Фанни Типология

ТИПАЛОГИЯ забонҳо

Типологияи забонҳо ҳамчун як бахши забоншиносӣ
Типологияи забонҳо як қисмати забоншиносӣ буда, забонҳоро дар муқоиса бо ҳамдигар ба мақсади муайян намудани хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи онҳо меомўзад. Муқоиса яке аз методҳои асосии омӯзиши забонҳо ба шумор меравад ва аз рӯи мақсаду объекти омӯзиш ду хел мешавад: методи муқоисавӣ-таърихӣ, ки хешигарии забонҳоро муайян мекунад ва методи муқоисавӣ-типологӣ, ки хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи забонҳоро аз нигоҳи сохтори овозӣ, морфологӣ ва синтаксисӣ меомӯзад.
Забонҳои ҷудогонаро мавриди муқоиса қарор дода, ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки баъзеи онҳо дорои хусусиятҳои умумианд. Масалан, дар забонҳои русӣ, полякӣ, булғорӣ калимаҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аз як реша ба вуҷуд омадаанд.
Ин ҳодиса аз хешигарӣ ва аз нигоҳи гениологӣ ба як гурӯҳ — гурӯҳи забонҳои славянӣ мансуб будани ин забонҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамзамон мо мушоҳида мекунем, ки дар забони русӣ низоми тасрифи исмҳо аз рўи падежҳо мавҷуд аст, вале дар забони булғорӣ мавҷуд нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сохтори исмҳо дар забонҳои мазкур аз ҳамдигар фарқ мекардааст.
Дар дунё теъдоди зиёди забонҳо мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо ҳам дорои хусусиятҳои хос ва ҳам дорои хусусиятҳое мебошанд, ки дар забонҳои дигар ҳам ба назар мерасанд. Аз рўи хусусиятҳои умумии сохтории худ забонҳо боз ба гурўҳҳо ҷудо мешаванд. Аломатҳои умумии сохторӣ дар забонҳои гуногун, новобаста аз хешигарии онҳо ба назар мерасанд. Maсалан, мавҷудияти ибораҳои муайянкунандагие, ки дар онҳо сифат пеш аз исм омада, бидуни ягон воситаи алоқа ба исм алоқаманд мегардад, дар забонҳои англисӣ, туркӣ, ҷопонӣ ва чинию забони муғулӣ.
Гурӯҳбандии хусусиятҳою аломатҳои умумӣ ва муайян намудани қонуниятҳои умумие, ки дар баъзе забонҳо ба мушоҳида мерасанд, бахши алоҳидаи забоншиносӣ, яъне типологияи забонҳо меомӯзад, ки онро таълимот дар бораи типи сохтори забонӣ ҳам номидан мумкин аст.
Бояд зикр кард, ки типологияи забоншиносӣ танҳо ҳамон ҳодисаҳои умумӣ ва ё фарқкунандаеро меомӯзад, ки хусусияти умумӣ доранд, яъне ҳодисаҳое, ки доираи васеи аломатҳои якхеларо дар бар мегиранд.
И.И.Мешанинов мегӯяд: «Типологияи муқоисовӣ бояд ҳамаи хусусиятҳои фарқкунандае, ки тавассути онҳо гурӯҳбандии забонҳо имконпазир мегирад, фаро гирад ва аз рӯи онҳо бояд муайян кард, ки чӣ чизҳо онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва чӣ чизҳо онҳоро муттаҳид месозанд».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *