Фанни Фалсафа

Мафуми инсон. Пайдоиш ва ташаккули он

Яке аз ҳакимони қадим гуфтааст: барои инсон аз худи инсон дида объекти шавқовартаре нест.

Д. Дидро одамро сарвати олитарин, ягона офарандаи ҳамаи комъёбиҳои маданияти рӯи замин, маркази оқилонаи коинот, ҳамон нуқтае медонист, ки ҳама чиз аз он барояд ва ҳама чиз ба вай баргардад.

Пас одам чист? Ба назари аввал ин савол оддӣ менамояд: дарвоқеъ, намедонад, ки одам чист. Дар ин асно маълум мешавад: мо асрори онро ҳарчи бештар донистанӣ шавем сирри ин ҳодиса ҳамон қадар мешавад. Вале беинтиҳоии ин масъала касро аз худ дур не, балки чун оҳанрабо ба худ ҷалб мекунад.

Бо омӯзиши одам ҳар илм машғул шавад ҳам, усули ин илмҳо ҳамеша ба «Ташреҳӣ» вай нигаронда шудааст. Дар олам, муносибати одамро ба олам, имконияти ӯро ба «Худофарӣ», яъне ба тақдири худ шудан ошкор созанд. Барномаи фалсафиро аз забони Суқрот мухтасар чунин баён кардан мумкин аст: «Худатро бишнос»; ин аст решаю асоси ҳамаи масъалаҳои дигари фалсафӣ.

Таърихи фалсафа аз назарияҳои гуногуни моҳияти инсон саршор аст. Дар афкори фалсафии антиқӣ одам бештар чун ҷузъи кайҳон, як навъ микрокайҳон дониста мешуд, ки зуҳуроти инсонии вай ба мабдаи олӣ ба тақдир тобеъ аст.

Аз ин рӯ, масалан, Августин рӯҳро ба ҷисм новобаста ба худ тасавур мекард ва маҳз рӯҳро ба одам айният медод, вале Фомаи Аквинӣ одамро чун ваҳдати ҷисму рӯҳ, чун мавҷудоти байни ҳайвону фариштаҳо медонист. Ба ин фаҳмиш фикри охирати ҳастии инсон бегона аст: эътиқод ба ҷовидонияти рӯҳ ҳастии пуразоби заминиро аксаран обуранг медод.

Фалсафаи замони нав, ки ғолибан идеалистӣ буд, қабл аз ҳама ( ба пайравии дини насронӣ ) моҳияти маънавии одамро ба эътибор мегирифт. Вале бечунучаро иқрор шудан ба мухторияти хиради инсон дар маърифати моҳияти худ хизмати боз ҳам калонтарини он давра аст.

Фалсафаи идеалистии асри 19 – авали асри 20 мабдаи маънавии инсонро муболиға карда, баъзе мавридҳо моҳияти вайро аз мабдаи ақлӣ ва мавридҳои дигар, баръакс, аз мабдаи ғайриақлӣ иборат медонист. Гарчанде фаҳмиши моҳияти воқеии инсон дар назарияҳои гуногун аксаран ба назар расад ҳам ин фаҳмишро баъзе файласуфҳо, масалан Гегель, камубеш саҳеҳ ифода мекарданд.

Пояи принсипҳои консепсияи диалектикӣ – материалистии инсон гузошта шуд, вале бунъёди бинои фалсафаи аз ҳар ҷихат мутаносибӣ инсон аслан протсессии дар худмаърифати инсон беохир аст, зеро зуҳуроти моҳияти инсон беғоят гуногунҷабҳа буда, ҳам хираду ирода, ҳам характеру эҳсосот, ҳам меҳнату муошират ва ғайраро дар бар мегирад. Одам фикр мекунад, хурсандмешавад, азоб мекашад, дӯст медорад ва бад мебинад, доимо ба чизе мекӯшад, ба матлабмерасад ва аз он қонеъ намуда, ба мақсаду идеалҳои нав мекӯшад.

Меҳнат шарти муайянкунандаи камолоти одам буда, дар натиҷаи пайдоиши он ҳайвон одам шуд. Онро мувофиқи талаботи доимо тағйирёбандааш дигаргун месозад. Меҳнат дар соҳаи ичтимои боиси пайдоиши сифатҳои нави ичтимоии одам, аз ҷумла, боиси пайдоиши забон, тафаккур, муошират, эътиқот, тавҷеҳи қимат, ҷаҳонбинӣ ва ғайра гардид.

Ҳамаи ин маънои пайдоиши хели нави биологӣ Homo sapiens – ро дошт, ки вай аз худи аввал аз ду ҷиҳати ба ҳам алоқаманд – чун одами дорои ақл ва чун одами ҷамъиятӣ амал мекард.

Мафҳуми одамӣ хатман одами дигар ё, дақиқтараш, одамони дигарро тақозо менамояд ва фақат аз ҳамин ҷиҳат ба маънои пурраи сухан одам аст.

Ҳамаи дороии одам, тамоми он чӣ киодамро аз ҳайвон фарқ мекунад, самараи ҳаёти вай дар ҷамъиятаст. Ин на фақат ба таҷрибае дахл дорад, ки фард дар давоми умраш ҳосил менамояд.

Кўдак бо тамоми сарвати анатомию физиалогие ба дуньё меояд, ки инсоният дар тамоми ҳазорсолаҳо андӯхтааст. Дар баробари ҳамин ҷолиби диқат аст: бачае, ки аз маданиятҳои ҷамъият бебаҳра мондааст, маълум мешавад, ки ба ҳаёт аз ҳамаи мавҷудоти дигар дида камтар мутобиқ шудааст. Берун аз ҷамъият одам шудан мумкин нест.

Ҳодисаҳое маълуманд, ки кӯдакҳои тамоман хурдсол бинобар бадбахтие ба дасти ҳайвонҳо афтодаанд Хӯш,оқибат чӣ шуд? Ин кӯдакҳо на рост роҳ гашта метавонистанд ва на нутқ доштанд, овозҳое буд, ки дар байнашон зиндагӣ кардаанд. Тафаккури онҳо ба андозае оддӣ буд, ки онро фақат шартан тафаккур донистан мумкин аст. «Фард – навишта буд К. Маркс – мавҷудоти ҷамъиятист. Бинобар ин ҳар зухуроти ҳаёти вай – ҳатто агар он дар шакли зуҳуроти бевоситаи ҳаёти калективонаи ҳамроҳи дигарон ба сар бурда нашаванда ба назар нарасад ҳам – зуҳуроту пайдошавии ҳаёти ҷамъияти мебошад».

Чун субъект ва маҳсули фаъолияти меҳнатие, ки муносибатҳои ичтимоӣ дар асоси он ташаккул ва инкишоф меёбанд, ташреҳ додани одам саромади чунин фаҳмиш мебошад.

Ба мақоми таърифи дам даъво накарда, хусусиятҳои моҳиятии вай (одам ) – ро мухтасар ҷамъбаст мекунем. Мо дар ин сурат гуфта метавонем, ки одам мавҷудоти оқил, субекти меҳнат, муносибатҳои ичтимоӣ ва муошират аст. Чунин мафҳуми ичтимоият аз як тараф, алтернативаи ташреҳи индивидуалистӣ буда, аз тарафи дигар унсури биологии шахсияти одамро инкор мекунад, ки он ҳам характери универсалӣ дорад.

Ба ин ё он тарз муболиға кардани унсуроии ҷудогонаи сохти шахсияти одам ( масалан, ҷиҳатҳои фаҳмиши умуман одам ) дар баъзе ақидаҳои ҳозираи фалсафии хориҷии одам, аз ҷумла, дар фрейдизм ва экзистентсиализм дида мешавад. Одамро ташреҳ додани экзистентсиализм дар бобби 2 мухтасар баён шуд. Моҳияти ташреҳи фрейдистии одам чунин аст.

2.Таносуби чихатхои биологию ичтимоии инсон.

Фрейд нақшаи сохти равонро (равони шахсро) тартиб дода онро ба се қабати асоси тақсим кард.

Мо одамро аз се ҷихат – биологӣ психикӣ ( равонӣ ) ва ичтимоӣ мулоҳиза мекунем. Ҷиҳати биологӣ дар ҳодисаҳои морфо – физиологӣ, генетикӣ, инчунин дар протсессҳои дигари организми инсон ифода меёбад. Вақте, ки ҷихати психики мегӯем, замири одам – протсессҳои бошуурона ва бешууронаи вай, ирода, таасурот, хотира характер, феълу хӯ ва ғайраро дар назар дорем. Мо мегӯем, ки одам мавҷудоти оқил аст. Ин тавр, ки бошад тафаккури вай чӣ гунна аст; оё он фақат ба қонунҳои биологӣ тобеъ аст ё танҳо ба қонунҳои ичтимоӣ? Ҳар кадом ҷавоби қатъии соддалавҳии маҳз мебуд; тафаккури одам хоритаи ташкилаш мураккаби биологию психикиӣ ва ичтимоиест, ки маводи модиашро аз ҷиҳати биологӣ ( аниқтарашро гӯем аз ҷиҳати физиалогӣ ) қиёс кардан албата мумкин аст, вале мазмуну мундариҷаи мушаххаси он омезиши унсурони рӯҳию ичтимоӣ буда, дар он унсури ичтимоӣ бо ҷиҳати эмотсионалию ақли ва иродавӣ вобаста шуда, чун унсури равонӣ ба назар мерасад.

Чунончи, агар зимни таҳлил ба қутби биологӣ эътибор диҳем мо зинаи қонуниятҳои мавҷудияти организми вай ( унсурони биофизикӣ, физиологии ) одамро тадқиқ хоҳем кард, ки пртсессҳои шайию энергетикиро чун системаи устувори динамикӣ танзим карда, ба бақои тамиятихуд мекушад. Одам бо организми худбо ҳодисаҳои табиат итоат мекунад, ҷиҳати шахсии одам бошад ба ҳастии ичтимоӣ, ба ҷамъият ба таърихи инсоният, ба маданият нигаронида шудааст.

Аввалин заминаи ҳар кадом таърихи инсон ин, албата, мавҷудияти фардҳои зиндаи инсонист. Бинобар ин нахустин факти конкретие, ки бояд зикр шавад, ташкили ҷисмонии ҳамин фардҳо ва вобаста ба ҳамин муносибати онҳо ба табиати боқимонда мебошад. Вақте мо табиати ичтимоии одамро мулоҳиза мекунем ё дар бораи одам чун шахс сухан меронем, наумуман аз унсури биологӣ, балки аз хусусиятҳои антропологии вай, аз омӯзиши сохти бадан ва баъзе пртсессу хосиятҳои оддитарини рӯҳии вай (масалан, аз инстинктҳои оддитарин) дар соҳаи илми соф табиӣ сарфи назар мекунем. Бинобар ин сохти бадани одам биологияи вай чун хели махсуси воқеияти моддӣ мулоҳиза мешавад, ки бо мафҳуми ичтимоии шахсияти инсон робитаи мустаҳкам дорад.

Инқилоб аз «ҷисмият» чун объекти илмҳои табиӣ ба «ҷисмият»чун субъекти хосиятҳои ичтимоию психологии инсон фақат дар зинаи шахсиятии омӯзиши вай сурат мегирад.

Аз ду ҷиҳат – аз ҷиҳати биологӣ ва ичтимоӣ қиёс шудани одам дар фалсафа маҳз ба шахсияти вай дахл дорад. Вале ҷиҳати ичтимоии шахсиятии омӯзиши одам ба протсеси ширкати инсон дар сотсиуми маданию таърихӣ вобаста мебошад.

Ҳар дуи ин ҷиҳат дар алоҳидаги не, балки фақат дар ваҳдати амалиашон моро ба фаҳмиши сирру асрори инсон наздик карда метавонад. Ин ҳолат, албата, истисно мекунад, ки ба мақсадҳои гуногуни маърифатӣ гоҳ ба ҷиҳати биологӣ ва гоҳ ба ҷиҳати ичтимоӣ бештар эътибор дода шуданаш мумкин аст. Вале агар умуман гуем, дар мулоҳизаи инсон ин ду ҷиҳати вай бояд ҳатман бо ҳам ҷур бошад.

Дар акси ҳол тадқиқот аз доираи софи инсонӣ берун баромада, аз тадқиқоти илми табиӣ ё биологие иборат мегардад, ки дорои мақсади ҷузъии илмӣ мебошад, ё аз културология иборат мешавад, ки аз одами бевосита амалкунанда дур шуда бошад.

Агар одам хоҳ аз нуқтаи назари соф културологӣ ва хоҳ дар доираи биология, аз ҷумла, аз нуқтаи назари генетика (ё физиология, психология, тиб ва ғайра) маҳдуд баррасӣ шавад, ин ҳолат дар аксари мавридҳо боиси ташреҳи соддалавҳонаи таносуби унсурони биологӣ ва ичтимоии инсон мегардад.

Муҳити ичтимоии зиндагии одам на дар давоми таърих муҳайё шудааст, балки гӯё ба фаолияти фақат намояндагони баргузидаи вай офарида шуда бошад. Ин ақида на танҳо тасавурҳои мухталифи баргузида парастӣ, балки ҷиҳати дигари он – нажотпарастии назариявиро ҳам асоснок менамояд.

Аз ин ҷост, ки дар мавҷи чунин идеяҳо назарияи кадре навшудаи беҳдошт ва такмили ирсияти инсон пайдо шуда таҷдиду тавлиди бани башар, селексияи ҷузъиро ба «нафъи» инсоният мунтазам назорат кунад. Агар имконияти соф генетикии селексияро як су гузорем, бисёр масъалаҳои ахлоқию психологии зерин пайдо мешаванд: чӣ бояд муайян кард, ки киҳо дорои хусусиятҳои матлуби типи ген мебошанд ва умуман масъалаи матлуб будани маҳз кадом генро бояд кӣ ҳал кунад ва киҳо ҳал карда метавонанд.

Муболиға кардани омилҳои генетикӣ ва имкониятҳои селектсионӣ, ки ба сотсиал – биологизм ва сотсиал – дарвинизм хос аст, ба наҳ задани мабдаи ичтимоии инсон асос меёбад. Одам ҳақиқатан ҳам мавҷудоти табиат аст, вале дар баробари ҳамин мавҷудоти ичтимоӣ – табиӣ ҳам мебошад.

Дар бораи назарияҳое махсус сухан рондан лозим аст, ки аҳамияти омили биологиро зоҳиран эътироф намоянд ҳам дар бораи имконияти аз ҳисоби як худи таъсирҳои беруни тарбияви ба тарафи даркорӣ зуд ва ҳатман таъғйир ёфтани табиати инсон беасос даъвоҳои некбинона пеш гузошта мешавад. Тадбирҳои шитобкоронаи културологӣ ва ҷаҳишҳои кӯтоҳ муддати хастакунанда ягон аҳамияти таърихӣ на ичтимоӣ ва ичтимои надошта, иродаи сиёсиро фақат гумроҳу таҳриф сохта, таъсиру самараи худи воситаҳои ичтимоиро суст мекунад.

Пас мабдаъҳои биологӣ ва ичтимоии одам чӣ тавр мутаҳид мешавад? Барои ҷавоб додан ба ин савол ба таърихӣ пайдоиши одам чун навъи биологӣ рӯ меорем.

Хуллас, Одам ваҳдати томи дараҷаҳои биологӣ (организмӣ), рӯҳӣ ва ичтимоӣ мебошад, ки онҳо аз ду унсур: аз унсури табиӣ ва ичтимоӣ, ирси ва баъди тавалуд пайдошуда ташаккул меёбад. Дар баробари ҳамин фарди инсон маҷмӯи оддии арифметикии унсурони биологӣ, рӯҳӣ ва ичтимоӣ набуда, балки ваҳдати интегралии онҳост, ки боиси пайдоиши зинаи нави сифати шахсияти инсон мешавад.

Одам ва мухити зиндагии вай: аз замин то кайхон

Одам хам мисли хар кадом мавҷудоти дигари зинда муҳити зиндагии худро дорад, ки он дар таъсири мутақобили ҳамаи ҷуҳояш инъикос меёбад. Вақтҳои охир дар илмҳои оид ба одам факти ба вазъи организм, равон таъсир расондани муҳит беш аз пеш эътироф шуда, ҳисси мувофиқату созгорӣ ё номувофақатию ноҷӯриро муайян менамояд.

Агар одам дар системаи «инсон – муҳит» баррасӣ нагардад, мулоҳизаю дарки олам ноқису номукаммал мешавад. Мутлақо равшан аст, ки «муҳит» дар маврид қабл аз ҳама муҳити ичтимоӣ, яъне ҷамъиятро дар бар мегирад, вале фақат аз ҳамин иборат нест балки дар асл мафҳуми доманадор аст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо ба муҳити тибиӣ бештар эътибор медиҳем.

Ҳаёти мо бештар ба ҳодисаҳои табиат вобаста асту мо инро гумон мебарем. Мо дар сайёрае зиндаги дорем, ки дар қаъри он бисёр пртсесҳои ҳанӯз номаълум ҷӯш зада, ба мо мисли пораи рег дар фазои бепоёни кайҳон давр мезанад. Ба протсесҳои табиат – ба тағйироти гуногуни ҳарорат, ба тағйироти майдонҳои геомагнитӣ, радиатсияи офтоб ва ғайра вобаста будани вазъи организми одам аз ҳама бештар дар вазъи рӯҳию психикӣ ва умуман дар ҳолати организми вай ифода меёбад.

Мо дар асоси ақидаҳои басо маҳдуди доир ба ҳаёт тарбия ёфта, онро бозии қувваҳои стихиявии замини медонем. Вале вазъи кор чандон ин тавр нест. Нодуруст будани ин ақидаро ҳанӯз мутафаккирони замонҳои қадим пай мебурданд; онҳо одамро вобаста ба тамоми олам чун микрокайҳони таркиби микрокайҳон медонистанд. Вобастагии вай ба тамоми ҳодисаҳои олам ҳамеша ҳам дар асотирҳо, ҳам дар дин, ҳам дар ситорашиносӣ, ҳам дар фалсафа, ҳам дар ақидаҳои илмӣ ва умуман дар тамоми хираду ҳикмати халқ ифода меёфт. Аз ин ҷост, ки динамикаи ин қувваҳо на фақат дил, балки беистисно ҳамаи ҳуҷайраҳои узви зиндаро маҷбур месозад набзи худро ба набзу тапиши «дили кайҳонӣ» созу ҷӯр бошад ва бо ҷисму ҷараёнҳои осмонӣ ва албата қабл аз ҳама бо ҳамон ҷисмҳои осмонӣ мутаносиб шавад, ки ба мо аз ҳама наздиктаранд, яъне бо сайёраҳо ва бо офтоб.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *