Фанни Фалсафа

Рушди илм ҳамчун раванди тавлидёбии дониши нав

5.1. РУШДИ ДОНИШҳОИ ИЛМӢ, МОДЕЛҳОИ ОН

Масъалаи рушди дониши илмӣ – масъалаи марказии фалсафаи илм мебошад. Механизми рушд ва инкишофи дониши илмӣ кадом аст? Методологҳои муосир барои ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо якчанд навъи моделҳоро пешниҳод менамоянд. Дар фалсафаи илми муосири ғарбӣ масъалаи рушди донишро, алалхусус, фаъолона, ҷонибдорони постпозитивизм, ки дар солҳои 60-уми асри ХХ ба ҷои неопозитивизм ба вуҷуд омад, кор карда баромадаанд. Неопозитивизм дар ҳалли масъалаи мазкур, маъмулан, усули маърифатиро ба кор мебурд, ки тибқи он динамикаи рушди дониши илмӣ ҳамчун занҷираи зерини савол-масъала-фарзия-назария-консепсия-қонун фаҳмида мешавад. Ба ибораи дигар, неопозитивизм бештар диққати худро ба таҳлили шаклии сохтори дониши тайёри илмӣ равона мекард.

Постпозитивизм бошад, баръакс, чи хеле ки аз рӯи асарҳои Карл Поппер, Томас Кун, Имре Лакатос, Паул Фейерабенд, Ст.Тулмин ва дигар файласуфони илми постпозитивист баҳо додан мумкин аст, масъалаи рушду инкишофи донишро ҳамчун масъалаи асосӣ таҳқиқ мекунад. Хусусиятҳои муҳимтарини ҷараёни постпозитивистӣ инҳоянд: а) адами мутлақияти мантиқи шаклӣ ва маҳдудкунии иддаои он; б) муроҷиати фаъолона ба таърихи илм ҳамчун ба раванди динамикӣ; в) равона кардани кӯшиш аз таҳлили сохтори шаклии дониши «тайёр» ба омӯзиши мундариҷавии динамикаи дониши илмӣ ва тағйироту зиддиятҳои ба ин динамика мансуб; г) инкори ҳамагуна тафриқаандозиҳо байни таҷрибаву назария, байни илму фалсафа, байни шаклҳои илмӣ ва ғайриилмии дониш ва ғ., кӯшиш барои бо ҳам созиш додани онҳо; д) кӯшиш барои механизми инкишофи донишро ҳамчун ягонагии ченакҳои миқдорӣ («илми мӯъдадил») ва сифати (инқилобҳои илмӣ) нишон додан; е) таҳлили нақши омилҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар пайдоиш ва инкишофи илм; ж) таъкиди нақши фалсафа ҳамчун яке аз омилҳои муҳими тадқиқоти илмӣ; з) табдил додани боварӣ ба шубҳа ё шубҳа афкандан (фалсификатсия) ба бовариву эътиқодҳои фарзиявию назариявӣ (амалиёти методологӣ, ки барои исбот кардан ё нишон додани фарзияву назарияҳои дурӯғину барғаллат аз тариқи санҷиши амалии онҳо дар мушоҳида ё таҷриба).

Яке аз аввалин назарияҳои рушди дониши илмӣ назарияи Карл Поппер (1902-1994) мебошад. Ӯ чунин меҳисобид, ки рушди дониш раванди таркишмонанд набуда, балки як навъ раванди ислоҳи хатову нуқсонҳост ва ба «интихоби дарвинӣ» шабоҳат дорад, яъне равандест, ки зимни он назарияҳои илмӣ доимо таназзул ёфта, ҷои худро ба назарияҳои нисбатан беҳтару қаноатбахш медиҳанд. Ба ақидаи К.Поппер, «механизми асосии рушди донишҳо маҳз механизми тахминҳо ва тардидҳо мебошад». Ӯ барои асоснок кардани ин назарияи мантиқӣ-методологии худ аз ғояи навдарвинистӣ ва усули даркнопазирӣ роҷеъ ба инкишоф истифода бурдааст, ки тибқи онҳо рушди илмӣ ҳамчун ҳодисаи ҷузвии равандҳои умумиҷаҳонии таҳаввулотӣ баррасӣ карда мешавад. Ба ақидаи К.Поппер, рушди дониши илмӣ бо усули санҷишу хатогиҳо ба амал оварда шуда, чизи дигаре ҷуз интихоби назария дар ҳолати муайяни проблемавӣ нест. Ҳамин тарзи интихоби назарияи илмӣ онро ақлоният бахшида боиси инкишоф ёфтанаш мегардад. Файласуф ба қатори воситаҳои муҳими рушди илм, пеш аз ҳама, танқиду мубоҳисаҳои байниҳамии олимонро ворид кардааст. «Усули илм – ин усули танқидист», — навишта буд К.Поппер. Дар назарияи худ, К.Поппер се талаботи асосӣ ба рушди донишро тавзеҳ медиҳад: 1) назарияи нав бояд аз ғояи нави ваҳдатбахш, содда ва пурсамар ба вуҷуд ояд; 2) он бояд ба таври озодона санҷишпазир бошад, яъне тасаввури падидаҳоеро диҳад, ки то ҳол ба мушоҳида нарасида бошанд. Ба ибораи дигар, назарияи нав ҳамчун воситаи тадқиқотӣ бояд нисбатан пурсамартар бошад; 3) назарияи хуб бояд ба якчанд санҷишҳои наву ҷиддӣ тобовар бошад.

Назарияи илмӣ ва рушди он – ин назарияи дониш (эпистемалогия) мебошад, ки дар раванди ташаккулёбии худ ба назарияи ҳалли проблемаҳо, матраҳкунии фарзияву назарияҳои нав ва муҳокимаи танқидӣ, баҳодиҳӣ ва санҷиши танқидии онҳо табдил меёбад. К.Поппер модели рушди маърифати илмиро аз рӯи нақшаи зерин тасвир мекунад: Р1-ТТ-ЕЕ-Р2, ки дар ин нақша Р1 – масъалаи ибтидоӣ, ТТ – назарияи санҷишии фарзияшаванда, яъне назарияе, ки бо ёрии он масъалаи ибтидоӣ ҳал карда мешавад, ЕЕ – раванди ислоҳи хатогиҳои дар назария ҷойдошта бо роҳи интиқод ва санҷишҳои озмоишӣ, Р2 – масъалаи нав, ки барои ҳалли он матраҳ кардани назарияи наву мукаммали дорои иттилооти бештар зарур аст, — мебошанд. Мутобиқи хулосаҳои К.Поппер, таърихи илм – ин маҷмӯи «қиёсҳои таърихист», бинобар ҳамин, ҳангоми матраҳ кардани назарияи илмӣ бояд усули фарзиявӣ – таҳлилии рушди дониш, ки он раванди пешниҳод кардани фарзияҳои илмӣ ҳамроҳ бо имконияти ботил кардани онҳоро таъмин менамояд, мавриди корбаст қарор гирад. Усули фалсификатсия ба ин мусоидат мекунад. Дониши таҷрибавӣ наметавонад ба таври қатъӣ ва пурра бовариро нисбати ҳаққонияти назария таъмин намояд, чунки агар, аққалан як далели зиддиятнок мавҷуд бошад, кофист, ки он назария тардид карда шавад. Ба ақидаи К.Поппер, нишондиҳандаи мақоми илмии назария – имконпазир будани тардиду ба шубҳа гирифтани он мебошад. Назарияҳои бо идеали илмият бегонаи ғайриилмӣ моҳиятан тардиднопазиранд. Онҳоро ягон далел рад карда наметавонад, чунки онҳо, аксаран, бо далелҳо сарукоре надоранд. Назарияҳо аз рӯи дараҷаи шабоҳат доштанашон ба ҳақиқат муқоиса карда мешаванд. Дар вақти мушоҳида кардани нишонаҳои мухолифи ҳақиқат, назарияҳои хуб асосноккардашуда дарҳол аз байн намераванд, балки тадриҷан ҷои худро ба назарияҳои барои тавзеҳи далелҳо бештар мувофиқу самаранок медиҳанд. Идеали илм — ин, худтакмилдиҳии бардавому доимист.

Дигар моделҳои рушди илмиро низ номбар кардан мумкин аст: а) моделҳои мушоҳидавии А.Пуанкаре; б) моделҳои таҳлили намунавии (парадигмалии) Т.Кун; в) модели эпистемалогӣ-таҳаввулотии Ст.Тулмин; г) барномаи илмӣ-тадқиқотии И.Лакатос; д) барномаи таҳлили тематикии Ҷ.Холтон. Ин моделҳо равиши ваҳдатгароёна дар рушди илмро рад карда, мавҷудияти механизмҳои гуногуни рушди онро исбот менамояд.

Чанде аз ин моделҳоро аз назар мегузаронем:

Файласуф ва методологи америкоӣ П.Фейерабенд (c/т. 1924) ҳомии ғояи гуногунандешӣ аст. Дар зербинои илм механизми афзуншавии назарияҳои бо ҳам қиёснопазир, яъне назарияҳое, ки байни ҳам ҳеҷ гуна алоқаи мантиқан асоснок надошта, мафҳумҳо ва усулҳои мухталифро истифода мебаранд, гузошта шудааст. Ин ҳолат имконият медиҳад, назарияҳое матраҳ карда шаванд, ки онҳо бо назарияҳои эътирофшуда ва ҳатто қисман дар ҳаёт тасдиқи худро ёфта низ комилан номутаносиб бошанд. Давраҳои муборизаи назарияҳои бо ҳам мухолиф, ба ақидаи П.Фейерабенд, давраҳои аз ҳама пурсамари инкишофи илм мебошанд. Ин назарияи П.Фейерабендро назарияи «маърифатшиносии анархистӣ» номида буданд. Сабаби чунин ном гирифтани назарияи П.Фейерабенд дар он буд, ки ӯ аз як тараф, усули ягонаву универсалиро инкор мекард, аз тарафи дигар, мӯътақид буд, ки олимон аз рӯи усули «ҳама чиз мумкин аст» рафтор мекунанд. Риояи қатъии усул ва иҷрои бечунучарои талаботҳои он, ба ақидаи ин файласуф, на бо таҷрибаи воқеии тадқиқотӣ, на бо табиати эҷодкоронаи маърифат мувофиқ нест. П.Фейерабенд боварӣ бар он дошт, ки ҷараёни маърифатӣ, усулан, танзимнопазир буда, инкишофи маърифати илмӣ на ҳамеша ба таври баробарвазну якхела сурат мегирад. Рушди дониш раванди тасодуфӣ ва номуназзам буда, барои ҳамин ба ҳеҷ гуна усул ниёзманд нест. Аз ҳамин сабаб, анархизми назариявӣ нисбат ба ғояҳои алтернативие, ки ба қонун ва тартибот такя мекунанд, яъне нисбат ба ғояҳое, ки рушди донишро ба маҷрои қонуниву идорашаванда медароранд, хеле пешқадам ва инсондӯстонатар мебошад. Усули ягонае, ки барои инкишофи илм монеъа эҷод намекунад, усули «ҳама чиз мумкин» мебошад, — мешуморад П.Фейерабенд. Мутобиқи ин усул, фарзияҳоеро истифода бурдан мумкин аст, ки онҳо ба назарияҳои ба таври кофӣ тасдиқшуда, аммо нисбатан кӯҳна ва дар шакли на он қадар хуб ифодашуда мухолиф мебошанд, (яъне назарияи хуб тасдиқшуда, аммо кӯҳна, ҳамаи он навигариҳоеро, ки дар раванди минбаъдаи рушди дониш ба амал меоянд, дар худ ғунҷонда ё ифода карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб ба ибораи ҳуқуқшиносон зарурияти «кодификатсия»-и назарияи илмӣ ба вуҷуд меояд). Якрангӣ дар равиши тадқиқотҳои илмӣ ба такомули озодонаи олим осеб мерасонад.

Ба ақидаи намояндаи назарияи таҳаввулоти маърифатӣ (эпистомалогӣ), файласуфи америкоӣ Ст.Тулмин (1922-1977) нақши бузургро дар таҳаввулоти дониши илмӣ омили танқид ва худтанқидкунӣ иҷро мекунанд, ки онҳоро аз рӯи қиёс бо амалиёти «интихоби сунъӣ» ва «табиӣ» шабоҳат додан мумкин аст. Тағйиротҳо вақте ба амал меоянд, ки муҳити ақлонӣ танҳо ба як гурӯҳи мафҳумҳо, яъне ба он мафҳумҳое, ки ба муҳити ақлонӣ мутобиқ шудаанд, ҳуқуқи зистанро медиҳад.

Тағйиротҳои нисбатан муҳим бо тағйирёбии худи моҳияти фаҳмиш алоқаманданд. Дар заминаҳои фалсафии илм ғояи «ташаббуси ақлонӣ»-ро, ки инкишофи таърихии илмро идора мекунад, бахусус қайд кардан лозим аст.

Тағйиротҳои бардавому тӯлонӣ ва доманадор на ба таври «ҷаҳишҳои ногаҳонӣ», балки ба шарофати фароҳам омадани тағйиротҳое хурде, ки ҳар кадоми онҳо дар раванди интихоб боқӣ монда натавонистаанд, ба вуқӯъ меоянд. Ҳар як падидаи нав, пеш аз он ки ба воқеият табдил ёбад, бояд аз тарафи умум пазируфта шавад, чунки таъсири мутақобилаи раванди маърифатӣ бо омилҳои дохилиилмӣ (ақлонӣ) ва ғайриилмӣ (иҷтимоиву иқтисодӣ) ҳамин шартро ба миён мегузорад.

Ҳардуи файласуфи зикршуда мисли ду ғалбер дар якҷоягӣ амал мекунанд. Агар шароитҳои ниҳодӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ мусоид набошанд, дар он сурат масоили баҳснок дурудароз боқӣ монда, ҳалли худро ёфта наметавонад. Омилҳои иҷтимоӣ имкониятҳо ва маромҳои ангезандаи ташаббуси ақлониро маҳдуд менамоянд, барои ҳамин онҳо зарур мебошанд. Аммо омилҳои ҳалкунанда на омилҳои иҷтимоӣ, балки омилҳои ақлонӣ мебошанд. Аз ҳамин сабаб нақши пешбаранда ба барандагони «тафаккури илмӣ», яъне табақаи «олимон» тааллуқ дорад. То чӣ андоза самарабахш будани «интихоби сунъӣ»-и назарияҳо, эҷод кардани навҳои сермаҳсули мафҳумҳо маҳз ба фаъолияти ҳамин табақа вобаста аст. Ст.Тулмин қайд мекунад, ки тағйиротҳо дар илм аз тағйиротҳои назари олимон вобастааст, барои ҳамин дар заминаҳои фалсафии илм нақши пешвоёну соҳибнуфузони соҳаи илмро ба инобат гирифтан зарур мебошад. Ҳангоми як насли олимонро иваз кардани насли дигари олимон ивазшавии услубу воситаҳои тавзеҳу ташреҳи илмӣ ба амал меояд. Мазмуни илм дар шакли «супоридан»-и маҷмӯъи тасаввуротҳои ақлонӣ ба насли дигар дар раванди таълиму тадрис ифода меёбад. Ҳар як насли нав имкониятҳои ақлонии худро такмилу инкишоф дода истода, саранҷом ихтисоси худро соҳиб мешавад.

«Барномаи илмӣ-тадқиқотӣ» — мафҳуми асосии назарияи илмии файласуф ва муаррихи британиягии илм И.Лакатос мебошад. Ин мафҳум, ба ақидаи И.Лакатос, воҳиди асосии инкишоф ва баҳодиҳии дониши илмист. Таҳти ин мафҳум файласуф як силсила назарияҳои якдигаривазкунандаро дар назар дорад, ки онҳо маҷмӯъи ғояҳо ва принсипҳои методологии илмиро муттаҳид менамоянд. Ҳар як назария бояд ҳамроҳ бо фарзияҳо ва шароити ибтидоияш, аз ҳама асосӣ, дар қатори назарияҳои пештара арзёбӣ гашта, мавриди баҳодиҳӣ қарор гирад. Ҷиддӣ карда гӯем, мавзӯъи таҳлили методологӣ фарзия ё назарияи ҷудогона набуда, балки силсилаи назарияҳо, яъне якчанд навъи инкишоф мебошанд.

Сохтори барномаи тадқиқотӣ чунин унсурҳоро дар бар мегирад: ҷавҳари устувор, маҷозҳои бунёдӣ, қоидаҳои масъалагузории (эвристикии) «мусбӣ» (ин қоидаҳо роҳҳои имконпазири минбаъд идома додани тадқиқотро нишон медиҳанд) ва қоидаҳои масъалагузории «манфӣ» (ин қоидаҳо барои ҷилавгирӣ аз истифодаи роҳҳои «мамнӯъ» дар тадқиқот хизмат мекунанд). Маҷозҳои бунёдӣ ба таври шартӣ раднопазир мебошанд. «Ҷавҳари устувор ифодагари маҷмӯи он усулҳои мушаххаси илмӣ ва ҳастишиносиест, ки дар ҳамаи назарияҳои гузаштаву муосири илмӣ бетағйир боқӣ мемонанд. Азбаски қоидаи масъалагузории «манфӣ» таҷдиди фикр дар бораи «ҷавҳари устувор»-ро ҳатто дар ҳолати мавҷуд будани далелҳои зид ё баръакс низ манъ мекунад, аз ҳамин сабаб барномаи тадқиқотӣ ҳомили як навъ таассуби мавқеъгароёна мебошад, ки дар сурати адами он олимон аз назария, ҳанӯз қувваи онро дарк нокарда, даст кашиданашон мумкин мебуд. Барои нигоҳ доштани ҷавҳари устувор» «хатти муҳофизатӣ» — фарзияҳои иловагие қабул карда мешаванд, ки ба ҳолатҳои ғайримаъмулӣ, ногаҳонӣ ва номаълум мувофиқ мебошад.

И.Лакатос барномаҳои илмӣ-тадқиқотиро тавсиф намуда, ба хусусиятҳои зерини онҳо ишора мекунад: а) рақобат; б) ҳамарофарогирандагӣ, ин барномаҳо, аз ҷумла метавонанд дар соҳаҳои ахлоқу эстетика мавриди истифодабарӣ қарор гиранд; в) вазифаи пешгӯикунӣ: ҳар як қадами барнома бояд барои афзоиши мундариҷа, барои «рушди назариявии масъалаҳо» мусоидат кунад; г) марҳаланокӣ: марҳалаҳои асосии инкишофи барномаҳо тараққиёту таназзул ва сарҳади байни ин марҳалаҳо – «нуқтаи камолот» мебошад. Барномаи нав бояд он чиро фаҳмонад, ки онро барномаи кӯҳна нафаҳмондааст. Ивазшавии барномаҳо ин худ инқилоби илмист. Дар марҳалаи тараққиёту раванди маърифатӣ ҷараёни ташаккули фарзияҳои ёридиҳанда, ки мундариҷаи таҷрибавию назариявии барномаро вусъат мебахшанд, ба эътидол меояд. Ҳангоми ба «нуқтаи қиём» расидани инкишофи барномаи тадқиқотӣ, он дар ҳол суст мегардад, бо муаммоҳо, далелҳои номувофиқ, зиддиятҳо дучор мешавад, ки ҳамаи инҳо нишонаҳои «фартутшавӣ» ва аз байн рафтани назарияи кӯҳна ва тавлидёбии назарияи нав мебошанд. Назарияҳои нав афзалияти худро тадриҷан нишон медиҳанд. Инқилобҳои илмӣ, айнан, барои пешгузаштагони худро, ки захираҳои дохилии инкишофашонро пурра харҷ кардаанд, танг кардани барномаҳои наву пешқадами илмӣ хизмат мекунанд. Аммо И.Лакатос ҳамчунин як ҳолати ғайримаъмулиро низ қайд мекунад: вақте, ки барномаи илмиву тадқиқотӣ ба марҳалаи таназзули худ ворид мешавад, мумкин аст дар раванди маърифатии он ҷаҳиши эҷодкоронае ба вуқӯъ ояд, ки он метавонад барномаро аз нав ба марҳалаи тараққиёт гузаронад. И.Лакатос равиши худро усули таърихии баҳодиҳӣ ба назарияҳои методологӣ номида, дар баробари ин хоксорона иброз менамояд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ даъвои бунёдгузори мукаммалтарин назарияи инкишофи илм буданро надорад.

Модели аҷоиби инкишофи дониши илмиро файласуфи америкоӣ П.Фейерабенд баён мекунад. Ба ақидаи ӯ, бисёр намудҳои баробарҳуқуқи дониш вуҷуд доранд ва ин ҳолат барои инкишофу рушди донишҳо мусоидат мекунад. Ӯ бо методологияҳое, ки дар бораи нисбат ба таърих таваҷҷӯҳи ҳарчи бештар доштани назарияҳои илмӣ изҳори ақида менамоянд, комилан ҳамраъй аст. Вай равиши номушаххасу ақлонӣ дар таҳлили рушди донишро танқид карда, маҳдудияти ин равишро дар он мебинад, ки дар натиҷаи ба кор бурдани чунин равиш байни илм ва он давраи фарҳангиву таърихӣ, ки илм дар тӯли он ҳузур доштаву инкишоф меёбад, ҷудоӣ ба амал меояд.

Назарияи ноби ақлонии инкишофи ғояҳо, мувофиқи гуфтаи П.Фейерабенд, диққатро асосан ба омӯзиши амиқи «сохторҳои мафҳумӣ» равона карда, аммо ба тадқиқи сабабияҳои иҷтимоиву фарҳангии инкишофи илм ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад. Тағйироту инкишофи дониши илмӣ, дар як вақт, ҳамчунин тағйироти усулҳои илмӣ, қарордодҳои методологӣ низ мебошад, ки инро П.Фейерабенд низ тасдиқ мекунад, аммо ин усулу қарордодҳоро танҳо бо воситаҳои ақлонӣ маҳдуд намекунад.

Шиори методологии П.Фейерабенд- «ҳама чиз мумкин аст» чунин маъно дорад, ки муҳаққиқон аз ҳама гуна усулу равишҳои барояшон диққатҷалбкунанда истифода баранд. П.Фейерабенд таъкид менамояд, ки «қарордодҳои методологӣ» тағйирнопазир нестанд, балки ҳамеша хусусияти мушаххаси таърихӣ доранд. Илм ҳамчун як раванди мураккабу таҳаввулотӣ ва моломоли «тағйиротҳои ногаҳониву пешбининашуда», «фаъолияту амалҳои мухталифро тақозо карда, таҳлилеро, ки ба қоидаҳои пештар бе назардошти шароити ҳамеша ивазшавандаи таърихӣ қабулшуда такя мекунад, рад менамояд». Нишондодҳои таърих, ба ақидаи П.Фейерабенд, дар баҳсҳои байни назарияҳои бо ҳам рақобаткунандаи методологӣ нақши ҳалкунандаро мебозанд.

Файласуфи америкоии илм Ҷ.Холтон (с/т.1922) ба чунин хулоса омадааст, ки маҳз тематизм (аз калимаи «тема»-мавзӯъ) яке аз омилҳои пӯшидаву ноаёни таҳаввули дониши илмӣ мебошад. Ва ақидаи ӯ, мавзӯъҳое, ки дар илм пайдо мешаванд, онҳоро меҳвар ташбеҳ додан мумкин аст. Таваҷҷӯҳ ва тамоили олим ба мавзӯъ ба таври ҳайратангез хеле сахту тӯлонӣ буда, хусусияти доимиву канданашаванда дорад. Ҷ.Холтон «қадимияти» қисми бештари мавзӯъҳои илмиро таъкид карда, сарчашмаи баъзеи онҳоро ба тафаккури асотирӣ вобаста медонад. Ин мавзӯъоти кӯҳани илмӣ ба инқилобҳову табаддулоти илмӣ хеле тобовар мебошанд. Ба ақидаи ин олим, мафҳумҳо, фарзияҳо, усулҳо, пешгӯиҳо, барномаҳо ва воситаҳои ҳалли масоил – ҳамаи инҳо дар мавзӯъҳо дарҷ меёбанд.

Мафҳуми «аксулмақоми мавзӯъӣ» чунин қонуниятро ифода мекунад, ки мавзӯъҳои алтернативӣ ба ҷуфтҳо алоқаманд мешаванд, масалан, тарафдорони атомизм бо муҳофизони мавзӯъи континуум (муҳити бетартибонаи моддӣ, ки унсурҳои он дар фазо доимо тағйир ёфта меистанд) бархeрд мекунанд. Олим ба чунин хулоса меояд, ки назарияҳо дар хатти бархурди мавқеъҳои бо ҳам зид пайдо мешаванд. Мавзӯъҳои нав бошанд, дар вазъияте пайдо мешаванд, ки агар имконияти бо ҳам ҳамоҳангу мувофиқ кардани мавзӯъҳои, масалан, субъект ва объект, сабабият ва эҳтимолият мавҷуд набошад. Мазӯъҳо аз нуқтаи назари шахсӣ ва тамоили фардии муҳаққиқро талаб намуда, тасаввуроти ӯро идора мекунанд, сарчашмаи нави эҷодӣ ба шумор рафта, интихоби фарзияҳои имконпазирро маҳдуд месозанд. «Сохторҳои мавзӯъӣ» ҳамчун таъйиноти умумии ақли инсонӣ нақш мебозанд. Онҳо дар ҳамин нақши худ хусусияти фавқуттаърихӣ доранд, яъне аз инкишофи мушаххаси таърихии илм вобаста нестанд. Тематизм (мавзуъият ё мавзӯъгароӣ) яке аз нишонаҳои бо ҳам муттаҳид шудани донишҳои илмии табиатшиносӣ ва гуманитарӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки ҳодисаҳои илммӣ дар фазои мушаххаси таърихӣ маҳдуд карда шаванд, ба мубориза ва ҳамзистии мавзӯъҳо диққат дода, таҳлили илмро бо талаботҳои инсонӣ вобаставу алоқаманд мегардонад.

Ба ақидаи дигар файласуфи америкоии илм Т.Кун бошад, унсурҳои муҳиму бо ҳам алоқаманде, ки барои таҳаввули дониши илмӣ шароит ба вуҷуд меоранд – парадигмаҳо («намунаҳои тамсилӣ»-и гузориш ва ҳалли масоили илмӣ) ва иттиҳодияҳои илмӣ (ҳайати ин иттиҳодияҳоро муҳаққиқоне ташкил медиҳанд, ки тайёриву малакаи якхелаи илмиву касбӣ дошта, аз қисмати муайяни адабиёти илмӣ огоҳии хуб доранд) мебошанд.

Олимон ба олам аз чашмандози мавзӯъӣ менигаранд. Мавзӯъ инъикоси худро дар корҳои бунёдии олимон ва китобҳои дарсӣ, ки дар онҳо доираи масъалаҳо ва воситаҳои асосноккунии онҳо то давраи муайяни тӯлонӣ нишон дода шудаанд, пайдо мекунад. Мафҳуми «иттиҳодияи илмӣ» тавассути муҳимтарин асари Т.Кун «Сохтори инқилобҳои илмӣ» (1962) ба гардиш даромада, интишор ёфтааст. Илм, пеш аз ҳама, ин фаъолияти гурӯҳҳо ё иттиҳодияи илмист. Ҳудудҳои мавзӯи омӯхташудаи илмӣ доираи манфиатҳо, арзишҳо ва мавзӯъҳои таҳқиқотии иттиҳодияи илмиро муайян мекунанд. Аъзоёни иттиҳодияи илмӣ дар фаҳмиши мақсаду маромҳои илмӣ ва вазифаҳои соҳаи фаннии худ ҳамфикру муваҳҳиданд. Хусусияти хоси иттиҳодияи илмӣ – универсализм мебошад, ки он дар фаъолияти таҳқиқотиву баҳодиҳии аъзоён ба таҳқиқотҳои якдигар ифода меёбад: дар чунин ҳолатҳо ҳар як узви ҷамъият аз меъёрҳо ва қоидаҳои умумии асосноккунӣ ва собитгардонии донишҳо истифода мебарад.

«Иттиҳодияи илмӣ» ба натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ баҳои мувофиқаткунанда дода, хусусияти коллективонаи касбу ҷамъоварии донишро ба қайд мегирад, низоми меъёрҳо, идеалҳо ва муқтазиёти табиати илмро риоя ва ҳимоя мекунанд. Муҳаққиқ ҳамчун олим танҳо ба шарти шомил буданаш ва ҳайати ин ё он иттиҳодияи илмӣ пазируфта ва эътироф карда мешавад. Аз ҳамин сабаб, дар иттиҳодияҳои илмӣ барои ривоҷ ёфтани доираи алоқаву муоширати байни олимон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамаи аъзоёни иттиҳодияи илмӣ ба як парадигма ё тамсилаи намунавии гузариш ва таҳқиқу ҳалли масъала, ки он ба қавли Т.Кун, фаъолияти гурӯҳи олимони шомили ҷамъияти зикршудаи илмиро идора кардаву ба танзим медарорад, риоя мекунанд.

Парадигма умумияти ақоиду арзиш ва воситаҳои техникиро ифода намуда, мавҷудияти анъанаи илмиро таъмин мекунад. Сохтори парадигма аз унсурҳои зерин иборат мебошад: умумикунонии рамзӣ – қонунҳо ва таъиноти истилоҳоти нисбатан сермаъмул; маҷмӯи муқаррарот ё омилҳои фавқуттабиӣ (фавқулайнӣ), ки ба тавлид ё ташаккул ёфтани ин ё он тарзи маърифати ҳастӣ дар ҷамъият сабаб мешавад; маҷмӯи меъёрҳои аз тарафи умум пазируфташуда, ҳамчунин, «намунаҳои» умумии ҳалли як қатор масоили мушаххас. Мафҳуми «парадигма» минбаъд ҳамчун мафҳуми «ҳаюло» ё «нахустунсури фаннӣ» густариш ёфтааст, ки таҳти он узвияти олимон ба фанни муайян ва низоми қоидаҳои фаъолияти илмӣ фаҳмида мешавад.

«Ҳаюло» ё «нахустунсури фаннӣ» низ аз як қатор унсурҳо таркиб меёбад: «умумиятдиҳӣ» ё «куллигардонии рамзӣ», яъне ибораҳое, ки онҳоро аъзои иттиҳодияи илмӣ бе ҳеҷ гуна шубҳа ва ихтилофи назар мавриди истеъмол қарор медиҳанд; муқаррароти расмӣ ё (парадигмаҳои фавқуттабиӣ); арзишҳо, «намунаҳо»-и дар қолаби фанни мавриди назар пазируфташуда.

Ҳангоми муқоисаи мафҳумҳои «парадигма» ва «назарияи илмӣ» тафовути байни онҳоро ба таври возеҳ дарк кардан мумкин аст. Мафҳуми «парадигма» нисбат ба мафҳуми «назарияи илмӣ» дорои маънои васеътар буда, як қатор афзалиятҳо дорад. Ба он қоидаву меъёрҳои иҷтимоиву равонӣ ва ахлоқӣ дохил кунонида шудаанд. Ташаккулёбии «парадигма»-и илмӣ аз такомули ин ё он соҳаи илмӣ дарак медиҳад. Интихоби парадигмаи муайян на танҳо бо меъёрҳои мантиқӣ, чи тавре ки ин қоида дар соҳаи ҷиддии назарияи илмӣ маълум аст, балки бо тасаввуротҳои арзишӣ низ алоқамандии сабабӣ дорад.

Модели инкишофи илмӣ, ки онро Т.Кун матраҳ намудааст, даврабандии лаҳзаҳои муборизаҳои рақобатноки байни иттиҳодияҳои мухталифи илмиро пешниҳод мекунад. Давраи ҳукмронии парадигмаи қабулшуда – «илми меъёрнок»-ро давраи таназзули парадигма иваз менамояд ва истилоҳи «инқилоби илмӣ» ҳамин маъниро ифода мекунад. Давраи «илми меъёрнок» ба давраи пешрафту комёбиҳо дар андозаи масоили ҳалшуда сахт вобастагӣ дошта, густариши доираи истифодабарии парадигма ба афзун кардани дақиқияти онро таъмин менамояд. Меъёри «илми меъёрнок»- ҳифзи асосоҳои назариявии эътирофу пазируфташуда мебошад.

Т.Кун «илми меъёрнок»-ро ҳамчун давраи касби афзоишёбандаи дониш тавсиф мекунад, ки дар тӯли он олимон фанҳои худро мураттаб карда ба танзим медароваранд.

Давраи қабл аз парадигмалӣ бо хусусияти ҷамъоварии бетартибонаи далелҳо фарқ мекард. Хориҷ шудан аз он давра ва ворид шудан ба марҳалаи парадигмолӣ маънои муназзаму стандтарнок шудани таҷрибаи илмӣ, ҳақоқиқи назариявӣ, манзараи дақиқи олам ва муттаҳидкунонии назария ва усулро дошт. Тайи парадигмаи илмӣ, гузариш ба марҳалаи «бӯҳрони инқилобӣ» бошад, марҳалаест, ки дар тӯли он унсурҳои ҳаюло ё нахустунсури фаннӣ қисман ё пурра иваз шуда, ҳамчунин техникаву усули тадқиқот, маҷозҳои назариявӣ арзишҳои маърифатӣ низ ҷузван ё куллан тағйир мепазиранд.

Дар таърихи илм ҳангоми таҳлили дониши илмӣ ва механизмҳои ин инкишоф ду равиши таассубомез ба вуҷуд омадааст.

Кумулятивизм (лот. cғmғla – афзоишёбӣ, ҷамъшавӣ) чунин мешуморад, ки инкишофи илм бо роҳи тадриҷан ба ҳосили донишҳои захирашуда замшудаи ҳолатҳо ё дастовардҳои нав ба амал меояд. Чунин тарзи фаҳмиши лаҳзаи инкишофи миқдории донишҳо ва тағйирёбии он, ҳамчунин идомати бардавоми ин равандро мутлақ гардонида, баръакс мавҷуд будани тағйироти сифатӣ, «танаффусҳо» дар инкишофи дониш ва инқилобҳои илмиро қотеъона рад мекунад. Тарафдорони равияи кумулятивӣ инкишофи дониши илмиро ҳамчун афзоиши соддаву тадриҷии шумораи далелу асноди ҷамъоваришуда ва бузургшавии дараҷаи таъсиру амали куллии қонунҳои дар ин замина қабулшуда тасаввур мекунанд.Модели кумулятивии инкишофи илм дар асоси ҷамъбаст кардани таҷрибаи онтологии тасвирӣ ба миён омадааст. Кумулятивизми таҷрибавӣ инкишофи донишро бо афзоиш ёфтану ғанӣ шудани мундариҷаи таҷрибавии он айният медиҳад. Кумулятивизми ақлонӣ бошад, чунин тарзи инкишофро нишон медиҳад, ки тибқи он ба низоми принсипҳои мавҷудаи абстрактӣ ва хулосаҳои назариявӣ унсурҳои нав ворид мешаванд. Дар қолаби моделҳои куллиятивии инкишофи дониши илмӣ усули интиқоли мавзӯъҳои абстрактӣ (ақлонӣ) аз як соҳа ба соҳаи дигари дониш, ҳамчун усули хоссаи инкишофи дониши илмӣ, роҳи истифодашавии худро пайдо кардааст. Интиқоли мавзӯъ мавҷуд будани заминаи мустаҳкам барои қиёсро тақозо мекунад. Дар қиёс муносибати монандиву шабоҳати байни чизҳо нишон дода мешавад. Чунин тарзи айният додану монанд кардани мавзӯъҳо ва хосиятҳои онҳо ҳанӯз дар замони анъанаи гермесӣ маълум буд ва минбаъд дар андешаҳои пифагориён роҷеъ ба низоми ададии олам, дар бораи таносуби назми мӯътадили ададиву кайҳонии муҳитҳо ривоҷ ёфтааст. Заминаи онтологии усули қиёсро принсипи ягонагии олам ташкил медиҳад, ки он ба ду тарз маънидод карда мешавад: ягона – касрат аст, касрат – ягона аст. Файласуфони муосири илмшинос навъҳои гуногуни қиёсро зикр мекунанд, аз ҷумла: қиёси нобаробариҳо, ҳангоме ки чизҳои гуногун як ном доранд (ҷисми самовӣ, ҷисми хокӣ); қиёси пропортсионалӣ (қиёси бузургиҳои баробар) (чунончи: саломатии ҷисм – солимии ақл); қиёси хусусиятҳои ҷавҳарӣ (атрибутҳо), вақте ки хусусиятҳои якхелаи мавзӯъ ба таври гуногун зоҳир мешаванд ё ба он нисбат дода мешаванд (тарзи ҳаёти солим – ҷисми солим – ҷомеаи солим) ва ғ. Хулосабарорӣ бо усули қиёс имконият медиҳад, ки падидаи нав бо падидаҳои қаблан маълум шабоҳат дода шавад. Гегел ба имкониятҳои усули қиёс баҳои хеле баланд дода, онро «инстинкт»-и ақл номидааст. Ба сабаби он, ки таърихи илм аз мисолҳои сершумори истифодаи усули қиёс шаҳодат медиҳад, ин усул ҳамчун воситаи ҳатмиву ҷудонопазири тафаккури илмиву фалсафӣ эътироф карда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки усули қиёс нисбат ба усули хулосабарорӣ ва ё тааққули дедуктивӣ баъзе бартариҳо дорад, яъне дар қиёс мавзӯъҳои ҷудогона мавриди ташбеҳ қарор мегиранд, ҳол он, ки дар дедуксия ҳодисаи ҷудогона ба ҳолати умумӣ интиқол дода мешавад. Чӣ тавре ки В.Н.Порус қайд мекунад, «дар пайдоиши механикаи классикӣ, яъне тасвири манзараи механикии олам муқоисаи байни ҳамин ҳаракати ҷисми партобшуда бо ҳаракати аҷсомии самовӣ; муқоисаи байни мавзӯъҳои ҳандасаи таҳлилӣ ва алҷабр, ки онро Р.Декарт татбиқ карда буд, муқоисаи корҳои тухмипарварӣ ва корҳои чорводорӣ, ки онро Ч.Дарвин дар назарияи интихоби табиӣ истифода бурдааст, муқоисаи байни падидаҳои нурафканӣ, барқафканӣ ва ҷазбкунӣ, ки барои тарҳи назарияи майдони электромагнитӣ онро Максвелл хеле самаранок ба кор бурдааст, нақши хеле муҳимро бозидаанд. Дар фанҳои илмии муосир низ истифодаи васеи навъҳои гуногуни қиёсро мушоҳида кардан мумкин аст, алалхусус дар меъморӣ ва назарияи шаҳрсозӣ, бионика ва кибернетика, дорушиносӣ ва тиб, мантиқ ва забоншиносӣ ва дигар фанҳои илмӣ усули қиёс аз мақоми аввалиндараҷа бархурдор аст. Ҳамчунин, намунаҳои зиёди қиёсҳои дурӯғинро номбар кардан мумкин аст, масалан, қиёси байни ҳаракати моеъ ва паҳншавии гармӣ ва андеша роҷеъ ба паҳншавии гармӣ дар таълимот оид ба «теплород»-и асарҳои ҶVII-ҶVIII; қиёсҳои биологии сотсиал-дарвинистҳо дар ташреҳи равандҳои иҷтимоӣ ва ғ. аз ҳамин қабил қиёсҳои дурӯғин ба шумор мераванд».

Аммо, чӣ тавре ки таърихи илм шаҳодат медиҳад, инкишофи илм на танҳо раванди кумулятивӣ, балки дискретӣ (номунтазам, танафуснок) низ мебошад. Ин хусусияти инкишофи илмро модели зиддикумулятивии инкишофи илм инъикос менамояд. Яке аз натиҷаҳои ин модел – тезис дар бораи қиёснопазирии назарияҳо мебошад, ки тибқи он назарияҳои якдигарро ивазкунанда байни ҳам ҳеҷ гуна алоқаи мантиқӣ надошта, ҳар кадоми онҳо усули воситаҳои гуногуни асосноккуниро истифода мебаранд. Таърихи илм ҳамчун генофонди ғояҳо фаҳмида мешавад ва он ифодагари инкишофи номустақими моломоли мисоли пайдоиши «ғояҳои беақлона аст». Принсипи иловатии Бор аз он гувоҳӣ медиҳад. Интихоби ин ё он ғояи илмӣ аз тамоюли иҷтимоиву равонии иттиҳодияи илмӣ вобаста аст.

5.2. ТАШАККУЛИ МОДЕЛҳО ВА ҚОНУНҳОИ ИБТИДОИИ НАЗАРИЯВӢ

Модели назариявӣ гуфта он воситаи умумии маърифати илмӣ дар назар дошта мешавад, ки он дар замони муосир барои такрориистеҳсол, яъне ба таври возеҳ ва дар шакли аломатнок сабт кардани (баъзе) қисме аз сохт, хусусиёт ва рафтори объектҳои воқеӣ хизмат мекунанд. Ба таъбири дигар, мавзӯи моделҳои назариявӣ – мавзӯҳо ва равандҳои барои дарки бевосита мушкилу дастнорас (масалан, шакли атом, шакли олам, шакли нутфаи инсон ва ғ.) мебошанд. Чунин моделҳо ба ҳайси маҳсулоти ғоявӣ барои нишон додан ё сабт кардани алоқаҳои ба осонӣ даркнашавандаи озоду таъсирнопазире, ки новобаста аз дарк нашудан ё шуданашон дар низоми унсурҳои воқеӣ мавҷуданд, хизмат намуда, ба ҳамин сабаб як тарзи ба худашон хоси тасвиру тавсифи олами айнӣ ба шумор мераванд. Онҳо барои ба олам ба воқеият аз чашмандози «низоми мушоҳидакор» назар кардан кӯмак мерасонанд. Ба ҳамин тариқ, моделсозии назариявӣ барои иттиҳодияи илмӣ, аз як тараф, ҳамчун як олати муҳиму ногузории маърифати унсурҳои воқеӣ хизмат мекунад, аз тарафи дигар, он ҳамчун як марҳалаи ҳатмии раванди умумии тадқиқоти илмӣ ба шумор меравад. Он гувоҳӣ медиҳад, ки маърифати илмӣ то чӣ андоза раванди ҷиддӣ ва низомнок мебошад.

Моделҳои ибтидоии назариявӣ аз ҳама бештар бо нишондодҳои бо роҳи таҷриба ба даст овардашуда сарукор дошта, бо дарназардошти фарзияҳои ташреҳӣ он нишондодҳоро ҷамъбаст ва хулоса менамоянд. Тибқи хусусияташон, онҳо ба таваҷҷӯҳи муҳаққиқон як мавзӯи ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардашуда – артефактро пешкаш мекунанд. Ба таври дигар гӯем, моделҳои ибтидоии назариявӣ тарзи имконпазир ва беихтилофи айнан тақлид кардан ё такрор намудани амали қонунҳои асосии ташаккули ин ё он равандро пешниҳод мекунанд.

Хусусиятҳои муҳими модели назариявиро номбар кардан хеле ба маврид аст: а) сохторнокӣ, б) имконияти интиқоли мавзӯъҳои абстрактӣ аз дигар соҳаҳои дониш. Дар моделҳои ибтидоии назариявӣ бояд хусусиятҳои физикиву функсионалӣ, ҳандасӣ ва таҳаввулии равандҳои воқеӣ ба инобат гирифта шуда бошанд. Ин моделҳо, аз як тараф барои пайдо кардани ҷаззобият ва сазовори эътироф шудан «даъво» кунанд, аз тарафи дигар, онҳоро дар оянда ислоҳ кардан ва таҳаввул додан низ мумкин аст. Қайд кардан зарур аст, ки моделҳои ибтидоии назариявӣ дорои хусусияти «нотамом» мебошанд ва ин хусусияти онҳо бо роҳи озмоишҳои фаъолона, касби натиҷаҳои нави мушоҳидаҳои илмӣ, ба даст овардани далелҳои нав ва матраҳ кардани назарияҳои ҷадид ислоҳ карда мешаванд. Файласуфи маъруфи муосири рус В.С.Стёпин чунин мешуморад, ки дар марҳалаҳои нахустини тадқиқоти илмӣ моделҳои назариявӣ бо роҳи ба нақшагирӣ ё ҷарроҳии бевоситаи таҷриба сохта мешаванд.

Барои эътироф шудани модели ибтидоии назариявӣ он бояд дорои «қувваи ташреҳӣ» бошад ва равандҳои воқеаро ба таври шаффоф такрору ифода карда тавонад. Иттилоъмандӣ ва худкифоягӣ – ин ду аз хусусиятҳои муҳими моделҳои ҳақиқии назариявӣ мебошанд, ки онҳо барои маърифати қонуниятҳои мавҷудаи олами воқеӣ кӯмак менамоянд. Дар таърихи илм ҳодисаҳое маълуманд, ки аз «корношоямӣ» ё «кор накардани» моделҳои ибтидоии назариявӣ дарак медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанде барои моделҳои назариявӣ «шабоҳатнокӣ» хусусияти муҳим мебошад, новобаста аз ин, онҳо дар аксари ҳолатҳо воқеиятро «аз будаш зиёд», яъне дар шакли идеалӣ ё ормонӣ такрор мекунанд.

Аммо моделсозии назариявӣ танҳо зоҳиран ба идеаликунонӣ монанд аст. Идеаликунонӣ як навъ тарроҳии фикрии мавзӯъҳои дар қолаби олами воқеӣ мавҷуднабуда ва ё мавҷуднопазир мебошад. Моделсозии назариявӣ бошад, ин тарроҳии алоқаву унсурҳои амиқу чашмнораси равандҳое мебошад, ки онҳо воқеан ҳам мавҷуд мебошанд. Моделҳои назариявӣ ҳолатҳои воқеан ҳам мавҷудбударо пешбинона ба қайд мегиранд.

Чӣ тавре ки файласуфони муосир, масалан, И.Лакатос, меандешанд, раванди ташаккулёбии моделҳои ибтидоии назариявӣ метавонанд дар заминаи барномаҳои зерини методологӣ ё тибқи он барномаҳо сурат гирад: а) барномаи евкледӣ; б) барномаи таҷрибавӣ; в) барномаи таҳлилӣ (индуктивӣ). Барномаи усули евкледӣ, ки дар он тарроҳӣ ва сохтмони модели аксиоматӣ (моделе, ки ҳамчун аксиома ба далел эҳтиёҷ надорад) мақоми намунавию аввалиндараҷа дорад, баёнгари ин нуқтаи назар мебошад, ки ҳамаи донишҳо ва ба ҳама маълум маншаъ мегирад, ки он ҳақиқат ҳамчун назария мазмунан кӯҳнаву фарсуда шуда ё «оҳараш рехта» ҷаззобияту асолаташро гум кардааст. Ба ҷои ин ҳақиқати кӯҳнашуда ба назария дониши нав ворид карда мешавад, ки он бе ҳеҷ гуна вайронкунӣ истилоҳоти соддалавҳона ё ноогоҳона «рӯ тофта» ба истилоҳоти муайян алоқа барқарор мекунад. Ин барномаро маъмулан «барномаи фарсудакунии дониш» меноманд.

Назарияи евкледӣ ба ҳақиқат аз боло назорат намуда, онро бо партави шуури ноб ҷило медиҳад, назарияи эмпирикӣ бошад, ба он аз поён соҳибӣ карда, онро бо мизони таҷриба месанҷад. Барномаи таҷрибавӣ дар асоси ҳолатҳои заминавие сохта мешавад, ки онҳо хусусияти барои ҳама маълуми таҷрибавӣ, яъне озмудашавандагӣ доранд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳардуи ин барномаҳо (барномаҳои усули евклидӣ ва усули таҷрибавӣ) вуҷуд доштани лаҳзаи ҳадси мантиқиро эътироф мекунанд. Дар барномаи таҳлилӣ (индуктивӣ) «шуури аз ҳокимияти олӣ» маъзулшуда барои ёфтани паноҳгоҳ ҷаҳд карда, нақбе месозад, ки ба воситаи он нақб ҳақиқат аз поён, аз асосҳои заминавӣ ба боло хурӯҷ мекунад. «Ҳокимият» ба дасти далелҳо гузошта, усули иловагии мантиқӣ-интиқоли муҷаддади донишҳо ҷорӣ карда мешавад» (И.Лакатос). Ба ақидаи И.Лакатос розӣ шудан мумкин аст, ки ба ҷои модели пешинаи таҷрибавӣ модели наву дорои мундариҷаи нисбатан бои таҷрибавӣ ҷойгузин мешавад. Барои бо воқеият мутобиқ кардани ин модели нави таҷрибавӣ, дар аксари вақт зарур аст, ки занҷираи дарози хулосаҳову натиҷаҳои мантиқӣ фароҳам бошанд.

Моделҳои назариявиро бе истифодаи як қатор унсурҳои муҳими хоси онҳо – унсурҳои абстрактӣ (аз лотинӣ, aӣstқaheze — ҷудо карда гирифтан), яъне унсурҳое, ки таҷассумкунанда ё ифодагари хусусияту сифатҳои аз таркиби томи падидаҳо ҷудокардашуда ва бозсозии ин хусусияту сифатҳо ҳамчун объектии мустақил мебошанд, сохтан ғайриимкон мебошад. Намунаҳои чунин унсурҳо ё мавзӯъҳои абстрактӣ – «гази идеалӣ», «ҷисми мутлақо сахт», «нуқта», «қувва», «атроф», «порча», «бозори рақобати солим» ва ғ. мебошанд. Интихоби ин ё он мавзӯи абстрактӣ бо «таваккули ақлонӣ»-и муайян алоқаманд мебошад. Аҳамияти баланди объектҳои абстрактиро чунин далел собит менамояд, ки ҷудо кардани андозаи ҷисмҳо аз вазни онҳо барои пайдоиши ҳандаса (геометрия) ва ҷудо кардани баръакси вазни ҷисмҳо аз андозаи онҳо барои бунёд ёфтани назарияи механика замина муҳайё кардаанд. Барои интихоб кардани ин ё он объекти абстрактӣ манзараи илмии олам таъсири назаррас мерасонад.

Обектҳои абстрактӣ инъикоскунандаи шакли идеалии воқеият мебошанд, барои ҳамин онҳоро масолеҳ ё мавзӯъҳои назариявӣ низ меноманд. Дар онҳо метавонанд ҳам нишонаҳое, ки ба объектҳои воқеӣ мутобиқанд, ҳам хусусиятҳои хаёлии ҷисмоние дарҷ ёбанд, ки хоси ягон объекти воқеиву объективӣ намебошанд. Объектҳои абстрактӣ ин ё он робитаи воқеиятро нишон медиҳанд, аммо аз сабаби хусусияту тобиш ва моҳияти хаёливу идеалӣ доштанашон ҳеҷ гоҳ мақоми объектҳои воқеиву табииро ишғол карда наметавонанд. Чунин шуморида мешавад, ки объекти абстрактӣ аз объекти воқеӣ дида хеле осону содда мебошад.

Азбаски моделҳои ибтидоии ҳандасӣ (геометрӣ) хусусияти фарзиявӣ доранд ва онҳоро бо далелҳо тасдиқ кардан зарур аст, аз ҳамин сабаб, яке аз марҳалаҳои муҳими моделсозии ҳандасӣ – марҳалаи асосноккунии он шуморида мешавад, ки дар он марҳала моделҳо усулан ба меъёр дароварда мешаванд, яъне ба маҷмӯъи муайяни таҷрибаҳо «одат» ё мувофиқ кунонида мешаванд. Дар сурати риоя накардани ин меъёр, яъне мутобиқкунии модел бо таҷриба, сар задани ҳолати худсарии олимон ва пайдоиши назарияҳои дурӯғи «илмӣ» мумкин аст. Барои ҳамин, баъди марҳалаи тарроҳии модели назариявӣ марҳалаи татбиқи он дар ашёи сифатан мухталифу гуногун, яъне марҳалаи густариши сифатии модел оғоз меёбад, баъди ин бошад, марҳалаи расман дар шакли муодила ё формула танзими миқдориву риёзӣ кунонидани модел шурӯъ мешавад. Ҳарчанде, ки дар ҳамаи марҳалаҳо, бидуни истисно, ташхиси ҳам худи объектҳои абстрактӣ, ҳам нақшаҳои назариявии онҳо, инчунин танзими миқдориву риёзии онҳо вуҷуд дорад, маҳз ҳамин марҳалаи охирини дар боло ишорашуда сароғози давраи табдилёбии қонун мебошад.

В.С.Степин қайд мекунад, ки «дар физикаи классикӣ дар бораи ду давраи сохтмони нақшаҳои ҷузъии назариявӣ сухан рондан мумкин аст: давраи ҳамчун моделҳои мундариҷавӣ-физикии марбут ба ин ё он соҳаи таъсири мутақобила тарроҳӣ кардани нақшаҳо ва давраи азнавсозии имконпазири моделҳои назариявӣ дар раванди ҳамроҳ кардани онҳо бо дастгоҳи риёзӣ». Қонунҳо ифдакунандагони алоқаву таъсироти мутақобилаи нисбатан муҳим, зарурӣ ва такроршавандаи равандҳо ва падидаҳои универсум мебошанд. Қонун таъсироти мутақобилаеро инъикос мекунад, ки онҳо воқеан ҳам дар табиат мавҷуданд ва ба ҳамин маъно он ҳамчун қонунмандии табиӣ пазируфта мешавад.

Як силсила қонунҳои бунёдие вуҷуд доранд, ки дар онҳо таъсироти мутақобилаи дар ҳудуди универсиум бунёдан амалкунанда инъикос ёфтаанд. Қонунҳои илм барои ташреҳи ин қонуниятҳои ҳастии табиӣ аз забонҳои сунъӣ истифода мебаранд. Қонунҳои фаъолияти ҳаётии инсон, ки аз тарафи ҷомеаи башарӣ ҳамчун меъёрҳои ҳамзистии иҷтимоӣ кор карда бароварда шудаанд, чун қоида хусусияти шартӣ ва муоҳидавӣ доранд.

5.3. ТАШАККУЛЁБИИ НАЗАРИЯИ МУКАММАЛИ ИЛМӢ

Муҳити дониши илмӣ ду сатҳ дорад: сатҳи таҷрибавӣ ва сатҳи назариявӣ (ба фасли пештар нигаред). Сатҳи таҷрибавии маърифат аз таҷриба, озмоиш ва мушоҳида иборат мебошад. Абстраксияҳо, объектҳои идеаликардашуда, назарияҳо, формулаву усулҳо – унсурҳои зарурии таркиби сатҳи назариявӣ ба шумор мераванд. Таносуби ин ду сатҳи маърифатро бо таносуби ҳиссиёт ва ақлониёт айният ё шабоҳат додан мумкин нест.

Дар ҳудуди ин сатҳҳои маърифат таъсири мутақобилаву ягонагии ҳиссиёту идрок ва ақлро ба таври возеҳ пай бурдан мумкин аст.

Назарияи мукаммал ифодакунандаи танҳо маҷмӯи ҳолатҳои бо ҳам алоқаманд нест. Он дорои як навъ механизми назариявии ҳаракати дониш, ботинан ғанӣ шудани мундариҷаи он низ мебошад. Аз ҳамин сабаб онро ҳамчун барномаи сохтмон ё эҷод кардани дониш маънидод намудан мумкин аст. Ҳамин хусусияти назарияи мукаммалро ба назар гирифта ба он ҳамчун ба назарияи саҳеҳу комил баҳо медиҳанд. Барои давраи классикии инкишофи идеали назарияҳои дедуктивӣ хос мебошад.

Назарияҳои тасвирӣ барои танзиму мураттаб кардани маводи таҷрибавӣ равона карда шудаанд. Назарияҳои риёзӣ, ки бо истифода аз усулҳои мантиқи риёзӣ матраҳ шудаанд, барои ифода кардани бузургиҳои тағйирнопазири объект аломатҳои забони риёзиро ба кор мебаранд. Назария на бояд ҳамчун як низоми беҳаракату «пӯшида» арзёбӣ ва баррасӣ шавад. Он механизми инкишофи худро дорад. Ин механизм ҳам ба воситаи амалиётҳои нишониву рамзӣ, ҳам ба туфайли ҷорӣ кардани маҷозҳои гуногуни фарзиявӣ ба кор дароварда мешавад. Ҳамчунин роҳи фикран гузаронидани таҷриба бо объектҳои идеаликардашуда низ мавҷуд аст, ки он низ барои ғанӣ сохтани мундариҷаи назария мусоидат мекунад.

Зербинои забони назария забони табиӣ мебошад ва забони назария низ дар навбати худ тартиботи муайяни табақотие мебошад, ки онро назми табақотии худи дониши илмиро тақозо менамояд. Илмҳои гуногуне, ки соҳаҳои мустақили фаннӣ доранд, аз ҳама бештар бо зарурияти вуҷуд доштани забонҳои махсуси худ мубтало ва алоқаманд мебошанд. Забони илмӣ — дастгоҳи мафҳумии назарияи илмӣ ва воситаҳое мебошад, ки онҳо барои исботи назария истифода бурда мешаванд. Он ҳамчун низоми аломатнок барои ташдиди тафаккур ба ҳайси як воситаи пурсамар хизмат мекунад. Худи раванди пешравӣ ба сӯи назарияи саҳеҳу мукаммал аллакай ифодагари исбот менамояд, ки «имкониятҳои ифодакунандагии забон» то чӣ андоза бомуваффиқият мебошанд. Бисёр олимон чунин мешуморанд, ки инкишофи илм бевосита бо инкишофи воситаҳои забонии ифодаи он, бо коркарди забони нисбатан мукаммал ва интиқоли донишҳо аз забони кӯҳнаи пешина ба забони нав сахт марбут аст. Забонҳои илмҳои таҷрибавию назариявӣ, забони мушоҳидаву тасвирҳо ва ғ. – ро ном бурдан мумкин аст. Дар илм тамоили гузариш аз истифодаи забони мушоҳида ба истифодаи забони таҷриба ба таври хеле дақиқ ҳувайдост. Мисоли равшани чунин таҳаввулот – забони физикаи муосир шуда метавонад. Он дар худ истилоҳоти ифодакунандаи падидаҳову хусусиятҳоеро таҳаммул карда истодааст, ки мавҷудияти онҳо дар рафти гузаронидани озмоишҳои мухталиф муқаррар шуда буд.

Дар фалсафа ва методологияи илм ба танзими мантиқӣ ва тасвири фишурдаи далелҳо диққати махсус дода мешавад. Дар баробари ин, албатта, танзиму мутамарказонии мантиқӣ, тасвири фишурдаи маводи далелнок барои то чӣ андозаи қобили таваҷҷӯҳ таҳаввул ёфтани муҳити маънавии мазмуну мундариҷа мусоидат менамояд. Ҳангоме ки забонҳои тасвирӣ аз ҳудуди тасвир хурӯҷ карда ба қонунмандиҳои далелҳои дастрасшуда ишора менамояд, мақоми онҳо тағйир ёфта ба забони номологӣ табдил меёбанд.

Гуногунрангии тахассуси навъҳои мухталифи забонҳои илмӣ масъалаи таснифи онҳоро ба миён овардааст. Пешниҳод роҷеъ ба таснифи забонҳои назарияи илмӣ бо дарназардошти сохтори дохилии он – ифодакунандаи яке аз роҳҳои пурсамари ҳалли мусбии ин масъала мебошад. Мутобиқи ин пешниҳод забонҳои илм аз якдигар аз рӯи мавзӯи истифодашавиашон, яъне дар кадом аз зерсохтори назария истеъмол шуданашон фарқ мекунанд. Дар робита бо ин забонҳои илм ба синфҳои зерин ҷудо карда мешаванд: а) забони тасдиқӣ (ассерторӣ), бо кӯмаки ин забон тасдиқҳои асосии назария ифода карда мешаванд. забонҳои тасдиқӣ шаклӣ ва ғайришаклӣ мешаванд. Мисоли навъи шаклии забони тасдиқӣ ҳамаи забонҳои мантиқи шаклӣ шуданашон мумкин аст. Аз забонҳои ғайришаклӣ бошад, лаҳзаҳои бо фарзияҳои тавассути истилоҳоти илмӣ ба забонҳои табиӣ воридшударо мисол оварда метавонем; б) забонҳои моделӣ, барои сохтани моделҳо ва дигар унсурҳои мавзӯи моделӣ ва пешбинӣ кардашуда хизмат менамоянд. Онҳо низ ба навъҳои шаклӣ ва ғайришаклӣ тақсим мешаванд. Забонҳои моделӣ дар асоси истифодашавии рамзҳои риёзӣ инкишоф меёбанд; в) забони маъракавӣ (протседурӣ)-и забони тасвири чорабиниҳои ченкунанда ва озмоишӣ, ҳамчунин қоидаҳои азнавсозии ифодаи забонӣ ва раванди гузоришу ҳалли масъалаҳо. Ба забони маъракавӣ хусусияти якмаъноӣ хос мебошад; г) забони аксиологӣ — забоне, ки имконияти тасвири баҳоҳои мухталиф ба унсурҳои назарияро муҳайё карда, бо васоили муқоисаи равандҳову чорабиниҳои ба сохтори худи назарияи илмӣ равона кардашуда ҷиҳозонида шудааст; г) забони эвристикӣ, ки он тасвири ковишҳои тадқиқотиро дар шароити номуайянӣ амалӣ мекунад. Мушкилоти гузориши масъала, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарин назарияи илмист, маҳз ба кӯмаки забонҳои усулӣ-таҳқиқӣ ҳалли худро ёфта метавонад.

Нишонаҳо ва аломатҳои забон ҷузвҳои меҳварии таркиби он ба шумор мераванд. Дар илм таҳти мафҳуми «аломат» ё «маъно» мундариҷаи маънавии калима фаҳмида мешавад, ки он муттасилияти нисбии сохтори фаълияти нутқӣ ва иртиботи он ба ин ё он мавзӯъро таъмин менамояд. Аломат ва нишонаҳои забон ҳамчун шайъи моддӣ муайян карда мешаванд, ки онҳо барои касб, ҳифз, коркард ва интиқоли дигар иттилооти мавриди истифода нақши намояндагиро мебозанд. Аломати забонӣ ҳамчун шакли рамзии ифодаёбии объект, хусусият ва муносибату робитаҳои воқеӣ тасниф карда мешавад. Маҷмӯи аломатҳо низоми махсуси аломатнокеро ташкил медиҳад, ки аз он забони илм тавлид меёбад. Чанде аз роҳҳои густурдаи сохтани забонҳои сунъии назарияҳои илмиро зикр менамоем: 1) истилоҳкунонии калимаҳои забони табиӣ; 2) иқтибоси калимаҳо аз забони хориҷӣ; 3) ташаккул ё расмикунонии забон. Забон на ҳамеша аз воситаҳои мусоиди такрористеҳсоли таҷрибаҳои алтернативӣ бархурдор буда метавонад, дар захираи луғавии он мумкин аст, ки ин ё он лаҳзаи рамзӣ вуҷуд дошта бошад. Барои фалсафаи илм омӯзиши хусусиятҳои забон ҳамчун воситаи пурзӯри ифодакуниву ба рамз даровардани низоми захираҳои когнитивӣ, ки ошкор кардани хусусияти қазовати илмӣ ва равобити мутақобилаи механизмҳои забониву ғайризабонии сохтмони назария масъалаи усулан муҳим ба шумор меравад. Мубрамияти масъалаи таносуби тарҳи шакливу забонӣ бо воқеият, таҳлилнокӣ ва таркибпазирии муҳокимаҳо ҳам дар давраи ташаккулёбӣ ва ҳам дар давраи инкишофи назария мавҷуд мебошад.

Тасаввурот оид ба хусусияти ифодакунандагии куллӣ доштани забонҳои шаклӣ, дар бораи идеалияти онҳо алалхусус ҳангоми таҳқиқи тарҳҳои муаммоноки назариявӣ ҳосил шуданаш мумкин аст. Дар заминаи чунин тасаввурот назарияи ифодамандӣ ба вуҷуд омадааст. Назарияи мазкур чунин нуктаро таъкид мекунад, ки муносибати сохторҳои забонӣ бо олами берунӣ танҳо бо ифодаи расмӣ, ишора ва ба рамз даровардан ба поён намерасад.

Дар рафти ташаккулёбии назарияи муккаммали илмӣ марҳалаи эътимодноккунӣ (верификатсия), яъне тасдиқкунонии назария аҳамияти ҳалкунанда дорад. К.Поппер исбот карда буд, ки ҳар як назария усулан ботилкунанда ва ҳамчунин шубҳапазир низ мебошад. Муносибати алтернативии усули ботилкунандагӣ бо усули эътимодноккуниро таърихи илм борҳо тасдиқ кардааст. Агар дар назария ҳамаи муҳокимаву қазоватҳо ва мафҳумҳои бунёдӣ ба ду зерсинф-муҳокимаҳои номақбул ва муҳокимаҳои мақбул дақиқан тақсим карда шуда бошанд, он гоҳ чунин назария-назарияи таҷрибавӣ ё ботилкунанда мебошад. Зерсинфи муҳокимаҳои номақбул аз муҳокимаҳои бунёдие иборат аст, ки назария бо онҳо ихтилоф дошта, онҳоро аз байн мебарад ё манъ мекунад (ин зерсинф-маҷмӯи ботилкунандагони захиравӣ ё билқувваи назария мебошад. Зерсинфи муҳокимаҳои бунёдан мақбул, баръакс, аз маҷмӯи муҳокимаҳое иборат аст, ки бо назария мухолиф нестанд ва ҳузури онҳо дар назария муҳол аст. Чи тавре ки В.С.Степин қайд мекунад, «назария ботилшаванда аст, агар зерсинфи шубҳакунандагони билқуввааш тиҳӣ ё холӣ набошад».

Назарияи мукаммали илмӣ хусусияти интишорёбӣ дорад, яъне усулу моделҳои онро ба ҳамаи ҳолатҳои ковиши назариявӣ интиқол додан мумкин аст. Аммо ин хусусияти назарияи мукаммал аз бисёр ҷиҳатҳо маҳдуд буда, ҳамчун маъракаи куллӣ маъмул нест. Дар назарияи мукаммал мундариҷаи тағйирнопазир ва модели консептуалии инкишофи он мавҷуд мебошанд. Дар ташкили назария ҳамчунин маънидодкунӣ ва ифодаи риёзӣ ҳамчун тадбироти махсус нақши бориз доранд.

В.С.Степин се махсусияти тарроҳии назарияи мукаммали илмиро номбар мекунад. Якум, «назарияҳои мукаммали бештар хусусияти кулливу умумидошта дар шароити муосир аз тарафи он коллективҳои тадқиқотчиён матраҳ мегарданд, ки дар ин коллективҳо усули тақсими меҳнат ҷорӣ карда шудааст», яъне махсусияти аввали тарроҳии назарияи мукаммал – вуҷуди омили коллективона дар эҷодиёти илмист. Ин махсусият бо мураккаб шудани мавзӯи таҳқиқ ва бузург шудани ҳаҷми иттилооти зарурӣ алоқамандӣ дорад. «Махсусияти дуюми вазъияти муосири назариявию маърифатӣ аз он иборат аст, ки назарияҳои бунёдӣ беш аз пеш аз қабати ба таври кофӣ мукаммали нақшаҳо ва қонунҳои ибтидоии назариявӣ холӣ шуда, бидуни онҳо матраҳ карда мешаванд, «қисми фосилавӣ, ки барои тарроҳии назария ногузир мебошанд, дар раванди таркибнокшавии назария сохта мешаванд». Ба сифати махсусияти сеюм ҳангоми тарроҳии назарияи мукаммал – истифодаи усули фарзияи риёзӣ ном бурда мешавад, ки тибқи он «сохтмони назария бо кӯшиши пай бурдан ё ошкор кардани дастгоҳи риёзии назария оғоз меёбад».

Назарияи мукаммал ба иҷро кардани вазифаи пешбиникунандагӣ қодир буда, чунин пешгӯиҳоро ба амал оварда метавонад: пешгӯии муқаррарӣ, пешгӯии ҷадид, пешгӯии таҳқиқӣ ва пешгӯии меъёрӣ. Пешгӯии муқаррарӣ (оддӣ) мутобиқи низоми робитаҳои сабабу натиҷаҳо сохта шуда, бо ҳамин нукта собит карда мешавад, ки ин низом дар асари омилҳои дар гузашта ҷараёндоштаву муоссиру муайян ва муназзам гардидааст. Пешгӯии ҷадид ба назар гирифтани таъсири он омилҳову имкониятҳои билқувваеро тақозо менамояд, ки онҳо «ба модел бо сабаби дар гузашта камаҳамият буданашон ворид карда нашудаанд», ҳамчунин, ин пешгӯӣ тағйирёбиву ҳаракати низом, алалхусус, ҳангоми кушода будани онро низ ба эътибор мегирад.

Усули ҷадиди пешгӯӣ арзишеро, ки дар натиҷаи тасаввури ояндаи идеалӣ ҳосил мешаванд, аз ғалбер мегузаронад. Пешгӯии таҳқиқӣ ошкор кардани сифатҳову хусусиятҳои ашёву ҳаводис дар заминаи густаришёбии тамоилоти дар замони муосир ҷори бударо тақозо менамояд. Пешгӯии меъёрӣ ҳолату вазъияти имконпазири ашёву ҳаводисро мутобиқи меъёрҳо ва мақсадҳои гузошташуда пешбинӣ мекунад. Сатҳи назарияи мукаммал барои коркард ва истифодаи фаъолонаву самараноки чунин усулҳои пешгӯикунанда мисли «нуқтаи пешбинона», «шаҷари аҳдоф» ва ғ.–ро истифода мебарад. «Нуқта» («граф») гуфта шакли ҳандасиеро меноманд, ки дар қуллаи нуқтаҳои бо порчаҳо ба ҳам пайвастшаванда ба вуҷуд меояд. Қуллаҳои нуқтаҳо ифодакуннадаи аҳдоф, порчаҳо бошанд, тарзи касб намудан ё расидан ба ҳадафҳо мебошанд. Дар тӯли дарозии порчаҳо тамоили беруншавӣ аз роҳи мустақими таҳқиқот вуҷуд доштанаш мумкин аст, ки пешбинӣ карда шавад. Ҳангоми вуҷуди чунин тамоил нуқтаи пешбинона сохтори сершохае дорад, ки он раванди воқеии тафаккури илмиро инъикос мекунад. Нуқтаҳои мазкур метавонанд занҷиранок ё баръакс безанҷира бошанд, метавонанд бо ҳам алоқаманд ё баръакс беалоқа, таъйинӣ ва ё таъйиннопазир бошанд. Агар нуқтаи алоқаманд безанҷираву таъйинношуда бошад, он гоҳ онро «шаҷари аҳдоф» ё «нуқташаҷар» («нуқтадарахт») меноманд. Тимсоли нуқтаноки дарахт (шаҷар) дар аксари вақтҳо вазифаи намоишдиҳандагиро иҷро менамояд ва онро рӯйхати қарорҳои алтернативӣ бо истифода бо усули ҳарчӣ бештар кам кардани доираи таъсири сатҳҳо ва ҳаводиси камарзиш иваз карда метавонад. Барои баҳо додан ба арзиши ҳар як сатҳу ҳодиса бузургии тағйирнопазири арзишу аҳамияти ҳар кадоми онҳоро дақиқона муайян кардан лозим аст.

5.4. ҳОЛАТҳОИ ПРОБЛЕМАВӢ ДАР ИЛМ

Маърифатшиносии классикӣ анъанавӣ таҳрикдиҳандаи ҷараёнҳое маҳсуб меёбад, ки равандҳои илмию маърифатиро чун гардиши тафаккур аз объект ба масъала ва баъдан ба фарзияе, ки пас аз асоснокшавӣ ба моделҳои назариявӣ табдил мешавад, фарогиранд. Ҳамин тавр, занҷираи маърифатӣ аз объект-масъала-фарзия сохта шуда, боиси таҳкиму густариши донишҳои илмӣ мегардад. Проблема (аз юн., pқoӣlema – масъала, мушкилот, монеъа) дар маънои умумии худ ифодакунандаи донишҳое аст, ки пайи дарёфтани масоили ҳанӯз номафҳум ё дарёбнагардида тамоил доранд. Яъне ин ифода чун маҷмӯи афкорест, ки на танҳо далелҳои дар гузашта муқарраргардидаро дар бар гирифтааст, балки ғояҳои то ҳанӯз амалӣ нагардидаро низ фаро мегирад. Пас, масъала дар фалсафа мафҳуми объективие ба ҳисоб меравад, ки байни забони мушоҳида ва забони назарияҳо, далелҳои таҷрибавӣ ва тасвироти назариявӣ хидматгузорӣ дорад. Масъалагузорӣ ва ҳалли он барои ба даст овардани донишҳои нав хизмат менамояд. Мафҳуми масъала (проблема) чунин ифодаҳоро муайян менамояд: а) ҳамчун мундариҷае, ки имкони захира кардани донишҳоро надорад; б) ҳамчун тарҳрезии ибтидои назарияҳои майдони дониши мавҷударо дорад. Масъалаҳо ҳамчун аз масъалаҳои муқаррарӣ, ки ихтилофи қалбакиро ба қайд мегирад, фарқ мекунад. Инчунин марҳалаҳои топроблемавӣ ва қаблазпроблемавиро ҷудо мекунанд, ки хусусан дар ташаккули ҳолатҳои ишколӣ (проблемавӣ) нақши муҳим мебозанд.

Марҳалаи дарки ишколӣ ё проблемавӣ ва пешниҳоди фарзияҳо бо истифодаи маводҳое такя мекунад, ки аллакай давраҳои асосиро дар ҷодаи маърифатӣ тай намудаанд, яъне коркардҳои назариявӣ, идеализатсияҳо, объектҳои абстрактӣ бо дарназардошти маълумотҳои нав, харҷи ба муқовимати ҳудудҳои дониш муттако аст ва барои дарк намудани масъалаҳо (проблемаҳо) заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд, фарзия чун марҳалаҳои умдаи бунёди моделҳои назариявӣ баромад мекунад. Мантиқан, фарзия чунин навъи хулосабарориро, ки дар доираи тафаккури васеъ ба амал меояд, ба бар мекунад ва он тавассути ким кадом пайбариҳо, тахминҳо, гумонҳо ва мулоҳизаҳо оид ба асосҳои имконпазир ва сабабҳои бамиёноии ин ё он падидаҳо ба зуҳур меояд. Аз ин рӯ, дар илм хулосае ба таври васеъ роиҷ гаштааст, ки фарзия намунаи инкишофёфтаи табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Ақидаи «фарзияи дурӯғ бофтан»-ро ба И.Нютон нисбат медиҳанд, ки ин фикр дар баъзе ҳолатҳо нақш ва аҳамияти тахминҳоро дар ҷодаи илмӣ рад менамояд. Дар ҳар сурат бояд дар хотир дошт, ки агар фарзия ҳолати доираи ҳодисаҳо ва таҳлили ҳамаҷонибаи онҳоро дар бар гирифта тавонад, он ба назария мубаддал мегардад.

Шароити асоснок гардидани фарзияҳоро ба назар гирифта, файласуф ва риёзидони олмонӣ Г.Лейбнитс пешниҳодҳои зеринро таҳия намудааст: якум, фарзия бештар эҳтимолӣ аст, нисбат ба он ки он зиёдтар содда бошад; дуюм фарзия бештар эҳтимолист, нисбат ба он ки мумкин бошад он ҳодисаҳоро шарҳ диҳад; сеюм, фарзия боз ҳамон ҳолат имконпазир мешавад, ки вай барои возеҳтар пешбинии зуҳуроти нав мусоидат карда тавонад. Инчунин, дар ин раванд гуфтан бамаврид аст, ки фарзияҳо мисли объектҳои абстрактӣ ва идеализатсияҳо воситаи бунёдие мебошад, ки барои таҷдиди моделҳои назариявӣ чун масолеҳи сохтмонӣ барои сохтани иморат зарурат доранд. Илова бар ин, фарзияҳо бояд мазмуни ба худ хос дошта бошанд, ки робитаҳои таҷрибавии дар наздаш қарордошта, маълумотҳои аз таҷриба ва озмоишҳо ба вуҷудомада ва ченакҳои хосаро инъикос намоянд ва фаро гиранд.

Ҳолатҳои ишколӣ (проблемавӣ) барои густариши марҳалаҳои зарурии инкишофи маърифати илмӣ нақши муҳим бозида, маъниҳои мутақобиларо байни донишҳои нав ва кӯҳна муайян месозанд ва ин амал дар сурате ҷараён меёбад, ки донишҳои кӯҳна бо асосҳои пешинаашон такя карда наметавонанд ва ба асосҳо, тафсилоти онҳо ё худ бо иваз намудани асосҳои кӯҳна ба нав эҳтиёҷ доранд. Бо ин назардошт, дар ин ҷода ҳамҷоягии дарки ҳаракат (ё ҳаракати ғайриихтиёрона) ва таҳмили ратсионалӣ таъмин мешавад. Аз ин нуқтаи назар, таъҷилан ба миён гузоштани якчанд бузургиҳо, аз ҷумла бузургиҳои «қобили қабул», «баробару мувофиқ», «зарурӣ» ва ҳамчунин «иҷозат додашуда» дарҳол зарурат доранд. Ҳолатҳои масъалагузорӣ оиди таҳрики барномаҳои таҳқиқӣ, шубҳаҳоро аз миён бардошта, барои пайдо намудани вазъҳои мувофиқу нав барои пешбурди илм шароит фароҳам меоваранд.

Зуҳури ҳолатҳои ишколии илм дар рафти пайдоиши бисёр масоили ҷавобёфта, ки дар худ саволҳои мухталифи зиёди илмиро таҷассум намудаанд ва эҳсоси шубҳаву тардид, инчунин, навоварию норозигиро, ки дар падиди донишҳои мушаххас аз худ тавлид намудаанд, ба амал меояд. Ва баромадан аз дохили ҳолатҳои ишколӣ дар натиҷаи ҳамбастагии фарзияву илмҳои нав бо ташкилёбии намудҳои ратсионалии донишҳои назариявӣ имконпазир мебошад.

Вобаста ба ин ҷараён ҳолатҳои ишколиро ба ду гурӯҳ: а) глобалӣ ва б) маҳдуд ҷудо намудан мебояд. Вазъи глобалӣ таҷассумгари шакливазкунии ҷаҳонбиниҳои илмист. Масалан, дар асрҳои ҶIҶ-ҶҶ дар илми физика бӯҳрони илмӣ ба қайд гирифта шуд ва ҳамзамон инқилоби илмӣ дар илмҳои табиатшиносӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа ба вазъи умумии илми ҷаҳонӣ такони ҷиддие расонд. Бо ин нигоҳ, хулосае бармеояд, ки вазъи масоиле, ки равишашон маҳдуд аст, яъне танҳо ин ё он ҷабҳаи илмро дар бар мегиранд, дар ҳама соҳа ин вазъро ба вуҷуд меоваранд ва ин амал дар сурате рух медиҳад, ки низомсозӣ ва муносибатҳои мутақобила байни назария ва бунёдҳои таҷрибавии он пайдо мегардад. Дар якҷоягӣ бо ин раванд, ҳолатҳои ишколӣ метавонад то андозае таҷдид гардад, ки ин омиле мешавад барои омӯхтани объектҳои муҳимтар ва душвортари илмҳои навин, (дар мисоли илмҳои оморӣ, кибернетика ва ғ.) ва ба алоқаҳои сабабёфта омилҳои зеринро дар бар мегиранд: функсионалӣ, таркибӣ, корррелятивӣ (мутаносибӣ), мақсаднок амсоли инҳо. Дар иртиботи илми фалсафаи муосир ҳолатҳои ишколиро ба сифати мушкилот ё масъалагузории глобалӣ, ки дар алоқамандӣ бо хати қонуният ва сабабҳои ҳаводиси табиию ҳақирона ҳалшаванда дар бар гирифтааст, мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Вазъи дигари ишколӣ шиддатнокшавӣ байни намудҳои хирадгароӣ ва ғайри хирадгароӣ мебошад. Боварии кӯр-кӯрона ба хирадгароӣ дар илми гузашта боқӣ мемонад ва он чун намунаи илм табиатшиносии классикӣ дониста мешавад.

Имрӯз байни олимон баҳси доманадоре дар мавзӯи ратсионализм (хирадгароӣ)-и равшанбаёнёбанда, ки дар худ идроки бевоситаи ҳақиқату маҷозро таҷассум менамояд, паҳн гардидааст. Ва вобаста ба ин вазъи ишколӣ майлу шавқи беандозаро оиди тафаккури рефлексивӣ падид меорад.

Вазъи ишколӣ дар илм шаҳодат аз он медиҳад, ки маъниҳои калимоти «медонад ягон чиз» ва «медонад чӣ» аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд ва бо ин хотир қайд кардан лозим аст, ки дониш ин нишондиҳандаи муносибатҳои байни одамон ва объектҳо мебошад, ки ҳамчун муносибати байни инсон ва муҳокимарониҳои ӯ инъикос меёбад. Мувофиқи ҳисоботи анъаноти таърихӣ-фалсафие, ки аксдиҳандаи намуди аввала ба шумор меравад, ба олими файласуф Локк ва намуди дуюм бошад, ба Декарт мутааллиқ мебошад. Бинобар он, мушкилоти илмӣ нишондиҳандаест, ки аз ибтидо дар майдони маърифати ақлӣ (нистерасионалӣ) фосила мегузорад ва дар сектори таҷрибаҳои эҳсосотӣ, ратсионалистӣ, мантиқӣ ва таърихӣ тақсимнашаванда мебошад.

Муҳимтарин нақш барои аз миён бардоштани ҳолатҳои ишколӣ (проблемавӣ) аниқияти ваколате мебошад, ки дар он объект ба тарзи мушаххас инъикос гардидааст. Ваколатдорӣ мумкин аст зоҳирӣ ва беихтиёрона шавад. Аз ин нуқтаи назар, ваколати зоҳирӣ қоидаҳои хоси асоснокгардидаро, ки мақсаду истилоҳашон ба ҳамдигар мувофиқ мебошад, талаб менамояд.

Умуман, ҳолатҳои ҳақиқии ишколӣ (проблемавӣ) дар илм марҳалаи сифатиро нишон медиҳад. Ҳалли ҳолатҳои ишколӣ сабаб мешавад, то асосҳои дидашаванда, дар чорчӯбае, ки масъала-пайдо мешавад. Ва гузориш ёбад, дараҷаи нави рефлексияҳои илмиро зарур меҳисобад ва ба инкишофи маърифати илмӣ оварда мерасонад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *