ҳама гуна амали ҷисм ин иродаи объективатсияшуда (дар объект таҷассумшуда)буда,тамоми ҷисми ӯ низ иродаи объективатсияшуда аст. Ирода ба сифати моҳияти ботинӣ на танҳо дар зуҳуротҳои психологӣ,чӣ дар инсону чӣ ҳайвон, балки дар рӯйдодҳои олами ——————————————————————————

6.Антология мировой философии. Т.3.М., «Мысль»,1971,с.675 7.Ҳамон ҷо. с.676.

ғайриорганикӣ низ зуҳӯр менамояд.Нерӯеро,ки қувваи ҷозибаро —

ташкил дода,сангро ба Замин ва Заминро ба Офтоб бармекашад,низ метавонад ҳамчун ирода баҳогузорӣ шавад. Ва на танҳо он, балки қуввае,ки дар магнит зуҳӯр мешавад ва нерӯеро,ки кристаллро зҷод мекунад ва растанию ҳайвонро ба ҳаракат меорад- тамоми ин нерӯе, ки ба тарзи мухталиф ҳувайдо мешавад,

дар асл ва моҳияташон ҳамчун ирода аҳёну падидор хоҳанд гашт. Қаблан, агар иродаро таҳти мафҳуми нерӯ тавзеҳ медоданд,пас Шопенгауэр ҳамагуна нерӯро ҳамчун зуҳуроти ирода баррасӣ мекунад.Ирода, аз нигоҳи Шопенгауэр чизи дигаре нест,ҷуз «чизҳои дар худ»-Кант ва низоми фалсафии Шопенгуэрро Б. Рассел ҳамчун мутобиқшавию мувофиқатёбии низоми фалсафии Кант меҳисобад.Олам ин «чизи дар худ» ва ин «ирода ба ҳаёт аст»,ки дар ҳадди беохиру гуногуни «объективатсия» парокандаю реза ва парешон мегардад. Дар бунёди мафҳуми нерӯ зуҳуроте, тасвири равшану возеҳу олами объективӣ нуҳуфтааст,ки онҷо сабаб ва амал

ҳоким аст.Ирода чун «чизи дар худ» комилан аз ҳама гуна тарзи зоҳиршавии худ тафовут дорад ва аз ҳама гуна шакл озод аст.Ҳар ҳолати объективтсияи ирода ба хотири салтанати мутлақ,ки ҳамеша ба «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама» меорад,мекӯшад.Ирода берун аз соҳаи қонуни бунёдӣ (қонуни бунёди мукаммал) қарор дошта, бевосита ва номаҳдуд, беасос ва бидуни сабабе ҷой гирифтааст. Дар сурате,ки материя- куллан ва ба тамом сабабият аст. Кашиш,ҷозиба, инертсия,устуворию қоимӣ нерӯҳои ибтидоӣ ва

тавзеҳшаванда буда, аз қувваи материя бармеояд. Ба ҳеҷ нафаре муяссар нахоҳад шуд,ки амали магнитро дар материя ифшо созад.Ҳамон вақте,ки тамоми ин нерӯҳоро тааллуқ ба иродаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ мекунӣ,таъкид мекунад, Шопенгауэр, тавзеҳу шарҳ меёбанд.

Ҳар рафтори ҷузъиро ногузир бояд аз манфиате ҷӯст ва ҷараёни тағйироту дигаргуншавии ҷисми ҳайвон,ки вобаста ба сабабҳои амалкунандае (метавонад муассирият бошад) сурат мегирад ва чӣ рафтори маҷмӯӣ ва чӣ ҷузъиеро,ки онҷо пойдор аст ва ҷисме,ки ҳамин рафторҳоро анҷом медиҳад ва ҳамон ҷараёнеро,ки аҷсоми дар боло зикршудаю онҷо мавҷуд буда,аз он иборат аст, метавон танҳо зуҳури ирода ва ҳамчун ҳолати объктивияти ирода баҳогузорӣ кард,8 ба хулоса меояд Шопенгауэр.Ин ирода воҳид аст, ҳарчанд,ки зуҳуротҳои он дар вақту фазо номаҳдуд буда,

8.Ҳамон ҷо.с.684.

дар материя худро ба иродаи кулл ва ҷузъ зоҳир сохта, муборизаи беохири зидди якдигарро идома медиҳанд. Ҳама гуна нерӯи табиат танҳо зуҳури иродаи ҷаҳонӣ аст,ки ҳар ҷою ҳамаҷо, берун аз макону замон арзи ҳастӣ доранд ва ба назар мерасад,ки шароитеро интизоранд,ки тавонад то материяро соҳиб гашта, нерӯҳои дигарро танг созад. Ҳазор сол галванизм (ҷараёни пасти энергия) метавонад дар мису руҳ (синк) нуҳӯфта бошад ва инсон шароитеро муҳаё созад,ки ин нерӯи бузурги энергия озод гардад. Мо ҳамеша дар табиат рақобат, зиддият ва ноустуворию пирӯзиҳоро мебинем.Ду тақсим шудани иродаро мебинем,ки танҳо бо соҳибияташ ба материя худро дармеёбад. Тақсимоти кантиании олам ба ду қисмат: ба олами зуҳуротҳо ва «олами чизҳои дар худ»-ро Шопенгуэр ба эътибор гирифта, таъкид мекунад,ки олами зуҳуротҳо ин тасаввуроти мо дар бораи олам аст ва асоси онро иродаи ҷоҳил ташкил мекунад.Вақту фазо низ ба зуҳуротҳо таалуқ доранд ва дар ин масъала Шопенгауэр пайрави Кант аст. «Чизҳои дар худ», яъне ирода танҳо дар фазою вақт побанд нестанд. Ҳам фазо ва ҳам вақт предметҳоро маҳдуд сохта, ё алоҳидаю ҷудо карда ба ин ё он марҳилаи таърихӣ ворид месозад: азбаски фазою вақт танҳо зуҳурот ҳастанд, ирода танҳо дар тасаввурот метавонад аз далелҳои ирода иборат бошад ва танҳо дар тасаввурот метавонад оғозу анҷомро соҳиб гардад. Манбаи гуногунияти фазою вақт танҳо ҳамчун тасаввурот ва ҳамчун зуҳурот ба назар мерасанд. Дар воқеият онҳо танҳо ҷавҳари (субстансияи) воҳиду тақсимнопазир-иродаро муаррифӣ мекунанд. Ирода ягонаю бидуни замон аст. Дар сутӯҳи поёнии инкишофи табиат ирода ҳамчун нерӯи торику ноаён, ношунавою нобино зуҳур мекунад. Ва тадриҷан дар раванди ба нуқоти олӣ рафтануобъективатсия шудани ирода ӯ худро чун идея истиқрор карда, ҳастии он олами идеяҳои Афлотунро ба хотир меорад. Шопенгуэр иродаро ба иродаи тамоми Олам айният медиҳад. «Мустақилияти фардии ман,–тахаюлотест,ки

маҳсули муроқибаи маконию замонии дастгоҳи субъективии ман аст.Он чизе,ки воқеист- ин як иродаи азимест,ки дар тамоми ҷараёни Фалак (даҳр) мутаносибан дар табиати зиндаю ғайризинда зуҳур мекунад»9

Ин ирода нобино, беҳадаф,ирратсионалӣ(ғайриоқилона) ва озод аст. Ирода ҳамчун «чизи худ ба худ» озод буда, мундариҷаи ҳама зуҳурот мебошад.Дар ҳадди охир, дар зинаи инсонӣ фард идеяро муаррифӣ намуда, манфиату баҳраёбиеро ба роҳбарӣ мегирад.Танҳо дар озодии иродаи инсонӣ бебунёдии ирода то дараҷае аз худ дарак медиҳад. Аммо озодӣ дар олами зуҳуротҳо, оҷилан ба зарурият табдил меёбад,чунки ҳама гуна амали алоҳидаи инсон аз таъсири манофеи ӯ ба хислату характераш дарак медиҳад.Ҳар иродаи зуҳурнамудаи инсон-ин ирода ба чизе буда, объекти худ ва хоҳишоти худро дорад.Ирода, чун нерӯи бешууре мутлақан ба офаридаҳояш дар олами ашёҳо, ба мавҷудоти зинда,ба ихтиёри ҳолату шароитҳои тасодуфӣ ҳавола гардидаанд. Дар ин олам иродаи ҷаҳонии берун аз хирад, бидуни ҳадаф ва иродаи зарире(кур-куронае) ҳукм дорад,ки на ба маърифати ратсионалӣ ва на ба дарки эмпирикӣ онро фаҳмид ва на ба васоилҳои илмӣ онро ифшо сохт. Дар бунёди ақл,ки функсияи мағзи сар аст, ирода қарор дорад. Ирода ақлро эҷод карда, мундариҷаи онро таҳия сохта, ба фаъолият ҳидоят мебахшад.

Ирода дар бунёди ҳама мавҷудот нуҳӯфта, ҳамаро-ҳам ҷисм, ҳам хирад, ҳам материя ва ҳам шуурро тавлид месозад.Ин иродаи алоҳидаю ҷузъие нест,балки иродаи зариру бешууронаи кулл аст, ки воҳидияти ҳамин куллро баён месозад. Ирода-манбаи бузурги ҳама чизи зинда,нерӯи ботинии ҳаёт аст,ки узвҳои ҳиссиро низ эҷод карда,ба шароит мутобиқ сохта, шаклҳои нави ҳаётро дар раванди меросияташ, татбиқ месозад.Кашфиётҳои биологҳои бузург, дар назар дошт Шопенгауэр, фаҳмиши ӯро оид ба инкишофи олам ва мавҷудоти зинда қавӣ мегардонад.Ирода на ба маҷмӯи кӯшишоти ҷузъие айният дорад ва на ба қисмҳои гуногун пора мегардад, балки ягонагии кулл,ки аз сабабияту аз фазою вақт мустақил аст, пойдор мегардад. Аз ин чӣ хулоса меояд? Он ки танҳо моро ба назар мерасад,ки гӯё мо фардҳои парокандаем ва ҳар касе танҳо барои худ ҳузур дорад. Дар амал ҳамаи мо-инсоният мавҷуди ягонаем,ки худхоҳию худпарастӣ, ҳама гуна иродаи фардиро пахш кардаю дар худ ҷабидаю ҷогаҳ месозем. Ҳамин тавр, Шопенгауэр принсипи универсалии фалсафаашро волюнтаризм номидааст,ки мувофиқи он қувваи асосии ҳаракатдиҳанда,ки ҳама чизро дар олами муҳит муайян месозад, ирода мебошад. Дар асараш «Олам ҳамчун ирода ва тасаввурот»10 қонуни мантиқии бунёди мукаммал(ё бунёди кофӣ)-ро пешниҳод мекунад,ки мувофиқи ин қонун фалсафаи ҳақиқӣ набояд аз объект ( чун материалистон),ва на аз субъект (чун идеалистони субъективӣ),балки бояд аз тасаввурот,ки зуҳури шуур аст,натиҷагирӣ намояд. Ӯ дар асоси тасаввуроти объект қонуни бунёди мукаммалро ҷой дода, вобаста ба он чаҳор қонуни мустақилро пешниҳод менамояд:

*Қонуни ҳастӣ- барои фазо ва вақт;

*Қонуни сабабият- барои олами моддӣ;

*Қонуни бунёди мантиқӣ- барои маърифат;

9. Рассель Б. История Западной философии. Т. 2.М.,1993.с. 270.

10.Шопенгауэр А. Мир как воля и представление. М., 1994.

*Қонуни мотиватсия(баҳрабардорӣ)-барои олами инсон.

Ва Шопенгауэр иродаро тобеъ ба қонуни бунёди мукаммал надониста, таъкид мекунад: « Ирода чун чизи дар худ,бурун аз соҳаи ҳамаи шаклҳои қонуни бунёдист ва он аз ин рӯ комилан бебунёд аст, ҳарчанд,ки ҳар як зуҳуроти он ногузир ба қонуни бунёдӣ ( қонуни бунёди мукаммал) тобеъ аст» 11.Зуҳурот дар андешаи Шопенгауэр ин тасаввурот аст. Ҳама гуна тасаввурот, кадом навъе,ки набошад зуҳурот буда олам ҳам ба сифати тасаввурот ва ҳам ба сифати чизҳои дар худ вуҷуд дорад. « Тамоми ин олам, танҳо объект аст дар нисбати, манзараест барои назаркунанда- мухтасар гуем, тасаввурот аст. Табиист,ки ҳам ҳоло ҳозир, хам ба ҳама гуна гузашта ва ба ҳама гуна оянда таалуқ дорад ва ба дуртарину наздиктарин мутаалиқ аст ва ба фазою вақт паҳн мегардад,ки танҳо онҷо чунин фарқиятҳо ҷой дорад.Ҳар чизе,ки ба олам таалуқ дорад ва метавонад таалуқ дошта бошад, ногузир дар нисбият ба субъект маҳкум буда, танҳо барои субъект мавҷуд аст.Олам – тасаввурот аст»12.Олам ҳамчун тасаввурот – ин оламест,киба инсон моҳияти оламро чун «чизҳои дар худ» ба шакли априори эҳсосу фаҳм ҷилвагар месозад.Дар тафсири олам Шопенгауэр комилан пайрави Кант буда,хулосаҳои таълимоти ӯро оид ба ҳассосият ва зеҳн пазируфта,дувоздаҳ категорияи ӯро ба як категорияи каузалӣ (ногаҳоният) ҷамъ оварда,дар роҳи маърифати зуҳурот қобили кабул меҳисобад. Воқеияти кулли объект маҳз тавассути каузалият эҷод мегардад,ки онҷо иродаи объективатсия шудаи муайяншаванда ва иродаи объективатсияшудаи (татбиқшудаи) муайяншаванда дар назар дошта шудааст. Инҷо тамоили сабабияту натиҷаи он ҳамчун ҷиҳати хоси ирода тавзеҳ меёбад.Принсипи сабабиятро таҳлил намуда, Шопенгауэр чанд шакли онро,ки хусусияти предметҳои маърифатшавандаро муайян месозад, таъкид мекунад. Масалан, ҳузури сабабии қонуни бунёди дар робитаи байни амал ва манфиатҳои он зикр намуда, дар соҳаи маърифат танзими робитаи байни муҳокимаю ҳукмҳоро ҳамчун натиҷаи ҷараёни сабабии он шарҳ медиҳад.Дар самти барқароршавии предметҳои маърифатшаванда қонуни бунёди мукаммал ин каузалият аст,ки объектҳои табииро пайваст сохта,муносибати байни фазо ва вақтро низ қонуни бунёди мукаммал идора мекунад.

Гуногунии фазою вақт танҳо ҳамчун тасаввурот ва зуҳурот ба назар намоянд ҳам, дар воқеъ онҳо танҳо ҷавҳари воҳидк тақсимнопазир-иродаро ———————————————————————————

11.Антология мировой философии.М., «Мысль».1971.с.686.

12.Ҳамон ҷо. с.676.

муаррифӣ месозанд. Ирода ба тарзи ақлнорас «тасаввуротро» эҷод месозад. Ҳамзамон дар баробари тасаввурот ва бо таносуби якдигар «объект» ва «субъект» пайдо мешавад.Олам объекти маърифати субъект гашта бо тамоми штасаввуроти он мегардад. Ҳамин тавр, Шопенгауэр гоҳе дар мавқеи идеализми субъективӣ қарор мегирад, дар сурате,ки солипсизмро( як майлони идеализми субъективӣ) «фалсафаи аблаҳон» баҳогузорӣ мекунад. Бештаре аз волюнтаристон мустақилияти иродаи инсониро нисбат ба воқеияти муҳит таъкид ва бартарияти субъектро дар баробари олами объективӣ ҷонибдорӣ карда, дар мавқеи идеализми субъективӣ қарор мегиранд. Вале Шопенгауэр оид ба объективияти ирода ҳарф мезанад,ки онҷо ирода болотар аз ҳодисоти олам ва инсонҳо қарор доранд ва ин андеша ӯро ногузир ба сӯи идеализми объктивӣ мебарад.

( Инҷо бояд дар бораи таълимот дар бораи идеяҳои Ш-р маълумот диҳем.)

Дар робита ба назарияи маърифат Шопенгауэр илмро фаъолияте медонад,ки на ба сӯи маърифат, балки барои хидмат намудан ба ирода нигаронида шудааст.Маърифати муроқибавие, ки ба илм муйяссар намегардад,ба маърифати бадеӣ дастрас аст ва он на ба интеллект, балки ба интуитсия, ки дастоварди нобиға аст, такя мекунад. Фалсафа низ моҳиятан санъат аст ва ба илм ҳамон вақт наздик мешавад,ки маърифати бадеии оламро тавассути мафҳумҳо ба танзим дарорад. «Фарқияти муҳими байни методи Кант ва методи ман дар он аст,ки методи Кант аз маърифати ғайримустақиму бевосита, маърифати рефлективӣ бармеояд ва методи ман бошад аз маърифати бевосита, ё ин,ки интуитивӣ. Кантро метавон ба одаме мушобеҳ сохт,ки баландии манораро аз рӯи сояааш чен мекунад, манн бошам андозбандро ба даври манора ҷафс карда,чен мекунам. Аз ин рӯ, барои ӯ фалсафа илмест иборат аз мафҳумҳо, барои ман бошад фалсафа илмест дар мафҳумҳо,ки мундариҷаи онро метавон аз маърифати аёну возеҳ, манбаи ягонаю яқин бардошт,ки дар мафҳумҳои умумӣ устувор гаштааст.»13. Донишҳои интуитивӣ аз нигоҳи Шопенгауэр, шакли аввал ва муҳимтарини маърифат буда, тамоми олами рефлексҳо дар ҳадди охир дар олами интуитсия нуҳуфтаанд. ИнтуитивизмТаълимотест асосан дар фалсафаи идеализм,ки бештар дар эстетика, этика ва фалсафаи математика паҳн гашта, яке аз шаклҳои ирратсионализм ба шумор

13. Антология мировой философии. Т.3. с.683.

меравад.Интуитивизм интуитсияро манбаи бунёди ҳамагуна донише медонад,ки гӯё воқеиятро ба таври боэътимод маърифат месозад. Интуитивизм интуитсияро ба тадқиқотҳои мушаххаси таҷрибавӣ муқобил гузошта, нақши таҳлили назариявӣ,муроқибаи ҳиссӣ, тафаккури мантиқиро дар маърифати олам маҳдуд месозад. Дар таълимоти Шопенгауэр низ интуитсия мақоми хоссае дошта, бартарияти донишҳои интуитивӣ таъкид мегардад. «Интуитсия,ки тавассути фаҳмиш ва барои фаҳму зеҳн пайдо шуда,дар баробари мо бо тамоми комилияташ қарор дорад,ба ҳеҷ як шубҳа ва иштибоҳе мутааллиқ нест ва аз ин рӯ тасдиқу инкорро нахоҳад донист: зеро,ки худ шоҳиди хеш аст ва мисли маърифати мавҳуму муҷарради хирад нерӯю маънои хешро аз робитаҳое,ки берун аз он- тибқи қонуни бунёди маърифат аст, ба худ нахоҳад гирифт»14. Маърифати муроқибавию мушоҳидавие, ки барои илм дастнорас аст, ба маърифати бадеие,ки на ба интеллект, балки ба интуитсия такя мекунад, дастрас аст. Ва ин маърифати интуитивӣ дастоварди танҳо нобиға мебошад « Инсони муқаррарӣ, ин моли фабрикавии табиат,ки ҳама рӯз ҳазорҳои он тавлид мешавад, чуноне,ки ман гуфтам, комилан қобил нест, дар ҳадди охир ба мушоҳидаи давомдор ва ба тамоми маънояш бетафовут ба ӯ, машғул бошад, дар сурате,ки муроқибаю мушоҳидаи воқеист он: ин инсони муқаррарӣ метавонанд таваҷҷӯҳи хешро тапнҳо ба чизе, ки то кадом ҳадде ба иродаи ӯ нисбатан вобаста бошад, равона созанд. Вале, нобиға ( гений), ки нерӯи маърифатсозандаи ӯ аз хизмати иродааш озод шудааст, дар мушоҳидаи худи ҳаёт таваққуф менамояд, мекӯшад дар ҳар ашё идеяи онро маърифат созад, на робитаи онро ба дигар ашёҳо: анна аз ин сабаб бештар роҳи ҳаётии хеш таваҷҷӯҳ надорад ва аз ин рӯ, роҳи ҳаётии ӯ комилан ғайримоҳирона мегузарад»15.

. Дар консепсияи Шопенгауэр мафҳуми субъект тобиши афзалиятию муҳим дорад.Агар объект ҳамчун ифодаи сершуморӣ(миқ..) ба шаклҳои априори вақту фазо бошад, пас субъект берун аз вақту фазо қарор дошта, худро ҷамъи ирода ба ҳаёт маърифат намуда оламро аз тасаввуротҳои зиёде таҳия ———————————————————————————-

14.Антология мировой философии. Т.3. с.683.

15. Ҳамон ҷо. С. 692-693.

месозад. Бо фано шудани он тамоми олам ҳамчун тасаввурот нобуд хоҳад шуд ва танҳо як иродаи зишт,ки табиати биологӣ дорад, боқӣ хоҳад монд. Субъекти Шопенгауэр худхоҳу худбин буда, итминон ба он дорад,ки ҳамаи дигар субъектҳо аз мавҷудоти уву аз мавҷудияти ӯ вобастаанд. Инсон чун объективатсияи комилтарини ирода аст,ки муҳтоҷтарин мавҷудот буда, ҳаёташ аз ниёзҳою эҳтиёҷоте,ки ҳазорон талаботу манофеъро фаро гирифтааст, иборат мебошад.Набудани ҳамешагии қобилият ба он мерасонад,ки ҳаёти инсон дар ҳама шароитҳо ин азияту кулфат аст. Дар заминаи ҳамин андеша Шопенгауэр ба хулосае меояд,ки азияту шиканҷа вобаста ба сатҳи маърифати инсон меафзояд. Инсон –субъекти маърифаткунандаест,ки маърифат ба ӯ қонеият нею, азияту шиканҷа меорад. Бо такмили маърифат азияту андӯҳ ва шиканҷаи инсон меафзояд. «Маърифат андӯҳро афзун месозад». Ин ҳамон замоне рӯй медиҳад,ки дар раванди маърифат мо ба амиқияте ворид мешавем,ки онҷо худовандро надида иблисро мебинем.Иблис,яъне «Иродаи тавоною маъшуме,ки ҳамеша тори анкабуди кулфатро бофта,офаридаҳои хешро озор медиҳад».Инсон ҳамчун объективатсияи комили ирода- дар амиқияти мавҷудияти хеш, ҳайвони ваҳшию бераҳмест. Дар бунёди олам, ба қавли Шопенгауэр, оғози шаётинӣ қарор дорад. Ӯ масеҳиятро инкор ва динҳои ҳиндуиро афзал медонад. Ҳатто саги пудели ӯ Атма ( Атман- ифодаи рӯҳи ҷаҳонӣ дар фалсафаи Ҳинд.) ном дошт. Қонеъ наёфтани ирода инсонро ба муборизаи хастаҳолона тела дода, ба инсон ғорат намудани табиат ва истисмори одамони дигарро омӯхта, шаклҳои бераҳмонаи худпарастиро талқин месозад. Табиати зиштонаю ҷоҳилонаи ирода сабаби он мегардад,ки инсон ҳеҷ гоҳе қаноат

нахоҳад кард. Инсон ҳамеша ҳадафҳои «бемуваффақонаеро» пайгир буда, кӯшиш дорад ба воқеият чун ба ҳубоби пуфаки собун назар андозад, дар сурате,ки хуб медонад, ҳубоби пуфаки собун

ҳатман кафидаю аз он чизе намемонад. Ҳатто давлат,ки танзимкунандаи иродаҳои хусусист, наметавонад худхоҳию бераҳмии инсонро,ки дар тамоми таърихи ҷангу табаддулотҳо худро зуҳур мекунад, аз байн барад. Муфассирони Шопенгауэр андеша доранд, ки ирода дар таълимоти ӯ иродаи гуруснаю ҳарису бешуурест,ки ночор хешро ҳарисона истеъмол мекунад. «Олам чун тасаввурот» ва «Олам чун ирода» ду тарафи олами порагаштаест, ки метавон онро шиканҷаю азият тасвир сохт.Ҳама гуна азобу кулфат аз нигоҳи Шопенгауэр «мусбӣ» ва ҳама гуна қонеият «манфӣ» баррасӣ мегардад. Ҳама гуна талаботу майлу хоҳишро мо замоне эҳсос мекунем,ки онҳо қонеъ нашудаанд ва ҳолати ғайриқаноатбахш ин азоб аст аст. Қаноатёбии майлу ҳавас танҳо муваққатан азобро коҳиш медҳад. Қӯшиши беохири озод щудан аз азияту шиканҷа танҳо ба он меорад,ки як шиканҷаи маълум ба азияту кулфати дигаре худро иваз мекунаду халос.Агар ба иддаи ками инсонҳо озодшавӣ аз як шакли азият муяссар шавад, ҳамон замон ҳазорон азияту шиканҷае мутобиқ ба синну солу шароити зист ба ӯ бармегарданд. Инсон ҳеҷ фаҳмида наметавонад, ки чӣ кулфате ӯро дар пеш аст. «Мо мисли баррачаҳое дар марғзор, бозию шӯхӣ дорем, дар ҳоле,ки қассоб бо таги чашм ин ё онеро интихоб мекунад ва мо дар миёни рӯзҳои хушбахтии хеш намебинем,ки кадом бадбахтиеро ба мо сарнавишт омода сохтааст-беморӣ, таъқиб, камбизоатӣ, маслуқӣ, нобиноӣ, ҷунунӣ… Ва саодатмандиест,ки мо намедонем, воқеан чӣ ҳодисае рух медиҳад.»16. Мо медонем,ки марг ногузир аст, таъкид мекард файласуф, вале боз пеши худ ҳар мақсадеро мегузорем. Кӯшиш мекунем ҳубоби собунро пуф карда онро калон созем, ҳарчанд медонем, ки ин ҳубоб пора хоҳад гашт. Магар дар олам хушбахтӣ ҳаст? На,ҷавоб мегӯяд философ. Агар мақсаде,ки инсон пеши худ гузоштааст, ба даст наояд, агар хоҳишу ҳавасатон татбиқ нагардад, пас инсон худро бадбахт эҳсос мекунад. Ва агар орзӯи инсон ба даст биёяд-инсон қонеияти тезгузаре эҳсос мекунад ва ҳамон замон боз ӯро ноумедӣ домангир гашта, дилмондагию маъюсӣ фарогираш мегардад. Саволе ӯро парешон месозад: хайр баъд чӣ? Шопенгауэрро дар баробари даҳҳо масъалаҳои дигар масъалаи ҳувияти ба ҷинс тобеъ будаи инсон ба фикр меорад ва ӯ бидуни ҳеҷ як истеҳзое ин ҷанбаи ҳаёти инсонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва хулосаҳои қотеонаашро бе ҳеҷ истиҳолае баён мекунад. Яъне раванди ташаккули ҷинсии аҷсоми одам ва робитаю таъсири онро дар таҳаввули равонии инсон ба меҳвари проблемагузории фалсафӣ ворид месозад.Тамоми умр, то вақти марг, инсон кӯшиши наздик шудан ба инсони ҷинси муқобилро дар дил мепарварад, мегӯяд Шопенгауэр.Ин ғаризаи нерӯманд ва

—————————————————————————-

16.А.Шопенгауэр. Афоризмы и максимы. Л.,Изд-во ЛГУ, 1991, с.206.

ҳамешавуҷуд ба идома додани насл меорад.Ҳамин тавр, аз тарафи

дигар, ба зиёд шудани имконияти азият ва афзун шудани хатари марг меорад.Аз ин рӯ, алоқаи ҷинсиро ноаёну ногузир шарму ҳаё роҳбаладӣ мекунад. Дар робита ба ҳавасу шаҳвати ҷинсӣ

Шопенгауэр раванди ташаккули аҷсоми инсонро,хусусан тағйири рангу пӯсти инсонро, ки натиҷаи эволтсияи тӯлонист, таҳлил намуда ба ҳама андешаҳои нажодпарастию тасаввурот дар бораи «ирқи интихобгашта»,ки дар замони ӯ аз ҷониби Жозеф Гобиною Жорж де Лапуж боло бардошта шуда буданд, зарбаи қатъӣ мезанад ва чунин тахаюлҳои ғайриилмиро тамасхӯр мекунад. Соддатар гӯем, ӯ яке аз муборизони аввалин алайҳи миллатгароию нажодпарастӣ буд. «Ба маврид хоҳад буд, инҷо ақидаи худро гӯям,ки ранги сафеди пӯст барои одамон табиӣ нест, зеро ки пӯсти табиийи онҳо сиёҳ ё қаҳваранг аст, мисли гузаштагони мо- ҳиндуён; аз қаъру ниҳоди табиат дар аввал ягон одами сафедпӯст набаромадааст, нажоди сафедпӯст умуман вуҷуд надорад, новобаста ба ҳама гуна тафсири он: ҳар як одами сафедпӯст одами пӯстпартофтаю рангпаридаест. Ба минтақаи сарди Шимол,ки барои ӯ бегона буд, замоне ноилоҷ танг карда шудаву кӯч мебандад ва инҷо ӯ худро чун растании экзотикие (аҷоибе) эҳсос мекунад,ки зимистон ба гармхона эҳтиёҷ дорад…ва инсон дар фосилаи ҳазорсолаҳо сафед гашт.Ана, барои чӣ дар муҳаббати ҷинсӣ табиат ба ақиб, ба сӯи мӯи сиёҳ ва чашмони сиёҳ, яъне ба сӯи тимсолу намунаи аслии хеш мекӯшад.»17. Ҳаваси инсон ба ҳар чизе,ки ӯ соҳиб нест,боло гашта, муҳаббати ӯ ба ҳадафи дарёфтнагашта афзун хоҳад шуд. «…Ҳар касе, чизеро дӯст медорад,ки ӯро ин чиз нест».18. Агар ин дӯстдорию муҳаббат тамоили шавқу ҳавасу шаҳвати ҷинсӣ дошта бошад, иштиёқу ҷунбиши талабкунанда ҳазорон бор суръат мегирад ва ҳатто манфиатҳои муҳими ҷамъиятию рӯзгордориро ба дигар сӯ тела медиҳад. « Номусу шараф,ки то ҳол бар ҳамаи манфиатҳо афзалият дошт, ҳамон замон майдони муҳорибаро тарк мекунад, агар ба ин ҷода муҳаббати ҷинсӣ дахолат намояд,яъне манфиати насл; дар тарафи ғайр муҳаббат бартарияти қатъӣ хоҳад гирифт, зеро ки

———————————————————————

17. А. Шопенгауэр. Метафизика половой связи. С.391.

18. Ҳамон ҷо.с.388.

манфиатҳои насл, беохир қувватноктаранд, дар муқобили манфиатҳои муҳимтарине, ки ба фардҳо тааллуқ доранд.»19. Ҳаёти ҳар нафар силсилаи азобу кулфатҳои пайдошавандаю ивазшавандаанд.Агар Рене Декарт принсипи «Фикр мекунам, пас вуҷуд дорам»-ро боло бардошта бошад, Шопенгауэр муқаррароти «азоб мекашам, пас ман вуҷуд дорам»-ро ба миён мегузорад. Фалсафаи аттиқа андешаи фалсафиеро,ки бадию кулфатро ҳамчун ҳолати набудани некӣ арзёбӣ мекард, дар таълимоти Шопенгауэр тобиши дигарро мегирад. Барои ӯ некӣ тамоман вуҷуд надорад ва аз нигоҳи ӯ одамон ҳолати муваққатан набудани азобро маъмулан некию хайр номгузорӣ кардаанд.Рафтори ҳар як субъектро худпарастӣ, бадхашмӣ ё ин,ки тараҳҳуму дилсӯзии табиатан ба ӯ додашуда, раҳнамоӣ мекунад.Тарбия танҳо метавонад рағбату ҳавасмандии ботинии ӯро нарм созад. Ҳатто санъати педагогии Песталотси , аз нигоҳи Шопенгауэр, наметавонад фарди бадкирдорро ба ҳакими некрафтор, ҷоҳилро ба раҳмдил табдил созад.Давлат ва ҳуқуқ «пӯзбанд»-ро («намордник») таҳия месозанд,ки аъзоёни ҷомеаро имкон намедиҳад ихтилофи байниҳамдигариро ба ҳолати қир сохтани ҳамагон бурда расонад. «Ҳеҷ як ҳайвоне ба хотири шиканҷа додан, якдигарро азият намедиҳад, вале инсон онро анҷом медиҳад… Инак дар қалби ҳар

нафаре воқеан ҳайвони ваҳшие нуҳуфта аст,ки танҳо интизори

лаҳзаест, то бераҳмию бадхашмиро ба хотири дигареро дардманд ё нобуд сохтан равона созад»20. Ҳамин тавр , сабаби ҳама азиятҳои

19. Ҳамон ҷо.с.396.

20. А. Шопенгауэр. Афоризмы и максимы. С. 225-226.

мо-шиддат гирифтани ирода аст.Чӣ роҳест? Аввалан, аз ҳамин шиддатнокию тундравӣ даст кашидану ба хомӯшиютамкиният рӯй овардан. Сипас Шопенгауэр, ду роҳу имконияти озодиро аз ин иродаи машъуму бад мебинад.Якум, даст кашидан аз ҳама гуна рағбату ҳавасҳо ва ба зоҳидиву парҳезкорӣ-Нирвана21 рӯй овардан. Яъне, дар ниҳоди хеш пахш намудани ирода ба ҳаёт.Қадами дуюм, дар ин роҳ хайрхоҳӣ ва муҳаббати беғаразона ба наздикон.Некию дилсӯзӣ, қобилияти эҳсоси он,ки ғами дигаронро чун ғами хеш донистан.

Дилсӯзӣ- категорияи асосии этикаи Шопенгауэр аст.Тарзи дигар, ё ин ,ки роҳи дуюми имконияти озодшавиро Шопенгауэр санъат меҳисобад. Маҳз санъат инсонро аз занҷири беохири нафсонияту ҳирс озод месозад. Дар санъат инсон ба объект фурӯ рафта, шиканҷаҳои хешро фаромӯш месозад.Одамон, баръакс дар роҳи озодшавӣ аз иродаи зишт қонеиятро муққадам мешуморанд. Мекӯшанд, то азияту кулфати худро ба фарҷом расонида, майлу хоҳиши хешро татбиқ карда, қонеият ҳосил кунанд. Онҳое,ки воситаи мувофиқ ва имконияти амалӣ намудани хоҳишоташонро доранд ё онҳое,ки доираи маҳдуди майлу хоҳиши худро қонеъ намудаанд, баъди қонеият ёфтанашон, онҳоро эҳсоси дилтангию малолат фаро мегирад,ки он азияти наверо тавлид месозад. Азобу кулфатро ҳамон вақт метавон ба итмом расонд,ки аз ҳама майлу хоҳишот даст каши два ҳолати «нирвана»-ро ноил гашт. Ҳамин тавр, таълимоти Шопенгауэр тобиши пессимистиеро фаро мегирад,ки он як таассуре ба оптимизми таърихӣ ва эвдемонизм ( назарияи ҳаловатҳо) буда, дар баробари шоири англис Самюэл Колриҷ ва файласуфу математики франсавӣ Пийер Мопертю бунёдгузорони назарияи пессимизм, ҳамчун система ба ҳисоб мераванд.22.

21. Нирвана- аз санскрит гирифта шуда,ба маънои «хомӯш шудан» тавзеҳ мегардад. . Мафҳуми фалсафаи буддоия аст,ки «роҳи озодшавӣ» аз нафсоният ва даст кашидан аз рағбату фараҳмандиҳои заминӣ , худтакомулсозӣ, равшанфикрӣ ва раҳоӣ ёфтан ба воситаи пок гаштанро дар назар дорад.

22. Философская энциклопедия.Т.3. М.,1967, с.158.

Инҷо сухан дар бораи системаи пессимизм ва истилоҳи он меравад, андешаҳои пессимистӣ бошанд, аз худи инсоният ҷавонтар нестанд. Шопенгауэр пессимизмро ба таври қотеонаю пайгирона, ҳамаҷониба ва ба таври муфассал, чун система асоснок намуд. Муодилаи фалсафаи маорифпарварӣ,ки ҳанӯз аз замони Лейбнитс (дар асари Г. Лейбнитс «Теодисея»,1710) дунёи моро «беҳтарин дунёи имкони вуҷуддошта» арзёбӣ мекард ва андешаи Гегелро,ки таърихро ҳамчун қадамҷою гомгузории заминии Рӯҳи ҷахонӣ,ки он ҷо фалокату азияти фардҳо аҳамияти ҷиддие надорад,тавсиф менамуд,дар фалсафаи Шопенгауэр тамоили баръаксро мегирад. Ӯ оламеро,ки инсон онҷо зиндагӣ дорад, бадтарин дунёи имкони вуҷуддошта ба қалам медиҳад. «Оптимизм, агар танҳо, суханпардозии бемаънии одамоне бошад,ки ҷуз лофзанӣ чизи дигареро онтарафтари пешонии фарохашон соҳиб набошанд, барои ман на фақат сафсатаю ҳарзагӯӣ, балки воқеан андешаи бевиҷдонона, тамасхӯри талхе ба азиятҳои баённагаштаи инсоният аст»23. Бадтарин ҷаҳони имконулвуҷудро бадӣ фаро гирифтааст ва онҷо инсони азияткашидаю ноумед зиндагӣ дорад. Худхоҳию худпарастии ӯ то ҳадде қувват гирифтааст,ки бештаре аз харобкориҳои инсон маҳз дар ҳамин худпарастиаш нуҳӯфтааст. Агар ба одамон интихоби ҳалокати шахсӣ ё ҳалокати оламро вомегузоштанд, бисёре аз онҳо ҳалокати оламро афзал медонистанд. Табиати инсон дар баробари худхоҳияш, боз пуркинагию бадхашмиро низ дар худ гирифтааст. Бадқаҳрию пуркинагӣ нисбат ба худпарастӣ бештар бадахлоқист ва бадкинаю пурхашм нисбат ба шахсияти худ бетафовут буда, фақат аз фалокату ҳалокату азоби дигарон ғами худро каму коҳиш медиҳад. Мушоҳидаи азобу кулфат, азияту нокомии дигарон ҳассосияти бадхоҳонаи онҳоро заррае таскин бахшида,иҷборан ба ғам гирифтор сохтани дигаронро онҳо дар нақшаҳояшон тарҳрезӣ мекунанд. Ягона рафтори нармсозандаи ахлоқӣ,ки дар муқобили бадкинагию худпарастӣ қарор мегирад, ин дилсӯзӣ ва амалҳоест,ки ба хотири заиф сохтани азобу азияти одамон равона гардидааст.

23.Антология мировой философии.Т.3. м., «Мысль», 1971.с.698.

Аз дилсӯзӣ ду аъмоли нек бар меояд: адолат ва инсондӯстӣ. Эътирофи инсондӯстӣ Шопенгауэрро ба қатори гуманистон ҷой медиҳад. Вале гуманизми Шопенгауэр аз гуманизми аврупоии ҳанӯз аз замони эҳё эҷодшуда, фарқ дорад. Дар фалсафаи ӯ, инсон маҳз тавассути ирода ботини хешро муайян месозад.Ирода дар инсон зуҳӯр намуда, харектери ӯро таҳия месозад ва хислатҳояш комилан ба ӯ тобеъ нест. Танҳо ҳамон вақте,ки инсон ба тамоми мавҷудоти зинда дилсӯзии беҳудудро раво мебинад, танҳо ҳамон замон ӯ аз ҳолати асирии бадкинагию худхоҳӣ берун мешавад ва ҳиҷоби «майя»-ро рахна намуда, ба дарки моҳияти ҳама чиз хоҳад расид. («Майя» мафҳуми фалсафаи Ҳинди қадим аст,ки дар мактаби веданта ба маънои тахаюл ва тасаввур меояд).Ба таввақуфи зиёде дар таърихи фалсафа Шопенгауэр аз нав этикаро бо метафизика пайваст.Дар асари асосиаш «Олам ҳамчун ирода ва тасаввурот» ду олами фарқунанда пайдо мешаванд. Он чизе,ки мо воқеият меномем аз қабили табиат, ҷамъият, маданият, таърих ва ҳатто ҳаёти шахсиамон, аз нигоҳи Шопенгауэр мавҷудияти воқеии объективиро соҳиб нест, балки дар тасаввуроти мо вуҷуд дошта, ҳамчун тасаввури хаёл, он чизе,ки дар анъанаи ҳиндуён «майя» меноманд,зуҳури афсунгаронаю фиребдиҳанда аст. Олами ҳақиқӣ- ин олами ниҳон, моҳияти диданашаванда-ирода аст,ки ҳамчун «чизи дар худ»-и Кант фаҳмида мешавад. Шопенгауэр кӯшиш дошт муосирони хешро итминон бахшад,ки набояд ба ҳеҷ тахаюли таскиномези ботиле,ба ҳеҷ гипнози сухан, мукофот, тӯҳфа,мартаба, кайфиятҳои рӯзгоре побанд шуд.Онҳо албатта барои одами алоҳида хуб аст, вале маъною моҳияти ҳаёт дар онҳо нест. Одамон ба дарки маъною моҳияти он ғановате,ки онҳоро иҳота кардааст,намерасанд ва ҳатто қадри бузургонеро,ки ҳар лаҳзае метавонанд, аз ҳузури мубораки хеш қалбҳои онҳоро рӯҳбаланду шод гардонанд, намедонанд ва дар бисёре ҳолатҳо ба озору таъқиби онҳо даст мезананд. « Ҳамаи португалиҳо ҳанӯз ҳам аз Камоэнс, аз ягона шоири бузурги хеш ифтихор доранд, вале ӯ бошад аз гадоие,ки шомгоҳон барои ӯ сиёҳпӯстбачаи аз Ҳинд овардааш ғун мекард,рӯзашро мегузаронд.»24 Бертран Рассел дар «Таърихи фалсафаи Ғарб» андешаҳои Шопенгауэрро дар бораи дилсӯзию парҳезкорӣ баҳогузорӣ намуда, самимияти онро ба шубҳа мегузорад: « Одатан ӯ ба серӣ дар ресторани хубе хӯрок мехӯрд, ишқбозиҳои зиёди бетаровате дошт…хело ҳам зиёд cухан мегуфт ва фавқулодда инсони хасис буд…» Ғайр аз ин Бертран Рассел қиссаи ҷанҷоли Шопенгауэрро бо ҳамсоязанаш нақл мекунад,ки бар асари ин ҷанҷол ҳамсоязан лат мехӯрад ва Шопенгауэр солиёни зиёд, то фавтидани ин зан ба ӯ ҷарима медиҳад. Ибораи Шопенгауэрро, ки « Пиразан мурду мушкилӣ коҳиш ёфт» Б.Рассел бо истеҳзои хоссае ёдовар мешавад.25.Инҷо зарур аст, ба посухи Б.Рассел оид ба хасис будани Шопенгауэр аз осори худи Шопенгауэр ҷавоб ҷӯем,ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Дар чанд саҳифаи « Афоризм»-ҳо Шопенгауэр исрофкориро маҳкум намуда, баръакс хасисиро ҳамчун сарфакорӣ ба қалам медиҳад ва аҷоиб он аст, ки ӯ барои тақвияти андешааш аз «Қуръон»-и карим далел меорад. Масалан: «…хасисӣ нуқсе нест, баръакс мутаззоди ӯ – исрофкорӣ аст»;

«Аз ин рӯ «Қуръон» комилан одилона исрофкориро «бародарони шайтон» меномад.( сураи 17, ояи 29);

Хасисӣ оқибате дорад,ки он фаровонист-пас он магар қобили

қабул нест?»;

«Исрофкорӣ на танҳо ба камбизоатӣ, балки тавассути

камбағалӣ ба ҷиноят мебарад: ҳамаи ҷинояткорон аз табақаҳои доро ба иллати исрофкорӣ ба ин ҳол мерасанд»26. Вақте,ки Шопенгауэр барои тақвияти андешааш аз «Қуръон» далел оварда, ишора сураи маълум ва ояи дақиқ мекунад, «Қуръон»-

ро кушода, ҳаққонияти далели Шопенгауэрро тафтиш мекунем.

« Қуръони карим» бо тарҷума ва тавзеҳот ба забони тоҷикӣ.Исломобод. 2002, с. 663. №17. Сураи Исро :

* Ҳамоно исрофкунандагон бародарони шайтонанд ва шайтон ба нисбати парвадигори худ кофир аст. (ояи 27.)

* Макун дасти худро баста ба гардани худ (яъне бахилӣ накун) ва макшой онро ба тамом кушода.(яъне исроф ҳам макун,ки дар сурати бухлу асрор ) бинишинӣ ба ҳасрату маломат.(ояи 29.)

Чуноне,ки мебинем Шопенгауэр дар иқтибос овардан аз «Қуръон» комилан дақиқиятро риоя намуда, шиносоияш аз

24.А.Шопенгауэр. Афоризмы и максимы.с.250

25.Б. Рассел. История западной философии. Т.2. М.,1993.с.273.

26.А.Шопенгауэр.Афоризмы и максимы.с.217-218.

омӯзиши амиқи на танҳо китобҳои ҳиндуёну юнониёни қадим, балки аз омӯзиши дақиқназаронаи китоби муқаддаси мусулмонон низ дарак медиҳад.Бо вуҷуди афкори пессимистиаш, ӯ омӯзишу пазируфтани таълимотҳои абадзиндаро, ки дар он «дақиқаҳои ҳаёти абадзинда, дар замин мушобеҳи солҳост ва солҳои заминӣ моҳияти як лаҳзаи ҷовидонаанд»27. тасвир мешаванд, тавсия медиҳад. Андешаҳои воқеъбинонаи Шопенгауэрро намояндаи дигари фалсафаи иратсионалӣ Фридрих Нитсше пазируфта, аз мулоҳизаҳои ба ваҷдоварандаи ӯ илҳом мегирад: « Ва одами ноилоҷ танҳомонда, рамзи беҳтаре нахоҳад ёфт, ба ҷуз аз « баҳодури ҳамрадифи марг ва иблис»,…ки метавонад дар миёни даҳшатҳои ӯро иҳотакарда роҳи худро пайдо кунад, аз ҳузури ҳамсафари аҷибаш хиҷолат накашида, вале яқин ноумеду танҳое болои аспаш ва бо ҳамроҳии саги худ. Чунин сипоҳии дюрерӣ Шопенгауэри мо буд. Ҳама умедҳояшро барбод додаю, вале ӯ ташнаи ҳақиқат буд. Касе баробари ӯ нахоҳад шуд».28.(Инҷо Нитсше мусаввараи рассоми олмонии давраи Эҳё Албрехт Дюрер(1471-1528)-ро дар назар дорад,ки тасвири ритсари баҳодури танҳоеро ба қалам додаст.)

Ба осори Шопенгауэр шинос шуда аз рӯҳияи пессимистии андешаҳои ӯ, метавон ба назари интиқодие фарогир шуд. Вале чуноне,ки Нитсше менависад ,ӯ сипоҳиеро мемонад,ки дар саҳрои ғафлат танҳо мондаю , ба ӯ сирф воқеияти дилрешкунандае ҳувайдо асту халос. Ҳамин тавр,бунёди умумие,ки моро бо Артур Шопенгауэр наздик месозад- ин умумиятҳои инсонист. «Афоризмҳо»-и ӯро хонда боз як бори дигар мутмаин хоҳӣ шуд,ки фарқиятҳои миллӣ, табаққотию синфӣ,сиёсию динӣ наметавонанд ҷиҳатҳои умумиинсониро,ки

одамонро мутаҳид месозад, аз байн барад. Некию бадӣ, орзӯҳои

ҷавонӣ ва ноумедиҳои пиронсолӣ, завқу ҳавасу муҳаббате,ки марду занро мепайвандад, сиҳатию беморӣ, истеъдод ва камҳунарӣ,худбаҳогузорӣ ва пазируфтани андешаҳои дигарон

дар бораи ту, дӯстии воқеию дӯстии дурӯғин, ғами фарзанд хӯрдану номӯси наздиконро бар дӯш гирифтан ва ҳазорон

———————————————————————————

27.А.Шопенгауэр. Афоризмы и максимы. С. 251

28. Ф. Ницше.Рождение трагедии или эллинство и пессимизм.// Ф.Ницше.Соч.: В 2 т. Т.1.с.138.

проблемаҳои рӯзгор,ки ҳама давру замон кӯҳна нагаштаю тамоми банни башарро фарогир аст, аз ҷониби Шопенгауэр бо ҳаққонияти раъдосою нешзананда, буррою оштинопазир ва тамасхӯри талхе ба қалам оварда мешаванд.Муҳаққиқи таълимоти ӯ И.С. Нарский менависад: « Мо ба ояндаи инсоният ноумедонаю пессимистона назар намекунем, чуноне,ки ба он Шопенгауэр менигарист.Аммо омӯзиши эҷодиёти ӯ, –позаҳри баде нест дар муқобили ура-оптимизми ( оптимизми ғавғоангез) аблаҳонаю бемазмуне,ки мо дар гузаштаи начандон дуре ва ҳатто ҳоло ҳам аз он шиканҷа мекашем.»29. Ба хотири оянда мубориза бояд бурд, вале дар миёни он монеаҳое,ки моро дар ин роҳ дучор меоянд, бешубҳа монеаи ноаёну муқаррарие, чун фавқулоптимизм қарор дорад,ки Шопенгауэр маҳз ба муқобили он, бо як ҳаяҷони хоссае баромад мекард. Андешаҳои одамони бузург- қисми асосии олами маънавии мост. Ин андешаҳо дар вакуум ( фазои холие) пайдо намешаванд ва онро мақолаҳои шӯрангезу тезгузари рӯзномаҳо, ҳангомаю ғавғои митингҳо ғизо намебахшанд, балки мутолиаи мустақилонаю мулоҳизахоҳу дурандешонаи китобҳои Шопенгауэр барин мутафаккирон бунёд мегузоранд.Воқеан , танҳо даҳсолаи охири ҳаёташ осори ӯро бо тиражи калон ба нашр расониданд ва фақат охири умраш китобҳои ӯро витринаҳои мағозаҳои машҳури Аврупои Ғарбӣ ба намоиш гузоштанд.Ва худи ӯро чун файласуфи шинохтаи асри 19, ки таълимоташ ба наслҳои баъдӣ тааллуқ дорад, эътироф карданд. «Барои он ки фалсафаи ман қобил ба ишғоли минбаре гардад, бояд тамоман замони дигаре фаро расад»30-гуфтани ӯ аз каромоти каломаш шоҳидӣ медиҳад. Рихард Вагнер бастакор, драматург ва эстетики олмонӣ дар рӯхияи андешаҳои пессимистии Шопенгауэр аз фаъолияти зиёновари

инқилобиаш,ки наздик ба ҳалокати ӯ оварда буд, даст кашид

29.А.Шопенгауэр.Избранные произведения.М., «Просвещение», 1992.с.4.

30. Ҳамон ҷо.с.6.

ва соли 1854 тетралогияи ба Шопенгауэр бахшидааш-«Ҳалқаи

Нибелунгҳо»-ро ба ӯ фиристод.( Ҳамон таълифоте, ки ба Фридрих Нитсше илҳоми ваҷдовару туғёнасаре дода буд.) Акнун, дар университетҳо системаи фалсафии ӯро мехонданд ва хонаи ӯ зиёратгоҳи ихлосмандону алоқадоронаш гардид. «Ғуруби зиндагии ман, субҳи шӯҳрати ман шуд»,-изҳор мекард ӯ. Аз замони ӯ то имрӯз якуним аср гузашта бошад ҳам, Шопенгауэр то ҳанӯз яке файласуфони зиёдтар мутолиашаванда ба ҳисоб меравад. Таъсири ӯ танҳо дар сарҳади фалсафа маҳдуд намонда, балки берун аз консепсияи фалсафиаш роҳ ёфт.Назарияи физиологии гулҳо,ки ӯ пешниҳод кард дар табиатшиносӣ ҷои арзандаи худро пайдо намуд.Мантиқи Шопенгауэр классификатсияи ҳиллаҳои диалектикиро ҳамаҷониба ғанӣ гардонд. Дар ташаккули таърихи фалсафа,хусусан кантшиносӣ, ки ӯ фарқиятҳои нашри якум ва дуюми «Танқиди хиради холис»-ро ифшо сохт, саҳми ӯ назаррас аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *