Фанни Фалсафа

Мафҳуми маърифат

  1. Мафҳуми маърифат.

Маърифат (дониш) – махсул ва натичаи фаъолияти маърифати инсон, ки аз фарогирии маънави ва тасвири идеалии олам дар тафаккур иборат аст. Махз бо ёрии олотхои забони (мафхум, мухокима (хукм) хулосабарори аломат, рамз).

Дониш сабт шуда, аз насл ба насл накл мешавад, собит мемонад ва асоси фаъолияти амали мегардад. Дар таърихи фалсафаи томарксисти оид ба дониш ва мохияти он ду акидаи мухолиф вучуд дошта: идеалистон (Афлотун, Гегель) Донишро ба зоти мустакил ва омили таинкунандаи тараккиёти чамъият медонистанд.

Материалистони томарксисти донишро натичаю махсули фаъолияти маърифати ва тачрибаи фардхои чудогона мешуморанд.

Марксизм донишро инъикоси вокеият дар шуури инсон пиндошта, тараккиёти он ба инкишофи чамъият ва хаёт вобаста кунонида мешавад. Аз ин сабаб субъекти дониш на шахс ва фардхои чудогона, балки чамъият аст.

Донишро яке аз омилхои инкишофи чамъият мебошад. Роли он дар хаёти чамъият, алалхусус дар замони мо, ки илм ба кувваи истехсолкунанда бевосита мубаддал шудааст, басо муайян мекунад амалия меноманд.

Маърифат ин (фаъолияти) инъикоси бо максади предметхои олами объективӣ дар майнаи сари инсон аст. Манбаи дониш олами берунаи инсонро ихота карда мебошад. Он ба инсон таъсир карда дар у эхсос, тасаввур ва мафхумро падид меоварад. Масалан, инсон ба олами аз худ берун нигариста чангал, об, кух, замин ва дигар мафхумхоро мебинад. Гармии офтоб ва рушании чарогро кабул менамояд. Хамчунин овози паррандагонро мешунавад ва буи гулхоро эхсос мекунад. Пас, вакте берун ва новобаста аз шуури инсон предметхо вучуд надошта бошанд ва ба инсон таъсироте нарасонанд, дар чунин холат у дар бораи табиати ягон мафхум маълумоти каме хам пайдо карда наметавонад.

Мухимаш он аст, ки инсон натанхо предметва ходисоти олами объективиро дарк мекунад, балки фаъолона барои фахмидани мохият ва вазифахои хар як предмет таъсири амалии худро мерасонад.

Кабули олами объективи, предмет ва ходисоти он ба сифати манбаи асосии дониши мо асоси назарияи маърифатро ташкил медихад.

Вале нуктаи назари идеалистон бахри баёни масоили зикршуда чихатгирии дигареро дорад. Ин хам бошад онхо манбаи пайдоиши дониш будани предмет ва ходисоти олами объективиро рад карда, муътакиданд, ки манбаи пайдоиши дониш шуур, эхсоси инсонхои алохида, ё худ як идея ё неруи, ки берун аз инсон вучуд дорад, яъне «идеяи мутлак», «рухи чахони» ташкил медихад.

Мувофики назари идеалистон инсон кобилияти донистани мохияти ходисоти табиат ва хаёти чамъиятиро надорад. У вобаста ба вазъ натичаи офаридахои Худоро тасвир ва ба табакахо чудо мекунанд.

Хилофи акидаи идеалистон материалистони то марксисти баромада, маърифвтро хамчун инъикоси предметхои беруна дар майнаи сари инсон хисобиданд.

Бо вучуди ин ба камбудихои ноил шуданд. Ин хам бошанд: Инъикосро хамчун накши пассивонаи роедметхо дар майнаи инсои: арзиш ва накши амалияро дар протсесси дониш муайян накарданд.

Вокеан, хизмати Маркс ва Энгельс дар халли масъала дар он намудор гардида, ки онхо камбудихои материалистони то замони худро ислох намуда, асоси раванди донишро амалия, фаъолияти модию истехсолии одамон донистанд. Бо фаъолияти худ одамон предмет ва ходисоти оламро дарк карда мегирад.

Always use the online HTML editor to compose perfect articles for your website!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *