Фанни Фалсафа

Фалсафаи ҳастӣ Мафҳум ва мазмуни ҳастӣ

Дар раванди дарки олам фалсафа мафҳумҳои бунёдӣ- категорияҳро  ба кор мебарад, ки хусусият ва муносибатҳои мавҷудаи воқеъиятро муайян мекунанд. Категорияе, ки ба воситаи он ин дарккунӣ оғоз меёбад «Ҳастӣ» ном дорад.

Маънии ҳастӣ вуҷуд, мавҷуд, вуҷуд доштанро дорад.

Хастӣ бо маънии буд низ дар таълимоти донишмандони гузаштаамон дучор меояд, масалан:

Ҳеҷ буде набуд пеш аз Ту (Низомӣ)

Паймонаи замонро се буд аст (Носири Хусрав)

Категорияи ҳастӣ ба эътирофи он далели равшан асос дорад, ки мо худамон, ашёи атрофи мо, падидаҳои табиат, Офтоб, осмон, ситораҳо, ҳамаи олам ҳастанд, вуҷуд доранд. Натанҳо олами маҳсус дар зери мафҳуми ҳастӣ қарор дорад, балки олами берун аз он, яъне олами маънавӣ низ дорои ҳастӣ мебошад, масалан: фикр, эҳсос, тасаввур, ақида, назария, хаёл, асотир ва ғ.

Бинобар ин ҳастӣ ба ду навъ ҷудо мегардад:

  • Ҳастии моддӣ
  • Ҳастии маънавӣ

Дар зери мафҳуми чизҳои (маънои чиз-он чи вуҷуд дошта бошад) табии ё табиати аввал мавҷудияти ҷисмҳои табиӣ, равандҳо, ҳолатҳое фаҳмида мешаванд, ки офаридаи табиат мебошанд. Масалан саёраи Замин, дигар саёраҳо ва умуман Коинот. Баҳрҳо, уқёнусҳо, ҷангалҳо, куҳҳо, растаниҳо, ҳайвонот, канданиҳои фоиданок ва амсоли инҳо. Ҳамаи инҳо ба қисми «табиати аввал» ё ҳастии табиӣ дохил мешаванд, ки новобаста аз инсон ва берун аз шуури ӯ вуҷуд доранд. Ин шакли ҳастӣ дорои воқеияти  айнӣ (объективӣ) буда, нисбат ба инсон ва шуури ӯ пешӣ дорад. Зеро инсон худ қисми табиат буда,  пайдоиши ӯ, ҳаёт ва фаъолияти ӯ бе вуҷуди ӯ дар ҳақиқат ҳам номумкин аст.

Дар тафовут аз чизҳои табии (табиати аввал), ҳастии чизҳои саноӣ (табиати дуюм) бо  фаъолияти инсон алоқаи қаввӣ доранд. Чизҳои саноӣ (табиати дуюм) ин он чизе ки инсон истеҳсол намудааст ва дар  шакли моддӣ таҷассум ёфтааст: олоти меҳнат, киштиҳо, мошинҳо компютер, телефон, биноҳо, роҳои оҳан, асарҳои санъат ва ғ.

Ҳастии чизҳои саноӣ (табиати дуюм) аз синтези моддаҳои табиӣ, фикри дар ашё таҷассумёфта (сурат) ва фаъолияти инсон иборат мебошанд.

Ҳастии инсон ҳамчун мавҷуди табиӣ ва иҷтимоӣ мавҷудияти инсонро дар олами ашё дида мебарояд. Инсон як чизи махсусе аст, ки дорои қобилияти тафаккур мебошад, «қобилияти муҳокимаронӣ» (Кант) дорад. Ду ҷамбагии инсон хусусияти ҳастии ӯро, муайян мекунад.

Инсон дар ҳақиқат ҳам «чизи мутафаккир» аст, ки  мавҷудияти худро пай бурда, худро аз миёнидигар чизҳо ҷудо мекунад танҳо ба он сабаб, ки қобилияти андешакунӣ дорад, ба фаъолияти худ баҳо дода метавонад, рафтори худро тағйр дода метавонад, ҷисму рӯҳи худро такмил дода метавонад.

Боз яке аз хусусиятҳои ҳастии инсон дар он зуҳур меёбад, ки ӯ на мисли ҳайвон мутлақан аз ҷисми худ вобаста набуда, балки таносубан вобастаи ҷисми худ мебошад. Инсон ин ё он талаботҳои биологии худро қонеъ гардонда, бештар аз рӯи нормаҳо, қоидаҳо ва талаботҳои иҷтимоӣ амал менамояд, то ин талаботҳои худро назорат кунад ва ба тартиб андозад. Инчунин махсусияти инсон дар он зуҳур меёбад, ки қобилияти ба вуҷудоварии чизҳои саноӣ (табиати дуюм)-ро дорад.  Ин ба ҳастии инсон ба он хотир махсусиятро медиҳад, ки ба ин восита таъсири худро ба табиати аввал зиёд менамояд.

Шакли дигари ҳастии моддӣ  ҳастии иҷтимоӣ мебошад. Ҳастии  иҷтимоӣ ин  мавҷудияти якҷояи одамон, ки муносибатҳои зиёд онҳоро бо ҳам пайваста, системаи том ва инкишофёбанда мебошад.  Дар дохили ин система, ки ҳастии иҷтимоӣ ном дорад, зерсистемаҳои дигар низ вуҷуд доран: истеҳсоли иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғ.

Шакли чорум ҳастҳастии маънавӣ мебошад, ки ба он ҳамаи равандҳои олами маънавӣ, руҳонӣ дохил мешаванд. Монанди: ақида, нуқтаи назар, дониш, ахлоқ ва ғ. ҳастии махнавӣ одатан ба ҳастии маънавии фардӣ ва ҳастии маънавии иҷтимоӣ  ҷудо мешавад.

Ҳастии маънавии фарди вобаста ба як фард аст. Ин олами рӯҳонии фардӣ хусусияти равонии, ҷаҳонбинӣ, рафтор, сатҳи дониши ӯ ва ғ.

Ҳастии маънавии иҷтимоӣ ифодакунандаи шуури колективӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ, донишҳо ва ақидаҳои гуногуне, ки харатери уммӣ иҷтимоӣ доранд дохил мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *