Месяц: Июнь 2017

  • Фанни фалсафаи иҷтимоӣ. Ҳастии иҷтимоӣ

    Тавсифи мухтасари фалсафаи иҷтимоӣ Соҳаи моддӣ ва маънавии ҳаёти ҷомеа Соҳаи иҷтимоӣ Тавсифи мухтасари фалсафаи иҷтимоӣ Фалсафаи иҷтимоӣ чун яке аз қисматҳои системаи умумии донишҳои фалсафӣ, ба омўзиши ҷамъият машғул мебошад. Фалсафаи иҷтимоӣ ҳамчун фани мустақили фалсафӣ дар оғози асри XX ба вуҷуд омад. Объекти фалсафаи иҷтимоии муосир олами иҷтимоӣ…

    Муфассалтар »
  • Сайри таърихии проблемаи инсон

    Андешаи муттафакирони атиқа ва асрҳои миёна оиди инсон Андешаи мутфаккирони тоҷик Андешаи мутафаккирони Замони Нав Файласуфони атиқа, махсусан табоиён инсонро чун тимсоли коинот чун «олами сағир», микрокосм ҳисоб мекарданд. Ин нуқтаи назар баъдтар такмилёфта, то замони мо низ идома ёфт. (дар вақти баррасси ақидаҳои мутафаккирони тоҷик дар таълимоти Ҳаким Носири…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти инсон ва маънои ҳаёти ў

    Маънои ҳаёти инсон Проблемаи марг Маънои ҳаёти инсон Ҷустуҷўи маънои ҳаёт – ин ҷустуҷўи мазмуни мутлақи он, кўшиши барқарор намудани алоқа байни ҳаёти фардии худ ва байни кули худ: Худо, нафси кул, ақли кул, коинот ва ғайра мебошад. Барои ҳамин ҳалли масъалаи маънои ҳаёт бевосита аз ҳали масъалаи дигари фалсафа-моҳияти…

    Муфассалтар »
  • Инсон ҳамчун проблемаи фалсафа

    Инсон ҳамчун проблемаи фалсафа Озодии шахс. Волюнтаризм ва фатализм Инсон ҳамчун проблемаи фалсафа Агар ба таърихи тафаккури фалсафӣ назар андозем, маълум мешавад, ки оиди инсон, рисолат ва вазифаи он, моҳият ва ғараз аз офариниши ў бисёр донишмандон изҳори ақида намудаанд. Агар як гурўҳ асли инсонро ба моҳияти худовандӣ пайванд дода,…

    Муфассалтар »
  • Маърифти илмӣ

    Таълимотҳои сциентизм ва антисциентизм Тафовут байни илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ Дар маданияти муосир оиди илм ду мавкеи асоси мавчуд аст: сциентизм ва антисциентизм. Сциентизм қиммати мутлақи илмро қабул дошта, онро ҳамчун қуллаи дониш ҳисоб мекунад. Илм хамчун қисмати марказӣ ва пешбарандаи маданият дониста шуда, чун таъминкунандаи ягонагии маданият ба ҳисоб…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои дониш

    Мафҳуми маърифат ва дониш. Шаклҳои дониш Мафҳуми маърифат ва дониш. Маърифат ҳаракати пай дар пай ба сўи дониш мебошад. Истилоҳи «маърифат» дорои мазмунҳои зиёде мебошад. Авалло маърифат ҳамчун моҳияти аслии қобилияти инсон шинохта шуда, ўро аз ҳайвонот ҷудо месозад. Дар ин мазмун маърифат яке аз қобилиятҳои инсон мебошад, ки барои…

    Муфассалтар »
  • Намудҳои маърифат

    Шаклҳои маърифати ҳиссӣ Шаклҳои маърифати ақлӣ Дар фалсафаи маърифат ба таври анъана ду навъи он қайд мешавад: ҳиссӣ ва ақлӣ. Онҳо дар алоқамандии қавӣ қарор дошта, ҳар яке аз онҳо дорои шаклҳои худ мебошанд. Дар доираи маърифати ҳиссӣ бо ин ё он предмет таъсири мутақобила намуда, мо дониши ибтидоиро оиди…

    Муфассалтар »
  • Маърифат мафҳум ва мазмуни он

    Гносеология (маърифат), мазмуни мафҳум Субъект ва объекти маърифат Аз замоне, ки инсон худро ҳамчун инсон шинохт ва аз миёни дигар мавҷудоти табиат худро беҳтару хубтар ёфт пешорўи ў чунин саволҳо пайдо гардиданд маърифат ва ҳосили он-дониш чиро ифода мекунанд? Диққати инсонро роҳ ва усули аз худ намудани дониш, масъалаи то…

    Муфассалтар »
  • Қонунҳои асосии диалектика

    Қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо Қонуни гузариши таъғироти миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс Қонуни инкори инкор Дар байни усулҳои фаҳмиши диалектикаи инкишоф- қонунҳо, категорияҳо, принсипҳо асоситаринашон қонунҳои диалектикӣ мебошанд. Қонун ин алоқаҳои объективӣ (новобаста аз ихтиёри инсон), умумӣ, устувор, зарурӣ ва такроршаванда байни мавҷудот ва дохили ҳар як…

    Муфассалтар »
  • Ҳаракат ва инкишоф

    Метафизика Диалектика Таълимот оид ба ҳаракат дар тўли таърихи фалсафа ҳамеша мавриди баррасии донишмандон буд. Алакай дар давраҳои ибтидоии инкишофи маърифати инсонӣ донишмандони дунёи қадим ба таъғирпазирии ҳастӣ таваҷҷўҳ зоҳир менамуданд. Анаксимандр оиди табдили апейрон ба чор унсур ва гузариши байниҳамдигарии онҳо андешаронӣ намудааст. Асосгузори диалектикаи қадим Гераклит таълим медод,…

    Муфассалтар »
  • Гуногунӣ ва ягонагии ҳастӣ,масъалаи ҷавҳарият (субстансия)

    Таълимлти пулюралистӣ Таълимоти дуалистӣ Таълимоти монистӣ Масъалаи ҷавҳарият Низоми ҳастӣ Ҳастӣ категорияи аввалини фалсафа ба шумор рафта, ҳамаи мавҷудоти оламро фаро мегирад. Дар қаъри Замин ва дар рўи он қариб 30 ҳазор минералҳо мавуҷуд аст. Дар иқлимҳои гуногуни саёраи мо наздики 500 ҳазор намуди ҳайвонот ва миллионҳо намуди растанӣ вуҷуд…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум ва мазмуни ҳастӣ

    Мазмуни ҳастӣ Ҳастии моддӣ Ҳастии маънавӣ Мазмуни ҳастӣ Дар раванди дарки олам фалсафа мафҳумҳои бунёдӣ- категорияҳро ба кор мебарад, ки хусусият ва муносибатҳои мавҷудаи воқеъиятро муайян мекунанд. Категорияе, ки ба воситаи он ин дарккунӣ оғоз меёбад «Ҳастӣ» ном дорад. Илме, ки ба омўзиши ҳастӣ машғул аст, онтология ном дорад. Маънии…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи асри 20

    Неотомизм Прагматизм. Экзистенциализм. Персонализм. Ба фалсафаи асри XX Урупои ғарбӣ ҷараёнҳои зиёди фалсафие аз қабили: навпозитивизм (неопозитивизм), фалсафаи аналитикӣ, фалсафаи илм, антропологияи фалсафӣ, экзистенсионализм, фалсафаи динӣ, феноменология, герменевтика, постмодернизм, структурализм, неотомизм, прагматизм, персонализм хос мебошанд. Мо як чанд ҷараёни фалсафии ин давраро дида мебароем. Неотомизм фалсафаи динии асри XX ба шумор меравад. Неотомизм…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи баъдиклассикии асри 19

    Фалсафаи материализми диалектикӣ Фалсафаи ҳаёт. Фалсафаи позитивизм. Фалсафаи Навкантгароӣ (Неокантианство) Охири асри XX барои фалсафаи классики олмонӣ марҳалаи охирин буд. Ин марҳила, ки онро шартан «баъдиклассикӣ» гуфтан мумкмн аст, барои чунин ҷараёнҳои фалсафе монанди: марксизм, фалсафаи ҳаёт, позитивизм ва навкантчигӣ марҳилаи оғоз гардид. Фалсафаи материализми диалектикӣ Фалсафаи материализми диалектикӣ дар…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи классикии олмон

    Тавсифи мухтасари фалсафаи классики Олмон Иммануил Кант Г.В.Ф. Гегель Тавсифи мухтасари фалсафаи классики олмон Нимаи дуюми асри ХVIII – даҳаи авали асри ХIХ дар таърихи Олмон чун инкишофи бошиддати маданияти маънавӣ қайд карда мешаванд. Дар нисбати дигар кишварҳои Урупо санъат ва фалсафаи олмонӣ ба нашъунамоӣ ғайримуқарарӣ расид. Дар инҳо идеалҳои…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи маорифпарварии Фаронса

    Волтер Жан-Жак Руссо Дени Дидро Асри XVIII дар Фаронса асре буд, ки мутафаккирони барҷастаеро аз қабили: Волтер, Гелвеций, Голбах, Дидро, Кабанис, Кондиляк, Кондорсе, Ламетри, Монтескё, Руссо ва дигаронро ба майдони илму сиёсат овард. Донишмандони фавқуззикр тартиботҳои асримиёнагиро, динро зери танқиди сахт қарор дода, барои сохтани ҷомеаи демократӣ, маърифатнок кардани омма,…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи урупои ғарбӣ асрҳои 17-18

    Ф. Бэкон Томас Гоббс Ренэ Декарт Бенедикт Спиноза Ҷон Локк Фалсафаи Урупои ғарбии Замони Нав дар инкишофи афкори фалсафӣ марҳилаи навбатиро мекушояд. Ин марҳила дар ҳаёти иҷтимоӣ чун даврони таназзули феодализм ва ба вуҷуд омадани капитализм қаламдод карда мешавад. Таъғиротҳои қатъӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба амал меояд. Шуури…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи давраи эҳё (асрҳои 14-16)

    Тавсифи мухтасари давраи Эҳё Николай Кузанӣ Ҷордано Бруно Тавсифи мухтасари давраи Эҳё Дар давраи эҳё илм бошиддат инкишоф ёфта, санъат, адабиёт ва андешаҳои сиёсӣ нашъунамо менамоянд. Ин давраи пешрафти бемонанди маънавӣ, давраи боварии бемаҳдуд ба инсон, ба имкониятҳои эҷодии ўст. Чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ мутаалиқ ба ин давра мебошанд: Леонардо,…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи шарқи исломӣ

    Фалсафаи машшоия Фалсафаи ибн Сино Таълимоти калом Фалсафаи исмоилия Носири Хусрав Таълимоти тасаввуф Ҷалолуддини Румӣ Фалсафаи машшоия Машшоияи Шарқ – фалсафаи исломии асрҳои IX—XII , ки такя бар таълимоти Арасту мекард. Аммо ин фалсафа тақлиди фалсафаи юнонӣ набуда, балки дорои ситема ва масъалаҳои хоси худ мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси ин…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи асрҳои миёна

    Патристика Таълимоти Авриел Августин Схоластика Таълимоти Фомаи Аквинӣ Асриҳои миёна дар таърих марҳилаи тулониро фаро мегирад — аз суқути давлати Рим сар карда то давраи Эҳё. Самти динии системаи фалсафии асрҳои миёна асосан аз тарафи догматҳои насрония илқо мегардид. Фалсафа дар ин давр ҳамчун хизматгори дин шинохта мешуд. Дар инкишофи…

    Муфассалтар »
  • Фалсафи классикии даврони атиқа

    Софистҳо ва софистика Суқрот Афлотун Арасту Софистҳо ва софистика. Дар ибтидо софистро шахсе мегуфтанд, ки худро ба фаъолияти фикрӣ мебахшид. Аммо баътар маънои ин мафҳум маҳдутар мешавад ва ҳатто мазмуни манфиро низ мегирад. Софистҳо хело зиёд буданд, аммо намоёнтарини онҳо Протагор, Горгий ва Продик мебошанд. Софистҳоро «муаллимони ҳикмат» ном мебурданд.…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи атиқа

    Маълумоти умумӣ оиди фалсафаи атиқа Фалсафаи то Суқрот Мактаби пифагорӣ Мактаби элей Мактаби афина Атомистҳо Маълумоти умумӣ оиди фалсафаи атиқа Фалсафаи атиқа дар Юнони қадим тахминан дар асрҳои VII-VI (п.а.м.) ба вуҷд омадааст. Фалсафа дар асоси асотирҳо ба амал омада, мудатҳои дароз дар мазуни фалсафа таъсири он ҳис мешуд. Одатан…

    Муфассалтар »
  • Фалсафаи шарқи қадим

    Фалсафаи Ҳинди қадим Фалсафаи Чини қадим Фалсафаи Эрони бостон Фалсафаи Ҳинди қадим Маданияти Ҳинд дар таърихи инсоният яке аз маданиятҳои қадима ба шумор меравад. Дар заминаи он фалсафаи нодире сохта шуд, ки таъсири амиқе ба эҷодиёти мутафаккриони бузурги давраи Нав ва навтарин, чи дар худи Ҳинд ва чи берун аз…

    Муфассалтар »
  • Масъалаи асосии фалсафа

    Тавсифи умумии масъалаи асосии фалсафа Ҷанбаи аввали масъалаи асосии фалсафа Ҷанбаи дуюми масъалаи асосии фалсафа Тавсифи умумии масъалаи асосии фалсафа Масъала оиди муносибати тафаккур (шуур) ба ҳастӣ ва ҳастӣ ба тафаккур чун анъана дар фалсафа масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Зарурати ин масъала дар он асос меёбад, ки аз ҳали…

    Муфассалтар »
  • Фанни фалсафа ва мақоми он дар байни донишҳо

    Фалсафа — мазмуни мафҳум Сохтори фанни фалсафа Ҷаҳонбинӣ. Фалсафа — мазмуни мафҳум Фалсафа (аз калимаи юнонӣ philosophia муҳаббат ба ҳикмат) илм оиди қонунҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур, таълимот оиди ҳастии инсон ва усулҳои маърифати олам мебошад. Фалсафа дар асрҳои 7-6 п.а.м. ҳамчун ҷойгузини мифология (асотир) ва дин-шаклҳои ягонаи…

    Муфассалтар »
  • Саръазоҳо ва аъзохои пайрави ҷумла

    Саръазоҳои ҷумла Мубтадо аъзои мустақилест, ки дар ҷумла сухан дар бораи  он меравад. Мубтадо одатан бо исм, ҷонишин ва масдар ифода ёфта, ба саволҳои кӣ? ё чӣ? ҷавоб мешавад. Агар калимаҳои ифодакунандаи шахс ба вазифаи мубтадо омада бошанд, мубтадо ба саволи кӣ? (киҳо?), дар дигар ҳолатҳо ба саволи чӣ? (чиҳо?)…

    Муфассалтар »
  • Ҷумла чист? Намудхои Ҷумла дар забони тоҷики

    Ҷумла чист? Намудхои Ҷумла дар забони тоҷики Ҷумла Ҷумла воҳиди асосии нутқ ба шумор меравад. Мубодилаи афкор танҳо ба воситаи ҷумла ба амал  меояд. Ҳангоми мубодилаи фикр гӯянда дар назди худ метавонад ҳар гуна мақсад гузорад: доир ба ягон чиз маълумот диҳад, ягон ҳодисаро нақл кунад, фикреро тасдиқ ё рад …

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ дар бораи сифат

    Маълумоти умумӣ Сифат аломат ва чигунагии прсдметро мефаҳмонад. Аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад. Сифат дороӣ хусусиятҳои зерин мебошад: семантикаи махсус: исм агар предметро ифода кунад, сифат аломат, хусусият ва нисбати чизе ё шахсеро ба чизе ё шахсе мефаҳмонад: шахри зебо, роҳи поҳамвор, марди доно, корҳои…

    Муфассалтар »
  • Исм. Маълумоти умуми дар бораи исм

    1  Исм ҳиссаи нутқест, ки предмет ва мафҳумҳои предметонидашударо ифода менамояд. Маънои предметии исм ба воситаи категорияҳои муайяниву номуайянӣ ва шумора ифода мешавад. Исм ҳамчун ҳиссаи нутқ номи чизҳои конкрет (санг, об, замин, дарахт, девор), шахс (одам, падар, духтар, мард), ҷонварон (гӯсфанд, моҳӣ, каждум, гург, паланг), ҳодисаву воқеа (борон, шӯриш,…

    Муфассалтар »
  • Калимасозии  исм

    Калимасозии  исм 191. Таҳлили таркиби морфологии калима аз вазифаҳои асосии морфология ба шумор меравад. Калима ҳамчун унсури маънодор ва дорои мафҳуми муайян аз воҳидҳои мураккаби нутқ ба шумор меравад. Дар калима баробари маънои лугавӣ як ва ё якчанд маънои грамма­тики таҷассум ёфта метавонад. Аз ин рӯ, исмҳои зиёде ҳастанд, ки…

    Муфассалтар »