Фанни Типология

ТАСНИФОТИ ЧУГРОФИИ ВА ФУНКСИОНАЛИ ЗАБОНХО

Таснифоти ҷуғрофии забонҳо

Дар забоншиносӣ чанд хели таснифоти забонҳо мавҷуд аст,ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: ҷуғрофӣ, функсионалӣ, типологӣ ва гениологӣ
Таснифоти ҷуғрофии забонҳо харитаи густариши забонҳо, паҳншавии забонҳои алоҳида ва ё гурўҳи забонҳо, шарҳи хусусиятҳои кишварҳои мухталиф аз нигоҳи истифодаи забонҳо ва масъалаҳои дигари амсоли инҳоро меомўзад. Масалан, дар ҳудуди Тоҷикистон ба ғайр аз забони тоҷикӣ, забонҳои бадахшонб, яғнобӣ, русӣ, ўзбекӣ ва қирғизӣ мавҷуданд. Аз нигоҳи гениологӣ забонҳои тоҷикию яғнобӣ ва гурўҳи забонҳои бадахшонб ба гурўҳи забонҳои эронӣ, забони русӣ бошад, ба гурўҳи забонҳои славянӣ дохил мешаванд. Ҳар дуи ин гурўҳҳо ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешаванд.Забонҳои ўзбеки ва қирғизи бошанд, ба оилаи забонҳои турки мансубанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *