Месяц: Ноябрь 2017

  • Вазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ

    1. Вазифаи ҳифзи табиат Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст. Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи ҳифзи ватан ва манфиатҳои давлат ва ҷомеа

    1.Ҳуҷҷатҳо дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ Барои одамон хонаашон пеш аз ҳама Ватан аст. Вай чун модари ягона ва такрорнашаванда мебошад. Чунон ки модарро интихоб намекунанд, Ватан ҳам интихобнашаванда аст. Ҳифзи Ватан пеш аз ҳама ҳифзи хонаи худ ба шумор меравад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии…

    Муфассалтар »
  • Вазифаи риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон

    1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқукие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии вазифаҳои инсон ва шаҳрванд

    1. Мафҳум ва мундариҷаи вазифаҳои инсон ва шаҳрванд Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф-давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм — шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад. Ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо принсипи муҳимтарини ҷамъияти мо мебошад, ки тавассути…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи таҳсил

    1.Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил Ҳуқуқи ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқи муҳимтарини фарҳангӣ мебошад. Вай бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҳким бахшида шудааст. Чунончи, дар моддаи 26-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: “Ҳар як инсон ҳуқуқи таҳсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва миёна бояд бепул бошад. Таҳсили ибтидоӣ бояд…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа

    1.Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва шаклҳои истифодаи он Ҳар кас, сарфи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ, ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, истифодаи муассисаҳои фарҳангӣ ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ дорад. Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ шаклҳои васеи вобастагӣ ба онро асоснок гардонида, ҷаҳони маънавии ҳар одамро ғанӣ мегардонад.…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ

    1. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангии инсон: мафҳум, хусусиятҳо Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳо мебошанд, ки рушди маънавии инсонро кафолат дода, ба кас кӯмак мекунанд, иштирокдори пешрафти маънавӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гардад. Онҳо аз ҷониби инсон дар раванди фаъолияти маънавӣ ва эҷодӣ ва шиносоӣ бо зебоӣ амалӣ гардонда мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ

    1. Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ: мафҳум, аҳамият Талабот ба таъминоти иҷтимоӣ ҳамзамон бо пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ба миён омад. Сарфи назар аз сохти сиёсию иқтисодӣ дар ҷомеа ва давлат одамоне ҳастанд, ки бо сабабҳои табиии ба онҳо вобастанабуда наметавонанд эҳтиёҷоти худро бо қувваи хеш таъмин созанд. Ба онҳо гурӯҳҳои гуногуни…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ бо ҳифзи саломатӣ

    1. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ: мафҳум, аҳамият Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 38) ҳуқуқи ҳар кас ба саломатӣ таҳким бахшида шудааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгӯи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба манзил

    1. Ҳуқуқ ба манзил: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 36) муқаррар шудааст, ки ин ҳуқук бо роҳи амалӣ сохтани сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда мешавад. Дар моддаи 22- и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи ташкили оила. Ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ

    1. Моҳияти ҳуқуқи ташкили оила Ҳуқуқи ташкили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ аст, зеро ҷамъияти инсонӣ бе оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз сатҳи некӯаҳволии оила вобаста аст, ки ин ё он ҷомеа дар кадом сатҳи рушди маънавию моддӣ қарор дорад. Ҳуқуқи ташкили оила ва зери ҳимояи давлат қарор…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ

    1.Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон: мафҳум, мундариҷа Ҳукуқҳои иҷтимоӣ дар маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таъмини адолати иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, зеро онҳо озодии инсонро дар соҳаи иҷтимоӣ таъмин карда, имконияти ҳимояи манфиатҳои ҳаётии инсонро фароҳам меоранд. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ чун ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳуқуқҳои насли дуюм…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба истироҳат

    1. Ҳуқуқ ба истироҳат: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқи муҳимтарини ҳар як инсон дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба истироҳат мебошад. Ҳуқуқ ба истироҳат бо ҳуқуқи ҳар инсон ба меҳнат, шароитҳои боадолатонаю мӯътадили меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо, масалан, ҳуқуқҳои шахсӣ ва фарҳангӣ зич алоқаманд аст. ? Фикр кунед ва мисолҳои алоқамандии…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб

    1. Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқ ба меҳнат дар низоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Вай ба одам имконият медиҳад, ки меҳнат кунад ва подоши меҳнати худро гирад. Меҳнат талаботи аввалиндараҷаи инсон, манбаи соҳиб шудан ба некӯаҳволии моддӣ ва моликият мебошад. Ҳуқуқ ба меҳнат ва…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба моликият

    1. Ҳуқуқ ба моликият ва мерос: мафҳум, аҳамият Нахустасоси ҳамагуна ҷомеа ва давлати демократӣ ҳуқуқи моликияти хусусӣ аст, бинобар ин инкишофи худи институти моликияти хусусӣ ва таҳкимбахшии кафолатҳои ҳуқуқи мазкур аз ҷониби давлат шарти зарурии амалишавии ислоҳотҳои ҳозираи иқтисодӣ мебошад. Ҳуқуқи моликияти хусусиро дар адабиёт ҳамзамон ҳам чун ҳуқуқи иқтисодӣ,…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ

    1. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ: мафҳум, мундариҷа Ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд, ки дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ амалӣ мешаванд; дар соҳаи меҳнат ва моликият, яъне дар соҳаи иқтисодии фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат вусъат пайдо мекунанд. Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ҳуқуқҳои асосии аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон мебошанд.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ

    1.Ҳуқуқи муроҷиат кардан: мафҳум, хусусиятҳои амалишавӣ Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ ё ҳуқуқи петитсия яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд, омили муҳими рушди демократии мамлакат мебошад. Муроҷиат (петитсия) шакли махсуси таъсиррасонӣ ба равандҳои идоракунӣ дар давлат аст. Онҳо ба мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ирсол…

    Муфассалтар »
  • Озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор

    1.Мафҳум ва аҳамияти озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор Байни ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол карда, яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон маҳсуб мешавад. Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани ҳар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма)…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта

    1.Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта: мафҳум, хусусиятҳо Ҳуқуқи иштирок дар ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта унсури муҳими ҳокимияти халқӣ, ҳуқуқи асосии сиёсии инсон ва шаҳрванд аст. Ҳар инсон бояд имконият дошта бошад, ки фикри худро оид ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба таври инфиродӣ…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ

    1. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқи муҳими сиёсӣ, ки ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ муносибати бевосита дорад, ҳуқуқи ба ҳар кас кафолатдодашудаи муттаҳидшавӣ бо фарогирии ҳуқуқи таъсис додани иттифоқҳои касаба барои ҳимояи манфиатҳои худ мебошад. Ин ҳуқуқ, ки ҳамчунин чун озодии иттиҳодияҳо ва ассосиатсияҳо маъруф аст, ба шаҳрвандон имконияти…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат

    1.Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат: мафҳум, аҳамият Ҳуқуқи иштирок дар идоракуни давлат ва корҳои ҷамъиятӣ принсипи бунёдии муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандони он ва яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои сиёсӣ аст. Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ бо роҳи ифодаи раъи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо, инчунин…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ

    1.Мафҳум ва аҳамияти ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ Ҳуқуқҳо ва озодиҳо аз ҷониби одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, амалӣ гардонида мешаванд. Озодиҳои сиёсӣ дар низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд гурӯҳи алоҳидаро ташкил дода, ҳамчун махсусияти ҷудонопазири ҷомеаи мутамаддин баромад мекунанд.…

    Муфассалтар »
  • Озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист

    1. Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои муҳимтарини шахсии (шаҳрвандии) одам аст. Он як навъ имконияти бемонеа ҳаракат кардан, ҷои рафт ва зист интихоб кардани одам дар қисмати дилхоҳи давлат, ҳамчунин тарк кардани мамлакат ва…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ

    1. Асоси меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалкунанда буда, самтҳои фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ: иҷроия, қонунбарор ва судиро муайян менамоянд. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон мебошад. Дар ҳама гуна давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди замони…

    Муфассалтар »
  • Озодии виҷдон ва эътиқод

    1.Мафҳуми “озодии виҷдон ва эътиқод” Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Ҳар як давлати ҳозираи демократии ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама озодии виҷдонро таҳким бахшида, кафолат медиҳад. Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, озодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ

    1. Тавсифи умумии ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ яке аз ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дорад, аз мансубияти шаҳрвандии шахс вобаста нест ва аз чунин тарафҳои зиндагии дохилӣ ва доираи муоширате, ки онҳо бошуурона махфӣ нигоҳ медоранд, иборат аст.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ

    1.Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ва фитрии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст. Он ба ҳуқуқҳои насли якум тааллуқ дорад. Аммо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи мазкур ҳанӯз дар Хартияи бузурги озодиҳои соли 1215 ба назар мерасанд. Дертар дар марҳилаи инқилобҳои…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ба ҳаёт

    1.Асосҳои фалсафӣ ва меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳаёт Андешаи он ки ҳаёти инсон арзиши аз ҳама воло дар рӯи Замин аст, чун худи таърихи инсоният хеле кӯҳна мебошад. Масъалаҳои ҳаёт ва мамот яке аз проблемаҳои доимиест, ки дарки он дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ гуногун буд. Ҳуқуқ ба ҳаёт чун яке аз…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ

    Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Онҳо бояд озодӣ ва мухторияти фардро, чун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимояи юридикии ӯро аз дахолати ғайриқонунии берунӣ таъмин намоянд. Асос ва таъиноти ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) таъмини бартарияти майлҳои инфиродии дохилии рушди ҳар як шахсият, имконияти худмуайянкунӣ ва худтатбиқкунии инфиродии инсон…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1.Мафҳумҳои «шаҳрванди хориҷӣ» ва «шахси бешаҳрвандӣ Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ва муваққатан теъдоди зиёди сайёҳон, донишҷӯёни хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра меоянд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷианд ва бо вазъияти ҳуқуқии худ аз шаҳрвандони Тоҷикистон фарқ мекунанд. Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон…

    Муфассалтар »