Шеърхо аз эҷодиёти Лоиқ Шерали

Помечено: 

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #41764
    Main Aditor
    Хранитель

    Ман аз бар мекунам рўзе суруди обшоронро,
    Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро.
    Манохир рўдҳоро раҳнамоӣ мекунам рўзе,
    Паёми об меорам ҷавори даштзоронро.
    Манохир турнаҳоро бо баҳори нав муборакбод мегўя»
    Вааз ҳар хатти сабзи сабзаи навруста меҷӯям
    Замони навхатиямро.
    Вааз ҳар навниҳоли гулбасар дархост месозам
    Замони навқадиямро.
    Манохир корвони кӯҳҳоро бор мебандам,
    Ба даргоҳи ҷавонӣ рўй меорам.
    Баҳаққи шири модарҳову ҳаққи ҳусни духтарҳо

    Ҷавониро ҷиҳози тўй меорам.
    Ҷавонии дигар меёбам аз дунёи рўҳонӣ.

    (Лоиқ)

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.