Фанни Фалсафа

Илм дар фарҳанги тамаддуни муосир

3.1. ГУНОГУНИИ ШАКЛҳОИ ИЛМ ВА ТАВСИФИ ОНҳО

Мураккабӣ ва гуногунрангии раванду ҳодисаҳои воқеият гуногунии шаклҳои дониши илмӣ, фалсафӣ, динӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, муқаррарӣ, бозӣ, шахсӣ ва ҳамчунин гурeҳи калони донишҳои қарибиилмӣ (паранаука), аз ҷумлаи махфию пeшидагӣ (эзотерика), тилисмгарӣ (оккултизм) сеҳру ҷодугарӣ (магия) ва монанди инҳоро ба вуҷуд меоварад. Шаклҳои дониш бо доштани асосҳои мафҳумӣ, рамзӣ ё бадеӣ-образиашон фарқ мекунанд. Тафаккур дар мафҳумҳо ва образҳо – ин шаклҳои табии маърифати инсонии олам буда, мавҷудияти нимкураҳои чап ва рости мағзи сарро тақозо мекунад. Фикрронӣ ва мантиқияти он аз нимкураи чап ва ҷавобгeӣ барои образнокию сермаъногии мазмунҳо аз нимкураи рости мағзи сари инсон вобастаанд.

Дониши илмӣ хусусияти айнӣ (объективӣ) ва ҳақонӣ дошта, қонунҳои оламро дар шакли мафҳумҳо инъикос менамояд. Ба амломатҳои илмият мавҷуд будани соҳаҳои предметии тадқиқот, вуҷуд дошти дастгоҳи мафҳумӣ, муқаррар кардани принсипҳо, дараҷаҳо, меъёрҳо, вобастагиҳои сабабӣ, эҷоди назарияҳо ва кашфи қонунҳои бунёдӣ мансуб мебошанд.

Щаклҳои гуногунранги дониш, ки аз донишҳои илмӣ фарқ мекунанд, ба гурeҳи донишҳои ғайриилмӣ, ҳудудӣ таалуқ доранд. Инҳо атрология (илми ботилест, ки дар аҳди қадим ва асри миёна инкишор гаштааст ва сарнавишти инсонро аз рeи ҳолати ситораҳо «таъбир» менамояд), парапсихология (тасаввуроти ғайриилмиест, ки доир ба шуури фавқуллода, нозук ва хусусиятҳои имконияти аз дур дарк кардани ҳодисаю фикрҳо аз ҷониби инсон баҳс мекунад) ва маҷмeи томи илмҳои халқӣ номидашаванда, тибби ғайрианаъанавӣ, дуохонӣ, экстрасенсорӣ (шахси дорои нерeи ҷозибавӣ) ва ғайр мебошанд. Аксари шаклҳои дониши ғайриилмӣ, масалан астрология ва алкимиё аз авлодони фаннигаштаи худ, яъне астрономия ва химия, пештар ба миён омдаанд. Дар замони ҳозира нигориш ва усулҳои ғайрианъанавии маърифат диққатҷалбкунанда шудаанд. Чунончи, Паул Фейерабенд қайд мекунад, ки илм бояд ҳамаи шаклҳои донишҳои ғайриилмии мавҷударо эътироф намояд ва мавқеи худро дар муколама бо онҳо ҳифз намояд. Илм дигар ҳамчун корези ягонаю нодири ҷамъоварии иттилоот аз олами беруна баҳогузорӣ намешавад ва муттасилан онро маҷбуран вобаста ба шароити маърифат танқид мекунанд.

Давраи муосирро метавон тавре баён намуд, ки ҳамаи маҷмeи илмҳои амалияи даркии алтернативӣ, ки дар шуури омма ҳамчун қарибиилмӣ қабул шудааст, мақоми зуҳуроти иҷтимоӣ-фарҳангӣ гирифтааст. ҳамчунин асотир, афсона, ривоят масалҳо ва ғайраҳоро мавҷуднабуда эълон кардан мумкин нест. Ба гуногунияти амалияи идрокшуда таваҷҷeҳ додан – ин маънои онро надорад, ки усулҳои онҳо ба зиёни илм ошкоро ташвиқ карда шаванд. Ин таваҷҷeҳро ҳамчун инъикоси фалсафии гуногунрангии донишҳо баҳо додан мумкин аст.

Дар байни шаклҳои гуногунранги дониши ғайриилмӣ инҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

— донишҳои қарибиилмӣ (паранаука), мулоҳизаҳоро дар бораи падидаҳое, ки маънидодашон бо қолибҳои маърифатии илми мавҷуда созгор нестанд ва бинобар ин, ба меъёрҳои илмият ҷавобгe намебошанд. Ба донишҳои қарибиилмӣ — оккултизм, эзотеризм, герметизм, тесофия ва мистика дохил мешаванд. Оккултизм донишҳои асрорангез дар бораи нерeҳои фавқуттабииро дарбар мегирад ва донишҳоро дастраси ҳамагон мегардонад; эзотеризм рози нуҳуфтаеро мекушояд, ки барои худогоҳон пешакӣ таъин карда шудааст; теософия таълимоти динӣ-ирфонӣ дар бораи ягонагии рeҳҳои инсонӣ бо Худованд мебошад; гурметизм офаридани донишҳое, ки танҳо ба худогоҳон маълум аст, сарукор дорад; мистика (ирфон) тавассути амалҳои покшавӣ, рeҳбаландшавӣ даст кашидани инсон аз олам ва ба шуури кайҳонӣ пайвастани e мебошад;

— донишҳои ботилиилмӣ (лженаука) аз фикрҳои бофта ва хурофотию таасубомез бошуурона сeистифода мебаранд. Аломатҳои ботилилмӣ — рeҳияи чаласаводӣ, напазируфтани ҳамагуна далелҳои ботилсозанда, инчунин эҳсосоти баланд ба «доғи рeз», ҳангомаангезӣ мебошад. Донишҳои ботилиилмӣ муназзам ва куллӣ шуда наметавонанд. Ботилилмиро дар баъзе ҳолатҳо ба нуқсонҳои рeҳии ин ё он олим вобаста мекунанд;

— донишҳои зиддиилмӣ (антинаучное) – донишҳои ормонӣ ва бошуурона таҳрифкардаи тасаввуротӣ дар бораи воқеият мебошад. Ба зиддиилмият масалан, талаботи азалии нишон додани «давоҳои хаёлӣ» аз кулли бемориҳоро алоқаманд мекунанд. ҳарчанд ки пешниҳоди ошкорои чунин навъи «давоҳо» ба одамон хатар меоварад, вале аз зиддиилмият пурра наҷот ёфтан имконнопазир аст;

— донишҳои бардурeғилмӣ (псевдонаучное) – фаъолмандии зеҳниеро дар худ тасавур мекунад, ки аз маҷумeи назарияҳои маъмул сeистифода мебарад, масалан, воқеаҳо дар бораи кайҳоннавардони қадим, одами барфӣ, махлуқоти даҳшатноки баҳрӣ.

ҳамчунин донишҳои муқаррарӣ-илмӣ мавҷуданд, ки дар онҳо маълумотҳои оддитарин дар бораи табиат ва воқеияти атроф дода шудааст. Дар тафовут аз илм асоси онро таҷрибаи ҳаёти ҳаррeза, ки хусусияти пароканда ва ғайринизомӣ дошта, ба сифати маҷумeи одии маълумотҳо аст, ташкил медиҳад. Донишҳои муқаррарӣ заминаи ибтидоии ҳамагуна маърифат, аз ҷумла маърифати илмӣ мебошад. Истифода он ба низоми пешакии исботҳо ниёз надорад. Донишҳои муқаррарӣ қатиян характери ғайрихаттиро доро мебошанд. Онҳо инъикоси идеалиро низ тақозо намекунанд ва аз ҷониби инсон бешуурона истифода карда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто зинаи тарзи талаффуз (артикулятсия)-ро ба инобат нагирифта, оромона амалиёти субъекро роҳнамоӣ мекунад. Зарбулмасалу мақолҳое, ки фолклори ҳар кадом умумияти этникӣ дорад, ҳикмати донишҳои муқаррарӣ-амалиро собит мегардонад.

Яке аз шаклҳои нахустини дониш ин дониши динӣ мебошад. Дар твофут аз илм он бо имону эътиқод ба Худо асос ёфтааст ва сайъу кeшиши донистани соҳаи фавқуттабиӣ, ки аз ҳудуди исботи зеҳнӣ берун аст, равона карда шудааст. Донишҳои динӣ дар худ механизмҳои танзимкунанда ва муқаррарсозандаи қодаҳои ҳаёти ҷамъиятиро доранд.

Эътиқод бо мафҳумҳо, мантиқ ва ақл вобаста набуда, балки бо дарки ҳиссиву образӣ ва рамзии олам робита дорад. Донишҳои динӣ ба исбот ниёз надоранд ва ваҳйро ҳамчун атои илоҳӣ ва натиҷаи таҷрибаи пуршиддати динӣ дар мадди назар дорад. Нишонаҳои донишҳои динӣ инҳоянд: иқона (тахтачае, ки дар он расми авлиёҳо тасвир ёфтааст), матни Навиштаҷоти Муқаддас, ояту сураҳои Қуръони Шариф, ибодат, рeзаву намоз, рамзҳои гуногуни динӣ, калисо, масҷид ва ғайра. Донишҳои динӣ ба имону эътиқод аосос ёфтаанд ва ҳамчунин ақоиду таълимотро низ эътироф менамоянд. Аммо имон ин на танҳо мафҳуми «дин», инчунин ҷузъи муҳими ҷаҳони маънавии инсон, умуман унсури фаъолияти маърифатӣ мебошад. Бинобар доир ба эътиқоди маърифатӣ (гносеологӣ), ки эътирофи ҳақиқати ягон чиз дар асоси афзалияти қабули субъективона мебошад, ҷоиз аст. Эътиқод ҳамчун ҳодисоти равоншиносӣ дар ҳолати мeътақидӣ зуҳур ёфта, бо ҳисси писандидан ё инкор кардан алоқаманд аст. Эътиқод ҳамчун ҳолати ботинии маънавӣ аз инсон тақозо менамояд, ки e принсипу муқаррароти ахлоқии ба он мeътақидбударо риоя кунад.

Навъи махсуси донишҳоро донишҳои шахсӣ ташкил медиҳанд. Агар донишҳои коллективонаро аҳамияти умумӣ ва ва фавқулшахсӣ фаро гираду мавҷудияти низоми мафҳумҳою усулҳои заруру барои ҳамагон умумиро дар назар дошта бошанд, пас донишҳои шахсӣ — ин дошинҳое мебошанд, ки дар он инсон қобилияти эҷодии худро ҳувайдо месозад. Ин амал дарки фаъоли фардии ҳаводис буда, бо ташаккули малакаю эътиқоди шахсӣ алоқаманд мебошад.

Ба шаклҳои таърихан ибтидоии донишҳои инсонӣ донишҳои фараҳафзоӣ (бозӣ) дохил мешаванд, ки дар асоси қодаҳои шартан қабул кардашуда ва ҳадафҳои интиқолдиҳандаи фавқуттаҷрибавӣ эъҷод мешаванд. Донишҳои фараҳафзоӣ (бозӣ) имконият медиҳанд, ки аз ҳастӣ, рeзмарравӣ болотар гузашта, дар бораи фоидаи амалӣ талош наварзида, дар мувофиқат бо меъёрҳои озодона қабулкардаи бозӣ амал намоянд. Донишҳои фараҳафзоӣ (бозӣ) воқеияти хусусияшонро барпо мекунанд, сифату имконияти инсонро ошкор сохта, имконият фароҳам меоранд, ки монеаҳои муошират бартараф карда шавад. Онҳо хусусияти таълимӣ-сайқалдиҳӣ дорад ва дар равандҳои таълимии муосир фаъолона истифода бурда мешаванд.

Шакли махсуси донишҳои ғайриилмӣ ин илми «халқӣ» мебошад, ки бо мавҷуд будани маҷмeи донишҳои «нонавишта»-и дуохонҳо, шифобахшон, фолбинон ва ғайраҳо алоқаманданд. Ин маҷмeи донишҳои ахборотии дастурамалӣ-карахтона дар шакли бехату алифбо аз устод ба шогирд интиқол мешуд. Дуруштиву дағалии илми халқӣ дар намуди васиятҳо, муноҷотҳо, фолҳо, насиҳатҳои ширкатварзида, дар расму маросимҳои этникӣ ва шаклҳои хотираи иҷтимоӣ маҳфуз дошта мешаванд. Тағйири шароитҳои мавҷудияти этнос боиси азмиёнравии илми халқӣ гардид, ки чун қоида барқарорнашаванда аст.

Табақоти васеи донишҳои қарибулмеъёрӣ мавҷуданд, аз қабили таълимот дар бораи асрори табиию нерeҳои рeҳӣ-равонӣ ва тарзҳои гирифтани иттилооти аз доираи илм ва дарки мафҳумӣ бароянда, қобилияти таъсиррасонӣ ба предметҳо ва одамонро дарбар мегирад. Дарки экстрасенсорӣ (телепатия – имконияти аз масофа дарк кардани ҳаводис) ва психокинезӣ фарқ карда мешаванд. Аздурдарккунӣ (телепатия) мубодилаи зеҳнии иттилоотӣ байни ду ва зиёда фардҳоро дар назар дорад. Фолбинӣ – қобилияти қабули иттилоот аз баъзе предметҳои беҷон мебошад. (масалан, аз сурати инсон ва монанди инҳо). Психокинез – ин имконияти таъсирраоснӣ ба низомҳои беруна, ки берун аз ҷабҳаҳои таҳрикдиҳандаи фаъолияти мо ва тарзҳои омезиши предметҳои ғайрифизикӣ воқеъ аст. Илм ҳанeз таибати психокинезро маънидод карда наметавонад ва чунин падидаҳоро рад низ карда наметавонад.

Устувории донишҳои ғайримуқаррарӣ вобастаанд: яукм, дар фаъолияти ҳаётии ҳаррeзааш ҳатто фарди маълумоти илмидошта муовофиқи меъёрҳои донишҳои муқаррарӣ рафтор мекунад, на аз рeи донишҳои илмӣ; дувум, донишҳои ғайримуқаррарӣ дар шароитҳои бeҳрони иҷтимоӣ мубрамтар мегарданд; сеюм, вай ҳангоми пайвастани меъёру ғояҳои шаклҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ муайян мешавад.

ҳоло соҳаи донишҳои қарибиилмӣ васеъ гашта, кeшиши ёфтани мувофиқати байни хирадгароии тафаккури аврупоӣ ва ирфонии шарқӣ равшан зоҳир аст. Соҳаи хизматрасонӣ дар асоси қарибиилмият равнақ меёбад. Ба ин ҳолат илми расмӣ ба тарзи ниҳодӣ муқовимат нишон медиҳад. Аҳли дин низ ин хусусияти хизматрасониро маҳкум менамоянд.

Файласуфон бо амалҳои ғайриилмӣ ва дуруғиилмӣ муносибати гуногун доранд. Чунончи, файласуфи итолиёвӣ Никола Аббаняно масоили нақши астрология (фолбинӣ аз рeи вазъи ситораҳо)-ро дар ҷомеаи муосир муҳокима карда, бо файласуфи олмонӣ Теодор Адорно (1903-1969), ки дар рушди эстетикаи модернизм ҳиссаи бузург гузоштааст, баҳс намудааст. Теодор Адорно ҳанeз соли 1956 дар асараш «Ситораҳо дар бораи олам» иброз дошт, ки «Астрология олоти ғуломгардонӣ аст…», чунки вобастагии инсонро аз низому табиати олам ҳамчун далели метафизикӣ пешниҳод менамояд, ки он ботилу аз биёр ҷиҳатҳо рeҳиявӣ аст ва бояд «ҳамчун модели хурдкардашудаи истисмори иҷтимоӣ, ки дар доираи бузургтар мубталосозандаи касалии рeҳӣ аст, фаҳмида шавад». Аммо чуноне ки, Никола Аббаняно қайд мекунад, бояд сабабҳое, ки инсонро ба омeхтани астрономия иштиёқманд мегардонад, муайян карда шаванд. Ин сабабҳо соддаанд, аз қабили: дар одамон талаботи пешдид, агарчи тақрибӣ бошад ҳам, вуҷуд дорад; ин талабот бартарафнашаванда аст ва илм дар бораи ояндаи инсони алоҳида чизе гуфта наметавонад. Астрология ин талаботро қонеъ мегардонад ва «дар машваратҳои он ҳеҷ гуна зиёноварӣ ва ноҷоизӣ ҷой надорад; онҳо бо хиради халқӣ рeҳбаланд карда мешаванд, ки он ҳамеша ба эътиқоди ягонагии инсон ва табиат асос меёфт». Дурeғилмӣ — ин «бемории таърихӣ ва байналхалқӣ аст».

Илм ва фалсафа

Дар доираи натурфалсафаи атиқӣ метавон гуфт, ки нахустин файласуфони он ҳамзамон олим низ буданд. Бо мурури замон илм аз фалсафа ҷудо шуд. Вале фалсафа яке аз марказитарин масоили назарияивӣ-маърифатиро матраҳ мекард. Баҳси бисёрасраи фалсафа ва илм дар бораи «ҷамъият бештар ба чӣ ниёз дорад?» нишон дод, ки илм дар худ меъёрҳои аҳамияти иҷтимоии натиҷаҳояшро надорад. Комёбиҳои илмӣ метавонад ҳамчун фоида ва инчунин ҳамчун зарар ба инсоният татбиқ гарданд. Бо мулоҳизаҳо дар бораи оқибатҳои кашфиётҳои илмӣ худи илм дар ташвиш набуда, балки фалсафа вазифаи масъулиятшиносии илм дар назди ҷамъиятро ба дeши худ гирифтааст.

Маънои луғавии фалсафа ҳикмат мебошад. Асоси ҳикмати фалсафӣ иборат аз он аст, ки моҳияти аслию ҳақиқии мавҷудияти равандҳо, нахустсабабҳо ва қонуниятҳои инкишоф дарёфт шавад. Арасту қайд кардааст, ки «фалсафа ба ошкор сохтани нахустсабабу нахустасос равона карда шудааст, файласуф бошад – ин ҳамон кас аст, ки метавонад ошкор кардани сабабҳоро хубтар омeзонад».

Фалсафа ҳамчун замонаи дар андешаҳо фарогирифта фаҳмида мешавад (Карл Маркс) ва онро барои он арҷгузорӣ мекунад, ки ҳамчун мактаби инкишофи тафаккури назариявӣ баромад менамояд. Қарзи файласуф – таваҷҷeҳ зоҳир кардан ба ҳодисоти замона, фаҳмида гирифтани шароити номуайян, муайян кардани қонуниятҳои ҳодисоти бавуқeоянда мебошад. Бинобар ин, дар бораи фалсафа мегeянд, ки вай – моҳияти маънавии замони худ мебошад. Фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба коркарди ақидаи том дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он равона шудааст. Муносибатҳои маърифатӣ, арзишӣ, ахлоқӣ ва эстетикии инсон ба олам, ки аз ақидаи мазкур бармеояд, меомeзад. Предмети фалсафа «муносибати инсон-олам мебошад, ки аз нуқтаи назарҳои гуногун баррасӣ шудааст». ҳам олам ва ҳам инсон тағйир меёбанд, бинобар ин, фаҳмиши предмети фалсафа мушаххасӣ-таърихӣ мебошад.

Аз чунин фаҳмиши фалсафа таъиноти замонавӣ ва робитаи он бо ҳаёт, офаридани тасвири ҳаққонии замона, дарки маъно ва моҳияти ҳастӣ бармеояд. Ҷолиби диққат аст, ки ҳанeз файласуф ва олими фаронсавӣ Рене Декарт навишта буд: «…ҳар як халқ ҳарчи бештар мутамаддинтар ва маърифатноктар аст, агар вай фалсафаронӣ кунад, бинобар ин, барои давлат неъмати бештаре нест, чун доштани файласуфони ҳақиқӣ». Фалсафаронӣ ботинан ба ҳар кас хос аст. Чун инсон аз болои саволҳои мазмунан ҳаётӣ, ки Иммануил Кант ҳамчун «ман чӣ дониста метавонам?», «ман чӣ бояд кунам?», «ман ба чӣ умед баста метавонам?» ва «инсон чист?» ифода карда буд, ба андеша рафта, e якбора ба фазои фалсафа ворид мешавад. Файласуфи англис Дейвид Юм эътиқодмандона собит кардааст, ки дар асоси муносибат ба фалсафа ояндабинии миллатро баён кардан мумкин аст. Дар шароите, ки ба ақидаи файласуфони муосир Карл Ясперс, Мартин Хайдеггер, Эрих Фромм ва дигарон дар он тамоюли умумиятдиҳии шахс, оҷизияти маънавӣ, мулоҳизаронии ифротӣ ташаккул меёбанд, ҳикмати фалсафӣ боз ҳам серталаб мегардад. Фалсафа дар таъиноти худ – маркази фарҳанги маънавӣ будан – барои сохтани низоми мураттаби гуманистӣ мадад мекунад, ба низоми арзишҳои воло ишорат мекунад, сабақи дағалонаи вақтро маълум намуда, имон ба хирадро устувор мегардонад. Ба кайфиятҳои муваққатӣ ва таассуротҳои шароити таърихӣ фалсафа мавқеи босуботи маънавиро муқобил мегузорад.

Вобаста аз он, ки кадом навъи робита ба ҳастӣ тафаккурро ҷалб месозад, фанҳои гуногуни фалсафӣ таъсис меёбанд. Масалан, нисбат ба олам аз нуқтаи назари маърифати он гносеология – назарияи маърифат (gnosis- дониш + logos-таълимот)–ро ба миён овард, омeзиши шаклҳои асоси ҳастӣ онтология (ҳастишиносӣ) (ontos- вуҷуд + logos-таълимот)-ро ташкил дод ва таҳлили шаклҳои куллии тафаккур бошад мантиқро ба вуҷуд овард.

Гуногунии ҳамтаъсирӣ дар низоми «инсон-олам» сабаби вазифаҳои мухталифи фалсафа мебошад. Вазифаҳои асосии фалсафа — ин ҷаҳонбинӣ ва методологӣ мебошанд. Вазифаи ҷаҳонбинӣ бо ташаккулёбии мавқеи ҳаётӣ, эътиқод ва идеалҳои одамон алоқаманд аст. Вай дар ду сатҳ амалӣ карда мешавад: мафҳумӣ-категориявӣ ва эҳсосӣ-образӣ. Вазифаи методологӣ дар таъмини маърифати илмӣ ва иҷтимоӣ бо қоидаҳо, меъёрҳою усулҳои санҷидашудаи тадқиқот зуҳур меёбад. Ғайр аз ин, фалсафа вазифаҳои иҷтимоӣ-арзишӣ, фарҳангӣ-тарбиявӣ ва пешгeикунӣ ва инчунин вазифаи танқидии зидгузорӣ ба догматизмро иҷро мекунад.

Фалсафа (инчунин дигар соҳаҳои донишҳои инсонӣ) тамоми маҷмeи донишҳои илмиро дар бораи олам фаро гирифта наметавонад, илми ҳамаи илмҳо, яъне аз болои ҳамаи фанҳои ҷузъӣ ҳукмфармоӣ карда наметавонад, ҳамчунин фалсафа дар қатори дигар фанҳо яке аз илмҳои ҷузъӣ буда наметавонад. Файласуф наметавонад ва набояд кори табиб, геолог, риёзидон, химик ва ғайраҳоро ба зимаи худ гирад. Баҳси бисёрсолаи фалсафа ва илмҳо дар бораи алоқамандии воқеии онҳо ба хулосаҳои зерин овард: а) илмҳои махсус ба ниёзҳои алоҳидаи мушаххаси ҷамъият (ба техника, иқтисодиёт, таъмини қонунгузорӣ ва ғ.) хизмат мекунанд. Онҳо қисматҳои мушаххаси воқеият, порчаҳои ҳастиро меомeзанд. Гегел ақида дошт, ки тафаккури илмӣ ғарқи маводи ҳудуднок буда, бо дарки ақлии ин ҳудуднокӣ маҳдуд аст. Фалсафаро бошад, олам дар томияташ ҷазб мегардонад. Вай ба дарки мукаммали куллиёт равона карда шудааст; б) илмҳои ҷузъӣ ба ҳодисаҳои объективӣ, ки берун ва новобаста аз инсону инсоният мавҷуданд, нигаронида шудаанд. Қонуни ҷозиба, баробарии квадратӣ, системаи даврии Д.И.Менделеев, қонунҳои термодинамикӣ ва амсоли инҳо объективианд. Амалии онҳо воқеӣ буда, аз ақидаҳо, кайфият ва шахсияти олим вобаста нестанд. Илм хулосаҳои худро дар назарияҳо, қонунҳо ва формулаҳо ба тасфиб мерасонад. Аз он муносибатҳои шахсиятӣ, эҳсосотии олим ба ҳодисаҳои омeхташавандаро ва назардошти оқибатҳои иҷтимоии ин ё он кашфиётро бартараф мекунад. Дар назари файласуф олам – ин томияти мутаҳаррик мебошад. Маълумотҳои илмиро ба инобат гирифта, фалсафа масъалаҳо дар бораи моҳиятҳо, мазмуну аҳамияти раванду ҳаводисро дар доираи ҳастии инсонӣ баррасӣ менамояд. Бинобар он, масъалаи асосии фалсафаро масъала дар бораи муносибати тафаккур ба ҳастӣ (муносибати инсон ба олам) ташкил медиҳад; в) агар намояндагони илмҳои ҷузъӣ аз тасаввуротҳои муайяни фанни худ натиҷагирӣ кунанд ва масъалаи эътимодбахшии онҳо таҳлил карда нашаванд, пас фалсафа ҳамеша кeшиш ба он дошт, ки заминаҳои эътимодбахши имконияти маърифатро, меъёрҳои фаҳмишу баҳодиҳии ҳама он чизеро, ки бо ҳастии инсон алоқаманд аст (фарқи ҳақиқат аз ақида, таҷриба аз назария, озодӣ аз бесарусомонӣ, зeроварӣ аз ҳокимият ва ғ.), муайян намояд.

Масъалаҳои ҳамҳудуд – соҳаи мақбули мулоҳизоти фалсафӣ мебошад. Мантиқшиноси бритонӣ Бертран Рассел эътироф менамояд, ки «фалсафа як чизи васоитӣ миёни илоҳиёт ва илм мебошад. Вай (яъне фалсафа) тимсоли илоҳиёт аз сeйистифодаҳо оиди предметҳо иборат аст, ки дониши аниқ дар бораашон то ҳол дастнорас мондааст. Аммо монанди илм вай бештар ба ақли инсонӣ,на ба нуфуз рe меоварад, ҳатто агарчи ин нуфузи анъанаҳо ё вайҳ бошад». Фалсафа, ба ақидаи e, «Замини бесоҳиб» байни илм ва илоҳиёт буда, бинобар ин, барои ҳуҷум аз ҳарду тараф кушодааст. Ба аксари саволҳои фалсафӣ, ба монанди «ҳикмат, хайр, маънои ҳаёт чист?» ҷавоб ёфтан дар озмоишгоҳи илмӣ имконнопазир аст. Инчунин фарзияи илоҳиётшиносон дар бораи офариниш ва Навиштаҷоти Муқаддас қаноатманд карда наметавонад. Саволҳои аз нуқтаи назари илм ва илоҳиёт ҳалнашаванда насиби фалсафа мебошад; г) агар илмҳои ҷузъӣ ба коркарду муназзамгардонии донишҳои қавӣ ва объективӣ дар бораи воқеият, ба муайян кардани қонуниятҳою дастрас намудани донишҳои нав равона шуда бошанд, пас фалсафа бо муносибати назариявӣ-рефлексивӣ ва маънавӣ-амалии субъект ба объект асос меёбад. Вай тавассути ташкил намудани идеалҳо, меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангии нав ба ҳастии иҷтимоӣ таъсири фаъол мерасонад. Тамоюли муҳими инкишофи фалсафа бо дарки мавқеи инсон дар олам, маънои мавҷудияти e, тақдири тамаддуни муосир алоқаманд аст; д) дар тафовут аз забони истилоҳӣ ва мафҳумии якмаънои илмӣ фалсафа забони хоси худро эҷод мекунад, ки ин забони категорияҳо, мафҳумҳои мақоми куллӣ ва заруратидошта: сабаб ва натиҷа, зарурат ва тасодуф, имконият ва воқеият, мазмун ва шакл ва ғайраҳо мебошанд; е) фалсафа мекeшад, ки ҳадди ниҳоии асосёбӣ ва танзимкунандаҳои ҳама гуна муносибати бошуурона ба воқеиятро дарёфт намояд. Дониши фалсафӣ на ба намуди тасвири мантиқан мураттабгардида ҳувайдо мешавад, балки ба худ намуди муҳокимаи ҳаматарафа, муқосаи танқидӣ ва баҳодиҳӣ ба роҳҳои имконии ҳалли масъалаи гузошташударо мегирад. Бинобар ин, дар фалсафа на танҳо натиҷаи дастрасшуда, инчунин раванди расидан ба ин натиҷа муҳим аст. Агар илм намуди муташаккилонаи қатъию ҷиддиро амалӣ мекарда бошад, пас фалсафа ҳар маротиба бо бунёди вариантҳои зиёдаи тасдиқоту раддия дучор мешавад. «Ба ҳама чиз шак ор» — ин аст ақидаи хиради фалсафадон; ё) дар илм ҳаракати кумулятивӣ (дар асоси донишҳои ҷамъовардашуда) ба пеш бурда мешавад (ба олим зарур нест, ки аз нав ҷадвали карат ё қонунҳои механикаи классикиро кашф намояд). Фалсафа аз иқтибоси натиҷаҳои аллакай дастрасшуда қонеъ шуда наметавонад. Чунончи, вай ба ҷавоби савол дар бораи маънои ҳаёт, ки мутафаккирони асримиёнагӣ пешниҳод кардаанд, комилан розӣ шуда наметавонад. ҳар як замона ин саволро ба тарзи худ ҳал менамояд. Хусусияти фалсафа дар он зоҳир мешавад, ки вай усули махсуси рефлексияро истифода мебарад. Ин усули ба худ фаро гирифтан, бозгашт ба заминаҳои ибтидоӣ ва ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нав мебошад. Барои фалсафа аз нав тасвият кардани масъалаҳои асосӣ дар давоми таърихи афкори инсонӣ хос аст; ж) илм ба далелу бурҳонҳо ва санҷишу озмоиши онҳо такя мекунад. Фалсафа бо олами моҳиятҳои тавассути ақл даркшаванда сарикор дорад. Чунончи, саволҳои «зебоӣ, ҳақиқат, хайр, адолат чист?» аз доираи ҷамъбасти таҷрибавӣ берун мебароянд. Зебоӣ ҳамчун мафҳум дар мисоловарҳои мо ҳудуд надорад: гул, кристалл, тасвири манзара ё образи занона… зебо аст. Фаҳмиши фалсафии зебоӣ ба дарки ин зуҳурот ан нуқтаи назари кулл нигаронида шудааст. Ин фаҳмиш аз доираи чизи таҷрибавии баррасишуда берун шуда, ба муайянкунии моҳиятӣ мерасад; з) агар фанҳои мушаххаси илмӣ бе назардошти таҷрибаи дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ инкишоф меёфта бошанд (масалан, физика метавонад таҷрибаи таърихи санъатро ба инобат нагирифта инкишоф ёбад, химия ба таҳаввули дин нигоҳ накарда, математика ба меъёрҳои ахлоқ эътибор надода ва биология асосҳои ҳуқуқро ба мадди назар нагирифта инкишоф ёфта метавонанд), пас бо фалсафа вазъият ранги дигар мегирад. Дар фалсафа ба сифати заминаи таҷрибавӣ ва нуқтаи ибтидоии тасаввуротҳои ҷамъбастӣ дар бораи олам маҷмeи таҷрибаи маънавии инкишофи инсоният ва ҳамаи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ (илм, санъат, дин, сиёсат, ҳуқуқ, ахлоқ ва ғ.) истифода мешаванд; и) дар фалсафа дар баробари ҷиҳатҳои назариявӣ-маърифатӣ инчунин майлони арзишӣ аҳамияти махсус касб менамоянд. Мувофиқи таъбири мутафаккири атиқа Протогор «Инсон ченаки кулли чизҳост», аз ин рe, фалсафа то имрeз дар ҷадвали арзишҳои инсонӣ асосмандкунии худро пешниҳод мекунад. Фалсафа ҳаёти инсониятро ба сифати арзиши мутлақ эътироф карда, оқибаҳои иҷтимоии кашфиётҳоро муҳокима мекунад.

Илм ва санъат

Санъат ин шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ мебошад. Вай ба тавлиди образҳои бадеӣ алоқаманд мебошад, ки инсониятро бо тобишоти васеъи эҳсосот, ҳиссиёт ва тасаввурот, инчунин бо гуногунии таҷрибаи инсонӣ ғанӣ мегардонад. Санъати воло ба ҷаҳондарккунии инсон эътимодбахшу фаҳмо таъсир расонида, ҳисси муҳаббат, адолат, ҳусну қубҳ, ғазаболудӣ аз нуқсону камбудиро таҳвил менамояд. Санъат аз илм чунин тафовутҳо дорад: а) оламро дар образҳои бадеӣ инъикос менамояд; б) маънои ҳаёти шахсии инсони алоҳида ва наслҳоро ифода мекунад. Маънои ҳаёти санъат аёнӣ ва образнок дар тасвирҳо, киноматография, драматургия, хореография зуҳур меёбад. Инсон онро дарк мекунад ва аз он мутаасир мешавад. Мусиқӣ, суруд, адабиёт, назм, наққошӣ ва дигар тобишоти рангӣ, ба ҳолати ботинии инсон таъсир мерасонанд, андозаи арзишмандонаи идрок кардани воқеият мебошанд. ҳадафи илм иборат аз пажeҳиши қонунҳои умумӣ аст. Санъат ба ҳар як воқеаю ҳодисаи алоҳида таваҷҷeҳ зоҳир мекунад. Дар илм ҷамъбасткунӣ ҳукмфармо аст. Дар санъат фардиятсозӣ ва намудҷудокунӣ, ки дар қабои образҳои бадеӣ мавҷуданд, муҳим мебошанд. Дар тафовут аз аксиомаҳою формулаҳои илм, идеалҳои санъат таърихан мушаххас ва тағйирнопазир мебошанд. Таърихи санъат гуногунии услубҳо, тарзҳои баён, сабабҳои пайдоиши онҳо ва мeъҷиботи иҷтимоиро тасвир менамояд, аҳамияти миллию этникии ҷаҳоншиносиро нишон медиҳад. Дар тафовут аз илм санъат на ба дарки ақлӣ, балки ба дарки ҳиссӣ-робитавии тасавурот ва эҳсосоти инсон нигаронида шудааст. Ин ҳолат қутбҳои шуури бадеиро ба миён меоварад: зебоӣ-зиштӣ, фоҷиа-мазҳака, воқеӣ-тахайюлӣ ва ғ. Барои эъҷодкор ҳаркати рeҳ, гeвоҳии дил, ҳаловатбарӣ, силсилаи тасавуротҳо нисбат ба меъёр, стандарт, мувофиқат Тасодуфӣ нест, ки санъати бадеӣ, аз қабили муболиға, иғроқ, ифроту тафрит, муҳобот ва ғайраҳо тарзи бадеӣ-образии инъикоси воқеият мебошад. Барои илм ғояи қонуниятҳо танзимгари муҳим аст, барои санъат ғояи зебоишиносӣ асоситарин танзимгар аст. Санъат ба инсон як навъ кайфияту фараҳмандӣ мебахшад, ки ҳамоҳанг ба ҳисси лаззат аз зебоӣ аст. Санъати Юнони атиқӣ ба ғояи зебоӣ- шуҷоатмандӣ муттако аст. Зебоӣ ин шуҷоатмандист ва шуҷоатмандӣ ин худ зебоӣ аст. Шўълаандўзӣ, покшавӣ, эҳсоси пурраи арзишҳо дар раванди мутаассиршавӣ аз фоҷиа, низоъ, драма, ки дар асарҳои барҷастаи санъат пешниҳод шудаанд, ба вуҷуд меояд.

Олимон байни санъатҳои ғарбӣ ва шарқӣ тафовут гузошта, ишора мекунанд, ки умуман санъати ғарбӣ хусусияти инсонмарказӣ ва санъати шарқӣ кайҳонмарказӣ доранд. Гумон меравад, ки дар давраи атиқа бадеияти муайянкунанда ин ҳайкалтарошӣ, дар замони Эҳё — рассомӣ, дар асрҳои ҶIҶ-ҶҶ — адабиёт, дар асри ҶҶI киноматография мебошад. Олами олим ва раванди кашфиёти илмӣ предмети инъикоси бадеӣ шуда метавонад. Санъат метавонад ба “муқаддасот”-и нобиғонаи инсонӣ роҳ ёбад, асрори муносибатҳоро ошкор созад, рўҳи инсонро донад ва ба он таъсир расонад.

3.2. ТАСНИФОТИ ИЛМҳО

Маърифати илмӣ — ин шакли объективонаю предметии дарк кардани воқеъият, ҷараёни омўзиши фактҳои нав ва кашфи қонуниятҳои табиат мебошад. Илмҳои муосир ба се гурўҳи калон — табиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ ҷудо карда мешаванд. Илмҳои табиатшиносӣ бо муттаҳидсозии тафсири риёзии табиат ва тадқиқотҳои озмоишӣ-таҷрибавӣ асос ёфтаанд. Илмҳои техникӣ ҳамчун зинаи пайвасткунандаи байни табиатшиносӣ ва истеҳсолот мебошад. Мақоми донишҳои техникӣ баланд гардида, аз истифодаи бомуваффақияти амалии илм шаҳодат медиҳанд. Илмҳои ҷамъиятшиносӣхусусиятҳои таърихии низомҳои инкишофёбандаииҷтимоиро муайян менамоянд. Њамаи илмҳои мукаммал дараҷаҳои тадқиқотҳои таҷрибавию назариявӣ ва инчунин тақсимоти дохилии худро доранд. Дар замони муосир тамоюли ҳамгироии маърифати илмӣ-табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ хеле пурзўр гардидааст, ки ба дарки объектҳои эҳтиёҷоти инсонӣ равона шудааст. Махсусан тадқиқотҳои том ва байнифаннӣ аҳамияти хосса пайдо кардаанд.

Таснифоти илмҳо ин табақабандӣ ва танзимгардонии донишҳо дар асоси мувофиқати хосиятҳои муайян мебошад. Ё ба таъбири дигар, таснифоти илмҳо дар асоси принсипҳои айниятӣ (объективӣ), зеҳнӣ (субъективӣ), ҳамоҳангсозӣ (координатсия), мартаботӣ (субординатсия) ва ғ. ошкор сохтани робитаи мутақобили илмҳо ва тартиби ҷойгиршавии мантиқан асосноки илмҳо мебошад.

Илм дониши созмонёфта аст. Аз ин рў, дар ҳар илм мо бо назарияҳо, мафҳумҳои асосӣ, иттилооти муайян, равишҳо, воситаҳо, маҳоратҳо ва ғ. сарукор дорем. Назария поя ва асоси созмони илмҳоро ташкил медиҳад. Аз тариқи мафҳумҳои асосӣ, назарияи иттилоотро, ки ба василаи озмоишу таҷриба ба даст омадааст, созмон медиҳад. Дар ин созмон робитаи мафҳумҳои ҳиссӣ низ равшан мегардад. Дар созмони ҳар илм ҷузъҳои он ва робитаи миёни онҳо мушаххас мешаванд. Муқоисаи назарияи Нютон бо он чӣ, ки Эйнштейн баён доштааст, нақши назарияро дар шаклгирии мафҳумҳо ва созмон додани умури ҳиссӣ равшан месозад. Њамчунин назарияи Фрейд дар бораи шахсият ва нақши омили бешуурӣ дар рафтори фард боиси тарҳи мафҳумҳо, тавзеҳи амалҳои фард мебошад.

Ќисме аз донишмандон вусъати доманаи маърифати инсонӣ, аз миён рафтани тавононии як фард дар фаро гирифтани маърифатҳои гуногун, дар натиҷаи тақсимоти меҳнат пайдо шудани тахассусҳои гуногунро чун далели вусъатёбию зуҳури илмҳои гуногун тавсия намуданд.

Ќисми дигари олимон бошанд, мавзўъҳо ё масъалаҳои гуногунро ҳамчун далели ҷудошавии илмҳо ва пайдоиши илмҳои мухталиф қаламдод кардаанд.

Ба назари ин ду қисми олимон барои осонии мутолиаи илмҳои гуногун, вобаста ба пайдоиши ҳар илму иртиботи он бо дигар илмҳо ва мушаххас кардани ҳудуди ҳар ришта таснифот ё табақабандӣ лозим аст.

Усулҳои таснифот ё табақабандӣ: он чи дар навбати аввал дар таснифоти илмҳо матраҳ мешавад, усулҳо ё меъёри таснифот (ё табақабандӣ) аст. Дастае аз донишмандон навъи падидаҳоеро, ки мавриди баррасиву омўзиши илмҳои гуногун қарор мегиранд, меъёри табақабандӣ мешуморанд. Падидаҳои ҳаётӣ ё мавҷудоти зиндаро мавзўи зистшиносӣ, падидаҳои ғайриҳаётӣ ё мавҷудоти беҷонро мавзўи физика ва дигар илмҳои табиатшиносӣ қарор медиҳанд. Мавзўи илмҳои гуногун мумкин аст монанд бошад. Аммо навъи масъалае, ки барои ин мавзўъ аз ҷиҳатҳои гуногун матраҳ мегардад, сабаби таснифоти илмҳо мешавад. Масалан, инсон ба сифати як мавҷуди зинда мавзўи омўзиши зистшиносӣ (биология) қарор мегирад ва аз назари шинохти фардияту шахсияташ мавзўи баррасии равоншиносӣ (психология) ва ҷомеашиносӣ мебошад. Баъзан инсон ва табиатро муқобили ҳамдигар қарор дода, ба ин васила илмҳои инсоншиносии монанди равоншиносӣ ва ҷомеашиносиро аз илмҳои табиатшиносӣ ҷудо месозанд.

Баъзан илмҳои табиатшиносӣ (ё таҷрибавӣ)-ро дар муқобили илмҳои шаклӣ — риёзиёт ва мантиқ қарор дода, ин ду гурўҳро аз якдигар ҷудо месозанд. Гуфта мешавад, ки илмҳои табиатшиносӣ аз падидаҳои ҳиссӣ баҳс мекунанд, дар сурате ки риёзиёт ва мантиқ аз усули муҷаррад (абстракт) ё аломатҳо гуфтугў менамоянд.

Он чи дар ҷараёни таснифот таъсир дорад, бо диди донишмандон вобастагӣ дорад. Агар инсонро ҷузъи табиат қабул кунанд, пас миёни ў ва дигар падидаҳои табиӣ фарқе надорад. Дар ин сурат равоншиносию ҷомеашиносӣ низ ҷузъи илмҳои табиатшиносӣ қаламдод хоҳад шуд. Дар риштаҳои биофизика ва биохимия қисме аз донишмандон саъй доранд, ки падидаҳои ҳаётиро мутобиқи усули физикӣ ва кимиёвӣ баён кунанд. Бинобар ин, чунин таснифот то ҳадде таҳти таъсири афкори ин қабил донишмандон ва мафҳумҳои матраҳсохтаашон қарор дорад.

Дар мавриди илмҳои риёзӣ ва тафовути онҳо аз илмҳои табиатшиносӣ низ ҳамин масъала матраҳ аст. Агар илмҳои риёзӣ аз умури муҷаррад (абстракт) ё аломатҳо баҳс кунанд, чи гуна метавон иртиботи наздики онҳоро бо илмҳои физикӣ тафсир намуд?

Баро чи падидаҳои табиатшиносӣ аз қонунҳои риёзӣ пайгирӣ мекунанд? Чи гуна моделҳои риёзӣ қобили татбиқ ба ҳаводиси табиӣ ҳастанд? Чаро қонунҳои илмҳои физикӣ ба сурати муодилаҳои риёзӣ матраҳ мешавад.

Гурўҳе аз олимон мавзўъоти илмиро аз ин назар, ки ҷанбаи амалӣ ё ҷанбаи назариявӣ дошта бошанд, ба ду табақа тақсим мекунанд. Илмҳои маҳз назариявӣ – риёзиёт, физикаи назариро дар муқобили риёзиёти амалӣ ва физикаи амалӣ қарор медиҳанд. Љанбаи амалӣ яке аз хусусиятҳои илми муосир аст ва чунин табақабандӣ низ воқеӣ нест. Људо кардани ҷанбаъҳои назариявӣ аз ҷанбаъҳои амалӣ низ имкон дорад, ки ба мушкилӣ оварда расонад.

Баъзе донишмандон илмҳоро дар асоси равишҳои маъмули таҳқиқоти онҳо табақабандӣ мекунанд. Масалан, илмҳои риёзиро илмҳои қиёсӣ ва илмҳои табииро илмҳои истиқроӣ (таҳқиқӣ) қаламдод менамоянд. Бояд дид, ки дар ҷараёни таҳқиқ дар илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ кадом ҷанбаи таҷрибавиро аз ҷанбаи қиёсӣ ҷудо бояд кард?

Эътибори баъзе аз усули риёзӣ аз тариқи мушоҳида ва озмоиш таъйид мешавад. Њамин тавр назарияҳои илмӣ дар риштаҳои табиатшиносӣ бештар ҷанбаи фикрӣ, натиҷагирӣ ва таҳқиқӣ (истиқроӣ). доранд Дар айни ҳол озмоиш дар баррасии назарияҳои илмӣ нақши асосӣ мебозад.

Иосиф Љей Шваб дар китоби «Созмони маърифат ва барнома» чор меъёрро дар таснифоти илмҳо зикр мекунад: 1) мавзўи илмҳо ё ончи мавриди таҳқиқу баррасии илмҳо қарор дорад; 2) навъи амал ё маҳорате, ки дар таҳқиқи як илм ба кор меравад; 3) равиш ё равишҳои таҳқиқ дар ҳар илм; 4) ҳадаф ё натиҷаи мавриди назар ё навъи маърифате, ки дар ҳар илм ҷустуҷў мешавад. Бо ин ҳар илмеро мумкин аст, ки ба табақае ҳамроҳ када шавад, масалан, равоншиносиро ҷузъи илмҳои инсоншиносӣ қарор додан. Њамин тариқ, табақабандӣ низ дар ин замина қаноатбахшанда нест, илми равоншиносӣ низ аз ҷиҳате ҷузъи илмҳои табиатшиносӣ маҳсуб мешавад. Аз тарафи дигар, қарор додани қисме аз илмҳо дар табақаи муайян мушкил аст. Масалан, биофизика ё биокимиёро наметавон маҳз ҷузъи илмҳои физикӣ ё илмҳои биологӣ қарор дод. Умуман бояд гуфт, ки таснифот (ё табақабандӣ)-и илмҳо бештар ҷанбаи амалӣ дорад ва аз ин нуқтаи назар муфид аст.

Бояд қайд намуд, ки масоили таснифоти илмҳо дар ҳамаи давру замонҳои тахрихӣ мавриди таҳқиқу баррасиҳои мутафаккирону ҳакимони ҷаҳон қарор гирифта буд. Њарчанд мутафаккирони аҳди қадим вобаста ба табақабандии илмҳо асари хоссаву ҷудогонае таълиф накарда бошанд ҳам, вале кўшишидаанд, ки зимни баррасии дигар назариёти умумифалсафиашон доир ба таснифоти улум ҳам изҳори андеша намоянд.

ҳакими мумтозу фарзонаи юнонӣ Афлотун (427-347 то мелод) мавзўъ маърифатро ба чор табақа тақсим менамояд. Табақаи аввал — маърифат кардани қуллиёт аст. Куллиёт, аз назари Афлотун, вуҷуди мустақил ва воқеӣ доранд ва ақли маҳзу холис қодир аст, ки онро дарк кунад. Табақаи дуюм — маърифатҳои шартиро ташкил медиҳад. Ба назари Афлотун, фаҳм ин гуна маърифатҳоро дармёбад. Табақаи сеюм — фарогири ашё ва воқеаҳо мешавад. Маърифат кардани ашё ва вақоеъ ба василаи «ақида» имконпазир мебошад . Табақаи чорум – маърифати тахайюлӣ аст. Тасвири ноқиси ашёи воқеӣ мавзўи маърифати тахайюлиро ташкил медиҳад ва ин маърифат ба василаи гумон ё пиндошт ҳосил мегардад.

Арасту (384-322 то мелод) фалсафа ё илмҳоро ба се табақа — назариявӣ, амалӣ, эҷодӣ (ибдоъӣ) ҷудо мекунад. Њадафҳои ин илмҳо ба тартиб донистан, амалкардан ва эҷод (созондан ) ё ибдоъ мебошанд.

Илмӣ назариявӣ шомили се қисмат – метафизика, риёзиёт ва табииёт ҳастанд. Дар қисмати метафизика Арасту масъалаҳои ҳастӣ, сабабият, вуҷуди Худо, ҳадафи ҷаҳон ва ваҳдати табиатро мавриди баҳс қарор медиҳад. Дар қисмати риёзиёт аз мафҳумҳое баҳс мешавад, ки маҳсули эҷоди зеҳни одамӣ ҳастанд, вале таҳқиқи онҳо дар хориҷ ба василаи ашёи ҳисшаванда сурат мегирад. Дар қисмати табииёт сухан дар бораи зуҳуроте меравад, ки дар олами беруна вуҷуд доранд ва сарчашмаи мафҳумҳои зеҳнӣ ҳастанд. Њадафи ин се қисмат дониш ё маърифат аст.

Илмҳои амалӣ шомили таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун (кишвардорӣ) мебошанд. Њадафи ин илмҳо анҷом додан аст ва бо ихтиёру тасмим ва амали афрод иртибот доранд.

Илмҳои ибдоъӣ (эҷодшуда) шомили ҳунарҳо ва муҳандисӣ мебошанд. Натиҷаи ин илмҳо офаридан ва эҷоди чизҳои муайян аст.

Дар фалсафаи Шарқии исломӣ, хусусан, ҳикмати ноби тоҷику форс бо файзбардорӣ аз анъаноту сунатҳои фалсафаи бостонии юнонӣ доир ба масоили таснифот ё табақабандии илмҳо андешаҳои ҷолибе баён шудааст. Таҳқики ин масъала тақлидкорона набуда, балки хусусияти эҷодкорона дорад ва мутобиқи табиати фаҳанги исломию асолати он ҳаллу фасл карда шудааст.

Абўнасри Форобӣ (870-950) ва Ибни Сино (980-1037) аз ҷумлаи шаҳиртарин файласуфоне мебошананд, ки роҷеъ ба таснифот ё табақабандии илмҳо ақидаҳои пурарзише баён намудаанд. Њатто Форобӣ асари махсус дар иртиботи табақабандии илмҳо бо номи «Эҳсо-ул-улум» таълиф кардааст, ки ҳозир ҳам аҳамияти назариявию амалии худро нигоҳ доштааст, ки бо ҳамин маъно худи файласуф низ дар муқаддимаи ҳамин рисолааш нигоштааст: «Ин китоб ба донишпажўҳон мадад мекунад, то мавзўи ҳар донишеро, ки мехоҳанд фаро гиранд, нек бишносанд ва аз қоидаву натиҷаи он бархурдор шаванд ва ба онҳо нерў мебахшад, ки битавонанд миёни илмҳо мувозина барқарор созанд, то бартарину решадортарин ва устувортарини онҳоро шиносанд ва миёни донишмандони ҳақиқӣ ва олими намоёне, ки бидуни мояву далел дар яке аз он илмҳо иддаои тасвир мекунанд, фарқ ва тамиз қоил шаванд». Аз ин матолиб худ моҳият ва ҳадафи табақабандии илмҳо возеҳона бармеояд. Китоби Форобӣ «Эҳсо-ул-умум», ки ба панҷ фасл тақсим шудааст, шаҳодати имкони ба панҷ табақаи илмҳо тасниф шудани таълифоти худи мутафаккир аст.

Фасли аввали «Эҳсо- ул-умум» — «илми забон» ном дорад, ки доир ба илми забон ва шохаҳои он сухан меравад. Ба назари Форобӣ, илми забон шохаҳои луғат, наҳв, сарф, шеър, навиштан ва хонданро дар бар мегирад. Илми забон ба таври куллӣ ду қисм аст. Яке ёд гирифтани алфозе, ки дар назди миллате дорои маънӣ ва шинохти ҳудуду далолати он алфоз аст; дуюмӣ — шинохт ё маърифати қонунҳои ин алфоз.

Ба назари мутафаккир, пешиниён ҳар абзореро, ки барои баррасии ончи, ки мумкин аст одамӣ бидуни он хато кунад, қонун номидаанд. Сипас e дар мавриди бахшҳои ҳафтгонаи муҳими аркони «илми забон» сухан мегўяд. Онҳоро ба илмҳои алфози муфрад, алфози мураккаб, қонунҳои алфози муфрад, қонунҳои алфози мураккаб, қонунҳои дуруст навиштан, дуруст хондан, қонунҳои ашъор ҷудо мекунад ва моҳияту мўҳтавои ҳар кадоми ин илмҳоро дақиқназарона тавзеҳ медиҳад.

Фасли дуюми рисолаи Форобӣ «илми мантиқ» ном дорад. Мутафаккир дар ин фасл далели ниёзманд будани инсонро ба илми мантиқ ва қоидаҳои мантиқиву зарурати донистани онро барои касе, ки ба кори таҳқиқоти илмӣ мепардозад, баён доштааст. Ў мавзўи мантиқро чунин шарҳ медиҳад: «Мантиқ саноате аст, ки бо омўхтани он аз нерўе баҳравар мешавем, ки метавон дар сояи он ҳақро ба яқин дарк кард ва ботилро аз ҳақ бозшинохт». Ин қазияҳо (гуфторҳо) иборатанд аз: бурҳонӣ, ҷадалӣ, сафсатаӣ, хитобӣ ва шеърӣ. Форобӣ сипас ақсоми қиёсҳо ва саноати қиёсро дар панҷ чиз – яқинӣ, гумонӣ, сафсатӣ, басандагӣ (кофӣ), тахайюлӣ маълум месозад. Баъдан Форобӣ дар идомаи ин фасл муттако бар қонунҳои арастуӣ тавассути бобҳои гуногуни мантиқ ба ин гуфторҳо ишора мекунад. Ќонунҳои арастуӣ аз Мақулаҳо (Категорияҳо), Иборот (Бори арминос), Ќиёс (Аналитикаи якум), Бурҳон (Аналитикаи дуюм); Мавозеи ҷадалӣ (Топика), Сафсата ё ҳикмати зебо (Софистикҳо), Хитоба (Риторика), Шеър (Поэтика) иборатанд. Ин қонунҳо асосу мўҳтавои илми мантиқро ташкил медиҳанд. Донистани онҳо барои касоне, ки ба кори таълим мепардозанд, аз заруртарину муҳимтарин муқаддамоти кор аст.

Фасли сеюми «Эҳсо-ул -улум»- и Форобӣ – илми таолим (риёзиёт) ном дорад, ки ба ҳафт бахши калон — илми адад (ҳисоб), илми ҳандаса (геометрия), илми манозир (тасвирот), илми нуҷум (астрономия), илми мусиқӣ, илми асқол (вазнҳо), илми ҳиял (механикаи татбиқӣ), ё ҷабр ва муқобала ҷудо мешавад.

Ба фасли чоруми рисола илми илоҳӣ ва илми табиатшиносӣ дохил карда шудааст.Форобӣ дар ин бахш дар мавриди илми табиатшиносӣ, илме, ки доир ба аҷсоми табиӣ ё сунъӣ аст, баҳс мекунад, тафовут миёни сабабҳои ғойӣ (ниҳойӣ) ва фоилии (амалкунандаи) ҷисмҳо, модда ва шакли онҳоро мушаххас месозад. Доир ба ҳадафҳои ҷисму мартабаҳои ҷисмҳои табиӣ (содда ва мураккаб) сухан мегўяд. Форобӣ ҷисмҳоро ду қисм — саноъӣ ва табиӣ медонад. Љисми саноъӣ, монанди шиша, шамшер, порча ва ба таври куллӣ ҳар чизе, ки бо санъат ва иродаи инсон эҷод мешавад. Љисми табиӣ, ончи ки вуҷудаш ба санъату иродаи инсон вобастагӣ надорад, монанди осмон, замин ва ончи миёни онҳост, ҳамчун гиёҳ ва ҳайвон.

Сипас дар мавриди ҳадафҳову ғаразҳое, ки боиси падид омадани ҷисмҳои сунъӣ ва табиӣ шудааст, баҳс меорояд. Дар миёни илми табиатшиносӣ, Форобӣ илмро бар муттакои китобҳои Арасту ба ҳашт бахши калон тақсим мекунад ва ин ҳашт бахш чунин аст: 1) баррасии он асосҳое, ки дар тамоми ҷисмҳои табиӣ муштараканд; 2) баррасии ҷисмҳои басит (содда); 3) баррасии кавну фасод (ҳаёту мамот)- и ҷисмҳои табиӣ; 4) баррасии асосҳои арзҳо ва таъсирпазирии ҳисшавандаи унсурҳо; (5) баррасии ҷисмҳои маъданӣ; 6) баррасии гиёҳ; 7) баррасии ҳайвон; 8) баррасии ҷисмҳое, ки аз унсурҳо таркиб ёфтаанд.

Пас аз ин Форобӣ ба таърифи илми илоҳӣ (метафизика) мепардозад ва ишора мекунад, ки дар ин таъриф аз китоби «Метафизика» — и Арасту пайравӣ кардааст. Ў илми илоҳиро ба се бахш ҷудо мекунад: 1) бахше, ки дар он аз мавҷудоти чизҳои дигар, ки оризи ҳар мавҷуд шавад, баҳс мекунад; 2) бахше, ки дар он аз асосҳои бурҳонҳо, дар илмҳои назариявӣ – ҷузъӣ баҳс мешавад; 3) бахше, ки дар он аз мавҷудоте баҳс мешавад, ки ҷамъият надоранд ва дар ҷисмҳо нестанд.

Форобӣ дар ин баҳс ба Аввале мерасад, ки мумкин нест, ки пеш аз Ў, аввале буда бошад. Ба Ќидаме мерасад, ки мумкин нест, қадимтар аз «Ў» чизе буда бошад. Ба Мавҷуде мерасад, ки мумкин нест вуҷуди худро аз чизи дигаре гирифта бошад. Ва ин ҳамон Мавҷуди азалии қидам ва Воҳиди мутлақ аст ва баён мекунанд, ки дигар мавҷудот дар вуҷуди «Ў» муттаахиранд. Собит мекунад, ки «Ў» мавҷуди аввале аст, ки ба ҳар мавҷуде, савои худ вуҷуд бахшидааст ва возеҳ месозад, ки «Ў» воҳиди аввале аст, ки ваҳдати ҳар чизро «Ў» додааст.

Фасли панҷуми «Эҳсо–ул улум» ба шарҳу баёни илми маданӣ, илми фиқҳ ва илми калом равона шудааст. Илми маданӣ — ахлоқ ва сиёсат мебошанд. Форобӣ дар ин бахш эътироф мекунад, ки дар ин таъриф бар асоси китоби «Љумҳурият»-и Афлотун ва китоби «Сиёсат»-и Арасту сухан гуфтааст. Ў илми маданиро шомили навъҳои афъол, рафтори иродию ахлоқӣ ва ахлоқи одот медонад, ки ҳадаф аз ин афъолу рафторро баён мекунад. Сипас тавзеҳ медиҳад, ки кадоме, ки ношоист ва инсон бояд чи рафторе дошта бошад, то ба саодат бирасад. Ў илми маданиро ба ду бахш тақсим мекунад, ки бахше шомили таърифи саодати ҳақиқӣ ва саодати пиндорӣ аст. Ва тавзеҳ медиҳад, ки даст ёфтан ба саодати ҳақиқӣ дар зиндагии зудгузари ин ҷаҳон ғайриимкон аст ва расидан ба чунин саодате танҳо дар зиндагии ҷовидонаи дигар сарое имконпазир аст. Бахши дигар ба таърифи навъҳои ҳукумат ва мадинаи фозила ихтисос дорад. Њукуматро ду навъ медонад: 1) ҳукумате, ки битавонад афъолу суннатҳо ва малакоти иродиро, ки дар партави онҳо метавон ба саодати ҷисмӣ расид, дар мардум ҷойгузин кунад, ки чунин ҳукуматро ҳукумат ё раёсати фозила гўянд; 2) ҳукумате, ки дар шаҳрҳо ва дар миёни мардум, афъолу ахлоқро ривоҷ медиҳад, ки мояи саодати пиндорӣ аст, яъне дар ҳақиқат саодат нест. Номи ин ҳукумат, раёсати ҷоҳилӣ ё ҳукумати ҷоҳилият аст. Ин навъи ҳукумат қисмҳое дорад, ки ҳар як муносибат ва ҳадафе, ки доранд, номгузорӣ мешаванд, монанди ҳукумати хиссат «ҳадафи он молғункунӣ аст» ё ҳукумати каромат, «ки дар талаби бузургӣ қадам бардошта мешавад». Сипас Форобӣ баён мекунад, ки роҳи эҷоди фазилат дар вуҷуди инсон он аст, ки афъолу суннатҳои фозила пайваста дар шаҳрҳо ва миёни умматҳо роиҷ бошад ва ҳамагон муштаракан онро ба кор бибаранд, ин кор имконпазир нест. Макр ва василаи ҳукумате, ки дар партави он афъоли нек ва ахлоқи писандида дар шаҳрҳо ва миёни мардум ривоҷ ёбад. Пазириши чунин ҳукумате танҳо бо нерўи хидмат ва фазилате имконнопазир аст, ки мавриди қабули мардум бошад.

Илми фиқҳ, ки дар мавриди ин илм Форобӣ мегўяд: «Саноати фиқҳ донише аст, ки инсон ба василаи он метавонад ҳудуди ҳар чизро, ки возеҳ шариат тасреҳ накардааст, бо муқоиса бо он чизҳое, ки ҳудуди мизони онҳо ошкоро дар шариат баён шуда, ташхис медиҳад». Барои ба даст овардани аҳкоми саҳеҳ бар тибқи мақсуди возеҳи шариат, иҷтиҳод (ҷаҳд) мекунад. Њар оине дорои ақоид ва афъоле аст, Худои бузург ва сифоти ўро ба мардум мешиносонад ва дар бораи олами дигари падидаҳо баҳс мекунад. Афъол, он корҳое аст, ки барои сипос ва ситоиши Худои бузург анҷом мешавад, ё корҳое, ки ба рафтори мардум ва муомилоти мадании онҳо марбут мешавад. Ба ин сабаб илми шариат ба ду бахш тақсим мешавад, яке шомили ақоид ва ороъ аст ва дигаре шомили афъол.

Илми калом. Форобӣ китоби «Эҳсо-ул-улум» — и худро бо тавзеҳи илми калом ба анҷом мерасонад. Ў дар таърифи илми калом мегўяд: «Саноати калом қиблае аст, ки инсон бо мадади он метавонад бо нерўи сухан аз ороъ ва афъоли маҳдуди муайяне, ки возеҳ шариат онҳоро сареҳан баён кардааст, ҷонибдорӣ кунад ва ҳар чиро муолифи он аст, ботил намояд».

Матлаби чашмгири ин фасл он аст, ки Форобӣ илми каломро дар шумори илмҳои амалӣ қарор медиҳад ва баён мекунад, ки мақсуд аз илми калом танҳо расидан ба раъй ё ақидаи яқине нест, балки ҳадафи он эҷоди итминон ба дурустии раъй аст, ки бояд мавриди амал воқеъ бишавад. Форобӣ вазифаи фақеҳ ва мутакаллимро бодиққат аз якдигар ҷудо мекунад ва мегўяд: Саноати калом ғайр аз илми фиқҳ аст. Зеро фақеҳ бо ороъ ва афъоле сару кор дорад, ки возеҳ шариат онро сареҳан баён кардааст. Фақеҳ ин масоили қатъиро асл қарор медиҳад, то дигар аҳкоми лозимро аз онҳо натиҷа ё ҳосил кунад. Вале мутакаллим аз ақоиде ҷонибдорӣ мекунад, ки фақех онҳоро ба унвони усул ба кор мегирад, бидуни онки чизҳои дигар аз он ҳосил (истинбот) кунад. Пас, агар шахс бар ин ҳарду саноат фарогир бошад, ў фақеҳи мутакаллим аст, яъне чун метавонад аз шариат ҷонибдорӣ кунад, мутакаллим аст ва чун қодир аст ба истинботи (ҳосили) фурўъ аз усул бипардозад, фақеҳ аст.

Зери таъсири боризи китоби «Эҳсо–ул-улум»-и Форобӣ дар олами фарҳангии исломи асримиёнагӣ як силсила китобу рисолаҳои илмӣ–фалсафие ба миён омаданд, ки масоили таснифот ё табақабандии илмҳоро пурғановаттару комилтар гардонид.

Китобҳое, ки таҳти таъсири «Эҳсо–ул-улум» падид омаданд, иборатанд аз: «Расоили Ихвон-ус-сафо» (шомили 52 рисола дар чаҳор бахш- риёзияи таълимия, табиати ҷисмония, нафсонияти ақлия ва илоҳиёти номусия); «Љавомеъ-ул-улум»-и Шайъо бини Фариғун (соли таълиф 393-ҳиҷрӣ): «Мафотеҳ–ул-улум» — и Абўабдуллоҳ Муҳаммад бини Аҳмад бини Юсуф Котиби Хоразмӣ (солҳои таълиф 367-372-и ҳиҷрӣ ) ва шомили понздаҳ илм аст; рисолаи «аш-Шифо»-и Ибни Сино; «Иршод-ул–қосид ило аснӣ ал-мақосид»-и Шамсиддин Муҳаммад бини Иброҳим Соъид ал–Бухорӣ ал-Акфонӣ; «Муқаддима»-и Ибни Халдун; «Мифтоҳ ас-саода ва мисбоҳ ас-сиёда»-и Тоши Куброзода; «Кашф-ул-зунунан исомӣ ал-китаб ва ал-фунун»-и Мустафо Абдуллоҳ; «Кашофи истилоҳот ал-фунун»-и Мавлавӣ Муҳаммади Аъло бини Алӣ Таҳонавӣ; «Абҷадия ал-улум»-и Сиддиқи Њасан ва чандин рисолаву китобҳо дар Аврупои Ѓарбӣ ва ғайра.

Форобӣ ҳарчанд дар «Эҳсо–ул-улум» ва он таснифоти илмҳои дар он доирнамуда роҷеъ ба фалсафа ё ҳикмат ибрози андешаи хоса накарда бошад ҳам, вале дар дигар осори фалсафиаш – «Китобу орои аҳли-л-мадинати-л-фозила», «Китоб-ул-ҷамъ байна раъйи-л-ҳикматайни–Афлотун–ул-илоҳӣ ва Арастутолис», «Китобу–т-танбеҳ ало сабили-с-саода», «Китобу–с–сиёсати–л-мадания» ва ғайра дар иртиботи моҳияту мўҳтавои фалсафа ва табақабандии соҳавии он мулоҳизаҳои амиқу дақиқ баён кардааст, ки дарку маърифати ҳамаҷонибаи онҳо дар масъалаи таснифоти умумии илмҳо аз аҳамияти назарию амалӣ ва методологӣ бархурдор мебошад .

Аз ин осори пурғановати файласуфи доиратулмаориф бармеояд, ки фалсафаро ба ду бахш – назариявӣ ва амалӣ тақсим карда ба тамоми масоили умда ва муҳими фалсафаи даврони хешро мавриди баррасиву таҳқиқ қарор додааст. Ба назари Форобӣ, санъате, ки ҳадафаш танҳо таҳсили ҳасанот аст, фалсафа ё ба маънои мутлақ ҳикмат номида мешавад. Азбаски ҳасанот ду навъ дорад, яъне танҳо илм ва илму амал, санъати фалсафа низ ба ду навъ тақсим мешавад. Ба василаи як навъи он чизеро дармеёбанд, ки ҳастиашон ба феъли инсон вобаста нест. Маҳз дар ҳамин навъ истеъдоди анҷом додани ҳасанот ниҳон аст. Ин навъи фалсафа фалсафаи амалӣ ва ё фалсафаи маданӣ номида мешавад (аль-Фараби. Социально–этические трактаты. Алма-Ата, 1973, стр. 34).

Фалсафаи назариявӣ се навъи илмро шомил аст: 1) риёзиёт; 2) табииёт; 3) илоҳиёт. Њар яке аз ин илмҳо мавзўъотеро шомил аст, ки бояд алоҳида дониста шаванд. Вале бояд гуфт, ки дар мавриди мушаххас файласуф ба маънии танг ё маҳдуд ё хос танҳо илоҳиётро фалсафаи назариявӣ меномад, ки он аз се шоха иборат аст.

Шохаи аввали он мавзўъоти мавҷуд ва ашёи моддиро меомўзад. Шохаи дуюми он асосҳои исботи илмҳои назариявии ҷузъӣ, чун мантиқ, ҳандаса, ҳисоб ва ғайраро баррасӣ менамояд Шохаи сеюмаш мавзўъоти ғайриҷисмониро, ки на ҷисманд ва ҷисмонӣ, мавриди тадқиқ қарор медиҳад. (О классификации наук. // аль–Фараби. Философские трактаты.- Алма-Ата, 1972, стр 172-173). Аз ин гузориш бармеояд, ки арзишоти назариявӣ ва амалӣ-дастурии фалсафа дархўри тамоми давру марҳилаҳои таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Аз тавзеҳи таснифоти илмҳо ва баррасии мавзўву моҳияти фалсафа ва табақабандии онҳо аз назари Форобӣ бармеояд, ки ў фалсафаи назариро мадхал ё даромади фалсафаи амалӣ медонад. Зеро дар тамоми масоили фалсафаи назариявӣ, баъдан масъалаҳои фалсафаи осори илмӣ-фалсафиаш аввал амалиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.

Ибни Сино (980-1037) низ аз чирадасттарин ва шаҳиртарин нобиғаҳои асримиёнагии тоҷик аст, ки дар осораш тамоми таровату ғановати донишҳои инсониро ҷамъоварӣ ва тамоми риштаҳои илмҳои замони худ – мантиқ, фалсафа, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт ва тибро рушду камоли тоза бахшидааст.

Ибни Сино дар аксарияти асарҳояш – «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Донишнома», «Њикмат-ул-машриқ» роҷеъ ба таснифоти илмҳо ба таври хоса ибрози андеша кардааст.

Фалсафа, аз назари мутафаккир, маърифати ҳаққонии ашё ба қадри тоқат ва тавони инсонӣ мебошад. Мутобиқи ин таъриф тамоми дониши инсонӣ дониши фалсафӣ аст. Аз ин сабаб файласуфони аҳди бостон ва асрҳои миёна дар мавриди таснифоти илмҳои фалсафӣ маҷмўи илмҳоро таҳти мафҳуми фалсафа даровардаанд.

Ба ақидаи Ибни Сино, фалсафа ба ду бахш- назариявӣ ва амалӣ тақсим мешавад. Мавзўи баҳси фалсафаи назариявӣ чигунагии хастии ашёи воқеӣ ва муродаш ҳақиқати ашё мебошад ва он ба се қисмат – табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт (фалсафаи уло) тақсим шудааст. Њар яке аз ин навъҳои илмҳо дар навбати худ фарогири чандин асл ва шоха мебошад. Чунончи, табииёт дорои ҳашт асл – 1) фанни самои табиӣ; 2) илми осмон ва ҷаҳон; 3) илми қавн ва фасод; 4) илми маод ва осори улвӣ; 5) илми феъл ва инфиол; 6) илми нафс; 7) илми наботот; 8) илми ҳайвонот мебошад.Шохаҳои он ҳафтто –а) тиб; б) нуҷум; в) фаросат; г) таъбири хоб; д) тилисмот;е)найранҷот; ё) кимиё аст. Риёзиёт дорои чор асл аст, ки иборатанд аз 1) адад (арифметика) ;(2) ҳисоб; 3) ҳайат; 4) мусиқӣ. Шохаҳои илми адад – а) ҷамъ ва тафриқ; б) ҷамъ ва муқобала ҳастанд. Шохаҳои ҳандаса-масоҳат (илми ҳаял); авзон ва мавозин; олоти ҳарбия; манозир ва мароё; нақли обҳо; кураи мутаҳаррика; шохаҳои илми ҳайат – зайҷот ва тақвим; шохаҳои илми мусиқӣ аз интихоби олати мусиқӣ иборат мебошанд.

Аз таснифоти илмҳои риёзии Ибни Сино бармеояд, бе адад, ки онро арифметика меомўзад, бузургиҳои мавриди таҳқиқу омўзиши ҳандасаро наметавон баррасӣ кард. Дар айни замон бе омўхтани шаклҳо ва бузургиҳои ҳандасӣ (илми ҳайат), шакл, вазъ, бузургӣ ва масофаи байни ҷирмҳои осмониро таъйин карда наметавонад.

Ќисмати сеюми фалсафаи назарии Ибни Синоро илми мобаъдуттабиа (метафизика) фароҳам овардааст, ки фалсафаи уло ва илоҳиёт номидааст. Мавзўи баҳси мобаъ – дуттабиа ҳастии мутлақ, масоили он ҳама ҳаводиси умда ва куллии ҳастӣ мебошад. Баъзе аз ин ҳаводис, масалан ҷавҳар, араз, каммият, чандӣ ва кайфият ба пояи навҳои ҳастӣ, бархеи дигарашон – фардият, касрат, қувва, феъл, кулл, ҷузъ, имкон ва зарурат самараи ҳастӣ мебошанд. Таҳқиқу омўзиши ин қабил масъалаҳо бар дўши ҳеҷ як аз илмҳои ҷузъӣ нест. Таҳқиқи онҳо вазифаи мобаъдутаббиа аст, ба сабаби баррасии умдатарин масоил ва асолати ҳастӣ фалсафаи ҳақиқӣ ва воқеӣ ба шумор меравад. Ибни Сино чун дигар илмҳо мобаъдутаббиаро ба панҷ асл ва чандин шоха тақсим мекунад. Аслҳои мобаъдутаббиа, аз назари ў инҳоанд: маърифати ҳаводисе, ки марбути ҳама навъҳо ҳастанд; таҳқиқи муайянию яқиноти табииёт, риёзиёт ва мантиқ; исботи ҳастии Воҷибулвуҷуд; таҳқиқи ҷавҳарҳои рўҳонии заминӣ. Шохаҳои он аз таълимот дар бораи ваҳй ва нубувват ва таълимот дар бораи мабдаъ ва маод ташкил ёфтаанд.

Фалсафаи амалӣ, ки мавзўи он назари Ибни Сино, иборат аз аъмоли худи инсонҳо ва ғояташ таъмини саодати башар аст, ба се бахш тақсим карда шуда аст: 1) илми ахлоқ – назар дар таҳзиби ахлоқи фарди инсонӣ; 2) тадбири манзил – назар дар тадбири оила ва равобити байни аҳли он; 3) сиёсати мудун — таълимот дар бораи ҷамъияти аҳли як кишвар, навъҳои сиёсат, шаҳрҳои одила ва ғайриодила, шароити рушди як халқ ва таназзули халқи дигар, дар бораи қонун (номус)-и ҳақиқӣ ва ғ.

Бояд таъкид намуд, ки Ибни Сино дар ин таснифоти илмҳо ду дигаргунии хеле ҷиддӣ ворид намудааст. Яке ин аст, ки ў фалсафаро ба унвони илми куллӣ аз илоҳиёт ҷудо кардааст ва фалсафаи назариро аз чор қисмати мустақил- табииёт; риёзиёт; илми куллӣ; илоҳиёт иборат донистааст. Дуюм, ин ки фиқҳ (ҳуқуқ)-ро ба ҳайси илми мустақил шинохта фалсафаи амалиро ба чор қисмат — илми ахлоқ, илми тадбири манзил; илми тадбири мудун; илми фиқҳ тақсим кардааст. Вале бояд таъкид кард, ки як чунин ибтикори ҷиддӣ ва аз ҷиҳати методологӣ пурсамари Ибни Сино дар таърихи илм ба таври бояду шояд арзёбӣ нашудааст. Файласуфони минбаъда аз таснифоти сегонаи фалсафӣ ҳамвора пуштибонӣ намуда, мавриди истифодаашон қарор додаанд.

Аз таснифоти илмҳои фалсафӣ ҳувайдост, ки фалсафаи Ибни Сино аз ҷомеъи илмҳои замони ў иборат аст. Вале агар ба чунин ақида муттако бошем, фалсафаи илм дар бораи умдатарин усули ҳастӣ ва тафаккур аст, пас эътироф бояд намуд, ки аз маҷмўи ончи, ки Ибни Сино ба фалсафа шомил месозад, фақат мантиқ, фанни самои табиӣ, илмҳои ахлоқ ва тадбир фалсафа аст ва пас ҳамаи илмҳои дигар, ки ҳангоми таснифоти фалсафа арзёбӣ шудаанд, илмҳои ҷузъии табиатшиносӣ, риёзӣ, биологӣ, динӣ (илоҳиёт ва маънии аслии ин мафҳум ва дар муқобили илми куллӣ, ки фалсафа аст) ва иҷтимонанд (фиқҳ) . Вале бояд мутазаккир шуд, ки масоили фалсафӣ дар доираи илмҳои ҷузъӣ низ, ки Ибни Сино баррасӣ кардааст, камтар нест.

«Ихвон-ус-сафо ва хулон-ул-вафо» (Бародарони пок ва дўстони бовафо) – равияи маҷмўавии илмӣ-фалсафӣ ва дар айни замон иҷтимои махфии сиёсист, ки асри Х дар Басра ташкил ёфт. Њадафи асосии он тарвиҷу роиҷи донишҳои илмӣ ва фалсафӣ дар миёни мусулмонон буд. Намояндагонаш – Абусулаймон Муҳаммад ибни Машар ал-Муқаддасӣ, Зайд инби Рифоат, Алӣ ибни Њорун аз-Зинҷонӣ, ал-Авфӣ, Абуҳаёни Тавҳидӣ, Абрураҳмони Кирмонӣ ва дигарон буданд.

Осори илмӣ-фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии Бародарони пок дар «Расоилу ихвон-ус-сафо» ( «Рисолаҳои Бародарони пок») ифода ёфтааст, ки аз 52 (панҷоҳу ду) ҷилд иборат мебошад. Расоил тамоми илмҳои он замон –риёзиёт, табииёт, мусиқӣ, таърих, фалсафа, илоҳиёт ва ғайраро дар бар мегирад.

Ба ақидаи онҳо, асоси донишро олами ҷисмонӣ ташкил медиҳад ва ин олам дар нафси (шуури) инсон инъикос меёбад. Нафси инсониро, ки олоти асосии маърифат медонистанд, аз назари онҳо, ба колбади инсон вобаста набуда, баъзан донишро бо ёрии ҳис низ пайдо мекардааст. Мувофиқи назарияи онҳо, нафс дар бораи олам бо се роҳ –ба василаи ҳис, тавассути далеловарӣ (баҳс) ва дар натиҷаи тахаюл ва мушоҳида дониш ҳосил мекунад.

Дониш бе таълим ва омўзиш вуҷуд надорад. Аз ин рў, дар таълимоти онҳо ҳама гуна дониш – дониши ғайрииктисобӣ аст. Онҳоро ба чор гурўҳ тасниф ё табақабандӣ кардаанд: 1) илмҳои муқаддимавии риёзӣ; 2) илмҳои табиатшиносӣ; 3) фалсафа; 4) илоҳиёт. Њар яке аз ин гурўҳи илмҳо дар навбати худ ба навъҳои гуногун тақсим мешаванд ва аз рўи мавзўи тадқиқоту робитаашон ба амалия фарқ карда мешавад. Бесабаб нест, ки дар табақабандии онҳо илмҳои риёзӣ инсонро ба фаҳмиши илмҳои табиатшиносӣ водор мекунад. Илмҳои табиатшиносӣ бошанд, дар навбати худ ба фаҳмиши илоҳиёт, ки мақсади хирадмандон аст, кўмак мерасонад, яъне илмҳои дақиқро барои исботи таълимоти илоҳии худ истифода мекарданд. Дар осори илмию фалсафии Бародарони пок таълимот дар бораи ҷамъият, давлату сиёсат, равоншиносӣ, ахлоқ ва тарбия низ мақоми хос дорад.

Афзалиддини Кошонӣ Муҳаммад ибни Њасан ибни Муҳаммад маъруф ба Бобо Афзал-файласуфи баркамолу тавонои тоҷику форс дар асри ХШ мебошад. Осори муҳими фалсафиаш – «Минҳоҷ-ул-мубайин», «Мадориҷ-ул-камол», «Роҳи анҷомнома», «Арзнома», «Љовидоннома» ва ғайраанд. Бобо Афзал чун дигар файласуфони чирадасти асрҳои миёнаи тоҷику форс дар таҳқиқу баррасии таснифоту табақабандии илмҳо, ки асосан бо замонаш мутобиқанд, нақши муайяне дорад.

Афзалиддини Кошонӣ дар рисолаи фалсафии худ «Љовидоннома» роҷеъ ба табақабандии илмҳо чунин ишора кардааст: “Улум бар се қисм ояд: яке аз он дунявӣ ва дигаре охиратӣ ва яке илми андеша, ки восита бувад миёни ҳарду. Ва аммо улуми дунявӣ боз ба ду бахш бувад: яке аз он илми гуфтор ва дигаре илми кирдор. Улуми охиратӣ ду гуна аст: яке дониши лиқои Њақтаоло ва аз ягонагии он ба яқин расидан; дуввум дониш офариниши ҷаҳон ва мардум.

Аммо илми гуфтор бар ду мартаба аст: яке мартабаи ом, чунон ки бештарин мардумро бувад дар сухан гуфтан, ки дар бехабарӣ ва тифлӣ аз падар ва модар омўхта гардадашон, ва ин гуфтори ом ба се мартаба ҳосил гардад, аввалан, чизе аз онки тифл омўзад дар боби гуфтани гуфтори овоз намудан бувад, ва чун бар он тавоно гардад дар овоз ҳаракоти гуногун падид овардан то ҳуруф ҳаст шаванд, чунки ҳуруф ва ҳаракот дар овоз намудан бар вай осон гардад ба ҳам овардани ҳуруф омўзад то сухан шавад ба ҳар луғат, ки иттифоқ афтад, тозӣ ё дарӣ ё сурӣ ё ғайрион. Ва аммо мартабаи дуввум, ки мартабаи хос хондаем, чунон ки расидагонро бувад дар гуфтор, ки асл ва мояи суханро бидонанд, ки аз чист, ва фоида ва манфиати сухан то куҷост, ва аз чи қувват бар чанд ҳайат ҳаст шавад; ва аз асл ва мояи суханро шинохтан, илми мусиқӣ хезад, ва аз фоида ва манфиати гуфтор донистан илми мантиқ, ки тарозуи донишҳост рўй диҳад, ва аз ҳайат ва сурати таълифи гуфтор ва ҳаракот ва сукуноти он илми луғат ва наҳв зоид, ва ҳар як аз ин улуми доно он ва аҳли он катаб сохтаанд, лекин аз ин ҷумла илми мантиқ чун миёначист миёни улуми дунявӣ ва улуми охиратӣ, аз он ки вайро дар ҳама роҳ бувад, ва ҳамаи улум ба вай равшан шаванд.

Бидон, ки илми кирдор бар чаҳор бахш ояд: яке аз он бештарин тааллуқаш ва ҳаракоти андом ва ҷавореҳ (узвҳои бадани инсон) дорад, чун корҳои пешаварон аз заргарӣ ва оҳангарӣ ва дуредгарӣ ва ончи бад – он монад; ва дувум чун набиштан ва дабирӣ ва илми ҳиял ва санъати кимиё, агарчи дар он ҳаракати аъзо ва ҷавореҳ ба кор аст, аммо бештар тааллуқи он на бо аъзо ва ҷавореҳ бувад; ва саввум тааллуқ ба салоҳи кори зиндагии мардум дорад бо якдигар, чун илми сиёсат ва ибодат ва илми муомилот ва никоҳ ва талоқ ва итлоқ (озод карда шудани ғулом ё каниз) ва ҳар чи бад-он монад ва онро шариат хонанд; ва чаҳорум шинохтани хўи нек ва хўи бади мардум аст, ва шинохтани роҳи касби хисоли хуб ва парҳез аз хислатҳои бад, ва инро илми фарҳанг хонанд.

Илми андеша бар чаҳор бахш ояд: яке шинохтани ҳадд ва бурҳонаст, ва фоидаи ҳадд донистан ва шинохтани ҳақиқати чиз бувад, ва фоидаи бурҳон донистани пайванд ё бепайвандии ду чизи дониста бо ҳам бувад, ва ин ҳарду тааллуқ ба илми мантиқ дорад; ва бахши дуввум илми ҳисоб аст ва адад, ва донистани маротиби он ва ҳосиятҳои ҳар ададе; ва бахши саввум илми ҳандаса, ва донистани ҳайати олам ва шакли сипеҳр ва анҷуми даврони фалак (саёраҳо ва ситораҳову ҷурмҳои фалак) ва ҳаракоти онҳо ва азму сафари ҳар кавкабе, ва кайфияти сайри анҷум ва даврони фалак ва шинохти тааллуқи онҳо ба ҳаводис ва аҳвол, ки дар замин афтанд, ва илми киҳонат ва таъбир ҳам аз ин бахш бувад, ва чаҳорум илми табиат аст ва тиб, ва шинохтани чигунагии аносир ва омезиши онҳо бо ҳам, ва тавлиду мураккабот аз онҳо, ва тафсили мутаваллидот аз ҷонвар ва беҷон, ҷунбиши ҷунбандагон, ва сабаби мабдаъи ҷунбишҳо ва баъзе аз он шинохтани ҳоли тани мардум аст ва офариниш ва коҳиши вай, ва фоидаи он ба сомон доштани қуввати рўяндаи мардум аст, ва чун ҳамин илм дар иҷозати мардум равад, илми фалоҳат (кишоварзӣ) хонанд.

Ин донишҳоро, ки мо онро дунявӣ хондаем аз он рў буд, ки фоида ва манфиати он чандон расад, ки мардум зинда бувад ва баъд аз ҷудо шудани ҷон аз тан чун хобе бувад, ки дар бедорӣ асари он бар ёд монад, ва низ ба ранҷи бисёр тавон ёфт ва ба замони дароз, ва чун ёфта шуд фоида ҳамчун моя бувад. Ва аммо дониши онҷаҳонӣ ба муддати андак тавон ёфт, ва чун ёфта шуд, манфиаташ ба марг ва табоҳии тан мутаноҳӣ нашавад, ва чун андухтае бувад, ки ба рўзгори бехудӣ ва бехабарӣ ба даст ояд, ва ба рўзгор огаҳӣ аз он бархурдоре шавад, ва ҳамчунон ки фоидаи улуми инҷаҳонӣ бад-он ҷаҳон кам расад ва ба кор наояд, донишҳои охиратӣ низ дар ин ҷаҳон коргар наояд магар андаке. Ва дониши онҷаҳонӣ донистани офоқ ва анфус (зоҳиру ботин) аст, ки фоидаи нахустини он тавҳид аст, ва шинохтани мураҷҷаъи худ пас аз ин зиндагӣ.

Улуми охиратӣ ду гуна аст: яке дониши лиқои Њақтаъоло ва аз ягонагии он ба яқин расидан; ва дуввум дониши офариниши ҷаҳон ва мардум . Ва ҳар он ки аз ин ду дониш бебаҳра бувад, дидани Вай ва дарёфтани ин ҷаҳонро чун дидану дарёфтан хуфта бувад, суратҳои гуногунро дар хоб, ки агарчи ҳамебинад ва ҳамеёбад, лекин аз дидан ва ёфтани худ беогаҳӣ ва бехабар бувад, ва ҷумлаи доно ва пайғамбарон аз барои ин кор ангехта шуданд то халқро аз ин бехудӣ ва бехабарӣ барангезад, ва бозгашти эшон мар эшонро ёд диҳанд, ки боз куҷост ба ночор, чун муаззине, ки мардумро ба бонги намоз огаҳӣ диҳад, аз намоз ва замон диҳад то вузў созанд, ва худро шоистаи намоз гардонанд, ва бар таҳорат ва покӣ ҳамебошанд, то чун қомати намоз шунаванд ба намоз битавонанд расид, ҳамчунин пайғамбарони алайҳисаллои рўз ба рўз халқро ба худ ҳамехонданд ва бар таҳорат ҳамеангехтанд мардумро, то чун қомати қиёмат , ки он лиқои Њақ аст бирасад ба намози ҳақиқат тавонад расид. Ва ин номаҳоро, ки васл ба халқ расонидаанд, аз Худои таъоло чун ганҷи номҳост, ки бо он ба талаби ганҷ бояд шитофт, на ҷовид дар нома хондан ҳаме бояд буд, чи ин пайғомҳо ҳаме ишорат аст ва нишон додан ба аломати офоқ ва анфус, ки андар зоҳир ва ботини ҷаҳон нигоштаст ба қалами эъҷоз, то ҳар онки бихонад ба биноӣ расад ва ба лиқои Њақиқат, ва аз ваҳдонияти Њақ ба дурустӣ огоҳ гардад, ва бидонад, ки ба чи кор офарида шуд ва боз куҷо хоҳад шуд, ва ба донистан худро ором ёбад ва ба яқин гардад. Ва акнун ин ду бахши илм воҷиб бар халқ, ки гуфта шуд, нахуст бояд, ки андар илми тавҳид нигарӣ то аз он ба аён ва мушоҳида расӣ, пас ба нури илми тавҳид бо офариниши ҷаҳон ва мардум тавонӣ дид ба дурустӣ ва яқин. (Нигаред: Афзалиддини Кошонӣ. Мусаннафот. Ба тасҳеҳи Муҷтабии Минуӣ. — Теҳрон, 1953).

Дар афкори илмӣ- фалсафии замонҳои наву навтарини Аврупо низ як силсила таснифоти илмҳо аз ҷониби донишмандону мутафаккирон вобаста бо тақозои давронашон пешниҳод шудаанд.

Муассиси илмҳои таҷрибавӣ Френсис Бэкон (1561-1626) таснифоти илмҳоро тавсия намуд, ки асоси онро қобилиятҳои рўҳи инсонӣ — хотира, тахайюлот ва хирад ташкил медиҳанд. Дар таснифоти илмҳои Бэкон хотира ба таърих; тахайюлот ба назм (шеърият); хирад ба фалсафа мувофиқат дорад. Тибқи пешниҳоди ў назм воқеиятро вобаста аз шуур ва эҳсосоти инсон ба риштаи тасвир мекашад, таърих бошад, фактҳои алоҳидаи воқеӣ ва ҳодисаҳоро тавсиф менамояд. Таърихи шаҳрвандӣ дар тафовут аз табииёт бояд зуҳуроти ҳастии инсонро маънидод намояд. Фалсафа — маърифати ниҳойӣ-ҷамбастӣ ва куллӣ аст, ки ба таълимот дар бораи табиат (физика, механика, метафизика) ва фалсафаи аввал ё улло (таълимот дар бораи аксиомаҳо ва транседентҳо) ҷудо мешавад.

Бунёдгузори ратсионализм (ақлгароӣ)-и Аврупои замони Нав Рене Декарт (1526-1650) таснифоти илмҳоро ба сохтори дарахт шабоҳат додааст. Решаи чунин сохторро метафизика (илм дар бораи Нахустсабаб), танаашро — физика, қуллаашро – тиб, механика ва ахлоқ ташкил медиҳад.

Дар табиатшиносии асри ХVШ–и Аврупо олам саросар ҳамчун тағйироти шаклҳо тасаввур карда мешуд. Андеша мерафт, ки ҳамаи вуҷудоту объектҳои табиат ба силсилаи занҷири робитаҳо пайваст аст. Ин пайвастагӣ аз ашёҳои оддӣ, ҷамодот (минералҳо) оғоз ёфта, тавассути набототу ҳайвонот то инсон мерасад. Тасаввурот оид ба тафовутҳои сифатии “зинаҳои ташкилӣ”-и табиат аз ҷониби файласуфони шаҳиру барҷастаи олмонӣ- Шеллинг (1775-1854) ва Гегел (1770-183) инкишоф дода шудааст. Шеллинг дар назди худ вазифа гузоштааст, ки давраҳои инкишофи табиатро то пайдоиши шуур таҳқиқ намояд. Табиат бо зинаҳои активизм, магнитизм, энергитизм ва хемизм боло меравад.

Гегел зинаҳои инкишофи табиатро дар давраҳои инкишофи фаъолонаи «рўҳи ҷаҳонӣ» ё «идеяи мутлақ» инъикос намудааст. Гегел дар низоми фалсафиаш мантиқ, фалсафаи табиат ва фалсафаи рўҳро муайян кардааст.

Анри де Сен-Симон (1760-1825) ақида дошт, ки илмҳои ҷузъӣ унсури илми кулл, яъне унсури фалсафа мебошанд. Фалсафа вобаста ба илмҳои ҷузъӣ метавонад позитивистӣ шавад. Ў кўшиш намудааст, ки методҳои табиатшиносиро дар ҷамъиятшиносӣ ҷорӣ намояд.

Огюст Конт (1798-1857) илмҳоро аз назари мавзўи онҳо тасниф намуд. Дар таснифоти вай тартиби илмҳо ё силсилаи маротиби онҳо бо ду таваҷҷўҳ ба ду асл соддагӣ ва куллиёт (мураккабӣ) сурат мегирад. Риёзӣ ба манзалаи мантиқе аст, ки бар дигар илмҳо ҳукумат дорад ва мавзўи он миқдор низ соддатар ва куллитар (мураккабтар) аз дигар чизҳо мебошад. Ба таври куллӣ илмҳоро ба ду гурўҳ – илмҳои ғайриолӣ ва илмҳои олӣ тақсим мекунад. Дар гурўҳи ғайриолӣ- ситорашиносӣ, физика, химия қарор доранд. Физиология, сотсиология ё физикаи иҷтимоӣ ҷузъи гурўҳи илмҳои олӣ маҳсуб мешаванд.

Аз назари Огюст Конт падидаҳои куллитар, соддатар, муҷаррадтар камтар бар падидаҳои дигар муттако ҳастанд ва ба таври дақиқтар дарк мешаванд. Равобити ин падидаҳо бо ҳам низ возеҳ ва ошкор аст. Илмҳое,ки падидаҳои куллитарро мавриди баҳс қарор медиҳанд, пояи илмҳои дигар қарор мегиранд. Чунон ки гуфта шуд, аз мафҳумҳои риёзӣ дар илмҳои физикӣ истифода мешавад. Њамчунин истифода аз қонунҳои физикӣ ва химиявӣ дар илмҳои биологӣ маъмул аст. Соддагии бештар бо таваҷҷўҳ ба асли сарфаҷўӣ дар илмҳо ва ин ки фарзияҳои саҳеҳтар онҳое ҳастанд, ки бар усули маҳдудтаре муттако бошанд, мавриди баҳс қарор мегирад. Дар айни ҳол мавзўъоти содда ба таври дақиқу возеҳ қобили дарк ҳастанд. Дар силсилаи маротиби илмҳо ҳарчи мавзўъ печидатар шавад, дарки он мушкилтар ва назарияҳои марбут ба он бар усули бештаре такя доранд. Илова бар ин куллияти мафҳумҳои печида аз куллияти мафҳумҳои содда камтар аст, чунон ки куллияти мавҷудоти зинда аз куллияти мафҳуми миқдорӣ маҳдудтар мебошад.

Дар ин таснифот равоншиносӣ ҷузъи физиология маҳсуб шудааст. Илова бар ин дар тамоми мавридҳо илмҳое, ки мавзўъоти онҳо печидатар ҳастанд, бар илмҳое, ки печидаҳои соддаро баррасӣ мекунанд, муттако мебошанд.

Огюст Конт барои таснифоти илмҳо ду шарт – догматикӣ ва таърихиро муҳим мешуморад. Аз рўи кам шудани абстрактнокиашон О.Конт илмҳоро чунин ҷойгир мекунад: риёзиёт, нуҷум, физика, кимиё, биология, сотсиология. Дар таснифоти илмҳои О.Конт мантиқ ва равоншиносӣ ҷой дода нашудааст. Асоси таснифоти илмҳои ўро принсипҳои гузаштан аз содда ба мураккаб, аз абстракт ба мушаххас, аз кўҳна ба нав ташкил медиҳанд.

Асоси таснифоти илмҳоро, ки Фридрих Энгелс (1820-1895) пешниҳод кардааст, табақабандии шаклҳои ҳаракати материя ташкил медиҳад. Дар ин таснифот алоқамандӣ ва таносуби шаклҳои содда ва мураккаби ҳаракат ба назар гирифта шудааст. Ф.Энгелс тахмин намуда буд, ки дар сарҳади илмҳо кашфиёту дастовардҳои азиму бузург ба амал хоҳанд омад.

Махсусан дар асри ХХ дар сарҳади илм соҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Масалан, биохимия, геохимия, информатика ва ғайраҳо. Тафовути ин таснифот инчунин дар он аст, ки асоси фарқияти илмҳоро принсипи объективият ташкил медиҳад. Яъне илмҳо бо объект омўзишашон аз ҳамдигар фарқ доранд. Ин таснифот асосан ҷанбаи онтологӣ дорад, гуногунии сифатии табиат ба инобат гирифта шудааст.

Вилгелм Дитлей (1833-1911) дар асараш «Мадхали илм дар бораи рўҳ» илмҳоро аз рўи предмети баҳсашон ба илмҳои дар бораи рўҳ ва илмҳо дар бораи табиат ҷудо кардааст. Дар ҳолати аввал мушоҳида ва дар ҳолати дуюм эҳсосот мақоми хосе доранд.

Вилгелм Винделбанд (1848-1915) илмҳоро аз рўи равиш (метод)–ашон ба илмҳои номотетикӣ (юн. санъати қонунгузорӣ) ва идеографӣ (idea — мафҳум (ғоя)+gқaf – навиштан) ҷудо намудааст. Илмҳои номотетикӣ қонунҳои умумӣ ва тартиботи ашёю падидаҳоро ошкор менамояд. Илмҳои идеографӣ зуҳуроту ҳаводиси алоҳидаро меомўзанд. Муқобилгузории табиат ва рўҳ ба таснифоти илмҳои гуногун пурра мувофиқат намекард.

Бинобар ин, Генрих Рикеррт (1863-1936) ақидаи Винделбандро дар бораи илмҳои номотетикӣ ва идеографӣ инкишоф дода хулоса мекунад, ки принсипи интихоб ва мураттабсозии маълумотҳои таҷрибавӣ бештар таваҷҷўҳ карда шавад. Риккерт муҳити воқеият, арзиш ва маъноро фарқ мекунад, ки ба онҳо шарҳдиҳӣ, фаҳмиш, тафсир мувофиқ аст.

Дар методологияи муосир шаш (6) шаклҳои асосии материя-субатомӣ-физикӣ, кимиёвӣ, молекулярӣ–физикӣ, геологӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ фарқ карда мешавад. Вобаста ба табақабандии шаклҳои ҳаракати материя ҳамчунин таснифоти илмҳо муайян карда мешавад. Нуқтаи назари дигаре низ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он гуногунияти олам ба се шакли ҳаракати материя – асосӣ, ҷуъӣ ва маҷмўӣ (комплексӣ) ҷудо карда мешавад.

Дар миёнаҳои асри ХХ В.И.Вернадский (1863-1945) таснифоти нави илмҳоро пешниҳод кард. Ў вобаста ба хусусияти мавзўъҳои омўхташаванда илмҳоро ба ду навъ ҷудо намуд: 1) илмҳое, ки мавзўъ (ва қонун)-ҳои онҳо ҳамаи воқеияти айнӣ – сайёрае, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, биосфера (муҳити зист) ва фазои нопайдоканори кайҳониро фаро мегиранд. Ба таъбири дигар гўем, ин илмҳо – илмҳое мебошанд, ки мавзўи онҳо ба падидаҳои асосиву умумии воқеият ҷавоб медиҳанд; 2) илмҳое, ки мавзўъ (ва қонун)-ҳои онҳо танҳо марбут ва хоси сайёраи Замин мебошанд. Мутобиқ ба чунин тарзи фаҳмиши илмҳои гуногун ва “бо назадошти чунин ҳолати донишҳои илмӣ, мо метавонем дар бунёди ноосфера (муҳити ақлӣ) зоҳир шудани таъсири ду соҳаи ақли инсонӣ: илмҳои куллӣ роҷеъ ба тамоми воқеияти айнӣ (физика, астрономия, кимиё, риёзиёт), ва илмҳо роҷеъ ба Замин (биология, зоология, сотсиология)-ро мушоҳида кунем”. (ниг: Вернадский В.И. О науке. Т.1. Научное знание. Научное творчество. Научная мысль.- Дубна, 1997. стр. 463).

Ба ақидаи В.И.Вернадский мантиқ дар миёни илмҳо мақоми хоса дорад, чунки он бо фикри инсонӣ алоқаи ногусастанӣ дошта ҳамаи илмҳоро – ҳам илмҳои гуманитарӣ, ва ҳам илмҳои табиию риёзиро як хел фаро мегирад. Њамаи ин тарафҳои донишҳои илмӣ як қисми воҳидро ташкил медиҳанд, ки он илм ҳамеша дар ҷараёни инкишоф буда, доираи мавзўи он низ торафт васеътар мешавад.

Ончи марбути таснифоти илмҳои муосир мебошад, бояд тазаккур дод, ки ин таснифот тибқи меъёрҳову асосҳои гуногун сурат мегиранд. Аз рўи мавзўъ ва усули маърифат илмҳоро метавон ба илмҳои доир ба табиат- табиатшиносӣ, оид ба ҷамъият – ҷамъиятшиносӣ (илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ) ва дар бораи худи маърифат, тафаккур (мантиқ, назарияи маърифат (гносеология, эпистемология ва ғ.) ҷудо кард. Илмҳои техникӣ гурўҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд. Илми муосири риёзӣ бошад, бо баъзе хусусиятҳои худ аз дигар илмҳо фарқ мекунад. Ба ақидаи баъзе олимон, ин илм ба гурўхи илмҳои табиатшиносӣ шомил нест, аммо муҳимтарин унсури фикрии онҳо ба шумор меравад.

Њар як гурўҳи илмҳо дар навбати худ дорои ҷузвиёт мебошад. Њамин тавр, механика, физика, кимиё, геология, биология ва ғ., ки ҳар кадоми онҳо низ ба як қатор фанҳои алоҳидаи илмӣ тақсим мешаванд, ҷузвҳои илми табиатшиносӣ мебошанд. Фалсафа, гарчанде ки онро пурра ба илм ворид кардан мумкин нест, илме мебошад, ки роҷеъ ба қонуниятҳои куллии айнии ҳастӣ баҳс мекунанд.

Аз рўи дараҷаи алоқамандии илмҳо бо амалия илмҳоро ба ду гурўҳи калон ҷудо карда метавонем: бунёдӣ, ки онҳо қонунҳо ва усулҳои асосии олами воқеии айниро ошкор карда, вале бо таҷриба пайванди мустақим надоранд; ва амалӣ ё татбиқӣ – истифодаи бевоситаи натиҷаҳои маърифати илмӣ дар ҳалли масоили мушаххаси истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва таҷрибавӣ дар такя кардан ба қонуниятҳое, ки онҳоро илмҳои бунёдӣ муқаррар кардаанд. Дар баробари ҳамаи ин бояд дар хотир дошт, ки сарҳаде дар байни илмҳо ва фанҳои илми алоҳида вуҷуд дорад, он сарҳади шартӣ ва мутаҳаррик мебошад.

Барои таснифоти илмҳо инчунин дигар меъёрҳо (асосҳо)–ро низ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, ба назар гирифтани чунин соҳаҳои асосии илмҳои табиатшиносӣ, мисли материя, ҳаёт, инсон, замин, кайҳон имкон медиҳад, ин илмҳоро ба таври зерин табақабандӣ кунем: 1) физика — физикаи кимиёвӣ — кимиё; 2) биология — ботаника — зоология; 3) анатомия — физиология — таълимоти эволютсионӣ — таълимот дар бораи ирсият; 4) геология — минералогия — петрография — палеонтология ҷуғрофияи физикӣ — ва илмҳои дигар дар бораи Замин; 5) астрономия — астрофизика — астрохимия — ва илмҳои дигар дар бораи Кайҳон.

Илмҳои гуманитарӣ низ дар дохили худ ба ҷузвҳо тақсим мешаванд: таърих, бостоншиносӣ, назарияи иқтисодӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, ҷуғрофияи иқтисодӣ, сотсиология, санъатшиносӣ ва ғ. Ин илмҳо, ҳарчи қадаре, ки ҷузвҳои гуногуни илми гуманитариро ташкил медиҳанд, ҳарчи қадаре шумораи ин ҷузҳо меафзояд, «бо вуҷуди ин ҳамаи онҳо дар як сохтори воҳид бо ҳам алоқаманд шуда, аз рўи мантиқ бо якдигар мухолифат намекунанд ва як илми тому ягонаро ташкил медиҳанд». (ниг.: асари зикршуда. с.401-402).

Дар солҳои 60-уми асри гузашта файласуф ва муаррихи барҷастаи илми рус В.М.Кедров низ илмҳоро ба таври ҷолибе тасниф кардааст. Ба ақидаи ў, таснифи умумии илмҳо дар замони ошкор кардани алоқаи байниҳамии се қисмати муҳими донишҳои илмӣ: илмҳои табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ ва фалсафа имконпазир мебошад. Њар яки ин қисматҳо фарогири як гурўҳ ё маҷмўи томи илмҳо мебошад. Таснифи умумии илмҳо, ки В.М. Кедров муаллифи он мебошад, ба таври зерин аст: 1) илмҳои фалсафӣ: диалектика (ҷадал), мантиқ; 2) илмҳои риёзӣ: мантиқи риёзӣ, риёзиёт (бо иловаи кибернетика); 3) илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ: механика (инчунин механикаи татбиқӣ ва кайҳоннавардӣ (космонавтика), астрономия ва астрофизика (ва физикаи техникӣ), физика, физикаи кимиёӣ, кимиёи физикӣ, кимиё ва геокимиё, геология, география, биокимиё, биология, илмҳои кишоварзӣ, илмҳои тиббӣ, физиологияи одам, антропология; 4).илмҳои иҷтимоӣ: а) таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ. ҷуғрофияи иқтисодӣ, омори иҷтимоӣ–иқтисодӣ; б) илмҳо роҷеъ ба базис (зербино) ва надстройка (рўбино): — иқтисоди сиёсӣ, илм роҷеъ ба давлат ва ҳуқуқ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ), таърихи санъат ва саъатшиносӣ; в) забоншиносӣ, равоншиносӣ, илмҳои педагогӣ, илмҳо роҷеъ ба шаклҳои алоҳидаи шуури ҷамъиятӣ (ниг: Философская энциклопедия: В 5-ти т: Т.3.-М., 1964.- С.581-583).

Дар замони муосир дар байни илмҳо илмҳои табиатшиносӣ нисбатан муфассал тасниф карда шудаанд, гачанде ки дар ин қабил табақабандиҳо бисёр лаҳзаҳои баҳсталабро низ дучор омадан мумкин аст. Масалан, оё шакли геологии ҳаракати материя вуҷуд дорад ва агар чунин ҳаракат вуҷуд дошта бошад, пас мақоми геология дар зинаи табақабандии илмҳо кадом аст? Таснифи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ он қадар ҳам пухта ва мукаммал нест, сабаб чист?

Шояд сабаби вуҷуд доштани чунин ҳолати номатлуб дар таснифи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар он бошад, ки солҳои тўлонӣ таҳлили илм ва маърифати илмӣ дар «қолаб»-и донишҳои табиию риёзӣ сурат мегирифт. Хусусиятҳои хоси илмҳои табиию риёзӣ ба дигар илмҳо низ нисбат дода мешуданд, ки ин ҳолат алалхусус дар илмгарои табиатшиносӣ ба таври возеҳ ифода гардидааст. Дар солҳои охир таваҷҷўҳи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ба маърифати иҷтимоӣ –гуманитарӣ, ки яке аз навъҳои ба худ хоси донишҳои илмӣ ба шумор меравад, хеле зиёд шуда истодааст

3.3. ВАЗИФАҳОИ ИЛМ ДАР ҳАЁТИ ҶАМЪИЯТ

Вазифаи муҳими илм ҳамеша тавлидоти донишҳои илмӣ-назариявӣ буд, аммо дар ҷараёни инкишофи худ илм вазифаҳои навро соҳиб гардид.

Инкишофи вазифаҳои илмро дар ҷараёни ташаккули таърихии он мушоҳида кардан мумкин аст. Тағйир ёфтани манзараи олам дар зери таъсири инкишофи илм вазифаи ҷаҳонбинии илмро ба миён овард. Дар ҷаҳони муосир маҳз дониши илмӣ асоси моҳиятӣ ва ҷавҳари ҷаҳонбиниро ташкил медиҳад. Дар давоми инкишофи илм инчунин вазифаҳои фарҳангӣ ва технологии он ташаккул ёфтанд. Вазифаи фарҳангӣ ба нақши илм дар нерўи умумии фарҳанг далолат мекунад. Вазифаи технологии илм сифати инкишофи тамаддунро муайян намуда, зарурати аз ҷониби наслҳои оянда аз худ кардани нерўи технологии мавҷударо ҳамчун заминаи инкишофи минбаъда инъикос кунад.

Дар ҷаҳони муосир вазифаи нави илм ҳамчун омили танзими иҷтимоӣ ҳувайдо мегардад, ки бо таъсир намудан ба талаботҳои ҷамъият ва муҳайё намудани шароитҳои идораю фаъолият алоқаманд аст. Ин бошад, самтҳои ахлоқӣ-арзишии илми муосирро равшан месозад. Вазифаи танзими илм тавассути низоми маориф, тарбия, ҷалб кардани аъзоёни ҷомеа ба фаъолияти илмӣ ва аҳли илм ҳамчунин ба василати созмонҳои мутахассисҳои баландихтисос амалӣ карда мешавад. Илм иа талаботҳои иқтисодии ҷамъият ҷавобў шуда, илм худро дар вазифаи қувваи воситаи истеҳсолкунанда, ки барои афзун гардонидани захираҳои истеҳсолии ҷамъият нигаронида шудааст, татбиқ месозад. Маҳз истеҳсолоти калони мошинӣ, ки дар натиҷаи табадуллоти саноатии асрҳои ҶVIII-ҶIҶ, ки бо мусоидати илм пайдо шуданд, асоси моддии ба қувваҳои бевоситаи истеҳсокунанда табдил ёфтани онро ташкил медод. Вай ба сифати омили муҳими хоҷагидорию фарҳангии инкишофи ҷомеа баромад мекунад. Њар як кашфиёти нав барои ихтирооти техникӣ замина фароҳам меорад. Истеҳсолоти гуногунсоҳа пас аз ин ҳамчун татбиқи бевоситаи технологии дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм инкишоф меёбад.

Вазифаи иҷтимоии илм ба сифати бартариятдошта хидмат мекунад, ки дар доираи он ба масоили экологӣ мақоми муҳим дорад. Илми муосир дар толоши он аст, ки ҳарчи бештар дар бораи мутобиқати дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо табиат эътибор диҳад.

Вазифаи нерўи иҷтимоии илм ҳамчунин дар он ҳувайдо мегардад, ки усулҳо ва даст- овардҳои тадқиқотии он дар тартиб додани барномаҳои бузургҳаҷми инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳангоми ҳалли масъалаҳои ҷаҳонишавии муосир, дар беҳдошти идораи иҷтимоӣ истифода мешавад.

Њамчунин вазифаи лоиҳавӣ-созандагии илмро ҷудо мекунанд, ки қисми ҷудонопазири ҳар гуна пажўҳишҳои зеҳнӣ-ақлонӣ мебошад. Вазифаи лоиҳавӣ- созандагӣ бо офаридани технологияҳои сифатан нав ва санҷиши пешакии он, ки дар замони мо ниҳоят муҳим аст. Зеро чунин технологияҳое мавҷуданд, ки ба инсон зарари хатароваре оварда метавонанд, алоқаманд аст.

Њамин тавр, ба вазифаҳои асосии илм инҳо метавонанд дохил шаванд: а) тавлидоти донишҳои илмӣ-назариявӣ; б) вазифаҳои ҷаҳонбинӣ ва фарҳангӣ; в) вазифаҳои технологӣ ва илм ҳамчун қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда; г) вазифаи танзими иҷтимоии равандҳои ҷамъиятӣ ва нерўи иҷтимоӣ; д) вазифаи лоиҳавӣ-созандагӣ.

Махсусан нақши илм дар маориф муҳим аст, ки дар асоси он манзараи илмии олам ва тарзҳои илман асоснокшудаи хусусиятҳои соҳаҳои нейрофизиологӣ- ақлӣ ва ҳиссию иродагии инсонро ба инобат мегиранд, ҷой дода шудааст. Нақши илм дар маориф ба ҳамаи қисматҳои раванди маълумотгирӣ-мақсадҳо, воситаҳо, натиҷаҳо, присипҳо, шакл ва усулҳо-паҳн мегардад. Раванди маълумотгирӣ «майдони ибтидоӣ» дар он «вохурӣ»-и фард бо илм ба амал меояд. Илм ба раванди маълумотгирӣ таъсири самтгирона расонида, дар ҳолати зарурӣ тамоми сохтори таълимро метавонад тағйир диҳад. Принсипҳои илмию ҷаҳонбинӣ дар худи таълимотҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва сохтори фаъолияти омўзгорӣ вуҷуд дорад, тамоми мазмуни раванди таълимӣ- маълумотдиҳиро фаро мегиранд.

Маориф ин ҷараёни ҳамоҳангсозӣ буда, дар он қиматҳои таълимдиҳӣ, интиқол ва нигаҳдории анъанаҳо, эҷодиёт ҷой доранд ва инкишофи фаъолияти ҷустуҷўиву дарёфтӣ, худамалисозиро дар назар доранд. Тағйирот дар илм ва техника зарурати дигаргуншавии низоми маорифро, ки ба дастовардҳои илмӣ такя дорад, тақозо мекунад.

Фалсафа низоми маорифро бо маънои пурмўҳтавои мафҳумҳои «шахс», «фард», «фардият», ки ҷавҳари равандҳои тарбия маълумотдиҳиро ташкил медиҳанд, таъмин менамояд. Мафҳуми «фард» мансубиятро бо зоти инсонӣ ифода намуда ва ба тарбияти омилҳои биологии ғайриматериалӣ ва инстинктивии ҳаёту фаъолият (талабот ба хўрок, инстинкти ҷинсӣ, инстинкти худмуҳофизатӣ)-ро ишора намуда, барои ифода кардани инсон ҳамчун намояндаи омма истифода мешавад. Фард ғайрисимоӣ ва монанд ба ҳамаи дигарон буда, дар борааш гуфтан мумкин аст: «ҳамин», «дигар», «сеюмӣ». Мафҳуми «фардият» маҷмўи сифатҳои хоси меросӣ ва азхудкардаи инсонро ифода мекунад. Мафҳуми «шахс» дар худ ду лаҳзаи асосиро дар бар мегирад: 1) хусусиятҳои муҳими иҷтимоӣ-психологии инсон; 2) зарурати худамалисозии иҷтимоии инсон ва мақсадгузории ў. Раванди такомулоти шахс ташаккулёбии мавқеи ботинӣ ва амиқи бо арзишҳои олӣ (ба ҳақиқат, хайр, зебоӣ, адолат) нигаронидашударо дар мадди назар дорад. Барои шахс эҳсоси шарафи худ, ҳуқуқҳо, озодиҳо, имконияти ҳифзи ақидаи худ, кўшиш ба ҳамдигарфаҳмӣ хеле муҳим аст. Фалсафа масъалаи шакл ва тарзҳои интиқоли донишҳоро таҳқиқ менамояд, ғоя дар бораи он, ки сифатҳои иҷтимоӣ ба таври меросӣ гирифта намешавад, дар бораи он ки тарбия, таълим ва таълимдиҳӣ воситаҳои муҳими интиқоли сифатҳои муҳими иҷтимоӣ ва намунаи рафтор ба насли камолёбанда мебошад, асоснок менамояд.

Дар замони муосир камбудиҳои сершумори раванди таълимдиҳии ҳозиразамонро, дар коста шудани сифати он аз сабаби воридшавиаш ба муносибатҳои тиҷоратӣ қайд карда мешавад. Маорифро ҳамчун яке аз шаклҳои хизматрасониҳои бозоргонӣ фаҳмидан нодуруст аст, чунки низоми маорифро бояд он «нардбони иҷтимоӣ» бошад, ки табақаи иҷтимоии зиёиёнро бо шахсиятҳои эҷодкору меҳнатдўст (на ин ки афроди сарватманд) пурра гардонанд.

Муҳақиқони муосир ду вазифа ҳам барои маориф ва ҳам барои илм умумиро пешниҳод менамоянд: а) самтёбии башардўстии ҷадид, ки дар он мақсадҳои барои бақопазирии инсоният, муқаррароти ахлоқии дар худ ғамхори дар бораи наслҳои ояндадошта доранд; б) вазифаи экологӣ, ки ба нигаҳдории табиат ва шароитҳои ҳарчи мутобиқтар барои мавҷудияти инсон самтгирифта равона шудааст.

Оё инсоният дар ҷаҳони техногенӣ мавҷудияти худро эмин нигоҳ дошта метавонад? Ба ақидаи олимон ин аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки чи қадар илм ва маориф тибқи кўшиши якҷояашон дар бораи ояндаи мо меандешанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *