Месяц: Октябрь 2017

  • Муҳоҷирати аҳолӣ

    Мухочират – ин раванди чойизистивазкунии ахоли дар дохил ва берун аз сарзамини худ мебошад. Чоизистивазкунии ахоли — кушода ва пушида сурат мегирад. Ба ахолии кушода ахолии дехот ё шахр мисол шуда метавонад.  Ахолии пушида бошад ахолии тамоми кураи заминро дар бар мегирад. Дар замони хозира тараккиёти иктисоди – ичтимои  махдудияти…

    Муфассалтар »
  • Омўзиши демографии шумора ва таркиби аҳоли

    Накша: Ахамияти омузиши демографии шумораи ахоли. 2.Тарики муайян намудани шумораи мутлак ва миёнаи  ахоли. 3.Таркиби ахоли. Кайд кардан чоиз аст, ки аксарияти масъалахои демография ба хаёту  зиндагии хар як одам бевосита дахл дорад. Равандхои демография на танхо ба масъалахои иктисодию ичтимоии мамлакат алокамандии зич доранд, балки ба хушбахтии одамон, манфиати…

    Муфассалтар »
  • Техналогияи омўзиши муосир – тавсифи умумӣ.

    Системаи муосири таҳсилоти миёна ва касбии олӣ ҳамеша ташаккул ва тарақияётро тақозо менамояд. Сабаб дар он мебошад, ки ҳамарўза дар замони муосир талаботи нисбат ба таълиму тарбия, истифодаи технологияи нав ва воситаҳои муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс бештар гардида истодааст. Дар замони бозоргонӣ нисбат ба муттахасисон низ талаботи бозори меҳнат…

    Муфассалтар »
  • Мақсад ва вазифаҳои дарси муосири забони хориҷӣ

    Ҳар як фаъолияти инсон аз мақсад ва вазифаҳои худ иборат мебошанд. Амале, ки бе мақсад оғоз карда мешавад ва дар назди амале, ки мақсаду вазифае гузошта намешавад, бенатиҷа ба анҷом мерасад. Таълиму тарбия низ вобаста ба самт, равия ва ҷараёнҳои худ дорои мақсад ва вазифаҳои худ мебошанд. Мақсад – ин…

    Муфассалтар »
  • Таъсисёби «Асосхои робитахои фарханги»

    Таъсисёби ва инкишофи АРФ дар ШМА ва Европа.Таъсисёбии ин фан хамчун фанни таълими амалан аз сабаби манфиатхои сиёсатмадорон ва бизнеменхои америкои ба вучуд омад. Баъди ба охир расидани чанги дуюми чахони таъсири сиёсатмадорон иктисодмандону намояндагони фарханги амрикои дар нукрти гуногуни чахон васеъ гардид. Сохибмансабони хукумати ва бизнесменхо,ки акнун дар хоричи…

    Муфассалтар »
  • Сатхи хамкорихи фарханги. Робитахои фарханги

    Хамкорихи фарханги наъи муносидат ва алкаи бевосита,ки хаддиакал байни ду фарханг баркарор мешавад ва таъсире,ки дар муносибатхои фархангхо падидор мешавад. Ахамияти катъи он дар раванди тагироту холату вазъияхо,сифат, шаклхои нави фаъолшави равандхои фарханги, аломат нишонахо тарзи зиагии марум бо таъсири омилхои беруни маълум мешавад. Чунин натичахо тадричан ба воя мерасад…

    Муфассалтар »
  • Фан ва усулхои демография

    Демография  — илмест, ки конуниятхои бозтавлид, ё ин ки, бо ибораи дигар гуем, такрористехсолии ахолиро меомузад. Бозтавлид – ин тачдиди доимии наслхо дар натичаи таъсири мутакобили тавлид ва фавт мебошад. Инсон аз даврахои хеле кадим ба омузиши ахоли машгул будааст. Аз руи омузишу тадкикотхо дар Юнони кадим Афлотун дар асархояш…

    Муфассалтар »
  • Низоми сиёсии Олмон

    Эъломияи ҳуқуқи башар рукни ҷудонопазири қонуни асосии Олмон аст. Моддаи 20-уми қонуни асоси низоми сиёсии Олмонро бо мушахассҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва федералӣ будан муаррифӣ мекунад.  Низоми давлатдорӣ бар пояи қонуни асоси аст. Дар сари давлат Раиси Ҷумҳур қарор  дорад, ки нақшаш асосӣ аст. Раиси Ҳукумат садри аъзам (канслер)  аст. Вай…

    Муфассалтар »
  • Низоми парлумонӣ дар Фаронса

    Сарчашмаи таърихи сиёсии Франсияро метавон соли 1789 яъне аз замони инқилоби кабири ин кишвар дар назар гирифт. Ин ҳаракати бузурги мардумӣ дар ҳақиқат дар ҷиҳати маҳдудкардани қудрати маҳдуди подшоҳони ин кишвар ва бар пояи низоми конститутсионӣ дар Фаронса буд. Бо ба поён расидани ҳаракати инқилобӣ дар соли 1799  асри        ҷум­­­­­ҳу­риҳои…

    Муфассалтар »
  • Дин дар Британияи кабир

    Дар Британияи кабир озодии эътиқод аст. Калиссои расмӣ дар Англия калиссои англиканӣ (англиканӣ — мансуби мазҳаби протестантизми Англия) мебошад, ки иборат аз 26 млн. эътиқодманд дорад. Каллисои расмии Шотландӣ аз рӯи принсипи пресветеранӣ (пресвитер-кашиш-пайравони мазҳаби протестантии асри 16 дар Англия ва Шотландия) ташкил гардида, 1млн. эътиқодмандонро мутаҳид мекунад.  Инчунин қариб…

    Муфассалтар »
  • Эҳё дар Англия. Тавсифи умумии эҳёи Англия

    Эҳё дар Англия Заминаҳои Эҳё дар Англия    Ҳанӯз аз аввалҳои асри Х11 сар карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Англия пешравиҳои бузурге дида мешаванд, ки дар натиҷаи он тартиботи феодалӣ  зуд рӯ ба таназзул медиҳад. Дар ин давра дар Англия шаҳрҳо тараққӣ мекунанд, савдою тиҷорат, касбу ҳунар , хоҷагии…

    Муфассалтар »
  • Фарҳанги Амрико дар асри 19

      Баъди баохиррасии ҷанг барои истиклолият зинаи гузариш дар роҳи барқароршавии идеалогияи диние, ки бар афкори мардум ҳукмронӣ мекард мактаби трансценденталистҳо (трансценденталӣ аз лотинӣ, аз ҳудуд баромадан) – дар мавриди мазкур аз таълимоти ягонаи насрония баромадан) бо сарварии Эмерсон (1803-1882) буд. Демократияи инқилобии маорифпарварон ҷойи худро ба гуманизми романтикӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он

    Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён мебошад. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон аст. Ахлоқ ва қонунҳои…

    Муфассалтар »
  • Тарбияии эстетики хонандагон

    1 Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои тарбияи эстетикӣ ( зебоипарастӣ) дар мактаб. Мафҳуми тарбияи эстетикӣ бо истилоҳи «эстетика» зич алоқаманд аст. Онро бори аввал ҳамчун истилоҳи илмӣ дар қарни XVII файласуфи немис Александр Готлиб Баумгартин (1714 – 1762) баробари истилоҳи этика ва мантиқ истифода намуда, онро қисми мустақили фалсафа пиндоштааст. Эстетика аз…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он

    Ҳуқуқ-меъёри танзимкунандаи муносибатҳои xамиятии одамон. Ҳуқуқ – маҷмӯи қоидаю қонунҳои аз тарафи давлат муқарраршуда ё ба тасвиб расидаро гӯянд. Ҳуқуқ муносибатҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим меорад ва хусусияти синфӣ дорад. Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандони ҷомеаи демократӣ асоси ҳуқуқи шахсиятро дар ҷомеа муайян мекунад. Ҳуқуқи демократӣ шакли олии таърихии…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи экологии хонандагон

    Экология ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҷузъи илми биологӣ буда, қонунияти якҷояамалкунӣ ва муносибатҳои дутарафаи дохили ҳайвонот, набототи муҳити фарогирифтаро меомӯзад. Инсоният ҳавасманди нигаҳдории тозагӣ, мутаносиби яклухти табиат ва пешгирӣ кардани вайроншавии таъсири мутақобили биологӣ ва баробарвазнист. Баробарӣ ин инсон дар фаъолияти бунёдкориҳои фаъоли худ ба равиши табиӣ сарукор намуда, онро…

    Муфассалтар »
  • Тарбияи иқтисодӣ  мактабиён

    Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм, Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм. М. Турсунзода. Шуури иқтисодӣ – қисми муҳими ҷаҳонбинии илмӣ аст. Ин намуди тарбия ҳам дар оила айёми кӯдакии бармаҳал оғоз меёбад. Агар кӯдак нисбати иқтисодиёт шуурона тарбия наёбад, ба хонадон ва ҷомеа аз ҷиҳати моддӣ зарари…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он

    Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком, Надорад бӯю лаззат меваи хом. Носири Хисрав. Барои он ки насли имрӯза аз ақлу заковат ва тамаддуни xаҳон бенасиб намонанд ва дар зиндагӣ ҳамеша оқилона рафтор намуда, ноили комёбиҳои беназир гарданд, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ҷаҳонбинии илмии…

    Муфассалтар »
  • Созмонҳои талабагӣ  дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Созмонҳои талабагӣ дар  мактабҳои Тоxикистон зодаи истиқлолияти Xумҳурии Тоxикистон мебошад. Давлати мо, xомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда  дар он арзи вуxуд доштани   созмонҳои талабагии  зерин тақозои замон аст: «Ахтарон», «Ворисони Сомониён»ва «Сомониён». Талабҳои асоси нисбати фаъолияти созмон  дар Низомномаи Созмони талабагӣ дар мактабҳои Xумҳурии Тоxикистон, ки бо қарори мушовараи…

    Муфассалтар »
  • Шахсият ва коллективи мактабиён, ҳамкории онҳо дар раванди тарбия

    Коллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн Иттиҳод – ягонагӣ, як шудан, ҳамдастӣ. Дар педагогикаи умумиҷаҳонӣ иттиҳодро коллектив гӯянд. Коллектив калимаи лотинӣ буда, маънои ҷомеъ (ҷамъшавӣ, якҷоягӣ, гурӯҳ, зумра) – ро дорад. Коллектив – гурӯҳи ихчами иҷтомоӣ, муттаҳиди одамоне, ки ба мақсади ҳалли вазифаҳои муайяни ҷамъиятӣ машғуланд. Чунончи, коллективи…

    Муфассалтар »
  • Принсипҳои тарбия

     Хусияти присипҳои тарбия Истилоҳи «принсип» аз лотинӣ буда, дар забони тоҷикӣ маънои «асос» ва «аввалин» — ро ифода мекунад. Принсипҳои раванди тарбия – ин қоидаҳои умумии аввалин, ки талаботи асосӣ ба мазмун, методҳо, ташкил кардани раванди тарбияро мефаҳмонад. Онҳо хусусияти раванди тарбия ва фарқияти байни принсипҳои умумии раванди педагогӣ, ҳамчунин…

    Муфассалтар »
  • Мазмуни раванди тарбия

    Дар таҳти мазмуни тарбия системаи донишҳо, эътиқод, малакаҳо, сифат ва хислатҳои шахсият, одатҳои устувори рафтор фаҳмида мешавад, ки бояд талабаҳо мувофиқи мақсад ва вазифаҳои гузошташударо азхуд кунанд. Тарбияи фикрӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва политехникӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ дар ягонагии аклухти раванди педагогиро ташкил намуда, имконият медиҳанд, ки ба мақсади асосии тарбия –…

    Муфассалтар »
  • Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

    Хусусиятҳои раванди тарбия Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд,…

    Муфассалтар »
  • Маҳорати педагогӣ

    Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фаҳмиши маҳорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад. Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест,…

    Муфассалтар »
  • Талабот ба муаллим

    Касби пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, заро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин хотир нигоштааст: Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Оре, ҳамин омӯзгор буд, ки чун зиё дар замири наслҳои наврас шӯълаи илму…

    Муфассалтар »
  • Вазифаҳои муаллим

    Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда, ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гӯем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем: Ба мақоми…

    Муфассалтар »
  • Муносибгардонии (октимизасияи) системаи педагогӣ

    Нагузарандагии инноватсияи умумӣ ба системаи педагогӣ комилан марбут буда, муносибгардонии раванди таълимӣ – тарбиявӣ мебошад. Коркарди ин ғоя дар аввали солҳои 70 – уми асри гузашта таҳти роҳбарии олими намоён академик Ю. К. Бабанский сурат гирифта буд. Бо роҳбарии ӯ дар мамлакат ҳаракати такмилдиҳии системаи таълимӣ – тарбиявӣ ба миён…

    Муфассалтар »
  • Яклухтии раванди педагогӣ

    Раванди педагогӣ – алоқамандии дохили маҷмӯи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати ташаккулдиҳии одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механикӣ, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ –…

    Муфассалтар »
  • Раванди умумии педагогӣ

    Раванди педагогӣ ҳамчун система Калимаи «раванд» маънои равиш дошта, муродифи «ҷараён» — ҷунбиш, ҳаракатро ифода мекунад. «Раванди педагогӣ» — ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гӯянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва талабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад…

    Муфассалтар »
  • Пайдо кардани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

    Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло бинем канӣ чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ гузошта метавонад. Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор…

    Муфассалтар »