Фанни Этикаи касбӣ

Этикаи фаъолияти ташкилот

Этикаи фаъолияти ташкилот.

Нақша:

  1. Этика ва масъулияти иҷтимоии ташкилот.
  2. Меъёрҳои этикии фаъолияти ташкилот
  3. Баландгардии дараҷаи этикии ташкилот

Дар таҷриба чунин нуқтаи назар ташаккул ёфтааст, ки ташкилотчӣ тавр бояд фаъолият кунад, ки барои иҷтимоиёт масъул ҳисобида шавад.

Ташкилот барои иҷтимоиёт масъул аст, агар вай даромад дорад ва қонуни меъёрҳои идоракунии давлатиро намешиканад. Аз ин мавқеъ ташкилот мақсади иқтисодиашро пайгирӣ мекунад. Ташкилот зимни ин вазифадор аст ҳадафи иҷтимоияшро муайян кунад: назарияҳои инсонӣ ва иҷтимоияшро ба ҳисоб гирад ва ба фаъолияти касбии коргарон, харидорон таъсир расонда инчунин дар ҳалли проблеммаҳои иҷтимоии ҷамъиятӣ саҳми муайяни мусбӣ гузорад.

Ҷамъият аз ташкилотҳои муосир на танҳо нишондоди натиҷаҳои баланди иқтисодиро интизор аст, балки дар мароми иҷтимоии ҷамъият низ дастовардҳои муҳимро ноил гардад.

Сипас ташкилот, аз як тараф-ин системаи иқтисодиёт, ки вазифадор аст захираҳои худро самаранок истифода барад. Бо ҳамин тарз амал карда ташкилот функсияи истеҳсоли молро иҷро мекунад ё вазифаи хизматро иҷро мекунад, ки барои ҷамъият зарур аст. Дар баробари ин шаҳрвандонро бо кор таъмин намуда, бо даромади максималӣ таъмин карда, аксионеронро бо туҳфа сазовор гардонад.

Аз дигар тараф, ташкилот-ин як чизи бештар аз системаи иқтисодист. Ташкилотҳои муосир ҷузъи мураккаби муҳит аст, ки таркиби бисёреро дар худ дорад ва аз он мавҷудияти ташкилот вобастагӣ дорад. Бо чунин таркиб истеъмолкунандагон, таъмингарони мол, доираи итилоотӣ, иттиҳодияҳо инчунин коргарон ва саҳҳомон дохил мешаванд. Ин муҳити бисёрқишраи ҷамъият метавонад барои ба ҳадаф расидани ташкилот таъсири амиқ расонад. Бинобар ин мақсадҳои иқтисодиро бо манфиатҳои иҷтимоии таркиби муҳит мутобиқ кардан зарур аст.

Ташкилот дар назди ҷомеае, ки вуҷуд дорад масъул аст, бинобар ин онҳо бояд як ҷузъи захираҳо ва кушишҳояшонро баҳри талаботи иҷтимоӣ равона карда дар такмил додани ҷамъият саҳмгузор бошанд. Бештар аз ин дар ҷомеа аллакай чунин тасаввурот пайдо шудааст, ки ташкилот чӣ тавр бояд амал кунад, то ин ки вай нафъовар шуморида шавад. Ташкилот бояд дар чунин доираҳо мисли ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ ва амният, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва ғайра бо масъулият фаъолият кунад.

Дар байни масъулияти юридикӣ ва иҷтимоӣ фарқият вуҷуд дорад. Зимни масъулияти юридикӣ пайгирӣ намудани қонунҳои мушаххас ва меъёрҳои идоракунии давлатӣ дар назар дошта мешавад. Масалан, муҳити атроф ҳифз карда шавад, чӣ тавр бо кор таъминкунӣ ба роҳ монда шавад. Ташкилот кадом корҳоро кунад ва кадом корҳоро накунад. Барои ҳар яки ин саволҳо садҳо ва ҳазорҳо қонунҳо вуҷуд доранд.

Ташкилоте, ки ба ҳамаи ин қонунуну меъёрҳо итоат мекунад ва ба тарзи масъулияти юридикӣ рафтор мекунад. Вақте, ки масъулияти иҷтимоиро дар назди ҷомеа иҷро намекунад он гоҳ чунин ташкилот масъули иҷтимоӣ ба ҳисоб намеравад.

Барои одамони ҷомеа фарқият нест, ки бо кадом воситаҳо ва бо кадом қоидаҳо ҳадафи ташкилот ба даст меояд. Бинобар ин масъалаи муносибатҳои этикӣ дар дохили ташкилот ва муносибат бо дигар ташкилотҳо тезу тунд мегардад.

Масъалаҳои этикӣ дар дида баромадани нақши ташкилот дар ҷамъият пайдо мегардад. Дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият нақши ташкилот бо таври гуногун арзёбӣ мегардад. Имрӯз ки мо дар давраи гузариш қарор дорем ташкилотҳо бояд чунин вазифаҳоро ҳал кунанд: мутобиқшавӣ, тоб овардан, барои саҳҳамон даромад овардан, нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ, кадрҳои касбӣ, рақобатпазир гардидан. Бо фаро расидани марҳилаҳои муносиб вазифаҳои ташкилот васеъ мегарданд. Мутахассисони муносибатҳои бозорӣ боз вазифаҳои накукорӣ масъулияти иҷтимоӣ ва ғайраро низ номбар кардаанд.

Қоидаҳои этикӣ бо қонунгузорӣ асоснок карда мешавад. Воқеан ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқӣ таҷассуми ақидаҳои этикӣ ба шумор мераванд, ки барандаи он ҳангоми қабули қонунҳо қонунгузорӣ буд.

Ҳамин тавр дар қонунҳои гуногун аз ҷумла дар қонунгузории шаҳрвандӣ меъёрҳои вуҷуд дорад, ки тамоюли этикиро таҷассум мекунанд.

Масалан дар кодекси шаҳрвандии ҶТ ҳадди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ муайян гардидаанд. Дар мутобиқат ба он ҳудуди озодии шаҳрвандон муқаррар гардидааст. Ҳуқуқи ба касе зиён овардан қатъиян манъ аст ва инчунин суистифодаи ҳуқуқ дар дигар шаклҳо.

Ғайр аз ин истифода бурдан аз ҳуқуқ бо мақсади маҳдуд кардани рақобат ва суиистифода аз вазъияти бартаридошта дар бозор манъ аст.

Муносибатҳои меҳнатӣ ба шарте метавонад ба таври максималӣ самаранок гардад, ки агар муносибати кордиҳанда ва коргарро давлат дида барояд- ҳамчун робитаи тарафайн дар шаъни якдигар.

Агар ин муносибати хоҷа ва хизматгор бошад, пас вай самараи минималӣ ва бадахлоқии максималиро тавлид мекунад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ на танҳо манфиати кордиҳанда ва коргар омехта мегарданд, балки манфиати давлат ҳам ба он ҳамроҳ мегардад.

Қонунгузории меҳнатӣ бояд чунин вазифаҳоро дар худ дошта бошад: баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат; одилона пардохт кардани музди меҳнат; ҳифз ва амнияти шаъну эътибор ва номи неки одам; ба кор таъмин кардани ҳамаи он одамоне, ки хоҳиш ва лаёқати кор кардан доранд; гумманизатсияи муносибатҳои меҳнатӣ; баланд бардоштани дараҷаи зиндагии коргарон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *