Фанни Демография

Вазъи демографи

Накша:

  1. Мазмун ва вазъияти демографи
  2. Вазъияти умумии демографии Точикистон;

а) Никох дар Точикистон,

б) Талок дар точикистон,

в) Таваллуд дар Точикистон,

г) Фавт ва дарозумрии ахолии Точикистон,

д) Мухочирати ахолии Точикистон

Вазъияти демографи – ин холати демографии мамлакат ва ё нохия мебошад, ки ба воситаи як гурух нишондихандахо муайян карда мешавад. Калимаи «вазъият» дар забони руси «ситуация» — аз забони лотинии «situation» ( шароит, холат) гирифта шуда, маънои шароит, мухит ва мавкеъро дорад.

Нишондихандахои асоси ба монанди дарачаи мавчудаи таваллуд, фавт, никох ва талоки ахоли, дарозумри, мухочирати ахоли, таркиби ичтимоии ахоли ва гайра ба шумор мераванд.

Нишондихандахои зерин барои бахо додан ба вазъияти демографи,

барои муайян кардани навъи мавчудаи бозтавлиди ахолии нохия ё ин ки мамлакат мисол шуда метавонанд.

Вазъияти демографиро ба 3 намуд чудо кардан мумкин аст:

  • Вазъияти демграфии мусоид,
  • Номусоид.
  • Миёна (мобайн)

* Вазъияти демографии мусоид чунинихолати бозтавлиди ахолии мебошад, ки он ба шароити ичтимои – иктисоди ва таърихии нохия ва мамлакат мувофикат мекунад.

* Вазъияти демографии номусоид чунин холати бозтавлиди ахолим мебошад, ки он ба тараккиёти ичтимои – иктисоди мухолиф буда. ба пешрафти чамъият монеъ мешавад.

* Вазъияти демографии миёна ба тараккиёти чамъият сахт монеъ шуда наметавонад. Бозтавлиди ахоли дар давоми тараккиёти чамъият аз як навъ ба навъи дигар мегузарад.

Дар адабиёти демографи таърихан 3 шакли бозтавлиди ахолиро кайд мекунанд.

  1. Архетип – ин шакли бозтавлиди ахолии ба чамъияти ибтидои хос буда, дар он бозтавлиди ахолии аз руи конунхои табии ва биологи инкишоф меёфт.
  2. Анъанави – н шакли бозтавлиди ахолии бештар ба чамъияти тоиндустриали хос буда, дар он дарачаи тавалуд ва фавт нихоят баланд мебошад.
  3. Хозирзамонави ё ин ки ратсионали – ин шакли бозтавлиди ахолии ба чамъияти таракикардаи индустриали хос буда, дар он дарачаи таваллуд ва фавт паст, афзоиши ахолии кам ё ин ки умуман намеафзояд.

Шаклхои бозтавлиди ахолиро ба:

  • Самаранок ва
  • Гайрисамаранок

чудо кардан мумкин

* Дар холате, ки хамаи кудакони таваллудёфта зинда монанд, ин гуна шакли бозтавлиди ахолиро самаранок мехисобанд.

* Агар дар чамъият дарачаи таваллуд ва фавти кудакон баланд бошад, ин гуна шакли бозтавлиди ахолиро гайрисамаранок мехисобанд.

Ахоли на факат аз хисоби таваллуд ва фавт инчунин аз хисоби мухочирон зиёд ё кам шуда метавонад.

Вазъияти Точикистонро дар солхои наздик чунин пешбини кардан мумкин аст:

*Дар натичаи чори кардани чорабинихо сиёсати демография ва хусусан ба танзими оила суръати зиёдшавии ахоли нисбат ба солхои гузашта паст мешавад,

*Микдори занхои махали дорои маълумоти оли ва миёнаи махсус меафзояд, мухочирати байни мамлакатхо зиёд мешавад. Сатхи нисбатан пасти зиндагии ахоли боки мемонад.

*Шумораи коргарони бекор, хусусан чавонон зиёд мешавад.

  1. Вазъияти умумии демографии Точикистон

Дар Чумхурии Точикистон вазъияти демографи дар мухлати тулони зери таъсири 2 гурух омилхо ташаккул ёфтааст:

  1. Ба таъмин намудани бозтавлиди матлуби ахолии чумхури вобастаги дорад.

Бояд кайд кард, ки дар чумхури нишонахои шакли бозтавлиди анъанавии ахолии (дарачаи баланди таваллудкуни, нисбатан пасти фавти ахолии, лекин дарачаи баланди нобудшавии кудакон, баланд будани сабабхои анъанавии фавти ахолии, суст будани чойистикомативазкуни, паст будани дарачаи урбанизатсия ва гайра), хеле боки мондааст.

Сабаби асосии ин вазъият бо дарачаи нисбатан пасти тараккиёти

иктисоди – ичтимои, мадани, саноати ва сохахои дигари мамлакат алокаманд мебошад. Дар замони Иттиходи Шурави Точикистон асосан ба истехсоли ашёи хом: пахта, пашм, пилла ва маъданхи зеризамини машгул буд.

Гурухи дуюми омилхо ба шароитхои конкретии сохтмони социализм дар мамлакат, расонидани ёрии харби ба мамлакатхои ру ба таракки, нобудшавии ахоли дар солхои чанги граждани ва Чанги Бузурги Ватани, дар солхои репрессия ва ёрии «интернационалисти» ба Афгонистон ва гайра.

Хусусиятхои хоси чойдоштаи вазъияти демографии Точикистон чунинанд:

  1. Сатхи баланди зиёдшавии ахоли
  2. Дарачаи баланди фавти кудакон
  3. Дарачаи фавти ахолии (касалихои узвхои нафас, дил, фишори хун)
  4. Шумораи чавонони бекор
  5. пурзур гаштани мухочирати ахолии махалли дар нохияхои чумхури.

* Никох дар Точикистон

Дар соли 2000 – ум дар Точикистон 26257 никох ё ин ки 4, 2 никох ба хар 1000 нафар ахолии ба кайд гирифта шуда буд. Ин ракамхо нисбати соли 1991 зиёда аз 2 маротба кам буда, аксарияти онхо бори аввал буданд.

Дар мукоиса бо солхои 70 ва 80 – уми асри ХХ синну соли никох дар байни занхои чумхури аз 20, 6 солаги то 20, 8 солаги баробар буд. Дар байни мардхо бошад аз 23, 2 то ба 23 солаги расид.

Дар Иттиходи Шурави бошад дар соли 1985 байни мардхо 24,2 ва занхо 21,9 солагиро ташкил мекард. Бастани никох ходисаи табии мебошад, лекин як кисми ахолии ба никох дохил намешавад.

* Талок дар Точикистон.

Дар соли 1988 дар Точикистон бо сабаби талок 7509 ва дар соли 2000 2358 оила вайрон шуда буд. Дарачаи ба вучуд омадани талок дар Точикистон такрибан аз соли 1990 хеле кам шудааст. Вайроншавии оила хамчунон бо сабаби фавти зан ё шавхар метавонад ба амал ояд. Дар Точикистон солхои 1991 – 2000 яке сабабхои якумидарачаи бархамхкрии оилахо ин фавти зан ё шавхар, хусусан, вафоти бешттари мардхо ба зиёдшавии бевазанхо

оварда расонид.

*Таваллуд дар Точикистон.

Дар соли 1989 таваллудшавии ахолии Точикистон ру ба пастшави овард. Дар солхо 1980- 1989 афзоиш дошт. Аз соли 1991 то соли 2000 – ум таваллуди ахолии тез паст шуд, ки дар соли 2000 ба хар хазор нафари ахоли 27 нафар таваллуд шуд.Дар соли 2000 дар чумхури 167,2 хазор нафар кудак таваллуд шуд, ки ин микдор нисбат ба соли 1991 45, 4 хазор нафар кам буд. Махдудияти таваллуд тавассути механизми танзими оила, раванди объективи мебошад. Ин холат дар натичаи тараккиёти кули системаи чамъияти – иктисоди, сиёси, ичтимои, мадани ва гайра ба вучуд меояд. Талабот ба фарзанд пеш аз хама дар натичаи пастшавии вазифаи иктисодии фарзанд дар оила кам мешавад. Барои хамин дар хар як дарачаи тараккиёти ичтимои – иктисодии чамъият талабот ба микдори фарзанд гуногун мебошад. Аз ин ру, барои хал кардани масъалахои пастшавии таваллуди ахолии рохи зури самара намебахшад, баръакс окибатхои манфи ба вучуд меоварад.

* Фавт ва дарозумрии ахолии Точикистон.

Дар авали солхои 80 – уми асри ХХ дар Чумхурии Точикистон нишондихандахои дарозумри ахолии тамоили баландшави доштанд. Дар соли 2000 нисбатан ба соли 1991 ин нишондиханда аз 70, 5 то 68, 4 сол паст шуд. Дар байни мардхо ин ракам аз 67,6 то 66,1 сол, дар байни занхо бошад аз 73, 2 то 70,8 сол паст шуд.

Барои мукоиса, дар Япония дар солхои 1985 – 1986 умри мардхо 75, 0, занхо 81,0; Шветсия- мардхо 73, 8, занхо 80,6; Олмон – мардхо 71,9, занхо 78, 5; Амрико – мардхо 71,2, занхо 78,2 ва гайрахо.

Дар Точикистон дарозумрии миёнаи ахоли пеш аз хама дар зери таъсири фавти кудакон мебошад. Дар соли 2000 ба хар 1000 нафар таваллудшудагон 14, 91 кудак нбуд шуда буд. Дар мамлакатхои мутаракки бошад ин ракам аз 8 то 10- ро ташкил мекунад.

* Мухочирати ахолии Точикистон.

Дарачаи мухочирати ахоли барои суръати бозтавлиди ахолии ахамияти калон дорад. Дар Точикистон то солхои 1976 -1977 бакияи мусбати мухочирати ахолии чой дошт, яъне ба чумхури омадани аз рафтанаш зиёд буд. Воридшавии ахолии хусусан ба солхои 60 – 70 асри ХХ рост меояд, ки дар ин давра дар чумхури сохтмони корхонахои нави саноати ва тачдиди сохтмони корхонахои мавчуда авч гирифта буд. Коргарони ба чумхури омадаро бо гирифтани хонахои истикомати, таъмин кардан бок ор дар шахрхо ва гайра хавасманд мекарданд. Аксарияти ахолии махали бошад дар дехот бо корхои кишоварзи машгул буд.

Дар солхои 1991 – 2000 ва минбаъд мухочирати ахолии хеле афзуд. Агар дар солхои 60 – 70- ми карни ХХ мухочират ба чумхури сурат гирифта бошад, солхои 90 ва ибтидои асри ХХI аз чумхури шумораи зиёди ахолии бо сабабхои гуногун ру ба мухочират овард.

Факат дар соли 2000 дар чумхури нисбатан аз ахолии омада 14,4 хазор ахолии зиёд рафтааст. Дар замони хозира раванди чахонишави такозо мекунад, ки мухочирати ахоли – холати табии буда, тамоми кишвархои дуньё онро аз сар мегузаронанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *