Год: 2017

  • Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи  Рӯдакӣ

    Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи  Рӯдакӣ Дар эҷодиёти ин шоири бузурги асри Х ва сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдӯллоҳи Рӯдакӣ масъалаҳои тарбияи ахлоқу одоб, омӯхтани илму ҳунар  мавқеи мнамоён ишғол менамояд. Ин хусусиятро дар эҷодиёти аксарияти шоирони асри Х ва асрхои минбаъда дидан мумкин аст. Ҳатто баъзе шоирони тоҷик дар…

    Муфассалтар »
  • Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209)

    Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209) Монанди он ки пеш ва пас аз “Шохнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои диниву ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре…

    Муфассалтар »
  • Вароқии Хиравӣ

    Вароқии Хиравӣ Абӯбакр Зайнуддин ибии Исмоили Варроқи Хиравӣ аз шоирони бузурги қарни панҷум аст, Падари ӯ Исмоили Варроқ ҳамон аст, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ пас аз фирор аз Ғазнин, ба қавли Низоми Арӯсӣ дар шаҳри Ҳирот ба дукони ў омада буд ва (шаш моҳ) дар хонаи ӯ мутаворӣ буд, то…

    Муфассалтар »
  • Абдул Қодир Бедил

    Абдул Қодир Бедил Абдул Қодир Бедил ё Бедили Деҳлавӣ насрнавис, файласуф ва мутафаккири Тоҷиктабори Ҳиндустон. Номи шоир Абдулқодир буда, Бедил тахаллуси адабиаш ба шумор меравад. Маънои Бедил — «дилдода», «дилбохта», «ошиқ ба зиндагӣ ва инсонҳо», «ба маҳбуба» ва билохира «ба Худои мутаол» аст. Дар қарнҳои минбаъда услуби сабки Бедилро ҳамзамононаш…

    Муфассалтар »
  • Абулқосими Фирдавсӣ

    Абулқосими Фирдавсӣ Макони таввалуд деҳаи Божи нохияи Табарони наздикии шаҳри Тус дар оилаи заминдор. Давраи ҷавонии шоир нисбатан ором буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро меомӯхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои…

    Муфассалтар »
  • Рўзгор ва мероси адабӣи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ.

    Устоди бузурги бебадил ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасан Фирдавсии Тўсӣ, шоири бузурги ҳамосасарои Эрон ва яке аз шоирони машҳури олам ва ситораи дуРахшони осмони адабӣ форсӣ ва аз мафоҳири номбардори миллати Эрон аст ва ба сабаби ҳамин азамати макраму мартабат саргузашти ў монанди дигар бузургони дунёи қадим бо афсонаҳо ва…

    Муфассалтар »
  • Адабӣёти тоҷик дар асри 10 11. Вазъияти сиёсӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ин давра

    Вазъи умумии забон ва адаби форсӣ- тоҷикӣ. Даврае, ки мо мавриди мутолиа қарор медиҳем, яке аз муҳимтарин давраҳои адабии мо маҳсуб меёбад, ҳамчунин ибтидои тарақии адаби форсӣ аст. Шоҳони ин давра, яъне шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳр, Хуросон қудрат намуда, ҳукумати эшон бо тасаллути Салҷуқиён дар Бағдод хотима меёбад. Дар аввалҳои…

    Муфассалтар »
  • Мунҷиқи Тирмизӣ. Дақиқии Балхӣ

    Мунҷӣки Тирмизӣ. Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Мунҷиқи Тирмизӣ аз шоирони бузурги нимаи аввали қарни ҷаҳорум аст, ки баъд аз Дақиқӣ дар дарбори Чағониён ба cap мебурда ва маддоҳи онон, алалҳусус амир Абўяҳё Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва амир Абулмузаффар Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ будааст. Вай шоире забоновару суханпардоз ва некўхаёлу…

    Муфассалтар »
  • Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ

    Робиаи Балхӣ. Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ў дар радифи шоирони форсӣгўй зикр шудааст. Ў аз муосирони Рўдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ў нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғазалҳои шўрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.…

    Муфассалтар »
  • Шоирони ҳамасри Рўдакӣ: Шаҳиди Балҳӣ, Абўшакури Балҳӣ.  Шаҳиди Балҳӣ.

    Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайни Чуҳудонакии Балхӣ шоири ус¬тод ва доншпманду ҳакими маъруфи аҳди худ будааст. Рўдакӣ аз ҳамаи ҳамасрони худ танҳо ўро шоир ва дигаронро ровии ашъори ину он медонист. Вай аз бузургони ҳукамо ва мутакаллимон ва дар улуми авоил устод будааст. Ибн ан-Надим дар «Ал-феҳрист» гўяд, ки Шаҳид ибни…

    Муфассалтар »
  • Рӯзгор ва осори бозмондаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ

    Рӯзгор ва осори бозмондаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Рўдакӣ шоири устоди оғози қарни ҷаҳорум аст, ки ўро ба сабаби мақоми баландаш дар шоирӣ ва ба иллати пешвоии порсигўён ва оғозидани бисёре аз анвои шеъри порсӣ ба ҳақ «Устоди шоирон» лақаб додаанд. Дар қадимтарин ва дурусттарин маъхазе, ки аз ў ёд шуда, яъне…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиш ва ташаккули адабиёт дар асрҳои 9-10

    Қарни ҷаҳоруми ҳиҷрӣ мутобиқ, ба асри даҳи милодӣ замони тавлид ва устувор гаштани адабиёт ба забони форсии дарӣ, ки марҳалае ҷадид дар раванди таърихии забони форсист, маҳсуб меёбад. Мақоми адабиёт ба мартабаи иззат ва ҳудогоҳии гўяндагону ниёзмандон ва талабгоронаш баробар аст. Шеъру адаби дарӣ, аз ин сабаб, вақте рўй ба…

    Муфассалтар »
  • Зуҳури шеъри форсӣ. Аввалин шоирони форсӣгў.

    Теъдоди шоироне, ки дар замони Тоҳириён ва Саффориён умр ба сар бурдаанд ба 10 тан мерасад ва номҳои ин шоиронро ба таври зайл нишон медиҳад: Абулянбағӣ, Маҳмуди Варроқ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васиф, Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Муҳаллад, Фирўзи Машриқӣ, Абўсалики Гургонӣ, Масъуди Марвазӣ ва Абулҳафси Суғдӣ. Дар ҷилди дуввуми…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти илму фарҳанг ва адабиёт дар замони истилои араб.

    Илмҳои шаръӣ Илмҳои шаръӣ тақсим мешавад ба улуми марбут ба Қуръон монанди илми қироати Қуръон ва илми тафсири Қуръон ва фурўи онҳо улуми марбут ба ҳадис ва фурўи он, илми фиқҳ ва фурўи он, илми калом. Илми қироати Қуръон аз сувари назми Каломуллоҳ аз ҳайси вуҷуди иҳтилофоти мутавотира баҳс мекунад…

    Муфассалтар »
  • Вазъи сиёсӣ иҷтимоӣ дар замони истилои араб

    Гарчанде барои ба таври доимӣ забт карда шудани Мовароуннаҳр ва ба хоки хилофат бевосита ҳамроҳ карда шудани он ҳанўз дар охирҳои асри 7 дар вақти Абдулмалик фармон содир шуда буд, вале истилои Мовароуннаҳр бо сардории Қутайба ибни Муслим сурат гирифт. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Қутайба дар вақти амалиёти ҳарбиии худ аз…

    Муфассалтар »
  • Абдураҳмони Ҷомӣ (1414- 1492)

    Ҷоми олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Тарҷумаи ҳол. Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷоми дар тамоми дунё…

    Муфассалтар »
  • Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

    Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо олими мӯтабахҳири тоҷик Абӯалӣ ибни Снно буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд.…

    Муфассалтар »
  • Ахмад Дониш (1826-1897)

    Ахмади Дониш  соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир  Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар чавони барои тахсили илм ба Бухоро омада, дар хамин чо мадрасаро хатм мекунад ва аз хамин чо хонадор мешавад. Дониш тахаллуси адабии Ахмад буд. Гайр аз ин, уро…

    Муфассалтар »
  • Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ

    Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ  шоири бузурги ватандӯсти асри 10 аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти тоҷик»  317 ҳиҷрӣ (929-930 милодӣ) қайд шудааст.  Ҷои таваллудаш маълум нест. Дар тазкирахо Самарканд, Балх, Бухоро, Тӯс қайд кардаанд. Фаъолияти эҷодии  ӯ аз доираи адабии ҳокимони Ҷағониён (водии Ҳисору Сурхандарё),…

    Муфассалтар »
  • Камоли Хуҷанди (1318/21-1401)

    Камоли Хуҷанди (1318/21-1401) Гар бичуянд ба сад карн наёбанд, Камол, Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд. Камоли Хуҷанди  шоири ғазалсарои  форсу  тоҷик, дар  аввалҳои  асри  XIV, дар шаҳри Хуҷанд  таваллуд шудааст.  Ҳамшаҳриҳои ӯ  бо сари баланд хонаи Камоли Хуҷандиро  нишон медиҳанд. Ҳозир дар ҷои хонаи ӯ меҳмонхона пӯшида  шудааст. Ҷавониаш…

    Муфассалтар »
  • Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ

    Ҳаст доим салтанат дар маърифат, Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат, Ҳарки масти олами ирфон бувад, Бар ҳама халқи  чаҳон султон бувад. Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги  фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон  ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти  эҷодӣ, шахсияту мартабаи…

    Муфассалтар »
  • Низомии Ганҷавӣ (1141-1209)

    Низомии Ганҷавӣ (1141-1209) Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид (1141, шаҳри Ганҷа ҳозира Кировободи Озорбойҷон ҳамонҷо), шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик. Абумухаммад Илёс ибни Юсуф Закии Муайяд мутахаллис бо номи Низомӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависи мебошад. Ӯ соли 1141 дар шаҳри Ганҷа таваллуд ёфтааст.…

    Муфассалтар »
  • Садриддин Айни (1878-1954)

    Садриддин Айни (1878-1954) Асосгузори адабиёти  муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айни 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Падари устод  Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи…

    Муфассалтар »
  • Сайидои  Насафи

    Дар фикри дона мурчае буд даргузар, Омад ба шеъру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоки мурчагон гофили магар В-арна чаро хакир шуморию нотавон? Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбхои хунарманди пешаи бофандаги ривоч дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосворихои арзонбахое тайёр мекарданд, дар он рузгор сохибиззат…

    Муфассалтар »
  • Саъдии Шерозӣ (1184-1292) 

    Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саьдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рӯи гуфтаи худи Саъдии Шерозӣ хонаводаи ӯ ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандони дин будаанд: Ҳама кабилаи ман олимони дин буданд, Маро муаллими ишқи…

    Муфассалтар »
  • Умари  Хайём ( 1048 -1131)

    Гар бар фалакам даст буди чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён. В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме, К-озода ба коми дил расиди осон. Аз рӯи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048  дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии саньати…

    Муфассалтар »
  • Унсурмаолии Кайковус

    Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт, В-ар ҳамчу Сулаймон шави аз давлату бахт. Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт, К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт. Унсурмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Кобус ибни Вушмагир дар ибтидои асри XI таваллуд шуда, то охирҳои ҳамин аср умр ба сар…

    Муфассалтар »
  • Фариддудин Аттор (1145 — 1221)

    Аттор Фариддудин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурӣ  шоири ориф ва суханвари мумтози форcу тоҷик, соли 1145 дар деҳаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброҳим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба атторӣ ва табибӣ машғул шудааст. Аз ин сабаб ӯ дар миёни мардум бо номи «Аттор”…

    Муфассалтар »
  • Хусрави Деҳлавӣ (1253 — 1325)

    Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмаҳсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст. Агар тахсини шеъри хештан бар дасти хеш хасти, Ҳама кас хештанро Рӯдакию Унсури хонад. Вале ғаввоз аз дарё гуҳар берун кашад, аммо,…

    Муфассалтар »
  • Ҳофизи Шерозӣ (1321-1390)

    Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби «Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ…

    Муфассалтар »