Фанни Ҳуқуқи Иқтисодӣ

Рефератхо ва лексияхои точики аз фанни Ҳуқуқи Иқтисодӣ

  • Мафҳум ва мақсади танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ

    Дар байни функтсияҳои давлат — функтсияи иқтисодии он ҷойи асосиро ишғол менамояд. Матлаби асосии ин функтсияро фароҳам овардани шароити зарурии рушди бемайлони муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла қоидаи умумии фаъолияти иштирокчиёни ин муносибатҳо ташкил медиҳад. Нақши давлат дар ин самт вобаста ба давраҳои инкишоф гуногун мебошад. Зарурати объективии танзими муносибатхои бозаргонӣ…

    Муфассалтар »
  • Нақшаи соҳибкорӣ

    Нисбати ҳар як самти таъсири ҳуқуқ ба соҳаҳои менеҷмент, имконият ва зарурияти ба амал баровардани тадқиқоти мушаххаси ҳукуқӣ вуҷуд дорад, вале бинобар моҳият ва аҳамияти нақшаи – корчаллонӣ (бизнес — план) ва ҳаҷми китоби дарсӣ ҳамин масъаларо ба сифати объекти омӯзиш қарор додем. Зери мафҳуми нақшаи корчаллонӣ (бизнес — план)…

    Муфассалтар »
  • Функсия ва принсипҳои менеҷмент

    Зери мафҳуми функсияи менеҷмент давраҳои заниҷараи идоракунӣ ё ин ки натиҷаҳои мобайнии ҳаракат ба мақсади муайянкардашуда фаҳмида мешавад. Муҳандиси фаронсавӣ Анри Файдлем (1841-1925) панҷ функсияи умумии менеҷментро пешниҳод намуда буд, аз ҷумла: банақшагирӣ; ташкилӣ; роҳбарӣ; ҳамоҳангсозӣ ва назорат. Бо мурури замон ин номгӯй ба ҳаштод расид ва аз инҳо иборат…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум, мазмун ва намудҳои менеҷмент

    Тарҷумаи таҳтуллафзии истилоҳоти англисии «management» ва «control» ба забони тоҷикӣ бо се калима — «роҳбарӣ», «идоракунӣ» ва «назорат» ифода меёбанд. Менеҷмент истилоҳи англисӣ буда, ба маънои идоракунии истеҳсолот, маҷмӯи принсипҳо, усулҳо, восита ва шаклҳои идоракунии истеҳсолот фаҳмида мешавад, ки ба мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва зиёд намудани фоида таҳия…

    Муфассалтар »
  • Созишномаи мусолиҳа

    Созишномаи мусолиҳа гуфта, чунин расмияти маросими муфлисшавиро меноманд, ки дар давраи дилхоҳи баррасии парвандаи кори муфлисшавӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ байни кредиторҳо ва қарздор бо роҳи бастани созишномаи ихтиёрона ба даст меояд. Бо баробари бастани созишномаи мусолиҳа, ки як тарзи ба итмом расидани кори муфлисшавӣ мебошад, чунин ҳолат рӯй медиҳад:…

    Муфассалтар »
  • Суди иқтисодӣ дар корҳои муфлисшавӣ

    Парвандаҳо оид ба муфлисии шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ бақайд гирифташуда, аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳаллу фасл мешаванд (м.м.8, 39 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»). Таҳлили мавқеи суд дар мурофиаи муфлисшавӣ водор менамояд, ки мавқеи судро мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҳайси дорандаи имкониятҳои воқеӣ барои ба даст овардани…

    Муфассалтар »
  • Субъектҳои муносибатҳои муфлисшавӣ

    Ҳайати шахсоне, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд, ниҳоят васеъ мебошанд: — қарздор – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқие, ки қобилияти қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳоро аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пардохтӣ ҳатмӣ аз даст додааст; — кредитори озмунӣ; — мудири судӣ; — мақомотҳои ваколатдор аз рӯи талаботҳое, ки аз ӯҳдадориҳои…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҳуқуқии муфлисшавӣ

    §1. Мафҳум ва аломатҳои муфлисшавӣ Тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» аз 25 июни соли 2003, аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва ё иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмие, ки аз ҷониби суд эътироф шуда…

    Муфассалтар »
  • Фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

    Ташкилоти ғайритиҷоратӣ гуфта, шахси ҳуқуқиеро меноманд, ки мақсади асосии фаъолияти онро ба даст овардани фоида ташкил намедиҳад ва фоидаи ба даст овардаашро байни иштирокчиёнаш тақсим намекунад (қ.1 моддаи 50 КГ ҶТ). Фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ – фаъолияти фоидаовар буда, ба мақсади таъсиси ташкилоти ғайритиҷоратӣ мувофиқ мебошад ва аз истеҳсоли мол…

    Муфассалтар »
  • Корхонаҳои давлатӣ

    Асоси ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳои давлатиро Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» аз 28 феврали соли 2006 ташкил медиҳанд. Корхонаҳои давлатӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: 1) корхонаҳои воҳиди давлатӣ; 2) корхонаҳои давлатӣ. Корхонаи воҳиди давлатӣ-ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки нисбати амволи аз ҷониби соҳибмулк ба…

    Муфассалтар »
  • Кооперативҳои истеҳсолӣ

    Кооперативҳои истеҳсолӣ (артел) – иттиҳоди ихтиёронаи шаҳрвандонро дар асоси аъзогӣ барои ба амал баровардани фаъолияти якҷояи истеҳсолӣ, ё ин ки дигар фаъолияти хоҷагӣ меноманд, ки бо иштироки шахсии меҳнати ё ин ки дигар шакли иштирок дар фаъолияти он, инчунин аз ҷониби аъзоён (иштирокчиён) муттаҳид намудани аъзоҳақии амволӣ асос ёфтааст. Мафҳуми…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои корпоративии фаъолияти соҳибкорӣ

    а) ширкати комил ва ба боварӣ асосёфта (коммандитӣ). Мувофиқи қонунгузорӣ ширкатҳои хоҷагӣ дар ду шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд: ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкатҳои коммандитӣ). Ду гурӯҳи шарикон дар таркиби субъективии ширкатҳо ҷудо карда мешаванд, яъне иштирокчии ширкати комил танҳо шарикони комил ва иштирокчиёни ширкати ба боварӣ…

    Муфассалтар »
  • Соҳибкории инфиродӣ

    Ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ асоси конститусионӣ дорад, яъне ҳар кас метавонад қобилият ва моликияти худро баҳри ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манъкарданашуда озодона истифода намояд (м.19 КГ ҶТ; м.1 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ»). Соҳибкории инфиродӣ гуфта, шаҳрванди…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои амволии фаъолияти соҳибкорӣ

    § 1. Амвол ҳамчун асоси фаъолияти соҳибкор. Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, соҳибкор бояд амволи муайян дошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як касро барои озодона истифода намудани амволи худ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манънашуда мустаҳкам намудааст (м. м. 12, 32…

    Муфассалтар »
  • Ҳолати ҳуқуқии соҳибкор

    § 1. Ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ: асосҳои ба вуҷудоӣ ва тарзҳои амали намудани он Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як кас ҳуқуқи озодона истифода намудани қобилият ва амволи хешро баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари…

    Муфассалтар »
  • Соҳибкор ва ҳуқуқи соҳибкорӣ

    §1. Мафҳуми соҳибкор ва фаъолияти соҳибкорӣ. Барои таҳқиқи амиқи мафҳуми соҳибкорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ зарурати муайян намудани асоси иқтисодиёт ба миён меояд. Ду омил асоси иқтисодиёти муосирро ташкил медиҳад. Омили аввал- талаботи моддии ҷомеа, яъне талаботи фардҳо ва институтҳои ҷомеа, ки чун қоида номаҳдуд ё ин ки қонеънашавандаанд ва омили…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ, иқтисодиёт, бозор

    Иқтисодиёт: хусусиятҳои асосӣ ва функсияҳо. Иқтисодиёт тавассути тавсиф додани чунин мақсадҳои он шарҳ дода мешавад: 1) инкишофи иқтисодиёт, яъне таъмин намудани истеҳсоли миқдори муайяни мол (кор, хизмат) бо сифати беҳтарин ва дар ин замина таъмин намудани сатҳи баланди ҳаёти аҳолӣ; 2) шуғли пурра, яъне ба кор таъмин намудани ҳамаи онҳое,…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ оиди ҳуқуқ иқтисодӣ

    Мафҳум, нишонаҳо ва функсияҳои ҳуқуқ. Ҳуқуқ — масъалаи марказии улуми ҳуқуқӣ мебошад. Ҳуқуқ воситаест, ки тавассути он давлат қоидаю рафтори барои тамоми зинаҳои тараққиёт заруриро муқаррар менамояд. Аз ин рӯ, ҳуқуқ бо давлат дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Ҳуқуқ умуман қоидаи рафтори барои ҳама ҳатмиест, ки аз ҷониби давлат муқаррар…

    Муфассалтар »