Намунаи Ҳуҷҷатҳо

Намунаи навиштани Фармон

ФАРМОН

Фармон санадест, ки роҳбари идораи давлатӣ ё шӯъбаи
он барои ҳалли вазифаҳои муҳим ва фаврис, ки дар
баробари ин мақом қарор дорад, содир менамояд.

Фармонҳоду хеланд:

Барои фаъолияти муассиса (созмон).
Барои кормандон. «

Фармон барои фаъолияти муассиса ба хотири
созмондиҳии кор, мураттаб намудани фаъолияти муассиса ё
ятон воҳиди (шўъбаи) он содир мешавад. Ин гуна фармон
ҳамчунин барои огоҳии кормандон, расондани дастурҳои
мақомоти болоӣ содир мегардад. Дар ин гуна фармон
иқдомоти (чорабинии) мушаххас дар назар гирифта,
шаҳсони масъули иқдомот ва муддати иҷрои он таъйин
мешавад,

Фармон барои кормандон ҳангоми ба кор қабул кардан,
аз кор озод намудан, ба рухсатӣ рафтан, инчунин ҳангоми
мукофотё танбеҳ додан ба коргар содир мешаванд.

Баъзе фармонҳо меъёрӣ ва баъзеи онҳо шахсӣ
(инфиродӣ) мебошанд.

Фармонҳои меъёрӣ умумианд, дар онҳо на корманди
мушаххас, балки кулли кормандон дар назаранд. Масалан,
фармони тасдиқӣ муқаррароти (қоидаи) тартиби кори
муассиса, фармони меъёрӣ ҳисоб меёбад. Аммо фармони
подош додан ба кормандони алоҳида фармони шахсӣ
(инфиродӣ) ном дорад.

: Ҷузъҳои асосии фармон

Номи муассиса;
Таърих;
Номисанал (ҳуҷҷат);

Унвони матн;
Мати;
Вазифа ва пому насаби содиркунандаи фармон;
Имзо”

Матни фармон аз ду бахш иборат аст: бахши шарҳ ва
бахши фармон.)Дар бахши шарҳ мақсад ва сабаби содир
гардидани фармон баён шуда, бахши фармон бо таркиби
«Фармон медиҳам» оғоз меёбад. Ин бахши фармонро ба
бандҳо ҷудо кардан мумкин аст ва дар банди охир номи
шаҳси масъули иҷрои фармонро бояд зикр кард. Онро
чунин навиштан лозим: «Назорат барои иҷрои фармон ба
ӯҳдаи (вазифа, ному насаби шахси масъул) гузошта шавад».

Унвони матни фармоне, ки барои фаъолияти кормандон
павишта мешавад, бояд чунин шавад: «Дар бораи ба кор
қабул намудан», «Дар бораи рухсатӣ», «Дар бораи подош»,
«Дарбораи ба кори дигар гузаштан» ва ғайра.

Банди хотимавии фармон барои фаъолияти кормандон
ба феълҳои «таъйин шавад», «озод карда шавад»,
«гузаронида шавад» ва ғайра хотима меёбад.

(Намунаҳои фармон доир ба фаъолияти корхона ва
кормандон).

БЕРУННАВИСИ ФАРМОН

Беруннавис аз фармон ин нусхаи қисми ҳуҷҷати аслӣ,
яънефармон мебошад.

Ҷузъҳои беруннависи фармон аз ҷузъҳои фармон
тақрибан тафовут надорад, аммо вайро дар сурати зарурате
омода мекунанд. Ин нусха бояд тасдиқ шуда бошад.

Ҷузъҳои асосии беруннависи фармон:

1 Номи муассиса;

  1. Номи ҳуҷҷат;
  2. Таърихи рўз ва шумора;
  3. Унвони матн;
  4. Матн;
  5. Имзо;
    7.Қайддарбораи тасдиқ намудан.
Farmon

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *