Кодексхо ва Қонунхо

Ҳифзи сирри давлатӣ

Нақша:

  1. Ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳудуди ҶТ.
  2. Қонуни ҶТ дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ.
  3. Гузоштани маҳдудият дар ҳифзи сирри давлатӣ.

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №4, мод.134; соли 2007, №7, мод.655; Қонуни ҶТ аз 25.03.11с. №690)

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ, махфӣ доштан, ошкор кардан ва ҳифзи онҳо ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад, инчунин асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ягонаи ҳифзи сирри давлатиро дар тамоми намудҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он муайян менамояд.

БОБИ I. Қоидаҳои умумӣ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Муқаррароти ин Қонун барои иҷро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи мақоми худ ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ мебошанд ва ё eҳдадор шудаанд, ҳатмӣ аст.

2. Меҳанизми татбиқи масъалаҳои алоҳида, ки дар ин Қонун дохил нашудаанд, бо дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии Қонун

Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

сирри давлатӣ — маълумоти соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ки аз тарафи давлат ҳифз гардида, паҳн кардани онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонда метавонад. Сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

манбаъҳои маълумот, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд — аз объектҳои моддӣ, аз ҷумла майдонҳои физикӣ иборатанд, ки дар онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ дар шакли рамзҳо, нақшҳо, аломатҳо, кашфиёт ва равандҳои техникӣ инъикос меёбанд;

системаи ҳифзи сирри давлатӣ — маҷмeи мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, воситаҳо ва усулҳое, ки онҳоро барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода мебаранд ва манбаъҳои онҳо, ҳамчунин тадбирҳое, ки ба ин мақсадҳо ба амал бароварда мешаванд;

иҷозат ба сирри давлатӣ — тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқӣ шаҳрвандон оид ба иҷозат доштан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо — анҷом додани корҳо бо истифодаи чунин маълумот;

рухсат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ — бо иҷозати шахси мансабдори босалоҳият шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлатӣ;

мeҳри маҳфият — навиштаҷоте, ки дараҷаи маҳфияти маълумотро шаҳодат дода, дар ҳуди мавод ё дар рeи манбаи маълумот ва (ё) дар асноди ба он шомил кардашуда гузошта мешавад;

воситаҳои ҳифзи иттилоот – воситаҳои техникӣ, криптографӣ (хати рамзӣ), барномавӣ ва воситаҳои дигар, ки барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ таъин шудаанд, воситаҳое, ки чунин иттилоот дар онҳо истифода гардидаанд, ҳамчунин воситаҳои назорати самарабахши ҳифзи иттилоот;

номгeи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд — маҷмeи дараҷаҳои маълумот, ки мувофиқи онҳо маълумот ба сирри давлатӣ мансуб дониста мешаванд ва дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфӣ дошта мешаванд;

рухсатнома ба фаъолият бо маълумоти дорои сирри давлатӣ — ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо додани ҳуқуқӣ фаъолияти вобаста ба сирри давлатӣ.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки муносибатҳои вобаста ба сирри давлатиро танзим мекунанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар бобати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи он

1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) Ваколатҳои шахсони мансабдори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;

б) дар доираи салоҳиятхои худ дигар масъалаҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи онро ҳал менамояд.

2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) муносибатҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатиро тавассути қонунгузорӣ танзим менамояд;

б) моддаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати маблағҳое, ки барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ҷудо карда шудаанд, тасдиқ мекунад;

в) ваколатҳои шахсони мансабдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;

г) дар доираи салоҳиятҳои худ дигар масъалаҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи онро ҳал менамояд.

3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) барномаҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ тасдиқ менамояд;

б) мувофиқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгeи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, тасдиқ мекунад;

в) дар бораи истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо мерасонад;

г) ваколатҳои шахсони мансабдорро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

д) дар доираи салоҳияти худ дигар масъалаҳои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳифзи онро ҳал менамояд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

а) иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»-ро ташкил мекунад;

б) Низомномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи идора ва сохтори Дастгоҳи марказии онро тасдиқ мекунад;

в) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ номгeи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ваколат доранд, пешниҳод мекунад;

г) Дастурамалро оид ба таъмини низоми махфият дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

д) тартиби таҳияи Номгeи маълумоти дорои сирри давлатиро муқаррар мекунад;

е) таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ташкил мекунад;

ж) Номгeи маълумоти интишорашон манъро тасдиқ менамояд;

з) тартиби мансуб донистани мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро ба дараҷаҳои низоми махсус, фавқулодда муҳим ва таҳти низом, инчунин номгeи ҳудудҳоеро, ки муваққатан барои ташриф овардани шаҳрвандони хориҷӣ пeшида шудаанд, тасдиқ менамояд;

и) андоза ва тартиб додани имтиёзотро ба шаҳрвандоне, ки ба сирри давлатӣ дар асоси доими роҳ дода шудаанд ва ба кормандони воҳидҳои сохтории ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар мекунад;

к) созишномаҳои байниҳукуматӣ мебандад, ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ тадбирҳо ба амал мебарорад ва дар хусуси имконияти ба давлатҳои дигар вогузор намудани манбаъҳои он қарорҳо қабул мекунад.

5. Вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, ки дар доираи қаламрави дахлдор воқеанд:

а) ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки ба ихтиёри онҳо аз тарафи дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вогузор шудаанд, инчунин маълумоти худашон махфидоштаро таъмин мекунанд;

б) ҳифзи сирри давлатиро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъашон мувофиқи талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд;

в) дар доираи салоҳияти худ анҷомдиҳии корҳои санҷиширо нисбати шаҳрвандоне, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд иҷозат дода шаванд, таъмин мекунанд;

г) тадбирҳои пешбиникардаи қонунгузориро ҷиҳати маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандон ва додани имтиёз ба шахсоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат доранд ё доштанд, ба амал мебароранд;

д) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба такмили системаи ҳифзи сирри давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.

6. Мақомоти ҳокимияти судӣ:

а) парвандаҳои ҷиноӣ ва гражданиро оид ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ баррасӣ мекунанд;

б) ҳимояи судии шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро вобаста ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъмин менамоянд;

в) ҳангоми баррасии парвандаҳои мазкур ҳимояи сирри давлатиро таъмин мекунанд;

г) ваколатҳои шахсони мансабдорро оид ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти ҳокимияти судӣ муайян мекунанд.

7. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсуси ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (ба ғайр аз тадбирҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар доираи ваколатҳои бо қонунгузорӣ пешбинӣ шуда, иҷро менамояд); дар соҳаи ба e боваркардашуда роҳбариро амалӣ менамояд; барои ҳолат ва инкишофи он масъул аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатиро оид ба масъалаҳои вобаста ба сирри давлатӣ ба роҳ мемонад, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таъмини ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ менамояд, фаъолияти низоми махфият ва кор кардани инфраструктураҳои системаи ҳифзи сирри давлатиро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҳамдигар мутобиқ мекунад.

БОБИ II. Маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб аст

Моддаи 5. Маълумоте, ки метавонад ба сирри давлатӣ мансуб дониста шавад

Маълумоти зерин, ки метавонад мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ин Қонун ба сирри давлатӣ мансуб дониста шавад:

1. Дар соҳаи мудофиа:

а) оид ба мундариҷаи нақшаҳои стратегӣ ва оперативӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, тайёр кардан ва гузаронидани амалиёти ҳарбӣ, ҷойгиронии стратегӣ ва сафарбарии қeшунҳо, ҳамчунин дигар нишондиҳандаҳои муҳимтарин, ки ташкил, шумора, ҷойгиршавӣ, тайёрии ҷангӣ ва сафарбарӣ, омодагии ҷангӣ ва омодагии дигари ҳарбӣ, аслиҳа ва таъминоти моддию техникии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қeшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос мекунанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

б) оид ба самтҳои тараққиёти навъҳои ҷудогонаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, миқдори онҳо, тавсифи тактикию техникӣ, ташкил ва технологияи истеҳсолот, корҳои илмию тадқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ, ки бо ихтирои намунаҳои нави аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ вобастаанд, ҳамчунин оид ба корҳои дигаре, ки ба манфиати мудофиаи кишвар ба нақша гирифта мешаванд ё иҷро мегарданд;

в) оид ба қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, имкониятҳои маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва объектҳои ҷудогона ҷиҳати ҳифз, кeчонидан ва дар ҷойҳои гуногун ҷойгир намудани аҳолӣ, таъмини шароити зисти он ва фаъолияти истеҳсолии объектҳои хоҷагии халқ дар давраи ҷанг ё дар шароити дигар ҳолатҳои фавқулодда;

г) оид ба маълумот ва тавсифи геодезӣ, гравиметрӣ, картографӣ, гидрографӣ ва гидрометеорологӣ, ки барои мудофиаи кишвар аҳамият доранд.

2. Дар соҳаи иқтисодиёт:

а) оид ба нақшаҳои сафарбарӣ ва иқтидорҳои сафарбарии хоҷагии халқ, захираҳо ва ҳаҷми таъмини навъҳои стратегии ашёи хом ва мавод, ҳамчунин оид ба ҷойгиронии захираҳои моддии сафарбарии давлатӣ ва андозаи онҳо;

б) оид ба истифодаи нақлиёт, алоқа, соҳаҳо ва иншооти дигари инфраструктурӣ ба манфиати таъмини амнияти кишвар;

в) оид ба мундариҷа, ҳаҷм, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоишҳои мудофиавии давлатӣ;

г) оид ба нақшҳо, андоза ва дигар маълумоти муҳими истихроҷ, истеҳсол ва фурeши навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва маҳсулоти стратегӣ;

д) оид ба захираҳои давлатии фулузоти қиматбаҳои гурeҳи монитарӣ сангҳои қиматбаҳо, асьор ва ашёи дигари пурқимат, амалиёти вобаста ба тайёр намудани пули коғазӣ ва коғазҳои қиматбаҳо, нигаҳдории онҳо, ҳимоя ва ҳифзи онҳо аз таҳияи қалбакӣ, гардиш, иваз ва ё аз муомилот гирифтани онҳо, инчунин оид ба тадбирҳои махсуси фаъолияти молиявии давлат.

3. Дар соҳаи робитаҳои берунӣ:

а) оид ба директиваҳо, нақшаҳо ва дастурҳо ба аъзои ҳайати вакилон ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти сиёсати берунӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) оид ба ҳамкории ҳарбӣ, илмию техникӣ ва дигар ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, агар фош кардани маълумот оиди онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён оварад;

в) оид ба воридот ва содироти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, навъҳои алоҳидаи ашёи хом ва маҳсулоти стратегӣ.

4. Дар соҳаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ:

а) оид ба мундариҷа, нақша, ташкил, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникӣ, восита, шакл, усулҳо ва натиҷаҳои фаъолияти разведка, контрразведка ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, оид ба шахсоне, ки бо мақомоти чунин қорҳоро анҷомдиҳанда тариқи пинҳонӣ пештар ҳамкорӣ кардаанд ва ҳамкорӣ мекунанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

б) оид ба ташкил ва тартиби амалӣ намудани муҳофизати мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, муассисаҳои бонкҳои давлатӣ, шахсони олимақоми давлатӣ;

в) оид ба системаи алоқаи ҳукуматӣ ва махсус;

г) оид ба таҳия ва истифодаи рамзҳо (шифр), кор бо онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи криптография (хати рамзӣ);

д) оид ба дигар воситаҳо, шакл ва усулҳои ҳифзи сирри давлатӣ.

5. Маълумоти мушаххас ба сирри давлатӣ мансуб дониста мешаванд ба шарте, ки агар онҳо ба категорияҳои муайяннамудаи қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 ҳамин модда мувофиқ бошанд ва фош кардани онҳо ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён оварад.

6. Номгeи маълумотеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

Моддаи 6. Маълумоте, ки ба сирри давлатӣ маисуб дониста намешавад

Маълумоти зерин ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешавад:

оид ба офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар ҳодисаҳои фавқулодда, ки ба бехатарии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва онҳо рeй додаанд ё рeй доданашон мумкин аст;

оид ба вазъи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, сатҳи зиндагии он ба шумули ғизо, либос, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин нишондиҳандаҳои иҷтимоию демографӣ, ҳолати тартиботи ҳуқуқӣ, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ;

оид ба амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор.

БОБИ III. Махфӣ гардонидани маълумот ва манбаъҳои он

Моддаи 7. Махфӣ гардонидани маълумоти дорои сирри давлатӣ

1. Маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ аст, бо роҳи гузоштани мeҳри махфият ба рeй ҳуҷҷат, маснуот ё дигар манбаи моддии дорои иттилоот махфӣ гардонида мешавад.

2. Мeҳри махфият — маълумоти ҳатмии ҳар манбаи моддии дорои иттилооти мансуб ба сирри давлатӣ мебошад. Дар он бояд оид ба дараҷаи махфӣ будани ин иттилоот («фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ», «махфӣ»), мeҳлати махфӣ будани иттилоот ва шахси мансабдоре, ки ин мeҳрро гузоштааст, маълумот мавҷуд бошад.

Агар бевосита ба гузоштани мeҳри махфият ба рeй манбаи дорои иттилоот имкон набошад, он бояд дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳгардида зикр карда шавад.

3. Ба рeй манбаҳои дорои сирри дигар ё иттилооти пинҳонӣ, ки ба сирри давлатӣ мансуб нест, гузоштани мeҳри махфият, ки дар ин Қонун пешбинӣ шудааст, манъ мебошад.

4. Номгeи шахсони мансабдор, ки ба гузоштани мeҳри маҳфият ба рeй манбаъҳои дорои иттилоот ҳуқуқ доранд, аз тарафи роҳбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки фаъолияташ бо сирри давлатӣ вобаста аст, тасдиқ карда мешавад.

5. Пас аз гузаштани мeҳлати муқарраргардидаи махфӣ будани иттилоот ва дар сурати паст шудани дараҷаи махфӣ будани он ё бекор шудани қарори ба сирри давлатӣ мансуб донистани иттилоот шахсони мансабдоре, ки иттилоотро махфӣ мегардонанд, вазифадоранд мeҳри махфиятро тағйир диҳанд ё махфӣ будани иттилоотро бекор намоянд.

Моддаи 8. Тартиби ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот

1. Ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот мутобиқи таъиноти соҳавӣ, идоравӣ ё барномавию мақсаднокии он сурат мегирад.

Мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ тавассути роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои қарори қабулкардаашон масъулияти шахсӣ доранд, сурат мегирад.

2. Барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи махфигардонии маълумот Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгeи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар он мeҳлати махфӣ нигоҳ доштани ин маълумот зикр мегардад, тартиб медиҳад. Ин Номгeи бо Қонун муайян карда мешавад.

3. Аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлати Номгeи васеи маълумоти махфишаванда тартиб дода, дараҷаи махфияти онҳо муқаррар мегардад.

4. Дар доираи барномаҳои мақсаднок оид ба ихтироот ва такмили намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, корҳои озмоишию конструкторӣ ва тадқиқоти илмӣ бо қарори фармоишдиҳандагони намунаҳо ва корҳои мазкур Номгeи алоҳидаи маълумотеро тартиб додан мумкин аст, ки бояд махфӣ гардонида шаванд. Ин Номгeи аз ҷониби роҳбарони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 9. Маҳдуд кардани ҳуқуқи моликияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот аз сабаби махфӣ гардонидани онҳо

1. Шахсони мансабдоре, ки мувофиқи тартиби дар моддаи 7 ин Қонун пешбинишуда барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ваколатдор мебошанд, ҳуқуқ доранд доир ба махфӣ гардонидани иттилооте, ки моликияти корхона, муассиса, ташкилот ва шаҳрвандон (минбаъд — молики иттилоот) аст ва агар ин маълумот ба Номгeи маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил гардида бошад, қарор қабул намоянд.

2. 3арари моддие, ки ба молики иттилоот бинобар махфӣ гардонидани он мерасад, аз тарафи давлат ба андозаи муқаррарнамудаи шартномаи байни мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки ин иттилоот ба ихтиёри вай мегузарад ва соҳиби он ҷуброн карда мешавад. Дар шартнома инчунин eҳдадориҳои соҳиби иттилоот оид ба паҳн накардани он пешбинӣ карда мешавад. Дар сурати шартномаро имзо накардани молики иттилоот e дар бобати ҷавобгарие, ки барои беиҷозат паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлати мувофиқи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, огоҳонида мешавад.

3. Молики иттилоот ҳуқуқ дорад аз амали шахсони мансабдоре, ки ба ақидааш ҳуқуқи eро паст мезананд, ба суд шикоят намояд. Агар суд амали шахсони мансабдорро ғайриқонунӣ донад, тартиби ҷуброни зараре, ки ба молики иттилоот расидааст, бо қарори суд мувофиқи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Шикоят намудан оид ба махфигардонии беасос

1. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба шахсони мансабдоре, ки ба онҳо ҳуқуқи гузоштани муҳри махфият дода шудааст, пешниҳоди далелноки барои баррасӣ хатмӣ оид ба ошкор кардани маълумотро диҳанд. Шахсони мансабдори зикргардида бояд дар муддати як моҳ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқи оид ба ин масъала ҷавоби хаттӣ диҳанд.

2. Аз болои қарор дар бораи махфӣ гардонидани маълумот ба шахси мансабдори зинаи болоие, ки шахси мансабдори ба манбаи дахлдори маълумот муҳри махфият гузошта тобеъ аст, шикоят овардан мумкин аст.

Дар сурати қонеъ карда нашудани шикоят шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ҳақ доранд оид ба амали ғайриқонунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намоянд.

БОБИ IV. Ошкор кардани маълумот ва манбаъҳои онҳо

Моддаи 11.Тартиби ошкор кардани маълумот

1. Ошкор кардани маълумот ва манбаъҳои онҳо — бартараф кардани маҳдудиятҳои қаблан бо тартиби пешбининамудаи ин Қонун гузошташуда ба паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва рухсат ба манбаъҳои онҳо мебошад.

2. Асосҳо барои ошкор кардани маълумот:

а) аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимаи худ гирифтани eҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба мубодилаи озоди маълумоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сирри давлатианд;

б) тағйир ёфтани ҳолатҳои объективӣ, ки дар натиҷаи он ҳифзи минбаъдаи маълумоти дорои сирри давлатӣ мувофиқи мақсад нест;

в) зарурияти истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ;

г) гузаштани мeҳлати махфӣ нигоҳ доштани маълумот;

д) дар ҳолати беасос махфӣ гардондани маълумот (аз ҷониби мақомоти болоӣ ё бо қарори суд).

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки роҳбарони онҳо ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ ваколатдор карда шудаанд, eҳдадоранд ҳар сари вақт, вале на камтар баъди ҳар 5 сол мазмуни Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти махфишавандаро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амал мекунанд, дар қисми асосноки махфӣ гардонидани маълумот ва мутобиқати онҳо ба дараҷаи махфият пештар муқарраркардашударо аз нав баррасӣ намоянд.

4. Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба онҳо ҳуқуқи тағйир додани Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти махфӣ дошташавандаро, ки дар мақомоти ҳокимияти давлат, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо амал мекунанд ва онҳоро тасдиқ кардаанд барои асоснокии қарорҳои қабул намудаашон оид ба ошкор кардани маълумот масъулияти шахсӣ мебаранд. Қарорҳои роҳбарони зикргардида, вобаста ба тағйир додани Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқ дорад ин қарорҳоро боздорад ва эътироз кунад, мувофиқа карда шавад

Моддаи 12. Тартиби ошкор кардани манбаи маълумоти дорои сирри давлатӣ

1. Манбаи маълумоти дорои сирри давлатӣ на дертар аз мeҳлате, ки ҳангоми махфӣ гардонидани онҳо муқарар карда шудаанд, ошкор карда мешаванд. Агар тартиби номгeи дар мақоми мазкури ҳокимияти давлатӣ, дар корхона, муассиса ва ташкилоти амалкунанда, ки дар асоси онҳо ин манбаъҳо махфӣ гардонида шуда буданд, тағйир дода шуда бошанд, он гоҳ то ба охир расидани ин мeҳлатҳо манбаъҳо бояд ошкор карда шаванд.

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳуқуқи дароз намудани мeҳлатҳои аввал муқарраркардашудаи махфӣ гардонидани манбаъҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ба роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии барои мансуб донистани маълумоти дахлдор ба сирри давлатӣ ваколдатдор кардашуда дар асоси хулосаи комиссияи экспертии аз ҷониби онҳо бо тартиби муқарраршуда таъингардида дода мешавад.

3.Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба ошкор кардани манбаъҳои маълумоте, ки аз тарафи шахсони мансабдори тобеи онҳо беасос махфӣ гардонида шудаанд, ваколатдор карда мешаванд.

4. Роҳбарони бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоранд манбаъҳои маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар фондҳои пeшидаи ин бойгониҳо барои нигоҳдорӣ мавҷуданд ошкор намоянд, агар онҳоро ташкилоти фондташкилкунанда ё вориси ҳуқуқии ин ваколатдор карда бошад, ҳангоми барҳам додани ташкилоти фондташкилкунанда ва мавҷуд набудани вориси ҳуқуқии он масъала оид ба тартиби ошкор кардани манбаъи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Моддаи 13. Иҷрои дархостҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор кардани маълумот

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, аз он ҷумла ба бойгониҳои давлатӣ бо дархост оид ба ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ муроҷиат намоянд.

2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо аз он ҷумла бойгониҳои давлатӣ, ки чунин дархостро гирифтаанд, вазифадоранд онро дар давоми як моҳ баррасӣ намуда ба моҳияти дархост ҷавоби далелнок диҳанд.

Агар онҳо ба ҳал намудани масъала оид ба ошкор кардани маълумоти дархостшаванда салоҳиятдор набошанд он гоҳ дархост дар мeҳлати як моҳ аз лаҳзаи дохил шудани он ба мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки ба вай чунин ваколатҳо дода шудаанд ва ё ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад, ки дар ин бора шаҳрвандон, корхона, муассисаю ташкилот ва мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дархост додаанд, огоҳонида мешаванд.

3. Саркашӣ намудани шахсони мансабдор аз моҳиятан баррасӣ намудани дархост боиси ҷавобгарии маъмурӣ (интизомӣ) мувофиқи қонунгузории амалкунанда мегардад.

4. Оид ба асоснокии мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. Ҳангоми аз тарафи суд беасос донистани махфӣ гардонидани маълумот ин маълумот бояд бо тартиби муқаррарнамудаи ин Қонун ошкор карда шавад.

БОБИ V. Ҳифзи сирри давлатӣ

Моддаи 14. Мундариҷаи ҳифзи сирри давлатӣ

1. Ҳифзи сирри давлатӣ аз маҷмeи тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ, инженерию техникӣ, криптографӣ (хати рамзӣ) ва оперативӣ иборат аст, ки барои пешгирии фош гардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ нигаронида шудаанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №690)

Ин тадбирҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ мувофиқи салоҳияташон, ки дар моддаҳои 4,17, 32, 33, 34 ва 35 ин Қонун пешбини шудааст, амалӣ гардонида мешаванд.

2. Вобаста аз ҳаҷми корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи шумора ва фонди пардохти музди меҳнати муқарраршуда ташкил карда мешавад, ки салоҳияти онҳо аз тарафи роҳбарони зикргардида мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва бо баҳисобгирии хусусияти корҳои аз тарафи онҳо иҷрошаванда муайян карда мешаванд.

3. Ҳифзи сирри давлатӣ намуди фаъолияти асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо мебошад.

Моддаи 15.Тадбири асосии ташкилию ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ

Ба мақсади ҳифзи сирри давлатӣ ин ҳолатҳо муқаррар карда мешаванд:

талаботи ягона барои тайёр намудан, истифода бурдан, нигоҳ доштан, ба шахси дигар додан, ҳамлу нақл ва баҳисобгирии манбаъҳои иттилоот, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд;

рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода бурда мешавад;

низоми махсуси (низоми махфӣ будани) фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;

тартиби махсуси ба сирри давлатӣ рухсат додани шаҳрвандон;

маҳдудияти маълумгардонӣ, ба давлатӣ дигар додан ё бо ягон роҳ паҳн кардани иттилооти дорои сирри давлатӣ;

маҳдуд сохтани истиқомат ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷойгиронӣ ва тағйир додани ҷои иншоот ва воситаҳои техникии ба онҳо тааллуқдошта;

тартиби махсуси амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти судӣ, назоратӣ, назоратию тафтишотӣ ва дигар вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муносибат ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ вобаста аст;

ҳифзи техникӣ ва криптографии (хати рамзии) маълумоти махфӣ;

масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ.

Моддаи 16. Талаботи ягона ба манбаъҳои дорои сирри давлатӣ ва нигаҳдории онҳо

Талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан ва эҳтиёт кардан, ба шахси дигар додан, ҳамлу нақл ва ба ҳисоб гирифтани манбаъҳои дорои сирри давлатӣ ва нигаҳдории онҳо аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Додани рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода бурда мешавад

1. Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо додани ҳуқуқи фаъолияти вобаста бо сирри давлатӣ аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи додани рухсатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Рухсатнома дар асоси натиҷаҳои экспертизаи махсус дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аттестатсияи роҳбарони онҳо, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, дода мешавад.

3. Масъулият барои ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки рухсатнома гирифтаанд, ба зиммаи роҳбарони онҳо гузошта мешавад.

1 2Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *