Фанни Ҳуқуқи бонкӣ

Андозбандии низоми бонкӣ

10.1. Намудҳои андозҳое, ки бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд пардохт мекунанд

Андоз, молиёт гуфта, пардохти ҳатмӣ, инфиродии беподошро меноманд, ки аз ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар шакли бегона кардани маблағи ба онҳо ба ҳуқуқи моликият, хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ тааллуқдошта бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат ситонида мешавад.

Таҳти мафҳуми «хироҷгузор», «андозсупоранда»-и низоми бонкӣ низ худи идораи асосии бонк ё филиал ва намояндагиҳои он, ки ваколати дар тавозуни худ кушодани суратҳисобро дар ҳисобдории даромад ва хароҷоти бонк доранд, фаҳмида мешавад. Филиал ва намояндагиҳои бонкҳо ҳамчун мақомоти ваколатдори бонкӣ ӯҳдадоранд, пардохт намудани андозҳоро доир ба мавқеъи ҷойгирифтаашон мутобиқи қонунгузории андоз иҷро намоянд. Намояндаи қонунии андозсупоранда шахси мансабдоре ба ҳисоб меравад, ки дар асоси қонун ё ҳуҷҷатҳои саҳмгузорони шахси ҳуқуқӣ ваколатдор мебошанд.

Мутобиқи моддаи 6 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.

Маблағҳое, ки аз андозҳои умумидавлатӣ ҷамъ оварда шудаанд, ба буҷети давлатӣ ва буҷети маҳаллӣ дар асоси қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишшуда тақсим карда мешаванд. Пардохтҳои маҳаллӣ бошанд, ба буҷети маҳалӣ ворид карда мешаванд.

Бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ, молиявӣ, ғайрибонкӣ ва филиалҳои онҳо ҳамчун андозсупоранда бо тартиби муайянкардаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумиҷумҳуриявии зеринро пардохт менамоянд:

  • андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
  • андоз аз арзиши иловашуда;
  • андози иҷтимоии аҳолӣ;
  • андози (хироҷи) замин;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин (дар ҳолати истифода бурдани бонк аз объектҳои зеризаминӣ);
  • боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
  • боҷи давлатӣ;
  • дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.

Инчунин бонкҳо, ташкилотхои кредитӣ ва филиалҳои онҳо ҳамчун андозсупоранда, ки мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории андоз муқаррар шудааст, андозҳои зерини маҳаллиро пардохт менамоянд:

  • андоз аз амволи ғайриманқул;
  • андоз аз фуруши чакана (дар ҳолати доштани ошхона);
  • дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ, ки мутобиқи КА ҶТ муқаррар шудаанд.

Бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ ва филиалҳои онҳо, ки мувофиқи КА ҶТ андозсупоранда эътироф шудаанд, ҳамчун агенти андоз вазифаҳои ба зиммаашон гузоштаро дар асоси КА ҶТ, қонунгузории андоз ва дигар санадҳои қонунгузории андоз ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда (ё аз манбаи пардохт) нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани онро иҷро менамоянд. Агар дар Кодекси андоз тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, бонкҳо вазифадор ҳастанд, ки (мутобиқи моддаи 28, банди 3, қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва банди 4 КА ҶТ) андозҳои дахлдорро дуруст ва сари вақт ҳисоб намоянд, аз андозсупоранда (ё манбаи андоз) ба буҷети дахлдор гузаронанд:

даромадҳои ба андозсупорандагон пардохташуда, аз андозсупорандагон (ё манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гиранд, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона баранд;

ба мақомоти андоз барои назорати дурустии ҳисоб кардан, нигоҳ доштан ва пардохтани андозҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд ва дигар вазифаҳоеро, ки қонунгузории андоз ба зиммаашон гузоштааст, иҷро намоянд;

ҳамчун агенти андоз доир ба иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳое, ки қонунгузории андоз ба зиммааш гузошта аст, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Андозҳо аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ дар асоси асъори миллии Ҷумҳурии Тоxҷикистон, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, ситонида ва ба буҷети давлат гузаронида мешаванд.

Ҳамаи амалиётҳо бо пули хориҷӣ бо мақсади андозбандӣ бо асъори миллӣ, ки қурби онро БМТ дар рӯзи гузаронидани амалиёт муқаррар намудааст, бо асъори хориҷие, ки нисбати он қурби алоҳида аз ҷониби БМТ муқаррар карда нашудааст, нисбат ба қурби асъори доллари ИМА ҳисоб карда мешавад.

Андозсупоранда ӯҳдадор аст, ки оид ба амалиётҳои гузаронидааш ҳуҷҷатгузории онро дар ҳолатҳои зерин ба роҳ монад;

  • дар ҳолати дар ӯ пайдо шудани ӯҳдадориҳои андоз;
  • дар ҳолати дар ӯ пайдо шудани ӯҳдадориҳо барои ситонидани андоз;
  • дар ҳолати пайдо шудани маълумоти ӯҳдадориҳо бо пешниҳоди маълумот ба воситаи андозбандӣ.

Ҳуҷҷатгузории амалиётҳо дар бонкҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ бояд мутобиқи муқаррароти БМТ бо қоидаҳои ташкил ва бурдани ҳисоби муҳосибавӣ ва инчунин мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маълумоти андозсупорандагон бевосита ва ё ба воситаи ташкилоти асосии бонкӣ расонида шудааст, ба роҳ монда шавад.

Андозсупоранда ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро ба муддати 3 соли тақвимӣ нигоҳ дорад.

Андозсупоранда ӯҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯз ахборотро ба мақомоти андоз доир ба мактубе, ки аз ӯ гирифтааст, пешниҳод намояд. Дар ҳолатҳое, ки агар:

а) ахбороти мазкур ба фаъолияти худи андозсупоранда ё зарурати ба роҳ мондани назорати андоз ба иҷро шудани талаботи қонунии мақомоти андоз вобаста бошад;

б) ахбороти мазкур ба шахси дигар тааллуқ дошта, бо риояи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» талаб карда шавад.

Андозсупоранда ӯҳдадор аст:

  • сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;
  • ҳамаи ӯҳдадориҳои андозро мутобиқи муқаррароти КА ҶТ дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;
  • талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;
  • дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии амволе, ки объекти андозбандӣ ва ё объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;
  • ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳо, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи КА ҶТ пешниҳод намояд;
  • ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи КА ҶТ бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;

бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз ба ҳисобгирии даромадҳо ва хароҷоти худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;

  • агар қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, андозсупоранда маблағи андозеро, ки дар давраи ҳисоботи бояд супорида шавад, бо назардошти манбаи андоз, меъёри андоз ва имтиёзҳои андоз мустақилона ҳисоб менамояд.
  • таҳти ҳисоббарии андоз (ӯҳдадориҳои андоз) муқаррароти меъёрҳои моддаи 78-и КА ҶТ фаҳмида мешавад;

дар ҳолате, қонунгузории андоз пардохти андозро бо пешниҳоди декларатсия талаб намекунад, инчунин дар мавриде, ки мақомоти андоз маблағи пештар ҳисобкардаи андозро нодуруст меҳисобад, мақомоти андоз андозро аз нав ҳисоб намуда, ба андозсупоранда барои ҳисоб намудани ӯҳдадориҳои андоз, огоҳнома мефиристад, ки он дар моддаи 85–и Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст;

  • мақомотҳои андоз метавонанд то давраи ба охир расидани мӯҳлати ҳисоб намудани андоз аз сари нав онро ҳисоб намоянд, ё ин ки ба он таъғироту иловаҳо дароранд:

а) ба маблағи ҳисобшудаи андоз ё ҳисобшавандаи андоз дар мӯҳлати 3-сол баъд аз ба охир расидани давраи андозбандӣ;

б) ситонидани маблағи ҳисобкардашудаи (ё ислоҳкардашуда) андоз дар давоми 6-сол баъди аз ба охир расидани давраи андозбандӣ;

Пардохтани ӯҳдадориҳои андоз ба тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:

а) ҳисоб намудани маблағи андоз;

б) ҳисоб намудани ҷаримаҳо;

в) ҳисоб намудани фоизнокӣ.

Андозсупоранда ҳуқуқ дорад:

1) аз мақомоти андоз оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет, дар бораи тағйирот ба қонунгузории андоз маълумот пайдо намояд ва вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунгузории андоз шарҳи хаттӣ гирад;

2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;

3) ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро оид ба натиҷаҳои назорати андоз талаб карда гирад; (қонун №193 аз 28.07.06с.)

4) ба мақомоти андоз дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рӯи натиҷаҳои он, оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд; (қонун №193 аз 28.07.06с.)

5) доир ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ аз варақаҳои ҳисобномаҳои шахсиаш нусха гирад;

6) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;

7) пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад;

8) маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои ба андозбандӣ вобаста набударо надиҳад;

9) имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи қонунгузории андоз истифода барад;

10) мӯҳлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз дастрас намояд;

11) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағи андозҳои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;

12) аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи rонунгузории андозро ҳангоми иҷрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;

13) санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба андозбандӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, иҷро накунад;

14) аз шахсони мансабдори санҷишкунандаи мақомоти андоз барои гузаронидани санҷиши андоз асос талаб намояд ва бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад (қонун №193 аз 28.07.06с.);

15) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти андоз товони зарари дар натиҷаи қабули қарор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад (қонун №193 аз 28.07.06с.);

16) дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кунад, инчунин салоҳияти шахсони ҷалбкарда бояд мутобиқи қисми 3 моддаи 39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (қонун №193 аз 28.07.06с.).

Андозсупоранда инчунин дорои дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад.

Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро Кодекси андоз ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Ҳуқуқҳои андозсупорандагон тавассути ӯҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд.

Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

10.2. Муносибати бонк бо мақомоти андоз дар давраи коргузорӣ бо мизоҷони худ

Бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро иҷро мекунанд, дар асоси талаботи моддаи 76 КА ҶТ вазифадоранд:

1) суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки бо рақами мушаххаси андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз рақамгузорӣ намудани онҳоро тасдиқ менамояд, кушода, мақомоти андозро дар мӯҳлати панҷрӯза дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисобҳои номбурда огоҳ намоянд ва бе зикри рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ амалиётро бо суратҳисобҳо анҷом надиҳанд;

2) тибқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағро барои пардохти андозҳо аз суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла аз суратҳисобҳои асъории андозсупорандагон аз ҳисоб бароранд;

3) бо супориши андозсупоранда ба суратҳисоби Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонк ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки хизматрасонии хазинавии буҷетро иҷро мекунанд, маблағи андозҳоро дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари баъди гузаронидани амалиёт ҷиҳати аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисоби андозсупоранда ба манфиати буҷети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);

4) ба мақомоти андоз мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» маълумот пешниҳод намоянд ва ҳангоми мавҷудияти шартнома барои гузаронидани санҷиши андоз ба кормандони мақомоти андоз ба санҷиши амалиёти анҷомдодашуда бо суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии санҷишшаванда ва ба санҷиши мавҷудияти маблағ дар ин суратҳисобҳо иҷозат диҳанд.

Сармуҳосиби бонк вазифадор аст дар ҳолати кушодани бонк ба мизоҷони худ, яъне шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ҳисобҳои депозитӣ (ғайр аз пасандозҳои нигоҳдошташавандаи (депозитии) ҳисобҳои шахсони воқеъӣ), дар асоси талаботи моддаи 76 КА ҶТ аз мизоҷ ҳуҷҷатҳоеро, ки мақомоти андоз ба ӯ ҳамчун дорои рақами мушаххас буданашро тасдиқ мекунад, талаб кунад.

Бонк ӯҳдадор аст оид ба кушодани ҳисобҳо ба мизоҷони худ дар муддати 5 рӯз ба мақомоти гуногуни андозро хабардор созад, ки ҳисобҳо кушода шудаанд ва ӯҳдадор аст, ки бе нагузоштани рақами мушаххас ба ҳисобҳои онҳо амалиётҳои бонкӣ гузаронида намешавад.

Барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ-кредитӣ кушодани суратҳисоб ҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитиии) шахсони воқеӣ) шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ мекунад, ба андозаи 100 ҳадди ақалли музди меҳнат барои ҳар суратҳисоби кушодашуда ҷарима андохта мешавад.

Барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ-кредитӣ вайрон кардани муҳлат, огоҳ нанамудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ), шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 50 ҳадди ақалли музди меҳнат барои огоҳ накардан ҷарима андохта мешавад.(м.165(5) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқӣ вайронкунии маъмурӣ).

Бонк ӯҳдадор аст, ки дар ҳолати гузаронидани амалиёти бонкӣ дар ҳисобҳои мизоҷон (инчунин дар ҳисобҳои асъори хориҷии онҳо)ба он боварӣ дошта бошад, ки дар варақаи пардохтӣ ӯҳдадориҳои андоз нисбати маблағи мазкур ҷой дорад. Дар мавриди набудани чунин ҳуҷҷат ӯ ӯҳдадор мешавад, ки амалиёти мазкурро бе ин ҳуҷҷати номбаршуда нагузаронад. Лекин дар ҳолати вуҷуддории он бонк вазифадор аст ба ҳисоби мухталиф инъикос гардидаро ба ҳисоби андоз дар тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоббаробаркунӣ гузаронад.

Бонк инчунин вазифадор аст, ки мувофиқи супориши мизоҷ маблағҳоро баъд аз як рӯзи ба итмом расидани амалиёт ва соқит кардани маблағ аз ҳисоби андозсупоранда ба буҷети дахлдор гузаронад.

Дар ҳолати омадани хабарнома ё нусхаи фармон аз ҷониби роҳбари мақомоти андоз ба номи роҳбари бонк ё шӯъбаи мутасаддӣ гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, бонк ӯҳдадор мебошад, барои гузаронидани санҷиши дар ҳисоби шахсони воқеъӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки мизоҷи бонк мебошанд, доир ба пардохти ӯҳдадориҳои андоз нисбати маблағ пули ва асъори шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ инчунин ба амалиётҳои гузаронидашуда тамоми маълумотҳоеро, ки хусусияти сирри бонкӣ доранд, нисбати шахсони дахлдор пешниҳод намоянд.

Мактубҳо, чӣ тавре ки КА ҶТ муқаррар намудааст, бояд ба ҳамон тартиб дастрас карда шаванд, яъне дар онҳо имзои роҳбари мақомоти андоз ё ин ки шахси ваколатдоре, ки ӯро иваз мекунад, инчунин бо мӯҳри дорои нишон тасдиқ карда шуда бошад ва бояд бо қайди расмӣ, нишондоди рақам ва таърихи он мавҷуд бошад. Агар мактуб ба номи бонк дар бланкаи фирмавии мақомоти андоз омада бошад, дар ин маврид ӯ мӯҳри дорои нишони тасдиқкунандаро зарурат надорад.

Шахсони ваколатдори мақомоти андоз ҳуқуқ доранд дар бонк ба ҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъие, ки то ин давра аз ҷониби онҳо амалиётҳо гузаронида шудааст ва маблағе, ки онҳо дар суратҳисобҳои худ доранд, ғайр аз пешниҳодоте, ки аз ҷониби бонк шудааст, тафтиш гузаронанд.

Ин ҳуқуқ танҳо ба шахси ваколатдори мақомоти андоз дар он маврид дода мешавад, ки агар ӯ бо роҳбари шӯъбаи бонк, ки амалиётҳои бонкиро оид ба суратҳисобҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мегузаронад, мувофиқа кунонида бошад, инчунин дар матни мактуб аломатҳои зерин мавҷуд бошад:

  • таърихи рӯз ва рақами бақайдгирии мактуб дар мақомоти андоз;
  • номгӯи мақомоти андозе, ки мактубро фиристодааст;
  • ном ва насаби пурраи шахси андозсупоранда, мизоҷи бонк;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда, мизоҷи бонк;
  • намуди санҷиш, мазмуни мактуб бояд фаҳмо бошад зеро санҷиши ҳуҷҷатҳои мизоҷ, ки дар бонк вокеъ аст, бояд ба қоидаҳои муқарраркардаи қонун, ки дар қисми 4 моддаи 76 КА ҶТ нишон дода шудааст, мувофиқат намояд ;
  • вазифа ном ва насаби тафтишкунандагон;
  • мӯҳлати гузаронидани санҷиш;
  • давраи андозбандии тафтишшаванда;

Шахсони вазифадори мақомоти андозе, ки санҷишро пеш мебаранд, ӯҳдадоранд, ки ба роҳбари бонк шаҳодатномаи хизматии худро мувофиқи гуфтаҳои боло нишон диҳанд.

Ба ҳамин хотир роҳбари бонк боварӣ пайдо намуда, вазифадор мешавад, ки ном ва насаби шахсони вазифадори мақомоти андозро, ки дар мактуб инъикос гардидаанд, муайян намояд. Дар мактуб бояд маълумотҳои зерин ҷой дошта бошанд:

-мактуб бояд бо имзои роҳбари мақомоти андоз (ё ин ки шахси ваколатдоре ки ӯро иваз мекунад) бо муҳр, таърих ва рақами бақайдгирӣ тасдиқ шуда бошад;

-суратҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки барои тафтиш дар мактуб нишон дода шудааст, дар ҳақиқат аз ҷониби бонк хизмат расонида мешавад;

-санҷиши нишондодашуда бояд ба меъёрҳои қисми 4 моддаи 76 КА ҶТ мувофиқат кунад, яъне мӯҳлати гузаронидани санҷиши андоз оғоз ёфта, мӯҳлати санҷиш нагузашта бошад.

Баъд аз ин роҳбари бонк ӯҳдадор мешавад, ки шахсони вазифадори мақомоти андозро ба гузаронидани санҷиш роҳ диҳад ё бо сабаби ошкор кардани нофаҳмиҳо дар мактуб метавонад ба санҷиш роҳ надиҳад. Дар сурати ба санҷиш роҳ додан инро пеш аз оғози санҷиш бояд дар китоби бақайдгирии санҷишгузаронии субъектони хоҷагидорӣ нависад. Зеро санҷиш дар асоси як мактуб гузаронида мешавад.

Дар асоси муроҷиати мақомоти андоз аз ҷониби мақомоти судӣ низ метавонад қарор дар бораи манъ кардани амалиёти хароҷотӣ аз ҳисобҳое, ки дар бонкҳо аз тарафи андозсупорандагон кушода шудааст, қабул карда шавад.

Дар мавриди ворид шудани қарори суд ба бонк оид ба манъи амалиёти хароҷотӣ аз ҳисобҳои андозсупоранда ӯ бояд бевосита ин қарорро иҷро намояд. Манъи амалиёти хароҷотӣ ҳамаи он хароҷоти андозсупорандаро, ки дар суратҳисобҳои бонкӣ мавҷуд аст, ғайр аз ҳисоб намудан ва додани маош ва барои пардохти қарзҳои андоз фаро мегирад. Амалиёти хароҷот минбаъд дар асоси қарори мақомоти андоз, ки ташаббускори бо қарори суд манъ кардани онро пешниҳод намуда буд, барқарор ва гузаронида мешавад.

Дастури гузаронидан ва манъ кардани амалиёти хароҷотиро дар ҳисобҳои бонкии андозсупоранда Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Дар асоси муроҷиати мақомоти андоз ҷониби мақомоти судӣ низ метавонад дар бораи ситонидани маблағ аз ҳисобҳои андозсупорандагон ва қарздорони онҳо, ки дар бонкҳо барои пӯшонидани қарзи андоз ҳисобҳо кушодаанд, қарор қабул намоянд. Дар ҳолати аз ҷониби суд қабул кардани қарори мусбат оид ба арзи мақомоти андоз доир ба ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби андозсупоранда, ки дар бонк кушода шудааст, мувофиқи қонунгузории андоз қоидаҳои иҷроиши зерин пешбинӣ шудааст:

  • дар бонке, ки суратҳисоб кушода шудааст ва ба андозсупоранда хизмат расонида мешавад, мақомоти андоз қарори мухталифи мақомоти судро мефиристад;
  • қарзи андоз аз ҳисоби маблағи суратҳисоби бонкии андозсупоранда дар асоси супоришоти мухталифи инкассовии мақомоти андоз ситонида мешавад;
  • маблағи супоришоти инкассовӣ ҳамчун қарзи андоз ба бонке гузаронида мешавад, ки дар он суратҳисоби андозсупоранда кушода шудааст ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи КГ ҶТ хизмат расонида мешавад;
  • супоришоти инкассовӣ мутобиқи санадҳо ва меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад ва бояд мазмуни он ба ҳисоби андозсупоранда, ки аз он маблағи қарзи андоз ситонида мешавад, равона карда шуда бошад;
  • дар мавриди набудани пули сомонӣ дар ҳисоби андозсупоранда қарзи андоз аз суратҳисоби дорои асъори хориҷии андозсупоранда бо истифодаи қурби асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи ситонидани маблағ муқаррар карда шудааст, ситонида мешавад;
  • дар ҳолати мавҷуд будани маблағи кофӣ дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда, супоришоти инкассовӣ барои ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҷониби бонк на дертар аз як рӯзи амалиёти бонкӣ гузаронида мешавад;
  • дар мавриди нокифоя будани маблағ ё мавҷуд набудани он дар ҳисоби (ҳисобҳои) андозсупоранда супориши (супоришҳои) инкассовӣ дар суратҳисоби (ҳисобҳои) андозсупоранда мувофиқи имкониятҳо, яъне маблағҳои воридшаванда ба ин суратҳисоб (ҳисобҳо) ба иҷро расонида мешавад.

Мувофиқи муқаррароти меъёрҳои моддаи 165(7) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои молиявӣ-кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудааст ва ба онҳо хизмат расонида мешавад ё бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ-кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои дебиторҳои андозсупоранда кушода шуда ба онҳо хизмат мерасонанд, иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассовии мақомоти андоз, ки тибқи муқаррароти КА ҶТ барои гузаронидани маблағ ё аз ҳисоби шахсони сеюм – дебиторҳои андозсупоранда, аз ҷумла аз суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки ба ҳамин андозсупоранда хизмат мерасонанд ба ҳисоби пӯшонидани қарзи андози андозсупоранда пешниҳод шудаанд, – ба андозаи 100 ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима андохта мешавад.

Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти суд қабул шудани қарори мусбат нисбати арзи мақомоти андоз доир ба қарзи андозсупоранда, ки бояд аз ӯ ситонида шавад, ё қарздорони ӯ ки дар бонк суратҳисоб доранд, мутобиқи қонунгузории андоз барои иҷрои он тартиботи зерин муқаррар шудааст:

— қарздори андозсупоранда ва бонке, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва ба ҳисоби қарздор хизмат расонида мешавад, мақомоти андоз қарори мухталифи мақомоти суд ва мактубро барои ситонидани маблағи ба (қарздор) ҳисобҳо ва суратҳисоб муроҷиат намуда, қарзи андози андозсупорандаро пӯшонидан мефиристад. Чунин мактуб мазмуни онро дорад, ки қарздорро намегузорад қарзи худро пардохта, дар назди андозсупоранда иҷро намояд;

— ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби маблағе, ки дар суратҳисоби қарздори андозсупоранда, ки дар бонк воқеъ аст, дар асоси супоришоти инкассовии мақомоти андози мухталиф, ки дар асоси санади муқоисавии ҳисоббаробаркунӣ байни андозсупоранда ва қарздори ӯ, ки дар рӯзи қабули мактуби дарҷ гардида тартиб дода шудааст, гузаронида мешавад;

— Супоришоти инкассови барои ситонидани маблағи қарзи андоз ба бонке, ки дар он суратҳисоб кушода шудааст ва ба суратҳисоби қарздори андозсупоранда, ки барои ба иҷро расонидан мувофиқи навбат, дар асоси муқаррароти КГ ҶТ хизмат расонида мешавад ва ба бонк гузаронида мешавад;

— Супоришномаи инкассовӣ бо шакли муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд нисбат ба ҳисоби (ҳисобҳои) қарздори андозсупоранда, ки аз он (онҳо) маблағи қарзи андоз ситонида мешавад, ба роҳ монда шавад;

— Дар ҳолати набудани маблағ дар ҳисобҳои дебитории (қарздории) андозсупоранда маблағи қарзи андоз бо пули миллӣ аз ҳисоби асъори хориҷии ӯ, ки қурби онро БМТ нисбати пули миллӣ дар рӯзи ситонидани маблағ муқаррар намудааст, ситонида мешавад;

— Дар мавриди кифоя будани маблағ дар суратҳисоби (ва ҳисоби), дебитор қарздори андозсупоранда, супоришоти инкассовӣ барои ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҷониби бонк на дертар аз як рӯзи амалиётии чунин супоришоти инкассовӣ баъд аз рӯзи қабули он ба иҷро расонида мешавад;

— Дар мавриди нокифоя будани маблағ дар ҳисоби (ҳисобҳои) дебитор қарздори андозсупоранда, супориши инкассовӣ (супоришҳои) мувофиқи имкониятҳои маблағи воридшуда ба ин (инҳо) ҳисоб (ҳисобҳо) ба иҷро расонида мешавад.

Баъд аз даровардани тағироту иловаҳои зарурӣ ( ба КА ҶТ) дар дастурамали БМТ № 112 «Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ба ҳисоб гирифтан ва иҷро намудани супоришоти инкассовии мақомоти андоз дар шуъбаҳои бонк бояд чунин корҳо бо тартиботи зерин ба роҳ монда шавад:

— иҷрои супоришоти инкассовии мақомоти андоз ба таври қатъӣ таҳти роҳбарӣ қарор дода шавад;

— дар ҳолати дар бонк вуҷуд надоштани қарори суд, ки дар асоси он аз ҷониби мақомоти андоз супоришоти инкассовӣ навишта шудааст, инчунин дар ҳолати мувофиқат накардани намуди зоҳирии ҳуҷҷати пардохти супоришоти инкассовӣ, ҳатман ба мақомоти дахлдори андоз оид ба масъалаи пайдошуда, доир ба ислоҳ кардани хатоҳои ошкоршуда хабар дода шавад, то ин ки иҷрои ҳуҷҷати пардохти супоришоти инкассовӣ ба фоидаи буҷет гардад;

— дар ҳолати аз байн набурдани камбудии, ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти андоз оид ба иҷроиш ҳисоби андоз ва дебиторӣ ӯ;

— дар ҳолати ислоҳ накардани камбудиҳо, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳуҷҷатгузории барои иҷроиш аз ҳисоби андозсупоранда ё аз қарздори ӯ пешниҳодкардашудаи бонк ҳуқуқ дорад, мувофиқи дастур ва қонунҳое, ки дар қисми 1 моддаи 900 КГ ҶТ супоришоти инкассовӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷро ҳамроҳи мекунанд, иҷро баргардонад;

— Супоришоти инкассовӣ ё қарори суд, ки аз ҷониби мақомоти андоз ба бонк барои иҷро ворид шудааст, барои мувофиқакунонӣ ба андозсупоранда дода намешавад. Дар ин ҳолат бонк тавсия медиҳад, ки бе истодагарӣ намояндаи ваколатдори мизоҷро ба бонк барои ошно гаштан бо мазмуни ҳуҷҷати пардохт, ки ворид шудааст, беист аз ҳисоби (ҳисобҳои) ӯ, ки метавонад ба ӯ пешниҳод шавад (то вақти пардохт), танҳо барои шиносоӣ (нусхабардории он дар дохили бонк) даъват намояд;

— дар мавриди маблағ надоштани андозсупоранда дар суратҳисоб ба ӯ барои ҳар вақт пардохт кардани маблағ иҷозат дода мешавад.

-барои бурдани ҳисоб оид ба маблағи боқимондаи супоришоти инкассовии мақомоти андозе, ки пардохтро интизор аст, бо ҳисоби ғайритавозунӣ бонк бояд ба номи андозсупоранда суратҳисоби алоҳидаи шахсӣ таҳти № 93303 «Супоришоти инкассовии мақомоти андозе, ки пардохтро интизор аст» кушода шавад;

— мувофиқи имконият ба роҳ мондани супоришоти ҳарвақтаинаи пардохт аз ҳисоби андозсупоранда ба фоидаи буҷет, инчунин ба маблағи пардохт якбора бояд ба маблағи боқимондаи он бо ҳисоби ғайрӣ таварруми №93303 кам карда шавад;

— дар мавриди зиёда аз 6 моҳ, кашол ёфтан бе иваз намудани ҳисоби маблағи супоришоти инкассовии ғайритаваррумӣ ба бонк тавсия дода мешавад, ки барои бозхонди ҳуҷҷат ба мақомоти андоз муроҷиат намояд. Ба сифати асос бояд қоидаҳои амалкунандаи бонк (қисми 39, литер «Г» Дастурамали БМТ № 90 «Дар бораи ҳисобҳои депозитии бонкие, ки дар бонкҳои ҶТ кушода мешаванд) нишон дода шавад;

— Оид ба пӯшонидани ҳисоби депозитии беамали мизоҷ аз ҷониби бонк қарор қабул карда мешавад.

— Бо шартҳои басташудаи шартномаи ҳисоби бонкӣ, мизоҷи бонкӣ ҳуқуқ дорад худсарона бастани ҳисоби худро ба роҳ монад, новобаста ба иҷро нашудани ӯҳдадориҳои андоз, ки ба бонк супоришоти инкассавӣ гузошташудааст. Дар ин ҳолат бонк ӯҳдадор аст мақомоти андозро оид ба бастани ҳисоби бонкии андозсупоранда хабар расонда, ба ӯ супоришоти инкассовии пешниҳодшударо бо ҳама замимаҳояш, ки андозсупоранда ҳузур надорад, баргардонад;

— бонк ва шахсони масъули он барои вайрон кардани қонунгузории андоз дар асоси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд;

— инчунин хизматчиёни бонк бояд огоҳ бошанд, ки мувофиқи меъёрҳои қисми 16 моддаи 118 КА ҶТ мақомоти андоз дар рафти бурдани санҷиши худи бонк санҷиши маблағҳои ҳисоби мизоҷони бонк танҳо дар асоси қарори суд ва тартиби муқарраркардаи қонун ба роҳ монанд. Шахсоне, ки сирри бонк ва инчунин гуфтаҳои дар боло оид ба муносибати бонк ва мақомоти андоз зикргардидаро фош менамоянд, мувофиқи муқаррароти моддаҳои 277-278 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

10.3. Маҷбуран ситонидани андозҳо

Мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмин ва иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои андозбандӣ, ки аз ҷониби андозсупоранда дар мӯҳлати муқарраршуда пардохт карда нашудааст, талаботи зерин пешбинӣ карда мешавад:

  1. Ҳисоб кардани фоиз ба маблағи андозе, ки дар вақташ пардохт карда нашудааст;
  2. Манъ кардани амалиёти хароҷотӣ дар суратҳисобҳое, ки дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявию кредитӣ қарор доранд.
  3. Ҳабс кардани амволи андозсупоранда ва ситонидани маблағҳое, ки ба андозсупоранда тааллуқ доранд.

Мутобиқи муқаррароти меъёрҳои моддаи 95 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабси амвол ба сифати чораи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андоз чун амали мақоми андоз оид ба маҳдуд намудани ҳуқуқӣ моликиятдории андозсупоранда (дигар шахси ӯҳдадор) эътироф мегардад.

Мувофиқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» пул ва дигар амволи қиматноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳисоб ва пасандозҳо мавҷуданд ё дар бонк нигаҳ дошта мешаванд, фақат бо қарори суд, инчунин бо қарори мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ, ки онро прокурор тасдиқ кардааст, ҳабс карда мешаванд.

Дар сурати ҳабс намудани пули дар ҳисобҳо ва пасандозҳо буда бонк баъди гирифтани қарор дар бораи ҳабс амалиёти додани маблағро аз ҳисоби (пасандози) мазкур дар ҳудуди маблағе, ки ҳабс карда шудааст, фавран қатъ мекунад.

Пул ва дигар амволи қиматноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо мавҷуданд ё дар бонк нигаҳдорӣ мешаванд, фақат дар асоси варақаҳои иҷроӣ ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Бонк, Бонки миллии Тоҷикистон барои зиёне, ки дар натиҷаи ғайриқонунӣ ҳабс намудан ё ситонидани маблағ ва дигар амволи қиматноки мизоҷон расида аст, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар Қонун пешбинӣ гардидаанд, ҷавобгар намебошанд. Зиён бо тартиби пешбининамудаи Қонун рӯёнида мешавад.

Пул ва дигар амволи қиматнок фақат дар асоси ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд мусодира карда мешаванд.

Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда дар мӯҳлати муқарраршуда пурра пардохт накардани ӯҳдадориҳо оид ба пардохти андоз, ҷарима ва ё фоизҳо, мақомоти андоз оид ба пардохт кардани ин гуна ӯҳдадориҳо андозсупорандаро ба мӯҳлати 10 рӯз хабардор месозад. Аз рӯзи гирифтани ин хабарнома андозсупоранда аз рӯи имконият бояд аз паи иҷрои он бошад, вагарна нисбати он чораҳои мушаххаси муҷозотии пешбининамудаи қонунгузорӣ татбиқ карда мешаванд.

Маблағи камбуди андоз мутобиқи муқаррароти Кодекси граждании ҶТ бо роҳи ба ҳисобҳои бонкӣ гузаронидани маблағ ва соқит донистани онҳо ситонида мешавад.

Амволи андозсупоранда дар сурати ӯҳдадории андозсупориро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани ӯ ва дар сурати далели кофӣ доштани мақомоти андоз барои омадан ба хулосае, ки шахс тадбирҳое андешидан мехоҳад, ки ғайб занад ё амволашро пинҳон кунад, ҳабс карда мешавад. Ҳабси амвол баъди қабул шудани қарори баҳабсгирӣ ва анҷом ёфтани парвандаи ҳабси амвол эътибор пайдо мекунад.

Ҳабси амвол метавонад пурра ё қисман бошад. Ҳабси пурраи амвол чунин маҳдудсозии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ эътироф мегардад, ки ҳангоми он ӯ ҳуқуқи ихтиёрдории амволи ҳабсшударо надорад, вале соҳибӣ ва истифодаи амволро бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақоми андоз анҷом медиҳад. Ҳабси қисмани амвол чунин маҳдудсозии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволи ӯ мебошад, ки ҳангоми он андозсупоранда амволашро мустақилона соҳибӣ мекунад ва истифода мебарад, вале ихтиёрдории амволро бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақоми андоз анчом медиҳад. Ҳабси қисмани амвол метавонад нисбати андозсупорандае татбиқ гардад, ки қарзи напӯшонидаи андозро баъди гузаштани 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи муқарраршудаи пардохти андозҳо ақаллан оид ба яке аз намудҳои андоз дошта бошад. Ҳабси пурраи амволро баъди татбиқ намудани ҳабси қисмани амвол, агар бо гузашти 120 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи муқарраршудаи пардохти андозҳо қарзи напӯшонидаи андоз мавҷуд бошад, татбиқ намудан мумкин аст.

Ҳангоми тағйир ёфтани мӯҳлати пардохти андозҳо мутобиқи моддаи 90 КА ҶТ ҳисобкунии мӯҳлатҳои дар боло номбаршуда аз рӯзи якуми ба охир расидани батаъхиргузорӣ оғоз меёбад. Шарти пешакии ҳабси амвол аз иҷрои амали мӯҳлатӣ пешбининамудаи қисми 2 моддаи 92 КА ҶТ иборат аст. Барои амали намудани ҳабси қисман ё пурраи амвол мақоми андоз ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на пештар аз 15 рӯзи тақвимӣ то ба охир расидани муҳлатҳои дар қисми 3 моддаи 95 КА ҶТ зикршуда ба таври хаттӣ андозсупорандаро дар хусуси нисбати ӯ татбиқ намудани ҳабси қисман ё пурраи амвол огоҳ намояд. Ҳабси амвол танҳо баъди ба охир расидани ин мӯҳлати 15-рӯзаи огоҳсозӣ татбиқ карда мешавад, агар дар ин муддат қарзи андоз (бақияпулӣ) пурра пӯшонида нашавад. Шакли огоҳнома оид ба чораи татбиқи ҳабси қисман ё пурраи амволро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

Ҳангоми гузаронидани ҳабси амволи андозсупоранда, дар сурати аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод шудани нақшаи воқеии беҳбуди вазъи молиявӣ, байни мақоми андоз ва андозсупоранда оид ба тартиб ва мӯҳлати пардохти қарз метавонад шартнома баста шавад. Шартнома метавонад боз доштани ҳабси намудҳои алоҳидаи амвол, иваз намудани ҳабси пурра ба ҳабси қисман нисбати тамоми амвол ё як қисми онро пешбинӣ намояд.

Ҳабсро нисбати ҳамаи намудҳои амволи андозсупоранда, ба истиснои амволе, ки ситонидани он мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад, татбиқ намудан мумкин аст. Ҳабс танҳо нисбати он амволе татбиқ мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои андоз зарур ва кифоя мебошад. Ҳабси амвол паиҳам нисбати инҳо татбиқ мегардад:

1) пули накд, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ, ки дар хазина ё таҳти ҷавобгарии шахсони (кормандони) мансабдори андозсупоранда мебошад. Асъори хориҷие, ки дар таркиби амволи ба ҳабс гирифташуда қарор дорад, бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон барои мубодила ба пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари бонкӣ супорида шуда, якҷоя бо пули нақди миллӣ ба ҳабс гирифташуда барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда ба буҷет гузаронида шавад;

2) амволе, ки бевосита дар истеҳсоли маҳсулот (мол) иштирок надорад, аз ҷумла, коғазҳои қиматнок, асъор нақлиёти автомобилии сабукрав, маводи ороишии биноҳои хизматӣ (маъмурӣ) ва биноҳои ғайриистеҳсолӣ, дигар намуди амволи бозоргир ва ғайра;

3) маҳсулоти тайёр (мол), инчунин дигар арзишҳои моддие, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд;

4) ашёи хом ва маводе, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ шудаанд, инчунин дастгоҳҳо, таҷҳизот, бино, иншоот ва дигар воситаҳои асосӣ. Дастгоҳҳо, таҷҳизот, бино, иншоот ва дигар воситаҳои асосии корхонахо ва ташкилотҳои давлатӣ ба ҳабс гирифта намешаванд;

5) амволи дигар.

Ҳамзамон нисбати амволи андозсупоранда, ки ба иҷораи молиявӣ (лизинг) ва (ё) гарав дода шудааст, ситонидани чунин амвол ва тағйир додани шартҳои шартнома (лизинг ва (ё) гарав) аз лаҳзаи баровардани қарор оид ба ҳабси чунин амвол ва то бекор намудани он манъ аст.Амволи андозсупоранда дар асоси муроҷиати роҳбари якуми мақомоти андоз (ё муовини ваколатдори он) бо тартиби судӣ ҳабс карда мешавад. Қарори суд дар бораи ҳабси амвол, ки мутобиқи қисми 8 моддаи 95 КА қабул шудааст, дар давоми 2 рӯзи корӣ барои иҷро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супорида мешавад. Дар вақти ба ҳабс гирифтани амвол якҷоя бо кормандони ваколатдори давлатӣ оид ба ҳабси амвол метавонанд кормандони мақомоти андоз низ иштирок намоянд. Шахсони мансабдор пеш аз ҳабси амвол вазифадоранд ба андозсупоранда (намояндаи ӯ) қарори суд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколаташонро нишон диҳанд. Ҳабси амволи андозсупоранда (дигар шахси ӯҳдадор) бо иштироки шахсони холис гузаронида мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ, ки амволро ба ҳабс мегирад, ҳуқуқ надорад ба иштироки андозсупоранда (намояндаи қонунӣ ва (ё) ваколатдори он) ҳангоми ҳабси амвол иҷозат надиҳад. Ба шахсоне, ки ҳабси амвол ба сифати шахсони холис иштирок менамоянд, инчунин ба андозсупоранда (намояндаи он) ҳуқуқ ва ӯхдадориҳояшон фаҳмонида мешаванд. Инчунин шабона гузаронидани ҳабси амвол мумкин нест. Ҳангоми ҳабси амвол протокол тартиб, дода мешавад ва дар ин протокол ё руйхати ба он замимашаванда амволи таҳти ҳабс қароргиранда бо зикри ном, миқдор ва сифатҳои инфиродии мавод ва ҳангоми имконпазир будан арзиши он аниқ инъикос мегардад. Тамоми маводе, ки бояд ҳабс шавад, ба шахсони холис ва андозсупоранда (намояндаи он) нишон дода мешавад. Протокол дар мавриди ба ҳабс гирифтани амвол дар се нусха таҳия гардида, яке ба мақомоти андоз, нусхаи дигар дар мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ҳабсро анҷом додааст ва нусхаи сеюм ба андозсупоранда, ки амволаш ба ҳабс гирифта шудааст, дода мешавад.

Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ, ки қарорро оид ба ҳабси пурраи амвол иҷро намудааст, бо мувофиқаи роҳбари мақомоти андозе, ки дар бораи ҳабси пурраи амвол ба суд муроҷиат кардааст, бояд ҷои нигоҳдошти амволи ҳабсшударо муайян кунад. Ҳамчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад мустақилона нигоҳдошти амволи ҳабсшударо таъмин намояд ё дар асоси шартномавӣ барои нигоҳдошт ба шахси сеюм диҳад ё дар ҳолатҳои алоҳида амволи ҳабсшударо барои нигоҳдошт ба худи андозсупоранда супорад. Дар ин ҳолат андозсупоранда барои нигоҳдошти амволи ҳабсшуда ҷавобгар мебошад. Аҳдҳое, ки андозсупоранда (дигар шахси ӯҳдадор) нисбати амволи ҳабсшуда бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи моддаи 95 КА ҶТ анҷом додааст, беътибор дониста мешаванд. Мақомоти гумрук бошад, дар асоси огоҳномаи мақоми андоз оид ба қарори суд дар бораи ҳабси пурраи амволи андозсупоранда амалиёти содиротии тамоми амволи ҳабсшудаи ҳамин андозсупорандаро барои муҳлатҳои дар огоҳномаи мақоми андоз зикргардида бозмедорад. Қарори суд оид ба ҳабси амвол аз лаҳзаи бекор намудани ин қарор аз ҷониби суди болоӣ бекор, аз лаҳзаи иҷрои ӯҳдадории андоз бошад, иҷрошуда дониста мешавад. Амали қарори суд аз рӯзи эътирози прокурор то мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун моҳиятан баррасӣ намудани ин эътироз боздошта мешавад.

Мутобиқи муқаррароти меъёрҳои моддаи 96 КА ҶТ амволи ҳабсшудаи андозсупоранда ва амволе, ки аз шахси қарздори андозсупоранда мутобиқи моддаи 97 КА ҶТ гирифта шудааст, агар он дар шакли пул пешниҳод нашуда бошад, дар музоядаи озод, ки тартиб ва шартҳои гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, фурӯхта мешавад ва маблағи аз фурӯши амвол гирифташуда барои пардохти андозҳо, ҷарима ва фоизҳо мутобиқи қарори суд мувофиқи моддаи 95 КА ҶТ ва дар қисмати боқимонда мутобиқи моддаи 91 КА ҶТ, ҳамчунин барои хароҷоти нигоҳдошт ва фурӯши амвол, аз ҷумла хароҷоти мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳабси амвол равона карда мешаванд. Бақияи маблағ ба андозсупоранда дар муддати се рӯзи бонки баргардонида мешавад. (Қонун №219 аз 22.12.с.2006.)Қарори ба ҳабс гирифтани амвол аз лаҳзаҳои рӯзи беэътибор дониста мешавад:

а) аз рӯзи ин қарорро бекор кардани шахси мансабдори ваколатдори мақомоти андоз, ки чунин қарор баровардааст;

б) аз рӯзи ин қарорро бекор кардани мақомоти болоии андоз ё суд;

в) аз рӯзи эътироз баён кардани прокурор;

г) аз рӯзи иҷро гардидани пардохти ӯҳдадориҳои андоз.

Барои риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) ихтиёрдории амволе, ки мақомоти андоз ба ҳабс гирифтааст,-шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 ҳадди ақалли музди меҳнат, шахсони мансабдор ба андозаи 20 ҳадди ақали музди меҳнат, шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи 30 ҳадди ақалли музди меҳнат, шахсони воқеӣ ба андозаи 5 ҳадди ақалли музди меҳнат дар асоси моддаи 165(10) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима карда мешаванд.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои андозие мебошад, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) идора намудани амволи таҳти ҳабсро риоя накардааст.

Субъекти қонуншиканӣ андозсупоранда (агенти андоз) аст, ки намояндагони он тартиби соҳибӣ, истифода ва ё идора кардани амволи ба ҳабс гирифтаро риоя накардаанд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаи барқасди (ё ғарибарқасди) намояндагони дахлдори қонуни ё ваколатдори андозсупоранда (агенти андоз) иборат аст.

Умуман ҳабси амвол нисбати он амволе, ки барои пӯшонидан ва иҷро гардидани қарзи ӯҳдадориҳои андоз басандааст гузаронида мешавад.

Ситонидани маблағи суратҳисоби бонкии андозсупоранда ва дебиторони ӯ бошанд, бо тартиби судӣ ситонида мешавад. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш кушода шудаанд хизмат расонида мешаванд, қарори судро дар бораи ситонидани маблағи суратҳисоби андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш фиристад ин қарор бонк ва дигар муассисаҳои молиявию кредитиро ӯҳдадор менамояд, ки ҳама гуна маблағи суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторонашро дар давоми 10 рӯз аз санаи қабул намудани фармоиш ба буҷети дахлдор пардохт намояд. Ҳангоми татбиқи меъёрҳои зикргардида маблағи қарзи андоз аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои андозсупоранда дар бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ мавҷуда, баъди гирифтани қарори суд дар бораи ситонидани пули суратҳисоби андозсупоранда, бо чунин тартиб ситонида, мешавад:

1) ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, мақомоти андоз қарори дахлдори судро мефиристад;

2) маблағи қарзи андоз аз маблағи дар суратҳисобҳои дар бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ мавҷуди андозсупоранда дар асоси фармоиши инкассавии мақомоти дахлдори андоз ситонида мешавад;

3) фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани маблағи қарзи андоз ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода ва хизмат расонида мешаванд, равона мегардад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи банди 2 моддаи 76 Кодекси андоз иҷро карда мешавад;

4) фармоиши инкассовӣ дар шакли муқаррар намудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод карда мешавад ва дар он бояд зикр гардад, ки маблағи қарзи андоз аз кадом суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда ситонида мешавад;

5) Ҳангоми дар суратҳисобҳои андозсупоранда набудани маблағ бо пули миллӣ қарзи андоз аз суратҳисобҳои андозсупоранда бо асъори хориҷӣ, бо истифодаи қурби асъори миллӣ нисбати асъорҳои хориҷӣ, ки дар рӯзи ситонидани қарзи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ситонидани мешавад.

6) Ҳангоми кифоя будани пул дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани қарзи андоз аз ҷониби бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ дар муҳлати на дертар аз як рӯзи амалиётии баъди рӯзи қабули чунин фармоиш иҷро карда, мешавад;

7) Ҳангоми нокифоя будани пул ё мавҷуд набудани он дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда фармоиши инкассови (фармоишҳои инкассовӣ) вобаста ба воридшавии маблағҳо ба ин суратҳисоб (суратҳисобҳо) иҷро карда мешавад.

Дар сурати имконнопазир будани ҳолатҳои дар боло номбаршуда қисми 1 моддаи 97 КА ҶТ оид ба ситонидани маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои дебиторҳои андозсупоранда бо тартиби зерин татбиқ карда мешавад:

1) Ҳангоми мавҷуд набудани пул дар суратҳисобҳои андозсупоранда мақомоти андоз, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад дар доираи қарзи андози ташаккулёфта пули ба андозсупоранда тааллуқ доштаро аз суратҳисобҳои дебиторонаш ситонад. Ҳамзамон ба дебитор ва бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии дебитор аз ҷониби ҳамин мақоми андоз қарори дахлдори суд ва огоҳнома оид ба ситонидани пулҳо аз суратҳисобҳои ё (дебитор) барои пардохти қарзи андози андозсупоранда фиристода мешавад. Чунин огоҳнома дорои маънои манъ намудани иҷрои пардохтҳоро аз ҷониби дебитор ба ҳисоби пeшонидани қарзи худ дар назди андозсупоранда мебошад.

Дебитор ӯҳдадор аст дар м ӯ ҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди қабули огоҳнома ба мақомоти андозе, ки огоҳнома фиристодааст, санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои якҷоя бо андозсупоранда дар рӯзи қабули огоҳнома таҳиянамударо пешниҳод намояд;

2) санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва дебитори он бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

— номи андозсупоранда ва дебитори он, рақамҳои мушаххаси андозсупорандаи онҳо;

— номи мақоми андозе, ки андозсупоранда ва дебитори он дар қайд аст;

— маълумотҳои суратҳисобҳои андозсупоранда ва дебитори он;

— маблағи қарзи дебитор дар назди андозсупоранда;

— маълумотҳои ҳуқуқӣ, муҳр ва имзои андозсупоранда ва дебитори он;

— санаи тартиб додани санади муқоисавӣ;

3) дар асоси санади муқоисавии ҳисоббаробаркунӣ мақомоти андозе, ки андозсупоранда дар қайди он мебошад, ба суратҳисоби (суратҳисобҳои) дебитор оид ба ситонидани қарзи андози андозсупоранда фармоиши инкассовӣ мегузорад;

4) бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии дебитор ӯҳдадор аст фармоиши инкассовиро оид ба ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мувофиқи талаботи пешбини-намудаи қисми 2 моддаи 97 КА ҶТ иҷро намояд.

10.4.Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои қонуншикании андоз дар ташкилотҳои кредитӣ

Дар мавзӯъи мазкур тадбирҳое, ки нисбати андозсупоранда барои вайрон кардани қонунгузории андоз, ки дар КА ҶТ пешбинӣ шудаанд ва ӯ чӣ тавр ба он ҷавобгариҳо кашида мешавад, инчунин тартиби бекор кардани он оварда шудааст. Мутобиқи муқаррароти меъёрҳои КА ҶТ ҳуқуқвайронкунии андоз амал ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад (моддаи 103 КА ҶТ).

Асоси ба ҷавобгарӣ кашидан барои қонуншикании андоз бамаврид будани намудҳои қонуншиканӣ аст, ки он аз чор унсур-объект, тарафи объективӣ, субъект, тарафи субъективӣ иборат мебошад.

Объекти қонуншиканӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ — муносибатҳои ҳуқуқии молиётӣ мебошанд, ки бо қонун муҳофиза карда мешаванд. Ба сифати объекти қонуншикании андоз муносибатҳои ҷамъиятие дониста мешаванд, ки дар соҳаи амали низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд. Масалан, агар андозсупоранда андозашро нодуруст ҳисобу китоб карда бошад, пас объекти қонуншикании андоз қонуншиканиҳое мегарданд, ки байни давлат ва андозсупоранда, ки бо меъёрҳои ҷавобгарӣ аз рӯи ҳисобу китоб ва пардохти андоз ба ҳам алоқаманданд, ба миён меоянд.

Тарафи объективии қонуншикании андоз амали (ё беамалии) мушаххаси андозсупоранда, агенти андоз ва ё намояндагони онҳо мебошад, ки дар натиҷаи он қонунгузории андоз риоя нагардидааст.

Субъекти қонуншикании андоз шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ андозсупорандагон, филиалҳо ва намояндагиҳои ашхоси ҳуқуқӣ, роҳбарон ва мансабдорони онҳо, агентҳои андоз ва шахсони сеюме буда метавонанд, ки бо қонун ба зиммаи онҳо иҷрои корубори муайяни соҳаи муносибатҳои молиётӣ гузошта шудааст.

Хусусияти қонуншикании андоз дар он аст, ки агар шахси ҳуқуқӣ ба ягон амали ғайриқонунӣ даст занад, дар ин ҳолат ҳар ду субъект ба ду намуди қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, яъне барои ду қонуншиканӣ ҷавобгар мешаванд. Як субъект шахси ҳуқуқӣ ва субъекти дуюм роҳбараш ё шахси мансабдор мебошад. Гап дар он аст, ки шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқу вазифаҳояшро ба воситаи мақомоте, ки роҳбаронашон сарварони онҳо мебошанд, баҷо меоварад.

Тарафи субъективии қонуншикании андоз мазмуну моҳияти ботинӣ, рӯҳии он аст. Яке аз ҷузъҳои тарафи субъективӣ гуноҳ мебошад. Қонуншикании андоз, ки субъекти он шахси воқеӣ — роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё худ соҳибкори алоҳида (инфиродӣ) аст, аз ин ё он шакли гуноҳи рафтору амали қонуншикан ҳатман далолат мекунад.

Дар ин ҳолат таъкид кардан зарур аст, ки агар ягон кору амал боиси ҷавобгарии ҳам шахси ҳуқуқӣ ва ҳам шахси мансабдори он гардад, ба шахси ҳуқуқӣ ҳатто дар мавриде, ки шакли гуноҳи шахси мансабдор беэҳтиётӣ мебошад (ки амал ё беамалии ӯ барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахси ҳуқуқӣ асос гардидааст), бояд ҳатман ҷазо дода шавад.

Риоя накардани қонунгузории андоз дар риоя нашудани меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ зуҳур меёбад ва ин ё он тариқ бо ҳисоби андоз, пурра ва саривақт ба буҷет ё фондҳои давлатӣ гузаронидани он алоқаманд аст. Ба ҳамин тариқ, намудҳои асосии қонуншиканиҳои соҳаи андоз қонуншиканиҳое мебошанд, ки андозсупоранда зимни ғайриқонунӣ сар печидан аз пардохти андоз содир мекунад.

Қонуншиканиҳои соҳаи андоз вобаста ба мақсаду ғарази амалҳои ғайриқонунӣ чунин намудҳо доранд:

  1. иҷро накардани мадохилоти буҷет;
  2. иҷро накардани вазифаҳои назоратии мақомоти андоз;
  3. иҷро накардани тартиби баҳисобгирӣ, қоидаҳои тартиб додан ва пешниҳод кардани ҳисобот;
  4. иҷро накардани вазифаҳои пардохти андоз;[1]

Мутобиқи моддаи 165(прим 5) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқивайронкунии маъмурӣ барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявӣ – кредитӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеъӣ) шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупоранда тасдиқ мекунад, ба андозаи сад ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар суратҳисоби кушодашуда ҷарима карда мешавад.

Барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявию – кредитӣ вайрон кардани мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеъӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркуни ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеъӣ) шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақалли музди меҳнат барои ҳар огоҳ накардан ҷарима карда мешавад.

Масалан: Ҳангоми санҷиш муайян шудааст, ки бонк ба 6 андозсупоранда ҳисобномаҳои ҳисоббаробаркуни кушода, бар хилофи муқаррароти моддаи 76 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 рӯз мақомоти андозро аз ин огоҳ накардааст.

Дар ин маврид нисбати ин бонк ҷарима ба ҳаҷми 6000 сомонӣ (50х20х6) ҳисоб карда мешавад.(ба ҳар як ҳисобнома).

Мутобиқи моддаи 165(прим 6) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ сари вақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рӯи супоришномаҳои пардохтии андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд, ба андозаи даҳ фоизи маблағи андозҳое, ки саривақт гузаронида нашудаанд, ҷарима карда мешавад.

Масалан: Санҷиш муайян намуд, ки дар рӯзи 15.03.2005 дар суратҳисоби андозсупоранда 8000 сомонӣ буд. Андозсупоранда ба бонк супориши пулгузаронӣ барои пардохт намудани андоз ба маблағи 5000 сомонӣ пешниҳод намудааст. Бонк ин супоришро 20.03.2005 иҷро намудааст. Дар ин маврид нисбати бонк ҷарима ба ҳаҷми 5000 сомонӣ (10% аз 500 сомонӣ) андешида мешавад.

Мутобиқи моддаи 167 (прим 7) Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад, барои аз ҷониби бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ, ки дар он ҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудааст ва ба онҳо хизмат расонида мешавад ё бонкҳо ё муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои дебиторҳои андозсупоранда кушода шуда, ба онҳо хизмат мерасонанд, иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассовии мақомоти андоз, ки тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани маблағ аз суратҳисобҳои шахсони сеюм – дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонкҳо ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки ба ҳамин андозсупоранда хизмат мерасонад, ба ҳисоби пӯшонидани қарзи андози андозсупоранда пешниҳод шудаанд, ба андозаи сад маоши ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима карда мешавад.

Ҳангоми барои қонеъ гардонии ҳамаи талаботи нисбат ба молики суратҳисоб пешбинишуда нокифоя будани маблағ бо тартиби зайл аз ҳисоб бароварда мешавад:

а) дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро ҷиҳати маблағгузаронӣ ё додани маблағро аз ҳисоб оид ба қонеъгардонии талаботи ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст, инчунин талаботро оид ба ситонидани алимент ва ҳифзи манфиатҳои гаравгир пешбинӣ менамояд;

б) рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб дар навбати дуюм аз ҳисоб баровардан аз пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба ашхоси тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузарони ё додани маблағро, инчунин оид ба пардохти подошпулӣ тибқи шартномаи муаллифиро пешбинӣ менамояд;

в) дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;

г) дар навбати чорум аз ҳисоб баровадан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинӣ менамояд;

д) дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рӯи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибқи тартиби навбати тақвимӣ.

Тибқи муқаррароти моддаи 104 Кодекси андоз ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷа-вобгарӣ кашидан мумкин нест:

1) аз ҷониби андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани дастурҳо ва тавзеҳномаи мақоми андоз ё дигар мақоми давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, ки дар доираи салоҳияташон додаанд; 2) аз ҳисоб баровардани бақияпулӣ аз дигар андозҳо аз ҳисоби маблағҳои барои ҳама гуна дигар андозҳо барзиёд пардохтшуда аз ҷумла андозҳои пардохтаи агенти андоз; 3) бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии андоз бо роҳи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз мутобиқи қисми 5 моддаи 73 Кодекси андоз. Агар аз рӯзи содир намудан ё аз рӯзи дигари баъди ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он ҳуқуқвайронкунии андоз содир шуда буд, се сол гузашта бошад (муҳлати даъво), шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест. Мӯҳлати мурӯри даъво аз рӯзи содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз барои ҳамаи ҳуқуқвайронкунии содиргаштаи андоз, ба истиснои қисми 3 моддаи 105 КА ҶТ пешбинишуда, ҳисоб карда мешавад. Мӯҳлати мурӯри даъвои ҳуқуқвайронкунии андоз аз рӯзи дигари ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он ҳуқуқвайронкунии андоз содир гашта буд, ҳисоб карда мешавад.(Қонун №193 аз 28.07.06с.) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи муқаррароти Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд:

1) сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз;

2) кам нишон додани маблағи андозҳо;

3) вайрон кардани қоидаҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда;

4) монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши андоз;

5) вайрон кардани мӯҳлати ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштан дар мақомоти андоз;

6) зикр накардан ё нодуруст зикр кардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо; 7) вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт ё нигоҳ надоштани он;

8) кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (дипозитии) шахсони воқеъӣ мутобиқи моддаи 76 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

9) вайрон кардани мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеъӣ мутобиқи моддаи 76 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон);

10) пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба мақомоти андоз;

11) иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассовии мақомоти андоз мутобиқи моддаи 97 Кодекси андоз, ки барои гузаронидан мутобиқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суратҳисобҳои шахсони сеюм — дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла аз суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар он ба ҳамин андозсу- поранда хизмат расонида мешавад, гузаронидани маблағи пулӣ ба ҳисоби пӯшонидани қарзи андози андозсупоранда;

12) ғайриқонунӣ монеъ шудан ба даромадани шахси мансабдори мақоми андоз ба ҳудуди корхона ё бино;

13) риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) ихтиёрдории амволе, ки мақоми андоз ба ҳабс гирифтааст;

14) вайрон кардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

15) ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ;

16) аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ саривақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рӯи супоришномаҳои пардохти андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд. Шахсони воқеӣ барои содир намудани ҷиноят дар соҳаи қонунгузории андоз мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Агар ҳуқуқвайронкунии андоз дар субъекти хоҷагидорӣ (андозсупорандаи) навтаъсис, ки супорандаи андоз буда, бо низоми соддакардашуда андоз месупорад, дар рафти аввалин санҷиши маҷмӯи ё мавзӯи андоз, ки пас аз 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии он гузаронида шудааст, ошкор шуда бошад, нисбати чунин андозсупоранда танҳо огоҳии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Ҳамзамон андозсупоранда ӯҳдадор аст бо назардошти ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардидаи андоз дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани қарор дар бораи огоҳии маъмурӣ ба мақомоти андоз ҳисоботи андози ислоҳшударо пешниҳод намояд ва дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардидаи андозро бартараф намояд, аз ҷумла андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои аз рӯи онҳо насупоридаро пардохт намояд. (Қонун №193 аз 28.07.06с.)

  1. Њуқуқи андоз (зери таҳрири умумии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ш.М. Исмоилов.) Душанбе, Нашриёти «Ќонуният», 2003. Саҳ. 238-240.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *