Фанни Таърих

Ҳукмронии Александр Север

(СОЛҲОИ ҲАЁТ: 208 – 235; СОЛҲОИ ҲУКМРОНӢ: 222 — 235). Ин император дар сарчашмаҳо бо номи Марк Аврелий Север Александр (бо лотинӣ Marcus Aurelius Severus Alexandrus) ҳам муаррифӣ карда мешавад. Александр Север 1 октябри соли 208 дар шаҳри финикии Қайсари (Арки Сезар) воқеъ дар Лубнон ба дунё омадааст. Дар овони навзодӣ ӯ Марк Юлий Гессий Алексиан ном доштааст. Падараш Марк Юлий Гессий Мартсиан ва модараш Юлия Авита Мамея, духтари Юлия Меза, набераи Юлиан Домна ва Септимий Север буд. Мисли амакбачааш ва Гелиогабал Алексиан дар Эмес дар вазифаи коҳини худои Офтоб фаъолият доштааст.

Мувофиқи талаби Юлия Мамея, инчунин модар ва бибиаш Юлия Соэмин ва Юлия Меса, моҳи июни соли 221 император Гелиогабал Алексианро писар хонда, номи ӯро бо номи Александр иваз намуда, Сезар эълон мекунад. Сенати Рим қатънома қабул кард, ки Гелиобали нуздаҳсола падари Александри дувоздаҳсола ҳисобида шавад. Вақте ки Гелиобал бо ҳамроҳии модараш Юлия Соэмий дар натиҷаи исёни сарбозон 11 марти соли 222 ба қатл мерасанд, Александр Север Август эълон карда мешавад.

Соли 226 Александр Север ба духтари Лутсия Сея, Герения Саллюстия, ки префекти претория буд (баъди ин мақоми Сезарро мегирад), хонадор мешавад. Лекин аллакай соли 226 падари ӯ дар суиқасд ба ҷони император гунаҳгор дониста мешавад. Ӯ ба лагери преторианиҳо мегурезад, вале дар он ҷо ӯро дастгир ва қатл мекунанд. Саллюстия аз Рим ба Либия бадарға карда мешавад.

Соли 231 дар Шарқ бо давлати навтаъсиси Сосониён ҷанг оғоз меёбад ва Александр бо ҳамроҳии модараш ба амалиётҳои ҳарбӣ бар зидди форсҳо роҳбарӣ мекунанд. Гарчанде ин ҷанг барои римиҳо бебарор буд, сарфи назар аз ин, дар соли 232 истиқлолияти Рим дар ин ҷо муҳофизат карда шуд. Соли 233 Юлия Мамея бо ҳамроҳии писараш аз Антиохия бармегарданд, вале танҳо барои он ки бо легионҳо лашкаркаширо давом дода, дар Ғарб то пойтахти Олмони Шимолӣ, шаҳри Могонсиак рафта расанд ва аз ӯҳдаи бартараф кардани таҳдиди нав бароянд: дар Ҷангали Сиёҳ алеманҳо сарҳадро убур карда буданд. Аз ҳамин сабаб маъракаи калони ҳарбӣ ба нақша гирифта шуда буд.Барои ин дар дарёи Рейн пули калон сохта мешавад, вале Мамея ва Александр тасмим гирифтанд, ки аз роҳи дипломатӣ истифода бурда, кушиш ба харҷ диҳанд, ки пешвоёни олмониҳоро ба воситаи пул ба тарафи худ кашанд. Ин тадбир қаҳру ғазаби сарбозони Легиони ХХII Фортунаи Нахусттавлидёфта ва легиони II Портро ба вуҷуд меоварад. Дар ҷараёни исён 19 марти соли 235 легионерҳо Алексвандр Северро бо ҳамроҳии модараш ба қатл расониданд. Сарбозон Максимиани Фракиро император эълон карданд, зеро маҳз ӯ онҳоро ба муқобили олмониҳо бурд. Сенат ба Мамея лаънат хонд, вале Александр Север соли 238 (баъди аз ҳокимият маҳрум карда шудани Максимин) худо хонда мешавад.

Дар баробари марги Александр Север дар Империяи Рим марҳалаи бенизомии сиёсӣ амри воқеӣ мегардад, ки он ба таърих ҳамчун марҳала ворид шудааст.

Дар шароите, ки нисфи мардонаи оилаи хонадони ҳукмрон беҳунарӣ нишон доданд, қобилияти фавқулоддаро занон – ҳамсари Септимий Север – Юлия Домна, хоҳари ӯ Юлия Меса ва духтари охиринаш – Мамся нишон медиҳад. Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо аз соли 211 сар карда то афтидани ҳокимияти хонадони Северҳо (дар соли 235) роҳбарӣ дар Империяи Рим дар «дасти заифи» занҳо буд.

Похожее изображение Картинки по запросу Дарий 1

Куруши Кабир Дорои I

СИЁСАТИ ҲАРБИИ СЕВЕРҲО. Дар ин марҳала ҳукумати Империя диққати зиёдро ба сиёсати ҳарбӣ медод. Баландшавии ҳисси озодихоҳии миллӣ дар Эрон ба афтидани ҳокимият дар Порти Аршакихо оварда расонид. Сулолаи нави ҳукмрони Сосониён анъанаҳои қадимаи форсии Ҳахоманишиёнро аз нав эҳё намуда, кори ҷидду ҷаҳдро дар мубориза бар зидди Империяи Рим барои қаламрави шарқии он, ки як вақтҳо ба хайати Шоҳаншоҳии Куруши Кабир ва Дорои I Кабир дохил буданд, оғоз намуд,

Ҳамагӣ баъд аз се – чор соли дар Эрон ба даст овардани хокимият Ардашери I Бобакон соли 230 ба музофотҳои шарқии Рим, ки як вақтҳо дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён буданд, зада даромад. Ин воқеа барои Империяи Рим чунон хатари даҳшатнок ба бор овард, ки император Александр Север ба Шарқ рафт, то ки Империяро аз он эмин нигоҳ дорад. Қушунҳои Рим рақиби ба сарҳад наздикшударо фишор дода бароварда, баъд а дарунтари сарзамини Сосониён ворид гардида, Арманистонро аз нав ишгол карданд ва бо ҳамин барои худ баҳри ба Байнаннаҳрайн воридшавӣ роҳ кушоданд. Вале аз эрониҳо сахт шикаст хурда, маҷбур мешаванд, ки рӯ ба ақибнишинӣ оранд.

Ҷамъбасти ин ҷанги Рим бар зидди давлати Сосониён он шуд, ки дар байни ин ду давлати пурзури замон сулҳ ба имзо расид ва ин санад ба ягон тараф афзалияте надод. Лекин ин гуфта хулосаи муаллифони Ғарб мебошад. Баракс, ин ҷанг нишон дод, ки Рими замони Империя дигар иқтидоре надоршт, ки бар зидди давлати Сосониёни точанде пурзӯршудаистода муддати дуру дароз истодагарӣ карда тавонад.

Сарфи назар аз ин ҳолат, баъди баргаштан Александр Север соли 233 дар Рим триумфи (фотеҳии) худро чашн гирифт, лекин соли ояндаи 234 вазъият аз ӯ талаб кард, ки дар Рейни Поён ҳузур дошта бошад¸ зеро дар он ҷо бо Олмон ҷанг оғоз гардида буд. Император ба шаҳри Могонсикак (Майни имруза) омад. Зимистони солҳои 234 – 235 ба тадбирҳои тайёрӣ сарф карда шуд. Артиши Рейн бо навкаскароне, ки ба ин ҷо аз қӯшунҳои дигари Рим оварда буданд, пурра карда карда шуд. Мувофиқи нақшаи римиҳо ҳуҷуми густурдаи артиши онҳо бояд баҳор сурат мегирифт. Вале моҳи марти соли 235 Александр Север ва модари ӯ аз тарафи сарбозон бо сардории Максимин Фраки исёнбардошта ба қатл расонида мешаванд.

Максимин Фракиец Ардашери 1

Максимини Фракӣ Ардашери I

Марги Алексанр Север мутобиқи анъанаҳо оғози бӯҳрони умумии Империяи Рим ба ҳисоб меравад. Азбаски ин бӯҳрон бо номи бӯҳрони асри III маълум аст, вазъияти Империя дар замони ҷойгирони Септимий Северро низ ҳамчун бӯҳрон номидан мумкин аст. Нишонаҳои нахустини ин бӯҳрон ҳанӯз дар замони ҳукмронии Марк Аврелий ва писари ӯ Коммод ба миён омада буданд. Ҳудуди болоии хронологияи ин бӯҳрон ба замони ба тахти Императорӣ нишастани Диоклетиан дар соли 284 дурусттар ба назар мерасад, императоре, ки тавонист ба ҳукмронии императорони сарбозҳо хотима дода, ҳокимияти тетрархияро ташкил намояд

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *