Год: 2021

  • Тақозо ва омилҳои ба он таъсиррасонанда ва қонуни тақозо

    Тақозо – категорияи иқтисодиест, ки ҳаҷми молҳоеро, ки истеъмолкунанда ба онҳо майл дорад, қодир аст, ки онҳоро бо нархи муайян, дар давоми давраи муайяни вақт, дар бозори муайян харидорӣ кунад, нишон медиҳад. Тақозо – талаботи қобилияти пардохт доштан аст. Ҳаҷми тақозо аз меъёрҳои зиёде вобаста аст. Омилҳои асосии таъсиррасонанда ба…

    Муфассалтар »
  • Назарияҳои арзиши меҳнат ва ҳадди аксари фоиданокӣ

    РАВИЯҲОИ БУНЁДӢ ВА ОДДӢ ОИД БА АРЗЁБИИ ФОИДАНОКИИ МОЛ Назарияи арзиши меҳнатӣ – назарияи иқтисоди сиёсии классикист, ки А. Смит ва Д. Рикарда офаридаанд. Принсипҳои бунёдии (фундаменталии) назарияи арзиши меҳнатӣ чунинанд: 1) меҳнат воҳиди ягона умумӣ ва ягона андозагирии дақиқи арзиш, андозаи ягонае мебошад, ки тавассути он арзиши молҳои гуногунро…

    Муфассалтар »
  • Арзиши алтернативӣ ва Принсипи имкониятҳои рад кардашуда

    Қонуни арзиш Арзиши алтернативӣ, мафҳумест, ки қонуни тақозо ва принсипҳои идораи арзаро дар бар мегирад (ба ҳам муттаҳид месозад). Арзиши алтернативӣ – қимати беҳтарин аз имкониятҳои ба кор бурдашуда дар истифода аз захираҳои муайян мебошад. Моҳияти ин категория дар он аст, ки харидор арзиши неъматро бо харҷи худаш муайян менамояд.…

    Муфассалтар »
  • Мол чун категорияи иқтисод

    Мол – объекти хариду фурўш, шакли ҷамъиятии маҳсули меҳнат аст. Навъҳои асосии мол инҳоянд: 1) молҳои истифодаашон дарозмуддат (дар муддати тўлонӣ мавриди истифода қарор мегиранд); 2) молҳое, ки барои истифодаи якдафъаина таъин гардидаанд (пас аз як бор истифода бурдан нест мешаванд); 3) молҳои ҳамдигарро ивазкунанда (субститутҳо); 4) молҳои иловагӣ (комплементарӣ).…

    Муфассалтар »
  • Моҳият ва сабабҳои пайдоиши истеҳсоли мол

    Истеҳсоли мол – тарзи ташкили хоҷагидорист, ки дар он маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагони ҷудогона истеҳсол карда мешаванд. Ҳар як истеҳсолкунанда мутахассиси ягон навъи маҳсулот мебошад. Барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият зарурати хариду фурўши маҳсулот дар бозор, (ки ба мол табдил меёбанд) пеш меояд. Принсипи асосии ташкили истеҳсоли мол – аз…

    Муфассалтар »
  • Пул чун шакли пешрафти муносибатҳои молию пулӣ

    Муносибатҳои молию пулӣ – муносибатҳои иқтисодианд, ки бо гузариши неъматҳои иқтисодӣ аз шакли мол ба шакли пулӣ, алоқаманданд. Вобаста ба пешрафти муносибатҳои молию пулӣ шаклҳои амалиёти маблағҳои пул пешрафт мекарданд. Давраи муосири пешрафти муносибатҳои молию пулӣ мавҷудияти пулро дар шаклҳои зерин пешбинӣ менамояд: 1) пули нақд; 2) депозитҳо то талаб…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиши пул. Пул ва вазифаҳои он

    Таърихи пайдоиши пул ба таърихи пайдоиши мубодила вобаста аст. Мубодила дар таъсири меъёрҳои муайяне рушд менамояд: 1. Гузариш аз хоҷагии натуралӣ ба истеҳсоли мол боиси ба миён омадани ҳолатҳои зерин гардид: 1) пешрафти нерўҳои истеҳсолӣ; 2) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат. 2. Таҳаввули шаклҳои арзиш; дар ҷараёни рушди таърих арзиш чаҳор шакл…

    Муфассалтар »
  • ТАВАККУЛҲОИ ИҚТИСОДӢ

    Таваккул (риск) – эҳтимолияти рўйдоди ягон ҳодиса мебошад. Навъҳои асосии таваккули иқтисодӣ инҳоянд: 1) фискалӣ -монетарӣ – таваккулест вобаста ба танзими иқтисодиёт аз ҷониби давлат; 2) иҷтимоӣ-сиёсӣ–таваккуле, ки ба тағйироти вазъи сиёсӣ, қонунгузории амалкунанда ва ғайра вобаста аст; 3) саноатӣ (соҳавӣ) – таваккулест, ки ба тағйироту дигаргуниҳо дар вазъи иқтисодии…

    Муфассалтар »
  • МАСЪАЛАИ ИНТИХОБИ РОҲИ ҲАЛЛИ БЕҲТАРИН

    Интихоби роҳи ҳалли беҳтарин – вазифаи идоракунист, ки ба расидан ба мусолиҳа байни миқдори хароҷот ва маблағи фоидаи ба даст меомадагӣ, дар ҳолати таваккул кардан, нигаронида шудааст. Ҳангоми итихоби роҳи ҳалли беҳтарин ду масъалаи асосӣ ба миён меоянд: 1) ба ҳадди аксар расонидани (максимилизатсияи) даромад; 2) ба ҳадди ақал расонидани…

    Муфассалтар »
  • НЕЪМАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

    Неъматҳои иқтисодӣ – воситаҳои қонеъкунандаи талаботанд, ки ба миқдори маҳдуд вуҷуд доранд. Неъматҳои иқтисодӣ ба ду категория тақсим мешаванд: 1) молҳо; 2) хизматрасонӣ. Таснифи неъматҳои иқтисодӣ аз рўи аломатҳои гуногунашон сурат мегирад. Навъҳои асосии неъматҳои иқтисодӣ инҳоянд: 1) дарозмўҳлат (молҳое, ки ба таври тўлонӣ аз онҳо метавон истифода кард); 2)…

    Муфассалтар »
  • СТРАТЕГИЯИ ИҚТИСОДӢ

    Статегияи иқтисодӣ самти асосии амалиёт дар соҳаи истеҳсол, тақсим, табодул, истеъмол, ҷамъоварӣ, содирот ва воридоти неъматҳои ҷамъият аст, ки иҷрояшон ба давраҳои оянда вогузор гардидааст ва онҳо барои дар оянда расидан ба мақсаду вазифаҳои дар пеш гузошташуда амалӣ карда мешаванд. Стратегияи иқтисодӣ бо ёрии васоили сиёсати иқтисодӣ амалӣ карда мешавад.…

    Муфассалтар »
  • НИЗОМИ ИҚТИСОДӢ

    Низоми иқтисодӣ – маҷмўи унсурҳо ва ҷараёнҳои хоҷагидории иқтисоди муайян мебошанд. Низоми иқтисодӣ унсурҳои зарурии зеринро дар бар мегирад: 1) навъҳо ва шаклҳои моликият; 2) принсипҳои тақсим ва табодули неъматҳои иқтисодӣ; 3) механизми нархгузорӣ. Низоми иқтисодӣ марказӣ ва бозорӣ шуда метавонад. Низоми иқтисодии марказӣ ба инҳисороти (монополизатсияи) давлатӣ асос ёфтааст;…

    Муфассалтар »
  • НАВЪҲО ВА ШАКЛҲОИ МОЛИКИЯТ

    Моликият– категорияи иқтисодист, ки муносибати байни субъектҳои муносибатҳои иқтисодиро оид ба захираҳои иқтисодӣ ифода менамояд. Чун қисми таркибии ягон форматсияи иқтисодӣ моликият вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд: 1) беҳтар ва оқилона истифода намудан аз захираҳои гуногуни иқтисодӣ; 2) ҷоннок кардани ҷараёнии хоҷагидорӣ; 3) баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои иқтисодӣ. Ду навъи асосии…

    Муфассалтар »
  • МОЛИКИЯТ

    Моликият (дороӣ) категорияи иқтисодист, ки муносибати байни субъектҳои муносибатҳои иқтисодиро оид ба захираҳои иқтисодӣ ифода менамояд. Мафҳуми муносибатҳои моликият аз ҷиҳати мундариҷаи дохилӣ азбаски моликиятро аз мавқеъҳои гуногун арзёбӣ менамоянд, ду маъно дорад: 1) аз мавқеи категорияи иқтисодӣ; 2) аз мавқеи категорияи ҳуқуқӣ. Таърифи иқтисодии моликият дар дохилаш ҷудо намудани…

    Муфассалтар »
  • ТАЪЛИМОТИ КЕЙНС

    Таълимоти Кейнс – равияи афкори иқтисодист, ки асосгузораш иқтисоддони англис Ҷ.М. Кейнс мебошад. Консепсияҳои маълуму машҳур ва қабули умум гардидаи таълимоти Ҷ. Кейнс инҳоянд: 1) назарияи умумии шуғл; 2) консепсияи самаранокии тақозо; 3) консепсияи мултипликатсияи инвеститсионӣ. Муқаррароти асосии назарияи асосии шуғл инҳоянд: 1) дар баробари афзоиши таъминот бо кор даромади…

    Муфассалтар »
  • ҶАРАЁНИ НЕОКЛАССИКИИ ПЕШРАФТИ АФКОРИ ИҚТИСОДӢ

         Назарияи иқтисоди неоклассикӣ – ҷараёни афкори иқтисодии охири асри XIX ибтидои асри XX мебошад. Далелу бурҳонҳои мактаби иқтисодии неоклассикӣ инҳоянд: 1) тағйироти ғайричашмдошти сатҳи нархҳо, ки қодиранд танҳо дар муддати кўтоҳ носуботии макроиқтисодиро ба миён биоваранд; 2) дар муддати тўлонӣ иқтисодиёт дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, ки ба…

    Муфассалтар »
  • ПАЙДОИШИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

    Назарияи иқтисод чун илми мустақил дар асрҳои XVII – XVIII дар асоси ду пойдевор пайдо шудааст: 1) назариёти иқтисодии файласуфони қадим ва асримиёнагии Юнон; 2) муҳокимарониҳое, ки ҳадафашон ҳалли масъалаҳои амалии иқтисодӣ буд (меркантилизм). Меркантилизм – нахустин мактаби назарияи иқтисод буд, ки дар худ сиёсати давраи оғозшавии ҷамъоварии сармояро таҷассум…

    Муфассалтар »
  • САҲМИ ФИЗИОКРАТҲО ДАР ПЕШРАФТИ АФКОРИ ИҚТИСОДӢ.

    Мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ – ҷараёни афкори иқтисодии охири асри XVII – ибтидои асри XIX мебошад. Заминаи пайдоиши мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ роҳ ёфтани сармоя ба соҳаи истеҳсолот буд. Принсипҳои бунёдии мактаби классикии иқтисоди сиёсӣ бад-ин қароранд: 1) ҷараёни истеҳсол сарчашмаи ягона ва воқеии дороии ҷамъиятӣ мебошад; 2) ҷараёни истеҳсол,…

    Муфассалтар »
  • НАМОЯНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ

    Намояндаҳои (агентҳои) иқтисодӣ–иштироккунандагони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ, соҳибони баъзе меъёрҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки тасмими иқтисодӣ гирифта, ба ягон қарори муайян меоянд. Намояндаҳои иқтисодӣ субъектҳои муносибатҳои иқтисодианд, дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, мубодила, истеъмоли неъматҳои иқтисодӣ иштирок мекунанд. Неъмати иқтисодӣ – маҳсули меҳнат аст дорои арзиши муайяни моддӣ барои истеъмолкунанда, ки чун робита…

    Муфассалтар »
  • ЗИНАҲОИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ

    Гардиши давраии иқтисодиёт – ҳаракати доимии силсилавии дороии ҷамъиятӣ мебошад. Гардиши давраии иқтисодиёт чор зинаи пайдарҳамро дар бар мегирад: 1. Истеҳсолот. Зинаи истеҳсолот ба бевосита офаридани неъматҳои иқтисодӣ (ҷамъиятӣ) барои қонеъ гардонидани талаботи одамон нигаронида шудааст. 2. Тақсимот. Зинаи тақсимот бар муайян кардани саҳми ҳар як шахс дар неъматҳои офаридашуда…

    Муфассалтар »
  • ПРИНСИПҲО ВА ҚОНУНҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

    Назарияи иқтисод илмест дорои принсипҳои бунёдӣ. Принсипҳои асосии назарияи иқтисод инҳоянд: принсипи робитаи байниҳамдигарии назария ва амалия;принсипи ягонагии макро ва микротаҳлил;принсипи воқеияти таърихӣ Мутобиқи принсипҳои номбаршуда қонунҳои асосии назарияи иқтисод (қонунҳои иқтисодӣ) сурат гирифтаанд. Қонунҳои иқтисодӣ – робитаҳои сабабиву натиҷавианд, ки бар асари робитаҳову вобастагиҳои байниҳамдигарии ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ…

    Муфассалтар »
  • МЕТОДҲО ВА ВАЗИФАҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

    Назарияи иқтисод чун дигар илмҳо аз методҳои зерин истифода мебарад: методи таърихӣ; методи мантиқӣ; методи таҳлили муқоисавӣ; методи тасвирҳои графикӣ. Методи таърихӣ: методи илмии маърифат аст, ки таҳқиқи ҳодисаҳову ҷараёнҳои иқтисодиро дар пайдарҳамии ба худ хоси рушди таърихӣ дар назар дорад. Методи мантиқӣ: тарзи маърифати илмиест, ки таҳқиқоташ бар омўзиши…

    Муфассалтар »
  • МАВЗЎИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

    Тасаввурот оид ба мавзўи назарияи иқтисод дар ҷараёни афзудани дониш оид ба фаъолияти хоҷагидории одамон ва зина ба зина мураккабтар гардидани ин фаъолият тағйир меёфтанд. Мактаби физиократҳо мавзўи назарияи иқтисод-боигарии миллиро — аз соҳаи гардиш ба соҳаи истеҳсол марбут донист. Ин ҷиҳати кор яке аз дастовардҳои иқтисоддонҳо буд, гарчанде онҳо…

    Муфассалтар »
  • МАФҲУМИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД,МАВҚЕИ ОН ДАР МАҶМЎИ ИЛМҲО

    Донишмандони зиёде таърифи назарияи иқтисодро додаанд. П. Самуэлсон: Назарияи иқтисод илмест дар бораи он, ки чӣ гуна одамон ва ҷомеа интихоби захираҳои нодирро анҷом медиҳанд, то ин ки молҳои гуногун истеҳсол намоянд ва барои истеъмол онҳоро тақсим бикунанд. Д. Робинсон: Назарияи иқтисод илмест, ки амали одамонро аз нуқтаи назари муносибати…

    Муфассалтар »