Фанни Ҳуқуқи бонкӣ

НИЗОМИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2.1. Ҳолати Ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон

ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.2. Ҳолати ҳуқуқии бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ, молиявии ғайрибонкӣ, бонкҳои фаръӣ ва филиалу намояндагии онҳо.

2.1.Ҳолати ҳуқуқии БМТ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии мамлакат, ки вазифаҳо, усулҳои фаъолият, вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муайян карда шудааст, барои иҷрои кор ва вазифаю ӯҳдадориҳои худ, ҳамчун шахси ҳуқуқии мустақил метавонад барои мунтазам фаъолият намудан дорои моликият, иморат ва дигар амвол бошад.

Қоидаҳои қонуни номбаршуда нисбати Бонки миллии Тоҷикистон фақат дар мавридҳое, ки бевосита ин қонун пешбини намудааст, татбиқ мегардад.

Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии Бонки миллӣ муқаррар карда шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

Маҳалли воқеъи Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад. Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.

Дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гуфта шудааст: «Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад».

Тобеият чунин маънӣ дорад:

— аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай;

— аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи солона, инчунин хулосаи аудиторӣ, чи тавре ки ин дар моддаҳои 68, 70 ва 79 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст;

-муайян кардани ширкати аудиторӣ ё мақом барои санҷиши кори Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 79 Қонуни номбаршуда, дар сурате, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи аудит, ки Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидааст, норозӣ бошад;

— пешниҳод кардани ҳисоботи солонаю нимсола ва самтҳои асосии сиёсати пулию кредитӣ ва асъорӣ.

Мақсади фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти роҳбарикунандаи сиёсати пулию кредит ва асъорӣ аз ин иборат аст:

— ба даст овардан ва нигоҳ доштани суботи иқтидори харидории пули миллӣ. Барои иҷрои ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон шароити бозорҳои пул, кредит ва асъорро, ки ба тараққии пай дар пай ва устувори иқтисодӣ ва ба иқтисодиёти ҷаҳон пайвастани он мусоидат менамояд, муқаррар мекунад ва нигоҳ медорад;

— тараққӣ додан ва мустаҳкам намудани низоми бонкии ҷумҳурӣ;

-мусоидат кардан ба кори самаранок ва мунтазами низоми ҳисоббаробаркуниҳо.

Мақсади фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ба даст овардани фоида намебошад.

Мувофиқи мақсадҳои гузошташудаи Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои асосии он аз ин иборат аст:

1) сиёсати пулию кредитӣ ва асъории давлатро таҳия намуда, онро амалӣ мегардонад;

2) ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;

3) таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаи таҳлилро ба маълумоти аҳли ҷамъият мерасонад;

4) барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро назорат ва танзим менамояд;

5) барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ мақомоти охирини қарздиҳанда мебошад;

6) ба низоми пардохтҳо дар ҷумҳурӣ назорат мекунад ва ба кори самараноки низоми пардохтҳои байнибонкӣ мусоидат менамояд;

7) ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ менамояд ва гардиши онро ба роҳ мемонад;

8) захираҳои асъории давлатро нигоҳ медорад ва онҳоро идора мекунад;

9) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо мегирад, амалиётҳоеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои бонкӣ, кредитӣ ва пулӣ мувофиқи шарту шароитҳои қарордодҳои байналхалқӣ бармеоянд, иҷро мекунад;

10) баланси пардохти давлатро тартиб медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якдигарро оид ба ҳаракатҳои дар назардошта, ки хусусияти умумидавлатӣ доранд, сиёсати худро ҳама вақт таҳти мусоҳиба қарор медиҳанд. Инчунин Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молия доир ба ҷадвали интишори коғазҳои қиматнок ва пушонидани қарзҳои давлатӣ бо назардошти таъсири онҳо ба ҳолати низоми бонкӣ ва ба ягонагии сиёсати пулӣ–кредитии давлат маслиҳат ва тавсияҳо медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки асоси ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, фаъолияти ташкилотҳои кредитиро назорат мебарад ва ба танзим медарорад. Бонки миллии Тоҷикистон доир ба иҷрои қонунгузории бонки ва меъёрҳои ҳуқуқии муқарарнамудаи худ назорати доимиро нисбати ташкилотҳои кредитӣ ба роҳ мемонад.

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои кредитӣ тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, бурдани ҳисоботи молиявӣ, инчунин пешниҳод кардани ҳисоботҳои омори ва муҳосибавиро муқаррар менамояд. Бо мақсади таъмини устувории ташкилотҳои кредитӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ аз рӯи депозитҳо ва ҳамин гуна ӯҳдадориҳои дигар захираҳои ҳатмӣ муқаррар кунад.

Андозаи захираҳои ҳатмӣ аз ҷиҳати фоиз нисбати ӯҳдадориҳои бонк ва дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, инчунин тартиби дар Бонки миллии Тоҷикистон ба депозит гузоштан аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ аз 20 фоизи ӯҳдадориҳои бонк ва дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ зиёд буда наметавонанд ва барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тафриқа дошта метавонанд.

Меъёрҳои ҷудо кардани захираҳои ҳатмӣ дар давоми ҳар даврае, ки 10 рӯзи амалиётро дар бар мегирад, зиёда аз панҷ дараҷаи фоиз тағйир дода шуда наметавонанд. Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ҷудо кардани захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бечуну чаро аз бонк ва дигар ташкилоти қонуншикан маблағи нокифояро талаб кунад ва ин гуна ташкилоти кредитиро ба маблағи муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима намояд; вале чунин маблағи ҷарима аз андозаи дукаратаи меъёр бозтамвилӣ (рефинансирование) дар ин лаҳза амалкунанда зиёд буда наметавонад.

Дар сурати бозхондани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ маблағҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон депозит кардашуда барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ дар назди амонатгузорон ва кредиторҳо истифода бурда мешаванд. Барои онҳо меъёрҳои иқтисодии ҳатми, ҳаҷми ҳадди ақалли фонди оинномавӣ, ҳачми захиравии ҳатмиро, ки дар Бонки миллӣ ҷойгир карда мешаванд, муқаррар менамояд, ва ғайра.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон охирин мақомоти қарздиҳанда мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти зерин ҳуқуқ надорад:

  • амалиёти бонкиро бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки барои гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозатнома надоранд, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»;
  • харидорӣ намудани ҳиссаи «саҳм»-и ташкилотҳои кредитӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст;
  • амалиётҳои бонкиро бо амволи ғайриманқул гузаронад, ғайр аз ҳолатҳое, ки барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳо, идораҳо, муассисаҳои он вобастагӣ доранд.
  • машғул шудан ба савдо ва фаъолияти истеҳсолӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст;
  • ғайримақсаднок тақсим намудани кредитҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ пешбинӣ мекунад;
  • меъёрҳои фоизии қарзҳои додашуда, амонатҳо, инъомҳои комиссионӣ ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо мизоҷон басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои мавридҳое, ки дар шартномаи бо мизоҷон басташуда пешбинӣ гардидааст;
  • ба мизоҷ қарз дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт монад, ки ҳатман аз дигар хизматҳои бонк ё муассисаи дигар низ истифода барад. Ягона истисно он аст, ки бонк метавонад аз мизоҷ нигоҳ доштани маблағи муайянро дар суратҳисоби дар ин бонк доштааш ҳамчун кафолати баргардонидани қарз ё пули хизматрасонӣ талаб намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад як ё якчанд меъёрҳои фоизиро аз рӯи амалиёти гуногуни худ муқаррар намояд ва сиёсати фоизиро бидуни муайянкунии меъёрҳои фоизӣ амалӣ созад.

Меъёрҳои фоизии Бонки миллии Тоҷикистон аз меъёрҳои камтарин иборат мебошанд, ки аз рӯи онҳо Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти худро иҷро менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасонӣ ба меъёрҳои фоизи бозорӣ ба мақсади мустаҳкам намудани қурби пули миллӣ истифода мебарад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонкҳо бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва ба ивази кафолатҳои зерин кредит диҳад:

1) бо коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст ва онҳо як қисми эмиссияи давлатӣ мебошанду мӯҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон аз як сол зиёд нест;

2) бо коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;

3) бо васиқаҳои оддӣ ё интиқолӣ, ки ба мақсадҳои неки тиҷоратӣ, саноатӣ, кишоварзӣ нашр ва пешниҳод карда шуда, ду ва зиёда индосамент дошта, яке аз онҳо ақаллан ба яке аз бонкҳо тааллуқдор буда, мӯҳлати пардохташон на зиёда аз даҳ моҳ аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон мебошад;

4) бо депозитҳо ва дигар ҳисобҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ё дигар муассисаи молиявӣ, ки онро бонк эътироф намудааст ва он иборат аз ҳар гуна активе мебошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онро бихарад, фурӯшад ва савдо кунад.

Кредитҳои дар қисми якум зикрёфта дар шакли аванс, қарз, харид, фурӯш, баҳисобгирӣ ва аз нав баҳисобгирии воситаҳо дар асоси конкурс ва ғайриконкурс дода шуда метавонанд.

Бонки миллии Тоҷикистон кредитҳои таъминнашударо фақат дар ҳолатҳои истисно ба мақсади таъмини меъёри пардохтпазирии бонк ва вақте ки ин барои нигоҳдории ягонагии низоми бонкӣ зарур аст, дода метавонад.

Бонки миллии Тоҷикистон вақт-вақт инҳоро ба маълумоти аҳли ҷамъият расонида меистад:

1) меъёри минималии фоизро, ки мувофиқи он ба бонкҳо кредит медиҳад;

2) меъёрҳои объективиро, ки мувофиқи онҳо бонкҳо барои гирифтани кредитҳо ба конкурсҳо роҳ дода мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад меъёрҳои ҷудогонаи фоизӣ, лимитҳоро оид ба категорияҳои ин муомилот ва мӯҳлатҳои адои онҳоро муқаррар кунад.

НИЗОМИ БОНКДОРӢ

Низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» муқаррар карда шудааст.

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

1.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии мамлакат, ки вазифаҳо, усулҳои фаъолият, вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муайян карда шудааст.

Қоидаҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» нисбат ба Бонки миллии Тоҷикистон фақат дар мавридҳое, ки бевосита ин Қонун пешбинӣ намудааст, татбиқ мегардад.

2. Бонкҳои дигар, ки дар шаклҳои зерин ташкил шуда метавонанд:

а) бонки давлатӣ – бонке, ки дар он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона соҳиби сармояи оинномавӣ мебошад;

б) бонки ғайридавлатӣ – бонке, ки фонди оинномавии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ дорад. Як қисми саҳмияҳои ин бонк ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта метавонад;

в) бонк бо иштироки сармояи хориҷӣ – бонке, ки як қисми саҳмияҳои он дар ихтиёрдорӣ, моликият ва идораи шахсони зерин қарор дорад:

— ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— шахсони ҳуқуқӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои (маблағи гузоштаи муассисон) онҳо дар ихтиёрдорӣ, моликият ва идораи ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ба инҳо монанди ҳуқуқӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

— резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ихтиёрдори воситаҳои (шахсони ваколатдори) ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқии дар зербанди «б» ин банд зикршуда мебошанд.

г) бонки байнидавлатӣ – бонке, ки бо тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар шуда ташкил ёфта, дар асоси қарордоди байналхалқӣ амал мекунад, ки соҳибони сармояи оинномавии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумате (ҳукуматҳое), давлате (давлатҳое) мебошанд, ки ин қарордодро имзо кардаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли 2008–ум 12 бонк, 7 ҷамъияти кредиторӣ ва як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ амал мекард. Шумораи бонкҳои фаъол нисбат ба давраи 1 январи соли 2008 бинобар таъсис ёфтани бонки нави Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи(ҶСП) «Казкоммерцбанк Таджикистан» (Қарори Раёсати БМТ аз 24.01.2008 №36) як адад афзудааст. Шумораи ҷамъиятҳои кредитӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ тағйир наёфтааст.

То 1 апрели соли 2008 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ташкилоти амонатии микрокредитӣ, 26 микроқарзӣ ва 39 фонди микроқарзӣ амал мекард. Нисбат ба давраи то 1 январи соли 2008 шумораи ташкилотҳои амонатии микрокредитӣ аз ҳисоби таъсиси Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи ҶСП ТАМ «Амлок» ва ҶСП ТАМ «Бунёди Ҷам» 2 адад, шумораи ташкилотҳои микроқарзӣ бошад, аз ҳисоби таъсиси ҶММ ТМҚ «Фермер» ва ҶММ ТМҚ «Ташкилоти микроқарзи «Саодат – Инвест» 2 адад ва шумораи фондҳои микроқарзӣ аз ҳисоби таъсиси ФМҚ «Қуллаи Умед» 1 адад афзудааст.

То давраи 1 апрели соли 2008 шумораи умумии филиалҳо ва шӯъбаҳо тағйир наёфтааст, яъне шумораи онҳо мутаносибан 150 ва 70 адад мебошад.

12 бонке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, то 1 апрели соли 2008 аз рӯи хусусияти моликияти хусусӣ ба бонкҳои зерин тақсим мешавад:

— 1 бонки давлатӣ;

— 8 бонки саҳомӣ;

— 3 бонки хориҷӣ.

Сармояи оинномавии тамоми 12 бонк, 7 ҷамъияти кредитӣ ва як ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ то давраи 1 апрели соли 2008 аз рӯи шаклҳои моликият ин қадар аст:[1]

Давлатӣ – 12036738 сомонӣ ё худ 2,5 фоиз;

Тиҷоратӣ – 274840521 сомонӣ ё худ 57,0 фоиз;

Шахсони воқеӣ – 178611016 сомонӣ ё худ 37,0 фоиз;

Дигар сармояҳо – 17098592 сомонӣ ё худ 3,5 фоиз.

Умуман аз рӯи низоми бонкдорӣ сармояи эълоншудаи оинномавӣ баробари 514,1 млн.сомонӣ аст. Дар давраи гузашта аз 1 январи соли 2008 то 1 апрели соли 2008 маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ аз ҳисоби таъсиси бонки нави ҶСП «Казкоммерцбанк Таджикистан», ки сармояи оинномавиаш баробари 34,3 млн.сомонӣ аст ва инчунин аз ҳисоби ба маблағи 24,0 млн.сомонӣ зиёд гаштани сармояи эълоннамудаи оинномавии ҶСК «Агроинвестбонк», ба маблағи 31,2 млн.сомонӣ афзудани сармояи оинномавии ҶСП «Бонки Рушди Тоҷикистон», ба маблағи 1,03 млн.сомонӣ зиёд шудани сармояи оинномавии ҶСПК «Ренессанс-Капитал» ва инчунин аз ҳисоби ба маблағи 9,9 млн.сомонӣ аз навбаҳогузорӣ шудани асъори хориҷии сармояи оинномавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ба маблағи 0,1 млн.сомонӣ аз нав баҳогузорӣ шудани асъори хориҷии сармояи оинномавии ҶСК «Ориёнбонк» 100,5 млн.сомонӣ афзуд.

Мутобиқи банди 1 фасли 1 Дастури Бонки миллӣ №132 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти бонкҳо» барои бонкҳои фаъол андозаи камтарини сармояи танзимӣ ба маблағи баробар ба 5 млн.доллари ИМА (ё худ 17,2 млн.сомонӣ дар рӯзи муқаррар шуданаш), вале барои ҷамъиятҳои кредитӣ 300 ҳазор доллар (ё худ 1032 ҳазор сомонӣ дар рӯзи муқаррар шуданаш) муайян карда шудааст.

То давраи 1 апрели соли 2008 меъёри мазкурро 12 бонк риоя кардаанд.

Аз 7 ҷамъияти кредитӣ дар давраи то 1 апрели соли 2008 меъёри мазкур аз тарафи ҳамагӣ 6 ҷамъияти кредитии ҶСПК «Ганҷина», ҶСПК «Капитал+», «Ренессанс-Капитал», ҶСПК «Траст»,ҶСПК «Кафолат» ва ҶСПК «Васлат» риоя шудааст. Як ҷамъияти кредитӣ то давраи 1 апрели соли 2008 талаботи танзими камтарини сармояро иҷро накардааст, ки ин Ҷамъияти Қарзии Масъулияташ Маҳдуди «Финансирование торговли» ба маблағи 937498 сомонӣ аст.

Дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дар замони ҳозира 4 бонки калон, яъне бонкҳои бо номи «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк» ва «Амонатбонк» ва 3 бонки хурд, яъне бонкҳои бо номи «Бонки Рушди Тоҷикистон», «Бонки Эсхата», Бонки Саҳомӣ–Тиҷоратии Саноатии Таҷдид ва Рушди «Тоҷпромбонк» мебошанд, ки бо фаъолияти пурраи молиявӣ ба мизоҷон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат расонида

истодаанд.

ОРИЁНБОНК

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд.

Дар ибтидои солҳои сиюм дар мамлакат бонкҳои махсуси маблағгузории дарозмуддат, аз ҷумла Бонки маблағгузорӣ ва қарздиҳӣ барои сохтмони асосӣ, саноат, нақлиёт ва алоқа – Промбанк, ташкил карда шуданд.

Дар соли 1959 бонкҳои махсус барҳам дода, вазифаҳои онҳо ба зиммаи Стройбанк ва Госбанк вогузор гардид. Ба Стройбонк вазифаҳои маблағгузории саноат, нақлиёт, алоқа, маблағгузории як қатор вазоратҳои ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, кооперативҳои сохтмони манзил ва сохтори манзили инфиродӣ дар шаҳр ва шаҳракҳои коргарон вобаста карда шуда буд.

Дар охири солҳои 80-уми асри ХХ Стройбанк ва Госбанк аз нав ташкил карда, дар асоси онҳо Бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои махсуси универсалӣ, аз ҷумла Бонки давлатии саноату сохтмони Тоҷикпромстройбанк ташкил карда шуданд, ки барои хизматрасонии комплексии тамоми муассисаҳои саноати ҷумҳурӣ, геологӣ, комплекси гармию энергетикии ташкилотҳои сохтмонӣ, таъмини муассисаҳои савдою нақлиёт, инчунин корхонаҳои Вазорати адлия пешбинӣ шуда буданд.

Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳомӣ табдил ёфт ва 29 декабри соли 1991 ба Бонки саҳҳомии тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон «Ориёнбонк» мубаддал гардид. Он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ «Ориёнбонк» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» табдил дода шуд.[2]

Вазифаҳои стратегии бонк:

  • мусоидат намудани ба ривоҷу равнақ ва таҷдид ёфтани ҷумҳурӣ;
  • афзонидани иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ тавассути иштирок дар инкишофи соҳаи молия;
  • таъмини имкониятҳои беҳтарин барои амалӣ гардонидани иқтидори иқтисодии мизоҷон;
  • баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар бозорҳои байналхалқии сармоя;
  • вусъатдиҳии самтҳои мавҷуда ва азхудкунии равишҳои нави корчаллонӣ;
  • баргардонидани боварии аҳолӣ ба амонатҳои бонкӣ.

Мақсадҳои стратегии бонк:

  • мунтазам васеъ ва мукаммал гардонидани маҷмӯи маҳсулот ва усулҳои хизматрасонии бонкие, ки дар ҳамбастагии (мувофиқати) технологияҳои қолабӣ бо муносибати инфиродӣ нисбати ҳар мизоҷ, бо назардошти талаботу хусусиятҳои хоҷагидорӣ асоснок гардидаанд;
  • афзонидани ҳиссаи захираҳои қарзӣ дар ҳаҷми умумии амалиётҳои дороӣ, беҳтар гардонидани сохтор ва сифати сандуқи қарзӣ, тақсими дороӣ аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт, навъи қарзгирандагон ва дигар самтҳои бонкдорӣ;
  • эътимодноктар кардани бонк бо роҳи афзонидани ҳиссаи маблағи худӣ дар сармоя ва сармоякунии (капитализатсияи) бонк;
  • ҷорӣ намудани суғуртаи депозитҳои шахсони воқеӣ;
  • ворид намудани технологияҳои навтарини бонкӣ дар соҳаи хизматрасонии ҳисоббарори хазинавӣ, идора кардан ва танзим гардонидани мадохилот.
  • васеъ истифода бурдани низоми дастрасии терминалҳои бонк ба мизоҷон, аз ҷумла ҳангоми хизматрасонии корхонаҳо бо истифода аз банкоматҳо.

ТОҶИКСОДИРОТБОНК

.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи (ҶСК) «Тоҷиксодиротбонк» ташкилоти кредитӣ буда, бо қарори муассисон, тибқи шартномаи таъсисотӣ аз 20 марти соли 1992 барпо карда шудааст.

Мутобиқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 1992 дар заминаи филиали Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии ИҶШС Бонки саҳҳомии тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиквнешэкономбанк» таъсис дода шуд.

Мувофиқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1993 Бонки саҳҳомии тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Бонки Давлатии Саҳҳомии Тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиквнешэкономбанк» номгузорӣ шуд.

16 июни соли 1999 Оинномаи Бонки дорои номи нави Бонки Давлатии Тиҷоратии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиксодиротбонк» таҳти №6 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд (4 апрели соли 2000 дар БМТ дар таҳрири нав аз нав ба қайд гирифта шуд), ки ба номи имрӯзааш табдил дода шуд.[3]

Бо вуҷуди рақобати рӯзафзун ва суръати баланди рушди низоми бонкдории ҷумҳурӣ ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар бахшҳои асосии бозори молиявӣ пешсаф ва пешқадам аст. Қариб 20 фоизи сармояи понздаҳ бонки Тоҷикистон ба ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» рост меояд. Болоравии натиҷаи фаъолияти бонк бо гуногунранг ва беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, афзоиши миқдори амалиёти гузаронидашуда, зиёд шудани шумораи мизоҷоне, ки кору бори ин Бонкро хуш кардаанд, сахт алоқаманд аст. Ҷамъияти саҳомиии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» бонки ҳамакораи тиҷоратӣ буда, хизмати гуногуни бо бонк вобастаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъиро хушсифат баҷо меоварад. Бонк ба мизоҷонаш имконияти боэътимод пасандоз кардани пулашон ва бо муваффақият корчаллонӣ карданро муҳайё месозад. Бонкро инчунин иҷрои фаврӣ ва хушсифати амалиётҳое, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ дар соҳаи бонкдорианд, хос мебошад.

АГРОИНВЕСТБОНК

Бонк дар китоби давлатии феҳристи бонкҳо 27 марти соли 1992 ба қайд гирифта шудааст (Иҷозатномаи №3), дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2008 аз нав ба қайд гирифта шудааст.[4] Агроинвестбонк бонки ғайридавлатӣ буда, ҳамчун ҷамъияти саҳомии кушода фаъолият мекунад. Бонк дар баробари офиси асосии воқеи ш.Душанбе инчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб чор филиали асосӣ ва дар саросари ҷумҳурӣ 57 филиал дорад. ҶСК «Агроинвестбонк», ки Иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистонро дорад, ҳамчун бонки ҳамакора хизмати гуногуни бонкиро баҷо меоварад. Сармояи ойинномавии бонк аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода шудааст.ҶСК «Агроинвестбонк» моҳи октябри соли 2002 дар конференсияи Женева Bussiness Jnitiative Directions барои дар фаъолияти амалии худ истифода намудани технологияҳои муосири бонкӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд, сазовори ҷоизаи тиллоии «Jnternational Star Award for Quality» (Ситораи сифати байналмилалӣ) гардидааст. ҶСК «Агроинвестбонк» моҳи марти соли 2003 дар Конференсияи Франкфурт Bussiness Jnitiative Directions барои сифат ва технология сазовори ҷоизаи платинавии «The Arch of Europe» (Тоқи Аврупо) гардид. Сармояи эълоннамудаи саҳомии ҶСК «Агроинвестбонк» аз 210000 саҳмияи муқаррарӣ ба маблағи 21000000 сомонӣ иборат аст, ки он аз ҳисоби саҳми муассисон ва маблағи саҳмдорон, ки аз фурӯши саҳмияҳои Бонк ба пули миллӣ ё асъори хориҷӣ ворид шудааст, ташаккул меёбад. Саҳмияҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ба шакли саҳмияҳои оддӣ бароварда мешаванд. Арзиши исмии як саҳмия 100 сомонӣ аст. Саҳмияҳо аз тарафи бонк ба андозаи ҳаҷми эълоншудаи сармояи саҳомӣ бароварда мешаванд. Ҳар кадом шахси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, аз ҷумла хориҷиён, дар доираи талаботи пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмдорони ҶСК «Агроинвестбонк» шуда метавонанд. Саҳмдорони ҶСК «Агроинвестбонк» метавонанд саҳмияҳояшонро пурра ё қисман бифурӯшанд.

Саҳмияҳои ҶСК «Агроинвестбонк»-ро Бонки асосӣ, филиалҳо ва ҳамчунин феҳристдори махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мефурӯшанд. ҶСК «Агроинвестбонк» андозаи суд (дивиденд)-ро бидуни назардошти андоз эълон мекунад. Саҳмдорони ҶСК «Агроинвестбонк» ҳуқуқ доранд, ки:

— дар идораи бонк бо тартиби пешбининамудаи Ойинномаи ҶСК «Агроинвестбонк» иштирок намоянд; — саҳмияҳояшонро ихтиёрдорӣ кунанд;

— дар бораи фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк» маълумот талаб карда гиранд.

Ҳар саҳмияи оддӣ ба саҳмдор ҳуқуқ медиҳад, ки:

— дар ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои мавриди баррасии Маҷлиси умумии саҳмдорон як овоз дошта бошад;

— аз рӯи натиҷаи соли молиявӣ, ки Маҷлиси умумии саҳмдорони бонк тасдиқ намудааст, суд (дивиденд) гирад;

— қисми амволи бонкро баъди барҳам хӯрдани ҶСК «Агроинвестбонк» мутаносиби арзиши умумии саҳмияҳои мутааллиқи саҳмдор бигирад;

— суди (дивиденди) саҳмияҳояшро аз ҶСК «Агроинвестбонк» ситонад.

БОНКИ ЭСХАТА

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» ҳамчун шарики босубот ва боэътимод ном баровардааст, ки ҳамеша майлу хоҳиши мизоҷонро ба инобат мегирад ва сиёсати молиявиашро ба манфиати онҳо равона месозад. Асоси сиёсати Бонк ва муҳимтарин вазифаи он ҳар чӣ хубтар хизмат расонидан ба мизоҷон қонеъ гардонидани талаботу эҳтиёҷоти онҳо ба хизмати бонкӣ, таъмини шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо маҳсулот ва хизматгузории гуногуни чи анъанавӣ ва чи нави молиявӣ мебошад. Бонк бо назардошти хусусияти бизнеси мизоҷон бо ҳар кадоми онҳо алоҳида муносибат карда, роҳу равиши инфиродии ҳамкориро бо онҳо муайян намуда, муносибатҳои шарикиро ба роҳ мемонад. Кори босуботи Бонк оид ба такомули хизматрасонии бонкӣ барои афзоиши шумораи мизоҷонаш асос гардид. Фаъолияти бисёрсолаи бонкдорӣ собит кард, ки мизоҷон беш аз ҳама ба хизматрасонии ҳисоббаробаркунии кассавӣ, кредитдиҳӣ, ҳаволаи пул, хизматрасонии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ ва ба дигар амалиёти бонкӣ эҳтиёҷ доранд. Бонк доираи пешниҳодҳои тиҷоратиро барои шахсони воқеӣ васеъ намуда, барои мизоҷон ҷиҳати ҷалби амонатҳояшон шароиту имконоти мусоиду фоидабахш муҳайё мекунад. Кредит, амонати (депозити) бонкӣ, ҳаволаи маблағ, иҷораи сандуқҳои оҳании инфиродии бонкӣ, хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷумлаи хизматрасониҳои Бонк ба мизоҷон – шахсони воқеианд.

Вазифаи асосии Бонк дар соҳаи кредитдиҳӣ зиёд кардани ҳаҷми портфели (захираи) кредитӣ дар асоси коҳиш ва диверсиконии таваккалии кредитӣ мебошад. Бонк ба ҳамаи гурӯҳҳои асосии мизоҷон: шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва муассисаҳои кредиту молиявӣ кредитдиҳиро давом дода, аз рӯи анъана дар ин бобат ба мизоҷоне, ки таърихи мусбати кредитгирӣ доранд ва пурра бо хизматрасонии ҳисоббаробаркунии кассавӣ фаро гирифта шудаанд, имтиёз медиҳад. Мутахассисони бонк ба равияву соҳаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, сифати хизматрасониро мутассил такмил дода, тарифаҳои нави рақобатпазир ва маҳсулоти мизоҷони бонкиро таҳия менамоянд. Бонк домани фаъолияти худро торафт васеъ намуда, дар интихоби мутахассисони ҷавон, алалхусус донишҷӯёни ихтисосашон бо кори бонк алоқаманд фаъолу серталаб мебошад. Мақсади асосии сиёсати оид ба кадрҳо таълиму тарбияи хушсифати кормандон аст. Пайваста такмил додани ихтисос ва рушди касбии кормандон ба иҷрои вазифаҳои имрӯзу фардои бонк мусоидат менамояд.

Истифодаи технологияҳои муосири бонкӣ, маҳорати касбӣ ва ҳамфикрию ҳамкории зичи роҳбарон ва мутахассисон, кордонӣ ва риояи анъанаҳои хубу муфиди идоракунӣ гарави рушду пешрафти Бонк мебошад.

АМОНАТБОНК

Моҳи марти соли 1885 дар шаҳри Хуҷанд аввалин кассаи (хазинаи) қарзию амонатӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Моҳи декабри соли 1925 нахустин кассаи амонатии № 1341 дар назди Комиссариатии халқии молияи РАСС Тоҷикистон кушода шуд. Моҳи октябри соли 1987 кассаҳои давлатии амонатии Тоҷикистон (номи дигараш Амонат-кассаҳои давлатии пасандозҳои меҳнатии Тоҷикистон) бонки ҷумҳуриявии Тоҷикистонии Бонки амонатии СССР ном гирифтанд.

Моҳи январи соли 1992 дар асоси Бонки ҷумҳуриявии Тоҷикистонии Бонки амонатии СССР Амонатбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Моҳи ноябри соли 1998 Амонатбонки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми бонки давлатиро соҳиб гашта, ҳоло он Амонатбонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида мешавад.

Амонатбонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари мамлакат филиалҳои бисёр дорад. Амонатбонк 5 филиали вилоятӣ, 69 филиали шаҳриву ноҳиявӣ ва ҳамчунин 499 агентиро дар бар гирифтааст.

Амонатбонк дар асл Бонки мардумӣ мебошад, чунки ҳамарӯза ба нафақахӯрон хизмат мерасонад, пули пардохти хизматрасонии коммуналиро қабул карда мегирад, кредитҳои имтиёзнокро барои табақаи камбизоати аҳолӣ ба расмият дароварда, ба онҳо месупорад, маблағро ба гурезаҳо ва муҳоҷирон тақсим карда медиҳад, маблағи индексатсияшударо аз ҳисоби захираҳои ҷудокардаи Ҳукумат ҷуброн мекунад, вомбаргу лотереяҳоро интишор менамояд ва ҳамчунин хизматрасонии амонати аҳолиро ба зимма дорад.

Амонатбонк яке аз бонкҳои калони ҷумҳурӣ буда, аслан ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ҳамчун бонки боэътимод ва масъулиятшинос, машҳур гаштааст ва ӯҳдадориҳояшро дар назди мизоҷонаш сари вақт хушсифат иҷро мекунад.

Дастоварди солҳои охири Бонк назаррас буда, вазъи молиявии он дар байни бонкҳои дигари ҷумҳурӣ устувор ва пойдор гаштааст. Бонк ҳоло иштироккунандаи Иттиҳоди равобити телевизионии умумиҷаҳонии байнибонкии молиявӣ мебошад ва ба шабакаи SWIFT пайвастааст. Дар Ассамблеяи кулли Институти Умумиҷаҳонии Амонатбонкҳо, ки 29 октябри соли 2004 дар Брюссел баргузор шуд, узви Институти Умумиҷаҳонии Амонатбонкҳо гардид. Феълан Амонатбонк бо маркази байналмилалии илмию техникӣ, бо ҷамъияти ҳамкории техникии GTZ-и Германия ҳамкорӣ мекунад.

«БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН»

Бонки рушди Тоҷикистон (БРТ) моҳи ноябри соли 2006 ба фаъолияти молиявӣ шурӯъ намуда, дар як муддати кӯтоҳ дилпурона ва бо суръат дар бозори кредитиву молиявии ҷумҳурӣ мақоми сазоворро ишғол намуд. Дар рӯзи таъсиси БРТ сармояи он ба андозаи 5000000 доллари ИМА эълон шуда буд. Бонк мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 17 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ» таъсис ёфтааст.

Дар муддати кӯтоҳи фаъолияти Бонк сармояи ойинномавии эълоннамудааш то 8,5 млн доллари ИМА афзуд. Дар ин муддат дороии Бонк ду баробар зиёд гашта, то 1 ноябри соли 2007 ба 9,2 млн. доллари ИМА расид.

Корчаллонии фаъолонаи Бонк таъсиси инфрасохтори нави иттилоотӣ, маҷмааи барномаи муосиреро, ки пурра ҷавобгӯи дурнамои инкишофи Бонк буда, барои мизоҷон маҳсулоти бонкӣ ва хизматрассонии хушсифатро муҳайё месозад, тақозо намуд. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дод.

Маркази иттилоотии БМТ хабар дод, ки Раёсати бонки миллӣ бо қарори худ аз таърихи 19 сентябри соли 2006 тибқи моддаи 43 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ» ба ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои амалиёти бонкӣ иҷозатнома додаст. Бонки навтаъсис бонки ҳамакора мебошад: хизматҳои гуногуни бонкиро баҷо меоварад, аз ҷумла суратҳисобҳои ҷориро ба пулӣ миллӣ ва хориҷӣ мекушояд, амалиёти кассавиро анҷом медиҳад, ба мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва дароз маблағ қарз медиҳад, кредити ипотекии истеъмолӣ, хурд, миёна ва калон медиҳад.

Ҷамъияти Саҳҳоми Пушидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» ба мизоҷонаш намудҳои гуногуни анъанавии хизматрасонӣ ва ҳамчунин хизматҳои нави молиявӣ пешкаш менамояд, ки бояд ҷараёни инкишофи иқтисодиёти бонкиро тезонанд. Бонк ҳамчунин барои сохтмони ипотекӣ маблағ ҷудо карданист. Баҳраи қарзи бонк хеле кам аст. Агар баҳраи миёнаи қарзи бонкӣ дар ҷумҳурӣ 28-30 фоиз бошад, БРТ дар ибтидо ба ҳисоби 24 фоизи баҳраи солона қарз медиҳад ва минбаъд онро боз ҳам камтар хоҳад кард. Муассисони БРТ ширкати Тоҷикистонии «Эверест трейдинг» ва ширкати англисии «Atlantida Finance LTD» мебошанд.

Пакети кулли саҳмияи бонк (51фоиз) ба тарафи Тоҷикистон мутааллиқ аст. Тибқи иттилооти Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло дар мамлакат 8 бонки ватанӣ ва филиали бонки «Тиҷоратӣ»-и Чумҳурии Исломии Эрон амал мекунад.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон намояндагии бонки Казоқистон «Тӯрон-Алем» кушода шудааст.

Ба қавли сарвари бонки нав, дар ҳайати саҳмдорони бонк на танҳо намояндагони Тоҷикистон, балки намояндагони хориҷӣ низ ҳастанд. Маросими ифтитоҳи бонк ба моҳи октябри соли равон мононда шудааст.

БОНКИ САҲОМӢ – ТИҶОРАТИИ САНОАТИИ ТАҶДИД ВА РУШДИ «ТОҶПРОМБАНК»

Бонки саҳомӣ–тиҷоратии саноатии таҷдид ва рушд (БС-ТСТРТ) ё (БСТТИСТ) моҳи октябри соли 1995 таъсис ёфтааст. Таъсиси бонкро тамоили мусбати рушди иқтисодии кишвар, вазъи мӯътадили сиёсӣ, беҳтар гаштани ҳолати молиявӣ, муҳайё шудани имконияти ҷудо кардани маблағ ба секторҳои воқеии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардид.

Бонк ҳамаи ин солҳо мӯътадил инкишоф ёфта, ҳолати иқтисодиёти ҷумҳуриро воқеъбинона инъикос менамуд. Ба ин ваҷҳ обрӯву эътибори он зина ба зина баланд мешуд. Бонк мекӯшид, ки талабу дархости мизоҷонаш аз мадди назар дур намонанд, бизнеси онҳо ҳаддалимкон рушду нумӯъ кунад. Дастгирии стратегияи Ҳукумат, кӯмак кардан ба раванду ривоҷи бизнеси хурду миёна, ба тараққиёти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ ва пешрафти кори бонк мусоидат намуд. Масалан, «Тоҷпромбонк» ба суратҳисоби корхонаҳои тақдирсози ҷумҳурӣ, монанди корхонаи алюминии Тоҷикистон, корхонаи тиллои «Зарафшон», комбинати маъдани Анзоб, комбинати бофандагии Тоҷикистон, корхонаи муваҳадаи «Тоҷик-текстилмаш», ширкати холдингии «Барқи Тоҷик» ва ғайра хизмат расонид.

Вазъи устувори Бонк дар бозори молия ва рушди мунтазами он ба афзоиши сармоя мусоидат намуд, ки дар натиҷаи ин дороии он аз 90 млн. сомонӣ гузашт (то 1 январи соли 2008).

«Тоҷпромбонк» талаботи соҳибкорони хурду миёнаро ба маблағ ба назар гирифта, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ дар бозорҳои калони молияи Тоҷикистон шӯъбаҳои хурдқарздиҳӣ кушод ва ба соҳибкорони хурду миёна бидуни замонати дар асоси таҳлили бизнеси мизоҷон ва эътимод пул қарз дод.

Намояндагони Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо (БТРА) таҷрибаи «Тоҷпромбонк»-ро маъқул ёфта, моҳи апрели соли 2004 якҷоя шӯъбаҳои хурдқарздиҳӣ аз рӯи лоиҳаи БТРА (барномаи маблағҷудокунӣ барои корхонаҳои хурд ва миёнаи Тоҷикистон (БМКХМ – TMSEF) кушоданд. Ба ин мақсад тибқи Созишномаи бонки БТРА ва «Тоҷпромбонк» БТРА ба «Тоҷпромбонк» даставвал 2000000 (с.2004) ва баъд боз 4000000 доллар (с.2006) ҷудо кард.

Аз рӯи ин барнома «Тоҷпромбонк» ба маблағи қариб 24 млн.доллар ба 6505 шахс қарз дод.

Баҳраи бонк аз ин муомилот қариб 3 млн. долларро ташкил намуд. Дар охири соли 2007 дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи лоиҳаи БТРА 37 шӯъбаи худқарздиҳии «Тоҷпромбонк» амал мекард.

«Тоҷпромбонк», ки аз рӯи барномаи Маблағгузории Тиҷоратӣ кор мекунад, аввалин бонкест, ки бо БТРА аз рӯи Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ созишнома бастааст. Соли 2004 дар Лондон дар қатори 11 мамлакати ҷаҳон ба Тоҷикистон дар шахси «Тоҷпромбонк» барои иштироки фаъолона дар Барномаи Маблағгузории тиҷоратии БТРА ҷоизаи БТРА супурда шуд.

Ҳоло «Тоҷпромбонк» дар қатори БТРА ҳамчунин бо «Казкоммерцбонк» (Алмаато), Бонки «Тӯрон Алем» (Алмаато) ва Бонки Эътимодноки Аврупо (Москва) бомуваффақият ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла «Тоҷпромбонк» дар бонкҳои калони Аврупо, Россия, инчунин дар Қазоқистон ва Украина, ба монанди «Cоmmerzbank AG» (Германия), «Сберегательный банк России» (Россия), ҶММБТ «Нэклисбанк» (Россия), БТ «Евро-трастбанк» (Россия), ҶСК «ВТБ» (Россия), БТ «Интеркоопбанк» (Россия), ҶСК «Импекс-банк» (Россия), БТ «Русславбанк» (Россия), БТ «Промсвязбанк» (Россия), СВ «ANELIK.PU. Cо.LTD» (Россия), БТ «Социнвестбанк» (Россия), ҶСК «Банк Уралсиб» (Россия), ҶСК «Связьбанк» (Россия), «Украинский промышлен-ный банк» (Украина) суратҳисобҳои муросилотӣ кушодааст.

«Тоҷпромбонк» дар ҳаволаи маблағи шахсони воқеъӣ таҷрибаи хуб андӯхтааст. Бинобар ин ба ин соҳа мисли собиқа эътибори махсус дода, ҷуғрофияи ҳаволаи маблағро васеъ менамояд, нуқтаҳои нав кушода, соати кори онҳоро дарозтар мекунад.

Имрӯз «Тоҷпромбонк» дар саросари кишвар 84 нуқтаи ҳаволаи пул кушодааст, аз ҷумла дар Душанбе 9 нуқта, дар вилояти Хатлон–28, дар вилояти Суғд–22 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 25 нуқта дорад.

Соли 2008 «Тоҷпромбонк» ҳамроҳи «CB ANELIK PU Co. LTD» (Россия) ва «Центр финансовых технологий» (ФР) ба муомилот баровардани кортҳои пластикии «Золотая корона» — ро ба нақша гирифтааст, ки онҳо ба мардикорони ба Россия ва дигар кишварҳои ИДМ раванда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода мешавад. Ин кортҳо ҳаволаи пулро ба ҷумҳурӣ осон мекунад.

2.2. Ҳолати ҳуқуқии бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ, молиявии ғайрибонкӣ, бонкҳои фаръӣ ва филиалу намояндагии онҳо

Бонкҳои тиҷоратӣ дар асоси қарордоди муассисон ва тартиби муқарраркардаи меъёрҳои Кодеси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси ташкилотҳои кредитӣ таъсис дода мешаванд ва мувофиқи оинномаи худ амал мекунанд.

Қарордоди муассисон дар бораи таъсиси бонкҳои тиҷоратӣ ба ғайр аз маълумоти пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда бояд ҳатман ин маълумотҳоро дошта бошад:

а) маълумот дар бораи муассисон, ба шумули номи пурраи фирмавӣ ва маҳалли воқеъ гардидани ҳар кадоми онҳо, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии онҳо (барои шахсони ҳуқуқӣ), ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат ва номи ҳуҷҷате, ки шахсиятро муаррифӣ мекунад (барои шахсони воқеӣ);

б) маълумот дар бораи миқдор, категория ва арзиши исмии (номиналии) саҳмияҳо.

Ташкилотҳои кредитӣ ё ин ки бонкҳои тиҷоратӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, яъне ҷалби амонату дигар воситаҳои пулии шахсони воқеию хуқуқӣ бо мақсади истифодаи онҳо барои қарздиҳӣ бо шартҳои бозгардонӣ, музднокӣ, муҳлатнокӣ, инчунин барои ҳисоббаробаркунӣ ҳуқуқи пурраро доранд. Ташкилотҳои кредитӣ нақши миёнаравро мебозанд, яъне ҷойгир, ташкил ва интишори коғазҳои қиматнокро ба роҳ монда, маблағҳои пардохти ва суратҳисобҳоро дар хоҷагиҳo тафтиш намуда, инчунин ба онҳо хизмати мусоҳибавии бонкӣ мерасонанд. Дар баробари гуфтаҳои боло онҳо инчунин барои иҷрои вазифаҳои худ маблағҳои озодро сафарбар намуда, онҳоро ба сармоя табдил дода, маблағҳои воридшуда ва пасандозҳоро ҷамъ мекунанд, ки аз ин амонатгузор фоида ё даромад ба даст меоварад. Эътиборнокии бонк ба пасандозҳо, амонатҳо ва табдил додани онҳо ба сармоя барои дар оянда додани кредит мусоидат мекунад.

Ғайр аз ин ба амалиёти бонкӣ дохил мешаванд:

  • ҳисоббаробаркунӣ бо супориши шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • бонкҳои муросилотӣ (корреспондентӣ) бо суратҳисоби худ;
  • инкаcсатсияи маблағ, васиқа, варақаҳои пардохтӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳисоббаробаркунӣ, хизматрасонии хазинавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ
  • ҷалб ва ҷойгир намудани амонатҳо, пасандозҳо ва филизоти қиматбаҳо;
  • додани кафолати бонкӣ;

Ташкилотҳои кредитӣ бар замми гуфтаҳои боло ҳуқуқи бастани шартномаҳои дигарро доранд:

  • додани супоришот аз ҳисоби шахси сеюм бо назардошти иҷроиши ӯҳдадориҳо бо харҷи маблағ;
  • ҳуқуқдории талаботи шахси сеюм, аз ӯҳдадориҳои бо харҷи маблағ иҷрогардида;
  • ба роҳ мондани идоракунии ба боварӣ асосёфтаи маблағ ва дигар амволе, ки бо шартномаи байни шахсони ҳуқуқию воқеӣ баста мешавад;
  • мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал баровардани амалиёт бо филизоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
  • шароити мусоид фароҳам овардан ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва дигар амволи қиматнок дар утоқҳои махсӯси сейфдор;
  • хизматрасонии ахборӣ ва мусоҳибавӣ;

Ташкилотҳои кредитӣ ҳуқуқи аҳд бастанро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Ташкилотҳои кредитӣ дар асоси тамоми муносибатҳои молумулкӣ метавонанд ба монанди ҷамъиятҳои хоҷагӣ таъсис ёбанд. Сохтори он ба шакли зерин метавонад ташкил ёбад:

Шўрои директорон

Раёсати бонк

Шўъбаи кредитӣ

Шўъбаи амалиёти депозитӣ ва кассавӣ

Шўъбаи сармоя ва коғазҳои қиматнок

Шўъбаи санҷиши муҳосибавӣ

Шўъбаи байналмилалӣ

Шўъбаи маркетинг

Раванди таъмини кредитҳои додашаванда аз ҷониби ташкилотҳои кредитӣ дар марҳалаҳои зерин сурат мегирад:

  • омӯхтани дархост нисбати кредит;
  • ҳолати шахси қарзгирандаро омӯхтани ташкилоти кредитӣ;
  • барасмиятдарории шартномаи кредитӣ;
  • додани кредит ва назорат оид ба сари вақт пардохтани он.

Ба ҳамин хотир дар қонунгузорӣ панҷ принсипи таъмини кредитҳо муқаррар карда шудааст:

  1. принсипи мақсаднокӣ – ин принсип бо мақсади муайян истифода бурдани воситаҳои муваққатии молиявиро дар бар мегирад;
  2. принсипи бозгардонӣ – принсипи бозгардонӣ воситаи муваққатии молиявие мебошад, ки барои қарзгиранда ҳамчун сарчашмаи молиявӣ хизмат мекунад ва қарз бояд баргардонида шавад;
  3. принсипи мӯҳлатнокӣ – мафҳуми принсипи мӯҳлатнокӣ аз принсипи бозгардонӣ баромада, хусусияти баргардонии ёрии молиявиро дар мӯҳлати муайян дорад ва мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қоидаҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст;
  4. принсипи музднокӣ – хусусияти боподош будани хизматрасониро дар ҳолати додани кредит аз тарафи ташкилотҳои кредитӣ ифода менамояд. Чун қоида аз кредити додаи бонк ба тариқи фоиз маблағ ситонида мешавад. ҳаҷми меъёри фоизи қарзи додашаванда ва маҳдудияти онро тарафайн мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар шартнома дарҷ мекунанд. Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ масъалаи маблағ ба бозори коғазҳои қиматнок вобаста буда метавонад.
  5. принсипи таъминнокӣ – дар он ифода меёбад, ки мувофиқи шартномаи кредит қарзгиранда пардохти кредитро саривақт пешбинӣ менамояд. Яъне қарзгиранда бар ивази кредити гирифтааш гарав мегузорад.

Муносибатҳои амалиёти байналмилалии ташкилотҳои кредитӣ аз ин тадбирҳо иборатанд:

    • аз хизматрасоние, ки ба он мизоҷ рағбат дошта, он фаъолияти савдои байналмилалӣ, инвеститсионӣ, фондҳои ёрии молиявӣ дар бозори байналмилалӣ ва туризм мебошад;
    • хариду фурӯши коғазҳои қиматноки хориҷӣ, асъори хориҷӣ;
    • қабули чекҳо, васиқа ва ғайра.

Ташкилотҳои кредитӣ қисми зиёди даромадро аз ҳисоби амалиётҳои байналмилалӣ мегиранд.

Ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ – шахсони ҳуқуқианд, вале бонк намебошанд ва дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд баъзе амалиёти бонкиро иҷро карда, ба шахсони воқеӣ ва корхонаҳо хизмати молиявӣ расонанд. Аммо хизматрасонии онҳо бевосита ё бавосита, ба ҳеҷ андоза ба фаъолияти тиҷоратӣ, суғуртавӣ ё саноатӣ ҷалб карданро бояд дар бар нагирад.

Мақом, тартиби таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, феҳристи амалиёти бонкие, ки онҳо иҷро мекунанд ва асосҳои иҷозатнома барои он, маҳдудиятҳои эҳтимолии фаъолияти онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ба институтҳои махсуси бонкии дар асоси иҷозатнома амалкунанда инҳо дохил мешаванд:

  • фирмаҳои брокерӣ ва дилерӣ;
  • ширкатҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ;
  • фондҳои нафақа;
  • иттифоқи кредиторон;
  • фондҳои хайрия;
  • ширкатҳои суғурта ва лизинг;

Фаъолияти асосии ин гуна муассисаҳо ҷамъ ва зиёд намудани пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди кредит ба давлат ва корпоратсияҳо ба воситаи вомбаргҳо, cафарбар намудани сармоя ба воситаи ҳар гуна саҳмияҳо, сафарбар намудани кредитҳои ниёзмандӣ ва гаравӣ, инчунин кредитҳои ёрии мутақобила мебошад.

Бонки фаръӣ шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, пакети миқдори назоратии саҳмияҳои он дар ихтиёри бонки муассис (бонки асосӣ) мебошад.

Бонки асосӣ метавонад нисбати бонки фаръӣ бонки ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон шавад, зеро дорои эътибори муайяни яке аз намояндагиҳои боэътибори асосӣ мебошад. Феҳристи намояндагиҳои боэътибори асосӣ ва эътибори ҳадди ақалли талабшаванда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бонки ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозат барои кушодани бонки фаръӣ баъди як соли фаъолияти намояндагии бонки мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза диҳад.

Бонки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бонки фаръӣ кушояд.

Бонкҳои фаръӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Бонки фаръӣ ҳуқуқ надорад, ки бонки дигари фаръиро таъсис диҳад.

Намояндагӣ воҳиди махсуси ташкилоти кредитӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавиаш қарор дошта, манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ менамояд, аз номи он аҳдҳо мебандад ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳад.

Филиал воҳиди махсуси ташкилоти кредитӣ буда берун аз маҳалли ҷойгиршавиаш қарор дошта, тамоми ё як қисми вазифаҳои он, аз ҷумла вазифаи намояндагиро иҷро мекунад.

Намояндагию филиалҳо шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Онҳо аз ҷониби ташкилотҳои кредитии онҳоро таъсиснамуда бо амвол таъмин шуда, дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи он амал мекунанд.

Роҳбарони намояндагию филиалҳо аз ҷониби ташкилотҳои кредитӣ таъин гардида, дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.

Намояндагию филиалҳо бояд дар оинномаи ташкилотҳои кредитие, ки онҳоро таъсис додааст, нишон дода шаванд.

Тартиб ва қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ дар бонкҳо, феҳрист, шаклҳо ва мӯҳлатҳои пешниҳоди ҳисобҳои дигар, инчунин масъулият барои вайронкунии мӯҳлати пешниҳоди ҳисобҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи талаб ҳама гуна маълумотро оид ба маблағҳои худ, аз ҷумла он чӣ, дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, амо- натҳои қабулкардаю мавҷуда ва қарзҳои додашуда, амалиёти бонкии иҷрошуда ё иҷрошавандаи бонкӣ ва маълумотҳои дигарро пешниҳод намоянд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки дар қисми сеюми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» пешбинӣ гардидаанд, ҳуқуқ надоранд, ки:

а) амонат қабул намоянд ва дигар амалиёти бонкиро чун фаъолияти асосӣ ё иловагӣ иҷро кунанд;

б) ҳамчун фаъолияти асосӣ ё иловагӣ тафтиши аудитории фаъолияти бонкиро анҷом диҳанд;

в) дар номи худ, ҳуҷҷатҳо, эълонҳо ва дар реклама калимаи «бонк» ё калимаи (ибораи) аз ин таркибёфтаро, ки дар бораи қабул намудани амонат, иҷрои дигар амалиёти бонкӣ ё иҷрои тафтиши аудитории фаъолияти бонкӣ тасаввурот ба вуҷуд меоварад, истифода намоянд.

Ин мамнӯъият ба Бонки миллии Тоҷикистон, шӯъбаю намояндагиҳои бонкҳо, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ дахл надорад.

Истисноҳои эҳтимолӣ барои манъи қабули амонатҳо аз тарафи шахсоне, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро надоранд, тавассути санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва чунин мавридҳои қабули амонатҳоро дар бар мегиранд:

а) қабули амонатҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳо, инчунин ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки барои додани қарз дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд;

б) қабули амонатҳо ҳамчун маблағи пардохтшаванда аз рӯи шартномаи ҳақиқии хариду фурӯши амвол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ (дар шакли гарав ё маблағе, ки дар сурати амалӣ нашудани шартнома қобили пардохт аст);

в) ҳамчун қарз бо шарти баргардонидани маблағ, ки он аз маблағи ибтидоӣ зиёд нест.

Амалиёти бонкие, ки бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, эътибор надорад.

Дар сурати аз тарафи бонкҳо бе иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани амалиёти бонкӣ даромад аз ин амалиёт дар асоси қонун ва мувофиқи моддаи 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» бечунучаро мусодира карда мешавад.

Тафтиши аудитории фаъолияти бонк, ки аз тарафи ширкати аудиторӣ (аудитор) бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, эътибор надорад ва ҳамаи даромад аз ин фаъолият бо тартиби муқарраркардаи қонун ситонида мешавад.

Бонкҳо барои паҳн кардани рекламае, ки ба ҳақиқат мувофиқ намебошад, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои иҷрои амалиёти бонкӣ надоранд, барои паҳн кардани реклама дар бораи хизматрасоние, ки ба категорияи амалиёти бонкӣ дохил мешавад, мувофиқи қонун мавриди ҷавобгарӣ қарор мегиранд.

Бонк барои гумроҳ сохтани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо роҳи надодани маълумот, додани маълумоти нодуруст ё нопурра мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва қонунҳои дигар ҷавобгар аст.

  1. www/nbt.tj/
  2. www.orienbank.com.
  3. http://www.sodirotbonk.com
  4. www.agroinvestbank.tj
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *