Фанни Таърих

Империяи рим дар марҳалаи рушд ва нашъунамо асрҳои аввали милодӣ

Принсипат ва ҳукмронии императорон Октавианавгуст, Тиберий ва ворисони ӯ

Принсипат гуфта (аз лотинӣ – princeps – «якум» – «дар ҷои аввалбуда») дар илм аллакай дар замони антиқа ин тавр ном бурдани низоми сиёсӣ қабул шуда, он дар Рими замони Октавиан Август ва меросхӯрони наздиктарини ӯ ташаккул ёфта, баъд бо баъзе тағйиротҳо то замони сулолаи императорони Северҳо омада рсидааст. Дар тули қисмати зиёди ин давра ҳокимияти шахсии император дар зери паноҳи шаклҳои ҷумҳуриявӣ ва урфу одатҳои анъанавӣ қарор дошт. Октавиан имконияти пурра дошт, ки баъди ғалаба бар Антоний дар Рим диктатураи ҳарбӣ муқаррар намояд. Вале император Октавиан бо мақсади бехатарӣ идораи гражданиро бо шакли идораи ҷумҳуриявӣ интихоб мекунад. Бояд зикр кард, ки ин низоми давлатдорӣ дар замони ҳукмронии императорҳои оянда низ вуҷуд дошт.

Картинки по запросу Карта Римской Империи

Харитаи Империяи Рим дар марҳалаи нашъунамои он

Принсипати октавиан август (солҳои 27 то милод – 14 милодӣ). Таъсиси ҳокимияти олӣ

ДАР РИМ БА САРИ ҚУДРАТ ОМАДАНИ ОКТАВИАН АВГУСТ. Марги Антоний ва Клеопатра дар Миср тобистони соли 30 то милод Октавиан Августро дар тамоми давлати Рим ба шоҳи ҳокимияташ номаҳдуд табдил медиҳад, ки ин, дар айни замон, бо тамоми ихтилофаш масъалаи ташкили ҳокимиятро низ ба миён меорад. Дар баробари ин, меросхӯри Юлий Сезар бо роҳи ташкили ягон хел мансаби нави фавқулоддае нарафт, ки он ба диктатори якумра баробарвазн бошад, балки ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки ҳокимияти худро дар дохили низоми сиёсии мавҷуда созад.

ПУРЗУР ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШАХСИИ ОКТАВИАН. 13 январи соли 27 то милод дар маҷлиси Сенат Октавиан бо тантана эълон дошт, ки ҷангҳои гражданӣ ба охир расиданд ва Ҷумҳурӣ барқарор карда шудааст, бо хоҳиши сенаторҳо (шояд ин пешниҳодро ба Сенат худи Октавиан бор карда буд) розӣ шуда, ҳокимияти худро дар як қисми музофотҳо – Миср. Галлия, музофотҳои Испания ва Сурия нигоҳ дошт. Қӯшуни Рим, ки шумораи он баъди ба анҷом расидани ҷанги гражданӣ ниҳоят зиёд кам карда шуда буд (ҳадди аққал аз 50 то 28 легион), дар зери фармондеҳии Октавиан боқӣ монд. Октавиан ҳарсола ва то соли 23 то милод ба мансаби консул интихоб карда мешуд, инчунин аз баъзе имтиёз ва ҳуқуқҳои трибунҳои халқӣ, ки қаблан ба ӯ дода шуда буд, низ истифода мебурд. Он чӣ ки ба сенат, магистратҳо ва маҷлисҳои халқӣ дахл дорад, низ моҳиятан ваколату ҳуқуқҳои ӯ дар ин мақомот нигоҳ дошта шуданд, гарчанде ҳаёти воқеии сиёсӣ қариб дар як замон ба зери назорати император даромада буд.

250 1 21

Окватиан Август Клеопатра Марк Эмилий Лепид

Таъкид бояд кард, ки унвони императориро Октавиан чун Сезар ба худ дар асоси доимӣ қабул мекунад. Аксарияти кулли римиҳо аз ин хурсанд буданд. Баъди санҷишҳои сангине, ки дар солҳои ҷанг ба сари сокинони «шаҳри абадӣ» омада буданд, гӯё паси сар шуда, муқаррар гардидани сулҳ ва ваҳдати римиҳо эълон карда шуд. Вале қайд бояд кард, ки сулҳу ваҳдат барои онҳо аз доктринаи торики сиёсӣ, шиорҳои абстрактии бебунёд ва ҳамаи ҳуқуқҳои сенат ва халқ дар якҷоягӣ арзиши бештар дошт. Ин аст, ки борони ҳамду санохониҳое, ки ба сари Октавиан рехтанд, қисман аз ҳиссиёти шахсии аҳолиии Италияро фарогирифта ба миён омада буданд.

ИМПЕРАТОР ЭЪЛОН КАРДА ШУДАНИ ОКТАВИАН. Дар байни ин ҳамду санохонӣ ва унвонҳои ифтихорӣ, ки римиҳо саросемавор «наҷотдиҳандаи давлатро» мукофотонида буданд, бояд махсусан хотирнишон кард, ки аз тарафи меросхӯри Сезар унвони «Император Сезар Август»-ро қабул кард. Дар он ҳар як калима рамзи худро дошт: унсури якум номи – Imperator – ба аскарон равона карда шуда, маънии Октавиани мағлубнопазирро дошт. номи дуюм – Cacsar –алоқамандиро бо Юлий Сезар нишон медод, ки баъди маргаш расман дар қатори худоҳои римӣ номнавис шудаст ва, ниҳоят, номи сеюм – Augustus (аз augeco – «ман афзун мегардонам») нақши ӯро ҳамчун «диҳандаи неъматҳо» (сулҳу осоиш ва ғайраю ва ҳоказоҳо), хусусияти олию муқаддаси ҳокимияти ӯро таъкид мекард. Акнун ин ном дар ҷои аввали рӯйхати сенаторҳо истода, баъди ӯ номҳои муқобилону ғолибон дар назди Аксиум ва онҳое меистоданд, ки аз рӯи пайдоиш ва хизматҳои худ ҳеҷ гуна ҳуқуқ надоштанд, ки дар маҷлиси курия иштирок намоянд. Ҳамин тариқ, Октавиан сенатори аввалин (princeps snatus) шуд ва маҳз унвонсолории принсепсӣ минбаъд дар маънии нисбатан васеи баробар ба барандаи ҳокимияти олӣ дар давлат (princeps civitats)-ро пайдо менамояд.

ИСЛОҲОТИ СИЁСИИ ИМПЕРАТОР ОКТАВИАН АВГУСТ. Асосҳои низоме, ки ба он соли 27 то милод гузошта шуда буд, баъд аз чор сол — дар соли 23 то милод такмил дода шуд. Ҳокимияти императории Август ҳокимияти олӣ эътироф карда imperium majus yjv ubhbanf ном мегирад, ҳокимияти трибуниро бошад, ӯ ҳамон замон бо пуррагӣ қабул мекунад. Ҳокимияти олии ҳарбӣ (imperium majus) ва ҳокимияти трибуни халқӣ (inbumicia potcstas) минбаъд базан (асоси) ҳуқуқии сарварии сиёсӣ мешавад, ки ин музаффарияти Август буда, бо яроқ дар даст муваффақ шуда, он асоси ҳокимияти ҷойгирони ӯ – императорҳои асрҳои I – II милодӣ мешавад. Илова ба онҳо, соли 12 то милод Август дар соҳаи дин вазифаҳои муҳимро ба даст овард: баъди марги Марк Эмилий Лепид, ки ҳамкори (коллегаи) ӯ дар Триумвирати Дуюм буд, мақоми пантифики олиро гирифта, бо ҳамин сарварии ташкилоти коҳинони Римро низ соҳиб мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *