Год: 2017

  • Методхои эмпирикӣ ва назариявии дониш

    Дар илм зинаҳои эмпирӣ ва назариявии тадқиқотро аз ҳам фарқ мекунанд. Ин фарқият ба якхела набудани, якум, тарзҳои (усулҳои) худи фаъолияти маърифатӣ ва дуюм, ба харакгери натиҷаҳои илми ҳосилшаванда асос меёбад. Тадқиқоти эмпирӣ муайян кардани програмаи тадқиқотӣ ташкили мушоҳида, таҷриба, тасвири (сабти) маълумоти аз мушоҳидаю таҷриба ҳосилшуда, таснифу ҷамъбасти ибтидоии…

    Муфассалтар »
  • Субъект ва объекти маъорифат

    Субъекти маърифат на танхо инсон, инсонхои алохида, балки дар мачмуъ тамоми чамъият аст. Ба таври дигар ба вучудоварандаи дониш хикмат тамоми инсоният аст. Хамаи халкхо арзиш, акида ва маъёрхои ахлокии худро дорад, ки инъикосгари фарханги хамон хамон халк аст. Онхо субъекти донишро ташкил медихад. Масалан, бо гузашти карнхо шахсони алохида, ки…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми маърифат

    Мафҳуми маърифат. Маърифат (дониш) – махсул ва натичаи фаъолияти маърифати инсон, ки аз фарогирии маънави ва тасвири идеалии олам дар тафаккур иборат аст. Махз бо ёрии олотхои забони (мафхум, мухокима (хукм) хулосабарори аломат, рамз). Дониш сабт шуда, аз насл ба насл накл мешавад, собит мемонад ва асоси фаъолияти амали мегардад. Дар таърихи фалсафаи…

    Муфассалтар »
  • Одам дар маҷрои таърих

    Фаҳмиши мушаххасу таърихии шахс. Дар ҷараёни таърих муносибатҳои мутақобили одам ва ҷамъият хеле тағйир ёфтанд. Дар баробари ҳамин мазмуну мундариҷа ва худи шахс ҳам дигар шуд. Агар давраҳои мухталифи таърихро аз мадди назар гузаронем, хелҳои сершумори шахсиятро мебинем, ки ба шаклҳои муайяни маданияту ҷаҳонбинӣ хосанд: антиқӣ, асрҳои миёна, замони Таҷаддуд, замони…

    Муфассалтар »
  • Идеяҳои К.Э. Циолковский, В.И. Вернадский ва А.Л. Чижевский

    Идеяҳои онҳо, ки аз ҷониби илми имрӯза тадриҷан эътироф мешаванд, ҳамин буд, ки чор тарафи моро маҷрои энергияи кайҳонӣ иҳота кардаасту он масофаи азимро тай карда, аз ситораҳо, аз сайёраҳою Офтоб ба Замин мерасад. Ба ақидаи Чижевский, энергияи офтоб офаридгари ягонаи ҳамаи зинаҳои поёнию олии шаклу сохт ва амали мавҷудоти…

    Муфассалтар »
  • Мафуми инсон. Пайдоиш ва ташаккули он

    Яке аз ҳакимони қадим гуфтааст: барои инсон аз худи инсон дида объекти шавқовартаре нест. Д. Дидро одамро сарвати олитарин, ягона офарандаи ҳамаи комъёбиҳои маданияти рӯи замин, маркази оқилонаи коинот, ҳамон нуқтае медонист, ки ҳама чиз аз он барояд ва ҳама чиз ба вай баргардад. Пас одам чист? Ба назари аввал ин савол оддӣ…

    Муфассалтар »
  • Категорияҳои ҷуфт

     Сабаб ва натиҷа. Дар олами моддӣ ҳодисаҳо ва зуҳуроти бесабаб вуҷуд надоранд, баръакс, ҳар як ҳодисаи хурдтарин ҳам сабаби худро дорад. Сабаб – ҳодисаест (чизест), ки натиҷаро ба вуҷуд меорад. Ҳар як падида сарчашмаҳои падидаҳои дигар аст ва ҳар як падида натиҷаи муацянеро ба амал меоварад. Сабаб ва натиҷа дар инкишофи…

    Муфассалтар »
  • Категорияҳои тоқ. Том ва ҷузъ

    Фард, махсус, кулл. Фард, махсус ва кулл категорияҳои фалсафиеанд, ки зинаҳои маърифати олами моддӣ мебошанд. Дар олам чизҳо беҳад гуногунанд, вале инкишофашон якхела аст. Дар вуҷуди фард бисёр хусусиятҳои нотакрор ба назар мерасид. Табиат беист чизҳои фардии нотакрор меофарид. Фард мақулаест, ки хусусияти хоси нотакрори ҷисмро, ки фақат ба худаш…

    Муфассалтар »
  • Категорияҳои фалсафа

    Қонунҳои объективиро эҳсос кардан, дидан, шунидан мумкин нест. Онҳоро фақат дарк кардан мумкин аст. «Пункти (нуқтаҳои) дарккунӣ» — и қонунҳои объективӣ, «зинаҳои дониши инсонӣ», «зинаҳои маърифат» категорияҳои фалсафӣ мебошанд, ки ба воситаи онҳо дониши ҳақиқии олами материалиро ҳосил мекунанд. Онҳо характери таърихӣ доранд. Бо пайдоиши илму дониш ва фарҳанг ташаккул…

    Муфассалтар »
  • Қонуни инкори инкор

    Дар асоси ин қонун ҳаракату инкишофи предметҳои олам вобаста ба гузашта, ҳозира ва ояндаи онҳо ба амал меояд. Барои мисол, предмет дар вақти тараққиёташ на ҳамаи моҳияту хусусияти пештараашро гум мекунад. Вай фақат тарафҳои куҳнаву беманфиаташро партофта, тарафҳои наву мусбат илова намуда, ба предмети нави пешқадамтар мубаддал мегардад. Ин протсесс…

    Муфассалтар »
  • Қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо

    Ин қонунро одатан мағз ва ядрои диалектика меноманд. Дар асоси ин қонун сарчашмаи ҳаракат, инкишофу тараққиёт тадқиқ карда мешавад. Сарчашмаи он бошад, боҳамзидҳо, тарафҳои боҳамзидди чизҳо ва ҳодисаҳои олами моддӣ мебошанд. Ба ду чиз тақсим шудани чизи ягона ва муборизаи онҳо. Аз ин ҷо моҳияти фалсафии ин қонун он аст,…

    Муфассалтар »
  • Қонун гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс

    Ин қонун яке аз қонунҳои асосии диалектика буда, ҳамчун унсури муҳими илми мантиқ ба шумор меравад. Вай имконият медиҳад, ки худи раванди тараққиёт ва инкишоф, механизми мубаддалшавии тағйиротҳои миқдорӣ ва ноаёнии воқеаҳо ба сифату ҳолати нави баландтари онҳо муайян карда шаванд. Аз руи ин қонун рафти тағйиротҳои миқдорӣ ба сифатӣ,…

    Муфассалтар »
  • Системаи таълиму тарбия дар Тоҷикистон

    Зермавзўъҳо: Маълумотҳои мухтасари таърихӣ дар бораи таълиму тарбия дар Тоҷикистон. Системаи таълиму тарбия дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Таърихи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.   Маълумотҳои мухтасари таърихӣ оиди таълиму тарбия дар Тоҷикистон. То инқилоби октябр дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ савод надоштанд. Мактабу мадрасаҳо дар ихтиёри бою амалдорон буданд,…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ

    Ақидаҳои педагогии Садриддин Айнӣ Зермавзўъҳо Маълумоти мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти С. Айнӣ Системаи таълим ва мактаб аз нигоҳи С. Айнӣ Ақидаҳои педагогии С. Айнӣ оиди тарбия   Ҳаёт ва фаъолияти С. Айнӣ (1878-1954) С. Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи вилояти Бухоро таваллуд шудааст. Падари ў…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии) мутафаккирони форсу тоҷик

    Ақидаҳои педагогии (панду ахлоқии) мутафаккирони форсу тоҷик Зермавзўъҳо  Ақидаҳои педагогии А. Рўдакӣ ва А. Фирдавсӣ  Ақидаҳои педагогии А. И. Сино ва С. Шерозӣ   Ақидаҳои педагогии А. Ҷомӣ ва А. Дониш   Ақидаҳои педагогии А. Рўдакӣ ва А. Фирдавсӣ.            а). Ақидаҳои педагогии  А. Рўдакӣ Абуабдулло Ҷаъфар Рўдакӣ соли 858 дар…

    Муфассалтар »
  • Таълиму тарбия дар давраи Сомониён

    Таълиму тарбия дар давраи Сомониён Зермавзўъҳо: Маълумотҳои мухтасари таърихӣ Маданияту забон дар давраи Сомониён Мактабу маориф дар давраи Сомониён Инкишофи илму адабиёт дар  давраи Сомониён 1. Маълумоти мухтасари таърихӣ Сомониён аз авлоди Баҳроми Чубин буда дини зардуштиро мепарастиданд ва бо даъвати волии Хуросон рў ба Ислом оварданд. Исмоили Сомонӣ баъди…

    Муфассалтар »
  • Фан ва вазифаҳои таърихи педагогикаи ҷаҳон

    Зермавзўъҳо: Моҳият ва вазифаҳои курси «Таърихи педагогикаи чаҳон» Қисматҳои таърихи педагогикаи ҷаҳон Омузиши курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» ва саҳми мутафаккирони тоҷик дар он. Моҳият ва вазифаҳои курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» Курси «Таърихи педагогикаи ҷаҳон», таҷрибаи фарҳангию маънавии инсониятро дар ҷодаи таълиму тарбия аз ибтидо то замони муосир вобаста ба давраҳои…

    Муфассалтар »
  • Тарбия дар ҷамъияти ибтидоӣ

    Тарбия дар ҷамъияти ибтидоӣ   Зермавзўъҳо: Пайдоиши тарбия    Тарбия дар чамъияти ибтидоӣ Тарбия дар давраи нузули ҷамъияти ибтидоӣ                                 Пайдоиши тарбия. Масъалаи пайдоиши тарбия аҳамияти калони илмӣ дошта, сарфи назар аз он ки доир ба ин масъала дар байни олимон фикрҳои мухталиф мавҷуд бошад ҳам, вале бояд гуфт, ки…

    Муфассалтар »
  • Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти ғуломдорӣ

    Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти ғуломдорӣ Зермавзўъхо: Мактаб дар мамлакатҳои Шарқи қадим. Мактабҳои муншигӣ ва мактабҳои хизматчиҳо. Тарбия ва мактаб дар Юнони қадим (ш. Спарта ва Афина) Мактаб дар мамлакатҳои Шарқи қадим. Дар давраи ғуломдорӣ аввалин мактабҳо дар Ҳиндустон пайдо шуда буданд, ки  «Мактаби ҷамоа», ном доштанд ва онҳо  аз…

    Муфассалтар »
  • Пайдо шудани назарияи педагогӣ дар Юнони қадим

    Пайдо шудани назарияи педагогӣ дар Юнони қадим Зермавзўъхо: Ақидаҳои педагогии Суқрот (Сократ) Ақидаҳои педагогии Афлотун (Платон) Ақидаҳои педагогии Арасту (Аристотел) Ақидаҳои педагогии Демокрит Тарбия ва мактаб дар Рими қадим Дар Юнони  қадим таълиму тарбия инкишоф ёфта мутаффакироне пайдо шуданд, ки  ақидаҳои педагогии  худро пешниҳод менамуданд. Инҳо файласуфони зерин буданд: Суқрот, Афлотун,…

    Муфассалтар »
  • Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти феодалӣ

    Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти феодалӣ Зермавзўъҳо Тарбия дар давраи ибтидои феодализм. Мактабҳои калисоӣ дар Европаи ғарбӣ. Тарбияи феодалҳои дунявӣ. Мактаб ва ақидаҳои педагогии давраи эҳё.   1.Тарбия дар давраи ибтидои феодализм. Дар ин давра мазмуни маълумот ва тарбия ба дин омезиш ёфта буд. Дар Эрон, Сурия, Фаластин, Миср, соҳилҳои…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои педагогии Я.А Коменский

    Ақидаҳои педагогии Я.А Коменский Зермавзуъхо: Ҳаёт ва фаъолияти Я. А.Коменский Давраҳои синусолӣ аз нигоҳи Я. А. Коменский. Ақидаҳои дидактикии Я. А Коменский. Нақши муаллим ва талаботҳо нисбати он. Ҳаёт ва фаъолияти Я. А. Коменский. Я. А. Коменский 1592 дар оилаи қабилаи «Бародарони чех» таваллуд шудааст. Ў баъди маълумоти миёна, маълумоти олӣ гирифта руҳонии қабила…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои педагогии Ҷон Локк

    Ақидаҳои педагогии Ҷон Локк Зермавзўъҳо: 1.Ҳаёт ва фаъолияти Ҷ. Локк. 2.Ақидаҳои ичтимоию сиёсӣ ва философию педагогии Ҷ. Локк. Тарбияи ҷентелменӣ (ҷавонмардӣ) 4.Назарияи  зиддидемократии Ҷ. Локк дар бораи «Мактабҳои коргарон». Ҳаёт ва фаъолияти Ҷ. Локк. Ҷон Локк соли 1632 дар оилаи адвокати англиси музофоти иштирокчии револютсия таваллуд шудааст. Ў дар мактаби…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои педагогии К. А Гелветсий ва Д. Дидро

    Ақидаҳои педагогии К. А Гелветсий ва Д. Дидро Зермавзўъҳо: 1.Ақидаҳои педагогии Клод Адриан Гелветсий (1715-1771). Ақидаҳои педагогии Денни Дидро (1715-1784 ) . Ақидаҳои педагогии Клод Адриан Гелветсий (1715-1771). Соли 1758 китоби машҳури Гелветсий «Дар бораи ақл» руи чоп баромад. Ҳукуматдорон ин китобро ҳамчун китоби зидди динӣ ба муқобили ҳукумат маҳкум…

    Муфассалтар »
  • Назарияи педагогии Иогон Генрих Песталотси

    Назарияи педагогии Иогон Генрих Песталотси Зермавзўъҳо Ҳаёт ва фаъолияти И. Т. Песталотси Фикрҳои иҷтимоию педагогӣ ва философии Песталоси Мақсад ва моҳияти тарбия назарияи маълумоти ибтидоӣ Маркази системаи педагогии Песталотсӣ Методҳои хусусияти таълимӣ- ибтидоии Песталотси Аҳамияти назария ва таҷрибаи педагогии Песталотси Ҳайёт ва фаъолияти И. Т. Песталотси И. Г. Песталотси с.…

    Муфассалтар »
  • Назарияи Педагогии Иоганн Фридрих Гербарт

    Назарияи Педагогии Иоганн Фридрих Гербарт Зермавзўҳо: Ҳаёт ва фаъолияти И.Ф.Гербарт. Моҳияти тарбия, максад ва вазифаҳои он. Таълим ва зинаҳои он. Тарбияи ахлокӣ ва воситаҳои он. ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ  И.Ф. ГЕРБАРТ И. Ф. Гербарт (1776-1841) дар Германия таваллуд шудааст,  аввал дар мактаби лотинии классикӣ ва баъд дар Университети Иен таҳсил кардааст. Баъди хатми…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои  Педагогии Адолф Дистервег

    Ақидаҳои  Педагогии Адолф Дистервег Зермавзўҳо: Ҳаёт ва фаъолияти А. Дистервег Моҳияти тарбия ва принсипҳои асосии он. Маълумоти фикрӣ. Талабот нисбат ба муаллим                                                  ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ  АДОЛФ ДИСТЕРВЕГ Педагоги барҷастаи немис Фридрих Вилгелм Адольф Дистервег (1790-1866) намояндаи педагогикаи буржуазӣ-демократии Германияи миёнаҳои  асри XIX аст. Ў дар шаҳри Зиген дар оилаи ҳуқуқшинос таваллуд…

    Муфассалтар »
  • Ақидаҳои педагоги  Роберт Оуэн

    Ақидаҳои педагоги  Роберт Оуэн Зермавзўъҳо Хаёт ва фаъолияти Роберт Оуэн. 2 . Ақидаҳои зиддидинии Оуэн ва назарияи ў дар барои инкишофи хислат. Р.Оуэн дар барои общинаи коммунистӣ ва тарбия дар «Германияи Нав». Аҳамияти ақидаҳои педагогии  Р.Оуэн. Ҳаёт ва фаъолати Р.Оуэн Р. Оуэн (1771- 1858) дар Шотлондия дар оилаи ҳунарманд таваллуд…

    Муфассалтар »
  • Aкидаҳои педагогӣ ва инкишофи мактабҳои ғарб

    Aкидаҳои педагогӣ ва инкишофи мактабҳои ғарб Зермавзўъҳо 1.Педагогикаи «Тарбияи гражданӣ» ва мактабӣ меҳнатӣ 2.Педагогикаи «ҳаракат» 3.Педагогикаи таҷрибавӣ — эксперементалӣ 4.Педагогикаи прагматикӣ ҶАРАЁНҲОИ ПЕДАГОГИКАИ МАМЛАКАТҲОИ ҒАРБ ПЕДАГОГИКАИ  «ТАРБИЯИ  ГРАЖДАНӢ»  ВА  «МАКТАБИ МЕҲНАТӢ »          Назарияи педагогии Георг Кёршенштейнер (1854-1932) дар Германияи ибтидоии асри  ХХ ва маалакатҳои дигар хеле шўҳрат пайдо кард.…

    Муфассалтар »
  • Назарияи педагогии Константин Дмитриевич Ушинский

    Назарияи педагогии Константин Дмитриевич Ушинский Зермавзўҳо: 1.Ҳаёт ва фаъолияти К.Д.Ушинский 2.Идеяи халқияти тарбия дар педагогикаи К.Д.Ушинский 3.Мақсад ва воситаҳои трбияи маънавӣ. Меҳнат ва аҳамияти тарбиявии он 4.Ақидаҳои дидактики  К, Д. Ушинский 5.Дарс ва методҳои таълим. Китобҳои таълимии К.Д.Ушинский 6.Талаботҳо нисбати муаллим ва нақши К.Д.Ушинский дар инкишофи педагогика ва мактаб 1.ҲАЁТ…

    Муфассалтар »