Фанни Демография

Фан ва усулхои демография

Демография — илмест, ки конуниятхои бозтавлид, ё ин ки,

бо ибораи дигар гуем, такрористехсолии ахолиро меомузад.

Бозтавлид – ин тачдиди доимии наслхо дар натичаи таъсири

мутакобили тавлид ва фавт мебошад.

Инсон аз даврахои хеле кадим ба омузиши ахоли машгул будааст.

Аз руи омузишу тадкикотхо дар Юнони кадим Афлотун дар асархояш «Давлат» ва «Конунхо» Арусту дар асараш «Сиёсат»,

инчунин дигар донишмандон афзоиши ахолиро аз нуктаи назари

химояи сохти гуломдори омухтаанд ва нишон додаанд.

Мафхуми демография бори нахуст аз тарафи олими франсави

А. Гийяра дар асараш «Унсурхои омори инсон ё демографияи мукоисави» соли 1855 истифода шудааст.

Эътирофи расмии худро ин фан дар Конгресси байналмилалии

гигиена ва демография, ки дар шахри Женева дар соли 1885

баргузор гардида буд, пайдо карда, танхо дар аввали асри ХХ

пахн гардид.

Дар Руссия ин мафхум танхо дар соли 1872 дар сессияи 8- уми

Конгресси байналмилалии омори, ки дар шахри Петербург доир

гардид, макоми худро ёфт.

Демография аз калимаи юнонии «демос» — халк ва «графия» —

навиштан, гирифта шуда, хамчун илм дар бораи конунхои бозтавлид дар мархилахои гуногуни инкишофи чомеа мебошад.

Нахустин тадкики конуниятхою ходисахои демографи дар охири асри 17 гузаронида шудаанд. Лекин хамчун илми мустакил демография танхо дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ба вучуд омадааст.

Донишмандони ин соха аксаран асосгузори демографияро олими машхури асри 17 Хон Граунт мешуморанд. Махз у муаллифи китоби «Мушохидахои табии ва сиёси нисбати бюллитени фавт»,

ки соли 1662 дар Лондон чоп шудааст, мебошад.

Дар миёнаи солхои 20- уми асри ХХ маълум шуд, ки демография

танхо харакати табии ахоли ва хичрати онро меомузад.

Дар замони хозира олимони ин соха ду равияи маънидод кардани

фанни демографияро чонибдори мекунанд:

  • Бозтавлиди ахоли хамчун раванди таваллуд ва фавт, яъне махдуд,
  • Мачмуи се шакли харакати ахоли, яъне васеъ-

а) табии (таваллуд ва фавт),

б) ичтимои (тагъироти таркиби ичтимои, иктисоди, маълумоти ва гайра).

в) территорияви.

Дар хардуи ин равияхо ба сифати демография бозтавлиди ахоли

эътироф карда мешавад.

Фанни демография хамчун илм конуниятхои бозтавлиди ахолиро

дар алокаманди бо равандхои иктисоди- ичтимои меомузад.

Дар натичаи инкишофи илми демография сохтори сохавии у имруз

ба тарики зайл сурат мегирад:

  • Демографияи назарияви
  • Демографияи таърихи
  • Демографияи иктисоди
  • Демографияи нохияви
  • Демографияи этники
  • Демографияи тасвири
  • Демографияи амали
  • Пешгуихои ичтимои – демографии
  • Демографияи сотсиологи
  • Демографияи сиёси
  • Демографияи чахони ва гайра .

Бояд кайд кард, ки ин сохторхо хусусият ва мохияти ба худ хос доранд ва маълумоти муфассалро махз оид ба сохаи худ меомузанд.

  1. Усулхои тадкикоти илми демография.

Демография хамчун илми мустакил усулхои омузиши худро дорад. Усулхои асосии омузиши равандхои демографии усули матерриализми таърихи ваа материализми диалектики мебошад.

Дар баробари ин дар демогафия усулхои хоси сохави вучуд доранд.

  1. Усулхои оморшиносии омузиши ахолии
  2. Усулхои риёзи
  3. Усулхои социологи

Илми демография барои омузиш ватараккиёти чамъияти инсон

ахамияти багоят калон дорад.

Донистани конуниятхои тавлиди ахолии имконият медихад, ки

Барои пешомади 20- 25 соли оянда микдор, таркиб, чинс, сол ва дигар нишондихандахои ахолиро муайян кунем.

Ин нишондихандахо имконият медиханд, ки чамъият роххои асосии тараккиёти иктисоди, ичтимои, мадани ва гайраро дуруст ба рох монад. Агар мо афзоиши ахолиро дуруст ба рох монем ва пешгуи кунем, равандхои дигар сохахо ба комъёби ноил мегарданд.

Пешрафт ва тараккиёти илми _ техники хозира ба микдор ва сифаати ахолии талаботхои нав пешниход мекунад. Натичаи тадкикотхои демографии ахамияти мухими сиёси низ доранд.

Дар шароити имруза инкилоби илми – техникии хозира ба микдор ва сифати ахолии талаботхои наву замонави пешниход мекунад.

Чахонбинии васеъ, кобилиятноки ва ба мухит ба тези мутобик шудан ба дигаргунихои шароити истехсолот ва хаёт, дарачаи баланди ихтисосноки ва маълумотноки, нигох доштани саломатии

хуб ва гайра нишо ндихандахои мухими сифати ахолии мебошанд.

Натичаи тадкикотхои демографии ахамияти мухими сиёси низ доранд.

3.Манбаъхои маълумот оид ба равандхои демографии.

Манбаъхои асосии иттилоот дар сохаи демография чунинанд:

  1. Баруйхатгирии ахолии, ки дар 5 – 10 сол як маротиба гузаронида мешавад
  2. Бахисобгирии чории ходисахои демографии (таваллуд,

вафот, никох ва талок)

  1. Навиштачотхои чории ахолии(фехристхо, картотекахо),

ки хамчунон мунтазам амали мегарданд.

  1. Мушохидахои интихоби ва махсус
  2. Баруйхатгирии ахолии – ин амалиёти созмонёфтаи чамъоварии маълумот дар бораи микдор ва таркиби ахолии мебошад. Баруйхатгирии ахолии дар асоси принсипхои зерин гузаронида мешавад:

а) Бахисобгирии хамаи бошандагон, бидуни бахисобгирии дубора сафи назар азхар гуна тавсифоти шахс, аз кабили: чнс, синну сол, миллат, ваъзи ичтимои, доштани хукуки истикомат дар ин истикоматгоххо ё махал ва гайра.

б)Мархилави (мунтазам) будани баруйхатгирии ахолии баъди фосилаи муайян, маъмулан пас аз 10- 5 сол.

в)Гайринисби будани хадафхои баруйхатгирии ахолии нисбат ба хар гунна манофеи давлат, ба монанди андозситони, маълумот дар бораи теъдоди чавонони даъватшаванда ба хизмати артиш.

г) Гузаронидани баруйхатгирии ахолии аз руи барномаи ягона

ва коидахои ягонава фарогирии тамоми минтакае, ки дар он руйхатгири гузаронида мешавад.

д) Сабти инфроди (ном ба ном)

е) Дарёфти бевоситаи маълумот аз ахолии. Масалан, шахс

дар як чо кайд шудааст, вале дар вокеъ дар чойи дигар зиндаги мекунад.

ё) Махрамона будани маълумоте, ки дар вакти ба руйхатгирии ахолии ба даст оварда мешавад.

ж) Усули худмухторият,яъне навиштани чавоби ашхос дар пурсишнома аз руи гуфтаи онхо.

з) Дар лахзаи муайян ба руйихат гирифтани ахолии.

и) Марказонидани рохбарияти баруйхатгири.

2.Бахисобгирии чории ходисахои демографии

(таваллуд, вафот , никох, талок)

Бахисобгирии чории омории хаводиси табии харакати ахолии

Аз таваллуд, вафот,издивоч ва талок иборат аст, ки ба кайди ин хаводис такя мекунад.

Таърихи навини бахисобгириичории омории хаводиси харакати

ахолии дар Россия баъд аз инкилоби Октябр огоз гардид.

  1. Мушохидахои интихоби ва махсус.

Баруйхатгирии ахолии амалиёти мехнатталаб ва гарн аст.

Баррасии интихоби имконият медихад, ки бо сарфи камтар вакт, неру ва маблаг омузиши масъалахои барои мухаккик чолиб

Доир ба хар як гурухи интихобшудаи ахолии мутобики коидахои махсус гузаронида шавад.

Тибки методи интихоби дар демография аз татбики он

дар дигар илмхо хеч гунна тафовут надорад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *