Год: 2017

  • Таснифи шаклҳои дониш

    маърифати ҳиссӣ маърифати ақлӣ (зеҳнӣ) Ба шаклҳои маърифати ҳиссӣ дохил мешаванд: эҳсос, идрок, тасаввур. Эҳсос — инъикоси хосияти алоҳидаи объект, ки ҳангоми таъсир расонидани он ба узвҳои ҳисс пайдо мешавад. Кулли иттилооти ибтидоӣ дар бораи олам ба шуури инсон тавассути эҳсос мерасад. Дуруст аст, ки узвхои хисси инсон на хамаи…

    Муфассалтар »
  • Намуд ва сохтори дониш

      Дониш ин иттилоот дар бораи ягон предмет аст. Бояд қайд намоем, ки чунин таърифи мухтасар хеле назарфиреб аст, чунки дар он на ҳамаӣ хосиятҳои дониш ифода карда шудаанд. Ба таҳлили баҳси файласуфон, ки дар атрофи ин мавзӯъ доман паҳн намудааст, дода нашуда, фақат баъзе иловаҳо ба таърифи мазкурро қайд…

    Муфассалтар »
  • Маърифат ҳамчун мавзӯъи таҳлили фалсафӣ

    Маърифат раванди фаъолонаю мақсадноки инъикоси воқеият дар майнаи инсон буда, таъиноташ дастрас кардани донишхои мувофиқ дар бораи олам мебошад. Маърифат раванди ичтимоӣ-таърихии фаъолияти эчодии одамон аст. Дар ҷараёни он қишрҳои мухталифи ҳастӣ, тарафу чиҳатҳои дохилӣ за берунаи зуҳуроту предметҳо маълум карда мешаванд, инчунин худи субъекти ҳамин фаъолият (яъне инсон ва…

    Муфассалтар »
  • Қонунҳои асосии  диалектика.

      Дар байни усулҳои фаҳмиши диалектикаи инкишоф- қонунҳо, категорияҳо, принсипҳо асоситаринашон қонунҳои диалектикӣ мебошанд. Қонун ин алоқаҳои объективӣ (новобаста аз ихтиёри инсон), умумӣ, устувор, зарурӣ ва такроршаванда байни мавҷудот ва дохили ҳар як мавҷуд мебошад. Қонунҳои диалектика аз қонунҳои дигар илмҳо (физика, химия, математика ва ғ.) бо умумӣ будани худ…

    Муфассалтар »
  • Ҳаракат ва инкишоф

      Таълимот оид ба ҳаракат дар тулии таърихи фалсафа ҳамеша мавриди баррасии донишмандон буд. Алакай дар давраҳои ибтидоии инкишофи маърифати инсонӣ донишмандони дунёи қадим ба таъғирпазирии ҳастӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Анаксимандр оиди табдили апейрон ба чор унсур ва гузариши байниҳамдигарии онҳо андешаронӣ намудааст.  Асосгузори диалектикаи қадим Гераклит таълим медод, ки…

    Муфассалтар »
  • Низоми ҳастӣ

    Зери мафҳуми низоми ҳастӣ чунин мақсад дар назар аст, ки ҳамаи мавҷудот ба таври беартибона берун аз низоми муайян мавҷуд набуда, балки дорои низом ва тартиби муайяне мебошанд. Ҳамаи  онҳо бо ҳам дар алоқамандӣ қарор доранд. Олам як сохтори мураккабе мебошад, ки аз зерсохторҳо ва элементҳои зиёд, ки дар алоқамандии…

    Муфассалтар »
  • Гуногунӣ ва ягонагии ҳастӣ

    Масъалаи ҷавҳарият (субстанция)   Ҳастӣ категорияи аввалинӣ фалсафа ба шумор рафта, ҳамаи мавҷудоти оламро фаро мегирад. Дар қаъри Замин ва дар рӯи он қариб 30 ҳазор минералҳо вуҷуд дорад. Дар иқлимҳои гуногуни саёраи мо наздики 500 ҳазор намуди ҳайвонот ва миллионҳо намуди растанӣ вуҷуд дорад. Кишварҳои гуногун, маданият ва тамаддунҳои…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи ҳастӣ Мафҳум ва мазмуни ҳастӣ

    Дар раванди дарки олам фалсафа мафҳумҳои бунёдӣ- категорияҳро  ба кор мебарад, ки хусусият ва муносибатҳои мавҷудаи воқеъиятро муайян мекунанд. Категорияе, ки ба воситаи он ин дарккунӣ оғоз меёбад «Ҳастӣ» ном дорад. Маънии ҳастӣ вуҷуд, мавҷуд, вуҷуд доштанро дорад. Хастӣ бо маънии буд низ дар таълимоти донишмандони гузаштаамон дучор меояд, масалан:…

    Муфассалтар »
  • Глобализатсия ва шаклҳои идоракунии олам

      Мулоҳизаҳои муосир, ки ба раванди муносибатҳои ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари амрикомарказӣ ва махсусияти он сарчашма мегиранд, такя ба ғояҳо ва тарҳҳои тотаҷрибавӣ ва махфидории ҳолати объективӣ  мекунанд, ки ҳокимияти умумиҷаҳонии барои глобалистон (глобократия) лозимаро пешбинӣ менамояд. Глобализатсия  ё худ раванди  ҷаҳонишавӣ, ки  асосҳои идеологии онро ғояҳои неолиберализм, сотсиал-дарвинизм, неокнсерватизми…

    Муфассалтар »
  • Ҳамкории тоҷикистон дар доираи сҳш

    Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи СҲШ Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи СҲШ Дар сиёсати хоричи Чумхурии Точикистон дар бораи хамкорихои дучониба бо кишвархои хоричи хамчунин ба хамкорихои бисёрчониба бо созмонхои бонуфузи байналмилали ва минтакави, аз кабили Созмони Миллали Муттахид (СММ), Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САХА),Иттиходи Аврупо (ИА),Созмони шартномаи атлантикаи…

    Муфассалтар »
  • Осиёи марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналхақӣ

    Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ Осиёи Маркази дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ   Дар охири солҳои  80 ва авали солхои  90-уми  асри ХХ дар сиёсати байналхалқӣ ва ҷойгиршавии қувваҳои тағйироти қатъӣ ба амал омаданд. Дар давоми ин солҳо тамоми системаи сиёсии ҷаҳон бо аз байн рафтани системаи ҷаҳонии…

    Муфассалтар »
  • Равандҳои ҳамгироӣ дар осиёи марказӣ

    Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ Мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамгироӣ   Дар мархилаи хозира дар сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон доштани робитаи хасанаи наздик ва собит ба кишвархои хамсоя -Чумхурии Узбекистон, Киргизистон, Афгонистон ва Чин ва минтака-Чумхурии Казокистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Хиндустон ба хотири эъчоди катарбанди бовари ва амнияти…

    Муфассалтар »
  • Тоҷикистон дар раванди глобализатсия

      1.Мафҳуми ҷаҳонишавӣ 2. Равандҳои ҷаҳонишавӣ   Солҳои охир  мафҳуми ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар таомули муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам ишғол карда, аз тарафи журналистон, иқтисоддонон, сиёсатмадорон, муҳофизони ҳуқуқҳо, ки бо проблемаҳои байналмилалӣ cару кор доранд, зуд-зуд истифода мешавад. Ҷаҳон торафт тангтар мешавад, дар он сарфи назар аз фарқиятҳои байни мамлакатҳо, қитъаҳо…

    Муфассалтар »
  • Нақши давлат дар пойдории худогоҳии миллӣ

    Нақши давлат дар таҳкими худогоҳии миллӣ Идеяи милл ва худшиносии миллӣ Давлат ба сифати ташкилоти асосии батартибандозандаи равандҳо ва муносибатхои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ баромад менамоянд. Давлат ҳамаи  ҳодисаҳои ҷомеаро фаро мегирад ва худогоҳии миллиро таъмин менамояд. Одамон новабаста аз хоҳишашон давлатро эътироф мекунанд.Яке аз институтҳои марказии системаҳои сиёсӣ давлат…

    Муфассалтар »
  • Таҳдидҳои асосии амнияти ба минтақа ва Тоҷикистон

    Масъалаҳои таҳкими амният дар Тоҷикистон Мбориза бар зиддӣ таҳдидҳои муосир Дар як қатор  мамлакатхои Аврупои  Шарқӣ ба монанди  Чехославакия, Венгрия, Руминия, баъди  барҳам хурдани системаи сотсиалистӣ  низоъҳои дохили авҷ гирифт.  Дар як қатор мамлакатҳои  агар ин  масъалахои  иқтисодии  миллӣ бошанд, дар  як қатор дигари мамлакатҳо ин  низоъҳоро  масъалаи   маданию забонӣ …

    Муфассалтар »
  • Таҳаввулоти геополитикии ом-ва таъсири он ба сиёсати дохилӣ

    Таҳаввулоти геополитикӣ Мавқеи Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ Сиёсати геополитикӣ дар асоси се  назарияи илмӣ: тамаддунӣ, ҳарбию стратегӣ ва детерминизми географӣ ташаккул ёфтааст. Дар замони ҳозира нуқтаи назари футурологҳо барои сиёсат аҳамияти  амалӣ дорад. Давлат метавонад роҳҳои қулайтари  пешравии ҷомеаро муайян  намояд. Дар  пешгўиҳои иҷтимоӣ асосан аз ду  метод:  экстраполативӣ ва …

    Муфассалтар »
  • Тоҷикистон  дар  остонаи  асри  глобалӣ

    Мавқеи Тоҷикистон дар остонаи асри глобалӣ Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон Дар қатори масъалаҳои  байналхалқи, масъалаҳои глобалӣ низ  яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъияти ба шумор мераванд. Худи  мафҳуми «global»  аз забони фаронсавӣ гирифта шуда  маънои  умумӣ ва фарогирандаи умумии тамоми  сайёраи заминро дорад. Аввалин шуда ин мафҳумро  олими  амрикоӣ…

    Муфассалтар »
  • Паёми президент ва самтҳои сиёсати дохилӣ

    1.Аҳамияти омўзиши Паём, дар самтҳои мухталифи ҷомеа Нуқтаҳои муҳими Паём дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Мутафаккири маъруф А.Эйнштейн самимона навишта буд: … аз кулли халқҳо ҳамон халқ доимо барҷаста мемонад, агар вай дар соҳаи тафаккуру дониш аз дигарон афзалият дошта бошад. Гегел бовар дошт, ки бо баробари расидан ба…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷи Ҷумхурии Тоҷикистон

    Ҳамкориҳои ҶТ бо ИДМ Ҳамкориҳои дипломатии ҶТ бо ИДМ Профессор И.Усмонов дар рисолааш Таърихи сиёсии Точикистон сохибистиклол аз хусуси вокеаи мухиму сарнавиштсоз будани Ичлосияи 18 Шурои Олии Чумхурии Точикистон сухан ронда, вокеъ бинона ва дуруст навиштааст,ки анчоми Ичлосия анчоми чанг ва шуруи сулх набуд, балки он гардише барои муайян кардани…

    Муфассалтар »
  • ВАҲДАТ- дар майдони муқовимати мафкуравӣ

    Дастовардҳои ваҳдати миллӣ Таҳкими идеяи ваҳдати миллӣ То имрўз фишанг ва ё коди генетикӣ, ки бо воситаи он бозтавлиди тамаддуни пешрафта, ки он дар худ фарҳанг, анъана, эътиқот, вафодории оилавӣ ва гайраҳоро фаро мегирад,  таъмин намоем,  ҳанўз афсона аст. Фақат ягона роҳ – ин тарбияи ҷавонон, ғани гардонидани мафкураи онҳо,…

    Муфассалтар »
  • Нақши сиёсати дохилӣ дар бунёди идеяи “ваҳдати миллӣ”

    Таҳкими роҳҳои мустаҳкамнамоии идеяи ваҳдати миллӣ Нақши сиёсати давлати дар таҳкими ааҳдати миллӣ Тоҷикистони азизи мо чун дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар давраи гузариш қарор дорад, аниқтариш марҳалаи трансформатсионӣ ва ё шаклгирии ҷадидро аз сар гузаронида истодааст. Яъне, кулли ҷабҳаҳои ҷомеа — иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва мафкураи ҷомеа дар…

    Муфассалтар »
  • Сиёсат ва муносибатҳои миллӣ

    Муносибатҳои миллию этникӣ Роҳҳои таҳкими худшиносии миллӣ Олами муосир  аз ҷихати  миллию этникӣ хеле гуногун мебошад. Дар ҷаҳон қариб  3 ҳазор халқхо зиндагӣ  доранд. Масъалаи миллӣ  яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ба шумор меравад ва асосии онро умумияти этникии одамон  ташкил менамоянд. Умумияти этникӣ асоси гурўҳи одамон  буда,…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи сулҳ

    Дар мақола идеяҳои фалсафаи сиёсӣ оид ба равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ зери таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллифон кўшиш намудаанд, ки нақши давлат ва субъектҳои сиёсиро дар ташаккули сулҳ миёни миллатҳо нишон диҳанд. Рушди инсоният асоси сулҳ маънидод карда мешавад.                            Калидвожаҳо:  бархўрди тамаддунҳо, гуфтугўи тамаддунҳо, шуур, модернизм, глобализатсия, интегратсия, сулҳ. «Чуноне, ки…

    Муфассалтар »
  • Худшиносии ҷамъиятӣ ва рўҳияи ҷамъиятӣ дар таълимоти Розӣ

         Дар ҳамаи давру замон фикри одамони беҳтарини таърихиро масъалаҳои худшиносӣ, худсозӣ, худбарқароркунӣ, озодӣ, ирода, баробарӣ, адолат, муҳаббат, ҷанг ва сулҳ барин падидаҳои умумиинсонӣ ба худ ҷалб намудааст. Закариёи Рози низ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои таърихӣ буда, андешаҳое баён кардааст, ки барои ҳамаи замонҳо яксон аст. Мо рушди принсипҳои худшиносӣ…

    Муфассалтар »
  • Сарнавишти сулҳ. Ҳиссиёт ва воқеият

    Бозтоби воқеаҳои глобалӣ, минтақавӣ ва баъзе протсесҳои диалектикӣ-идомаи мантиқии равандҳои геополитикӣ, ки  дар ҷаҳон рух медиҳанд, ниёз ба таҳлил, муқоиса, мушоҳида, арзёбӣ ва хулосабарории дақиқро доранд. Аз нуқтаи назарияи конструктивизм «барои миллатсозӣ намудан дар ҷавҳари мардум нерўҳои хобрафтаро бедор намудан зарур аст. Дар самти мазкур таъмини баробарии шаҳрвандӣ ва гирд…

    Муфассалтар »
  • Санъат ва давраи нав

    Аз он вақте, ки дар осмон офтоб фурўзон буда дар гирдаш сайёраҳо чарх мезананд, ҳеҷгоҳ дида нашудааст, ки дар ҳамаи замонҳо одамон дар хусуси тақдиру толеъ, хушбахтиву бадбахтӣ, озодиву ахлоқ, муҳаббат ва санъат барин падидаҳои умумиинсонӣ фикр накарда бошанд. Зеро, аз назари инсоншиносии файласуфи маъруф Кароматулло Олимов: “Ҷаҳони ботинии инсон…

    Муфассалтар »
  • Худшиносии ҷамъиятӣ дар таълимоти Румӣ

    «Чунон ки офтоб ба ҳар як атоми эфир курраи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорас мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои…

    Муфассалтар »
  • Шуур- бузургтарин муқаддасоти инсон

      Замони      мо     пуртазоду зуд таҳаввулёбанда мебошад ва дар он пайдо кардани мақому мавқеи устувор ба такомули шуури солим ва дарки манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ марбут мебошад. Ҳанӯз Чингиз Айтматов навишта буд, ки: “Одамон метавонанд бо ҳамдигар муросо кунанд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда…

    Муфассалтар »
  • ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ

    Дар тақдиру толеъи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрўз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисоди, сиёси, ва экологи низ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он, идеяҳои рушдро пешниҳод намуда…

    Муфассалтар »
  • Адолати иҷтимоӣ аз назари Ҳамадонӣ

    Идеяи адолат, маънавият, ахлоқ, маданият дар тамаддуни ҳар қавму миллат дар муносибат ба таърихи худ гуногун зуҳур намуда, ба чеҳраҳое, ки воқеияти таърихиро аз ягон ҷиҳат мушаххас медоранд, муайян мешавад. Фикр дар хусуси адолат, баробарӣ, бародарӣ, нобаробарӣ, беадолатӣ ва дигар мафҳумҳои умумиинсонӣ дар маддӣ назари пешқадамтарин шахсиятҳои умумиҷаҳонӣ қарор гирифта,…

    Муфассалтар »