Фанни Фалсафа

Идеяҳои К.Э. Циолковский, В.И. Вернадский ва А.Л. Чижевский

Идеяҳои онҳо, ки аз ҷониби илми имрӯза тадриҷан эътироф мешаванд, ҳамин буд, ки чор тарафи моро маҷрои энергияи кайҳонӣ иҳота кардаасту он масофаи азимро тай карда, аз ситораҳо, аз сайёраҳою Офтоб ба Замин мерасад. Ба ақидаи Чижевский, энергияи офтоб офаридгари ягонаи ҳамаи зинаҳои поёнию олии шаклу сохт ва амали мавҷудоти зиндаи рӯи сайёраи мо энергияи ҷирмҳои кайҳонии аз мо бағоят дур ва гурӯҳҳои онҳо аҳамияти калон дошт.

Дар ин мафҳум мутаҳид шудани ду мабдаъ – биологӣ (зинда) ва ичтимоӣ қлӣ) – маҳз асоси ба маънои васеъ фаҳмидани истилоҳи «муҳит» мебошад. Ягон асос надорем ноосфераро ҳодисаи соф замини шуморем, дар тамоми кайҳон ҳам маъмул шудани он мумкин аст.

Модоме, ки муҳит ба одам таъсири ҳалкунанда мерасонда бошад, бояд худи ҳамин мафҳум ҳамаҷониба таҳлил шуда, на ҷиҳати кайҳонию табиии он аз мадди назар дур шавад ва на ҷиҳати ичтимоии ин муҳит.

Одам чун шахс. Одам чун мавҷудоти қавмӣ дар симои шахсони воқеӣ ифода меёбад. Мафҳуми шахс, якум, фарди ҷудогонаро чун намояндаи навъи олии биологии Homo sapiens ва, дуюм, «атомӣ» ягонаю ҷудогонаи умумияти ичтимоиро хотирнишон месозад. Ин мафҳум одамро аз ҷиҳати фардияту махсусият тасвир менамояд. Ба фард чун томияти махсуси воҳид чандин хусусиятҳо хос аст: томияти шакли морфологӣ ва психофизиологӣ, устувории муносибати мутақобил бо муҳит, фаолият. Мафҳуми фард фақат шарти аввалини ишораи соҳаи шайъии тадқиқи одам буда, дар он имконияти мушаххас шавии минбаъда ва зикри хусусияти сифатии вай дар мафҳумҳои шахс ва шахсият ифода ёфтааст.

Шахс дар рафти фаолияту муошират ба камол мерасад. Ба ибораи дигар гӯем, ташаккули шахс аслан ҷараёни ичтимоишавии фард аст. Ин протсес бо роҳи ташаккули ботинии симои нодиру нотакрори вай давом мекунад. Худшиносӣ ва хушбаҳодиҳӣ якҷоя ҳамин воситаи асосиеро муҳайё менамояд, ки дар атрофи он ҷиҳату нозукиҳои сершумору нотакрори хислати фақат ба шахс хос ташаккул меёбад.

Шахс маҷмӯи се қисми таркибӣ аст: осори биогенетикӣ, таъсири омилҳои ичтимои (муҳит, шароит, меъёр, танзимот) ва мағзи психо ичтимоӣ – «Ман».

Он як навъ унсури ботинии ичтимоии шахс мебошад, ки хорикаи равон гардида, характер, соҳаи мотиватсияи дар самти муайян зуҳурёбанда, тарзи бо манфиатҳои ҷамъият қиёс кардани манфиатҳои худ, меъёри даъвоҳо асоси ташаккули эътиқод, мақсаду ният, ҷаҳонбиниро муайянмекунад. Одам чун шахс кадом як унсури мукаммал нест. Вай ҷараёнест, ки кори монданашавандаи рӯҳиро талаб мекунад.

Ҷаҳонбинӣ хосияти асосии шахс мебошад. Он имтиёзи одамест, ки ба мартабаи баланди маънавият расидааст. Одамӣ аз худ мепурсад: ман кистам? Ба ин олам барои чӣ омадаам? Маънои ҳаёти ман, вазифаю таъиноти ман чист?

Ё ман мувофиқи ин ё он ҷаҳонбинӣ, фақат бо роҳи дар ҳаёт муайян кардани мақомаш имконият пайдо менамояд, ки бешуурона ва мувофиқи мақсад амал карда, моҳияташро таҷассум намояд. Ҷаҳонбини як навъ пулест, ки шахс ва тамоми муҳити оламро мепайвандад. Агар баробари ташаккули ҷаҳонбинӣ тинату сирати шахс – бунёди психологии одам ҳам пойдор мешавад, ки он шаклҳои ичтимоии фаолияти шахсро пойдору устувор мегардонад. «Фард фақат ба воситаи тинату сираташ сиришти доимии муайян пайдо мекунад».

Ҷаҳонбинӣ туфайли қувваи ирода матину устувор шуда қувваи таъсирбахш пайдо мекунад. Одамони қавиирода тинати зӯру тавоноҳам доранд. Чунин одамонро одатан иззату икром карда, онҳоро барҳақ пешвои худ мехонанд ва медонанд, ки аз онҳо чиҳоро умед кардан мумкин аст. Ин феъли хӯй ба муоширати одам ба дигарон манониат карда, ба қувваи дорусозу радкунанда молик мешавад. Ахлоқ ҷузъи махсуси шахс мебошад. Моҳияти ахлоқии шахс аз бисёр ҷиҳат озмуда мешавад. Вазъи ичтимоӣ аксаран боиси он мешавад, ки кас дар лаҳзаҳои душвор на ҳамеша аз рӯи усулҳои ба худаш хос ва аз рӯи амри виҷдон амал мекунад. Меъёри озодии субъективии шахс аз рӯи амри виҷдон муайян мешавад ва нишонаи савияи инкишофи худи шахс мебошад.

Пас нодирияти шахс чист? Шахс хусусиятҳои куллии ба вай чун ба намояндаи бани башар хосро дар бар мегирад, ба вай чун ба намояндаи ҷамоати муайяни дорои анъанаҳои махсуси ичтимоию сиёсӣ, миллӣ, таърихӣ, шаклҳои маданият аломатҳои махсусе ҳам хосанд. Вале дар баробари ҳамин шахс як унсури нодире ҳам мебошад, ки ин, якум, бо хусусиятҳои ирсиаш, ва, дуюм, бо шароити нотакрори микро муҳите алоқаманд аст, ки шахс дар ҳамин шароит камол меёбад. Одам муайян ҳамеша ягон ҷиҳати ба худаш хос дорад, ба вай лоақал кундзеҳнии беҳамтое хос аст, ки ба вай имкон намедиҳад вазъият ва мақоми худро дар он дуруст муайян кунад.

Ба ҳамин тариқ, мафҳуми нодирияти инсон дар маърифати ичтимоӣ, дар идроки ҳодисаю воқеаҳои ичтимоӣ, ташхиси механизми амалу инкишофи ҷамъият, идораи самарабахш он аҳамияти калон дорад.

Шахс, колектив, ҷамъият. Одам ба таъсири фаъолияти якҷоя ташаккул ва тағйир меёбад ва ба ин маъно вай дар як вақт ҳам объект ва ҳам субъекти таъсири қувваҳои ичтимои ва муносибатҳои Ҷамъияти мебошад: «… чунонки худи ҷамъият одамиро чун одам тавлид мекунад, айнан ҳамин тавр одам низ ҷамъиятро тавлид мекунад», — навишта буд К. Маркс.

Робитаи шахс ва ҷамъият, қабл аз ҳама, ба колективи ибтидои: оила, таълимгоҳ, колективи меҳнатӣ вобастааст. Ҳар узв фақат ба воситаи колектив узви ҷамъият мешавад. Роли ҳалкунандаи вай – роли «ҳуҷайрачаи» бағоят муҳими организми томи ичтимоӣ аз ҳамин фаҳмо буда, дар он шахс аз ҷиҳати маънави ва ҷисмонӣ ташаккул меёбаду бо роҳи ёд гирифтани забон ва аз бар кардани шаклҳои ҷамъиятан муайяншудаи фаолият аз маҳсули меҳнати ниёгон ба андозае баҳраманд мешавад. Ҳар кас дар аснои иҷрои ин ё он вазифаи ҷамъиятӣ роли фардию нотакрори худро ҳам мебозад, ки дар байни хелҳои сершумору гуногуни фаъолият асоси ягона дорад. Одам дар коллективи баравнақ то ба мартабаи дарки аҳамияти шахсияташ мерасад.

Агар коллектив шахсро дар бар гирифта, худаш ҳам аз ҷониби узвҳояш ташаккул ёбад, пас мақсади ин ташаккулёбиро барои вай тамоми ҷамъият муайян мекунад.

Ҳоло дар корхонаҳо умури ичтимоию психологӣ ҳамаҷониба инкишоф ёфтааст ва сиёсати ташкили чунин коллективҳои меҳнатӣ пеш гирифта мешавад, ки ҳамаи узвҳои онҳо аз рӯи аломатҳои ғайрирасмӣ ҳам мутаҳид мешуда бошанд: дар ин ҷо сухан аз қобилияти одамон, аз баҳои онҳо дар бораи имкониятҳои худ ва чунин ҳолатро фаҳмидани ҳар касе меравад, ки вай дар ҳақиқат ҳам мақоми босазое дораду узви зарурӣ, баробарҳуқуқ ва мўътабари колектив мебошад.

Ҷамъияти инсонӣ зинаи олии ташкили системаҳои мавҷудоти зинда аст. Он як навъ коллективи коллективҳо буда обрӯи олии ичтимоӣ дорад. Колективи ибтидоӣ ин ҷамъияти хурдтарин асту маҳз дар он шахс ва ҷамъият бе восита ҳамкори мекунанд. Ҷамъият барои шахс дар як вақт маҷмӯи шароити ичтимоии ҳаёт ва натиҷаи инкишофи коллективҳои ибтидои ва аз ин рӯ, натиҷаи инкишофи худи вай Ҳам мебошад, зеро шахс узви яке аз ҳамин колективҳост. Вале шахс дар ҷамъият ҳал ва ҳазм намешавад: вай аҳамияти фардияти нотакрору мустақили худро ҳифз карда, ба ҳаёти тамоми ҷамъият ҳисса мегузорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *