Кодексхо ва Қонунхо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод.331; с. 2010, №7, мод. 555;

с.2011, №12, мод. 846; с.2013, №11, мод. 786; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с.,№ 1154)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти бонкӣ — аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ анҷом додани амалиёти бонкӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст;

низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

ташкилотҳои қарзӣшахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд; (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1154)

бонкташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ – ташкилотҳои қарзие , ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгўи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

бонки фаръӣ – бонке, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи он ба бонки дигар тааллуқ дорад;

кормандони роҳбарикунанда – раиси ташкилоти қарзӣ ва муовинони ў, раиси раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ , инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ , аз ҷумла филиали бонки хориҷӣ;

ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ ба ў тааллуқ дорад ё аз ҷониби ў назорат карда мешавад;

ҷамъияти вобаста – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзиро назорат мекунад, ҳамчунин ҳар гуна шахси ҳуқуқии дигаре, ки аз тарафи ин шахси ҳуқуқӣ назорат карда мешавад, аз ҷумла шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба ин гурўҳ дохил мешавад;

ваколати назоратӣ аз болои шахси ҳуқуқии дигар – ваколатҳои шахсест, ки:

а) ба таври мустақим ё ғайримустақим, тавассути як ё якчанд шахс молик, назораткунанда ё дорандаи 25 фоиз ё бештар аз он саҳмияҳои овоздиҳанда ва ё ҳиссаҳои шахси ҳуқуқӣ бошад;

б) ваколати интихоби аксарияти роҳбарони шахси ҳуқуқиро дошта бошад;

в) дорои ваколати назоратии дигаре бошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст.

филиал – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ , ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзӣ сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад;

филиали бонки хориҷӣ – воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;

намояндагӣ – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ, ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад ва ягон намуди фаъолияти бонкиро иҷро наменамояд;

қарзмаблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст;

амонатмаблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;

пасандозмаблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;

резидентҳошахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳамин сифат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» эътироф шудаанд;

ғайрирезидентҳошахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд;

шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод – шахси воқеие, ки:

а) бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи (аз ҷумла хусусияти коррупсионӣ дошта) ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;

б) аз тарафи суд дар давоми ҳафт соли охир муфлис эътироф нашуда бошад;

в) аз тарафи суд барои кирдори амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда, аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

ҳиссаи иштироки афзалиятнок — ҳиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустақилона ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон дорои зиёда аз даҳ фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзӣ мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;

шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:

а) корманди роҳбарикунанда;

б) аъзои оилаи корманди роҳбарикунанда;

в) шахс ва аъзои оилаи ӯ, ки дар ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад ва ҳар гуна шахси ҳуқуқие, ки дар он шахс ё корманди роҳбарикунанда дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;

г) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дошта, ҳангоми омодасозии ҳисоботи молиявии маҷмўӣ ба инобат гирифта намешавад;

меъёрҳои мақбул – меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад ;

форфейтинг — маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ўҳдадории фурўшанда.

факторинг— маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои ташкилотҳои қарзӣ

1. Ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:

— ҷалби амонат ва пасандозҳо;

— додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:

а) қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;

б) факторинг;

в) форфейтинг;

— кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;

— хариду фурўши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:

а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ўҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

б) асъори хориҷӣ;

в) саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

г) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;

— додани кафолат, баҳисобгирии ўҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;

— хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ, векселҳо ва ғайра); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

— миёнаравӣ дар бозори пулӣ;

— амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);

— хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);

— ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар ин модда зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

— амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

— қабул намудан инкассатсия ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қимматбаҳо;

2. Тартиби гузаронидани амалиёти ҷудогонае, ки дар қисми 1 моддаи мазкур номбар шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Ташкилотҳои қарзӣ, ғайр аз амалиёти бонкии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд:

— додани замонат, ки иҷрои ўҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

— иҷораи молиявӣ (лизинг);

— амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;

— хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;

— хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;

— хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ .

4. Машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст.

Моддаи 4. Муносибати байни ташкилоти қарзӣ ва давлат

1. Ташкилоти қарзӣ аз рўи ўҳдадориҳои давлат ва давлат аз рўи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ўҳдадориҳоро қабул карда бошанд.

2. Ташкилоти қарзӣ аз рўи ўҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ўҳдадориҳоро қабул карда бошанд.

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дахолат кунанд.

4. Барои таъсиси ташкилоти қарзӣ, филиал ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад.

5. Ташкилоти қарзӣ аз рўи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатиро иҷро кунад, бо маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амалиёт ва ҳисоббаробаркуниҳо гузаронад. Чунин шартнома бояд ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафайн, шарти назорати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунии байниҳамдигариро пешбинӣ намояд.

Моддаи 5. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзӣ

1. Ташкилотҳои қарзӣ(кредитӣ) метавонанд бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ғайритиҷоратӣ таъсис диҳанд.

2. Тавассути иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии аъзо метавонанд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии (кредитии) ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.

БОБИ 2.

БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Моддаи 6. Таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ

1. Тартиби таъсиси ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

2. Бонкҳо, ба истиснои бонки давлатӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис меёбанд.

3. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ

1. Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ (минбаъд — иҷозатнома) амалӣ мегардад.

Иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ дар шакли хаттӣ, бемўҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкиро бе иҷозатнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» анҷом диҳад.

3. Ташкилотҳои қарзӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти бонкиро пайдо мекунанд.

4. Иҷозат барои оғози фаъолият ба филиали бонки хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки бонки асосии он аз ҷониби мақоми дахлдори давлате, ки ин бонк дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмўии бонкӣ қарор дошта бошад.

5. Бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонки хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба бонкҳои ватанӣ муқаррарнамудаи қонунгузории бонкӣ таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.

6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои ватанӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд.

Моддаи 8. Манъи фаъолияти бонкӣ

1. Ягон шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкӣ бе иҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, машғул шуда наметавонад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳам додани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкӣ иҷро мекунад, талаб намояд.

3. Талаботи Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ намегардад:

— ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки фаъолияти онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» танзим мегардад;

— шахсоне, ки барои қарзи додаашон фоиз намегиранд;

— ташкилоти тиҷоратие, ки ташкилоти қарзӣ нест, ҳуқуқ дорад бе иҷозатнома интиқоли маблағҳои пулиро бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (ба истиснои интиқолҳои почтавӣ) ҳамчун пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дар сурати мавҷуд будани шартнома бо ташкилоти қарзӣ , иҷро намояд. Мутобиқи шартномаи басташуда ташкилоти тиҷоратӣ, ки ташкилоти қарзӣ нест ўҳдадор мешавад, аз номи худ, аммо аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ интиқоли маблағҳои пулиро бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (ба истиснои интиқолҳои почтавӣ) ҳамчун пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ба суратҳисоби бонкии шахсе, ки чунин хизматрасониро (корро) иҷро менамояд, анҷом диҳад.

4. Калимаҳои “ташкилоти қарзӣ”, “бонк”, “ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ” ё калимаҳои аз онҳо ба вуҷуд омада дар ҳар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад.

5. Намояндагӣ калимаҳои “ташкилоти қарзӣ” ё калимаи “бонк”-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои “ташкилоти қарзӣ ” ё калимаи “бонк” қисми ҷудонопазири номи ташкилоти қарзӣ ё бонки хориҷиеро ифода кунад, ки онҳо ба ў тааллуқ доранд ба шарте, ки дар чунин ҳолатҳо калимаи намояндагӣ илова карда шавад.

6. Ташкилоти қарзӣ бояд инҳоро дошта бошад:

— номи расмӣ ва ихтисораи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ишора мекунад;

— номгўи фаъолият, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;

— мўҳр, бо зикри номи ташкилоти қарзӣ бо забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ.

7. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзиро манъ кунад, агар чунин ном аллакай дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд бошад.

Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

1. Ташкилотҳои қарзӣ пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро бо забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд:

— нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;

— маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;

— нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;

— нусхаи ҳуҷҷат оиди шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда;

— маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

— маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;

— нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ — молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;

— рўйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳали ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;

— эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

— нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли ояндаи фаъолият;

— барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рўйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;

— маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;

— ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

— ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмўии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад вобаста ба баррасии дархост иттилооти дигари иловагиро талаб намояд.

Моддаи 10. Тартиби додани иҷозатнома

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати то се моҳ аз рўзи қабули дархост ба ташкилоти қарзӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгў будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад.

2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, маълумоти иловагии заруриро аз ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақоми назоратии хориҷии дахлдор дархост менамояд.

3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи аз қайди давлатӣ гузаштани ташкилоти қарзӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.

4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мўҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо ба мўҳлати то ду моҳ тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор мекунад.

5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин ҳолат ҳаққи хизмати баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома баргардонида намешавад.

6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.

7. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилоти карзӣ бо назардошти асосҳои зерин қарор қабул мекунад:

— қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

— қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;

— ба талаботи шахсони аз назари касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгў будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;

— ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои иҷрои ўҳдадориҳо;

— мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;

— воқеӣ будани нақшаи фаъолият;

— тасмими ташкилоти карзӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;

— амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмўӣ.

8. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзӣ дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи боқимондаи ҳадди ақали сармояи оинномавиро ворид намуда, маблағи пардохт барои додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон мепардозад.

Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро кардани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рўзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.

9. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.

10. Ташкилотҳои қарзӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.

Моддаи 11. Филиалҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои қарзӣ

1. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:

— нусхаи бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгўи амалиёти бонкии ба филиал иҷозатдодашуда; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

— маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбарикунанда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур.

2. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиал аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ баррасӣ карда мешавад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти филиал дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:

— ба талаботи тахассусӣ ҷавобгў набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал;

— мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

— аз ҷониби ташкилоти қарзӣ риоя нагардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

4. Ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ бояд Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намоянд.

5. Ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро (марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаи мубодилаи асъор ва ғайра) бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳанд.

6. Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи ташкилоти қарзӣ амалиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгўи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Таъсиси филиали бонки хориҷӣ

1.Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонки хориҷӣ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал бо мақсади анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ розигӣ диҳад.

2. Дархост барои гирифтани розигӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ дар шакли хаттӣ бо забони давлатӣ, ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:

— қарори бонки хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавии бонки хориҷӣ ва филиали навтаъсиси он;

— номгӯи амалиёти бонкие, ки бонки хориҷӣ анҷомдиҳии онҳоро ба филиал иҷозат додааст;

— маълумотнома бо зикри ному насаб, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумоти муфассал оид ба собиқаи корӣ барои ҳар як корманди роҳбарикунанда;

— нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;

— нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;

— рўйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки хориҷӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии саҳмиядорон;

— эъломияи хаттии корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

— нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолиятро пешбинӣ кардааст, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли минбаъдаи фаъолият;

— маълумотнома оид ба маҳали ҷойгиршавии филиал;

— ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

— розигии хаттии мақоми назорати бонкии давлате, ки дар он бонки хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъсисдиҳии филиал ва анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмўии фаъолияти бонки хориҷӣ;

— кафолати мақоми олии идоракунии бонки хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои филиал, ки аз амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеоянд. Навъи асъор ва ҷои нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ номгўи ҳуҷҷатҳои иловагии дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбининашударо муқаррар намояд.

Моддаи 13. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

1. Ташкилоти қарзӣ барои кушодани намояндагӣ вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.

2. Барои кушодани намояндагӣ ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

— қарори мақоми дахлдори ташкилоти қарзӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки ташкилоти қарзии хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дорад.

3. Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 14. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзӣ берун

аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ташкилоти қарзии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал , намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.

2.Ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақоми дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

3. Ташкилотҳои қарзӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.

Моддаи 15. Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ

(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1154)

1. Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди Феҳристи ташкилотҳои қарзиро анҷом медиҳад.

2. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳали ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзӣ ва рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии филиал, санаи додан ва бекор кардани онҳо, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он.

3. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти дигари иловагӣ дарҷ карда мешавад, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад.

4. Рўйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

5. Ҳар гуна тағйирот дар рўйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки дар давоми сол рух медиҳад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтаззам дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

Моддаи 16. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ

Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархости гирифтани иҷозатнома барои бонкҳо ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ меситонад.

Моддаи 17. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ

Ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» барҳам дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

Моддаи 18. Бозхонди иҷозатнома

1. Иҷозатнома метавонад танҳо бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабабҳои зерин бозхонда шавад, агар:

— ташкилоти қарзӣ дар давоми 12 моҳ аз рўзи эътибор пайдо кардани иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашуда бошад ё зиёда аз 6 моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;

— амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;

— ташкилоти қарзӣ қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳар гуна шарту талаботи иҷозатномаро тавре вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;

— ташкилоти қарзӣ, бонки хориҷӣ, ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;

— дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кўчонидани ташкилоти қарзӣ монеаҳо пайдо шаванд;

— бо сабаби аъзои гурўҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзӣ ё бо сабаби он ки ташкилоти қарзӣ ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ мебошад, ки ба таври қобили қабул назорат карда намешаванд, ба гузаронидани назорати бонкӣ монеаҳо пайдо шаванд;

— мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст дар ҳолатҳои зерин иҷозатномаро аз ташкилоти қарзӣ бозхонд намояд:

— агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурўғ гирифта шуда бошад;

— мутобиқи қисми 2 моддаи 17 Қонуни мазкур;

— дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

3. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома мутобиқи моддаи мазкур дар шакли хаттӣ бароварда шуда, асосҳоеро дар бар мегирад., ки аз рўи онҳо қарор қабул шудааст.

4. Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рўзи қабули он ба ташкилоти қарзӣ дода мешавад. Қарор дар рўзи ба ташкилоти қарзӣ супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар қарор муддати дигари эътибор пайдо кардан муқаррар нагардида бошад, ки он аз 30 рўз зиёд буда наметавонад.

5.Талаботи иҷро кардани ин қарор барои бонки хориҷӣ аз ҷониби филиал ё намояндагии он, ки ба вай ин қарор ирсол шудааст, иҷро карда мешавад.

6. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.

7. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рўзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

БОБИ 3.

САРМОЯ

Моддаи 19. Сармояи ташкилотҳои қарзӣ

1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ташаккул меёбад.

2.Ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад.

3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

4. Барои ташкилотҳои қарзии навтаъсис – бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки дар рўзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, татбиқ мегардад.

5. Сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, ки барои гирифтани мақоми бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, бояд аз ҳадди ақали сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис дар рўзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, кам набошад.

6. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.

7. Ташкилоти қарзӣ, наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд (ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ), воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ ташкил ва пурра намояд.

8. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони худ тақсим кунад, агар ин гуна амал боиси аз риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

9. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро то пўшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба таъсисёбии худ дар байни саҳмиядорон ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия тақсим намояд.

Моддаи 20. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои бонкҳои хориҷӣ

Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ўҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар мекунад.

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

Моддаи 21. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ

1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

2. Идоракунии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:

мақоми олии ташкилоти қарзӣ — маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);

мақоми идора — Шўрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;

— мақоми иҷроия, ки аз ҷониби Шўрои нозирон таъсис дода мешавад.

3. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии давлатӣ ва ваколатҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.

4. Шӯрои нозирон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва назорати татбиқи он масъул буда, идоракунии онро назорат мекунад. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— муайян намудани ҳадафҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва дурнамои он;

— муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;

— ошкор намудани хавфҳои асосие, ки ташкилоти қарзӣ дучори онҳо мегардад ва муқаррар кардани ҳадди ҷоизи ин хавфҳо;

— назорати тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;

— нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ амалишаванда;

— муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ;

— маъқул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо пешниҳоди раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ;

— тасдиқи сохтори ташкилӣ ва таъини роҳбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) ташкилоти қарзӣ;

— муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ ва сараудитори ташкилоти қарзӣ;

— таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзӣ;

— баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

5. Ҳайати Шўрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад. Аъзои Шўрои нозирон ба мўҳлати 4 сол дар маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб мегарданд. Аъзои Шўрои нозирон метавонанд дар давраҳои минбаъдаи мўҳлаташон баробар аз нав интихоб шаванд.

6. Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби саҳмиядорон (иштирокчиён), аз ҷумла муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гардад.

Шўрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шўроро интихоб мекунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

7. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:

— дар ягон ташкилоти қарзии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста кор кунанд;

— аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бошанд;

— аъзои Шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзӣ бошанд;

— раис ё узви Раёсати ташкилоти қарзӣ бошанд;

— хизматчии давлатӣ бошанд;

— синнашон аз сӣ кам бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

8. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шўрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.

Моддаи 22. Мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзӣ

1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақоми иҷроияи он — Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ дар як вақт ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд.

2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода шуда, он барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзӣ набояд аз се нафар кам бошад.

3. Раис ва узви Раёсати ташкилоти қарзӣ наметавонанд узви Шӯрои нозирон интихоб гарданд.

4. Раёсати ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

— татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ;

— таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;

— таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои байниҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро муқаррар менамояд;

— ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он;

5. Раиси ташкилоти қарзӣ ваколатҳои зеринро ба зимма дорад:

— аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо мебандад;

— кормандони ташкилоти қарзиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;

— дар ҷаласаҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ раисӣ мекунад;

— ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ имзо мегузорад;

— вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;

— фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои кормандони ташкилоти қарзӣ ҳатмӣ мебошад;

— шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзӣ муайян мекунад;

— барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ пурра масъул мебошад;

— масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ мекунад.

6. Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзӣ ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ бошад.

Моддаи 23. Тартиби интихоб ва ба вазифа таъин кардани кормандони роҳбарикунандаи

ташкилоти қарзӣ

1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон баъди аз санҷиши тахассусӣ гузаштани онҳо ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзиро Шӯрои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

3. Муовини раиси ташкилоти қарзӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзӣ бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

— дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад — барои аъзои Раёсат, раис, муовини вай, сармуҳосиб;

— дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ — барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал;

— шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;

— оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;

— корманди ташкилоти дигари қарзӣ набошанд;

— дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;

— дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.

6. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯзи баъди қабули қарори дахлдор хабардор намояд.

7. Корманди роҳбарикунанда, ки бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ аз вазифа озод шудааст, ҳуқуқи ишғоли минбаъдаи вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзиро надорад.

8. Роҳбар, муовини роҳбари мақоми иҷроия ё сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ, ки дар давраи фаъолият кардан иҷозатномаи ташкилоти қарзиашон бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд шудааст, наметавонанд минбаъд вазифаҳои корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзиро ишғол намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

Моддаи 24. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

1. Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ бояд Кумитаи аудит таъсис диҳад.

2. Аъзои кумита ва Раиси он аз ҷониби Шўрои нозирон ба мўҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.

3. Раиси Шўрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзӣ ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзӣ аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.

4. Кумитаи аудит дар назди Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ амал карда, дорои ваколату ўҳдадориҳои зерин мебошад:

— баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ ;

— додани тавсия барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзӣ мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур;

— баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзӣ ва ба Шўрои нозирон хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ;

— талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ;

— мониторинги мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шўрои нозирон;

— баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;

— гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Шўрои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;

— баррасии амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит қабул кардааст, мутобиқи дархости Шўрои нозирон, дархости саҳмиядорони ташкилоти қарзӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро соҳибанд ё тавре ки инро оинномаи ташкилоти қарзӣ муқаррар кардааст;

— ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳоди ҳисобот дар маҷлиси умумии саҳмиядорон оид ба фаъолияти худ.

5. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.

6. Дар ташкилоти қарзӣ сохтори аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд.

7. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни мазкур ҷавобгў бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

Моддаи 25. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ

1. Корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Шўрои нозирон оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ доранд, маълумот диҳад.

2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявии корманди роҳбарикунанда ӯ ҳуқуқ дорад дар чунин баррасӣ иштирок намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

Моддаи 26. Тартиби хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок

1. Хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ харидорӣ намояд, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.

3. Дархост дар бораи хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад:

— ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷои доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касби ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

— маълумотнома барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

— дар ҳолате ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;

— номгў ва маҳали ҷойгиршавии ҳар намуди фаъолияте, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок соҳиби ҳисса мебошад, бо нишон додани андозаи ҳисса;

— шартҳои харидани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

— манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои харидорӣ истифода мешаванд;

— ҳар гуна нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ;

— хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

— дигар маълумоте, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб кунад.

4. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии моликро ба устувории ташкилоти қарзӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рўз аз рўзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб медиҳад. Ҳангоми радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад.

5. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мўҳлати зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барои хариду фурўши ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва обрўю эътибори моликон бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.

6. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолате дархостро маъқул намешуморад, агар вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳо, боэътимодии ҳар як шахси харидори бевосита ё бавоситаи ҳисаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шаванд ё агар ин харидорӣ рақобатро то андозае маҳдуд карда, устувории молиявии ташкилоти қарзӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳонро зери хатар гузорад.

7. Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ то ба 10%, 20%, 33%, 50% ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба ҳамин ҳиссаи саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзӣ ё аз он зиёд намояд, бояд на кам аз 30 рўз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро бо таври хаттӣ огоҳ намояд.

8. Ташкилоти қарзие, ки аз пешниҳоди хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.

9. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ мекунад.

Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)

1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ танҳо бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ташкилоти қарзӣ қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мўҳлати на камтар аз 30 рўз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро ирсол мекунад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгў нагардидани ташкилоти қарзии навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ низ розигӣ намедиҳад.

1 2Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *