Фанни Мантик

САРНАВИШТИ СУЛҲ. ҲИССИЁТ ВА ВОҚЕИЯТ.

«Чуноне, ки офтоб ба ҳар як атоми эфир курраи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорасе мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои инсон ақлнорас хизмат кунанд»[1. с. 296]. Ин нуқтаи назари Толстой ба номутаноҳии тафаккури инсон ва системаи ҷаҳонбиние, ки ба ў насиб гардидааст, ифода менамояд. Дар шуури субъектҳо тайғири фикрӣ дар лаҳзаҳои муайяни ҳаёт ба вуҷуд меояд ва ин бар он далел, ки рушд ва бўҳрони “шуур ва эҳсосот” хоси тамоми давраҳои инсоният аст.

Аммо баҳси мо бевосита дар атрофи шахсият ё худ масъалаҳои ба худ хоси феноменологии он нест. Балки баҳси мо дар бораи шуур ва ҳиссиёти инсон оид ба воқеият мебошад. Дар даврае, ки равандди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии бемайлони байналхалқӣ суръат мегирад, то куҷо субъектҳо ва иродаи халқҳо ба идеяи сулҳ тобеъ мешавад?. Идеяи ахлоқ ва ақл чӣ нақше барои рушди инсоният гузошта метавонад?. Назарияҳое, ки рўи кор омаданд, то кадом андоза барои сулҳ хидмат карда метавонанд?. Мо инро танҳо аз нигоҳи методолияи фалсафаи сиёсӣ дида мебароем.

Ќофиласолори номуси оламиён Чингиз Айтматов аз зумраи нависандагоне буд, ки дар хусуси тақдиру толеъи ояандаи башар сўзнок меандешид. Дарде ки қалби ўро ором намегузошт, изтироби адонашавандаро мемонад. Нависандаи қирғиз зимни кашфиётҳои илмию техникӣ ҳамвора аз оқибатҳои он андеша карда навишта буд, «имрўз мо ҳамагӣ дар даруни як кишти ҷой гирифтаем; дар киштие, ки шояд дар фазои беинтиҳои коинот ягона маҳалли маскун бошад»[2. с. 351]. Киштие, ки ҳаёти одамонро вобастаи ҳам намудааст, бо изҳори Акбари Турсон ҳамроҳ шавем «чунон танг, нозук ва ноустувор бувад, ки аз як такони ногаҳонӣ, эҳтимол, чаппагардон шавад; хусусан, ки киштинишастагон ҳамақидаву ҳаммазҳаб нестанд ва низ ҳар яке бо яроқу аслиҳаи қатли ом саропо мусаллаҳанд»[2. с. 352].

Агар инсоният бо сулҳ зиндаги намуданро наомўзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад. Эйнштейн ҳам аз он меҳаросид, ки дараҷаи баланди тафаккури техникӣ чӣ оқибатҳои нохуше дорад ва онро, кӣ идора мекунад?! Инсони заҳматкаши имрўза, фаротар аз қаҳрамони оддии асарҳои бадеӣ аст. Одамоне, ки ниҳодашонро мо заҳматӣ мепиндорем дар селоби ҳаракати таърих нақши калидӣ доранд. Њеҷ вақт таърих то мисли имрўз озодии инсонро надидааст. Инсони имрўза метавонад аз ҳамаи дастовардҳои замон норози бошад, аммо ҳеҷ гоҳ аз тақдири худ набояд дилгир шавад.

Демократияи ҳозираззамон тамоми зиндагии инсонро ҳамчунон ба маҷрои нав ҳидоят кард, ки барои аз тақдиру толеъ нолидан ҷое боқӣ намемонад. Аммо ин озодӣ ҳеҷ вақт дар маънои мутлақ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Озодии дар имконият фарорасида, ба кор андохтани сохтори тафаккуру тасаввурро талаб менамояд. Њар як идеяи озодӣ дар охир натиҷаи хоси худро ба бор меорад. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳамаи одамон новобаста аз таҷриба ва омўзишҳояшон, новобаста аз ихтисосашон ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ баҳо медиҳанд. Мо тарафдори фикри одил ҳастем ва дар ҳаёт соҳиби фикри шахсӣ шудани ҳар фардро эътироф менамоем. Фаҳмидани он душвор нест, ки ҳар як идея, ҳар як назария, ҳар як китоб дар тафаккури одамон дигаргуниро ворид намуда метавонанд. Аммо гуфтани он душвор аст, ки ин идея ва назарияҳо то куҷо ба ҳаёт наздикӣ доранд ва дар сарнавишти одамон мушкилӣ эҷод намекунанд. Назарияҳо ба пайдоиши ҳодисаҳо сабаб мешаванд ва зиндагии одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Њар як инсон дар ҳаёт барои худ қонуни тиллоии виҷдонро дорад. Ва ҳамаи одамон вобаста ба ҷаҳонбинӣ рамзи бовиҷдониро дар ниҳоди худ мепарваранд. Пеш аз он, ки ҳар як ғоя барои мардум пешниҳод карда шавад, бояд фикр, фикр ва боз ҳам фикр кард, аз оқибати он, аз натиҷаи он…

Образи воқеият

Давлат барои он сохта мешавад, ки одамонро аз бадбахтиҳои бузург наҷот диҳад. Одамон бояд ба давлат эътимод кунанд. Сиёсатшиноси японитабори амрикоӣ Фукуяма (дар асараш “Сильное Государство» М.,- 2009.”) исбот кардани мешавад, ки бештари дастовардҳои мусбат ва манфии дар ҷаҳон зуҳур намуда, маҳсули давлат буданд. Фукуяма дар асари машҳури худ муаммоҳои байналхалқиро зери таҳлилҳои илмӣ мегирад ва роҳи ҳаллӣ онҳоро ба «давлати абарқудрат» мегузорад. Давлат агар қудрати худро ба системаи муайян дароварда, онро истифода карда тавонад, он гоҳ мушкилиҳои бузургро ҳал мекунад. Аз назари Фукуяма муаммои сусти дастгоҳи давлатӣ ва зарурати сохтори давлати абарқудрат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар давоми солҳои тўлонӣ вуҷуд дошт ва ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Ёрк инро хеле равшантар нишон дод ва ин ҳодисаи мудҳиш нишонаи сустии системаҳои идоракунӣ ва тадқиқотии давлатӣ буд.

Љаҳонишавӣ вазифаи давлатҳоро зиёд намуд. Муаммоҳои глобалӣ ба давлатҳое бештар таъсир расонида истодааст, ки нерўи сусти идоракунӣ доранд. Давлатҳое, ки онҳоро ҷанг таҳдид мекунад, натиҷаи амалкардҳояшон мебошад, зеро давлат натиҷаи хирад ва образи воқеият аст.

Одамон баробар офарида шудаанд.

Њанўз Љон Лок эълон карда буд, ки одамон табиатан озод офарида мешаванд ва ҳамаи онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва моликиятро доранд. Њамаи одамон бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд ва давлат низ онро таъмин менамояд. Одамон дар имконият баробаранд ва бояд ҳиссиёти баробар будан бо дигаронро дошта бошанд. Инсон талаботҳоеро соҳиб аст, ки метавонанд онҳо харобкунанда ва созанда бошанд. Агар дар ҷомеа ҳама аз рўи идеяи баробарӣ амал намоянд, он гоҳ адолат ҳосил хоҳад шуд. Агар одамон эҳсоси идеяи ахлоқ, озодӣ, баробарӣ, виҷдон ва ғайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимоӣ зуҳур нахоҳад кард. Зеро сулҳ бе адолат ва адолат бе сулҳ нахоҳад буд. Фикр мекунам аз «муҳаббат ба инсоният» дида имрўз вазифаи пуршарафтаре мавҷуд нест.

Бахт он гунае, ки барои мо муқаддас аст, набояд фаромўш шавад, ки барои дигарон низ ҳамин тавр аст. Њисси бахтҷўии дигаронро эҳтиром бояд кард. Дар давоми зиндагии худ одамон на танҳо бо сабаби таҳаввулоти ҷисмонӣ ҷаҳонро дигаргун намуданд, балки асоси тағйирёбии олам аз инкишофи рўҳиву зеҳнӣ ва дарк намудани идеяи озодӣ буд.

Ќувва акси қувва

Гегел дар мавриди ба ҳодисаҳои ҳаёт чӣ гуна нигоҳ кардани аврупоиён навишта буд: «Ба аврупоиҳо сифати абадии аз худ кардани Дониш хос аст, он чизе, ки ба дигар нажодҳо бегона мебошад. Онҳо ба дунё таваҷҷўҳ зоҳир мекунанд, мехоҳанд фаҳманд, чизеро, ки дар муқобилашон истодааст. Бояд кулли зуҳуроти оламро дарк намоянд, ки чи гуна тасниф мешаванд, дар асоси кадом қонуниятҳо амал мекунанд, афкор ва мантиқи онҳо аз чии борат аст… олами берунаро мехоҳанд назди худ бо ҳамон нерўе таслим созанд, ки ин олам ба онҳо итоат кунад» [4. с. 61].

Ин идеяи Гегел нишон медиҳад, ки инсонҳо дар Аврупо ба арзишҳои умумиинсонӣ ва умумимазҳабӣ танҳо аз нигоҳи фалсафӣ ва илмӣ менигаранд. Дар дигар ҷоӣ олам ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва мафҳумҳои умумиинсониро одамон бо эҳсосот қабул мекунанд ва ба ҳиссиёт даст мезананд. Зеро онҳо фаромўш мекунанд, ки ҳар як эҳсосот ба бадахлоқӣ ва ҷанг сабаб мешавад. Ин гуна одамон дар ниҳоди худ песимизмро ҳамчунон ҷой карданд, ки ҳама чизи мавҷударо ба чашми бад мебинанд ва ҳамеша аз зери нохун чирк меҷўянд. Агар аз ҳамаи одамон камбудӣ ёбем, рўзе ҳамаи одамон аз мо низ камбудиҳо меёбанд. Њамеша аз ҳаёт нолидан нишони иродаи суст ва дарк накардани маҳдудиятҳои худ мебошад. Фикри дигаронро мудом инкор намуда, худро ҳақиқати мутлақ ҳисобед, рўзе дар зиндагӣ ҳамаи фикри Шумо инкор мешавад. Агар мо дар бораи одамони бад андеша кунем, онгоҳ дар мо ҳиссиёти бадбинӣ бедор мешавад. Ќалби худро набояд осорхонаи пессимизм кард. Танқид кардан чизи дигар, аммо сиёҳ намудан – тамоман чизи дигар.

Агар идеали мо ақл, ирода, меҳр ва муҳаббат бошад, пас ҳамаи ин арзишҳо ба сўямон бармегардад. Дар ҳаёт одамоне, ки бештар комёб мешаванд ба ҷаҳон назари оптимистона доранд.

Бинобар он, ҳамаи хушбахтӣ ва бадбахтии одамон маҳсули дарку эҳсос ва идеяҳои онҳост. Бояд даст бар он ёфтки илм ва дин дар мафкураи инсонҳо ҳамчун эҳёкунандаи «муҳаббат ба инсоният» тасаввур карда шавад ва он сарчашмаи ҳар гуна ахлоқ ва адолат эътироф карда шавад.

АДАБИЁТ

  1. Толстой Л.Н. «Љанг ва сулҳ» ҷ.4. Душанбе., 1962.
  2. Айтматов Ч. Дуроҳаи бўронӣ. Душанбе., 1985.
  3. Фукуяма Ф. Сильное Государство. М.,- 2009.
  4. Гегель Ф. Энциклопедия философских наук, т. 3. М

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *